02 May 2020

"Озодӣ" чаро мардумро ба таҳлука меандозад?

Ин қадар радиои "Озодӣ" воҳима мекунад. Иттилооти ғайрирасми ва тасдиқнашударо ба мардум пешниҳод менамояд, ки дар ин шабу рӯз ҳангомаи зиёдеро ба вуҷуд оварда истодааст.

Бояд ташвиқ кард, ки аз ин касалӣ тарсидан, воҳима кардан ҳеч зарурат надорад. Танҳо бо риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шустани пайвастаи дастҳо ва пушидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, метавон ба ин касалӣ мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳам ҳеҷ ҷойи воҳима надорад.

Як ҳикмате ҳаст, ки авом дуруғро меписандад. Аз ин ҳодисаи ғамин ҳангома хезонидан кори оқилон нест!

"Озодӣ" дуруггуиро бояд бас кунад ва мардумро ба таҳлука наандозад. Зеро таҳлука худ беморист!...

Читать далее

Таъмини табибон бо либоси муҳофизатӣ

Ба 16 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кумаки башардӯстона бо арзиши тақрибан 33,5 ҳазор евро расонида шуд, ки он аз  2 ҳазор дона либоси махсуси муҳофизатӣ, 810 адад маҷмӯи воситаҳоои беҳдоштӣ ва 400 бастаи маҳсулоти хӯрокворӣ иборат мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин кумак ду беморхона ва ду маркази тавонбахшии шаҳри Душанбе, беморхонаҳои вилоятии шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтару Хоруғ, беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Лахш, Рашт, Шаҳринав, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Истаравшан мувофиқи ниёзҳояшон аз 20 то 200 адад либоси махсуси муҳофизатӣ дарёфт намуданд.

Инчунин, маҷмуҳои беҳдоштӣ (собун, антисептик, моддаи безараргардонӣ ва ғ.), бастаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ (орд, равған, шакар, макарон ва ғ.) ба оилаҳои ниёзманд, алалхусус ба онҳое, ки шахси маъюб доранд, дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Исфара ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Лахш, Рашт, Шаҳринав, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Истаравшан ва Деваштич тақсим карда шуданд.

Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии манфиатбарандагон дар бораи COVID-19 ва тадбирҳои пешгирии он, варақа (постер)-ҳо ва часпакҳои қоғазии иттилоотӣ тақсим ва тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Бояд гуфт, ки кумаки башардӯстона бо дастгирии молиявии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Германия (BMZ) Филиали Ассотсиатсияи Каритас Германия дар Тоҷикистон амалӣ гардид.

Дар оғози соли равон Каритас Германия тамоми нақшаҳои амалро дар доираи лоиҳаҳои худ бо мақсади пешгирии пайдоиши эҳтимолии COVID-19 дар ноҳияҳои ҳадафии худ тағйир дод.

Аз ҷумла, шурӯъ аз аввали моҳи апрел дар доираи фаъолияти ташкилот либосҳои махсуси муҳофизатӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ё маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводҳои иттилоотӣ харидорӣ гардида, ба Хона-интернати Батош, мактаб-интернатҳо, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, 4 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва 4 мактабу 1 КАТС дар ноҳияи Айнӣ тақсим карда шуданд.

Илова бар ин, дар асоси тавсияҳо ва таҷрибаҳои пешқадам оид ба аломатҳо ва пешгирии COVID-19, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар манбаъҳо пешниҳод гардидаанд, Каритас Германия варақа (постер)-и воқифсозӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ таҳия ва дар ҳаҷми 5 ҳазор нусха нашр карда, дар миёни манфиатбарандагони худ тақсим намуд.

Иқдоми мазкур бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи ду лоиҳаи дигари худ оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, ки дар ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳритуз татбиқ мегарданд, гирифта шуд.

Читать далее