22 May 2020

Шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ дар Рӯшон ҷинояткори хавфнокро дастгир намуд

 

 

 

22 майи соли 2020, соати 09:30 дар деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ амалиёти махсус барои дастгир кардани ҷинояткори хавфнок Шароф Қобилов, соли таваллудаш 1976,

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр

Ҳамдиёрони азиз,

Иди сади Фитрро ба тамоми сокинони вилояти Суғд самимона муборакбод гуфта, ба кулли ҳамватанон тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва дар амалӣ гардидани орзую ниятҳои нек муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Ин иди шариф баёнгари беҳтарин арзишҳои олии инсонӣ - сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат буда, ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуд

Санаи 21 майи соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзилҳои фавтидагон аз бемории сироятии илтиҳоби шуш ташриф оварда, аҳли оилаи онҳоро аёдат намуда, таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро расонид.

Раиси вилояти Суғд аз ҷумла оилаи фавтидаи бемории сироятии илтиҳоби шуш Робия Дӯстова, сокини деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина ва оилаи фавтида Хурсандой Гадоева, сокини кӯчаи ба номи О. Мӯъминова, №78 – и шаҳри Панҷакентро аёдат намуда, ба аҳли оила изҳори ҳамдардӣ баён дошт ва кӯмаки моддӣ расонда шуд.

Читать далее