01 April 2020

Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

31 марти соли 2020 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз бахшида шуд.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 2 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Читать далее

Оғози кишти пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти пахта шуруъ намуданд.

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи оғози кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии «Яккатут»-и Ҷамоати деҳоти Ғўлакандози ноҳия ширкат варзид.

Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, хоҷагии деҳқонии “Яккатут”  99,63 гектар замини корам дорад, ки  дар 53,5 гектари он кишти пахтаи навъи «Эдесса»дар  назар аст.

Читать далее

Вазъи бозорҳо нигаронкунандаанд!

Амалӣ намудани санҷиши мунтазами вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ва сари вақт ошкору бартараф сохтани камбудиву норасоиҳо дар бозору марказҳои савдо яке аз омилҳои асосии кафолати ҳифзи ҳаёту саломатии фурӯшандагон харидорон ва таъмини амнияти молу мулки тоҷирону соҳибмулкон аз нобудшавӣ дар натиҷаи оташ ба ҳисоб меравад.

Баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор дар бозорҳои марказии шаҳри Хуҷанд санҷиш гузаронида шуд.

Камбудиву норасоии бехатарӣ аз сӯхтор ошкор гардида, аз ҷумла дар ҳудуди ҳамаи бозорҳо ва марказҳои савдо манбаи обӣ бо ҳаҷми зарурии миқдори об сохта нашудааст. Дар роҳҳои нақлиётгарди гирду атроф ва ҳудуди бозорҳои марказии «Панҷшанбе», «20-солагии Истиқлолият», назди ҶДММ «Хоҷӣ Сиддиқ» ва марказҳои савдои ҶСП «Неъматуллоҳ», ҶСП «Парвин», ҶДММ «Барфак Хуҷанд» растаҳои оҳанию тахтагин ва нуқтаҳои савдои муваққатӣ гузошта шудаанд, ки барои гузаштан ва ҷойгир намудани нақлиётҳои махсуси оташнишонӣ монеагӣ мекунанд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар семоҳаи соли равон нисбати 14 нафар роҳбарон, тоҷирону савдогарон ва масъулони бозор ба маблағи 5684 сомонӣ ҷарима татбиқ карда, фаъолияти 3 бозору маркази савдо муваққатан боздошта шуд.

Ш.АЛИҶОНОВ,

нозири калони ГНДБС-и қисм,

лейтенанти калони хизмати дохилӣ

Читать далее

Якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ моро аз дасисаҳо эмин медоранд

Аз оғози соли 2020-ум аввал дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва то имрӯз беш аз 100 давлати ҷаҳонро бемории марговари коронавирус ба ташвиш оварда, боиси марги одамон, қимматшавии нархи маҳсулот, тағйир ёфтани қурби пули давлатҳои алоҳида гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ намудани сирояти шаҳрвандон ба ин зукоми хавфнок чораҳои саривақтӣ андешида шуда, дар ин хусус қарори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дорад. Дар фурудгоҳҳо ва дигар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ назорати ҷиддӣ бурда истодаанд.

Дар корхонаю муассисаҳо низ назорати саривақтии санитарию гигиенӣ ба роҳ монда шудаанд. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар рӯйхати 10-гонаи давлатҳое қарор дорад, ки то имрӯз дар қаламравашон аломатҳои сироят ба ин бемории марговар ба қайд гирифта нашудааст.

Аммо шахсони ҳангоматалабу иғвогар, бо ҳар гуна сару садоҳои беасос мехоҳанд, мардумро ба таҳлуқа ва тарсу ваҳм андозанд ва ин бемориро низ мехоҳанд, ба манфиати нопоки худ истифода намоянд, ки ҳама бофтаву сохта буда, мардуми тоҷик ба он боварӣ надоранд. Хоинони миллат баргузории ҷашни милливу аҷдодии мо - Наврӯзи оламафрӯзро низ мавриди танқид қарор додаанд, аммо давлату Ҳукумат тамоми чораҳои пешгирии зукоми коронавирусро андешидаанд ва ин беморӣ ба сарҳади мо қадам намегузорад.

Дар шабакаи интернетӣ ҷавобан ба суханони иғвоангези душманони миллат, ба монанди наҳзатиҳои лошахӯр маводеро рӯи чоп овардаанд, ки дар он чунин суханонро хондан мумкин аст: “Бархе ба ном мухолифин мисли зоғи сиёҳ рӯи бомҳо қар-қар менамоянд, ки ба Тоҷикистон “вирус” омад. Ман ба онҳо ҳарфе надорам. Кӯзапушт ҳеҷ гоҳ рост намешавад. Дурӯғгӯ ростиро завол медонад. Даъвати ман ба ҳамватанонест, ки дар хориҷа ҳастанд. Биёед, ҳама бо ҳам даст ба дуо мекушоем ва барои Тоҷикистон ниёиш менамоем, ки аз ин балои хонумонсӯз эмин бимонад”.

Ин суханон ҷавоби муносиб ба “зоғҳои сиёҳ”, яъне нотавонбинону ҳангоматалабон мебошад. Рӯзноманигор дар анҷоми навиштаҷоти худ таъкид кардааст, ки “Мо як Ватан, як Худо, як хонаи умед дорем, ки номаш Тоҷикистон аст”. Воқеан ҳам, вақте мо муттаҳид ҳастем, ҳадафи ягонаи ҳифзи Ватан, ободиву осудагии марзу буми аҷдодиро дорем, қоидаҳои санитарию пешгирикунандаро риоя намоем, ягон беморӣ, иғвоҳои ғаразноки иттилоотии душманон ба мо зарар намерасонанд.

И.ҶАББОРОВ,

декани факултети таърих

ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Муқовимат бо коррупсия масъулиятшиносист!

Солҳои охир мушкилоти коррупсия ба яке аз муаммоҳои ҳалталаби ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст. Эълон шудани 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия аз муҳимият ва хосияти умумибашарӣ доштани ин мушкилот дарак медиҳад. Мутаассифона, кишвари мо низ даҳсолаҳои охир аз мавҷудияти коррупсия ранҷ мебарад ва сатҳи он боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст. Дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ Пешвои миллат бори дигар нигаронии худро нисбат ба мушкилоти коррупсия баён намуданд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар муқовимат бо коррупсия масъулиятшиносона ва бо ҷиддият рафтор намоем. Зарур аст механизмҳои муассири муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб андешида шаванд, то сатҳи ин мушкилот поён равад.

Дар ҳама давру замон миёни гузаштагони мо амонатдорӣ чун арзиши муҳим дар муносибатҳои ҷамъиятӣ шинохта шудааст. Аммо дар шароити имрӯза чунин ба назар мерасад, ки мавқеи ин арзиш дар миёни мардуми мо коста гардидааст ё фаҳмиши маҳдуд аз он шакл гирифтааст. Дар шароити имрӯза шаҳрвандони кишвар аксаран амонатдориро дар нигоҳ доштани чизе назди худ ва ё молиёти ба касе супоридашуда мефаҳманд. Дар мавриди амонатдорӣ танҳо бо нигоҳдории пулу моли касе ва ё шахси алоҳидае иктифо менамоянд. Аммо дар мавриди дигар амонатҳое, ки ба онҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа вогузор шудааст ё кору фаъолияте, ки ба онҳо боварӣ карда шудааст, фаромӯш месозанд. Мутаассифона, ҳолатҳои муҳими дигаре чун сазовор будан ба боварии дигарон, иҷрои босифати масъулиятҳои дар назди худ дошта, ҳифз ва истифодаи самараноки моликияти давлативу ҷамъиятӣ, сарфаи мақсадноки молиёти давлативу ҷамъиятӣ чун амонатдорӣ дарк намешавад, ки албатта, ин боиси нигаронӣ аст.

Аз ин рӯ, зарур мешуморем, дар миёни мардуми мо, хусусан қишри ҷавони аҳолӣ, ки дар оянда ба хизмати давлативу ҷамъиятӣ роҳ меёбанд, фаҳми фарогир ва васеъ аз амонатдорӣ тақвият бахшида шавад. Ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муваззаф карда шаванд, ки дар тарбияи мардум дар рӯҳияи амонатдорӣ ҳиссаи хешро гузошта бошанд. Маҳз, доштани тафаккури фарогири амонатдорӣ боис мегардад, ки масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ боло рафта, онҳоро аз гирифторӣ ба зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ боздорад. Доштани тафаккури амонатдорӣ чунин шароитеро ба вуҷуд меоварад, ки як нафар дар амалҳои худ меъёри дуруст ва ё нодуруст будани рафтори худро вобаста ба он бисанҷад ва баъдан даст ба кор шавад.

Яке аз фаҳмишҳои маъмулии коррупсия ин шикастани амонатҳои супурдашуда аз ҷониби шахси масъул мебошад, ки аз боварии мардум ва салоҳиятҳои ба ӯ вогузоршуда сӯиистеъмол менамояд. Дар ҳолати барои манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ истифода шудани салоҳиятҳои вогузоршуда амонатдорӣ шикаста мегардад, ки, албатта, он зуҳуроти коррупсионӣ аст.

Шарофиддин СОЛИЕВ,

устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее