24 March 2020

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иди асал, нон ва картошка дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

24 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба Боғи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, дар Иди асал, нон ва картошка иштирок намуданд.

Намоишгоҳ аз се қисми асосӣ — намоишгоҳи нонҳо, асал ва картошка иборат буд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

24 март дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «Афранг пласт»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳи нав ба истеҳсоли профил аз поливинхлорид машғул буда, маҳсулотро барои омодасозии дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар таҷҳизот тайёр менамояд. Ба иттилои масъулин,  дар як сол “Афранг пласт” имконият дорад, ки 1200 тонна профилҳои пластикӣ истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд.  Бояд қайд кард, ки феълан аз хориҷи кишвар ҳамасола ба мамлакат аз 6 то 7 ҳазор тонна  профили  пластикӣ ворид мегардад ва ифтитоҳи ин  коргоҳ  метавонад ба коҳишёбии воридот мусоидат кунад.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ҶДММ “Хантана Канада ИНК” дар шаҳри Хуҷанд оғоз бахшиданд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, ба фаъолияти корхонаи муштараки ҶДММ “Хантана Канада ИНК”, оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ин корхона коркарди асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда шуда, раванди истеҳсолӣ дар коргоҳи хурди махсус, ки дар он таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир васлу насб карда шудаанд, роҳандозӣ мегардад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маркази хизматрасониро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода, ба 100 нафар ятимони вилояти Суғд тӯҳфа тақдим намуданд

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд Маркази хизматрасонии «Мавҷ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур аз 5 ошёна иборат буда, дар он толори бозии кӯдакон, маркази савдо ва меҳмонхона пешбинӣ гардидааст.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази ташхисӣ-табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд»-ро дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд маркази ташхисӣ-табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд»-ро расман ифтитоҳ намуданд.

Маркази ташхисӣ-табобатӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Хайрӣ Ваҳҳобова дар асоси лоиҳаи меъёрии соҳаи тандурустӣ, дар масоҳати наздики 250 метри мураббаъ, иборат аз 4 ошёна бо таҳхона бунёд гардидааст. Дар марказ шароити замонавии ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «Хуҷанд-Агро»-ро мавриди истифода қарор доданд

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд — Агро”, ки дар минтақаи саноатии шимолу шарқии маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, иштирок намуданд.

Корхонаи “Хуҷанд-Агро” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бунёд шуда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додан 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.

Читать далее