23 March 2020

Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Дар рӯзҳои ҷашнии наврузӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар барқияи худ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Сипоси самимии хешро ба Шумо барои табрикоти ҷашни Баҳор дар Чин изҳор медорам. Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, инчунин аз номи худам ба муносибати фарорасии ҷашни анъанавии Тоҷикистон – ҷашни Наврӯз Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро табрик намоям.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд, равған ва таҳвилкунандагони маҳсулоти ғаллагӣ машварати корӣ доир намуданд

23 март дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд, равған ва таҳвилкунандагони маҳсулоти ғаллагӣ машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳои вобаста бо татбиқи босифату саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  барномаҳои давлатӣ ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030, ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар — ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсол, харид, захира, воридоту содироти маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла, маводи ниёзи аввал, орд, равған ва сабзавот, таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии «Мақсудҷон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Мақсудҷон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар ин маҷмаа соли 2017 оғоз гардида, он дар асоси лоиҳа бо дарназардошти сохти меъмории миллӣ бунёд гардидааст.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд»-и деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд боздид намуданд

Дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» бо нашъунамои картошкаи барвақтӣ шинос шуданд.

Тавре маълумот доданд, дар хоҷагии мазкур 6 феврали соли равон дар майдони 1 гектар картошкаи барвақтӣ кишт карда шуда, бо иҷрои корҳои агротехникӣ имрӯз нашъунамои хуб дорад. Интизор меравад, ки аз як гектар то 300 сентнер ҳосил рӯёнида шавад, зеро дар ин майдон картошкаи аълосифати «Аладин», ки дар гузашта таҷриба шудааст, кишт гардида, дар нимаи дуюми моҳи апрел пухта ба ҳосил медарояд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази нави хизматрасонии «Азизи дил»-ро ифтитоҳ намуда, дар чорабинии идонаи наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок карданд

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази нави хизматрасонии «Азизи дил»-ро ифтитоҳ карда, дар саҳни ҳавлии он дар чорабинии идонаи наврӯзии сокинони ноҳия иштирок карданд.

Маркази нави хизматрасонии маишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, сокини ватандӯсти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Даврон Азизов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкории хурду миёна бунёд гардид.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Ғозиёни ноҳия майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиён дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи бошукӯҳ аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар масоҳати 0,31 гектар замин сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони хусуии «Уқобча»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Уқобча» - ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи мазкур, ки аз 2 ошёна ва маҷмуи иншооти ёрирасон иборат мебошад, аз тарафи соҳибкорзани ватандӯст Замира Каримова бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз табиати зинда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Дӯсти Азиз" дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз гӯшаи табиати зинда боздид ба амал оварданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат аз парвариши навъҳои гуногуни паранда аз ҷумла, шутурмурғи африқоӣ аз наздик шинос шуданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Дӯсти Азиз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ифтитоҳ намуданд

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз», ки дар минтақаи кӯҳии Рухаки деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд шудааст, ташриф оварданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Читать далее

Ба истифода додани фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии Бобоҷон Мақсуд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд”-ро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки масоҳати фермаи ширию молии мазкур 6 гектарро ташкил дода, дар ин ҷо зиёда аз 350 сар чорвои калони зоти сиёҳалои навъи тоҷикӣ парвариш карда мешавад. Аз шумораи умумии чорвои калон 120 сар ширдеҳ буда, аз ҳар сар солона 3 ҳазору 569 литр шир истеҳсол мегардад. Парвариши зоти сиëҳалои навъи тоҷикӣ ба шароит ва иқлими минтақа мутобиқ буда, маҳсулнокии ин зоти чорвои калон хеле зиëд мебошад.

Читать далее