25 March 2020

Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивии кооперативи истеҳсолии “Самир-Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи “Рухак”-и деҳоти Ғозиëни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунëди боғи нав, ки дар он ниҳоли дарахтони ба содирот нигаронидашуда шинонида мешавад, асос гузоштанд.

Замини мавзеъи “Рухак”, ки солҳо боз бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ дур монда буд, бо дастури бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулони кооперативи истеҳсолии “Самир-Суғд” дар марҳилаи аввал дар майдони зиёда аз 1100 гектар бунëди боғи нав оғоз карда шуд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и ноҳияи Спитамен боздид ба амал оварданд

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен ҳамчунин аз намоиши дастовардҳои кишоварзон ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и деҳоти Тағояк дидан намуданд.

Аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен наздики 40 навъи маҳсулоти кишоварзиро, ки бо истифода аз имконоту шароити мавҷуда ҳамасола парвариш мекунанд, ба намоиш гузоштанд.

Дар ноҳияи Спитамен 1600 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, аҳли заҳмат сол то сол майдони кишту парвариши зироати ба иқлими минтақа мувофиқро дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа бештар мекунанд ва дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза саҳм мегузоранд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и ноҳияи Спитамен иштирок намуданд

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и Деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ба ҷараёни корҳои кишти пахта оғоз бахшиданд.

«Суғдиёна» яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Спитамен дар соҳаи пахтакорӣ буда, соли 2016 таъсис ёфтааст ва 18 нафар саҳмдор дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна» дар маҷмӯъ дорои 41,56 гектар замин мебошад ва 11 гектари онро заминҳои корами обӣ дар бар мегирад.

Читать далее

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» дар деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон», ки дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст, боздид намуданд.

Боғи навбунёди суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд гардидааст, ки таҷрибаи нахустин дар Тоҷикистон мебошад.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитаменро ифтитоҳ намуданд

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба истифодадиҳии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ба деҳоти Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.

Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Читать далее