04 May 2020

Таджикистан vs COVID-19: что день грядущий нам готовит?

 

 

 

Михаил Петрушков

1 мая 2020 года в медиа-пространстве Таджикистана появилась статья, подготовленная журналистами медиа-холдинга "Азия-плюс" с устрашающим названием "Всемирный банк предрекает Таджикистану до 21 тыс.

Читать далее

НАРОД – СИЛЬНАЯ И ДРУЖНАЯ СЕМЬЯ. Об аргументированных и достоверных, применимых к ситуации в Таджикистане, выводах Михаила Петрушкова

 ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. «Среди многочисленных рассуждений компетентных или непросвещённых авторов  относительно распространения COVID-19 в Таджикистане хочется выделить здравую, позитивную статью Михаила ПЕТРУШКОВА,   

Читать далее

ТАВОНОӢ ДАР ДОНОӢ АСТ…

Имрӯзҳо дар аксар мамолики дунё паҳншавии бемории коронавирус ба назар расидааст, ки он тамоми қишри ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Чанд рӯз пеш дар кишвари мо низ ин беморӣ расман ба қайд гирифта шуд ва мардум ба ваҳму воҳима фаромаданд. Ва ин омил боис гашта, ки ба овозаву маслиҳатҳои нодурусте, ки баъзе ашхоси худобехабару воҳимагӣ паҳн мекунанду мардумро дидаву дониста роҳгум намуда, менамояд, ки ба кӯчаҳои сарсониву харҷу исрофкорӣ водор намудааст.

Бинобар ақидаи пизишкону дигар масъулини соҳаи тандурустӣ  бемории ба миён омада ҳарчанд оқибатҳои нохушу мухталиф дорад, вале онро ҳар шахс вобаста аз организму иммунитет яъне, қобилияти муқобилият карда тавонистани узвҳои бадан ба бемориҳои сироятӣ, микробҳо ва  дигар омилҳои касалиоварро гуногун паси сар мекунад. Вале, аз чӣ сабаб бошад, ки мардум ин гуфтаҳои масъулинро ба таври худ фаҳмида ба харидории маводи дорувориҳои гуногун оғоз кардаанд ва ин омил боиси гароншавии арзиши доруворӣ гаштааст. Дирӯз худ дар яке дӯконҳои доруфурӯшии маркази вилоят шоҳиди як ҳодиса гаштам. Ба дӯкон харидоре даромада, доруи «Асикловир» - ро пурсон шуд.

- Бале ҳаст, арзишаш 70 сомонӣ, - посух дод доруфурӯш.

- Охир ман рӯзи гузашта бо нархи 10 сомонӣ 4 қуттӣ аз дӯкони паҳлӯятон буда харидаам, беинсофӣ ҳам андоза доштагист, наход ба болои як дору 60 сомонӣ зам карда фурӯшед, - гуфт бо ҷаҳл харидор.

Банда аз харидор, ки марди наздик 40-45 сола буд, пурсон шудам, ки ин дору барои  табобати чигуна бемористу ҳатман онро хариданист?

- Аз куҷое шунидам, ки ин доруворӣ барои баланд кардани иммунитет, яъне масъунияти инсон мусоидат мекунад, дирӯз барои аҳли оилаи худаму бародаронам харида будам, имрӯз хоҳарам занг зада аз ҳамон дору таъин намуд, - гуфт он мард ва пулро бароварда ба нархи гуфтаи доруфурӯш харида рафт.

Албатта шароити иқтисодӣ тақозо дорад, ки чи қадар талабот зиёд шавад, арзиш боло меравад ва инҷо бобати инсофи соҳибкорону доруфурӯшон ҳарф задан ҷойи ҳоҷат нест?! Вале аксарият аз нодонии хеш боис мешаванд, ки бозори чунин ашхос гарм шавад! 

Аз ин ҳодисаи баамаломада басо нигарон шудам ва аз онҷо баромада, ба табиби шиносам занг задам, то дақиқан бифаҳмам, ки то кадом андоза ин рафтори мардум дуруст аст.

Бахтиёр Орифов – директори Маркази саратоншиносии вилоят, саратоншинос, телефонӣ бо ӯ дар тамос шудам вай изҳор дошт, ки алҳол мардум бисёр ба таҳлука афтодаанду гӯё барои пешгирӣ харидории дорувории нолозимро пеш гирифтаанд, ки ин боиси баландшавии арзиши онҳо гаштааст.

- Баҳри масъунияти инсонро боло бурдан инсон набояд аз дорувориҳои гуногун истифода барад. Чунки дорувории зиёдро бе таъиноти духтур истифода намудан ба организм зарар дошта, натиҷаҳои нохуш доданаш мумкин аст. Қобилияти муқобилият карда тавонистани бадан ба бемориҳои гуногунро танҳо бо тарзи хӯрокаҳои серғизою дуруст вобаста буда, истифодаи ғизои дорои витаминҳои гуногун яъне, истеъмоли бештари кабудиву сирпиёз, меваву сабзавот мувофиқи мақсад мебошад. ҳамчунин ҳар шахс бояд, новобаста аз вазъияти имрӯза бояд бо обу тоби бадан, яъне бештар бо варзиш машғул шавад, ки ин омил низ баҳри беҳдошти саломатии инсон басо мусоид мебошад.

Бале имрӯз он беморие, ки ба сари башарият омадааст кам гирифтан нашояд, бояд ҳар чи қадар метавон эҳтиёткор бошем худу атрофиёнро эмин дорем. Вале дар баробари он, ба сару садоҳои беасоси иғвоангез, ки танҳо барои манфиати иқтисодию афкори душманонаи хеш ин ҳодисаро истифода мебаранд дода нашуда, саломатии хеш ва хонаводаи худро эҳтиёт намоем.

Итминони комил дорем, ки мардуми мо дар баробари ҳодисаҳои нохуши марҳилаи гузаштаи кишвар ва даҳҳо дигар рӯйдодҳои ҷаҳонӣ ин бемориро низ сарбаландонаву сарҷамъона паси сар хоҳанд кард. Ва айёме мерасад, ки ин рӯзҳоро чун хоби мудҳише ба хотир хоҳем овард.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Барои дастгирии кормандони соҳаи тиб ва харидории лавозимоти тиббӣ 3 миллион сомонӣ ҷудо гардид

1 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади дастгирии кормандони соҳаи тиб 1 миллион сомонӣ ва барои таъмин намудани табибон бо либосҳои махсуси тиббӣ 2 миллион сомонӣ ҷудо намуд.

Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, як миллион сомонии ҷудошуда ҳамчун иловапулӣ ба маоши табибоне, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати бемории сироятии коронавирус иштирок менамоянд, дода мешавад.

Читать далее