01 May 2020

ФУРСАТТАЛАБИИ РАҚИБОНИ РӯЗИ САХТ ВА Ё ҚИССАИ ҲАМОҚАТИ ТАЪРИХИИ 4-УМИ НАҲЗАТӣ

 

 

 

Зоҳидон бар худ мачинед, ин қадар савдои пуч,

Ришу фаш охир чу пашм аз кавни дунё меравад.

Читать далее

Муассисаҳои табобатӣ бо таҷҳизоту доруворӣ таъминанд

Имрӯзҳо овозаҳо бобати паҳншавии бемории коронавирус боиси нигаронии мардум гардидааст. Аз вазъияти бамиёномада як гурӯҳ ашхос истифода бурда, тариқи сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ, бо фарзияҳои беасосу бемантиқи худ оид ба мавҷуд набудани захираи маводи таҷҳизоту дорувориҳои зарурӣ боз ҳам мардумро ба таҳлука афтонидаанд.

Баҳри посухи саҳеҳ гирифтан ба масъулини Раёсати тандурустии вилоят муроҷиат намудам. Зимни суҳбат муовини сардори Раёсат Маъруф Ҳоҷибоев қайд намуд, ки муассисаҳои табобатии шаҳру навоҳии вилоят бо маводҳову маҳлулҳои зарурӣ ва корҷомаву ниқобҳо таъмин гаштаанд. Ҷиҳати пешгирии ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳиву профилактикӣ гузаронида шудаву муассисаҳои таълимиву табобатӣ, кӯчаву маҳалҳо, бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ пурра бо маҳлулҳои кимёвии зиддивирусӣ безарар гардонида шуд.

Дар хусуси то кадом андоза омода будани беморхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят аз чанде муассисаҳои табобатӣ дидан намудем.

Зимни азназаргузаронии Маркази солимгардонӣ ва барқарорсозии саломатии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аён гардид, ки алҳол Маркази мазкур минтақаи карантинӣ маҳсуб меёбад. Мӯҳсинҷон Ҷабборзода – сарвари Марказ қайд намуд, ки алҳол 29 нафар дар карантин қарор дошта, баҳри пешгирӣ ва табобати бемориҳо масъулин ҳамаҷониба омодаанд. Инчунин, дар рафти боздид маълум гардид, ки дар утоқ ва ҷевонҳои махсус захираҳои маводи доруворӣ, муҳофизӣ ва маводи безараргардонӣ, аз қабили дорувориҳои зиддивирусӣ, маҳлулҳои дезинтоксикатсионӣ, респиратор, ниқоб, корҷомаҳои яккаратаву бисёркарата, дастпӯшакҳо ва маҳлулҳои безараргардонӣ ба миқдори лозима захира шудааст.

Ҳамчунин, дар беморхонаи № 6 – уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шоҳид гаштем, ки роҳбарияти он бобати пешгирӣ намудани бемории сироятӣ маводи лозимии доруворӣ, ниқобу корҷома ва ниқобҳо, аз ҷумла ба таври кофӣ маводи ғизоиро низ захира кардаанд.

- Барои тозаву озода нигоҳ доштани беморхона, аз ҷониби масъулин бо маҳлулҳои гипохлорид ва ғайраҳо безааргардонии ҷорӣ ва куллӣ гузаронида мешавад, - зикр дошт сардухтури ин беморхона Хуршедахон Самадова.

Умед дорем, ки масъулину табибони мо соҳибкасбии хешро бори дигар собит сохта, барои ба эътидол овардани вазъияти бамиёномада ва ҳифзу табобати ҷомеа боз ҳам тамоми кӯшишу ғайрати худро равона хоҳанд кард.

 Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

1 МАЯ – ДЕНЬ МЕЖДУНАРОДНОЙ СОЛИДАРНОСТИ

 

 

 

В нем цементирован то, что способно пережить невзгоды и сегодня победить пандемию - это солидарность международная... Ни одна страна в мире не может в одиночку побороть этот недуг.

Читать далее

Ҳадаф - таъмини сокинон бо маҳсулоти хушсифат

 

 

 

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1 - уми майи соли 2020 дар назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ баргузор гардид. Бояд гуфт, ки ҳадаф дастрасии сокинон ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар моҳи шарифи Рамазон мебошад.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ аз рафти ярмарка дидан намуд. Бояд гуфт, ки дар вилоят маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, шакар, тухм ва дигар маҳсулот дар сатҳи зарурӣ захираву иқтидорҳои зарурии истеҳсол ва нигоҳдории молу маҳсулот мавҷуд аст.

Нархи маҳсулот аз бозор нисбатан арзон буда, дастархони идонаи мардум дар моҳи муборак бо анвои хӯрок ва нархҳои дастрас бояд таъмин бошад.

Дар он рӯз асосан маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, орд, равған ва маҳсулоти шириву қаннодӣ пешкаши сокинони вилоят гардид.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар ярмаркаи мазкур нархи як халта орд 225 сомонӣ, як кило гӯшти гов 38 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 50 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонӣ, картошка аз 5,20 то 6 сомонӣ ва равған 62 сомонӣ арзиш доштанд.

Дар маҷмуъ, кишоварзону хоҷагидорони вилоят зиёда аз 72 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва 21 ҳазор дона тухмро ба фурӯш бароварданд.

Тибқи дастуру супоришҳо чунин ярмарка дар шаҳрҳои саноатӣ ташкил карда шуд, ки сокинон бо нархҳои арзон маҳсулоти ниёзи аввалро харидорӣ карданд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Читать далее

КАРАНТИН ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН

 

 

 

(суҳбати ихтисосӣ бо муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А.А. дар робита бо карантин ва пайомадҳои он)

Читать далее

МУРОҶИАТНОМАИ ГУРӮҲИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН БА МУҲИДДИН КАБИРӢ

 

 

 

Мо як гурӯҳ бонувони Тоҷикистон вобаста ба амалҳои нангини рӯзҳои охир бар зидди мардум анҷомдодаи шумо садо баланд мекунем. Зеро дигар тоқати шунидани ин дуруғу буҳтон ва иғвогариҳоро надорем.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода – Раиси вилояти Суғд: Ҳифзи сиҳатии мардум – рисолати бузург

Санаи 30 – уми апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ ташриф оварда, бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят ва табибони ин муассиса сӯҳбати самимӣ намуда, бо вазъи захираи маводи зарурии тиббӣ аз наздик шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр дошт, ки алҳол дар вилоят баҳри пешгирӣ аз сироят ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Алҳол ситоди вилоятӣ фаъол буда,  тибқи қарори марбутаи Раиси вилоят аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ 6,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.  

Читать далее

МАКТУБИ КУШОДИ СОКИНОНИ ҚАСАМДАРА БА МУҲИДДИН КАБИРӢ

 

 

 

Мо сокинони деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод дар ин рӯзҳои мушкил, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро офати коронавирус фаро гирифтааст ва Тоҷикистон низ чун як ҷузъи тақсимнашавандаи ҷомеаи умумибашарӣ зиёну таҳдидҳои онро эҳсос мекунад, талошу дастгириҳои Ҳукумати кишварамонро барои пешгирии ин хатар ба хубӣ эҳсос мекунем. Читать далее

МУРОҶИАТНОМА БА М.КАБИРӢ

 

 

 

Дар шароити имрӯза, ки коронавирус ҷаҳонро фаро гирифтааст, вазъият аз инсонҳо боз ҳам дӯстӣ, иттифоқӣ ва сарҷамъиро талаб менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз тамоми кишарҳои ҷаҳон ба ин мушкилот диққати махсус медиҳанд ва тамоми тавоноии худро баҳри бартараф сохтани он равон менамоянд.

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода шунида шуд.

Читать далее