06 April 2020

ОВОЗАҲО АСОС НАДОРАНД

Дар расонаи хабарии кишвар, аз ҷумла радиои «Озодӣ» санаи 6 – уми апрел иттилоъ паҳн гардид, ки марди 60 - сола сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бемористони марказии ноҳия бо нишонаи бемории COVID-19 фавтида, 11 корманди ин беморхона ва ду нафар аъзои оилаи марҳум таҳти карантин қарор доранд.

Оид ба шарҳу тавзеҳи ин овоза дар толори Кохи матбуот бо иштироки муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруфҷон Ҳоҷибоев, сардори маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологияи вилоят Ҷабборов Абдуғаффор брифинг доир гардид.

Маъруфҷон Ҳоҷибоев қайд намуд, ки дар вилоят то имрӯз ягон ҳалати гирифтории бемории COVID - 19 ба қайд гирифта нашудааст. Овозаҳо дар бораи ба қайд гирифта шудани 13 нафар бо вируси мазкур дар беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов асос надорад. Аз онҳо дубора ташхиси COVID - 19 гирифта шуда, хушбахтона, ташхис натиҷаи манфӣ нишон дод. Гуфта мешавад, ки ҳолати умумии бистаришудагон қаноатбахш буда, бо 3 маҳал хӯроки гарм таъминанд. Ҳамаи шароитҳо барои гузаронидани муоина, ташхис, табобати профилактикӣ ташкил ва ройгон ба роҳ монда шуда, аз шумораи ин нафарон ягон ҳолати сироятёбии COVID - 19 ба қайд гирифта нашудааст.

Маъруфҷон Ҳоҷибоев сабаби фавти сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳабибулло Шодиевро бемории қаблии шамолкашии музмини илтиҳоби шуш ва роҳи нафас муайян намуд.

Таъкид шуд, ки нуқтаҳои санитарию карантинӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолиятро идома дода, мутахассисони эпидемиолог ва сироятшинос бо дастгоҳҳои ҳароратсанҷи муосир, либосҳои муҳофизатии инфиродӣ ва маводи безараргардонӣ таъмин шуда истодаанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

суратгир Инъомҷони РАБИЗОД,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбати телефонӣ сарони ду давлат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, инчунин мушкилоти марбут ба паҳншавии глобалии коронавирусро баррасӣ намуданд. Тасмим гирифта шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи кумаки мутақобила ва дастгирӣ дар мубориза бар зидди пандемия пурзӯр карда мешаванд.

Читать далее

СПИТАМЕН: ФАЪОЛИЯТИ ГАРМХОНАҲО ҚОНЕЪКУНАНДА АСТ?

Баробари фаро расидани фасли баҳор мавсими кишт оғоз меёбад. Бо мақсади таъмини саривақтии аҳолӣ ва сатҳи баланди амнияти озуқаворӣ дар кишвар дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ, дар майдонҳои наздиҳавлигӣ кишти барвақтии баҳорӣ, аз қабили сабзавот ва дигар зироатҳои хӯроки чорво оғоз меёбад. Баҳор, ки фасли сербориш аст, дар бештари ҳолат баробари номусоид омадани боду ҳаво деҳқонон бо мақсади барвақт ба даст овардани ҳосил кӯшиш мекунанд, ки зироатро дар гармхонаҳо парвариш намоянд. Ҳамчунин, бо мақсади истифодаи самараноки захираҳо оид ба гузаронидани кишти зироатҳои барвақтӣ ва ба тағйирёбии иқлим тобовар чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар ин ҳолат фаъолияти гармхонаҳо назаррас буда, баҳри таъмини маҳсулоти хушсифат омили муҳимест.

Аслан гармхонаҳо яке аз воситаҳои муҳим барои таъмини бозори озуқаворӣ бо маҳсулоти тару тозаи ғайримавсимӣ ба ҳисоб мераванд. Истеъмоли сабзавоти барвақтӣ ба таъминоти организм бо витаминҳо, устувор шудани масъуният ва нигоҳдошти тандурустии аҳолӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, фаъолияти гармхонаҳо аз нигоҳи иқтисодӣ воситаи хуби даромад аст. Ин аст, ки соҳаи кишоварзӣ дар вилоят сол то сол рушд намуда, бунёди гармхонаҳо бо намуд ва усулҳои нав вусъат меёбанд. Дар ҳама фасли сол ташкил ва фаъолияти доимии гармхонаҳо дар қаламрави вилоят хуб ба роҳ монда шудааст, ки сокинон бе муаммо бо сабзавоти тару тоза ва меваҳои шаҳдбор таъмин мегарданд. Кишоварзон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо парвариш ва шинонидани тухмиҳои сабзавот машғул гардида, дар аввалҳои фасли баҳор маҳсулоти тару тозаро ба бозор мебароранд, то сокинон онро харидорӣ намоянд. Боиси таъкид аст, ки солҳои охир ин намуди соҳаи кишоварзӣ рушд ёфтаасту аксар бо ҳамин васила ризқу рӯзии худро ба даст меоранд.

Дар ноҳияи Спитамен низ ташкили гармхона қаноатманд арзёбӣ мегардад, зеро дар он ҷо аз 11 гармхона 8 адад фаъолият дошта, 3 адади онҳо типи хитоӣ мебошанд. Кишоварзони ноҳия ҳамагӣ дар майдони зиёда аз 2 гектар гармхона ташкил карда, асосан парвариши помидор, лимӯ ва дигар зироатҳоро дар ҷамоатҳои деҳоти Турсун Ӯлҷабоев, Тағояк, Истиқлол ва Куруш хуб ба роҳ мондаанд.

Баробари ин дар ноҳия кишоварзону деҳқонон ҳар як ваҷаб заминҳои корамро самаранок истифода мебаранд. Ба ҷуз помидору лимӯ парвариши қулфинай низ ба назар мерасад, ки масъулин барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ камари ҳиммат бастаанд.

Дар деҳаи Нови Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев бо сарварии Абдусаттор Ҳайдаров боғ ва гармхона бо номи “Меъроҷ” таъсис ёфта, онро ҶДММ “Нексигол” ба иҷора гирифтааст. Дар мавзеи номбурда дарахтони мевадиҳандаи шафтолу, себ шинонида шуда, баробари ин парвариши қулфинай ба роҳ монда шудааст, ки тухмии он аз мамлакати Туркия оварда шудааст. Навъи қулфинай “албион” буда, дар ҳолати пухта расиданаш намуди дилкаш ва таъми хуб дорад. Мавзеи мазкур тадқиқотӣ буда, соли дуюм аст, ки онҳо қулфинай парвариш менамоянд. 

– Азбаски дарахтон ҳоло ҷавонанд, он қадар ҳосили зиёд гирифта натавонистем. Барои таъмини об чоҳи амудӣ кофта шудааст, ки барои парвариши дарахтон ва гармхона муаммое пеш намеояд, – гуфт намояндаи «Меъроҷ» Абдуасад Ҳайдаров.

Масоҳати умумии «Меъроҷ» 5 гектар буда, ҳосили бадастомада асосан бозори марказии вилоятро таъмин мекунад. Алҳол дар он ҷо 4 нафар коргари доимӣ бо маоши хуб таъмин буда, дар мавсими ҳосилғундорӣ боз коргарон ҷалб мешаванд. Боиси таъкид аст, ки ҳосили аз гармхона бадастомада аллакай ба бозор бароварда шудааст. Баробари қулфинай барои дигаргунӣ ворид кардан дар он ҷо карам ҳам шинонида шудааст.

Вақте вориди бозори марказӣ шудем, дар он ҷо сабзавоти тару тоза, кабудӣ ва намудҳои дигари ҳосили гармхонаҳоро ба фурӯш гузоштаанд, ки он маҳсулоти худист ва сокинон бо нархҳои дастрас харидорӣ доранд.

– Ҳоло талабот нисбат ба помидору бодиринг, кабудӣ ва дигар намуд маҳсулоти кишоварзии тару тоза зиёд аст, – изҳор дошт яке аз фурӯшандагон.

Хостем, ба гармхонаҳое, ки имрӯз ба парвариши маҳсулоти баҳорӣ машғуланд, аз наздик ошно гардем ва дар бобати захираи маҳсулоти кишоварзӣ маълумот пайдо созем. Масъулини соҳаи кишоварзӣ бо баҳонаҳои зиёд аз пешниҳоди маълумоти пурра канораҷӯӣ карданд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки шояд масъули соҳаи мазкур бо ин васила хост, камбудии худро рӯйпӯш намояд? Маҳсулоти тару тоза дар ноҳия ба қадри кофӣ парвариш карда ҳам мешавад?

Дар ноҳия ҳастанд нафароне, ки дар ҳавлии истиқоматиашон гармхонаҳои хурд ташкил кардаанд, ки ин амал боиси дастгирист.

Ба ҳар бобат қонеъ аз он гардидем, ки имрӯз нафарони алоҳида, аз ҷумла деҳқонони асил барои дарёфти ризқу рӯзии худ ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам ҷаҳд доранд.

Дарвоқеъ, рушди гармхонаҳо метавонад, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва таъмини бозорҳои дохилӣ мусоидат намояд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ХИЗМАТ БА ВАТАН – РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ

Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, дар ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан неруи пуриқтидор маҳсуб меёбанд. Ин қишри ҷомеа бо доштани қувваи зеҳниву ҷисмонии хеш имконияти ҳифз ва ташаккулу пешрафти кишвари хеш мебошанд. Онҳо барои ҳимояи Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамеша омодаанд.

Аз ҷумла, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ба синни 18 - сола расидаро адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳатмӣ мебошад. То имрӯз ҷавонони далери Ватан қарзи мардонагиро адо намуда истодаанд. Ҳамзамон, ҷавононе низ ҳастанд, ки бе сабабҳои узрнок аз хизмат кардан дар назди Ватан - Модар саркашӣ менамоянд.

Чанде пеш бо мақсади муайян намудани сабаби даст кашидани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ пурсишномае байни донишҷӯён гузаронидем, ки мувофиқи натиҷаи он, аз се ду ҳиссаи онон сабабро «паст будани ҳисси ватандӯстии ҷавонон» донистаанд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки тарбияи сиёсии наврасону ҷавонон дар мактабҳои миёна ҳоло ҳам қаноатбахш набуда, зарурати боз ҳам пурзӯр намудани корҳо дар ин самт ба назар мерасад.

Зеро ҳар амале, ки сабаби тарбияву комилшавии инсон мегардад, агарчӣ он мушкил ҳам бошад, ба нафъи инсон ва ҷомеа буда, ба суботу амнияти давлат мусоидат менамояд.

Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолият дар давраи ниҳоят ҳассос тавонист, Артиши миллиро таъсис диҳад.

Хизмати ҳарбӣ ба инкишофи ҷисмониву маънавии ҷавонон таъсири назаррас дорад. Ҷавоне, ки аз сабаби танбаливу сустиродагии хеш ва аз бетарафии муҳит дар замони мактабхонӣ аз саводи кофӣ бархурдор нагардида бошад, низому тартиботи хизмат ӯро ба таълиму донишомӯзӣ водор месозад. Хизмати ҳарбӣ ба робитаву дӯстии байни ҷавонони минтақаҳои кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд.

Дар давраи хизмат сарбозон ин ё он ҳунарро меомӯзанд. Ҳар сарбоз бо кӯшиши худ соҳиби касбу ҳунар мегардад. Он аз истифодабарии яроқ, техникаҳои гуногуни ҳарбӣ, ҳунари ронандагӣ, электрикӣ ва аз зумраи инҳо оғоз мегардад.

Ҷавонон дар вақти хизмати ҳарбӣ ба қадри шароити зиндагӣ мерасанд ва муносибати худро ба он ба таври мусбӣ тағйир медиҳанд. Хизмати ҳарбӣ оини ҷавонмардӣ аст. Вақте инсон аз муҳити навозишу парастиши оила ва аз хӯроки тайёру либоси тозаи омодакардаи модараш дур мегардад, он гоҳ ба қадри зиндагӣ мерасад. Хизмати ҳарбӣ донишу маърифат ва дараҷаи дарку шинохти ҷавононро нисбати озодӣ, Истиқлолият, сулҳу субот ва волидон баланд менамояд.

Дар ин роҳ ҷасорат, мардонагӣ ва далериву кӯшишу талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сулҳу субот, амният ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҷавонони бонангу номус намунаи ибрат мебошанд. Пайравӣ ба корҳои наҷиби Роҳбари давлат ба ҳар ҷавони кишвар мояи сарфарозӣ буда, он ба ҳифзи суботу амният ва пешравии давлат мусоидат менамояд.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Читать далее