18 June 2020

МУСОИДАТГАРИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТӢ БОШЕМ

Баъди аз сар гузаронидани мушкилӣ ва масъалаҳои ҳалталаби бемории сироятии Ковид-19 дар қатори дигар кишварҳои сироятёфта, мардуми кишвари моро навиди хурсандибахши коҳишёбии ин бемории наҳс хушнуд сохт. Ҷоиз ба қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд то кунун ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавирус чораҳои мушаххас ва тадбирҳои заруриро андешида истодаанд.

Бо баргузории ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти Раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси КОВИД-19 дар Тоҷикистон қарор қабул шуд, ки аз 15-уми июни соли 2020 ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаю сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ғайра бо таъмини безарагардонии муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Хушбахтона, мардуми ташнаи кору фаъолият  имрӯз дар ҷодаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ ба кори худ шурӯъ намуда бошанд ҳам, бархе шаҳрвандон гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатию маҳлулҳои антисептикиро ба таври мукаммал риоя намекунанд.  Онҳо бояд донанд, ки ин ҳолати онҳо ба паст будани маърифати шаҳрвандиашон далолат карда, нисбат ба нафароне, ки талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Шаҳрвандонро зарур аст, ки ба қоидаҳои беҳдошти саломатӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, фориғболиро аз худ дур намоянд, ба кӯчаҳо, нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоби муҳофизатӣ набароянд, масофаи бехатариро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд. Аз фурӯшандагони бозору мағоза, кормандони ошхонаву тарабхона, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн даъват ба амал оварда мешавад, ки гигиеани шахсию ҷамъиятиро қатъӣ риоя намоянд, бе истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ бо дигарон ҳамсуҳбат нашаванд, фосилаи гуфтугӯро риоя намоянд. Дар он сурат мо метавонем мусоидатгари пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус бошем.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти ду коргоҳи бузурги нассоҷии Хуҷанд “САТН” ва “Ҷавонӣ” боздид намуд

Фаъолияти корхонаи “САТН” ба истеҳсоли сарулибос аз нахи пахта равона карда шудааст. Дар сехҳои он маҳсулоти хоми ватанӣ, пахта то ба коркарди ниҳоӣ расонида мешавад. Айни замон пас аз маҳдудкуниҳои муваққатӣ коргоҳ бо иқтидори пурра фаъолияти худро ба роҳ монда, зиёда аз 500 нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Чӣ хеле, ки мушоҳидаҳо нишон доданд, дар коргоҳ аз ҷониби роҳбарияти он тамоми қоидаҳои санитариву гигиенӣ риоя гардида, аз даромадгоҳ ҳар як корманд пас аз безараргардонӣ вориди бино мешавад. Ҳамчунин, кормандон бо ниқоби тиббӣ ва оина барои чашмон таъмин мебошанд, ки ин бевосита ба нигаҳдории саломатӣ ва пешгирӣ аз сироятёбӣ равона карда шудааст.

Читать далее

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаҳои коркарди мева ва истеҳсоли консерва шинос шуд

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди коркарди меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон корхонаҳои коркарди меваҷот ва истеҳсоли консерва дар шаҳри Хучанд қабули мева ва коркарди онро дар мавсими имсола оғоз намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти ҶДММ “Сирдарё” дидан намуд. Фаъолияти асосии коргоҳ ин коркарди меваву сабзавот ва бастубанди он ба ҳисоб меравад. Бо воридсозии технологияҳои муосири пешрафта истеҳсоли афшураи меваву сабзавот ба роҳ монда шуда, он бо бренди “Мерси баку” ба фурӯш бароварда мешавад.

Читать далее

Сияҳкорон ба мақсад намерасанд!

Бештар вақт Тоҷикистони имрӯзаро бо Тоҷикистони солҳои 90-95 то дуҳазорум муқоиса мекунам ва шод мешавам, ки мамлакати мо гулборон гардиду сулҳу салоҳ ҳукмрон ва корхонаҳои саноатӣ ба пуррагӣ фаъолият доранду соҳаҳои иҷтимоӣ рушд ёфта истодаанд.

Он солҳои вазнин, дар назар дорам солҳои навадумро, аксари корхонаҳои истеҳсолӣ аз кор бозмонда, мутахассисони варзида тарки Ватан намудаву таҷҳизоти коргоҳҳои абарқудрат қисм - қисм гардида буданд. Дастрасӣ ба нон, яъне барои аз мағоза харидорӣ намудани нон худ чӣ мушкилоте дошт, соатҳо паси дари бастаи марказҳои савдо интизори нақлиёти нонкашон менишастем. Чунин интизориҳо асабҳоро абгору мардуми чашминтизор байни ҳам на танҳо муноқиша, балки дастбагиребон ҳам мегардиданд. Омӯзгорону табибон тарки муассисаҳои таълимиву табобатӣ намудаву як кунҷи бозорро ихтиёр карда, бар замми ин, тавқи мусофирӣ баъзе аз ҷавононро гиребонгир шуда буд.

Пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ин нобасомониҳо, ҷангу ҷидолҳо, ноҳамвориҳои зиндагӣ бо талоши мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан паси сар шуданд.

Пас аз баргузории мулоқот дар кишварҳои бегона бо намояндагони мухолифин ва дигар давлатҳо, пас аз баргардонидани тоҷикони бурунмарзӣ, пас аз барқарор сохтани минтақаҳои бар асари нобасомониҳо талаву тороҷёфта, пас аз ба фаъолият пардохтани аксар корхонаҳои саноатӣ, бунёди мактабҳову биноҳои табобатӣ, дастгирии ҷавонону муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ, рушди соҳаҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, боз гардидани роҳҳо, ки онро метавон роҳ ба дилҳо номид зиндагӣ маҷрои хешро ёфт. Ва хеле зинаҳоро тай намудааст халқи фарҳангпарвару меросбару тамаддунофари тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат то ба ин рӯзи сулҳу оромӣ расидан.

Тавре худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудаанд: «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад».

Баъди ба даст овардани истиқлолияту ободкориҳо имрӯз баъзе нафароне, ба мисли Кабириву Шарофиддин Гадоев ҳастанд, ки ин ҳама хуррамию тинҷии Тоҷикистонро дида натавониста, бо туҳмату ифроткориҳои худ дур аз диёр, дар кишварҳои бегона паноҳ бурда, мардумро ба иғво андохтанӣ, мафкураи мардумро вайрон карданӣ мешаванд, ҳеҷ ба мақсад намерасанд!

Ин тоифа, ки худ низ парвардаи обу хоки Тоҷикистони азиз ҳастанд, имрӯз ободиву шукуфоии сарзамини худро дида наметавонанд. Ҳар кӯрдилу нотавонбин, оне, ки сӯи Ватани худ санг меандозад, ҳаргиз ба ҳадафи худ ноил нахоҳад гашт!

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Хоинони Ватан рӯзе пушаймон хоҳанд шуд

Пешравию тараққиёт ва зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дошта, инро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат дарк ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос намуда истодааст.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз ба кишвари тинҷу ором, ободу зебо мубаддал гардида, дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст. Мардуми шарифи кишвар дар фазои сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ бо арҷгузорӣ аз хизматҳои шоистаи роҳбарияти олии кишвар умр ба сар мебаранд. Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст, ки боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар аст. Мо бояд аз тақдири неки хеш шукргузор бошем.

 Вале ҳастанд нафароне, ки дучори таассубу нодонӣ гашта, ба файзу нусрат ва пешрафти Ватани маҳбубамон ба назари бад менигаранд, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст. Дар расонаҳои хабарӣ бо ҳар гуна баромадҳояшон худро ғамхору адолатпарвар нишон дода, бо ин восита мехоҳанд, сафи ҳаммаслакони худро зиёд гардонанд. Имрӯз мардуми тоҷик хуб дарк кардааст, ки мақсади ин тоифа пок нест. Бояд қайд намуд, ки давлату ҳукумат тӯли соҳибистиқлолии худ ба онҳоеро, ки раҳгумзада ва фирефтаи найрангҳои мухолифин гардида, ба кирдорҳои нохалафона даст зада буданд, чандин маротиба бахшидааст.

Вале як гурӯҳи хиёнаткор марзи кишварро тарк намуда, ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ шомил гашта, дар кишварҳои хориҷӣ мақсадҳои иғвогаронаро амалӣ карда истодаанд. Онҳое, ки имрӯз ба ин гурӯҳҳо шомил шудаанду нангу номуси худро ба хоҷагони хориҷии худ фурӯхтаанд, ба монанди Шарофиддин Гадоев, албатта пушаймон хоҳанд шуд. Набояд ҳар як сокини бонангу номуси кишвар фирефтаи нафарони иғвогар гумроҳ гардем.

Гуфтан ҷоиз аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба кишваре табдил ёфтааст, ки марзу бум ва халқи худро ба пуррагӣ ҳимоя карда метавонад ва кафили якпорчагии кишвари азиз мебошад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Ҷавонон - қувваи бузурги мубориза бар зидди терроризм

То замоне, ки терроризм ва экстремизм аз байн бурда нашавад, ягон минтақае наметавонад худро дар амну амонӣ эҳсос намояд.

Муқовимат бар терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро дар тамоми зуҳуроташ қотеъона маҳкум менамояд, аз талоши дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд.

Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти террористӣ дар муҳити ҷамъиятӣ ин анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда байни ҷавонон маҳсуб мегардад. Дар ҷодаи мубориза гузаронидани маҷмӯи тадбирҳои мушаххас дар роҳи ташаккул ва тарбияи фарҳангии ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон нақши муфиде хоҳад дошт.

Дар кори мубориза бар зидди зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар ҷомеа, дар ташаккули афкори муштараки ҷамъиятӣ, мавқеи шаҳрвандии эҳтиромгузор ба Қонун дар шароити зудрушдёбандаи ҷумҳурӣ васоити ахбори омма манбаи қавие мебошад, ки бо кӯмаки он афкори ҷамъиятӣ ташаккул дода шуда, ҷавононро дар руҳияи эҳтиром ба Ватану миллат, анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари азизамон тарбия менамояд.

Бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳилаи сифатан нав – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди онҳо саҳми худро гузорем.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба мувафаққиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Таҳким бахшидан ба сулҳ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик.!

Н. ҒАФФОРОВА,
мудири ширхоргоҳ - кӯдакистони №4 шаҳри Бӯстон

Читать далее

НОДИДА ГИРИФТАН НОБАХШИДАНИСТ!

Тариқи сомонаҳои интернетӣ паҳн шудани навиштаҳои яке аз нафароне, ки худро тоҷик ҳисобида, ба халқу Ватани худ хиёнат мекунад, маро ба гузаштаи на чандон дур, ҳамагӣ наздик се даҳсола бурд.

Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ барои давлати Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки мустақилияти худро ба даст орад. Ҷоиз ба қайд аст, ки мустақилият барои халқи азияткашидаи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Он ба ивази талошу заҳматҳо, ҷонфидоиҳо ва меҳнати фидокоронаи мардуми сарзаминамон рӯи кор омадааст. Маҳз, андешаҳои некбинона нисбат ба ояндаи кишвар доштан мардумро ба он водор сохт ва дар муддати кӯтоҳ ба он муваффақ шуд, ки пояи давлати дарвартамондаро аз нав барқарор созад. Хушбахтона, дарозои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мамлакат хеле обод шуд. Мардум имрӯз дар фазои тинҷу осуда ва ҳамдигарфаҳмию сулҳу ваҳдат умр ба сар мебаранд.

Халқ бовар дошт, ки зина ба зина, марҳала ба марҳала ва ҳатто, соат ба соату лаҳза ба лаҳза метавонад, бахту саодатовар ба кишвари худ - Тоҷикистон бошад. Ба шарофати Истиқлолият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ-Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд. Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Туфайли ба даст овардани мустақилият Тоҷикистон бо беш аз 80 созмони бонуфузи ҳамгироиву ҳамкориҳо ва 140 мамлакати дунё робита дорад. Имрӯз, агарчи Тоҷикистонро тамоми кишварҳои рӯи олам мешиносанду шартномаи ҳамкорӣ бастаанд, аз ҷониби як тоҷиктарош нодида гирифтани ин пешравию муваффақиятҳо ноадолатии маҳз аст.

Дидани ободию тозакориҳо ва рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз, таъмини ояндаи дурахшони фарзандон, зиндагӣ кардан дар давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва соҳибихтиёр, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнати софдилона орзуи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Вазъи кунунӣ ва ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ – паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 имрӯз Тоҷикистони офтобии моро низ фарогир буда, барои пешгирӣ ва мубориза бо он тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Маҳз талоши ҷонфидоёнаи халқи шарифи мамлакат ва махсусан шифокорон буд, ки имрӯз ин маризӣ дар сатҳи коҳишёбӣ қарор дорад. Ин ҳолатҳоро нодида гирифтани хоинони миллат, сарварон ва пайравони ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла Шарофиддин Гадоев барин нафаре, ки аз дур истода, овоз баланд мекунанд, нобахшиданист.

 Ман ҳамчун як шаҳрванди ин сарзамин эътимод бар он дорам, ки ин фирефташудагон рӯзе, албатта, аз амалҳои хеш пушаймон мешаванд, зеро баҳри ҳар инсон гуноҳе бештар аз он нест, ки бо обу хоки Ватан ба воя расаду сипас дар ҳаққи он кӯрнамакӣ кунад.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Хоин надорад охират!

Хуб медонем, ки мамлакате, ки аз ҳама ҷиҳат рушду нумуъ ёфтааст ва дар он ободиву сулҳу субот ҳукмфармост, диққати кишварҳои дунёро ба худ ҷалб месозад. 

Дар натиҷаи тадқиқоти олимону муаррихони хориҷӣ муайян гардидааст, ки сарлашкари тавонову хунхор, сардори империяи бузурги муғулҳо Чигинзхон, ки  наздик нисфи дунёро мусаххар карда буд,  оид ба зулму кушторҳо, ғасби ваҳшиёнаи кишварҳо, бераҳмиву хунхориҳои ӯ маълумот бо санадҳо исботи худро ёфтаанд. Бо вуҷуди доштани лашкари андак, забт намудани мамлакатҳои аз худ ду ё се баробар бузург чӣ тариқа муяссар гардидааст?

Мегӯянд, Чингизхон мамлакатҳоеро зери чашм мекард, ки аз ҷиҳати тамаддун,  маданият, фарҳанг, иқтисодиёт ва тиҷорат пешрафта буд. Ӯ ҳеҷ ҳароси мағлуб шуданро надошт, зеро ба ҳиллаи худ эътимоди зиёд дошт. Боре, барои мағлуби Империяи қудратманди Хоразмшоҳиён аз ҷосусони саводогари он мамлакат, махсусан аз хиёнати тоҷир Маҳмуди Ялвоҷ истифода намуда буд. Чингизхон бо ҳар гуна давлату мансаб ӯро фиреб дода, аз асрори давлати Хоразмиён огоҳ гардид ва ба осонӣ онро забт намуд.

  Пас аз муваффақияти лашкаркашияш ҳеҷ раҳме ба он хоинон намекард. Маълумоте мавҷуд аст, ки ғаниматҳои ҷангиро, ки тиллову нуқраву ашёҳои гаронарзиши хеле зиёд буданд, ба якчанд лашкар супориш медод, ки дар фалон ҷо чоҳ кананд ва дар он пинҳон намоянд. Баъди анҷоми кор онҳоро ба қатл мерасонид ва ҳатто он ҷаллодоне, ки онҳоро қатл карда буданд, онҳоро низ нест мекард. Бо ҳамин роҳ амнияти худ ва молашро таъмин мекард, яъне фақат дар сар андешаи худро дошт, на каси дигарро!

 Аз замони Чингизхон даҳ ҳазор сол гузашта бошад ҳам, номи ӯ дар таърих монд, аммо он хоинон то охират бори лаънатро бар худ гирифтанд. Имрӯзҳо низ ҳастанд Чингизоне, ки дар асоси кашмакашиҳои сиёсии душманони ватаниву хориҷӣ истиқлолияти худро ба даст оварда,  айни замон озодона дар асоси неъматҳои бофароғат зиндагӣ доранд.

Тоҷикистони азизи мо имрӯз дар муҳити ваҳдату соҳибистиқлолӣ шукуфон аст. Буданд хоинони ватанфурӯши кӯрнамак, ки аз марзи Ватан берун истода, ба чашми модар найза рост мекарданд. Яке аз чунин нафарон дар замони муосир собиқ роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони гумроҳашанд, ки шармандавор дар байни мамолики хориҷӣ миллати тоҷикро мазаммат карда, асолати худро ба андак ваъдаҳои хоҷагони хориҷияш фурӯхта истодаанд. Дар ягон китобҳои исломӣ, ҳадисҳо, оятҳои қуръонӣ наомадааст, ки дар рӯи замин фасод кунед, иғво андозед, ғайбат кунед, нисбати Ватан хоинона сар бардоред, чашми бадбин, туҳмати ноҳақ нисбати бародари муслим дошта бошед. Баръакс, Ислом моро ҳамеша ба некандешиву некусуханӣ  ва ба роҳи рост раҳнамоӣ месозад. Дӯст доштани Ватанро аз имон медонанд ва шоҳро сояи Худо дар замин меандешанд. Агар шоҳ дар замин ноадолативу зулм кунад қазоваташ дар дасти Худо, на ин ки дар дасти фуқаро.

Мардони баномуси тоҷик аз даврони пайдоиш бо меҳнати ҳалолу рӯзии дарёфтнамудаашон қаноат мекарданд. Агар норозигие дошта бошанд, рӯирост муроҷиат ва талаби адолатро озодона мекарданд.  Нафароне ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ба қавле “тарсончакона” зери як сақф ҷамъ омада, кӯшиш доранд, ки ба рӯҳияи мардуми тоҷик халал расонанду зеҳни онҳоро заҳролуд созанд. Аммо онҳо огоҳ нестанд, ки мардуми тоҷик дигар ба ин фитнаву шӯру мағалҳои онҳо бовар намекунанд, дигар миллати тоҷик тобеи фикри ҳеҷ кас нест, худ хулоса мебарорад ва хайрро аз шарр ҷудо карда метавонанд. Баръакс аз болои онҳо механданд, ки ин қадар шармандаву нокас ҳастанд. Аз вуҷуди онҳо нафақат халқи тоҷик, балки падару модароне, ки онҳоро ба дунё оварданд, нафрат доранд. Онҳо кӯрнамакони беватан ҳастанд, оқибати кори онҳо марги сарсонӣ аст.

Аз рӯи пайнавиштҳо, вокунишҳо ва ҷавобияҳои  матнҳои гузошта ба сомонаи ISLOH.net маълум мегардад, ки мардум нисбати онҳо чӣ қадар нафрату бадбинӣ доранд.

Мо имрӯз як  иттиҳоди бузургем, ки наметавонад суботи моро ягон ағёр халалдор созад. Мо аз тоҷик будану тоҷикистонӣ будани худ ифтихор дорем.

Ирода ИГАМОВА,
номзади илмҳои филологӣ

Читать далее

Падидаҳои номатлубро пешгирӣ намоем

Экстремизм ва терроризм, ки ҳамчун вабои аср рӯз аз рӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда аст, хатари калон барои амнияти тамоми сайёраи мо мебошад.

Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб имрӯз ҳеҷ як фарди солимақли ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Гурӯҳу ташкилотҳои ифротгаро аз номи дини мубини ислом баромад намуда бо амалҳои нангини худ номи поки исломро доғдор намуда истодаанд.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Террористон ҳамеша шаҳрвандони ноогоҳро барои расидан ба ҳадафҳои касифи худ истифода мебаранд. 

Мо, омӯзгорони ҷавон кӯшиш ба харҷ медиҳем, то роҳи паҳншавии ин зуҳуротро гирем. Барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бояд онҳо ба омӯзиши ҳунару касб кӯшиш намоянд, ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд, бад нафъи ватану мардуми диёрамон бо фаъолияти босамар саҳм гузоранд. Моро зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба насли наврас арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, масъалаҳои мубрами сиёсии рӯзро пайваста омӯзонем, ба таълими фанҳои инсоншиносӣ, таърих, ҳуқуқшиносӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем, зеро фанҳои мазкур маънавиёт ва маърифати миллиро ғанӣ месозад.

Шаҳноза АТОХОҶАЕВА,
омӯзгори фанни технологияи иттилоотии
МТМУ№11, Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон

Читать далее