26 March 2020

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020» дар Қасри Арбоб

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб дар фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020”, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар саҳни Қасри Арбоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи духтарони тоҷик бо либосҳои хуштарҳу зебо бо самимияти афзун истиқбол гирифтанд.

Барномаи фестивали вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик-2020” бо намоиши маҳсули дасти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд

Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ асос гузоштанд. Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин ниҳолро шинонида, барои нигоҳубини дурусти боғ ба кишоварзон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бунёд гардида, дар он дарахтони себ, нок, зардолу ва шафтолу шинонида мешавад. Ниҳолҳое, ки дар боғ шинонида мешаванд, аз дигар давлатҳо ворид гардида, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, ба обу ҳаво ва иқлими Тоҷикистон муносиб мебошанд. Аз рӯи хусусият, тамоми ниҳолҳо қадпаст ва миёнақад буда, самаранокии боғи суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои муқаррариву интенсивӣ бештар мебошад. Аз он ки дар боғи суперинтенсивӣ дарахтони мевадиҳанда нисбатан зичтар шинонида мешаванд, имкон пайдо мешавад, ки дар як гектар замин то 2220 бех ниҳол ҷой дода шавад.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гармхонаи замонавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғози расмӣ бахшиданд

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» оғози расмӣ бахшиданд.

Корҳои бунёдӣ дар ин гармхона соли 2019 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Қобил ба зикр аст, ки иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат ташкил гардида, дар он маҳсулоти босифат парвариш карда мешавад. Иқдоми мазкур аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров пиёда гардида, масоҳати умумии он 2 гектарро ташкил медиҳад.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд

Баъд аз анҷоми маросими ботантанаи ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар ҳамин мавзеи назаррабо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола», ки мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин озмуни зебоӣ пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни сокинони мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозии куллӣ Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маросими ба истифода додани ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки замони зиндагиаш ба давраи ҳукмронии Давлати Сомониён рост меояд, оғоз ёфт.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд

25 март дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019 ва ду моҳи соли 2020 баррасӣ гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Читать далее