20 May 2020

Ба муносибати Рӯзи ҷавонон Темурҷон Ҳасаналиев аёдат карда шуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокини ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ҷавони маъюб Темурҷон Ҳасаналиев аёдат карда шуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат баён намуд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Читать далее

Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон хоҳарони имконияташон маҳдуд Фотима ва Зӯҳро Надироваҳо аз ноҳияи Мастчоҳ аёдат карда шуданд

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ, саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.

Бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид ва аз соли 1998 то ин ҷониб дар кишвари азизамон ин рӯз ҳамасола рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Дар партави ғамхории падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд Надирова Фотима ва Надирова Зӯҳро - сокинони ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ташриф овард.

Читать далее

Ду дастгоҳи пуриқтидори пойгоҳи обкашӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ворид карда шуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самаранок истифодабарии замин, рӯёнидини ду-се ҳосил дар як сол ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ду адад агрегати пуриқтидори пойгоҳи обкашӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ворид карда шуд.

Ин дастгоҳҳои пуриқтидор барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии зиёда аз 3000 га заминҳои кишоварзӣ истифода бурда мешавад. Заминҳои кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов бинобар фарсуда шудани дастгоҳҳои обкашӣ солҳои охир аз таъминот бо оби полезӣ танқисӣ доштанд. Дар ноҳия тавассути панҷ пойгоҳи обкашӣ 12 500 га замин обёрӣ карда мешавад. Ин иқдоми Раиси вилоят саривақтӣ буда, дар мавсими имсола танқисии оби полезиро аз байн мебардорад ва барои рӯёнидани ҳосили фаровон мусоидат менамояд.

Читать далее

Дар шаҳри Истаравшан Ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт

Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи эпидемиологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи корӣ раиси шаҳри Истаравшан, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр иштирок намуданд.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Роҳбари давлат барои солимии ҷомеа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз Маркази саломатии шаҳри Истаравшан

Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи фаъолияти табибон ва ҷараёни корҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), 17 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо табибони Маркази саломатии шаҳр мулоқот намуд.

Нахуст Раиси вилоят оид ба дастгирии пайвастаи давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона гардидани таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти табибон ёдовар шуд. Баён карда шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрӯзҳо фаъолияти шоистаи ҳар як табиб низ ҳамаҷониба мавриди қадршиносӣ қарор дорад.

Читать далее

Кӯмаки дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Санаи 20 майи соли равон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути қатораҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» кӯмаки дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол дода шуд.

Кӯмаки дӯстонаро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираҳои моддии Суғд» ба роҳбарияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон тақдим доштанд.

Анвар Яъқубӣ – муовини Раиси вилоят ин иқдоми дӯстонаро баёнгари рӯҳияи баланд ва неки мардуми ду кишвари бо ҳам дӯст ва нишонаи возеҳи шарикии стратегии ин ду кишвар арзёбӣ намуд.

Кӯмаки дӯстона баҳри бартараф намудани оқибати офати табиӣ, ки дар натиҷаи он обанбори Сардобини вилояти Сирдарё канда шуда, хисороти зиёд ба бор оварда буд, равона мегардад.

Мавриди зикр аст, ки кӯмаки дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 51 қатораи боркаш иборат буда, асосан масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, бомпӯш (шифер), рангу мех ва дигар лавозимоти заруриро дарбар мегирад.

Тазаккур бояд дод, ки чанде қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марбут ба ҳодисаҳои офати табиӣ дар вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамдардии амиқи мардуми Тоҷикистонро баён дошта буданд.

Мухтори Абдулло,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее