13 May 2020

Машварати кории назди Раиси вилоят: Вазъи эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баррасӣ шуд

Дар машварати корӣ раиси шаҳри Исфара, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр иштирок намуданд.

Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки саломатии ҳар як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати Роҳбари давлат қарор дошта, барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва муолиҷаи саривақтии сокинон тамоми тадбирҳои зарурӣ сари вақт андешида шуда истодаанд.

Читать далее

Раиси вилоят Фазлиддин Фозиловро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Фазлиддин Фозиловро аёдат кард. Фазлиддин Фозилов дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ карда шудааст.

Ҳоло вазъи саломатиаш хуб буда, аз ҷониби табибон табобат карда мешавад.

Раиси вилоят ба вазъи саломатии номбур- да шинос шуда, ба масъулин дастур дод, ки барои муолиҷа ва барқароркунии салома- тии бемор тамоми чораву тадбирҳои зарурӣ сари вақт андешида шавад.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо табибони беморхонаи марказии шаҳри Исфара

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо табибон ва ҳамшираҳои шафқати беморхонаи марказии шаҳри Исфара мулоқот намуд.

Раиси вилоят баён дошт, ки аз фаъолияти имрӯзаи табибон сиҳатии мардум вобастагии калон дорад.

Қаҳрамониҳои кормандони тиб, ки ба савганди худ содиқ монда, имрӯз ба муолиҷаи беморон машғул ҳастанд, ворисони арзандаи Сино ҳастанд ва изҳор дошт, ки ҳар яки онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат дастгирӣ ва қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Читать далее

СОЗАНДАГИВУ ОБОДКОРӢ - ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ!

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара

Санги асоси сохтмони мактаби байналмилалии «Орион» дар шаҳри Исфара гузошта шуд.

Санаи 12 - уми майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод. Дар шаҳри Исфара дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони биноҳои иҷтимоӣ бо саҳмгузории соҳибкорони ватанӣ бомаром идома дорад.

Читать далее

Ҷаласаи кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Санаи 11-уми май дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ баргузор шуд.

Дар он рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат, зиёд кардани майдони кишти картошка ва самаранок истифодабарии замин, рӯёнидани се-чор ҳосил аз замин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Читать далее

Машварати кории назди Раиси вилоят оид ба пешгирӣ ва андешидани чораҳои иловагӣ роҷеъ ба масъалаҳои COVID-19

Санаи 11 - уми майи соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафкунии бемории коронавирус баргузор гардид.

Дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, сардори Раёсати тандурустӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдори соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд. Дар машварати корӣ вобаста ба ҳолати имрӯзаи вазъи паҳншавии беморӣ ва корҳои иҷрошуда, рафти муолиҷа, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла корҷома, ниқоб, маводҳои антисептикӣ, маводҳои дорувории протоклии ташхисӣ барои беморон муовини Раис вилоят Зайнура Азимӣ маълумот дод.

Читать далее

Давлати пириатон поянда бошад, “Гулмуаллимон”-и Қаҳрамон

Имсол ҷашни 75 - солагии рӯзи ғалабаро ду нафар қаҳрамон аз ҳазорон рафтагон дар деҳи Рӯмон дар қатори дигарон бо шукргузорӣ аз сулҳу амонӣ истиқбол мегиранд. ҳар ду омӯзгор гулпарварони номӣ ҳастанд (бо ибораи устоди шодравон, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ “гулҳоҷимуаллимҳо”). Мирзошариф Ғафуров ба синни 101 расидаву Абдуллохоҷа Исмоилов 96 сола мебошанд. Онҳо Ватани азизро ҳимоят кардаанду пас  аз ҷанг баҳри ободӣ, пешрафти ҷомеа  ҳисса гузоштанд. Ба  ҳазорон нафар шогирд сабақи зиндагӣ доданд, Ватандорию худшиносӣ омӯхтанд. Дар амал нишон доданд, ки худшинос кисту ватандорӣ чист. Зиндагию корномаҳои бемисли ин ду марди қаҳрамони деҳ бо гузашти солҳои зиёд боз ҳам равшантар дар дилу ёдҳои мо нақш мегузорад. Ва чун намунаи ибрат барои насли имрӯз ва ояндагон зуҳур меёбад.

Ҳар ду шахсияти гулбаоғӯш дар ҳалқаи фарзандон, набераю абераҳои дилбанд, пайвандон шогирдону дӯстон давлати пирӣ меронанд. ҳар гоҳ саҳифаҳои китоби роҳи гузашта, умри бобаракаташонро варақгардон намуда, шукри тинҷӣ, сулҳу амонӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азиз мекунанд.

Умратон дарозу давлати пириатон бегазанд бод, падарони шуҳратманд!    

 Мавлуда ҲОҶИБОЕВА,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Читать далее