11 June 2020

ҶАМОАТ: ОБОДОНӢ –САОДАТБАХШИ ЗИНДАГӢ

Мардуми иродатманду муттафиқи Тоҷикистони маҳбуб - диёри ободу озоду шукуфои мо бо як идеяи комили воқеъбинона, бо тафаккуру маънавиёти миллӣ кор мекунанд, заҳмат мекашанд, зиндагӣ ба сар бурда, бо замони муосир ҳамқадаму ҳамрадифанд, пеш мераванд ва ободкориву созандагиро дар партави сиёсати хирадмандона ва ҳидоятҳои бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияту рушд мебахшанд. Махсусан, имрӯз баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни милливу таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кору пайкор ва ҷаҳду суботи сокинони зафарманди кишвари биҳиштосоямон (новобаста аз вазъу шароити таҳдиди сирояти коронавирус) бештар падид омадааст. Дар раванди 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри бо дастовардҳои арзанда ҷашн гирифтани санаи таърихӣ – 30 - солагии соҳибистиқлолии кишвар кору пайкор ва фаъолияти аҳли Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов бо раиси он Исроилҷон Қаландаров суҳбати тахассусӣ доштем.

Аз суҳбати ӯ мушаххасан барои худ маъниҳои бикр бардоштем: дар ҷамоат гуруҳи корӣ фаъол аст, ҳафтоду ҳафт номгӯи бунёди иншоот, таъмиру азнавсозии роҳҳо, сохтмону ташкили фермаҳо, марказҳои маишиву хизматрасонӣ, ободу чароғонкунии кӯчаҳои деҳа, таъмиру тармими хатҳои обгузар, ба амал баровардани тадбирҳои созандагӣ – боғчаи кӯдакон, бунгоҳи тиббӣ, дигар чорабиниҳои нақшавӣ пайваста роҳандозӣ гардида истодаанд. – Аз соли 2018 то моҳи марти соли равон дар ҷамоти мо ин тадбирҳо амалӣ гардонида шудаанд, – иброз дошт И.Қаландаров, – таъмири варзишгоҳи МТМУ № 30 аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ, ташкилу сохтмони бино бо чор синфхона дар деҳаи Темурмалик барои 120 хонанда бо маблағи 840 ҳазор сомонӣ, дар деҳаи Обшорон сохтмони бинои иловагӣ дар боғчаи № 14 барои сад кӯдак оғоз шудааст. Солҳои пеш яке аз муаммоҳои асосии Ҷамоат ин норасоии оби нӯшокӣ маҳсуб меёфт, ки алҳол тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда аз ҷониби масъулини КВДК “Хуҷандобуканал”, КДК “Обшорон” ва соҳибкорон хатҳои обгузари оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Обшорон, Сумчаки Поён, Сайҳун азнавсозиву васл гардида, бо таҷҳизоти обченкунӣ пурра таъмин шудааст. Ҳамзамон дар корҳои ободониву созандагии ҷамоат сокинони маҳаллӣ низ басо саҳми арзанда доранд. Аз ҷумла, бо иқдоми онон дар кӯчаи “15-солагии Истиқлолият”-и деҳаи Обшорон 150 метр роҳи ин маҳалла ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ мумфарш шуд.

Табдирҳои дигари созандагӣ ва масъулияти суботкорӣ роҳандозӣ гардидаанд – ин ҳам бошад, ташкили нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, шустушӯи мошинҳо, насби якчанд трансформаторҳо, шағалпӯшу мумфаршкунӣ, чароғонкунии қисми кӯчаҳои Заркорону Сумчак бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони ватандӯст рӯи кор омаданду меоянд.

Фаъолият ва рабту низоми кори Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов аз рӯи нақшаи мушаххас ҷараён гирифта, пеш меравад. Ба роҳ мондани иҷрои тадбирҳо роҷеъ ба истиқболи шоиставу фараҳовари ҷашни миллӣ ин меҳвари кору пайкори роҳбарияти мақомоти маҳаллиро ташкил менамояд ва пайваста натиҷаҳои хуб ҳам меоварад, зеро ҷамоати деҳот ин як рукни ҳокимияти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ташкили кошонаи ҳусн, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона дар маркази диққат буда, қисми асосии онҳо соли равон амалӣ гардидаанд. Дар деҳаҳои Сумчак, Заркорон, Обшорон ва мавзеъҳои аҳолинишини Ҷамоати деҳоти Д. Холматов раванди ободкорӣ, созандагӣ ва дар амал татбиқ намудани тадбиру чорабиниҳои ҳадафманд бо дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳиммату садоқати соҳибкорон ва ҷонибдории худи сокинони маҳал пеш меравад ва ин иқдомот дигар деҳаҳои ҷамоатро – Гулбоғ, Даштобод, Офтобрӯя, Доманкӯҳ, Бедак ва Чашмаро низ устуворона фаро мегирад. Дар ин маҳалҳо сокинон – миллатҳои гуногун - тоҷикон, ӯзбекон ва русҳо дар самти ҳамгироиву муттаҳидӣ кору меҳнат ва зиндагии шоиста доранд. Шумораи хоҷагиҳо – хонаводаҳо, ки беш аз 2587 адад ҳастанд, бо фарогирии ҷамъи аҳолӣ – 14 ҳазору 828 нафар симои ҷамоати мазкурро нишон медиҳанд, муаррифӣ менамоянд. Мегӯянд, ки одамон боигарии ҳар ҷомеа, коргоҳ, деҳаву манотиқ ҳастанд. Дар ин раванд ба маълумоти оморӣ назар андозем, равшан эҳсос мегардад, ки шумораи аҳолӣ аз рӯи таҳсилот чунин аст: бо таҳсилоти олӣ – 633 нафар, миёнаи касбӣ 1878, миёнаи умумӣ 1845, миёнаи асосӣ 320, таҳсилоти ибтидоӣ 47 нафар то ба 1-уми январи соли равон маҳсуб меёбанд.

Агар нисбат ба солҳои қаблӣ тақозо намоем, деҳаҳо, роҳу кӯчаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ободтару зеботар ва мувофиқ ба талаботи ҳаёти имрӯза гардида, ин ҳама аз меҳнатдӯстиву сарҷамъии мардуми он шаҳодат медиҳад. Маркази ҷамоат – деҳаи Заркорон буда, рӯз аз рӯз дилкашу назаррабо мегардад. “Дасти одам – гул” мегӯянд, ки мо исботи онро дар ин ҷамоат мебинем. Масоҳати умумии ҷамоат, наздик 12 ҳазор гектарро фаро мегирад, ки аз ин 578 гектар мавзеи аҳолинишин аст, ҳаёт ҷӯш мезанад, кору амалҳои неку саодатбор пеш меравад, ба мардуми деҳот фараҳмандӣ зам менамояд. Мардуми ҳамаи деҳаҳои ин мавзеи дилкушо, сояву салқин сероб, сердолу дарахт, пурмеваву аз сабзавоту кабудиҳо ва ангурҳои гуногуннавъи сершираву лазиз, аз замонҳои пеш ободкор, кишоварз ва вусъатманди ҳаёти гуворо буданду имрӯз ҳам хурду бузургсолонаш ин анъанаи хубу поки авлодони хешро дар пурсамар истифода бурдани замин идома медиҳанд. На фақат идомаи ҳадафмандонаро устувор нигоҳ медоранд, балки бо тақозои замон ва бардошти макон бо камоли кордонӣ, масъулият ва ҳувияти ватандорӣ ташаккул медиҳанд. Кунун мавзеи ҷамоати деҳот бо неруи созандагӣ ном, кору пайкор ва зиндагиномаи яке аз раисони номдори хоҷагиҳои имрӯзаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ташкилотчии моҳири корҳои кишоварзӣ Дадобой Холматовро (ин шахсият бо номи Дадобой – Сумчак дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ басо машҳур буд) пос нигоҳ дошт, дар роҳи ғановати манфиати ҷомеа устуворона ва бо ҳиммати баланд заҳмат мекашанд.

Мардуми меҳнатдӯсти ҷамоати номвар ба пешвози ҷашни миллии таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи болида ва меҳнати суботкоронаи хосса ҷаҳду азм доранд. Махсусан, дар арафаи таҷлили ҷашни 23-солагии Ваҳдати миллӣ роҳбарият ва масъулини ҷамоат омодагиро вусъат дода, мардумро дар роҳи афзун гардонидани муваффақияти меҳнатӣ ташкилу сафарбар менамоянд.

- Дар ин роҳ мо - масъулин зимни дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати расидан ба қадри неъматҳои гаронбаҳо ва муқаддас, яъне Ваҳдати миллӣ тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, босамар истифода бурдани ҳар қитъаи замин ва мусоидат намудан ба шароити беҳтари зиндагӣ ба мардумро ҳадафи фаъолияти хеш қарор додаем. Минбаъд низ дар иҷрои супоришҳои Раиси вилоят ва ноҳия дар самти ободкориву созандагӣ ва рафъи муаммоҳои ҷойдошта боз ҳам бештару беҳтар корро ҷоннок хоҳем намуд, – изҳор дошт раиси Ҷамоати мазкур Исроилҷон Қаландаров.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои дарпешистода ба кулли мардуми ободкори ин гӯшаи Ватани маҳбубамон барор мехоҳем.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Сайёҳон: Тоҷикистон мамлакати зебост!

Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ дар давраҳои гуногун тавонистааст, дар бонуфузтарин рейтингҳо мавқеи намоёнро ишғол намояд. Соли 2012 шабакаи иҷтимоии Би-Би-Си Тоҷикистонро дар портали байналмилалии сайёҳии “Globe Spots” дар даҳгонаи беҳтарин самтҳои сайёҳӣ ворид кард. Соли 2016 бошад, ҷурнали “National Geograpic” шоҳроҳи Помирро ба сифати яке аз роҳҳои диққатҷалбкунандаи сайёҳӣ эътироф намуд. Соли 2015 дар озмуни сатҳи ҷаҳонии “The Sustainable Destinations Global Top 100” 3 минтақаи биҳиштосои Помир ба садгонаи мавзеъҳои эко-сайёҳӣ дохил шуд. Озмун ду маротиба доир гардида, дар даври аввал Тоҷикистон ба ин рӯйхат 3 маротиба ба туфайли кӯҳҳои Помир, Водии Вахон ва дараи Бартанг номнавис шуд.

Соли 2015 пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона ва соли 2016 аз рӯи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дуюмин кишваре эътироф гардид, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад. Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон додаанд, дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Чанде пеш яке аз марказҳои таҳлилии маъруфи ҷаҳон бо номи «Gallup» натиҷаи як тадқиқоти худро, ки масъалаи таъмини амният дар ҷомеа ва давлатҳои муайянро дар бар гирифта буд, нашр кард. Дар раванди тадқиқот, ки аҳолии беш аз 142 кишвари ҷаҳон мавриди назарпурсӣ қарор гирифтаанд, аслан ба саволҳое посух додаанд, ки перомуни масъалаи оромиву субот дар ҷомеа буданд. Маркази таҳлилӣ дар натиҷаи гузориши худ кишвари Сингапурро дар ҷойи аввал ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар зинаи дуюм ҳамчун давлатҳои амнтарин дар ҷаҳон эълон кард.

Сайёҳе бо номи Андрей Захватов аксе бо номи «Сайёҳи аврупоӣ дар Тоҷикистон» дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо ин навиштаҷот ҷой намудааст:

“Ба хотири чунин зебоиро дидан одамон ҳазорҳо километр роҳро тай мекунанд. Тоҷикистон як мамлакати зебоест, ки мардуми оддии меҳмоннавоз дорад. Сайёҳонро дигар натарсонед, ки ин як макони хатарнок аст. Дурӯғ ҳам нагӯед, ки издиҳоме аз Афғонистон меоянд ва ҳамла мекунанд... Аз чунин дарё моҳӣ гирифтан, хоҳ гулмоҳӣ бошад ё ҳар навъи дигар - хеле лаззатбахш аст! Ман шахсан дар ин ҷо моҳигирӣ кардаам!”.

Аз ин нигоштаҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки мо - ҷавонон бояд дар тарғиби захираҳои туристии мамлакат, тозаву обод нигоҳ доштани маҳалли зисти худ ҳиссаи босазо гузорем.

Мастона ХОҶАЕВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде суҳбати видеоконфронсӣ анҷом доданд

10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде, ки дар қароргоҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА ҳузур доштанд, суҳбати видеоконфронсӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ, вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19-ро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Читать далее

Интервью Зарафо Рахмони: Кабири предал нас

Интервью Зарафо Рахмони: Кабири предал нас

Его сестра говорила: «Зарафо, мне жаль тебя, ибо
будешь страдать!»
Зарафо Рахмони, член политсовета Партии исламского возрождения (запрещенная в Таджикистане партия) и единственная женщина в политсовете этой партии, которая за соучастие в попытке государственного переворота в Таджикистане была задержана органами. Некоторое время назад она была помилована Президентом Республики Таджикистан и освобождена.
- В начале поздравляю вас с освобождением из тюрьмы. Для женщины, особенно для таджикской матери, очень трудно находиться за решеткой…
- Спасибо. Свобода, конечно, сладка для всех, но мне кажется она для меня слаще! Ибо, когда я – мать нахожусь в тюрьме, а дети - в поиске матери и когда я каждый день тоскую по ним, это само уже огромная трагедия. Разве можно представить большее счастья, чем то, что обнимаешь детей и целуешь их прекрасные лица? Свобода - это наилучшее благо, которое подарено мне Всевышним посредством Лидера нашей нации…
- Вы освободились в соответствии с Законом о помиловании?
- В Законе о помиловании не предусмотрено освобождение тех, кто привлечен по статье, по которой нас судили. Однако я два месяца до принятия этого Закона писала письмо на имя Президента страны и просила его простить меня. Я была уверена, что он пожалеет женщину, так и случилось, за что я очень и очень благодарна. Если бы так не случилось, я бы сейчас не беседовала с вами и не виделась бы со своими детьми.
- Разве вы не были свободны до ареста, что боролись «за свободу»? Как и от кого хотели освободиться?
- Мы были свободны, но нам говорили, что вы не свободны, ваши религиозные свободы ограничены, вы должны стремиться к свободе…
- Кто это говорил? Руководство партии?
- Нет, они были исполнителями указаний других. Это говорили те, которые материально обеспечивали партию и ее руководство, и всегда хотели держать под своим влиянием целую нацию, имеющую с ними общую культуру и общий язык. Мы также верили, что мы не свободны. Взгляните на короткую историю независимости страны и все прояснится. Профинансировали и натравили наш народ друг на друга. Тысячи погибли и многие другие тысячи стали бездомными и скитальцами. Затем мы простили друг друга и заключили мир. Все наши свободы были обеспечены. Народ вернулся к спокойной и созидательной жизни. Наши дети без проблем занялись учебой, а народ - делом и спокойной жизнью. Однако, еще захотели втянуть нас в войну, чтобы мы сами нарушили покой нашей страны своими руками и чтобы к власти пришла не одна партия, а от ее имени всего 10-15 человек и, чтобы другая страна, имеющая с нами общую религию и общий язык, взяла в свои руки наши бразды, и сделала нас своими послушными рабами. Это дело они хотели провернуть в сентябре прошлого года нашими же руками. Хорошо, что во время преградили им путь.
- Какую страну вы имеете ввиду?
- Неужели не поняли, страна, имеющая с нами общую религию и общий язык, т.е. Иран…
- Вы располагаете фактами?
- Факты – это признания членов высшего совета партии в судебном процессе. По их словам, они в 1993 году обучались в этой стране военному делу и неоднократно генерал Назарзода, который сам получал там военное образование, навещал их, а потом в 2015 году они стали действовать по их поручению. Поскольку находились на их материальном обеспечении, у них не было выхода не выполнить их указание.
- Сейчас, когда в Варшаве проходят саммит ОБСЕ, группа сторонников ПИВТ, деятельность которой запрещена в Таджикистане, нарушив работу этого совещания, на груди с фотографиями членов партии, в том числе вас, требуют их освобождения. Кто они такие?
- По-моему, в основном, родственники осужденных, но есть и такие, которые действуют из-за материальной зависимости от иностранцев. Разве их одинаковая форма одежды, монтаж портретов и сбор этих людей с разных уголков Европы можно организовать бесплатно? Многие из родственников Кабири в настоящее время находятся там, и должна признаться, что руководитель партии предал нас.
- Каким образом?
- Он знал о том, что нас задержат, но ничего не сделал для нашего спасения. Он приложил все усилия, чтобы вытащить свою родню из страны, даже сестру он забрал намного раньше. Мы с сестрой Кабири были близкими подругами и через два дня после того как меня задержали, она позвонила мне и сказала: «Зарафо, мне жаль тебя». Я спросила: «Почему?». В ответ она сказала: «Ты будешь страдать». И вправду, только после задержания я вникла в смысл этих слов и поняла, что они заранее знали о последствиях, но бросили нас на произвол судьбы. Об этом я сказала в судебном процессе, и некоторые мои соратники критиковали меня за это. Я сказала, если будет возможность и необходимость, то я эти слова скажу в лицо Кабири.
- Ведь там есть не только его родственники?
- Некоторых своих друзей (членов политсовета и тех, в ком он уверен) устроил в стране, которой верит, о которой я упомянула и сейчас из их числа Махмадсолех Кабиров, Айемиддин Сатторов, Мухаммаджон Нури и Абдусаттор Бобоев избраны, чтобы поехать в Варшаву. Разве они могут поехать туда без денег своих попечителей и без их разрешения. Кто им дал денег на пропитание, одежду, проживание?
Конечно же, эти спонсоры. Они дают денег и указывают когда, где им выступить и очернить свою нацию и Родину. Теперь нам известно, кто подливал масло в огонь нашей войны.
- Вы хотите сказать, что эта выступившая в Варшаве молодежь направлена Ираном?
- Без сомнений, многие из них поехали туда благодаря финансовой поддержке этой страны. Но среди них есть и такие, которые действуют при поддержке организации под руководством подстрекателей, наподобие Свердлова, являющихся их вдохновителями и финансистами.
. Когда вы находились в тюрьме и шло следствие, в прессе появилось много сообщений о пытках над вами…
- Да, я знала обо всем этом. Ибо пресса нам была доступна. Когда я читала эти вещи, удивлялась, кому надобны эти лживые слова? Честно говоря, отношения ко мне нисколько не выходили за рамки Закона. Следователи говорили со мной только на основании фактов и я там, а также в ходе процесса услышала такие слова и увидела такие факты, которых нельзя было опровергнуть. Никто меня не мучил, а во время болезни ко мне вызывали врача. Когда я читала и слышала о том, что подвергаюсь пыткам, больше не смогла выдержать и обратилась к начальнику учреждения с тем, что если закон позволяет, я сама по этому поводу напишу опровержение. Конечно, я понимала, что разговор о применяемых ко мне пытках кому-то был необходим
- Зарафо, я как один из ваших коллег, хотел бы узнать, что привело вас в ПИВТ, ту, которая имеет высшее образование, и даже два образования? Вы, действительно были не свободны в своей повседневной жизни и в исполнении религиозных предписаний?
-(Задумавшись) Я и сама до сих пор не понимаю. Тогда я была очень молодая и после окончания университета меня в качестве журналиста пригласили в женский партийный журнал. Некоторое время я там работала. Вместе с некоторыми другими мы организовали журнал «Найистон». Первые два года я не была даже членом партии. После смерти Саида Абдуллоха Нури первый шаг, сделанный Кабири – это был закрытие двух журналов, один из которых был для молодежи, а другой – для женщин. Меня на работу направили в отдел культуры партии. В дальнейшем меня использовали в своей пропагандистской деятельности в качестве образца партийной женщины, принявшей религиозную партию и борющейся в ее рамках.
- В завершение нашей беседы если у вас есть что сказать, то - пожалуйста…
- Есть много что сказать, однако я хочу подчеркнуть один момент. Особенно заблудившейся молодежи. Откажитесь от избранного вами ошибочного пути! Никогда не лейте воду в мельницу врагов нашей нации! Нас уже дважды направляли по ошибочному пути, и мы это осознали лишь за решетками тюрьмы. Если бы этот путь не был ошибочным и полностью обманчивым , то сегодня Кабири также был бы с нами. Сегодня за все, потраченное им он вынужден даже своих детей вести по этому пути. Его не оставят в покое. Он вынужден организовывать митинги в Турции и в Европе, ибо этими своими выступлениями он должен вернуть долги своим хозяевам, оскорблять свою нацию и народ.
Дорогая молодежь, пока не поздно, сверните с этой скользкой тропы… для него и его хозяев ни вы, ни ваша Родина ничего не стоят. Спокойствие нашей Родины превыше всего. Они хотят, чтобы были война и конфликты, хаос, хотят навязать нам судьбу, которую ныне испытывают в Сирии, Афганистане, Ливии, Йемене, Турции и Украине
 
https://www.facebook.com/groups/dilshod.rahmonov.16051988/permalink/626586814615364/
 
Читать далее

Зарафо Раҳмонӣ: Кабирӣ ба мо хиёнат кард

Зарафо Раҳмонӣ: Кабирӣ ба мо хиёнат кард

 


Хоҳараш гуфта буд: «Зарафо, ман дилам ба ту месӯзад, зеро азоб хоҳӣ кашид!»

 

Зарафо Раҳмонӣ, аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ) ва ягона зан аз раёсати ин ҳизб,  ки барои даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот боздошт шуда буд. Чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро авф намуд ва мавсуф ба озодӣ баромад.

— Аввалан шуморо барои гардидан аз қайди зиндон табрик мегӯям. Барои як зан, хоса модари тоҷик  паси панҷара будан сахт мушкил аст…

— Ташаккур. Албатта, озодӣ барои ҳама ширин аст, аммо ба назарам, барои ман аз ҳама ҳам ширинтар! Зеро вақте ки ман модари зиндонӣ бошаму фарзандон дар суроғи модар ва ҳамарӯза аз дидани онҳо маҳрум, ин худ як фоҷиаи бузург аст. Магар хушбахтиеро аз ин беҳтар метавон  тасаввур кард, ки фарзандонро ба оғӯш гирию  аз чеҳраҳои гармашон бибӯсӣ? Озодӣ беҳтарин неъматест, ки Худованд бароям бо дасти Пешвои миллатамон ато кард…

— Шумо мувофиқ ба Қонуни афв озод шудед?

— Дар Қонуни афв ба озодӣ баромадани он нафароне, ки аз рӯйи моддае, ки мо бо он суд шуда будем, дар назар дошта нашуда буд. Вале  ман ду моҳ кабл аз баромадани ин қонун  ба номи Президенти кишвар нома навишта, аз он кас хохиш намуда будам, ки маро бахшанд. Боварӣ  доштам, ки он кас нисбати як зан тараҳҳум хоҳанд кард ва чунин ҳам шуд, ки ман хеле ва хеле миннатдорам. Агар чунин намешуд, ман ҳоло бо шумо суҳбат хам намекардаму ба дидори фарзандонам намерасидам.

— Магар қабл аз зиндонӣ шудан озод набудед, ки барои «озод шудан» талош доштед? Чӣ гуна ва аз кӣ озод будан мехостед?

— Мо озод будем, вале ба  мо мегуфтанд, ки шумо озод нестед ва озодиҳои диниатон маҳдуд аст, барои озод шудан кушед…

— Инро кӣ мегуфт? Роҳбарияти ҳизб?

— Не, онҳо иҷрокунандаи амри дигарон буданд. Инро онҳое мегуфтанд, ки ҳизб ва роҳбарияти онро таъминоти молӣ менамуданд ва ҳамеша мехостанд як миллати ҳамфарҳангу ҳамзабони худро зери нуфузи худ қарор диҳанд. Мо ҳам бовар мекардем, ки озод нестем. Ба таърихи кӯтоҳи истиклолияти кишвар нигаред, ҳамааш маълум аст. Маблағ доданду мардуми моро бо ҳам ҷанг андохтанд. Ҳазорон нафар мурд ва ҳазорони дигар бехонаю саргардон шуд. Баъд ҳамдигарро бахшидему сулҳ кардем. Ҳамаи озодиҳоямон таъмин шуд. Мардум ба зиндагии осудаю созанда баргаштанд. Фарзандонамон бе мушкилот таҳсил мекарданду мардумамон  кору зиндагӣ.  Аммо боз хостанд, ки   моро ба ҷанг кашанд ва кишварамонро бо дасти худ ноором созем ва як ҳизб не, балки бо номи он ҳамагӣ 10-15 нафар сари қудрат биёянду як  кишвари ҳамдину ҳамзабони мо лаҷомамонро ба даст гирад ва моро мутеъу фармонбардори худ созад. Ин корро онҳо мехостанд дар моҳи сентябри соли гузашта бо дасти худамон амалӣ кунанд. Шукр, ки зуд пеши роҳашон гирифта шуд.

— Шумо кадом кишварро дар назар доред?

— Наход нафаҳмида бошед, кишвари ҳамдину ҳамзабони мо —  Эрон…

— Барои ин далел доред?

— Далел ин иқрори аъзои раёсати олии ҳизб дар вақти мурофиаи судӣ буд. Мувофиқи гуфтаашон  онҳо соли 1993 дар ин кишвар таълимоти низомӣ гирифта будаанд ва борҳо генерал Назарзода ба дидорбинии онҳо омада будааст, ки худ дар он ҷо таълими низомӣ мегирифтааст. Ана баъд омада -омада соли 2015  бо супориши онҳо амал карданд. Чун дар таъминоти молии онҳо буданд, ба ҷуз иҷрои фармон чорае надоштанд.

Ҳоло ки дар Варшава саммити САҲА идома дорад, як  гурӯҳ ҷонибдорони ҲНИТ, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон мамнӯъ аст,  ба кори ин ҷаласа халал ворид карда, дар сари сина акси аъзои ҳизб, аз ҷумла шумо, талаби озодии онҳоро мекунанд. Онҳо кистанд?

— Ба фикрам, аксари онхо хешу ақрабои маҳкумшудагонанд, вале ҳастанд онҳое, ки боз ҳам бо маблағи хориҷиён ин корро мекунанд. Магар ҳамон либоси якхелаи онҳо, насби портретҳо, инчунин аз ҳар гӯшаи Аврупо ҷамъ овардани ин ашхос бе маблағ мешавад? Аксари ақрабои Кабирӣ ҳоло дар он ҷоянд ва бояд иқрор кунам, ки дар ин масъала роҳбари ҳизб ба мо хиёнат кард.

— Чӣ тавр?

— Ӯ медонист, ки моро боздошт мекунанд ва барои халосии мо коре накард. Ӯ то тавонист хешу ақрабои худро аз кишвар берун кард ва ҳатто хоҳарашро ҳамагӣ чанд руз пештар бароварда буд. Ман бо хоҳари Кабирӣ дугонаҳои наздик будем ва қабл аз ду рӯзи боздошти ман ӯ занг зада гуфт: «Зарафо,  дилам ба ту месӯзад».  Пурсидам, ки чаро? Ӯ дар ҷавоб  гуфт, ки азоб хоҳӣ кашид. Рости гап, танҳо баъд аз боздошт ба мазмуни ин суханон сарфаҳм рафтам ва донистам, ки онҳо оқибати корро медонистанд, вале моро танҳо гузоштанд. Ман ин суханонро дар мурофиа ҳам гуфтам ва  баъзе ҳамсафонам ба ин суханони ман интиқод карданд. Гуфтам, ки ин гуфтаҳоро  дар рӯ ба рӯйи худи Кабирӣ ҳам, агар имкон мешуд, мегуфтам.

— Он ҷо танҳо хешонаш нестанд- ку?

— Баъзе аз дӯстони худро (аъзои Шӯрои сиёси ва шахсони дилпурро) дар кишвари боваринокаш, ки дар борааш гуфтам, ҷо ба ҷо кард ва ҳоло аз байни онҳо   Махмадсолех Кабиров, Айёмиддин Сатторов, Муҳамадҷони Нурӣ ва Абдусаттор Бобоев интихоб шуда, сафари Варшава карданд. Магар онҳо бе пули сарапарасташон ва ё бе иҷозати онҳо сафар карда метавонистанд. Кӣ ба онҳо пули хӯрок, либос, ҷойи хоб дод? Албатта, ҳамин сарпарастонашон. Онҳо пул медиҳанду мегӯянд, ки кай, дар куҷо бояд баромад кунанду миллату Ватани худро сиёҳ намоянд. Акнун бароямон аниқ аст, ки оташи ҷанги моро кӣ аланга мезад.

— Шумо гуфтаниед, ки ин ҷавонони баромадкунанда дар Варшава фиристодагони Эронанд?

— Бешубҳа, аксари инҳо бо дастгирии молии ин кишвар он ҷо рафтаанд. Вале ҳастанд онҳое ҳам, ки бо дастгирии созмонҳое, ки ба онҳо Свердлов барин  иғвобарангез роҳбарӣ мекунанд ва  илҳомбахшу маблаггузори онҳоянд, амал мекунанд.

— Вақте ки шумо дар  маҳбас будед ва тафтишот идома дошт, дар матбуот сару садоҳои зиёд дар мавзӯи шиканҷа шуданатон чарх мезад…

— Бале,  ман аз ҳамаи онҳо хабар доштам. Зеро ба мо матбуоти даврӣ дастрас буд. Вақте ки ин суханонро мехондам, ҳайрон будам, ки ин дурӯғпардозиҳо  ба кӣ лозим аст? Рости гап, муомилае, ки бо ман сурат мегирифт, аз доираи қонун заррае берун набуд. Муфаттишон бо ман танҳо дар асоси далел гап мезаданд ва ман он ҷо ва ҳамчунин дар рафти мурофиа суханонеро шунида ва далелҳоеро дидам, ки рад карданашон имконнопазир буд. Касе маро азобу шиканҷа накардааст ва дар вактҳои бемориам бо табиб таъмин мегардидам. Вақте ки дар бораи шиканҷа шудани худ мехондаму мешунидам, дигар тоқат накарда, ба сардори муассиса муроҷиат намудам, ки агар қонун иҷозат диҳад, ман шахсан худам дар ин маврид раддия менависам. Албатта, мефаҳмидам, ки мавзӯи шиканҷа шудани ман ба касе зарур буд.

— Зарафо, ман ҳамчун як ҳамкасби шумо мехостам донам, ки чӣ шуморо, ки соҳиби маълумотед ва ҳатто ду маълумоти олӣ доред, ба ҲНИТ овард? Шумо воқеан ҳам дар фаъолияту зиндагии ҳаррӯзаи худ ва иҷрои фаризаҳои диниатон озод набудед?

— (Ба андеша меравад) Худам ҳам то ҳол намефаҳмам. Он вақт хеле ҷавон будам ва баъди хатми донишгоҳ маро ҳамчун журналист ба журнали занонаи ҳизбӣ даъват карданд. Як муддат он ҷо кор кардам. Ҳамроҳи чанд тан маҷаллаи «Наистон»-ро ташкил кардам. Ду соли аввал аъзои ҳизб ҳам набудам. Баъд аз марги Саид Абдуллоҳи Нурӣ аввалин иқдоме, ки Кабирӣ кард, ин бастани ду журнале буд, ки  яке барои чавонон буду дигаре барои занон. Маро барои кор ба шуъбаи фарҳанги ҳизб фиристоданд. Минбаъд аз ман ҳамчун як намунаи зани ҳизбие, ки ҳизби диниро пазируфтаасту дар доираи он мубориза мебарад, дар таблиғоти худ истифода мебурданд.

— Агар дар хотимаи суҳбатамон гуфтание дошта бошед, марҳамат…

— Гуфтаниҳо зиёданд, вале ман танҳо як чизро таъкид карданӣ будам. Махсусан ба ҷавонони роҳгумзада. Шумо аз роҳи хатои худ баргардед! Ҳаргиз ба осиёби душманони миллатамон об нарезед! Моро аллакай ду бор ба роҳи хато бурданду  онро танҳо дар паси панҷараҳои зиндон дарк кардем. Агар ин роҳ хатою саросар фиреб намебуд, имрӯз Кабирӣ ҳам бо мо мебуд. Имрӯз барои харҷҳои кардааш маҷбур аст, ки ҳатто фарзандонашро ба ин роҳ барад. Ӯро ором нахоҳанд гузошт. Маҷбур аст дар Туркияю Аврупо гирдиҳамоӣ кунад, зеро тавассути ин баромадҳо ӯ бояд қарзҳои хоҷагонашро баргардонад ва миллату халқашро таҳқир кунад.

Ҷавонони азиз, ҳоло ки дер нашудааст, аз ин пайроҳаи лағжонак баргардед.. Барои ӯ ва хоҷагонаш на шумо қадр дореду на Ватани шумо. Осудагии Ватанамон аз ҳама чиз қиматтар меистад. Онҳо мехоҳанд, ки ҷангу ҷидол бошад, бесару сомонӣ бошад ва қисматеро ба сарамон оранд, ки ҳоло Сурияю Афғонистон, Либияю Яман, Туркияю Украинаро домангир аст.

Мусоҳиб

Абдумудассир Аҳмадзода,

«Тоҷикистон»

 

 

Тири ифротиён ба ҳадаф нахоҳад расид

Шинохту тарғиби  арзишҳои  маънавӣ,  моддӣ  ва  умумифарҳангии   миллат,  таҳкиму  устувор  нигоҳ  доштани  истиқлолияту ваҳдати  миллӣ,  арҷгузорӣ ва  эҳтиром  ба  таърих,  забон,  фарҳанг,  адабиёт,  дин,  расму  ойин,  ҷашнвораҳо,  анъанаҳо  ва  тамаддуни  он  аз  ҷумлаи  ҳифзи  манфиатҳои  миллату давлат маҳсуб меёбад.

Ҷавоне, ки  ба  ҳадди  худшиносӣ  мерасад, умед  аст, ки  аз  гирдоби  пурпечутоби  ҷаҳони  имрӯза,  падидаҳои  номатлуб,  ба  хусус  аз  фитнаву  фиреби гурӯҳҳои ифротиву даҳшатфикан дар  амон мемонад. Яке  аз  омилҳои  дигаре,  ки  метавонад  ҷавонон  ва  насли  наврасро  аз шомилшавӣ  ба  гурӯҳҳои  ифротиву  иртиҷоӣ  нигаҳ  дорад, ин фаро гирифтани  донишҳои  ҳуқуқиву  сиёсӣ  мебошад. Ҷавононро  лозим  аст,  ки  илму  донише,  ки  дар  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ ва олии касбӣ омӯзонида  мешаванд, ҳамаҷониба омӯхта, маърифату фарҳанги сиёсии худро такмил намоянд. Мо омӯзгорон дар ин раванд бетарафиро ихтиёр накарда, ҳамарӯза дар машғулиятҳои таълимӣ толибилмонро ба роҳи рост тарғиб менамоем.

Аҳли кафедраи
забони англиси ДДҲБСТ

Читать далее

Амали ноҷавонмардонаи хоинон

Аз рӯзҳои аввали ташкилёбии худ ТТЭ ҲНИ то қатъи фаъолият якчанд маротиба сабаби нооромии ҳаёти осоиштаи мардуми кишвари мо гардида, зарарҳои ҷиддӣ ба ин давлату миллат расонидаанд. Ҷанги шаӽрвандии соли 1992-ро ҳеҷ кас аз ёд набаровардааст, ки сабабгори ин ҷанги хонумонсӯз  пайравони хамин ҳизб буданд, ки бо кӯмак ва ҷонибдории хоҷагони хориҷиашон сурат гирифт.

Имрӯз чун аҳли ҷаҳон аз симои разилонаи ТТЭ ҲНИ огаҳ гардид, ҷаҳониён  пайравони ин ҳизби террористиро маҳкум мекунанд. Агарчӣ далелҳо зиёд буданд ва гувоҳӣ медоданд, ки ин ҳизби мамнӯъшуда дар ҳақиқат як ҳизби террористӣ ва экстремистӣ аст, аммо онҳо худ инро рад мекунанд.

Кадом шахси бонангу номус ба ин худсафедкунии онҳо бовар мекунад?  Гунаҳгор ё бегуноҳ будани шахсро, суд бо таҳқиқи далелҳои ҷамъовардашуда ҳал кардааст, на аз рўи хоҳиш ё тавсияи ягон ташкилот, воситаҳои ахбори омма ё шахсони гумроҳ!

Чи хеле, ки Юсуф Раҳмон Прокурори генералии ҶТ қайд кардаанд: “Мо бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо барои боздошт ва ба Душанбе баргардонидани роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон террористӣ шинохташудаи Наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ музокираи доимӣ мебарем” дуруст аст, чунки ҷинояткор бояд боздошт шуда, тибқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.

Дар расонаҳои хабарӣ  паҳн шудани  андешаҳои ғалат ва хусусияти ифротӣ дошта, ки муаллифони он, ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, ки мехоҳанд бо ҳамин васила эътимоди аҳли ҷомеаро нисбати ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистонро  коҳиш диҳанд ва умуман пояҳои давлатдории кишвари моро заиф гардонанд, моро водор мекунад, ки баҳри ҳифзи арзишҳо ва эътибору нуфузи дастовардҳои Истиқлолият талош варзем. Чунин хабарҳои саркардагони ифротӣ, хоинони миллат, ки аз ниятҳои ғаразнок ва зишти худ даст накашидаанд, бо дастгирии қувваҳои моҷароҷў, кинаву алами худро ба ҳақиқат монанд карданӣ мешаванд. Лекин онҳо ҳаргиз ба ниятҳои зишти худ намерасанд.

А. Раҳматуллоев , З. Авезова, 
устодони 
кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ

Читать далее

Тири суханони хоинон

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз ба яке аз кишварҳои тинҷу ором, ободу зебо мубаддал гаштааст. Мардуми шарифи кишвар дар фазои сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ бо арҷгузорӣ аз хизматҳои шоистаи роҳбарияти олии кишвар фахр мекунад. Воқеаҳои мудҳише, ки рӯзҳои охир ба вуқўъ пайваста буд, ҳар як сокини кишварро аз хурд то калон бетараф гузошта наметавонад.

Он воқеаи нангине, ки бар зидди давлатдории мо тоҷикон аз тарафи хоинони давлату миллати Тоҷикистон амалӣ гардида буду тири сухани нохалафи душманони миллат хато хурда, ба мағлубият дучор гаштанд. Ин ҳодисаи нангин аз тарафи ба ном мухолифин, ки имруз берун аз марзи кишвар дар давлатҳои Аврупо дар зери иҳотаи хоҷагони хориҷии худ паноҳ ҷуста, нисбати давлату миллати худ бо истифода аз яроқи оташфишони сухан мусаллаҳ гашта, тири коронавирусиро мекушоянд.

Як нуктаро бояд зикр намуд, ки дар расонаҳои хабарӣ одатан мухолифин худро ғамхору адолатпарвар нишон дода, ба ин восита мехоҳанд сафи ҳаммаслакони худро зиёд гардонанд. Мардум хуб дарк менамоянд, ки мақсади мухолифин, ки имруз худро чунин номгузорӣ намудаанд, пок нест. Давлату ҳукумат дар тули соҳибистиқлолии худ нисбат ба онҳое, ки раҳгум зада буданд ва аз гумроҳии худ фирефтаи найрангҳои мухолифин шуда, ба баъзе кирдорҳои нохалафона даст зада буданд, чандин маротиба мавриди бахшиш қарор дода буд, вале як гуруҳи ҳаётан аз давлату миллат норозӣ марзи кишварро тарк намуда, ба сафи гуруҳҳои ифротӣ шомил гашта, дар кишварҳои хориҷӣ мақсадҳои иғвогаронаро амалӣ карда истодаанд.

Онҳое, ки имруз ба ин гуруҳҳо шомил шудаанду нангу номуси худро ба хоҷагони хориҷии худ, ки имруз онҳоро маблағгузорӣ мекунанд, фурухтаанд. Бояд қайд намуд, ки он ҳодисаи нангине, ки душманони миллат амалӣ намуданӣ буданд, дар рузе ба вуқӯъ омад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон худ аз ин балои умумиҷаҳонӣ чораҳо андешида истода буд. Ин гуруҳи хурдакаке, ки бо дастгирӣ ва маслиҳатҳои хоҷагони хориҷӣ ба амалҳои зидди давлатӣ даст задаанд, бояд фаромуш насозанд, ки Тоҷикистон имруз ба кишваре табдил ёфтааст, ки марзу бум ва халқи худро ба пуррагӣ ҳимоя карда метавонад ва кафили якпорчагии кишвари азиз мебошад.

Имрӯз аз ҳар тараф ба намояндагони давлат хоинони миллат тири суханро пурронда истодаанд. Онҳо бар он андешаанд, ки давлати мо чораҷӯиҳо оид ба зидди коронавирус на анедшида бо тиҷорати худ машғуланд. Аммо хоинони миллат ва ҳаммаслакони онҳо бояд фаромуш насозанд, ки давлати Тоҷикистон яке аз кишварҳои дар арсаи байналмилалӣ шинохташуда ба шумор рафта, намегузорад, ки мақсадҳои ғаразноки душманони миллат дар ин сарзамини аҷдодӣ амалӣ карда шавад.

Шарипова М.
дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик
и ДДХ

Читать далее

Назари пурғараз паймони фисқу фасод

Солхои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, худ як дарсе барои сокинони ҷумхурӣ аст. Бо мақсадҳои ғаразноки аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайвасту ҳазорҳо сокинони бегуноҳ кушта шуда, бе хонаву дар ва дар кишвари бегона гуреза шуданд.

Дар навбати худ роҳбарияти наҳзат ва дигар хаммаслаконашон дар хоричи кишвар дар паноҳи хоҷагони хориҷии худ паноҳгоҳ ёфтанд. Имруз бошад, Мухиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар қарор дошта, боз  нақшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тарҳрезӣ намуда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон Точикистон мехоҳанд халал эҷод намоянд. Бояд зикр намоям, ки дигар мардуми тоҷик чунин суиистифода аз бовариҳои диниро пушти сар кардаанд ва намехоҳанд ба хотири кадом як охунди мансабталабу чоххох тақдири дину миллати худро ба гарав гузоранд.

Мо бояд шукронаи Истиқлолияти кишвар кунем ва барои гул-гул шукуфии он кушиш намоем, на аз қафои кадом як хоҷагони хориҷи шавему мансабталоши кунем.

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки даъвои Ислому Худошиносӣ мекунанд ва аз номи дин сухан меронанд, дар асл ин шайтонсиратон на ба Худо кор доранд ва на ба Расул ва ин муқаддасоту покиро танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Агар дар вуҷуди пайравони ТТЭ ҲНИ ақалан як зарра имону инсоф мебуд, ба хуни ин қадар мардуми тоҷик зомин намешуданд. Имрўз бо фитнаҳои сиёсии худ мехоҳанд боз ба сари мардуми тоҷик нокомиву бадбахти оваранд. Вале мардум имрўз дигар мардуми солҳои 90-ум нест, ки ба фитнаҳои ин тоифа бовар кунад.

Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ ТТЭ ҲНИ-ро хамчун ташкилоти ифротгарои эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд.

Ф.Ҷӯраев, н.и.и., дотсенти кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

Читать далее

ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК, НАҲЗАТИЁНРО ДАР АВРУПО КӢ МЕХӮРОНАД?!

Маълум аст, ки пас аз содир намудани чандин амали террористӣ дар кишвар аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хориҷ аз кишвар фирор намуданд, то аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бигурезанд. Онон бештар ҳоло дар кишварҳои аврупоӣ маскан гирифта кӯшиш мекунанд, то аз ҳамон ҷо бар миллат хиёнат кунанд. Аммо суоле ин ҷо ба миён меояд, ки наҳзатиёни террорист дар Аврупо аз ҳисоби кӣ мехӯранду мепӯшанд?

Чӣ хел шудааст, ки чандин фирорӣ ва боз ҷинояткор дар Аврупо зиндагии осоишта дорад? Оё ин муаммо нест?

Ҳоло лозим меояд, ки сари ин муаммои сарбастаро, ки бештар наҳзатиён пинҳон медоранд ва намехоҳанд аз он бигӯянд, бикушоем. Зеро ҳамагон хуб медонем, ки наҳзатиён аз ҷониби хоҷаҳои хориҷияшон маблағгузорӣ мешаванд ва ҳатто суратҳисобу чандин миллион доллар гузаронидаи хоҷагонашон ҳам ҳоло вуҷуд дорад ва дар дилхоҳ маркази интиқоли маблағ шумо метавонед таърихчаи суратҳисоби роҳбари наҳзатиёни бадкеш Кабирии палидро бубинед, ки аз куҷо чанд миллион маблағ гирифтааст.

Албатта, дар Аврупо зистан осон нест ва дар он ҷо бемаблағ ҳам умр гузаронидан мушкил аст, дек наҳзатиён он ҷо орому осуда ва хушҳол зиндагӣ доранд ва чандин сомонаҳои ифротиро ҳам таъсис додаанд, то бар миллати тоҷик хиёнат кунанд. Зеро мақсаду мароми наҳзатиёни бадкеш ҳам ҳамин аст, ки бар миллати тоҷик зарар расонанд, обрӯву мартабаи миллатро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш диҳанд, ҷомеаро гумроҳ гардонанд ва барои ин аз хоҷаҳои хориҷияшон маблағ мегиранд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ба ҳамаи ин хоинон ва бадкешони наҳзатӣ лаънат мехонем!

ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ
ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКИИ ДКМТ

Читать далее