May 2020

29 May 2020

«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca», «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаҳои Аврупо маҳсулот содирот мекунад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз фаъолияти корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд - Агро”, ки дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, шиносоӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи “Хуҷанд-Агро” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бунёд шуда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додан 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кории доимӣ гардиданд. Дар корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Украина ва Олмон асосан коркарди меваю сабзавот, ба монанди сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, каду, сирпиёз, се намуди кабудӣ, картошка, лимӯ ва себ ба роҳ монда шудааст. Ин корхона иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз аз 10 то 12 тонна меваю сабзавоти тару тозаро коркард намояд.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии баландошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд шинос гардид

Дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви микроноҳияи 13-уми маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд дар баробари дигар маҳаллаҳои шаҳр корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни як боздид аз микроноҳияи 13-уми шаҳр бо раванди корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии 9 - ошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ ошноӣ пайдо намуданд.

Читать далее

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кашидани хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади огоҳӣ аз вазъи таъминкунии оби нӯшокӣ ва иншооти сохташаванда доир ба дастрасии аҳолии маҳаллаҳои навбунёд ба оби нӯшокӣ аз раванди сохтмон ва тадбирҳои амалишаванда дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ошноӣ пайдо намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни муаррифии лоиҳа ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дод, ки оби нӯшокӣ барои маҳаллаҳои навбунёди шаҳр аз иншооти обтаъминкунии №4, ки дар микроноҳияи 18 - ум воқеъ аст, дастрас карда мешавад. Иншооти мазкур соли 1970 сохта шуда, баъди таҷдид аз 19 адад чоҳи амудӣ иборат буда, бо 1 адад пойгоҳи обкашӣ таҷҳизонида шудааст.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Сано»

Санаи 28 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вобаста ба пайгирӣ аз татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръати мамлакат аз корхонаи саноатии ҶДММ «Сано» боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур вобаста ба фармоишот навъҳои гуногуни маҳсулот омода карда мешавад. Феълан дар корхона дӯхтани ниқобҳои гигиенӣ ва корҷомаҳои тиббӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин, дар ин корхона имкони истеҳсоли то 200 номон заминаи кофӣ вуҷуд дорад.

Читать далее

Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуши ноҳияи Данғара

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз намоиши дастовардҳои хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуш боздид ба амал оварданд.

Ҳадаф аз намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ муаррифии бештари дастовардҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва бад-ин васила мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Суди ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд

29 май дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нав ва хуштарҳу замонавии Суди ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бинои Суди ноҳияи Данғара аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар идомаи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти беҳтар намудани шароити корӣ барои кормандон, сохта ба истифода дода шудааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд

28 май дар идомаи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои наву замонавии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд.

Бинои мазкур дар кӯчаи ба номи Борбади шаҳри Бохтар қомат афрохта, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ бунёд гардидааст.

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун

28 май баъди шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун мулоқот карданд.

Сарвари давлат аз вазъи хуби корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва натиҷаи заҳмати содиқонаи деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун, ки барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлат ба даст овардаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд

28 май баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”, дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ кишоварзон намудҳои гуногуни маҳсулотро ба маърази тамошо гузоштанд. Ноҳияи Ҷайҳун дар ҷумҳурӣ минтақаи калони аграрӣ буда, шуғли асосии сокинони он зироаткорист. Таҷрибаи хоҷагиҳои ноҳия асосан дар самти парвариши сабзавоту полезӣ, шолӣ ва лимӯ миёни деҳқонони дигар ноҳияҳо пайваста мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Читать далее

28 May 2020

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Дирӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар қаламрави вилоят дар доираи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла бунёду навсозии беш аз 7500 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар 3901 иншоот корҳои сохтмонию навсозӣ аллакай анҷом ёфтааст, ки 52 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии иншооти сохташуда ва навсозӣ гардида, 3210 иншоот ё 82 фоизи он аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ анҷом дода шудааст. Аз ин ҳисоб дар вилояти Хатлон дар давоми солҳои 2018-2019 ва се моҳи соли 2020 4742 ҷойи кори доимӣ ва 11 161 ҷойи кори мавсимӣ ташкил карда шудааст. Ба таъкиди раиси вилоят аз шумораи умумии иншооти ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ сохтмону навсозияшон ба нақша гирифташуда, аз ҷумла 603 иншооти соҳаи маориф, 941 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 210 иншооти фарҳангӣ ва 590 иншооти варзишию солимгардонӣ ба ҳисоб меравад.

Читать далее