April 2020

30 April 2020

Терроризм ин кирдори бераҳмона

Миллати тоҷик аз қадиммулайём ҳамчун халқи бофарҳанг, баору номус ва заҳматкаш шинохта шудааст. Ҳарчанд ин миллати қадима дар ҳар давру замон ҷониби гурӯҳу шахсони ифротгар амалҳои носазоро дидааст, вале устувор дар роҳи худ мондааст. Аз пайдо шудани гурӯҳҳою ифротгарон фарҳанги дарии покро аз даст надодааст. Мо низ чунин фарҳангу таърихи бузурги худро бо неъматҳои бои Ватанро эҳтиёт кунем. Таҳдиди терроризми байналхалқӣ мамлакатҳои гуногунро маҷбур мекунад, ки дар мубориза ба муқобили он муттаҳид шаванд.

Бинобар ин бо назардошти масъалаи матраҳгардида мо бояд бар зидди равияҳои номатлуб ҳамакаса муборизаи беамон бурданамон лозим аст. Имрӯз аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон бояд, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодии халқу мардумро пос дошта, барои боз ҳам пешрав шудани обрӯю нуфузи Ватани худ кӯшиш намоянд. Равияҳои номатлубу ифротгаро бояд пурра аз рӯи замин решакан шавад, то ки минбаъд зиндагии орому осудаи аҳли сокинони рӯи замин халалдор нашавад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Имрӯз бераҳмию ваҳшонияти гурӯҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ", ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Ашхосе, ки ба чунин рафтори ҷоҳилона қодиранд, миёни мардум ҳастанд ва чеҳраи манфури худро зери ниқоби нафарони хайрхоҳу боимон пинҳон медоранд. Онҳо ба ҳама ҷо, мусофирбару қатора, киштиву ҳавопаймо, идораву корхона, кӯчаву хиёбон роҳ ёфта, ҳадафҳои худро пиёда месозанд, онҳоро шинохтан ва аз мақсадашон огоҳ гардидан хеле мушкил аст. Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳо, аз қабили "Ал-Қоида", "Ҷундуллоҳ", "Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон", "Ҷиҳоди ислом", "Ҳаракати Толибон", "Ансоруллоҳ", "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло мебардоранд, ки мо ба ин гурӯҳою ҳаракатҳо роҳ надиҳем. Махсусан, ба ҷавонон ва бо таълиму тарбия фаро гирифта шудани онҳо ва азхуд кадани касбу ҳунар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳангу тамаддуни башарӣ, ташвиқу тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Шаҳноз Зарипова,
омӯзгори кафедраи журналистика ва назарияи
тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

СОКИНОН ШИФО ЁФТАНД

Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ ба хабари бардурӯғи сомонаи “Ozodi.org” оиди фавтидани як марди 60-сола дар бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус  бистарӣ шудани 400 нафар табибу парастор ва сокинони ноҳия ва ин бемористон таҳти карантини пурра қарор гирифта шудааст, эътирози қатъӣ баён менамоем.

Тибқи иттилои расмии Ҳоҷибоев Маъруфҷон, муовини сардори раёсати тандурустии вилоят ягон ҳолати гирифтории сокинони вилоят аз ҷумла сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Рузи гузашта бо қарори виҷаи Ситоди ҷумҳуривии оид ба пешгирӣ аз паҳншавии короновирус аз 27 апрел то 10 майи соли ҷорӣ муассиаҳои таълимӣ ва литсею коллеҷҳои таълимӣ ба таътилӣ баҳорона фиристонида шуданд. Ин ҳама қабули қарори безараргардонии ҷойҳи ҷамъиятӣ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон равона гардидааст.

Аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки ба ҳар гуна хабарҳои бардурӯг бовар накунанд. Ин хабарҳои нодуруст ба вайрон кардани ҳолати сиёсию иҷтимоию иқтисодии мамлакат равона карда шудааст.

Аҳли устодони кафедраи
назарияи иқтисодии ДДҲБСТ

Читать далее

КАБИРИИ ТЕРРОРИСТ САФСАТА МЕХОНАД!

Чанде қабл баромади роҳбари террористони наҳзатӣ аз пиртеррористони палид Кабириро шунидем, ки дар ин баромадаш мехоҳад бо ҳангомаҷӯйӣ  мардумро фирефта сохта, гумроҳ намояд. Вай доир ба коронавирус суҳбат карда, мехоҳад аз ҳамин пандемия манфиат ҷӯяд. Пирзоли Кабирии палид худашро гоҳо ҳомии халқ муаррифӣ карда, мехоҳад, ки мардумро фиреб диҳад. Аммо дар асл бошад ин Кабирии малъун душмани халқ буда, ҳамеша бар зидди миллат мубориза бурдааст ва доимо кӯшиш кардааст, ки бар миллати тоҷик тибқи супориши хоҷагони хориҷияш зарар расонад.

Ҳамин ки ҳоло ӯ худро ҳомии халқ муаррифӣ мекунад, бисёр ҳам тааҷҷубовар мебошад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки ин палиди наҳзатӣ мехоҳад, иғвоангезӣ кунад ва мардумро ба роҳгумӣ барад. Чунки, мо воқеиятеро медонем, ки Кабирии малъунро боз ҳам шармандатар месозад. Ҳамон гуна, ки маълум аст, Кабирии малъун як вақтҳо беморхонаи сироятии Сари Кишти ноҳияи Рӯдакиро қисм-қисм тақсим карда, бо ҳаммаслаконаш фурӯхт ва қисмеро тақсим кард. Ёдрас мешавем, ки агар ин беморхона имрӯз вуҷуд медошт, 500 кати хоб дошт, ки метавонист 500 карантиншударо имрӯз дар худ ҷой диҳад. Пас ин Кабирии палиду дилсӯз, ки имрӯз худро ҳомии мардум вонамуд карда, иғвобарангезӣ мекунад дар ҳақиқат кист? Мо, ҳама устодони кафедра ин иғвобарангезӣ ва мардумфиребии Кабирии палид ва наҳзатиёни малъунро маҳкум намуда, ин тоифаи бадкеши наҳзатиро фиребкорони авбош меномем.

Изҳороти устодони кафедраи
иқтисодиёт ва идоракунии ДКМТ

Читать далее

Коронавирус дар Ватани мо нест!

Дар моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин хурӯҷи пневмония сабт карда шуд, ки он бо таъсири намудани номаълуми коронавирус ба вуҷуд омадаст. Аввалин шахсони ба ин бемори дучоршуда, меҳмонони бозори маҳсулоти баҳрии ҳамин минтақа мебошанд ва баъдтар аниқ шуд, ки ин намуди вирус аз одам ба одам мегузарад. Аз рӯйи охирон маълумот моҳи феврал дар Чин зиёда аз 85000 одамон бемории коронавирус шуда, зиёда 2700 нафар фавт кардаанд. Берун аз Чин одамони ба коронавирус дучор шуда, зиёда аз 4000 ташкил медиҳад, ки дар давлатҳои ба монанди Итолиё, Эрон, ИМА, Канада, Россия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Австралия ва ғайра қайд карда шудаанд. Синдроми респиратории осиёи наздик (СРОН) вируси бемории респираторӣ буда, бо тасири коронавируси нав ба амал омадааст, ки он бори аввал дар Арабистони Саудӣ соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон оид ба ин вирус маълумоти зарурӣ ва чораҳои пешгириро пешбинӣ намудааст, онҳо дар поён оварда шудаанд.

Коронавирусҳо оилаи калони вирусҳое, ки имконияти ба амал овардани бемориро аз шамолхурии одӣ то ба синдроми респиратории вазнин дорад. Аломатҳои одии СРОН ин таби баланд, сулфа ва нафасгирӣ мебошад. Аммо, бисёр ҳолатҳои ин бемори дар лабораторияҳо ҳамчун бемориҳое, ки бе ягон аломатҳо ба вуҷуд омадаанд қайд шудаанд. Тақрибан 35-40% беморони бо СРОН сабт шуда, фавт намудаанд. Бисёри ҳолатҳои гузариши ин вирус аз як шахс ба шахси дигар танҳо ҳангоми алоқаи зич, мисол ҳангоми расонидани тиббӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ мегузарад. Тахмин карда мешавад, ки хурӯҷи вирус бо расонидани ёрии тиббӣ вобаста, асосан дар Арабистони Садуӣ, АМА ва Кореяи Ҷанубӣ бисёр мебошад.

Аломатҳо. Зуҳуроти клиникии сирояти СРОН аз набудани ягон аломатҳо ва ё аломатҳои респиратории сабук то бемории шадиди роҳи нафас ва фавт иборатанд. Расми хоси СРОН ин асосан табларзаи баланд, сулфа ва нафасгирӣ мебошанд ва одатан, аммо на ҳамеша пневмония ошкор карда мешавад. Аломатҳои гастроэнтрологӣ, аз ҷумла, дарунравӣ низ сабт карда мешаванд. Дар ҳолати вазнини ин беморӣ ҳабси нафас пайдо мешавад, ки вентилятсияи механикӣ ва кӯмакро дар шаъбудаи реаниматсионӣ талаб мекунад. Ба назар расида истодааст, ки ин вирус асосан дар байни одамони калонсол, онҳое, ки системаи иммунитети паст дошта ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин (хроникӣ), аз қабили саратон, бемориҳои музмини шуш ва диабет мебошанд, бемории шадидро ба амал меоранд.

Сарчашмаи вирус. СРОН вируси зоонотикӣ, яъне вирусе, ки байни ҳайвоноту одамон мегузарад. Таҳқиқот нишон доданд, ки одамон тавассути алоқаи мустақим ва ғайримустақим бо шутурони сироятёфта сироят меёбанд.

Пайдоиши ин вирус то ҳол пурра маълум нест, аммо тибқи таҳлили геномҳои гуногуни вирус, чунин ҳисобида мешавад, ки он дар байни “кӯршапаракҳо” сарчашма гирифта, ба шутурҳои якпокка гузариш намудааст.

Роҳи гузариш. Гузариш аз ҳайвон ба одам: Маълумоти пурраи аниқ оиди гузариш вуҷуд надорад, аммо шутурони якпок мумкин аст, ки сарчашмаи асоси СРОН ва манбаи сироят ба одамон бошад. Дар шутурҳо дар якчанд кишварҳо, аз ҷумла Миср, Оман, Қатар ва Арабистони Саудӣ ташхис шудаанд. Гузариш байни одамон: ин вирус ба одамон бо осонӣ гузариш намекунад, агар ягон алоқа вуҷуд надошта бошад, масалан ҳангоми расонидани ёрӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ. Дар муассисаҳои тиббӣ гурӯҳҳо ба вуҷуд омадаанд, ки дар он ҷой гузариш байни одамон бештар аст, хусусан агар усулҳои пешигрӣ ва назорати сироят ба таври кофӣ иҷро нашуда бошанд. Гузариши сироят аз одам ба одам маҳдуд буда, дар байни аъзоёни оила, беморон ва кормандони соҳаи тиб рух медиҳад.

Пешгирӣ ва табобат. Айни замон ягон, доруи мушаххас ё ваксина барои ин беморӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, якчанд ваксинаҳо ва доруҳо таҳия шуда истодаанд. Имрӯзҳо, табобат аз таъин кардани терапияи нигоҳубин, вобаста ба ҳолати бемор иборат аст. Ҳамчун як чораи умумӣ, ҳар касе, ки ба фермаҳо, бозорҳо, говхонаҳо ва ё ҷойҳои дигар, ки намудҳои дигари ҳайвонтҳо ҳастанд, ҳангоми ба ин ҷойҳо ташриф овардан, бояд чораҳои мумии гигиениро риоя намуд, аз ҷумла, шустани дастҳо пеш аз он, ки ба ҳайвонҳо расидан мебошад. Истеъмоли маҳсулоти хом ё нокифоя пухташудаи ҳайвонотӣ, аз ҷумла шир ва гӯшт, бо хатари сироятёбӣ бо микроорганизмҳои гуногун алоқаманд аси, ки аз он одамон метавонанд касал шаванд. Маҳсулоти дуруст пухта ё пастеризатсияшудаи ҳайвонот, ки хӯрдан бехатар аст истеъмол кардан мумкин мебошад.

Дар мамлакати мо нағмаҳои зиёде оид ба ворид гаштани коронавирус дар Тоҷикистон карда мешаванд. Хоҳишмандем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳар гуна фиребу найранге, ки дар сомонаҳои ғайрирасмӣ ва мақолаҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷойгир мешаванд, бовар накунанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз короновирус даргузаштани як сокини 60 солаи Суғд ва сироят ёфтани табибони бемористони ноҳияи Ҷаббор Расуловро рад кард. Бибихонум Дарвешзода, сухангӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зимни суҳбати телефонӣ ба хабарнигори pқӯssa.tj марги як сокини 60-соларо аз пнивмания тасдиқ кард, вале сироят ёфтани ӯро аз вируси короно рад кард:

“Як рӯз пеш аз маргаш табибон беморро ташхис карда буданд. Маълум шуд, ки ин нафар аз короновирус сироят наёфтааст”.

Бибихонум Дарвешзода гуфт, ки воқеан чанде аз табибони бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти назорати табибон ҳастанд:

“Сабаби таҳти назорат будани табибон дар он аст, ки онҳо тайи чанд рӯзи охир бо нафарони дар карантинбуда робита карданд, онҳоро парасторӣ намуданд. Бинобар ин, таҳти назорат будани онҳо табиист”.

Бо таби баланд ба беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд интиқол ёфтани Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури бемористони маркази ноҳияи Ҷаббор Расуловро низ Дарвешзода тасдиқ кард, вале вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кард:

“Мо субҳ бо Абдукаримов дар тамос шудем. Вазъи саломатиаш хуб аст. Номбурда, гуфт ки пас аз бозии футбол вазъи саломатиаш нохуб мешавад. Чун ӯ бо нафарони дар карантин буда дар иртибот буд, ба бемористони бемориҳои сироятӣ меояд то аз ташхиси тиббӣ гузарад. Ӯ зуком аст ва ташхис нишон дод, ки короновирус нест”-гуфт номбурда.

Ба гуфти Бибихонум Дарвешзода то ба имрӯз 6468 нафар дар Тоҷикистон таҳти карантин қарор доштанд, ки теъдоди аз онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Феълан дар ҳудуди вилояти Суғд 821 нафар таҳти карантин ҳастанд. Санаи гузашта 400 нафар дар карантин будагон, ки сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов ҳастанд ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Хушбахтона хабару овозаҳои беасоси душманони миллат ранги пештара дуруст набаромад. Мардуми тоҷик ҳеҷгоҳ ба сомонаҳои иғвоангези наҳзативу ахбор.ком боварӣ надоранд. Дар Ватани мо нишонаи вируси лаънатӣ ранги Кабирӣ мавҷуд нест.

Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи
назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

Читать далее

ТАФРИҚААНДОЗИИ НАҲЗАТИЁН МАЛЪУН!

Ҳамон гуна, ки маълум аст, дар бисёре аз баромадҳояшон намояндагони ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳ намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа баҳри тафриқаандозӣ талош менамоянд, то миллатро дар ҳолати сардаргумӣ нигоҳ доранд.

Тавре, ки ба ҳама маълум аст, наҳзатиёни малъуну манфур бо роҳбарии Кабирии палид имрӯзҳо дар хориҷи кишвар талош меварзанд, то миллати тоҷикро роҳгум намуда, ба мисли солҳои 90-уми асри гузашта ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ баранд ва аз ин манфиатҷӯйӣ намоянд.

Ҳоло ба хотири ҳамин нақшаҳои манфуронаву манҳусона  наҳзатиёни малъун дар хориҷ паноҳ бурда, аз он ҷо ҳар рӯз як хабари бардурӯғ нашр месозанд ва талош менамяонд, ки ҷомеаро бо ин матлабҳояшон гумроҳ намоянд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони манфурро маҳкум намуда, ба ҳамаи наҳзатиёни малъун лаънат мехонем!

Изҳороти устодони кафедраи геология
ва корҳои нафту гази ДКМТ

Читать далее

Пеш аз тӯй нағора назанед, ҷаноби Кабирӣ!

Имрӯз вазъияти ҷаҳон ба ҳама маълум аст СOVID-19 қисми зиёди давлатҳои дунёро фаро гирифтааст. Чанд давлате бошумор мондааст, ки дар он ҷо ҳоло короновирус нарасидааст. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин вабои аср эмин мондааст. Аммо душманони давлату миллат ба мисоли Кабирӣ аз хориҷи мамлакат истода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро беасос муттаҳам ва гунаҳкор ҳисобида, сару садоҳои ифротиро нисбати вазъи дохилии мамлакат мебарорад.

Давлати Тоҷикистон низ узви ҷомеаи башарӣ маҳсуб меёбад. Ин бадбахтие, ки тамоми башарро фаро гирифтааст, ягон тоҷику тоҷикистониро бетараф намегузорад. Чунки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми кишварҳои дунё наздик 1 миллион муҳоҷирон кор ва зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин тақдири онҳо ягон тоҷикистониро бетараф намегузорад.

Барои пешгирӣ аз ҷониби ҳукумат тамоми чораҳодида шуда истодааст. Аз моҳҳои декабр – январ Ҷумҳурии Тоҷикистон равобиташро бо давлати Чин қатъ карда буд ва тамоми мусофироне, ки аз кишварҳои дуру наздик меомаданд дар карантин нигоҳ медошт. Шояд ҳамин пешгирӣ ва эҳтиёткории давлат буд, ки короновирус ба кишвари мо роҳ наёфтааст. Барои дар оянда роҳ наёфтани ин вирус ҳар шаҳрванд низ масъул мебошад. Чунки беэҳтиётии як нафар метавонад чандин касро гирифтор созад.

Дар ин вазъияти ҳассос, ки ҳар соат аз вазъияти дунё ба воситаи интернет хабар расида истодааст, як хабари нодуруст метавонад ба рӯҳияи мардум таъсири манфӣ расонад. Чуноне ки хабари марги одамони бемор, ки бо илтиҳоби шуш ва ё бемориҳои дилу гурда бо тақдири илоҳӣ ҷонро ба ҷонофар супоридаанд, доираҳои муйян онро ба бемории “короновирус” рабт медиҳанд. Гарчанде аз ҷониби СҶТ набудани беморӣ дар Тоҷикистон расман иттиллоъ гирифтаанд. Хушбахтона, 400 нафар сокинони ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд, ки  ба гумони доштани бемориҳои сироятӣ ба карантин гирифта шуда буданд, пурра ба хонаҳои худ сиҳату саломат ҷавоб дода шуданд. Ташхисҳои дурусти кормандони Раёсати тандурустӣ муайян намуд, ки нишонаи бемории ба ном “короновирус” дар онҳо дида намешад.

Радиои озодӣ бо хабари шуми худ, ки гӯё дар санаи 5-уми апрел 11 нафар табибоне, ки он мардро табобат кардаанд ва оилаи он мард бо табъи баланд ва гулӯдард ба беморхона бистарӣ карда шудаанд, вале санҷиши онҳо ба короновирус гирифтор шудани онҳоро тасдиқ накардааст.

Мухбирони сомонаҳои хабаррасонро зурур аст, ки аз рӯи виҷдон амал намоянд, воқеаро хуб санҷида, баъд нависанд. Мутаассифона, бисёр хабарҳои Радиои Озодӣ ва Ахбор.ком муғризона ва хусусияти иғвоангезӣ дошта, вазъиятро ноором месозад. Ҳамин гуна мухбирони бевиҷдону беимон дар Паём.нет низ кор мекунанд.

Шукр, ки аз ҷониби давлат барои пешгирӣ аз короновирус тамоми чораҳо дида шуда истодааст. Ситоди ҷумҳуриявӣ бо роҳбарии Қоҳир Расулзода шабу рӯз амал мекунад. Шахсони аз берун ворид шуда дар карантин нигоҳ дошта мешаванд. Тамоми мардум аз чораҳои пешгирӣ аз короновирус огоҳ ҳастанд ва талаботи тозагиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мактабу донишгоҳҳо риоя карда истодаанд.

Турдиматова П.М. – сармуаллимаи
кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

Читать далее

Ҷавононро аз доми бадхоҳон нигоҳ дорем

Муҳимтарин натиҷаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни қарни ХХ ташаккули давлатдори миллӣ, асолати худро дарёфтани тафаккури миллӣ, фалсафаи нави давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути тафаккури миллӣ халқи тоҷик тавонист ваҳдати миллии хешро ба даст орад. Ваҳдати миллӣ асоси пешрави шукуфони кишвари азизамон гардид.

Тоҷикону тоҷикистониён имрӯз шукрона аз даврони соҳибистиқлолии кишвар мекунанд ва давлату Ҳукумат имрӯз қудрат дорад, ба ҳар гуна хатарҳое, ки ба суботи сиёсии кишвар таҳдид менамоянд, ҷавоби сазовор диҳад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз кишвари биҳиштосои Тоҷикистон дар байни 161 кишвари ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф карда шудааст. Ин нишони он аст, ки Тоҷикистон имрӯз тавонист худро дар як лаҳзаи муайяни давлатдории ҷун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони муаррифи намояд. Исботи ин гуфтаҳои дар боло қайд гардида таҷрибаи сулҳи тоҷикон далели ин гуфтаҳо аст, зеро аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилал мавриди омӯзиш қарор гирифтани он барои ҳалли муноқишот дар нуқтаҳои дигари ҷаҳон истифода мешавад. Барқарории сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон боиси тайғироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа гардида, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Бояд гуфт, ки яке аз омилҳои муҳимтарини таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии миллиро аз манфиатҳои шахси боло гузоштан, таъмини ягонаги миллатро вазифаи ҷони худ ва тамоми ҷомеа дониста, дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ сайъу кӯшиш пайваста нишон додан аст.

Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеа афродҳое ҳастанд, ки бо терроризму ифротгарои алоқамандӣ дорад, пешравиҳои тамоми соҳаҳои мамлакатро нодида гирифта, ба зидди кишвари худ буҳтон мезанад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ дар байни кишварҳои ҷомеаи ҷаҳони таъкид ва суханрони намуда, қайд карда буданд. Терроризм дин, мазҳаб, миллат надорад, ки амалҳои анҷомдодаи гуруҳҳои террористи ва ифротгароӣ ҷомеаро ба нести ва парокандагӣ оварда мерасонад, зеро дар замони муосир авҷ гирифтани фаъолияти террористӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имруз низ душманони миллати тоҷик дар хориҷи кишвар карор дошта, дар байни мардум тухми иғво кошта, сулҳу суботи кишварро халалдор кардани хастанд.Аз ин хотир вазифаи авалиндараҷаи шаҳрвандони кишвар аз он ҷумла падарону модарони азизбояд фарзандони худро дар зери назорати қатъи худ қарор додавуаз амалу рафтори фарзандони худ бохабар бошанд ва фарзандони худро дар руҳияи вадандустиву, меҳанпарастӣ тарбия намоян ҳушёрию зиракии сиёсиро дар қалбашон ҷой намоянд. Пайваст барои баланд бардоштан ва соҳибилм гардидани фарзандони худ кӯшиш намоянд, зеро яке аз омилҳои асосии пешгири кардани ҷавонон аз ҳамин гуна гурҳҳои террористи ва ифротгарои ин босавод гардидани ҷомеа ва ҳам насли ҷавон мебошад.

Аҳмадзода Рустам,
устоди донишгоҳ

Читать далее

Аз фавти ҳамватанон наҳзат рақс мекунад!

Имрӯзҳо Кабирии хоин – саркардаи фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ тибқи маслиҳати пешакӣ бо «хоҷагони хориҷӣ» боз ба ҳилаву найранг даромада худро ҳамчун сиёсатмадори «адолатхоҳ», «инсонпарвар» ва «демократ» нишон дода, тавассути сомонаҳои ифротиаш мардумро ба қиёми миллӣ даъват намуда истодааст.

Ин разил бо ҳар баҳона аз коронавирус сухан мекунад, аммо ин Кабирӣ дар асл як мурдори нокас, шайтон, муттаҳам, сафсатагӯ, мурғи парканда мебошад. Ин мансабпараст  фикр мекунад бо ин роҳ дарҳол ба дили аҳолии кишвар ҷой мегираду онҳо бар зидди давлат қиём мебардоранд. Аммо ҳаргиз чунин намешавад, мардум бедодгарию хунрезӣ, қатлу ғорати ӯву пайравони наҳзатиашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозанд.

Бале, имрӯз фаҳмиши сиёсии сокинони мамлакатамон боло рафтаасту дигар ба суханпардозиҳои Кабирии хоин ва ҳаммаслакони наҳзатиаш ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд. Як маротиба солҳои 90-уми асри гузашта ин разилони наҳзатӣ бо шиорҳои дурӯғу бофта мардумро гумроҳ карда ба худ ҷалб сохта буданд ва оқибаташро халқи азияткашидаи тоҷик то ҳол фаромӯш накардаанд.

Бо иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 400 нафар сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба карантин фаро гирифта буданд, ба хонаҳояш ҷавоб дода шуд. Ташхиси бактериологӣ муайян намуд, ки дар бадани ягонтои карантиншудагон бемориҳои сироятӣ мавҷуд нест. Аммо гуруҳҳои бадхоҳ аз фавти нафарони бемор дар беморхонаҳои ҷумҳурӣ аз қабили “Якум сеоветский” ҳар гуна овозаҳои бадро сохта, байни мардум паҳн карда истодаанд. Гӯё, ки давлат аз будани бемории мазкур мардумро бохабар намекунад.

Хулоса, бо бадном кардани давлату миллати хеш Кабирии хоину ватанфурӯш дар миёни доираҳои сиёсии аврупоӣ мақоми худро пайдо нахоҳад кард ва бо он ҳама «худсафедкуниҳо»-и худу пайравони наҳзатиаш ба мақсадҳои ғаразнокаш ҳаргиз намерасад. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ба сафсатаю суханҳои бофтаи Кабирию пайравонаш гӯш ҳам намедиҳанд ва ҳамеша ба муқобили ин афроди ватанфурӯшу хиёнаткор ва террористони наҳзатӣ муборизаи беамон мебаранд. Қиёми миллӣ ба террористони наҳзатӣ!!!

Қурбонов Ҳ. – ассистенти кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

КАБИРИИ МАЛЪУМ МАРДУМРО БА ТАҲЛУКА АНДОХТАНИСТ.

Ҳарчанд ҳамагон медонанд, ки ҳеҷ як душман ба хотири нек шудани вазъ сухан намекунад ва ин ки Кабирии малъун ҳоло вобаста ба паҳншавии коронавирус баромад намуда, мардумро ба таҳлука андохтанист, бисёр ҳам нигарон шудем. Зеро мо хуб медонем, ки дар кишвари мо ин пандемияи КОВИД-2019 ба қайд гирифта нашудааст ва аз ҷониби дигар агар бигӯем, ки воқеан ҳам агар кабирии малъун ва террорист дилаш бар миллат ва ҷомеа месӯхт, беморхонаи сироятии Сари Кишти ноҳияи Рӯдакиро 500 кати табобатӣ дошт, бо ҳаммаслаконаш қисм-қисм карда намефурӯхт. Пас чӣ гуна мешавад ба мутаҳами Кабирии палид бовар кард?

Дар ҳоле, ки худи ин малъуни наҳзатӣ беморхонаро ба фурӯш гузошта будаасту аз ҳолати иҷтимоии мардум сӯистифода намудааст, пас чӣ тавр мешавад ин махлуқро инсони солим номид. Ин ки ӯ ҳоло баромад мекунаду суханрониҳои бардавом мекунаду мардумро фиреб доданӣ мешавад мо ягон хел бовар надорем ва чеҳраи воқеии ин малъунро мешиносем.

Ҳоло агар ҳамин беморхона мебуд, шояд барои карантиншудагон садҳо ҷойи хоб буд. Пас ин Кабирии палид ва террорист кӣ буданашро аз ҳамин ҷо метавон дарёфт!

Мо, устодони кафедра ин рафтори Кабирии малъун ва ҳаромзодаро, ки барои ба таҳлука андохтани мардум талош мекунад, маҳкум намуда, ин террористи сарсону саргардонро шармат бод мегӯем!

ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА
ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗИИ ДКМТ

Читать далее

Кабирӣ худаш короновирус аст!

Дар бисёр ҳолатҳо баъди мутоилаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернет афсӯс мехӯрам, ки дар ҷамъияти инсонӣ шахсоне, ҳастанд ҳама вақт халалдор ва рушди ин ё он кишварро чашми дид надоранд.

Дар бораи миллату халқ ва навишти Кабирӣ дар сомона ба нашр расидааст хондам ва ба додаи ин шахс ангушти ҳайрат газидам. Мақсади нопоки ин хел душманони миллат ва давлат буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ панҷ сол давом ёфт. Мақсади нопоки душманон буд, ки иқтисодиёти кишвар якчанд солҳо қафо монд. Чӣ қадар кӯдакон ятим, падару модарон бе фарзанд ва шаҳрвандон бе хонаву дар монданд.

Дар ҳақиқат шахси гунаҳкор дар назди қонун ҷавоб диҳад, бевосита аз он, ки ин шахс дар куҷо истиқомат мекунад.

Кабирӣ аз ҳамин шахсон, ки берун аз Ватан истиқомат мекунад ва ободӣ ва осоиштагии халқи тоҷикро чашми дид надорад.

Мардуми азият кашидаи тоҷик аллакай рӯзҳои вазнинро паси сар кардааст ва барои ояндаи дурахшон дар интихобот овози худро додаанд.

Дар охир қайд намуданиам, ки мо набояд ба фикру мулоҳизаҳои душманони миллат диққат диҳем, балки ба сӯи ободиву созмонкорӣ ҳаракат намоем, яъне Тоҷикистон ба пеш.

Дар мамлакат ягон ғолати пайдо шудан ва ё аз бемории короновирус фавтидани шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст. Агар ба забони оддӣ гап занем, инсон худ мавҷудоти муранда аст. Ҳама дар ин рӯи олам вафот мекунад. Абадӣ ягон мавҷудот дар ин Замин боқӣ намемонад. Аммо аз гузаштани беморон бо иллатҳои гуногун дар беморхонаҳои н.Ҷ.Расулов, “Якум советский”-и шаҳри Душанбе, шаҳри Бохтар ва ноҳияи Шаҳристон душманон очко гирифтанӣ шуда, тамғаи коронвирусро часпонида истодаанд. Қабл аз пайдо шудани ин беморӣ дар рӯи олам инсоният аз бемориҳои дилу гурда, фишорбаландӣ, диабети қанд, майхурӣ, сигоркашӣ, илтиҳоби шуш (пневмония), инсулт, инфарк, наркологӣ ва амсоли инҳо ҷон ба ҷонофарин месупоранд. Аммо хоинони миллат дар рӯзи вазнинии бархе аз ҳамватанони мо ба ҷои дастгириву суханҳои нек гуфтан, баръакс нисбати майит ва нафари бемор суханҳои дуруғин мезананд.

Дадоматов Д.Н.
дотсенти ДДҲБСТ

Читать далее