02 April 2020

ҶАВОБ БА МУҲАРРИРИ СОМОНАИ «РИСОЛАТ.ТҶ» (Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИ)

 

 

 

Санаи 02-юми апрели соли ҷорӣ сомонаи «рисолат.тҷ» (risolattj.com) адабиёт ва истилоҳи дигаргунаеро дар мақолаи «Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИТ» дар бораи вижагиҳои ҲНИ дар таърихи муосири Тоҷикистон дастраси хонанда кардааст.

Читать далее

Бадахшон маъракаи сафарбарии наваскаронро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел, дар рӯзи нахустини оғози даъвати баҳорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 шаҳру ноҳия маъракаи сафарбарнамоии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100% (фоиз) анҷом доданд.

Читать далее

НАВДАЪВАТШАВАНДАГОНИ ИХТИЁРӢ САРҶАМЪ МЕШАВАНД

Ҳамасола дар асоси фармони Президенти кишвар аз санаи 1 - уми аперли соли равон дар манотиқи кишвар даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар оғоз мегардад. Ба ин муносибат дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ҷавонони чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо дарки масъулияти хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, бо хиҳиши худ ба ба сафи артиши кишвар пайваст шуданӣ ҳастанд. Чунин ҷавонон ихтиёран дар комиссариати ҳарбии вилоят ҷамъ омада, рӯзҳои наздик бо тантана ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гуселонда мешавад.

Алҳол ҷавонони шаҳру ноҳияи Исфарамарзу Кӯҳистони Мастчоҳ сарҷамъона ба ҳам омадаанд, то марзу буми кишварро ҳимоя намоянд. Дигар шаҳру навоҳии вилоят дар асоси фармони Пешвои миллат то рӯзи гусели аввалин ҷавонони ихтиёриро сарҷамъ менамоянд.  Дар рӯзҳои аввали даъвати баҳорӣ барои адо намудани қарзи шаҳрвандии худ ҷавонони шаҳри Исфара омодагии худро гирифтаанд. Тибқи иттилои масъулин алҳол 74 нафар ҷавони чусту чолок ва ватандӯсту хештаншиноси Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳр, ки хоҳиши ихтиёран ба хизмати Модар-Ватан рафтанро доштанд бо дуои неки волидон гуселонида шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар даъвати тирамоҳии соли гузашта, шаҳри Исфара аз ҳисоби чунин ҷавонони матинирода, нақшаи даъватро саривақт иҷро намуда буд. Имсол низ шуҷоатмандони Исфарамарз нақшаи ба зимаашон гузошташударо саривақт таъмин намуданианд.   

Ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ дар рӯзҳои аввали даъвати баҳорӣ масъулияти ба зимаашон гузошташударо дарк намуда, барои адо намудани қарзи шаҳрвандии худ ва ба хотири гузаштан аз мактаби мардонагиву шуҷоатмандӣ барои ҳимояи марзу буми кишвари аҷдодии худ азм намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002” санаи 4 - уми марти соли 2020, таҳти рақами 146  ба тавсиб расида, алҳол аз рӯи ин фармон маъракаи гусели навдаъватшавандагон дар шаҳру навоҳии вилоят бо маром ҷараён дорад. 

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои номбурда бо мақсади рушди хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва истифодаи об қабул гардида, ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бор, бағоҷ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, масъулият ва ӯҳдадориҳои мақомоти хизматрасон, инчунин амалӣ намудани фаъолиятро дар самтҳои дигари соҳаҳои хизматрасонӣ танзим менамоянд.

Читать далее

КОРОНАВИРУС: АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭҲТИЁТ ШАВЕМ!

Ёдрас мешавем, ки коронавирус (номи расмии он COVID-19) охирҳои соли 2019 - ум дар шаҳри Ухани Чин пайдо шуд. Ин вирус имрӯз беш аз 190 кишвари ҷаҳонро сироят кардааст. Дар расонаҳои хабарии интернетӣ омадааст, ки то санаи 31 - уми марти соли равон беш аз 786 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба вируси корона мубтало шуда, беш аз 38 ҳазор нафар ҷон бохта, 166 ҳазор нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

 Пас аз ин маълумот хулоса намудан лозим аст, ки давлатҳои ба ин вирус олуданагардида ангуштшумор буда, хушбахтона, ба қатори онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил аст. Пас барои ҳифз ва ҳимоя намудан аз ин бемории марговар мебояд ҳар як сокини мамлакат эҳтиёткориву ҳушёриро аз даст надода, баҳри пешгирӣ намудан аз ин беморӣ чораҷӯӣ намояд, то ки худу атрофиёнро аз гирифторӣ эмин нигаҳ дорад.

Тибқи иттилои табибон, коронавирус яке аз бемориҳои сироятии одаму ҳайвонот ба ҳисоб рафта, алҳол тамоми мардуми курраи Замин ва аз он ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Аз надонистани ин намуди беморӣ, хосиятҳои ин вирус, роҳҳои паҳншавӣ, пешгирии беморӣ, роҳҳо ва намудҳои табобати бемориҳои сабабҳои вируси, дошта дар байни мардум фикру ақидаҳои зиёд нисбати ин беморӣ пайдо шудааст. Бобати мавзӯи рӯз бо муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев ҳамсуҳбат гардидем.

Мавсуф иброз дошт, бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемории коронавирус дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо роҳбарии Раиси вилоят ситод таъсис дода, то имрӯз 4 маротиба ҷаласа гузаронида шуд.

Айни замон дар шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо 1030 кат ва 3 беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо зиёда аз 1700 кат ҷойҳои захиравии карантинӣ ташкил шуданд. То имрӯз бинобар ба итмом расидани 14 рӯзи карантинӣ 872 нафар аз беморхонаҳо ҷавоб шуда, айни замон 1086 нафар бистарӣ мебошанд.

Ҳолати умумии бистаришудагон қаноатбахш буда, бо 3 маҳал хӯроки гарм таъминанд.

 Ҳамаи шароитҳо барои гузаронидани муоина, ташхис, табобати профилактикӣ ташкил шудааст ва ягон ҳолати сироятёбӣ дар вилоят ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Айни замон муассисаҳои тандурустӣ бо 100 ҳазор ниқоби яккарата, 32,2 тонна маводи безараргардонӣ, зиёда аз 112 ҳазор адад дастпӯшак ва 2047 адад корҷома таъмин буда, шуъбаҳои эҳёгарӣ ва ҳуҷраҳои муолиҷаи интенсивӣ бо 121 адад дастгоҳи нафаси сунъӣ, 144 адад оксигенератор, 121 адад кардиомонитор, 79 адад пулсоксиметр ва 69 адад ларингоскоп муҷаҳҳаз мебошанд.

Маводи безараргардонӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо ва дастпӯшакҳои яккарата, дорувориҳои зиддивирусӣ ва дезинтоксикатсионӣ ба миқдори зарурӣ захира шуда бошад ҳам, айни замон мо ба маводи безараргардонии ҷойҳои оммавӣ, нақлиёту толорҳо ниёз дорем.

Нуқтаҳои санитарию карантинӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолиятро идома дода, мутахассисони эпидемиолог ва сироятшинос бо дастгоҳҳои ҳароратсанҷи муосир, либосҳои муҳофизатии инфиродӣ ва маводи безараргардонӣ таъмин шуда истодаанд.

Зиёда аз 1900 нафар шаҳрванд аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба муассисаҳои тандурустии вилоят тавассути нақлиёти махсуси тиббӣ бистарӣ шуданд, ки ҳангоми зарурият мо аз нақлиёти ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳо истифода намуда истодаем ва дар самти таъминоти сӯзишворӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба миён омадааст.

Маълум гардидааст, ки роҳҳои сироят аз ин вирус асосан тавассути ҳавоӣ-нафаскашӣ ба амал омада, дар шахси сироятшуда ба монанди зукоми маъмулӣ мегузарад. Имконияти сироятшавӣ хеле баланд аст, хусусан агар бемор ба шахси солим хеле наздик шавад. Сулфидан ва нафаскашии ӯ бактерияҳоро дар масофаи хеле зиёд паҳн мекунад. Гаштугузори як шахси сироятшуда аз ин вирус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавонад, дар 50 фисади ҳолатҳо ба сироятёбии одамони атроф сабаб гардад. Аз ин лиҳоз аз сокинон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худро эҳтиёт ва канораҷӯӣ намоянд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ҲАЁТИ ХУД ВА ДИГАРОНРО ЗЕРИ ХАТАР НАГУЗОРЕМ!

Яке аз ҳодисаҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст, ин рӯз аз рӯз зиёд гардидани шумораи мубталоёни коронавирус мебошад. Вируси мазкур имрӯз бо номи СОVID-19 байни ҷомеа муаррифӣ гардида, дар 192 давлати ҷаҳон паҳн гардидааст.

Ин беморӣ бори аввал дар Ҷумҳурии Халқии Чин пайдо гардида, ҳазорон ҳазор нафар шаҳрванди ин мамлакати бузург мубталои он гардидаанд. Дар натиҷа дар Чин одамони зиёд ба ҳалокат расиданд. Бемории мазкур оҳиста - оҳиста аз ин минтақа ба кишварҳои дигари ҷаҳон низ паҳн гардида, таъсири худро расонд. Имрӯз дар миқёси ҷаҳон гирифторони ин беморӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда, боиси фавти одамон гаштааст. Асосан гирифторони ин бемории шадиди роҳи нафас баъд аз Чин дар Амрикову Италия, Испания зиёд гардид. Аз сабабе, ки бемории мазкур ҷаҳонро фарогир аст, табибони олам онро пандемия эълон карданд. Имрӯз ин беморӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хеле васеъ паҳн гардидааст. Вируси корона қариб, ки тамоми мамлакатҳои Аврупоро фаро гирифтааст. Айни замон дар Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ мардуми зиёд ба ин беморӣ мубтало гардиданд. Ҳар рӯзу ҳар соат дар расонаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии он маводу гузоришҳо пешниҳод мешаванд. Хушбахтона, имрӯз дар харитаи гирифторони ин беморӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон ҷойгир нашудаанд. Аммо дар ҳудуди кишвар оид ба пешгирии вируси корона чораҳои муассир меандешанд. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст. Он аз фаъолияти беморхонаҳое, ки дар он ҷо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ё шахсони дигари аз кишварҳои ба ин беморӣ мубталогардида баргашта, ба карантин фаро гирифта шудаанд, назорат мебарад. ҳар рӯзу ҳар соат оид ба қоидаю қонунҳои гигиенаи шахсӣ ба мардум тавсияҳо медиҳанд.

Омори санаи 28 - уми марти соли 2020 бозгӯи он аст, ки коронавирус асосан дар давлати ШМА - 104837, Италия - 86498, Хитой - 81996, Испания - 65719, Германия - 53340, Фран- сия - 33414, Эрон - 32332 нафар ва кишварҳои ҳамҷавор - Афғонистон - 110, Қазоқистон 204, Ӯзбекистон - 104, Қирғизистон - 58, Россия 1264 нафарро ташкил медиҳад.

Ва умуман мубталоёни вируси корона дар ҷаҳон 629937 нафарро ташкил медиҳад. Миқдори табобатшудагон бошад 141937 нафар ва фавтидагон 28890 нафаранд.

 Давлатҳои абарқудрат пеши табобати ин вабои аср оҷизӣ мекашанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри пешгирӣ аз ин бемории зудпаҳншаванда фаъолона мубориза барад ва нисбат ба тақдири худ ва мардуми кишвар бепарво набошад. Муборизаи дастҷамъонаи мо аз он иборат аст, ки чӣ хеле, ки табибон арз медоранд, гигиенаи шахсиро риоя намуда, аз заҳролудшавӣ ба ин вируси манфур худ ва наздиконро ҳимоя намоем. Табибон шиоре доранд: «Бемориро аз табобат кардан пешгирӣ намудан осонтар аст.» Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри пешгирии пандемия сарҷамъона амал намоем. Махсусан, табибоне, ки дар дохили беморхона ҳастанду бо ин вирус мубориза мебаранд, ҳар рӯзу ҳар соат ба мардум оид ба қоидаҳои пешгирии ин беморӣ, аз қабили чӣ тарз шустани дастон, истифодаи ниқобҳо, доруҳои зиддимикробӣ маълумот дода истодаанд.

Ҳамзамон, аз оғози пайдо шудани вируси корона онҳое, ки дар сафари хизматӣ ё муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанду ба Ватан баргаштанд, зери назорати доимии табибон қарор доранд. Табибон кӯшиш карда истодаанд, ки барои аз ин вабо наҷот додани мардум корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд намоянд.

Ҳамзамон, тавсия медиҳанд, ки ба ҷойҳои серодам нараванд, аз дастфишорӣ худдорӣ намоянд, тез – тез дастони худро бо собун шӯянд ва дар 15 сония як бор об нӯшанд ва ба оддитарин қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоянд. Бояд ҳар як фард андеша намояд, ки эҳтиёти худ ин эҳтиёти на танҳо хонадони худ, балки тамоми мардуми кишвар аст.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МАКТАБИ ҶАСОРАТУ ШУҶОАТМАНДӢ

Истиқлолият дар таърихи созмони мудофиавии Тоҷикистон саҳифаи нав ва марҳалаи тозаи тағйироту пешрафтҳои навро боз намуд. Бо шарофати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саросари кишвари маҳбуби моро ба арсаи азму талош, ташаббусу созандагӣ, ободониву шукуфоӣ табдил додаанд, кормандон ва аъзои ҷамъияти ватандӯстони Тоҷикистон тавонистанд, эътибор ва шукӯҳи Ташкилоти ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи кишварро боло бардошта, ба созмони пешқадам мубаддал гардонанд.

Кумитаи вилоятии Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи вилояти Суғд ва кумитаҳои шаҳриву ноҳиявии он ҷиҳати таъмини иҷроиши ҳадафҳои ойинномавии ташкилот баргузории чорабиниҳои тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ, ба хотири омода намудани мутахассисон соҳаҳои ба артиш зуруриро бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят хуб ба роҳ мондааст.

Чунин ҳамкориҳо барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ – техникии ташкилот омили муҳим ба ҳисоб мерафт. Дар натиҷа бошишгоҳи варзиши тирандозии вилоятӣ ва филиали клуби миллии ҳавопаймоӣ дар шаҳри Бӯстон таъмиру таҷдид гардида, дар он парашютҳо, картингҳо ва дигар лавозимоти зарурии таълимию варзишӣ харида шуд. Ташкилот имрӯз дорои заминаи мустаҳками техникӣ буда, дар атрофи худ аъзои ихтиёри чусту чолокро муттаҳид сохтааст. Ҳамасола барои пурра намудани сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар садҳо нафар ҷавони матиниродаро барои мудофиаи Ватан омода ва шомили артиш мегардонад, - мегӯяд Турсунмурод Қайюмов корманди ташкилот.

Кумитаи вилоятии ТҶММ - и Суғд баҳри тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастии ҷавонону наврасон, алалхусус дар байни ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ нақшаи чорабиниҳои таблиғоти ҳарбӣ - ватанпарастӣ таҳия намуда, дар доираи он як зумра корҳоро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои ҳарбӣ - варзишӣ ва чорабиниҳои мухталифи тарғиботию тарбиявӣ барои ҷавонону наврасон, алалхусус аъзои ин кумита ташкил шуд.

Бо мақсади мусоидат намудан баҳри тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ҳарбӣ - ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, омодагӣ барои ҳимояи марзу буми меҳани хеш аз ҷониби ин ташкилот чорабиниҳои гуногун бо иштироки собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист баргузор намуда, ҳисси меҳанпарастии ҷавононро бедор месозанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки кумитаҳои шаҳриву ноҳиявии ТҶММ-и вилояти Суғд низ барои ташкил ва баргузории чорабиниву мусобиқаҳо фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумлаи чорабиниҳо шинос намудани ҷавонони синни тодаъватӣ бо шароити хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар қисмҳои низомӣ, вохӯрии ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ бо собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони байналмилал ва муҳофизатгарони сохти конститутсионӣ ҷамъомадҳо баргузор мегардад, - гуфт номбурда. Мактаби муттаҳидаи техникӣ дар шаҳри Хуҷанд яке аз мактабҳои ТҶММ буда, дар он ҷавонмардони хоҳишманди синни то даъватӣ нозукиҳои касбҳои гуногунро меомӯзанд.

- Базаи моддию техникии ин муассиса хуб буда, дар он беҳтарин таҷҳизот гирд оварда шудааст. Ҳадаф ва мақсади ягонаи мактаби мазкур ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намуда, барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун ронанда, ронанда - механик омода кардан аст. Ба ғайр аз ин боз аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба нозукиҳои қадамзании ҳарбӣ, картингронӣ ва идора намудани парашютро меомӯзанд, - мегӯянд масъулин.

Имрӯз Кумитаи вилоятӣ дорои мактаби муттаҳидаи техникӣ, мактаби ронандагӣ, клуби минтақавии ҳавопаймоӣ, кумитаи шаҳрӣ, кумитаи ноҳиявӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳуқуқи кумитадоштаи ТҶММ мебошад, ки сафи онҳоро ҷавонони матиниродаву ватандӯст пурра мекунанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ХИШТЕ ДАР ОБОДОНИИ ВАТАН ГУЗОШТАН ШАРАФ АСТ

Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар сар то сари кишвар идома дорад.

Дар кумитаҳои иҷроия  ва ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла кумиҷроияҳои ибтидоии “Сомон”, “Бобоҷон Ғафуров”, “Осимӣ”, “Истиқлол” ва “Инқилоб” ҳашари умумихалқӣ доир гардида, аъзои ҲХДТ баробари шаҳрвандони ватандӯсти мамлакат дар тоза намудани муассисаву ташкилот, кӯчаву хиёбонҳо ва Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ саҳм гирифтанд. Он рӯз ҷӯйборҳои қади кӯча тоза, қитъаҳои кишт сабзкорӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, симои берунаи иншоот рангубор, оинаҳои он тоза карда шуданд. Қобили зикр аст, ки иқдому ташаббусҳои ҳизбиёнро сокинони маҳаллаҳо пайравӣ намуда, дар ободонии манзили зист кӯчаҳои маҳал саъй варзиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлили
КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Ба хотири “дигарандешӣ”

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм  ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин ҷанбаъ талош меварзад.  Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ўҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсияи давлат, Кодекси ҷиноятӣ,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»  ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд.

Солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро маҳдуд ва ба хотири “дигарандешӣ” қисме аз онҳоро қатлу беватан карданд. Дарк кардан намехоҳад, ки идома ёфтани фаъолияти ТТЭ ҲНИ, ки аз хурофот, ҷоҳталабӣ, нотавонбинӣ, бегонапарастӣ ва ғайра таркиб ёфтааст, танҳо бар зарари мардуми мо аст. Барои баъзе аз нафароне, ки даст ба ин кори ношоиста мезананд комилан бефарқ аст, ки агар нисбат ба ташкилоти терррористи наҳзат мақомоти ҳифзи қудратии Тоҷикистон сари вақт чораандешӣ намекарданд, пайомадҳои баъзе  нохалафон барои сарзамини мо фоҷиавӣ мегашт.

Ин далелҳо дар зеҳн андешаро тақвият мебахшанд, ки бинобар ин, то ҷон дар тан дорем зидди ҳар гунна гуруҳҳои ифротгароӣ муборизаи беамон барем.

Аҳли устодони кафедраи ҳуқуқи судӣ
ва назорати прокурории ДДҲБСТ

Читать далее

БАДХОҲИ КАСОН ҲАРГИЗ БА МАҚСАД НАРАСАД

На ҳар инсони бадкеш қодир аст аз рӯйи адлу инсоф ва ахлоқи шаҳрвандӣ дар миёни ҷомеа зиндагӣ кунад ва қоидаҳои ҷамъиятиро риоя кунад. Зеро чунин тоифаи инсонҳо бо дилу нияти бад ба воя расидаанд ва дар ниҳодашон бадкешиву разилиро мепарваранд, ки дар мисоли ин гунаҳо метавон наҳзатиёни малъунро ҳам нишон дод. Зеро аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамагӣ разилу бадкеш ва ҳаромзодаву хоинтабиат ҳастанд ва ҳамеша хиёнатро вазифаи аслии худ бар ҷамъият медонанд.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳамин пастфитратии наҳзатиёни шикампарвар ва дуздпеша буд, ки зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод ва миллионҳо нафар бехонумон гардид. Албатта, ин таъсири ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар буд.

Ва набояд фаромӯш кард, ки ҳамин ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ҳамин наҳзатиёни малъун ва разилу ҳаромзода бо сармоягузориву супориши хоҷагони хориҷияшон  ташкил карда буданду садҳо шаҳрванди бегуноҳ аз ин зарар дид.

Лек ин бадкешони наҳзатӣ ба ҳамаи ин иктифо накарда боз хостанд, ки миллатро сарсону саргардон кунанд ва табаддулотро дар кишвар анҷом доданд, ки хушбахтона ноком шуданд. Ва пас аз ин ба хориҷи кишвар фирор намуданд, то аз ҷавобгарӣ дар назди қонун раҳо шаванд.

Ҳарчанд ин наҳзатиёни бадкеш ва ҳаромзодаву палид имрӯзҳо дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд ва мақсадашон ҳам аз ҳамон ҷо истода хиёнат ба Ватан аст, лек набояд фаромӯш кард, ки бадхоҳи касон ҳаргиз ба мақсад нарасад.

Наҳзатиёни малъун ҳоло дар Аврупо қарор гирифта, чандин сомонаи ифротиро таъсис додаанд, ки мақсадашон ҳам аз таъсиси ин сомонаҳо  хиёнат ба миллати тоҷик мебошад. Зеро наҳзатиёни малъун мехоҳанд, ки аз ҳар роҳ ба миллат зарар расонида ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд.

Ҳамон гуна, ки ин шабу рӯз дар хориҷ аз кишвар истода ҳангомабарангезӣ мекунанду воҳима мекунанд, то мардум ба тарсу ҳарос афтаду гумроҳ шавад.

Яъне ин ҷо ҳам дубора эҳсос кардан мумкин аст, ки наҳзатиёни малъун ҳаргиз наметавонанд, бо дилу нияти нек ба мардум хидмат кунанд ва ё бо мардуми бошанд ва аз ин лиҳоз ҳамеша дар пайи хиёнату разилӣ ҳастанд, ки инро метавон як хислати пасту разилонаи ин тоифаи бадкеш номид.

Қ.Азизов
сардори шуъбаи тарбияи ДКМТ

Читать далее