12 June 2020

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен

11 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ аз навоҳии Ҷаббор Расулов ва Спитамен боздид намуд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилоят ба хоҷагии деҳқонии “Насрулло-2” ташриф оварда, ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалларо мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Хоҷагии мазкур дорои 4 гектар замин буда, соли равон саҳмдорон дар 1,1 гектар гандум кишт намудаанд.

Читать далее

Тоҷикистон, ваҳдати башоратборат бодо ҷовидон!

Мардуми сарбаланди тоҷик дар зарфи бисту се соли соҳибваҳдатӣ ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ шарафёб гардиданд. Баъди ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ, новобаста аз мушкилот, дар натиҷаи чораҳои андешидаи Ҳукумати кишвар мамлакатамон ба марҳалаи рушд ворид шуд ва дар натиҷаи суръат бахшидани корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ, татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо пешрафти босуботи иқтисодиёт ба даст омада, сатҳи зиндагии мардум боло рафт.

Маҳз аз ҳамин давр сар карда, Ҳукумати кишварамон таҳти сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тамоми захираву имкониятҳо ва саъю суботи худро ба иҷрои се ҳадафи стратегии давлат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона сохт ва мақсадҳо амалӣ гардиданд, бомуваффақият пеш рафтанд. Кунун ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ҷараёни тоза дорад ва ибратпазирона роҳандозӣ шуда истодааст.

Насими меҳри Ваҳдат мевазад. Имрӯз ҷавонону наврасони саодатманди диёр баёзи меҳри Ваҳдат мехонанд, суруди Ваҳдат месароянд: «Ваҳдати миллӣ рамзи нангу ному иффат аст…».

Фазои диёри арҷманди мо - Тоҷикистони озоду обод чун ахтаристони дурахшон метобад. Ваҳдати миллии Тоҷикистони муаззам, ба гуфтаи шоире, «ҷилои шавкати бахту фахри исмат аст».

Аҳли заҳмати вилоят дар ҳар куҷое фаъолияту кор менамоянд, аз ҷилои самараи азму суботи онҳо, ки барои сулҳу осоиш - Ваҳдати комил барин номи муқаддас ва бузург меҳнат мекунанд, барқ рахшон мешавад ё худ барқ мезанад.

- Истиқболи Ваҳдати миллӣ моро барои он шавқманд менамояд, ки аз нишондиҳандаҳои меҳнати ободгарӣ, созандагӣ нависем, заҳмати самимии мардуми навовару эҷодгари тоҷикро дар ин рӯзи саид васф намоем, пурмаъно ифода созем,-мегӯяд рӯзноманигор ва адиби соҳибзавқ, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Муқим Абдураҳмонов - сокини шаҳри Исфара. - Зиндадилӣ ва қуввати рӯз ба рӯз такмил ёфтаистодаи заҳматпешагони ҷавони мо дар фазои Ваҳдати миллӣ башорати ҳамгироӣ, муҳити хуби ҳамдилист. Ваҳдати миллӣ ин боварӣ ба қувваи худ ва рафиқони худ дар натиҷаи солҳои даврони соҳибваҳдативу соҳибистиқлолӣ меҳнату кор кардан, дар муҳити фараҳафзои бародаронаву хоҳаронаи худ будану зистан ба таври пурра шакл гирифтааст. Ин ҳама самара ва меваи шаҳдбори боғи Ваҳдати миллӣ шинохта мешавад. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

-Ҳар сол дар арафаи иди фараҳовару зебои Наврӯз бо намояндагони зиёиёни кишвар мулоқот оростани Пешвои муаззами миллат - Сарвари давлати азизамон ҳам рамзист, - изҳор медорад, рӯзноманигор ва шоири тавоно Ҷӯра Юсуфӣ, сокини ноҳияи Мастчоҳ, - воҷаи зиё ин таҷассумгар ва маъниофари нуру сафост, муҷаллост ва рӯшноист, дар баҳори сабзишҳо, нашъу нумӯъҳо ва рӯйишҳо, зиндашавии табиат, ифодагари умед ба фардои рӯшани ин халқу миллат низ мебошад. Рӯ овардан ба ақли солим, фикри дурусту равшан, умед ва боварӣ ба фарзандони фарзонаи миллат қутби асосӣ, меҳвари устувори сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами мост. Ин моро ба ояндаи нек, ба саодати халқамон умедвор месозад, боварӣ мебахшад, ҳидоят менамояд.

Ифодаи халқӣ «Имрӯз бикун, чу метавон коре» дар вуҷуди мардуми сарбаланди мо маъво гирифта, дар осмони софу гулбасар ҷонбахшу рӯҳнавоз аст, зеро ки Ваҳдати комили миллӣ, ин неъмати бебаҳо моро ба шукронаву шукргузорӣ, азму субот, саъю заҳмати пурманфиат уҳдадор менамояд. Бино ба таъкиди Сарвари давлатамон, мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва пурарзиш расем, шукрона кунем ва аз Ваҳдату Истиқлоли хеш чун бахти безаволи миллат ифтихор дошта бошем.

Ваҳдати мо, дӯстии мо, рафоқату муҳаббати мо дар ҳар шароит ва муҳит зебоиро талаб мекунад, барои он ки ниҳол дар замини меҳрбор сарсабзӣ намуда, боровар мешавад, аз ин лиҳоз ишқи ҳаёт ҳам зебоӣ металабад. «Бикӯшед ҳар ҷо риштаҳои дӯстӣ пора шуда бошад, пайванд намоед, ҳар ҷо суст аст, маҳкам намоед» - гуфтааст профессор, олими намоёни тоҷик Шарифҷон Ҳусейнзода.

Ҳамин минвол ба таври хулоса иброз намоем, айни замон эҳсос мешавад, ки тӯли бисту се соли сипаригардида аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои миллати сарбаланду фарҳангпарвари мо марҳалаи бобарор ва пурифтихор буд. Ин намунаи олии ҳамбастагии мардуми шарифу сарбаланди тоҷик мебошад, ки соли ҳазору нӯҳсаду наваду ҳафт сулҳи пойдор дар кишвар барқарор шуд. Ифтихордор ҳастем: Ваҳдати миллӣ бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёд, мутамаддину хирадманд ва сулҳпарвару фарҳангдӯст мебошанд.

Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои муаззам, Президенти маҳбубамон дар ин давр хеле пеш рафт, мустаҳкам шуда, нуфузу ҷойгоҳи он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд гашт, ки ҳамаи ин аз файзу баракати Ваҳдати миллист. Инро бояд бо чашми ҳақ бидиду бо дили гарм эҳсос намуд - Тоҷикистон, сарзамини гулфишону бехазон!

Мухтори АБДУЛЛО,

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Суғд: Сабаби пошхӯрии оилаҳо дар чист?

Беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Ҳамасола дар кишвар даҳҳо ҳазор оила ташкил меёбанд, ки барои боз ҳам пояндаву пеш рафтани миллати тоҷик замина фароҳам меоваранд. Ҳар фарде, ки оиладор мешавад, бояд ба пойдорӣ ва солимии он кӯшиш намояд. Агар ба гузашта назар намоем, пошхӯрии оилаҳо дар он давр қариб ки вуҷуд надошт. Ҳамон вақт оила пош мехӯрд, ки ин ё он ҳамсар вафот кунад. Дар ҳама давру замон 90 фоизи пойдории оила аз занҳо вобастагӣ дорад. Бибиҳои мо мекӯшиданд аз гуфтаи шавҳар берун набароянд. Ин сабаб мешуд, ки оила пойдор монаду ҷудошавиву хиёнаткорӣ кам гардад. Мардҳо низ мекӯшиданд, барои пойдории оилаи худ шароит фароҳам оваранд.

Омилҳои асосии пошхӯрии оила

Ба гуфти Сабоат Бобоҷонова, психологи Маркази занон “Гулрухсор”, дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2019 597 нафар бо мушкилоти ҳуқуқӣ ва 458 нафар занону духтарон бо мушкилии равонӣ муроҷиат кардаанд. Бештари муроҷиаткунандагон гирифтори хушунати хонаводагӣ ҳастанд.

Муносибати хушдоман ва “хушдомани хурдӣ”

Райҳона Азизова (номи мустаор) - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки аз рӯзи аввали оиладорӣ дучори хушунат шудааст. Ба ман бештар хоҳаршӯям фишор оварда мегӯяд: “Модари ман содда ва дилсӯз аст. Ҳозира келинчакҳо садқаи дилсӯзии хушдоман шаванд. Агар ман гап назанам, ту аз худ меравӣ. Барои ҳамин, фаҳмида мон, ки модарам не, ман кору бори туро назорат мекунам!” Дар охир пас аз як соли оиладорӣ маҷбур шудам, аз хона баромада равам.

Баъзан маҳз келинҳо ҳам сабаб мешаванд, ки онҳо бо ӯ чунин муносибат намоянд. Ситора (номи мустаор) - сокини ноҳияи Деваштич, Ҷамоати деҳоти Далёни Боло соли 2014 ба оилаи Раҳмоновҳо (насаб дигар шудааст) арӯс мешавад. Пас аз як ҳафтаи оиладорӣ шавҳарашро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар менамоянд. Арӯс ду хоҳаршӯи худро фиреб дода, тамоми корҳоро бар зиммаи онҳо мегузорад. Хоҳаршӯи калониро, ки одати хабаркашӣ надошт, хуб истифода мебарад, аммо аз хоҳаршӯи хурдӣ камтар меҳаросид. Аз ин рӯ, ҳар субҳ бо онҳо наҳорӣ карда, баробари рафтани хоҳаршӯи хурдӣ даромада хоб мерафт. Ӯ коре мекунад, ки хоҳаршӯи хурдӣ аз хона рафта, дар хонаҳои аммаву амакҳои худ зиндагӣ мекунад. Яъне ҳолатҳое ҳастанд, ки бо гуноҳи ҳар ду тараф нофаҳмиҳо сар мезананд.

Таъсири технология ба оила

Имрӯз аксар ҷавонон бештари вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Viӣӯқ, Facӯӣook, Imo мегузаронанд, ки ин ҳам метавонад яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон гардад. Духтар пеш аз оиладоршавӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо чандин ҷавон “гап” мезанаду ба онҳо рози дил мегӯяд. Падару модар ӯро ба каси дигар ба шавҳар медиҳанд. Баъд аз тӯй барои ӯ рӯз мисли шаб мешавад, зеро ба шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста шуда буду ба суханҳои “ошиқона”-и дӯстони маҷозияш одат кардааст. Ӯ фикр мекунад, ки бояд шавҳараш ба ӯ ҳатман сухани хуш гӯяду нози ӯро бардорад. Чун ин афсонаи хаёлиро намеёбад, фикр мекунад, ки “агар ба фалонӣ ба шавҳар мебаромадам, шояд ин ҳолро намедидам”. Писарон низ, ба қавли мардум, “мусичаи бегуноҳ” нестанд. Кӯшиш намекунанд, ки ба ҳамсар меҳрубонӣ намуда, дили ӯро ба худ гарм созанд.

Дигар омил ин тариқи телефон гап задани ҷавонон мебошад. Мард ё зан мефаҳмад, ки ҳамсари ӯ пеш аз вай бо чандин нафар гап задааст. Ин сабаб мешавад, ки як оилаи навбунёд пош хӯрад.

Зан, хушунат ва оила

Байни мардуми мо мақоле ҳаст: “Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон”. Ҳомиёни ҳуқуқи зан мегӯянд, бо вуҷуди тағйири сохти иҷтимоӣ, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва раванди муҳоҷират, ки ҷаҳонӣ шудааст, фарҳанги роиҷ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ин аст ки занро аз хурдӣ ҳамчун хидматгори хона тарбия мекунанд.

Нарзулло ном ҷавон сабаби асосии ҷанҷоли оилавиро дар якравӣ, беақлӣ ва беандешагӣ иброз медорад, ки мардҳоеро медонам, ки ҳаёти онҳо аз ҳаёти занҳои хушунатдида камӣ надорад.

Ба ҷои хулоса

Аслан пойдор мондани оила ин якдигарфаҳмӣ байни зану шавҳар аст. Чӣ хеле ки қайд кардаанд, “дар оила касоне хушбахт шуда метавонанд, ки “ман”-и худро ба “мо” табдил диҳанд”. Яъне зану шавҳар бояд маслиҳатгар ва дӯсти наздики ҳамдигар бошанд.

Ҳафиза БЕГОВА,

магистранти Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

“Ҳақиқати Хуҷанд” - бозёфти саҳифае аз таърихи матбуоти тоҷик

Зимни ҷустуҷӯи мавод доир ба таърихи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба дасти мо аз Китобхонаи давлатии шаҳри Маскави Федератсияи Россия шумораи нахустини рӯзномае дастрас шуд, ки то имрӯз номи он дар таърихи матбуоти Тоҷикистон ва ҳавзаи вилояти Суғд қариб ки зикр нашудааст. Ин рӯзнома «Ҳақиқати Хуҷанд» унвон дошта, ҳамчун Органи комитети районии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети депутатҳои меҳнаткашони райони Хуҷанд санаи 5-уми июли соли 1958 дар ҳаҷми 4 саҳифа бо андозаи АФ-3 нашр шудааст. Рӯзнома бо имзои сармуҳаррир Набиҷон Абдуллоев чоп шудааст.

Зимни ҷустуҷӯи маълумот дар бораи ин рӯзнома мо танҳо аз «Энсиклопедияи советии тоҷик» маълумоти кӯтоҳеро дастрас намудем. Энсиклопедия дар бораи рӯзномаи «Ҳақиқати Хуҷанд» дар чанд ҷумла чунин маълумот пешниҳод намудааст: «газета, органи комитети районии ПК Тоҷикистон ва Совети депутатҳои меҳнаткашони райони Хуҷанд. Солҳои 1958-59 бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ(1,700 нусха) чоп мешуд. Соли 1959 чопи он қатъ шуд». Пас метавон гуфт, рӯзномаи «Ҳақиқати Хуҷанд» рӯзномаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст.

 Агар ба таърих назар дӯзем, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Бо қарори КИМ СССР соли 1926 таъсис дода шудааст. Санаи 9-уми январи соли 1936 номи Ленинободро гирифта, тибқи қарори Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон аз 27-уми октябри соли 1939 ба ҳайати вилоят дохил мешавад. Аз 31-уми январи соли 1957 номи ноҳия ба номи Хуҷанд иваз шудааст. 30-юми июни соли 1999 ба шарафи 90-солагии алломаи замон, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ноҳия барои бузургдошти ӯ - номи Бобоҷон Ғафуровро мегирад.

 Пас агар ба таърихи барориши шумораи нахустини рӯзномаи «Ҳақиқати Хуҷанд» таваҷҷуҳ созем, метавонем гӯем, ки рӯзнома баъди номи Хуҷандро гирифтани ноҳия таъсис шудааст.

Дар пештоқи саҳифаи аввали рӯзнома шиори «Зинда бод матбуоти советӣ-аслиҳаи тавонои Партияи Коммунистӣ!» оварда шуда, шиори ҳамешагии рӯзнома «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!» интихоб шудааст. (Аслан, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар он замон қариб тамоми рӯзномаҳо бо ҳамин шиор нашр мешуданд.)

Дар тарафи рост, паҳлӯи шиносномаи рӯзнома пешгуфтори доҳии замон В.И.Ленин дар бораи матбуот оварда шудааст, ки чунин аст: «Газета нафақат пропагандисти коллективӣ ва агитатори коллективӣ, балки ташкилотчии коллективӣ ҳам мебошад».

Сармақолаи рӯзнома таҳти унвони «Зуҳуроти нави ғамхории партия ва ҳукумат» дар ҳамин саҳифа аз ташкили рӯзномаи ноҳия хабар дода, нақшаву дурнамои онро ҷиҳати пур кардани фазои иттилоотӣ бозгӯ намудааст. Дар ин мақола омадааст: «Мувофиқи қарори кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон аз имрӯз газетаи нави «Ҳақиқати Хуҷанд»- Органи комитети партиявии районии ПК Тоҷикистон ва Совети депутатҳои меҳнаткашони райони Хуҷанд ба баромадан сар кард, ки ин дар ҳаёти мадании меҳнаткашони район воқеаи хеле муҳим мебошад.

Коргарон, хизматчиён, деҳқонони колхоз ва интеллигенсияи Хуҷанд ин хабари хушро бо камоли хурсандӣ ва ҳисси қаноатмандӣ пешвоз мегиранд, зеро ин воқеа зуҳуроти нави ғамхории партия ва ҳукумати ҷоноҷон дар бораи қонеъ гардонидани талаботи доимафзояндаи маънавии одамони советӣ мебошад.

Дар солҳои мавҷудияти Ҳокимияти Советӣ ба туфайли сиёсати оқилонаи миллӣ маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистии халқҳои мамлакати мо, аз ҷумла халқи тоҷик гул-гул шукуфт. Симои маънавии одамони советӣ ба куллӣ тағйир ёфт, онҳо маърифатноку маданӣ, соҳиби одобу ахлоқи коммунистӣ ва иштирокчии фаъоли сохтмони қасри мӯҳташами коммунизм гаштанд.

Дар ҳалли вазифаҳои азими ба миён гузоштаи партия ва ҳукумат, дар пешравии ҷамъияти мо ба сӯи коммунизм ҳиссаи матбуоти советӣ бениҳоят бузург аст. Зеро вай ба оммаи меҳнаткашон идеяҳои зафаровари марксистӣ - лениниро пропаганда намуда, онро ба сӯи дастовардҳои меҳнатӣ ташкилу сафарбар менамояд, ҳушёрии синфӣ, ватандӯстии советӣ, ба кори Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ содиқ буданро дар онҳо тарбия менамояд.

Дар Тоҷикистони мо ҳам матбуоти советӣ ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтааст, Ҳоло дар республикаамон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ 7 газетаи республикавӣ, 4 газетаи вилоятӣ, 8 газетаи шаҳрӣ ва 41 газетаи районӣ ва журналҳои гуногун мебароянд. Дар як худи вилояти Ленинобод 12 газетаи районӣ ва ду газетаи вилоятӣ чоп мешавад.

Дар фабрикаву заводҳо, колхозу совхозҳо, сохтмонҳо, мактабҳо ва идораю муассисаҳо бисёр газетаҳои даврӣ бароварда мешаванд. Газетаю журналҳо бо мухбирони сершумори коргару деҳқони худ алоқаи зич дошта, ба кори ҳаррӯзаи ташкилотҳои партиявӣ, советӣ, комсомолӣ, хоҷагӣ барои ташкилу сафарбар намудани меҳнаткашон баҳри иҷрои вазифаҳои бузурги сохтмони коммунизм дар мамлакати мо мадади калон доранд.

 Баробари ташкил ва чоп шуда баромадани газетаи районии «Ҳақиқати Хуҷанд» дар назди коллективи коркунони редаксия, мухбирони коргару деҳқон ва хонандагони сершумори он вазифаи муҳиму фаврӣ меистад. Мо барои пуртаъсиру самарабахш, бурро, ҳаққонӣ ва бо фактҳои ҷоннок хабару мақолаҳо чоп намудан кӯшиш мекунем, бештар аз таҷрибаи кори пешқадамон, навоварони истеҳсолоти саноат ва хоҷагии қишлоқ, камбудиҳои кори онҳо хабару мақолаҳо навишта, ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагӣ ва мадании районамон муваффақ мешавем, танқиду худтанқидкуниро ривоҷ дода, муборизаро барои боқимондаҳои урфу одатҳои кӯҳнаву зараровари боӣ-феодалӣ, вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр менамоем ва ба тарбияи идеявии оммаи меҳнаткашон диққати махсус медиҳем.

Ба ташкилотҳои партиявӣ, советӣ, комсомолӣ ва хоҷагӣ зарур аст, ки ба ҳар як баромади танқидии газета бояд диққати ҷиддӣ дод, барои зуд бартараф намудани камбудиҳо ва норасогиҳои қайдгардида фавран тадбирҳои конкретӣ андешанду дар ин бора ба редаксия хабар диҳанд.

Матбуоти советӣ аслиҳаи бурротарине мебошад, ки бо ёрии вай партияи мо кори тарбиявӣ сафарбаркуниро дар байни омма мебарад. Мо тамоми қувваи эҷодии худро ба он сарф мекунем, ки газетаи районии «Ҳақиқати Хуҷанд» аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои фахрии худ бо сарбаландӣ барояд.

Зинда бод матбуоти советӣ–аслиҳаи бурротарини Партияи Коммунистӣ!».

 Ин сармақолаи рӯзнома имрӯз барои мо иттилооти ҷолибиреро пешниҳод мекунад. Дар бораи вазъи матбуоти давр маълумот дода, мушаххас месозад, ки «Ҳақиқати Хуҷанд» дар оғози фаъолияти хеш чӣ нақшаву ниятҳо доштааст. Огоҳ мешавем, ки охири солҳои 50-уми асри гузашта дар вилоят дувоздаҳ рӯзномаи районӣ ва ду рӯзномаи вилоятӣ фаъолият дошта, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дастраси хонандагон гаштааст.

Дар ҳамин саҳифа ҳамзамон табрикоту шодбошии Шуъбаи вилоятии бюрои ташкилоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба муносибати интишор шудани шумораи аввалини газета нашр шудааст: «Шуъбаи вилоятии бюрои ташкилоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ходимони газетаи «Ҳақиқати Хуҷанд»-ро ба муносибати нашр шудани шумораи аввалини газета самимона табрик ва муборакбод намуда, дар кори эҷодии онҳо муваффақиятҳои калон металабад, бо боварӣ изҳор менамояд, ки газетаи «Ҳақиқати Хуҷанд» дар кори иҷрои вазифаҳои бузурги дарпешистода, ташкилу сафарбар намудани меҳнаткашони район роли худро бо сарбаландӣ ба ҷо меоварад».

Шодбошии коллективи газетаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» низ дар ҳамин саҳифа ҷой дода шуда, рӯзноманигорони ин ҷарида ҳамкасбони хешро табрику таҳният намуда, аз ҷумла қайд кардаанд: «Коллективи газетаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» коркунони редаксияи газетаи районии «Ҳақиқати Хуҷанд»-ро ба муносибати нашр шуда баромадани шумораи якумини газета аз таҳти дил табрик ва муборакбод менамоянд. Орзумандем, ки газетаи мазкур дар ҳалли вазифаҳои азими сохтмони коммунистӣ роли пропагандистӣ, агитаторӣ ва ташкилотчигии коллективии худро бошарафона иҷро менамояд».

Ҳамчунин, дар ин саҳифа муборакбодии депутати Совети Олии СССР Оиша Қаробошева ва шодбошии А.Абдураззоқов низ нашр шудааст, ки коллективи рӯзнома ва хонандагону муштариёни онро бо ин санаи фархунда таҳният гуфтаанд.

Дар саҳифаи 2-юми «Ҳақиқати Хуҷанд» ҳайати партиявӣ, колхозӣ ва корхонаҳои саноатии ноҳияи Хуҷанд инъикос шудааст. Дар ин саҳифа мо зери рубрикаи «Ба ёрии коркунони партиявӣ» маводи «Совети хона ва комбинатҳои маорифи сиёсӣ»-ро мутолиа карда метавонем. Навиштаҳои «Авҷи нави меҳнати самарабахш», «Барои ҳосили баланд» аз вазъи кори саҳро хабар медиҳанд. Репортаҷи «Дар сохтмони комбинати қолинбофӣ» дар баробари иттилоъ додан аз рафти сохтмони комбинат ҳамзамон барои мо аз шеваи истифодаи ҷанри репортаҷ хабар медиҳад. Саҳифаи 3-юми рӯзнома бо забони русӣ мавод пешкаш намудааст. Дар ин саҳифа мо табрики рӯзномаи «Ленинабадская правда»-ро ба муносибати таъсиси рӯзномаи «Ҳақиқати Хуҷанд» мебинем.

 Ҳамчунин, ин саҳифа ба хонандагони русзабон хабару гузоришҳои «Строго выполнять план по каждому объекту», «Горячие сердца», «Пополняется фонд библиотеки» ва «Люди творческой мысли»-ро пешниҳод намудааст, ки аз вазъ ва ҳаводиси сиёсӣ, кишоварзӣ, фарҳангиву адабии ноҳия маълумот медиҳад.

 Хабарҳои хориҷи кишвар дар саҳифаи 4-уми рӯзнома нашр шудаанд. Истифодаи сурат дар саҳифаҳои аввал ва охири рӯзнома низ ҷолиб аст. Фоторепортаҷ иборат аз 1 расм дар саҳифаи аввал аз рафти ғаллағундории колхози «Қизил Юлдуз» иттилоъ медиҳад ва дар зер шарҳи он омадааст: «Колхози Қизил Юлдуз» аз заминҳои худ ҳосили фаровони ғалла ҷамъоварӣ карда истодааст. Дар расм: Кашонидани ғалла ба хирман. Суратгир: Г.Юрченко».

Дар саҳифаи 4-ум бошад, сурат аз ҳаводиси Ҳиндустон нашр шудааст ва дар зершарҳи он омадааст: «Ҳиндустон. Дар сохтмони комбинати металлургӣ дар Бихлай. Дар расм: Сохтмони участкаи сехи прокатӣ».

Шумораи нахустини рӯзномаи «Ҳақиқати Хуҷанд», ки давоми наздик як сол (аз соли 1958 то соли 1959) дастраси хонандагон гаштааст, маълумот медиҳад, ки рӯзнома бо азми ҷиддӣ баҳри тарғибу ташвиқи ҳаёти партиявӣ ва кишоварзӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа оғоз намудааст ва давоми як соли нашри хеш дар инъикоси ҳаводиси замони худ саҳм гузоштааст.

Сурайё Ҳакимова,

номзади илмҳои филологӣ

Читать далее