11 May 2020

Раиси вилоят дар шаҳри Конибодом бо рафти корҳои саҳрои шинос шуд

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки сабзиши ниҳоли пахта нисбат ба соли гузашта хуб ҷараён дорад.

Ҳоло кишоварзон аз рӯи агротехникаи парвариши пахта коркарди байни қатор, озуқадиҳӣ ва ягонакунии майдони пахтазорро шурӯъ намудаанд.

Раиси вилоят дастур дод, ки кишти боқимондаи пахтаро то 15 май ба анҷом расонанд.

Читать далее

Раиси вилоят дар шаҳри Конибодом бо табибон мулоқот намуд

Санаи 10 – уми майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба шаҳри Конибодом ташриф овард.

Дар шаҳри Конибодом Раиси вилоят бо табибон ва ҳамшираҳои шафқати беморхонаи марказии шаҳр мулоқот намуда, аз шароити корӣ барои духтурон, таъминот бо доруворӣ, маводҳои антисептикӣ, либосу таҷҳизоти муҳофизатӣ пурсон шуд.

Читать далее

ЁДИ ОНҲО БО МОСТ!

Санаи 9 - уми майи соли 1945 - Рӯзи Fалаба, ба таври ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатҳои музаффар хоҳад буд. Бо гузашти солҳо шукӯҳ ва шаҳомати Fалабаи Бузург барои халқи советӣ ва мардуми олам торафт аёнтар мегарданд.

Гузашти вақт наметавонад аз хотири башарият мардонагӣ ва устувории халқи советиро, ки барои ҳифзи Ватани хеш бархоста буд, зудояд. Мо ба такрор рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдовар шуда, мекӯшем, амиқтар дар бораи омилҳои барангезандаи эҳсосоти қаҳрамониву ҷонфидоии онҳое, ки барои ҳифзи кишвари советӣ сина сипар намудаанд, барои бо хӯроку пӯшок ва силоҳ таъмин кардани сарбозон дар ақибгоҳ ҷонфидоёна заҳмат кашидаанд, андеша ронем.

Читать далее

АМАЛИ АҲДШИКАНОНАРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

Пас аз чанде хомӯшӣ ҷониби Қирғизистон боз ба амалҳои нангини худ даст заданд. Дар ҳоле, ки имрӯз авзои ҷомеа бо сабаби пайдоиши бемории сироятии коронавирус дар ташвиш аст ва ҳамзамон дар моҳи мубораки Рамазон ба чунин амалҳои нобахшиданӣ даст задан магар аз оини мусулмонист?

Мардуми тоҷик талошҳои худро баҳрироҳ надоданбанизоъ ва таъминиамниятисокинониназдимарзӣ равона сохтааст. Мутаассифона, суханҳои ҷониби қирғиз, ки гӯё тарафдори хотимаи низоъ аст, дурӯғ баромад. Амали рӯзи 8 – уми майи соли равон анҷомдодаи онҳо гувоҳи гуфтаҳои болоист.

Сарҳадбонони қирғиз новобаста аз тафоҳуми байниҳамдигари ва қарордодҳо бори дигар ба оини ҳамсоядорӣ нигоҳ накарда, ба ҷониби мардуми бесилоҳи тоҷик тир холӣ намуда, боиси захми гардидани шаҳрвандони тоҷик гардиданд. Ин кирдори онҳоро мардуми тоҷик нахоҳад бахшид.

Чаро ҷониби Қирғизистон санаҳои меъёриву ҳуқуқиро  нодида мегиранд? Ҳол он ки 4 га замине, ки сабабгори муноқиша гардид, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ва ин аз рӯи садҳои ҳуқуқӣ низ исбот гардидааст.

Пас бояд ба ин амале, ки боиси захмӣ гардидани сокинони бегуноҳ гардид, бояд ба ин кирдори аҳдшиканона ҷониби қирғиз ҷавоб диҳад...

Истамҷони НАҶМИДДИН

 

Читать далее

Китоби нав - «Ушшоқи Ватан»

Китоби нави шоири маҳбуби тоҷик Абдуфаттоҳ Кулолӣ «Ушшоқи Ватан» тариқи нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд дастраси ҳаводорини шеъри ноб гашт. Китоб зери назари Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона ба нашр расида, шомили манзумаҳо, маснавигунаҳо, сурудҳо, ғазалҳо ва рубоиёту дубайтиҳои шоир аст, ки дар тараннуму ситоиши ватану ватандорӣ суруд шудаанд.

Маҷмӯаи «Ушшоқи Ватан» идомабахши тазминоту истиқболияҳои Кулолӣ аз Шайх Камоли Хуҷандист ва маҳаки онро муҳаббат ба Ватан ташкил медиҳад.

Устод Абдуфаттоҳ Кулолӣ адибест, ки аз мағзу моҳият ва равиши мактабу ҳавзаҳои суханвари тоҷикиву ҷаҳонӣ  огоҳ аст.

Дар пешгуфтори китоби мазкур номзади илмаҳои филологӣ Баҳром Мирсаидов қайд мекунад, ки «аз шеър то шеъри дигар дар «Ушшоқи Ватан» ғурури ватандӯстии устод Кулолӣ боло мегирад. Шоир «нерӯи имони ватан»-ро дар дили хонанда қувват мебахшад, хокашро чун зартӯда бозтоб медиҳад ва «гарди домон» - и намоди дунёии онро биҳишти минӯӣ мешуморад» (Ушшоқи Ватан,8с.). Аз назари ин муҳаққиқ  «дар маркази лирикаи ватанпарваронаи  китоби мавриди назар ҷаҳони андеша ва бебокии муаллиф барои хонанда уфуқҳои навро боз мекунад» (ҳамон ҷо, саҳ10).

Воқеан, вақте нигоштаҳои шоир «Гуфтугӯ бо ватандор Куруши Кабир», «Ашкро дар дида бишкастам, Ватан», «Муколама бо сарбози Ватан», «Ватанро саҷдагул борад зи анҷум», «Тоҷикистон - Ватан», «Эй Ватан, ту маъбдаи мо бар намоз», «Хоки поки Ватан чӣ некӯяст», «Ишқи Ватан савдои мо», «Дар фироқи Самарқанду Бухоро» ва амсоли инҳоро мехонем аз муҳаббату самимият ва садоқати ватандории шоир огоҳ мешавем. Муҳимтар аз ҳама, шоир тавониста, ки ҳамин самимияти хешро тавассути шеър ба хонанда интиқол диҳанд. Пайванди муҳаббати Ватан дар дили насли наврас муҳмитарин рисолати ватандорист, ки ин амалро Кулолӣ ҳунармандона ба иҷро расонидааст.

 Китоби «Ушшоқи Ватан» ҳидоятномаву муҳаббатномаи хубест дар тақвияти ватандорӣ хоса муҳаббати  насли наврас.

 Сурайё Ҳакимова,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее