09 April 2020

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат паҳлуҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамгироии минтақавиро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо суръати рушди устувори муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва муҳимияти кӯшишҳои муштараки минбаъдаро баҳри нигоҳ доштани ин раванд зикр намуданд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Масъалаи пешгирии интиқоли бемории коронавирус ва пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин беморӣ дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин нуктаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баён дошт.

Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли коронавирус силсилаи мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолии наздимарзӣ ҷараён дорад ва тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад, то сироятёбии шаҳрвандон ба бемории коронавирус пешгирӣ карда шавад.

Читать далее

«У КАЖДОЙ СТРАНЫ – СВОИ ПРАВИЛА». Заметки журналиста НИАТ «Ховар» по поводу письма главы Радио «Озоди» Министру иностранных дел Таджикистана

 

 

 

 

ДУШАНБЕ, 06.04.2020 /НИАТ «Ховар»/. Как сообщали СМИ и социальные сети, президент Радио Свободная Европа/Радио Свобода Джейми Флай  заявляет: «Таджикские власти продолжают неуважительно относиться к независимости Радио Озоди и пытаются помешать его работе». 

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд.

Дар мулоқот, ки бо ҳузури роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, роҳбарияти ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳаллаҳо ҷараён гирифт, масъалаи пешгирии сирояти коронавирус мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Читать далее

Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон раисони як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ телефонӣ ҳисобот доданд

8 апрел ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Нуробод ва Файзобод телефонӣ ҳисобот доданд.

Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва кишту кори баҳорӣ шуниданд.

Читать далее

Аз ҳадафҳои нопоки ТТЭ ҲНИ огоҳ бошем!

Падидаи терроризму экстремизм номатлубтарин дар ҷаҳон аст, ки ки инро кулли ҷаҳониён ба ҳамин шакл шинохтаанд ва барои амнияти башарият зараровартарин донистаанд. Дар чанд даҳсолаи охир гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ хеле зиёд гардида, бештар дар заминаи гурӯҳҳои мазҳабиву динӣ зуҳур мекунанд, ки ин хеле хатарнок ҳаст.

Зеро бештар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири он, ки зарари ин гуна гурӯҳҳо камтар ба ҷомеа таъсир расад, талош менамоянд, ки пеши роҳи хатарҳо ва амалҳои террористии ин гурӯҳҳоро бигиранд ва дар аксар манотиқи олам барномаҳои зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ амал мекунад.

Аксарияти аъзои ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Кабирӣ аз зершохаҳои созмони терористии “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон) мебошад ва бештар ғояҳои зараррасонӣ бар ҷомеаро аз ҳамин созмон мегирад.

Худи мулоқоти роҳбари ТТЭ ҲНИ бо роҳбарияти ТТЭ “Ихвон-ул-муслимин” гувоҳ бар он аст, ки онон ба ҳамин созмон бештар такя мекунанд ва ё худ баҳрабардорӣ аз амалҳои зиддибашариро анҷом медиҳанд.

Кабирӣ бештар бо созмонҳои террористӣ ҳамкориро ба роҳ монда, талош мекунад, ки бар миллати тоҷик ва Ватани худ хиёнати бештар кунад ва зарар расонад.

Тавре, маълум аст, Кабирӣ ба хотири ба даст овардани маблағи зиёдтар ва содир намудани амалҳои террористӣ дар қаламрави кишвар махсус омӯзонида шудааст ва аз мактабҳои террористӣ гузаштааст.

Ҳамзамон ҳамаи аъзои ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои хориҷӣ ба таълимоти террористӣ фаро гирфта шудаанд, ки мафкураашон дар гунае аз манқуртият шакл гирифтааст ва ин тоифаи бадкеш мисли манқуртҳо амал мекунанд ва фақат фармони хоҷагони хориҷияшонро иҷро мекунанду мақсадашон ҳам душманӣ бар башарият мебошад.

Аъзои ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Кабирӣ баъде ки ҷиноятҳояш ошкор шуд, ба кишварҳои хориҷӣ фирор намуданд, то аз ҷавобгарӣ дар назди қонун дар амон бошанд.

Пас аз оне, ки кишварҳои аврупоӣ қарор гирифтанд, акнун шурӯъ намуд ба сафсатахонӣ, то миллатро ба роҳгумӣ барад ва ҳамон хиёнатҳояшро, ки хоҷагони хориҷияш тавсия додаанд, амалӣ кунад.

Ин хоинон ба хотири он ки мардумро ба гумроҳӣ баранд ва сарсону саргардон созанд, ҳар рӯз як хабару матлаби бардурӯғ нашр намуда, кӯшиш мекунанд, ки вазъияти кишварро ноором намуда, худ аз пайи манфиатҷӯйи шаванд.

Аз ин рӯ, бояд ҷавонон ва афроди ноогоҳ аз ҳадафҳои нопоки ТТЭ ҲНИ огоҳ бошанд, фирефтаи суханони ин хоинон нагарданд, зеро мақсаду мароми онҳо аз роҳ задани мардум мебошад.

А.САИДОВ,
омӯзгори Донишкадаи куҳӣ – металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Иғвои нави мунофиқони дасисабоз...

Буҳроне, ки имрӯз туфайли паҳн гаштани бемории коронавирус саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст, бешак, ба кишвари мо низ бетаъсир нахоҳад монд, аммо Шумо, хиёнаткорони Ватан, ки худро “дилсӯзи Ватан” метарошад, бояд огоҳ бошед, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оиди ин масъала корбарии доимӣ бурда истодаасту вазъ таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.

Пешниҳоди аъзои ТТЭ ҲНИ аз ҷумла “Бепул ба кишвар овардани ҳама шаҳрвандони Точикистон, ки дар хориҷ мондаанд ва нияти бозгашт ба ватанро  доранд”,  хеле соддалавҳона аст, зеро аксари муҳоҷирон шахсони болиғ ҳастанду омадан ё наомаданро худашон интихоб менамоянд, ва ғайр аз ин тамоми давлатҳои дигар низ илоҷи ин воқеаро ёфта истодаанду касе аз назорат берун нест. Агар ба ин гуна ашхос дилатон месӯхт, онҳоро дар ин шароити ногувор дастёриву мададгорӣ менамудед. Хушбахтона, имрӯз дар кишвари азизи мо шахсони дар карантин фаро гирифташуда дар биноҳои васеву хуб таҳти назорат мебошанд. Инчунин бо мақсади пешгирӣ кардан аз вируси Ковид-19 тамоми корхонаву муассисаҳо, кишвар бо маводҳои антисептикӣ ройгон таъмин гардида истодаанд.

Дар ҶТ то имрӯз, хушбахтона, ягон нафар гирифторӣ ба вируси Ковид -19  ба қайд гирифта нашудааст.

Ба шумо, таъкид карданиям, ки беҳтараш дур аз Ватан истода иғвоангезӣ накунеду дар ҳаққи миллат дуо кунед то ин офат ба Ҷумҳурии азизи мо наояду тамоми беморони рӯйи ҷаҳон шифо ёбанд.

С.Б.ҶӮРАЕВА,
 мудири кафедраи умумидонишгоҳии
фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Коронавирус ва дасисаҳои нави ТТЭ ҲНИ

Ҳарчанд дар бисёр кишварҳои олам сар задани пандемияи КОВИД-2019 ҳолати нигаронӣ ба миён омадааст, набояд парешонхотиру рӯҳафтода шуд. Зеро роҳҳои табобати ин беморӣ имрӯз пайдо шудааст ва ҳолатҳои шифоёбии гирифторшудагон низ рӯз ба рӯз меафзояд, ки натиҷаи заҳмати кормандони тиб мебошад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар ин росто чораҳои пешгирии тавсиявиро, ки Вазорати тандурустии кишвар ироа кардааст, бояд ҳатмӣ амалӣ кард, то нофаҳмие ба вуҷуд наояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Он тадбиру чораҳои тавсиявии Вазорати тандурустии кишвар барои сар назадани ин пандемия таъсири худро расонд ва бояд ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри пешгирӣ аз беморӣ эҳтиёткор бошанд.

Чизи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи кишварамонро нигарон кардааст, рафтори хоинони миллат аст, ки ҳар рӯз матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасонанд.

Ҳоло Кабирӣ чанд пешниҳоди муғризона кардааст, ки ба дарди касе ҳам намехӯрад ва ягон асоси воқеӣ надорад. Зеро чуноне, ки медонем, вай ба хотири манфиатҳои худу хоҷагони хориҷияш кӯшиш менамояд, то аз ҳамин ҳолат ҳам сӯиистифода кунаду дар пеши ҷавонони гумроҳкардааш худашро доно ҳисобад.

Имрӯз, ҳатто дар ҳолате, ки аксарияти ин ватангадоён ба гирифтор шудаанд, боз ҳам шукри ватани орому осуда накарда, сафсатахонӣ мекунанд ва фикр мекунанд, ки онҳоро ҳамагон мешунаванду мехонанд. Лек дар асл бошад ба ин касе таваҷҷуҳ надорад ва чеҳраи воқеии  кайҳо ҷомеа шинохтааст.

Мо ин ҳама сафсатаҳои хоинони миллатро, ки нияти бад рӯи коғаз меоранд ва бо чашми каҷ ба кишвари худ менигаранд, маҳкум менамоем ва ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастем, ки  зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешрафти сарзамини худ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Д.ДАВЛАТОВ,
омӯзгори Донишкадаи куҳӣ-металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Ташвиши беҳудаи паймоншиканон

Дар ин рӯзҳо мунтазаму пайваста маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истода, дар он доир ба тадбирҳои андешидашуда вобаста ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус ва вазъияти иқтисодии кишвар шунида мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводи безараргардонӣ, таҷҳизоти санҷишӣ ва захираҳои маводи хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода шуда истодааст. Тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати доимии ҳукумат қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии ин беморӣ ба кишвар, инчунин, таъмини фаъолияти муназзами системаи назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешаванд. Инчунин, дар ҳар маҷлиси Ҳукумат дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш ҳисобот дода шуда, аъзоёни Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони сохторҳои марбута барои иҷрои босифати қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи саривақтии барномаву стратегияҳои давлатӣ вазифадор карда мешаванд.

Аз тарафиэътилофи Паймони миллии Тоҷикистон» пешниҳодҳо оид ба пешгирӣ аз таъсири манфии буҳрони ҷаҳон барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иғвоангезии навбатии онҳо мебошад.  Тавсияҳо манфиатҳои ғаразнок дошта, онҳо мақсадҳои иғвоангезӣ байни мардум мебошад. Ин ҳадаф аз навиштаҷот равшан аён аст. Агар ин гуна ақида ва «меҳрубон»-иҳои онҳо нисбат ба мардуми Тоҷикистон хеле пештар зоҳир мегардид, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта содир намешуд.   

Хушбахтона, дар мамлакатамон аллакай  ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус ва оқибатҳои иқтисодии он чораҳои мушаххас дида шуда ва амалӣ гардида истодааст. Ин  масъала доимо зери назорати ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ба шахсони масъул бобати ба иҷрои фаъолияти фаврӣ тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланд, омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои қабули беморон, ворид сохтани таҷҳизоти муосири тиббӣ, назорати санитарӣ-гигиении марказҳои хизматрасонии маишӣ дастур дода шуда истодааст.

Намояндагони «Паймони миллӣ» ташвиш накашанд, вазъият таҳти назорат аст.

Равшан УСАНОВ,
дотсент Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее