08 June 2020

ЗАДЕРЖАН ПРЕДСЕДАТЕЛЬ ГОРОДА КУЛЯБ. Пресс-центр Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан сообщает

ЗАДЕРЖАН ПРЕДСЕДАТЕЛЬ ГОРОДА КУЛЯБ. Пресс-центр Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан сообщает

ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /НИАТ «Ховар»/.  8 июня Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан, в связи с совершением преступлений коррупционного характера, был задержан Председатель города Куляб Хатлонской области Бахром Иноятзода.  Об этом сообщает НИАТ «Ховар» со ссылкой на пресс-центр ГКНБ Таджикистана.     

Ранее, 27-го мая 2020 года по подозрению в мошенничестве были арестованы водитель служебной автомашины Председателя города Куляб гражданин Хуррамов Хурсандали Пардаевич и 03-го июня 2020 года —  заведующий приемной главы города Курбанов Фируз Давлатходжаевич.

В ходе предварительного следствия, задержанные Хуррамов Х.П. и Курбанов Ф.Д. дали показания, что совершили данные деяния согласно указанию Председателя города Куляб Бахрома Иноятзода.

Также, в отношении коррупционных деяний Председателя города Бахрома Иноятзода поступили заявления от жителей города Куляб. В ходе проведения проверочных мероприятий факты коррупционной деятельности Председателя города Куляб подтвердились.

В отношении Бахрома Иноятзода Государственным комитетом национальной безопасности Республики Таджикистан совместно с Генеральной Прокуратурой Республики Таджикистан возбуждено уголовное дело. Ведётся предварительное следствие.

 http://khovar.tj/rus/2020/06/zaderzhan-predsedatel-goroda-kulyab-press-tsentr-gosudarstvennogo-komiteta-natsionalnoj-bezopasnosti-respubliki-tadzhikistan-soobshha

Читать далее

РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ ДАСТГИР КАРДА ШУД. Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ ДАСТГИР КАРДА ШУД. Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад


 

ДУШАНБЕ, 08.06.2020. /АМИТ “Ховар”/. 8  июни соли ҷорӣ  Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дастгир карда шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти КДАМ.

Қабл аз ин, 27-уми майи соли 2020 ронандаи автомашинаи хизматии Б. Иноятзода – Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич ва  3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Х.П. ва Қурбонов Ф. Д. нишондод пешниҳод карданд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши Раиси шаҳри Кулоб Б. Иноятзода содир намудаанд.

Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр Б. Иноятзода ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.

Нисбат ба Б. Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  гардид. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.

http://khovar.tj/2020/06/kkkraisi-sha-ri-k-lob-dastgir-karda-shud-markazi-matbuoti-kumitai-davlatii-amniyati-millii-um-urii-to-ikiston-habar-medi-ad/

Читать далее

БЕЗАРАРГАРДОНӢ – БА МАНФИАТИ МАРДУМ

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд баҳри бартараф кардани бемориҳои сироятӣ мунтазам корҳои безараргардонӣ ҷараён дорад.

Боиси қайд аст, ки корҳои безараргардонӣ аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд, наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ташкил гардидааст. Гурӯҳи зудамал дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ корҳои поккорӣ гузаронида истодаанд.

Аз ҷумла, дар маҳаллаи Мевағул дар 11 бинои 5,6,9 ошёна иборат аз 1 то 19 даромадгоҳ (ҷамъ 69 даромадгоҳ) бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.

Дар баробари гузаронидани поккорӣ аз ҷониби афсарони масъули Раёсат бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои мазкур корҳои тарғиботӣ низ ҷараён гирифт. Гуфта шуд, ки аҳолӣ бояд дар самти пешгирӣ ва паст кардани хавфи сироятёбӣ саҳм гузоранд, баҳри таъмини саломатии шахсӣ ва наздикон бетараф набошанд, ба тавсияву дархостҳои Вазорати тандурустӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намуда, тибқи он амал кунанд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки то ба имрӯз аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд 235 бинои истиқоматии баландошёна, 1375 даромадгоҳи ҳавлиҳо, саҳни ҳавлиҳои истиқоматӣ ва роҳу кӯчаҳо безарар гардонида шуданд.

Ин амал дар 35 истгоҳ ва 3 гузаргоҳи зеризаминӣ низ ба иҷро расид.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 104 ҳавлии истиқоматӣ ва бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзии «Фаровон», 30 ҳавлии истиқоматӣ дар шаҳри Бӯстон ва дигар иншооти ҳаётан муҳим безарар гардонида шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

- Чанд рӯз қабл маҳаллаи мо низ ба пуррагӣ безарар гардонида шуд ва мо тасмим гирифтем, барои пешгирии бемории нав бори дигар ҳавлиҳои истиқоматӣ ва кӯчаҳои худро безарар гардонем. Ин, пеш аз ҳама, ба саломатии атрофиён, падару модарон ва фарзандони мо аҳамияти калон дорад. Дар ҳамҷоягӣ мо метавонем, зидди вабои ҷаҳон мубориза бурда, вируси COVID - 19 - ро мағлуб созем, - гуфт сокини шаҳри Хуҷанд Муҳаммади Мирзоқодир.

Ш.СИДДИҚ,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Истифодаи самараноки замин омили беҳдошти зиндагист!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: “Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст”. Аз ин рӯ, дар ҳар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки заминро самаранок истифода баред ва на кам аз ду-се ҳосил рӯёнед.

Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм мегузорад. Ин тадбир аз ҷониби аҳолии ноҳияи Спитамен низ ба роҳ монда шудааст.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Тағояк аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ҳар як ваҷаб заминро тибқи талабот пурсамар истифода менамоянд ва аз ҳосили ба даст оварда рӯзгори худро пеш мебаранд. Рустам Каримов аз зумраи он нафарон аст. Ӯ дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи хуб дорад ва дар қитъаи замини наздиҳавлигии худ, ки 0,8 гектарро ташкил медиҳад, дарахтони мевадиҳанда, инчунин сабзавоти гуногун парвариш карда, ҳосили баланд мерӯёнад.

— Барои боз ҳам ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини беҳдошти аҳли оила сарҷамъона меҳнат намуда, ҳар як порча замини наздиҳавлигиро самаранок истифода мебарем. Аз ин ҳисоб шароити зиндагии худро беҳтар менамоем, — мегӯяд Рустам Каримов.

Таҷрибаи ин марди деҳқон боиси дастгирӣ буда, дигаронро низ мебояд ба истифодаи самараноки замин эътибор дода, натанҳо дар таъминоти аҳли оилаи худ бо сабзавоти ниёзи аввал, балки амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.

Имрӯз дар ноҳия барои кишоварзон шароити зарурӣ муҳайё гардида, онҳо мувофиқи шароит маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатоваранд, парвариш менамоянд.

Пирмуҳаммад ПИРОВ,
ноҳияи Спитамен

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии зардолу ва нашъунамои пахта дар Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 5 июн зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо рафти корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии ҳосили зардолу дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов аз наздик шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии Конибодом ҷамъоварии ҳосили зардолу бомаром идома дорад ва боғдорон тасмим доранд соли равон 26 ҳазор тонна зардолу истеҳсол намоянд, ки ин нисбати соли гузашта 3000 тонна зиёд мебошад.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни мумфаршкунии роҳҳо дар Конибодом

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо шинос гардид.

Айни замон дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳр бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфаршкунии 1,2 км роҳ идома дошта, роҳсозон бо гармшавии ҳаво дубора машғули кор ҳастанд.

Читать далее

Баргузории ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Конибодом

5 июни соли 2020 дар шаҳри Конибодом ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 доир шуд.

Дар ҷаласаи ситод роҳбарияти шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардухтурони беморхонаҳо ва раисони ҷамоатҳо ҳузур доштанд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Конибодом

5 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр мулоқот орост.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо ёдоварӣ аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти табибон зикр дошт, ки таъмини солимии ҷомеа аз фаъолияти шабонарӯзии кормандони тиб вобастагии калон дорад.

Читать далее