08 May 2020

Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба

08.05.2020, шаҳри Душанбе

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамватанони азиз!

Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ — 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Муҳтарам иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат!

Соли равон аз хотима ёфтани набардҳои фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва музаффарият бар фашизм  ҳафтоду панҷ сол сипарӣ гардид.

Ба ин муносибат, кулли ҳамдиёрони азизро бо фарорасии санаи фаромӯшнопазири Рӯзи Ғалаба сидқан муборакбод менамоям ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.

Читать далее

Бозиҳои хандаовари Паймони миллии Тоҷикистон

Паймони миллии Тоҷикистон аз дидгоҳи худ ва ҳолати воқеии масъалаҳои пешгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати буҳрони коронавирус надониста, пешниҳодҳои худро ба манфиатҳои хеш пешниҳод кардааст. Ба ғайр аз ин пешниҳодҳое, ки ин гурӯҳи ифротгаро кардааст, хусусияти сиёсӣ дошта, мутлақо ба иғво андохтани ҷомеа нигаронида шудааст. Масалан, нисбати пешниҳоди якум бояд зикр намуд, ки аллакай аз ВАО ба ҳамагон маълум аст ки Ҳукумати мамлакат дар шакли бонизом ва бо риояи қоидаву талаботи муайяншуда шаҳрвандони Тоҷикистонро ба мамлакат оварда истодааст.

Нисбати пешниҳоди дуюм бошад қайд карданӣ ҳастем, ки ҳукумати мамлакат вобаста ба имконият шароит муҳайё карда истодааст. Мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон низ вобаста ба имкониятҳои худ шаҳрвандонро дар карантин нигоҳ дошта истодаанд. Баъзе аз мамлакатҳо ҳатто шароити дар алоҳидагӣ нигоҳ доштани шаҳрвандони худро надоранд. Аз шаҳрвандони дар чунин нуқтаҳо нигоҳ дошташудаистода хоҳиш мекунем, ки сабри инсониро баланд карда, ба қоидаҳои тозаю покизагӣ риоя намуда, барои саломатии худ беэътиноӣ зоҳир накунанд.

Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи давлату Ҳукумат нисбати пешгирии ин беморӣ ҳамаи чораҳо амалӣ шуда истодаанд ва зарурати манъ кардани чорабиниҳои ҷамъиятӣ маъно надорад. Бояд зикр намуд, ки вобаста ба минталитети шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан дар деҳот, ки хусусияти гурӯҳӣ ва рафтуомади қавии хешовандон аз баъзе чорабиниҳои чамъиятӣ калону доманадор аст.

Зиндонҳо аз ин вирус вобаста ба низоми муташаккили назоратӣ ниҳоят дур аст ва озод намудани маҳбасшавандагон бо мақсади пешгирӣ ягон маънӣ надорад. Ҳатто дар ягон мамлакати ҷаҳон хамчун чораи пешгирӣ аз ин вабо ба назар гирифта нашудааст. Ин гурӯҳ алҳол 5 нафари ҳабсшудагони сиёсии худро шарм накарда, бо истифода аз ҳолат озод намуданашро андешида, чунин пешниҳодҳои беасосу хандаоварро изҳор намудааст. Шояд мақсади асосии ин пешниҳодот ҳамин бошаду боз дигар пешниҳодҳои бардурӯғу беасосро илова кардааст.

Боло бурдани суръати интернет масъалаи давлату ҳукумат набуда, бо суръати мавҷуда мақсадҳое, ки дар ин пешниҳод оварда шудааст, иҷро кардан мумкин аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳамаи шаҳрвандон аз интернет истифода мебаранд ва кулли истифодабарандагон на балки мақсаднок, балки аз сомонаҳои мухталиф ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои тамошои видеороликҳои бемаъною ҳангомаомез сарф мекунанд.

Механизмҳои дигари паст кардани арзиши мол ва дастгирии молиявии аҳолӣ мавҷуд аст, ки нисбат ба барҳам додани низоми пулакии роҳи Душанбе-Чаноқ самарнок мебошад ва боқимонда пешниҳодҳои он беасосу иғвоангез буда, ягон асосу далел надоранд.

Ҳукумати мамлакат бе пешниҳоди ҳар гуна гурӯҳҳои хоинони давлат вазъи масъалаҳои марбут ба коронавирус ва дигар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеаро мавриди таҳлил қарор дода, доимо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагии мардумро баланд бардошта, саломатии шаҳрвандонро ҳифз намояд. Пешниҳодҳое, ки аз тарафи як ташкилоти ғайридавлатию ифротгароӣ карда шудааст, беасосу яктарафа буда, танҳо мақсади хешро пай гирифтааст. Дар дигар мамлакатҳое, ки ба ин вабо дучор гаштаанд, ин гуна ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва ҳатто қонуниаш чунин пешниҳодот накардааст. Бо чунин амали худ ин ташкилот хоини миллати тоҷик буданашро боз як бори дигар собит намуд.

Каримов Р.А. – н.и.и., дотсент, мудири
 кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

Читать далее

ТЕРРОРИСТӢ БУДАНИ ТТЭ ҲНИ ДАР ОЛМОН НИЗ ИСБОТИ ХУДРО ЁФТ

Чанде қабл расонаҳои олмонӣ ва байналмилалӣ аз қавли мақомти Олмон хабареро нашр намуданд, ки дар он роҷеъ ба дастгир шудани панҷ нафар паноҳандаи сиёсӣ сухан мерафт, ки баҳри ҳамкорӣ бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ва тарзрезии як амали террористӣ дар қаламрави Олмон боздошт гардидаанд.

Ҳарчанд нахуст номи ин панҷ нафар боздоштшуда, махфӣ нигоҳ дошта мешуд, дертар мақомоти Олмон шахсияти ин 5 боздоштшударо ба ихтиёри расонаҳо гузошт, ки маълум шуд ин нафарон аъзои ТТЭ ҲНИ будаанд ва тибқи шартномаи ҳамкории ТТЭ ҲНИ бо созмони террористии “Давлати исломӣ” дар Олмон нақшаи содир намудани амали террористиро доштаанд.

Акнун ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро маҳз аъзоёни ТТЭ ҲНИ мехоҳанд дар Аврупо амалҳои террористиро содир намоянд?

Ҳоло мерасем ба ҳақиқати ҳол, ки то ин дам аз ҷониби расонаҳои наҳзатпарвар ва наҳзатӣ ин ҳақиқат пинҳон дошта мешуд ва ҳатто радиои “Озодӣ”, ки минбари террористони наҳзатист аз ин панҷ нафар ҳамчун тоҷик ёддоварӣ кардаасту аъзои ТТЭ ҲНИ буданашонро сарфи назар намудааст, ки ин ҳам як навъ руйпӯш намудани ҳақиқат аз ҷониби кормандони радиои террористпарвари “Озодӣ” мебошад.

Акнун дигар аён шуд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар кадом гӯшаву канори олам, ки набошанд, ҳатман бар миллат ва давлат хиёнат мекунанд ва ҳатто бар Аврупо, ки ин палидонро ҷой додааст, имрӯзҳо хиёнати ин тоифа аён мешавад, ки хеле нигаронкунанда аст.

Ҳарчанд хеле қабл коршиносон ишора намуда буданд, ки Аврупо аз ҷо додан ба наҳзатиён ҳатман пушаймон хоҳад шуд ва имрӯз мебинем, ки ин фурсат расидааст. Зеро бадкеш ҳатман бадкешии худро хоҳад кард ва ин наҳзатиёни террорист, ки бо хуни бегуноҳ рехтан одат кардаанд дар Аврупо низ тоқат накарда, даст ба амалҳои террористӣ заданд, ки оқибат ошкор шуданд. Ёдрас мешавем, ки замоне роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирии палиду террорист дар Туркия қарор дошту аз он ҷо ҷавонони тоҷикро гумроҳ намуда ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” мефиристод ва дертар маълум шуд, ки ин ҳама ҳамкориҳо дар асоси як қарордод байни ин ду созмони террористӣ мебошад.

Ҳоло, ки Кабирии террорист дар Олмон қарор дорад кӯшиш намуд, ки дар он ҷо низ хиёнат намуда, пинҳон кунад, ки ин бор ҳақиқат рӯ зад ва мақомоти Олмон дарёфт, ки аъзои ТТЭ ҲНИ ҳама террористони палид ҳастанду халос.

Ин ҷо ин нуктаро қайд намудан мумкин аст, ки ҳатто дар Аврупо ҳам дигар чеҳраи террористони наҳзатӣ пинҳон намонд ва ҳама аврупоиён дарёфтанд, ки Кабирии палид ва аъзоёнаш ҳама авбошу террорист ҳастанд.

Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

Ба суханҳои бардурӯғ бовар накунед!

Баъди аз хондани мақолаи «Суханҳои бардурӯғи Кабирӣ ва хоинони миллат» ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин шахс ё аз ин дунё нест ё инсон нест. Нисбати халқи орому осудаҳол ҳар хел гапҳои бардурӯғ бофтакорӣ мекунанд.

Чунки халқи тоҷик аз қадимулайём халқе мебошад, ки тани солим, иродаи қавӣ ақли расо дошт. Бинобар ин вирусе, ки ба тамоми ҷаҳон паҳн шуда истодааст, аз он вирусҳое, ки пештар фаро мегирифт ягон хел фарқе надорад, чунки солҳои пеш ҳам аз бисёр касалиҳо ба монанди тиф, сил, халера, чума ва ғайра одамон мемурданд. Барои ҳамин ҳам вақте, ки аз сомонаҳо ва гуфтаҳои коргарони тиб чандин бор иқрор шудаем, ки дар Тоҷикистон ҳоло ин вирус худро нишон надодааст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин вирус кӯшишу ғайрати худро ба он равона карда истодааст, ки то ягон нафаре ба ин вирус гирифтор нашавад. Гузаронидани дезинфексия, бо шустани маҳлули хлор, дӯхтани ниқоби докагин ва ғайраҳо омодагӣ дида истодааст.

Дар мактабҳо, дар кӯдакистонҳою боғчаҳо, донишгоҳҳо дезинфексия гузаронида истодаанд.

Қӯзибоева Б.М., – н.и.и, дотсенти
кафедраи баҳисобгирии  бухгалтери ДДҲБСТ

Читать далее

КАБИРИИ МАЛЪУН ДУШМАНИ МИЛЛАТ!

Ҳоло наҳзатиёни палид ва авбош дар хориҷи кишвар қарор гирифта, талош менамоянд, ки аз ҳамон ҷо истода бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранд. Ин хоинони бадкеш ва ҳаромзода, ки ҳамагӣ аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошанд якчанд созмони террористиро ташкил намуда, мехоҳанд дар хориҷи кишвар бо ниқоб ба назди мардум бароянд ва хиёнат кунанд.

Ҳоло ин палидони наҳзатӣ бо роҳбарии Кабирии палиду манфур, ки аз террористони бадкеши сайёра шинохта мешавад бар алайҳи миллати тоҷик мубориза бурда, кӯшиш мекунад, ки ҳамон сенарияи солҳои 90-умро бар алайҳи миллат амалӣ созад. Яъне ин хиёнаткори Кабирӣ, ки то ҳол аз даҳонаш бӯйи хун меояд, мехоҳад кишварро дубора ба коми оташ кашад. Ва барои ин аз ҳоло чора меҷӯяд ва кӯшиш мекунад, то аз ҳар роҳу восита ба миллат хиёнат кунад.

Ҳоло бо ҷамъе аз террористону авбошони наҳзатӣ Кабирии палид дар хориҷи кишвар қарор дорад ва кӯшиш мекунад, ки бо истифода аз фазои иттилоотӣ номи миллат ва кишварро дар арсаи байналмилалӣ бадном намояд.

Мо, кормандони шуъба ин рафтори хоини миллат, душмани бадкеш Кабирии террористро маҳкум намуда, ба ин палид лаънат мехонем.

ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ
ШУЪБАИ ИЛМИ ДКМТ

Читать далее

Фарҳанги сиёсии мардум бамаротиб боло рафтааст!

Дар шароити муосир интихоботи демократӣ механизми баамалбарории иродаи мардум, шакли асосии мавҷудияти истиқлолияти мардум, ифодаи нақши сиёсии онҳо ба ҳайси сарчашмаи ҳокимият мебошад.

Раванди интихобот бо меъёри муайяни ҳуқуқ, қоидаҳо, ки дар Конститутсия ва дигар қонунҳо мавҷуд аст, ба амалбароварда мешавад. Ба танзим дарорандаи асосии  интихобот ин системаи интихобот ҳисоб мешавад. Он принсипи умумии ташкили интихобот, роҳҳои гузаронидаи овозҳоро ба мандатҳо ва мансабҳои ҳукукматиро муайян мекунад. Маънии асосии системаи интихобот таъмини намояндагии иродаи мардум, инчунин ташкили мақомоти фаъол ва самарабахш мебошад. Роҳи рушди демократия ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам бо дараҷаи баланди иштирок ва фаъолнокии сиёсии шаҳрвандон имконпазир мегардад. Доштан мавқеи сиёсӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар интихобот ба инкишофи маданияти сиёсӣ ва рушди минбаъдаи давлат мусоидат менамояд.

Припсипҳои асосии баргузории интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи Тоҷикистон инъикос гардидааст. Дар моддаи 49-уми Конститутсияи муқаррароти интихоби Вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ оварда шудааст. Аз ҷумла чунин омадааст: Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад.

Санаи 1-уми март интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар сатҳи бисёр баланд баргузор шуд. Дар он принсипҳои баргузории интихобот амалӣ гардид. Дар он аксарияти мардум иштирок намуда, барои номзадҳои арзанда ва ҳизбҳои сиёсӣ раъйи худро доданд. Дар тамоми участкаҳои интихоботӣ то рӯзи интихобот мулоқоту суҳбатҳои номзадҳо бо интихобкунандагон ташкил ва баргузор гардид. Шахсан камина, ки дар мулоқоти номзадҳо дар ду участкаи интихоботӣ шоҳид будам. Интихобкунандагон бисёр фаъол буданд. Бо номзадҳо саволу ҷавоб сурат гирифт. Интихобкунандгон ин  ё он мушкилотҳои маҳалли  худро ба номзадҳо баён доштанд. Дар навбати худ номзадҳо баъзе мушклотҳоро сари вақт ҳал намуданд ва баъзе масъалаҳои дигарро ваъда доданд, ки ба мақомотҳои иҷроия расонида, ба ҳаллу фасли онҳо кӯшишу талош менамоянд.

Хулоса, баргузории интихобот боиси баррасӣ гардидани масъалаву мушкилоти ҷомеа гардида, робитаи мардумро бо ҳокимият наздик намуд. Итминон аст, ки номзадҳои ғолиб гардида, дар оянда барои ҳаллу фасли мушкилотҳои ҷомеа пардохта рисолаи худро дуруст анҷом медиҳанд. Моҳияти интихобот низ маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад, ки шаҳрвандон номздаҳои арзандаро интихоб менамоянд, ки то дар оянда вакилон барои ҳалли мушкилоти ҷомеа ва беҳтар намудани зиндагии мардум саҳмгузор гарданд.

Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент,
мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

НИЁЗ БА КАРАНТИНИ САРТОСАРӢ НЕСТ, АММО ЭҲТИЁТ ҲАТМИСТ!

Имрӯзҳо аксарияти кишварҳои абарқудрат бо омадани коронавирус ё худ пандемияи КОВИД-2019  суръати тараққиёти худро суст гардонида, ба ҷойи истеҳсол ва фурӯши газвор ба истеҳсол ва фурӯши ниқобҳо ва лавозимоти тиббӣ гузаштанд, ки ин ҳолат содда набудани зуҳури ин пандемияиро пешгӯйи менамояд.

Ҳоло аксарияти кишварҳои абарқудрат дар ёфтани роҳи табобати ин маризӣ оҷиз мондаанд ва то кунун ягон дорӯеро ҳам пайдо накардаанд, ки бар зидди ин пандемияи КОВИД-2019 мубориза барад.

Аз ин лиҳоз ба даъвои он ки карантини сартосариро тақозо мекунанд, гуфтанӣ ҳастем, ки ниёз ба карантини сартосарӣ нест ва фақат кофист, ки сокинон аз эҳтиёт кор гиранд ва худро ҳифз намоянд, тавсияҳои табибонро ҷиҳати пешгирӣ риоят кунанд.

Зеро карантини сартосарӣ зарар ба худи ҷомеа ва иқтисод аст, ки аз ин бештар худи сокинон осеби молӣ мебинанду халос.

Мо, устодони кафедра гуфтанӣ ҳастем, ки сокинон тавсияҳоро риоя намоянд ва худро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ доранд ва беҳуда ба хиёбонҳо набароянд.

ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ
ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКИ
И ДКМТ

ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ

Читать далее

Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест

Масъалаи амният ва субот барои ҳар як давлат дар ҷои аввал буда, таъмин ва нигоҳ доштани он вазифаи аввалиндараҷаи он ба ҳисоб меравад. Бахусус дар замони муосир масъалаи амнияти дохилӣ, давлатӣ ва байналхалқӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Барои таъмини амнияти байналхалқӣ ва дохилидавлатӣ як қатор созмону ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ аз он ҷумла СММ, САҲА, НАТО, СААД созмон дода шудааст, ки дар роҳи таъмини амнияти ҷомеаи башарӣ нақши муҳимро иҷро менамоянд.

Бояд қайд кард, ки таъмини амнияти ҳар як давлат пеш аз ҳама дар дасти худи ҳамон давлат ва шаҳрвандони он мебошад. Зеро як воситаи дахолати давлатҳои беруна дар замони муосир маҳз тариқи шаҳрвандон ва ё гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ташкилнамудаи  шаҳрвандони ин давлатҳо амалӣ мегардад.  Давлатҳои дахолаткунанда барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз ин гурӯҳҳои ғайриқонунӣ истифода бурда, вазъияти ороми давлатро ноором намуда, боиси сарзадани ҷангҳои шаҳвандӣ мегардад. Барои мисод мо метавонем кишвари худамонро, ки бо дахолати давлатҳои беруна ва дастгирии ҳар гуна гурӯҳҳои ғайриқонунӣ соли 1992 боиси оғоз гардидани ҷанги шарвандӣ гашт. Ба ҳамин монанд вазъиятро дар Сирия, Ливия, Ироқ, Яман Афғонистон истифода бурда, дар натиҷаи он ин кишварҳо суботу амнияти давлати худро аз даст додаанд. Вазъияти имрӯзаи ин давлатҳои номбаршуда (Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назар надорем) то ҳол муташанниҷ буда, дар он ҷо ҷангу низоъҳо идома ёфта истодаанд.

Кишвари мо бо вуҷуди дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти худ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуданаш тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ (аз нигоҳи таърих) сулҳу субот ва амнияти давлатро дубора барқарор намояд. Дар раванди ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар пеш аз ҳама нақши миллати тоҷик калон аст. Дар ин муддати кӯтоҳ миллату давлати тоҷик натанҳо кишварро аз нестшавӣ эмин дошт, балки давлати ҷангзадаи худро ба як давлати тинҷу босубот, ободу зебо, ташаббускор ва рӯ ба тараққӣ нишон диҳад. Дастовардҳои бадастовардаи кишвари моро баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ натанҳо ҳар яки мо дида истодаем, балки аз ҷониби дигар давлатҳо ва созмону ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ баҳои баланд додаанд ва дода истодаанд. Аз он ҷумла, ба наздикӣ аз ҷониби ташкилоти рейтингӣ, ки татқиқоти худро дар масъалаи давлати аз лиҳози амну суботдошта миёни зиёда аз 140 давлати дунё тадқиқот гузаронид, ки миёни ин шумораи давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амну субот дар зина дуюм қарор гирифт.

Давлатов У.Н.,
ассистенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо табибони Маркази саломатии №5 – и шаҳри Хуҷанд

Санаи 8 майи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Маркази саломатии №5 – и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо табибону ҳамшираҳои шафқати ин боргоҳи солимӣ мулоқоти судманд ва суҳбати самимӣ анҷом дод.

Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи корӣ, шароитҳои қабул ва муолиҷаи беморон, ҳолати таъминот бо лавозимоти зарурии тиббӣ пурсон шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба беморон ва вусъати корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ роҷеъ ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дастуру супоришҳо дод.

Читать далее