14 May 2020

Раҷаббой Аҳмадзода: Мо бояд аҳлона зидди ин беморӣ мубориза барем!...

Ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СOVID - 19 

Санаи 14 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи   навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СOVID - 19  доир гардид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони як қатор сохторҳои вилоятӣ, аъзоёни ситоди вилоятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии Рӯзи байналмилалии оиларо ба мардуми шарафманди вилоят табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон хушбахтӣ, сарбаландӣ, хотири ҷамъ ва бахту саодати оилавӣ таманно менамоям.

Оила дар ҳама давру замон чун ҷавҳари ҷомеа мақому манзалати хосеро доро буда, ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».

Читать далее

ПОКӢ АЗ ИМОН АСТ!

 

 

 

Вазъи имрӯзаи ҷаҳонро вобаста ба паҳншавии бесобиқаи коронавирус ба инобат гирифта, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани халқи Тоҷикистони азизамон аз сироятёбӣ ба ин вабои аср ходимони дин ба эътибор ва роҳҳои ташвиқотию тарғиботиро пеш гирифта, ҳамроҳи мардум мебошанд, ки онҳо бояд ба таҳлука ва саросемагӣ наафтанд. Ин бемории марговар аз як шахс ба шахси дигар, аз як макон ба макони дигар мегузарад.

Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди одам то имрӯз бемориҳои гуногунро аз сар гузаронид, лекин ин вабои асри ҳозира аз онҳо фарқ мекунад. Ягона роҳи сироят наёфтан эҳтиёткорона ба суханони мутахассисон гӯш карда, ба берун безарурат набаромадан аст. Паёмбари Ислом гуфтаанд: «Агар шумо хабардор шавед, ки дар фалон шаҳр бемории гузаранда пайдо шудааст, агар дохили он шаҳр бошем, ба берун набароед, агар дар берун шаҳр қарор доред, вориди он шаҳр ё деҳа нашавед».

Ин тавсияи Паёмбар (с) маънои худдорӣ, эҳтиёт ё карантинро дорад.

Саъдии бузург мегӯяд, ки:

Ту, ки аз ғами дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Дар ин вазъияти нигаронкунанда бояд ҳар нафар худ ва наздикони худро аз ин вабои асри ХХI нигоҳ дорад.

Он тавсияҳое, ки мутахассисони тиб ба мо медиҳанд, ба монанди даст, рӯй ва биниро бо оби гарм бишӯем, як роҳи пешгирии сироят ёфтан аз беморӣ мебошад. Дар ҳадисе омадааст: «Тозагӣ нисфи имон мебошад!» Яке аз ҷойҳои ҷамъшавии мардум ин масҷид мебошад, ки аз ҷониби Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳои он баста, намозҳои ҷамоат, ҷумъа ва таровеҳ то бартараф ёфтани ин беморӣ манъ карда шуд.

Аз ҳар як шаҳрванди мамлакат қотеъона хоҳиш менамоем, ки дар ҳаққи одамони бегуноҳ зомин нашавем, худ ва дигаронро аз сироятёбӣ ба бемории марговар нигоҳ дошта, баҳри солимии ҷомеаи шаҳрвандӣ камари ҳиммат баста, ин вабои асрро аз мамлакат дур созем.

Ҳ.ЗОКИРОВ,
мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
ноҳияи Ҷаббор Расулов,
А.ҲОҶИЕВ,
сархатиби ноҳия

 

 

 

Читать далее

ДАРЁ ПАЛИД НАМЕШАВАД АЗ ДАҲОНИ САГ...

Боиси таассуф ва нигаронист, ки мухолифини беинсофи миллат аз фурсати муносиб, яъне даврони мушкиле, ки ба сари аҳли ҷаҳон, аз ҷумла, кишвари мо омадаст, истифода карда, ҳуҷумҳои беасос ва бемантиқи худро ба унвони миллати мо аз ҷумла, Пешвои миллат равона мекунанд.

Барои хурду калон хизмати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, пеши роҳи хатари нобудии давлатро гирифтан, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намудан, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохтан, Артиши миллӣ ва нерӯҳои марзиро таъсис додан ва зиндагии ободи имрӯзаро рӯи кор овардан равшан аст. Пешвои миллат давоми фаъолияти худ заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохтанд, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшиданд, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурданд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуданд. Набояд фаромӯш кард, ки маҳз натиҷаи ҳамин заҳматҳо буд, ки имрӯз бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо мардум зиндагии хуб дорад, аз гуруснагӣ эмин ва аз пайи саломатии хеш аст.

Ташкилоти экстремистӣ - террористии ҳизби хиёнаткори наҳзат чун ҳамешагӣ аз пайи низоъ аст, аз ҷумла, яке аз хоинони миллат бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ободию пешравиҳоро нодида мегирад. Имрӯз агар бо сабаби касалии коронавирус хабари фавти чанд нафареро шунавад, воҳима карда мегӯяд: "Душанбе баъди соли 1992 дубора бӯйи хун мекунад" аммо намегӯяд, ки "то ба мансаб омадани Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби хиёнаткори наҳзат сабаби рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ гардид" ё намегӯяд, ки бо сабаби ин беморӣ то имрӯз дар Амрикову Аврупо ҳазорон нафар ба ҳалокат расиданд. Агар аз беморӣ чанд нафар вафот карда бошад, ин айби Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд,"Вақте ки дар Чин, Амрико, Итолиё, Олмон ва садҳо давлат одамон вафот карданд ҳеҷ кас нагуфт, ки ин айби Роҳбари давлат, аммо хоинони миллати тоҷик мегӯянд, ки ин айби роҳбари Тоҷикистон аст.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон М.Садриддин ва ҳаммаслаконашро ҳамчун хоини Ватан мешиносанд ва аз дасисаҳои бардавому бемантиқи аъзои ташкилоти экстремистӣ - террористии наҳзат безоранд.

Яке аз аъзои дигари ин ташкилоти террористӣ бо дастури Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаи иҷтимоии "Рисолат-тч.сом" худро дар ин айёми паҳншавии бемории коронавирус аз рӯи ҷаҳолат дилсӯзи миллат нишон дода, ба ғайбат мепардозад, дар ҳаққи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон носазо гуфта, мехоҳад иззату эҳтироми Пешвои муаззамро коста гардонад. Аммо намедонад, ки эҳтироми Пешвои муаззами миллат дар дилу дар дидаи ҳар як нафар ҷой гирифтааст.

Дар Тоҷикистон ҳама хуб медонанд, ки аъзои ҳизби хиёнаткори наҳзат ободию гул - гулшукуфоии Точикистонро чашми дидан надоранд, далели равшани он даъвоҳои беасоси М.Садриддин мебошад, ки дар моҳи мубораки Рамазон дар ҳаққи Пешвои миллат айбҷӯӣ намуда, шарм надошта мегӯяд, ки дар Тоҷикистон бо айби Эмомалӣ Раҳмон сирпиёз қимат шуд, аз ин беақлии зиёд намешавад.

Ҳамагон хуб медонанд, ки ин амали душманони миллат фақат ба хотири худнамоишдиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ангезиши низоъ дар ҷомеа аст ва мардум ҳаргиз ба он бовар намекунанд. Ба қавле “Ҳеҷ гоҳе аз алолои сагон боз намегардад зи роҳаш корвон”.

Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА,
номзади улуми суханшиносӣ

Читать далее

Ҳарзаи нави кафангадоён

Вақтҳои охир дар майнаи баъзе аз нафарони бадтинат “тағйирёби”- и мухталиф ба амал омадаасту онон фаразҳои хаёли (фантазия)- и худро ба ҳақиқат нисбат медиҳанд. Мувофиқи ташхису тавсияҳои табибони ҳозиқ чунин рафтору хулосабарорӣ хосибемории “савдоӣ” ё худ ноқисулақлӣ мебошад. Мардуми оддӣ онро ба таври халқӣ маънидод карда мегӯянд, ки “ҳавои тоза дар майнаи холӣ давр задаасту махмур сохтааст, ки соҳибаш наметавонад, фикри солим гӯяд”. Эҳтимол меравад, ки баҳори навбатии давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фазои орому осуда ва созандааш боиси беҷо гаштани майнаи ашхоси маҳрум аз бӯйи Ватан шудаасту ҳарзаҳои наву бофтаҳои хаёлиашонро ба оламиён ифшо медоранд.

Ҳарзаи нави яке аз наҳзатини хоин, ки ниқоби “Паймони миллии Тоҷикистон” – ро пӯшидаанд аз номи Шарофиддин Гадоев садо додаасту оламиёнро “ҳушдор” медиҳад, ки сарвари давлати тоҷикон ба Олмон рафтаастумамлакат дар лаҳзаҳои ҳассоси паҳншавии бемории COVID – 19 бе роҳбар мондааст ва мардум сарсону ҳайрон?! Нафаре, ки худ берун аз Ватони аҷдодии хеш сарсону дар ба дар аст, мехоҳад назди хоҷагони маблағгузорашаз чоплусиашҳисобот диҳад? Ё худ одати сагоне, ки наздисоҳибаш бо ҷунбонидан (ликонидан)- и думаш изҳори садоқат . мекунад, хоси наҳзатиён шудааст?

Вагарна, танҳо нафаре, ки майнаи ғализ аз фасод дораду дар дилаш нисбати обу хоки зодгоҳи парвардааш кинаю адоват дорад, нодида мегирад, ки тӯли даврони Истиқлолияти давлатӣ сарзамини Тоҷикистон чандин давраҳои вазнинро паси сар кардаву дар он рӯзҳои сахт роҳбарони олии кишвар садоқати олӣ ба Ватанро собит сохтанд.

Абармарде, ки барои истиқрори сулҳ дар кишвараш мардонавор бидуни дудилагӣ ба Афғонистон сафар карда бо мухолифин созиш кард. Марди худодод, ки тавонист Тоҷикистонро аз вартаи парокандагию қашшоқӣба давраи оромиву осудагӣ, ободиву созандагӣ расонид, кист?

Аз хасм рӯяд ҷинси нопок,

Натвонад онро тоза кардан, ҳатто хок!!!!!!!

Собиров Мурод,
устоди ДДХ

Читать далее

Коронавирус ва дасисаҳои нави ТТЭ ҲНИ

Ҳарчанд дар бисёр кишварҳои олам сар задани пандемияи СOVID-2019 ҳолати нигаронӣ ба миён омадааст, набояд парешонхотиру рӯҳафтода шуд. Зеро роҳҳои табобати ин беморӣ имрӯз пайдо шудааст ва ҳолатҳои шифоёбии гирифторшудагон низ рӯз ба рӯз меафзояд, ки натиҷаи заҳмати табибон мебошад.

Чизи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи кишварамонро нигарон кардааст, рафтори хоинони миллат аст, ки ҳар рӯз матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасонанд.

Ҳоло Кабирӣ чанд пешниҳоди муғризона кардааст, ки ба дарди касе намехӯрад ва ягон асоси воқеӣ надоранд. Зеро чуноне ки медонем, вай ба хотири манфиатҳои худу хоҷагони хориҷияш кӯшиш менамояд, то аз ҳамин ҳолат ҳам сӯиистифода кунаду дар пеши ҷавонони гумроҳкардааш худашро доно ҳисобад.

Имрӯз, аксарияти ин ватангадоён шукри Ватани орому осуда накарда, сафсатахонӣ мекунанд ва фикр мекунанд, ки онҳоро ҳамагон мешунаванду мехонанд. Лек дар асл бошад, ба ин касе таваҷҷуҳ надорад ва чеҳраи воқеии ӯро кайҳо ҷомеа шинохтааст.

Мо ин ҳама сафсатаҳои хоинони миллатро, ки нияти бад рӯи коғаз меоранд ва бо чашми каҷ ба кишвари худ менигаранд, маҳкум менамоем ва ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешрафти сарзамини худ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Д.ДАВЛАТОВ,
омӯзгори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Читать далее

Робитаи онҳо бо террористон ошкорост!

Имрӯз мардуми сарбаланди кишвар ба корҳои созандагиву ободонӣ сафарбар гардида, қабл аз ҳама, барои ба даст овардани  ризқу рӯзии худ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониашон дучанд меҳнат карда истодаанд, то ки як рӯзи баҳор барои пошидани ғалладонагиҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ барои рӯзгори онҳо муҳим ва дар ниҳояти кор ба сериву пурии дастархонашон мусоидат менамояд.

Ҳукумати кишвар барои пешгирии ин вабои аср тамоми ҷидду ҷаҳдашонро равона менамояд, то ки пеши роҳи сироятёбии шаҳрвандон аз вабо гирифта шавад.

Дар ҷумҳурӣ ва вилояту шаҳру ноҳияҳо ситоди пешгирии ин беморӣ амал намуда, шабу рӯз аъзои он ба меҳнати 24 соат заҳмат мекашад. Хизмати табибон шоистаи таҳсин мебошад. Имрӯзҳо хатари ҷиддии паҳншавии вируси корона ва илтиҳоби шуш тамоми аҳли ҷомеаи башар ва аз ҷумла, Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро низ азият дода истодааст.

Имрӯз шаҳрвандони кишвари мо дасти ҳам гирифта, алайҳи ин вабои мудҳиш муборизаи беамон мебаранд.

Мутаассифона, ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи бархе аз нохалафон ва хусусан, дар хориҷа ҳамчун гуреза қарор доштагони хиёнаткорони давлату миллати Тоҷикистони соҳибистиқлол аъзои ҳизби экстремистӣ - террористии наҳзат аз вазъи паҳншавии вируси корона истифода бурда, мардумро ба таҳлука ва нобовариашонро ба давлату ҳукумат роҳнамун намуданианд.

Бори дигар пайравони ТТЭ ҲНИ баръало нишон доданд, ки дар ҳеҷ лаҳза сиёсати давлати соҳибистиқлоли моро чашми дидан надоранд.

Агар ба фаъолияти таърихии ташкилоти ҷадиди террористии исломӣ Давлати исломии Ироқу Шом назар намоем, мусаллам аст, ки тамоми ваҳшонияти давоми солҳои фаъолияти хеш анҷомдодааш шабеҳи амалҳои разилонаи ТТЭ ҲНИ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, мафкураи ТТЭ ҲНИ ба кирдор ва амалу ваҳшонияти ДИИШ як сару гардан буда, фаъолияти хеле ва хеле шубҳаноку ҳаммонанди онҳо нишонаи баръалои ин гуфтаҳост.

Метавон бо ба назаргирии умумиятҳои мавҷуда хулоса намуд, ки  байни аксари ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ ва ДИИШ ҳамкории нақшавӣ ба назар мерасанд ва ин далели он аст, ки онҳо аз ҳеҷ мушкилие, ки ба сари кулли башар меояд, аз ҷумла эпидемия, пандемия, обхезиҳо, заминларза ва дигар офатҳои табиӣ аз вазъи ба амаломада истифода бурда, бо кирдорҳои номатлуби разилонаи худ мехоҳанд мардумро ба нобоварию таҳлука ва саргардону сарсон намоянд.

Ин амал, кирдор ва рафторҳои разилонаи душманони миллату давлат дар ин рӯзҳои фоҷиабори сокинони сайёра бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки робитаҳои мунтазами ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзат ва «Ихвон-ул-муслимин», ДИИШ аз далелҳои исботшудаи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба сарчашмаи ягонаи ақидавӣ ва робитаи мустаҳкам доштани онон бо дигар ташкилотҳои террористӣ ба таври густурда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода шавад.

Сӯҳроб РУСТАМЗОДА,
мудири шуъбаи дин, танзими анъана
 ва ҷашну маросими МИҲД-и вилоят

 

Читать далее

Таҳаммулгаро бошем, на рӯҳафтода

Дарвоқеъ вазъияти имрӯза ба сабаби паҳншавии бемории сироятии  COVID-19 касеро наметавонад бетараф ва беташвиш гузора. Чи илоҷ, ки  ин бемории каснодид тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, мутаассифона, марзи Тоҷикистонро низ убур кард. Маврид ба зикр аст, ки миллати таҳаммулгарову дар тӯли таърих ва ҷаври рузгор рӯ барӯгаштаи тоҷик ҳамаи душвориҳоро сарбаландона паси сар намуда, дар қӯраи матонату иродат обутоб ёфтаааст. Итминони тамом аст, ин миллат бо хираду  фаросати азалӣ мушкилии навбатӣ-вабои аср - пандемияи COVID-19-ро низ дар муддати кӯтоҳ паси сар мекунад.

Мутаассифона, гурӯҳҳои ифротию наҳзатии ба мо маълум, ки тайи солҳост фитнаву дурӯғ, кинаю иғво ва хиёнатро меҳвари фаъолияти худ қарор додаанд, аз таъбу вазъи мардум истифода бурда, мақсадҳои ғаразноки худро пиёда сохтанӣ мешаванд.   Пайравони ин гурӯҳҳои наҳзатӣ бо сарварии саркардаҳояшон Кабирию Гадоеву Саидюнусҳо   тавассути минбарҳои Ахбор ком, Ислоҳ ТВ, Паймон ТВ,  радиои “Озодӣ” ва чанди дигар маҳсулоти “фабрикаи ғаразу ҳасаду фитнаро”  зиёд карда истодаанд. Дигар ба инҳо мо чизе гуфтанӣ нестем, зеро ин тоифаи намакзадаро ҳар шахси соҳибхиради Ватан хуб  мешиносад ва гуфтаҳои ононро чун ҳарзае  беш қабул намекунад. Мардум медонанд, ки ягона андешаи онҳо гумроҳ кардани халқ аст. Инҳо аз дарди миллат табли шодӣ мезананду  дар рӯзи шоди он мотам мегиранд. 

Рисолати инсониву шаҳрвандии мо дар он аст, сари масъалаи саломативу санитарӣ ва ҳарчӣ зудтар бартараф кардани ин бемории умумиҷаҳонӣ андеша кунем.

Мардумро, ки каме ба таҳлука афтодаанд, ором кунем, ахбору омори дақиқро ба  сокинон фаҳмонем, нагузорем, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар кунанд. 

Вобаста ба ҳарчӣ зудтар бартараф кардани бемории коронавирус, ки имрӯз мавзӯъ ва доғи рӯз гаштааст, хушбахтона, тадбирҳои авваалиндараҷа андешида шудааст. Ситоди ҷумҳуриявӣ ва ситодҳои маҳаллӣ фаъолият намуда,  вазъият зери назорат бахусус зери назорати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.

 Масъулони кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод тибқи нақшаи ситод ва дастури кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд чандин чорабиниҳо аз қабили тақсимоти ниқобҳо, варақаҳои тарғиботӣ, мурочиатнома, сӯҳбату мулоқоти фаҳмондадиҳӣ, омода намудани корҷомаҳо ва маводи санитариро ташкил намудаанд, ки ҳадаф танҳо пешгирии афзоиши беморӣ ва ҳарчӣ тезтар бартараф гаштани он мебошад.

Туйғун ШАРИФЗОДА,
раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

 

 

 

 

 

 

 

Читать далее

Терроризм ин кирдори бераҳмона

Миллати тоҷик аз қадимулайём ҳамчун халқи бофарҳанг, баору номус ва заҳматкаш шинохта шудааст. Ҳарчанд ин миллати қадима дар ҳар давру замон ҷониби гурӯҳу шахсони ифротгар амалҳои носазоро дидааст, вале устувор дар роҳи худ мондааст. Мо низ бояд чунин фарҳангу таърихи бузурги худро бо неъматҳои Ватан эҳтиёт кунем. Таҳдиди терроризми байналхалқӣ мамлакатҳои гуногунро маҷбур мекунад, ки дар мубориза ба муқобили он муттаҳид шаванд.

Бинобар ин, бо назардошти масъалаи матраҳгардида мо бояд бар зидди равияҳои номатлуб ҳамакаса муборизаи беамон барем. Равияҳои номатлубу ифротгаро бояд пурра решакан шаванд, то минбаъд зиндагии орому осудаи аҳли сокинони рӯи замин халалдор нашавад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Терроризм яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона - расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Имрӯз бераҳмию ваҳшонияти гуруҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ", ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳо, аз қабили "Ал-Қоида", "Ҷундуллоҳ", "Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон", "Ҷиҳоди ислом", "Ҳаракати Толибон", "Ансоруллоҳ", "Ҳизб-ут-таҳрир" ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло бардоранд. Ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар талош намоянд. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифзи онҳо қарз, масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Шаҳноза ЗАРИФОВА,
омӯзгори кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи 
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

 

Читать далее

Эй нохалафон! Донед, ки ин марз соҳиб дорад

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро имтиҳоне пеш омадааст, ки мутаассифона, паҳншавии он то ба кишвари азизу ҷавони мо омада расид. СOVID-19-ро метавон вабои аср номид, зеро шумори мубталоёнаш дар саросари ҷаҳон афзудаву ҳамчунин, инсониятро ба марг таҳдид намудааст.

Тоҷикону тоҷикистониён бисёр санҷишҳои вазнину рӯзҳои мудҳишро паси сар намудаанду хушбахтона, ба сулҳу субот ва оромиву осудагӣ расидаанд, ки ин албатта, кори саҳл нест.

Мутаассифона, ба қавле: “Чашми бади душман ба кишвар расид”, ки имрӯз бархе аз нохалафон аз дур истода “қарсак” мезананд, дурӯғ мегӯянд, дасиса мебофанд, зеро онҳо хоину нохалафу беинсофанд.

Оё онҳо бо суханони ноҷои худ бовар доранд, ки мардуми тоҷикро гумроҳ мекунанд? Ҳаргиз! Не! Зеро тоҷикони ориёитабор ба дасисаҳои беасоси душманони ба қавли худашон “алавандоз” бовар надоранд. Охир онҳо меросу гузаштаи гаронарзиши худро ба хубӣ медонанд. Ифтихори миллӣ доранд.

Эй нохалафони беинсоф! Дар ҳаққи Роҳбари давлати тоҷикон, муовинону ҳамфикрони ӯ ва ҳизби бонуфузи мардумиаш, ки беш аз 500000 нафар аъзо ва ҷонибдорони худро дорад, суханони бардурӯғро чӣ тавр мебофед? Аз он, ки тиратон боре ҳам ба нишон нарасидааст, аз он, ки мардуми тоҷик ба ҳилаву найрангҳои беасоси шумо бовар надоранд, аз он, ки имрӯз мардум дар сари андешаи раҳоӣ аз бемории навъи коронавирус ҳастанд, гӯё ба “майдони муҳориба” омадед, шарм ҳам намедоред. Тиратон ба нишон нахоҳад расид.

Бидонед, ки ин марзу бум соҳиб, дару дарвоза ва сокинони бонангу ор дорад. Намегузорад, ки ягон нохалафе, беватане сулҳу салоҳ ва оромии Тоҷикистони азизамонро халалдор созад.                                                

  Фирӯза ШЕРМАТОВА,
муовини раиси кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Читать далее