19 June 2020

Раҷаббой Аҳмадзода: таваҷҷуҳ ба соҳаи тиб - тақозои замон

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум

Санаи 19 – уми июни соли равон таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум доир гардид.

Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар кори иҷлосия муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарият ва масъулини соҳаи тандурустии вилоят, сартабибони беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ иштирок намуданд.

Читать далее

Пистаи бемағз агар лаб во кунад… Ё посухе ба Мирзои Салимпур

Пистаи бемағз агар лаб во кунад…

Ё посухе ба Мирзои Салимпур

 

Дӯстам Мирзои Салимпур! Аслан, навиштанро он қадар дӯст намедорам зеро вазифаи ман нест, вале навиштаҳоятро дар робита бо филми «Хиёнат» хондаму кунҷковии касбиам боло гирифт. Дар он бисёр нуқтаҳои ҷолиберо дарёфтам. Ва тасмим гирифтам ба худат муроҷиат кунам.  

Барои мо равоншиносон матраҳ аст, ки дар лаҳзаҳои истисноӣ, таҳти таассуроти воқеа ё рӯйдоди мушаххас, инсон ғайриихтиёр баъзе паҳлуҳои хислат, рӯҳия ва мушкилиҳои равонии хешро барои атрофиён фош месозад, ки дар дигар лаҳзаҳои ҳаётӣ метавонист онҳоро пинҳон дорад. Ин омил боис шудааст, ки ту таҳти таассуроти сахте аз зарбаи нишонрас, саросемавор ба ҳимояи худ шитофтаӣ. Талош баҳри сафед кардани хеш, туро ҷониби иштибоҳи сахте бурдааст, зеро бидуни дарки ҳиссиёти лаҳзаина ҷавҳари аслии рӯҳӣ-равонии худу ҳамфикронатро  ифшо кардаӣ: 

 

  1. Ин далели аз ҳама асосист ва таҳрикдиҳанда ба иншои навиштаҳоят. Ту қойил шудаӣ, ки  бародарат Илҳом Салимов «аз нигоҳи равонӣ нуқс дорад, ва ҳар коре фармоянд мекунад». Бемор (патсиент)-и мо Илҳом Салимов нест, мо бо ӯ кор надорем.  Худат таъкид мекунӣ, ки бародарат мушкилоти равонӣ дорад. Вале шояд надонӣ, ки аз назари тиббӣ-равонӣ, агар дар хонадон як нафар гирифтори ин беморӣ бошад, пас дигар аъзои оила низ наметавонанд аз он орӣ бошанд.

 

Дар ин маврид, худу бародарат дар оила танҳо нестед. Худат шаҳодат медиҳӣ, ки маризӣ дар хонадонатон ирсист. Рӯ меорем ба навиштаат: «Бобои ман раиси колхоз ва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ буд. Падари ман солҳо раиси совхоз ва муовини аввали раиси ноҳияи Ҳисор буд. Ҳарду дар ободонии он диёр саҳми беназир доранд. Он қадар сохтанду обод карданд, ки…  Падари ман номашро барои он иваз кард, ки намехост ҳамноми Сангак Сафаров бошад…». Оё инсони саломат метавонад номи бо ҳазор заҳмат   шуҳратёр кардаашро ба хотири каси дигар иваз кунад? Не! Яқинан чунин инсон мариз аст. Нуқси равонӣ дорад. Девона аст. Чунки бо иваз кардани ном ӯ гузаштаи худро – «раиси совхоз, муовини аввал, саҳми худро дар ободонию ғайра» хати батлон кашидааст. Барои чӣ?

Барои он, ки дар лаҳзаҳои пирӣ, зери таъсири андешаю ақидаҳои хурофотиву ифротие қарор гирифт, ки ҷаҳолату босмачигариро мепарастанд. Агар мағз солим мебуд, душмани донишу мактабу маърифат, Фузайлмахсуми босмачӣ ва қотили муаллимаҳои Рашт васф намешуд, ки: «касест, дар вақташ мардона барои озодии Ватанаш аз юғи русҳо мубориза бурд». Кадом юғ? «Юғе», ки бобоятро Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва падаратро то ба муовинии раиси ноҳия расонид? Ҳаққо, ки «мағз агар тира шавад, ҷаҳл бар ӯ чира шавад».

Бобоят қаҳрамон, падарат коммунист, худи ту Салимпур босмачӣ! Аҷаб! Магар Фузайлмахсум барои барқарор кардани тахти амирони манғитӣ тоҷиккушӣ надошт? Чун об рӯшан аст, ки босмачиҳои баччабоз агар ғолиб мебаромаданд, Тоҷикистон имрӯз намебуд. Бобои қаҳрамону падари раисат намебуданд, худат намебудӣ. Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуровро варақ зан! Ё аз онҳо бештар медонӣ? Магар симои ҳақиқии босмачиҳоро касе аз онҳо беҳтар кушодааст?

2. Салимпур, ту дар ин навишта ифшо сохтаӣ, ки дар палатаи беморони рӯҳӣ танҳо нестӣ. Менависӣ, ки: «Чанд сол пеш, ёдамон ҳаст, ки як бародари мушкили равонӣ доштаи Муҳиддин Кабириро ба зиддаш истифода бурда, ҳатто мусоҳибаашро дар матбуот нашр карданд».

Ҳай  боракалло! Қасам мехӯрам, ки намедонистам дар авлоди Кабирӣ низ бемории рӯҳӣ реша доштааст. Яъне ин оила низ аз нигоҳи ирсӣ кафолат надорад, ки ҷунун ё девонагӣ ба дигар узвҳои он, аз ҷумла, худи Кабирӣ бетаъсир мондааст.

3. Девонагии  Шарофиддин Гадоев, дигар ҳамдасту ҳамақидаи туву Кабириро натанҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар Аврупо ҳам медонанд, ки ҳоҷат ба шарҳаш нест.

4. Дар ин рӯйхат агар шарики собиқи ин гурӯҳ, марҳум Умаралӣ Қувватовро, ки чандин дафъа дар беморхонаи рӯҳӣ муолиҷа шуда буд, зам кунем, ба кадом натиҷа мерасем? Натиҷа якест: эй вой бар гурӯҳаки ба ном мухолиф. Дилам ба миллати тоҷик месӯзад, ки имрӯз дар Аврупо чанд ҷунунзадае ҳамроҳ бо ду майзадаю як нашъаманд онро муаррифӣ карданӣ мешаванд.

5. Салимпур, ростӣ ба ту раҳмам меояд. Хафа нашав, аз ман малол мабош. Лекин худро журналисти шинохта тарошӣ ҳам, дарк накардаӣ, ки ин филм муқобили туву дигар бечораҳои аз нигоҳи равонӣ маризу ҳамдастат нест. Магар як давлат бо ду-се девона сар ба сар мешавад? Барои ин филмбардорон туву Кабирӣ кӣ ҳастед? Ҳеҷ кас! Шумо як бечора, бозичаед дар дасти дигарон. Ва ин филм маҳз ба онҳо нигаронида шудааст, ба кишварҳои бузурге, ки шуморо лӯхтак кардаанд. Ва мехоҳанд Тоҷикистони мустақили моро туъмаи манфиатҳои худ созанд. Ором бош! Дар ин майдон туву кабириҳоят  ба мӯрчае баробаред, ки аз ду-се метр он тарафтар ба назар намерасад. Бо мӯрчаҳо касеро кор нест.

6. Филмбардорон, хоҳ аз «Тоҷикфилм»-анд хоҳ аз ҷойи дигар, онҳо кори худ, вазифаи худро иҷро кардаанд.

Вале ман аз дигар ҷиҳат ҳайронам. Дар як филми сесоата ту танҳо он лаҳзаеро мебинӣ, ки кирдорҳои худат ифшо шудааст. Аммо чаро дар бораи он ҳақиқате, ки собиқ аъзоёни сатҳи роҳбарии ташкилоти террористии ҲНИ Айёмиддин Сатторов, Эшони Қиёмиддин, Зарафо Раҳмонӣ ва даҳҳо шоҳидони воқеии дигар нисбат ба кирдору ҷиноятҳои наҳзат мегӯянд, хомӯшӣ ихтиёр кардӣ? Чаро он қатлу ваҳшигариҳо, ба ҷои шир макидани хуни модари тавассути қотилони наҳзатӣ кушташударо аз тарафи тифлаки маъсум намебинию наменависӣ?

7.  Салимпур, маълум, ки дар синну сол аз ман хурдӣ ё калон, вале дар фаҳмиш заиф ҳастӣ. Ин филмро ман аз се канали Тоҷикистон, бо фосила, пай дар пай тамошо кардам. Бори дигар ба ту хотиррасон карданиам, малол нашав, асабонӣ набош, фоида надорад. Гаштаву баргашта ба ту мегӯям: ин филм ба туву Кабириву Гадову Сақо рабти ҷиддӣ надорад. Ба шахсияти ту додарат, фарзанди падарат ҷавоб додааст, ба Кабирӣ ҷанозаи модарашу беморхонаи сироятиву ҳазор далели дигар.  Бас аст. Дар ин дунё ману туро дигар кӣ беҳтару хубтар  медонад. Рӯканиву мӯканиҳоят суд намебахшанд. Об аз сар гузашт.

Мантиқи филм – марбут ба мавзӯи фурухтани Ватани аҷдодӣ аст. Мавзӯи филм фош кардани раванди иртиҷоии байналмилалие аст, ки намехоҳад ТОҶИК, ТОҶИКИСТОН вуҷуд дошта бошад. Оне, ки ту худро рӯзноманигори озод мегӯӣ, оне, ки тавре додарат мегӯяд, ки фарзандони ту забони модариашонро намедонанд, худат тасдиқ мекунӣ, ки авлоди ту ва авлоди Кабирӣ воқеан касали рӯҳӣ доред, шояд воқеият дошта бошад.  Авлоди Гадоев Шарофиддин бошад, ба тарзи ҳуҷҷатӣ бемори рӯҳӣ мебошанд. Рӯҳ чӣ ҳаст? Рӯҳ амали инсон аст. Бо таъкид иброз медорам, инҳо муҳим нестанд. Ин гапҳо дар филм нест. Худатон иқрор шудед ва ин сирри тиббии оилавиатонро акнун дар тамоми дунё ифшо кардед. Ман чизи дигарро гуфтаниам, шумо дар Тоҷикистон, дар Ватанатон камбудӣ мекобед. Дидед, дар як оилаҳои худатон чӣ қадар камбудӣ ҳаст. Ҷомеа ҳам ҳамин аст,  додар.

Шумову  кабириҳову кузовҳову садриддиновҳову истаравшаниҳо чанд овҳои дигар як боди фалак, як хаси таги дег, як қалами шикаста, як оҳи бефоидаи бадномии авлодатон ҳастед. Каси дигаре нестед. Додаратон шумоҳоро дуруст баҳо додааст. Ин танҳо хислатномаи ту нест. Ин хислатномаи Кабириву ҳамаи шумо аст. Аз таҳлилу таърихдониву хулосабарориву шеваи гуфтору ҷумлабандиву рафторатон маълум аст. Ин айби шумо ҳам нест. Шуморо кофтанд, ёфтанд, интихоб карданд. Ба шумоҳо луқма мепартоянд, шумо давидаву парида онро мечаред, тавре худатон фармудед, 15-20-то гӯё мақола менависед. Навиштан бигиред. Навиштан гиред. Лекин заминеро, ки дар он модар шуморо таваллуд кардааст, фаромӯш накунед. Замине, ки падаратонро дар оғӯшаш гирифтааст, фаромӯш накунед. Ин Замин ҳам интизори шумоҳо аст...

Ман намехостам шуморо малол кунам. Аммо чӣ илоҷ? Воқеияти зиндагӣ ҳамин аст.      

 

Шарипов Нуралӣ Абдуллоевич,

директори Маркази бемориҳои рӯҳии

Вазорати тандурустии Тоҷикистон

 

Читать далее

МИРЗОИ САЛИМПУР - АГЕНТИ ХОРИҶӢ...

Наворо аз инҷо бинед:

https://www.youtube.com/watch?v=XN8bKEXkoDM

Читать далее

МИРЗОИ САЛИМПУР - РӮЗНОМАНИГОРИ НОХАЛАФ...

Наворо аз инҷо бинед:

https://www.youtube.com/watch?v=8KW67jy2n-s

Читать далее

МИРЗОИ САЛИМПУР - ОҚИПАДАР-I...

Наворо аз инҷо бинед:

https://www.youtube.com/watch?v=lH8rqZm-Y1Q

Читать далее

Мирзои Салимпур авлоди Фузайл Махсум

Наворо аз инҷо бинед:

https://youtu.be/gBwtvVfKl2c

Читать далее

Ду китоби нав аз Кароматулло Олимзода

Ба наздикӣ ду китоби нави академик Кароматулло Олимзода «Меҳри модар» ва «Мувашшаҳот ба аҳли адаб» тариқи нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе  дастраси ҳаводорони шеъру сухан гашт.

«Меҳри модар» ёдномаест аз зиндагӣ ва рӯзгори модари муаллиф, ки ба гиромидошти модарони олам бахшида шудааст. Тариқи ёддоштҳои муаллиф хонанда бо эҳсоси латифи  фарзанд нисбат ба модар ошно шуда, як бори дигар  ба азамати дарёи муҳаббату ҷонфидоии модар мафтун мешавад.

 «Мувашшаҳот ба аҳли адаб» китоби дигари Кароматулло Олимзода   шомили мувашшаҳот бар аҳли илму адаби кишвар мебошад.

 Дар адабиёти классики мо мувашшаҳ яке аз намудҳои маъмули шеър буда, дӯстию ҳусни нияти шуаро ва донишмандонро, ки ба ҳам мукотиба мекарданд ё мусоҳиби ҳам буданд, нишон медиҳад. Муаллиф дар пешгуфтори ин китоб қайд мекунад, ки «ин мувашшаҳҳо аслан бо расмулхати алифбои ниёгон иншо шудааст ва аз сари ҳар байте номи шахс падид меояд  ва маҳсули «гӯшанишинӣ» дар давраи «ҳуҷуми» коронавирус буда, чун  «барги сабзе туҳфаи дарвеш» ба орзуи сиҳатмандӣ  ва раҳоӣ аз ин офат ба дӯстон тақдим мегардад».

Китоб бо муноҷоте оғоз шудааст, ки изҳори илтиҷои муаллиф барои беҳрӯзӣ ва саодати мардуми шарифи Тоҷикистон  аст.  Хонандагони метавонанд аз ин китоб мувашшаҳот ба Абдулҳамид Самад, Абдуфаттоҳ Кулолӣ, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Аскар Ҳаким, Ато Мирхоҷа Нирӯ, Гулназар, Зулфия Атоӣ, Меҳмон Бахтӣ, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Носирҷон Салимӣ, Сайидалӣ Маъмур, Фарзона, Саттор Турсун ва дигаронро пайдо намоянд.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Самараи пурбори якдиливу иттиҳод

Соҳибистиқлолии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки имрӯз дар кишвари мо ба рушди босуботу пешрафти иқтисодиёт, фарҳангу маориф, илму техника диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Ҳамаи ин муваффақиятҳо ва дастовардҳо сахт бастагӣ дорад ба сулҳу субот ва оромии кишвар, ки ба шарофати ҷонбозиҳои фарзонафарзандони Ватан ба даст омадаанд.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ неъмати беназири ҷомеаи муосири мост. Талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳ шинохта шуда, таҷрибаи сулҳофарии мардуми сарбаланди Тоҷикистон мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.

 Маҳз, Ваҳдат ва суботи ҳамешагӣ аст, ки сол то сол бештар аз пештар дар тамоми соҳоти кишвар дастовардҳои назаррасу бесобиқа ба чашм мерасанд. Ин талоши пайгирона ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда, фароҳамсозии шароит барои ободкориву бунёдкорӣ моро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз хушбин месозад. Бояд гуфт, ки бавиҷа чанд соли охир барои мардуми сарбаланди кишвари азизи мо соли дастовардҳои бузургу бесобиқа буд.

Имрӯз дар аксари соҳоти хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиёт ба шарофати таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдории Истиқлолияти давлатии мамлакатамон қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуданд. Дастоварди бузургтарини мардуми шарифи кишвари мо он буд, ки маъракаи муҳими сиёсии кишвар - Итихоботи парлумони кишвар шаффову демократӣ баргузор гардид ва дар доираи омодагӣ ва ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги давлатӣ 30 - солагии Истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти шиори «1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои шоиста роҳандозӣ мегарданд.

Шоистаи таъкид ва ёдоварист, ки маҳз шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз мо боифтихор аз бунёди НБО «Роғун» ва ба фаъолият шуруъ кардани ду агрегати он ҳарф мезанем. Воқеан ба кор оғоз намудани НБО «Роғун» аз беҳтарин дастоварди замони Истиқлоли мост. Зеро ин неругоҳ шароит муҳайё мекунад, ки иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта шавад, сокинони мамлакат тамоми фасли сол бо неруи барқ таъмин бошанд ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам ояд. Ба кор андохтани агрегатҳои иншооти тақдирсози аср - Неругоҳи барқи обии “Роғун” оғози гардиши куллӣ ба сӯи муваффақиятҳост. Зеро кишвари мо имкон дорад, ки баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз лиҳози фоизи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд.

Васфи ин неругоҳе, ки ба ҷаҳониён имкон ва қудрати кишвари моро муаррифӣ месозад, дар лабони пиру барно танинандоз аст. Воқеан, Роғун сохтмони аср аст. Ва дил аз ин комёбии беназири миллати хеш зам - зама мекунад:

Шуҳра шуд Роғун ҷаҳонро баъд аз ин, аз ҳар канор,

Халқи моро офаринҳои дучандон мерасад.

Нақби Роғунро, ки бошад обрӯву эътибор,

Сояи лутфи Худо бар Тоҷикистон мерасад.

Ободиву ободкорӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла дар вилояти овозадори мо Суғди бостон низ бо шарофати ҳамин сулҳи мост. Зимнан бояд гуфт, ки дар доираи ин ободкориҳо дар қаламрави вилоят то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ иншооти гуногун сохта мешавад. Аз ин миқдор танҳо дар маркази вилоят -шаҳри Хуҷанд 250 иншоот бунёд хоҳад шуд, ки аксарашон аллакай ба истифода дода шудаанд. Воқеан, бунёди тарабхонаҳои брендии «Фарел», «Темурмалик», азнавсозии меҳмонхонаи «Ленинобод», Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, «Қалъаи Хуҷанд» ва бунёди Роҳи танобӣ аз болои дарёи Сир, сохта ба истифода додани чандин корхонаҳои хурду бузург аз самараҳои пурбори якдиливу иттиҳод аст.

Худи бунёди Роҳи танобӣ заминаи хуби инфрасохторӣ ба рушди сайёҳӣ дар миқёси вилоят мебошад ва баландии он аз сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода, баъди ба истифода додани он 16 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр аз тарафи соҳибкорон бунёд гардида, дорои 47 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кабинаи хизматрасонии олӣ буда, дар як вақт барои 160 нафар хизмат расонида метавонад. Ин мавзеи Хуҷанди бостон дар қатори Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ, Хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ мавзеи истироҳату фароғат ва тамошои сокинону меҳмонон гаштааст.

Бале, Ватан, Истиқлолият, озодӣ ва ободӣ аз воҷаҳои муқаддас ба ҳисоб рафта, ба қадри ин воҷаҳову асли мафҳуми онҳо нафаре мерасад, ки аз муборизаву ҷоннисориҳои халқ дар роҳи расидан ба озодию Истиқлоли миллӣ бохабар аст.

Сарвари давлат низ ин нуктаро борҳо дар баромад ва суханрониҳои хеш таъкид сохта, Ваҳдати миллиро иқболи баланду бахти неки Тоҷикистон медонанд. Зимни ёдоварӣ аз дастовардҳои ҷомеаи муосир наметавон аз барқарории муносибати дӯстона бо кишвари ҳамсоя ёдовар нашуд.

Дар ҳақиқат, падидаи фараҳбахши баъди тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамсоягароӣ аст, ки аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми ду кишвар мебошад. Талошҳои Сарвари давлат дар ин замина низ шоистаи таҳсину хушҳолист. Ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, таъмини рафтуомади озодонаи мардум аз дастовардҳои муваффақ дар арсаи дӯстии ин ду халқи бародар мебошанд.

Заҳмату талошҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имрӯз кишвари мо дар масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ, ки мушкили асосии мардуми сайёра мебошад, чун кишвари ташаббускор ва пешсаф шинохта шудааст. Ва агар сулҳу субот ва Ваҳдати комил набудӣ, ин ҳама аз куҷо будӣ?

Таваҷҷуҳ ба беҳтар намудани шароити некӯаҳволии мардум ва бо ин мақсад самаранок истифода бурдани обу замин, зиёд намудани истеҳсоли маводи ғизоӣ, таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, бахусус пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои кории нав аз ҳадафҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар аст ва вазифаи ҳар яки мо дар ин росто ҳимояву ҳифзи бошарафонаи ин марзу бум ва таҳкими ваҳдату суботи кишвар мебошад. Мо бояд барои тараққиёту шукуфоии кишвари азизамон саҳми худро гузорем. Суботи меҳани хешро дар мадди аввал гузоштан муҳимтарин нишони дӯстдории Ватан аст.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МОШИНИ ВАҚТ: САФАРИ АВВАЛ!

75 ДАРРАИ АЙНӢ.

 БАРОИ ЧӢ САДРИДДИН АЙНӢ ЗИНДА МОНД?

Тӯли солҳост, ки чӣ тавр ва бо кадом роҳ бунёд кардани “мошин вақт” дар зеҳнам давр мезад ва ғолибан ин ғоя дар сари ҳар инсони закӣ ва худшинос давр мезанад ва орзуи рафтан ба гузаштаву бо чашми сар дидани ҳаводису шахсиятҳо дар дил парварида мешавад. Ҳама дар ин олами ҳастӣ дар сар андешаи аз худ нишоне гузоштанро дорад. “Мошини вақт”-и ман омода шуд! Инак, имкон дорам, ки дар оғоз танҳо ба гузашта сафар кунам. Сараввал андешидам, ки кадом лаҳзаи ҳаёти гузаштагони ман ҳассос буда ва кадомин фурсатҳо шоистагии онро доранд, ки ман ба қаламрави онҳо сафар анљом диҳам. Аввалин хоҳишам дидани ҷисми лоғар ва андоми сабзина, чашмони пурмеҳру нерӯи бузурги мардонагӣ доштаи устод Айнӣ буд.

Вақте “мошини вақт” ба айёму замони дилхоҳ маро овард, ман низ бояд сару либоси ин даврро ба бар мекардам. Дар тан либоси тунуки пахтагин ва аз болояш ҷомаи хуҷандии оғози асри бистро ба бар кардам ва дар пой мӯзаи чармин доштам. Ба сар саллаи хурд гузошта будам. Ин гуна салларо муллобачаҳои бухороӣ мебастанд. Барои интихоби либос Иброҳим Сангинов – директори Осорхонаи вилоятӣ ва Абдуазиз Абдураҳмонов – рассоми маъруф кӯмак намуданд. Тамоми кӯшишҳои мо ба он равона карда шуда буд, ки банда ба ҷавонони замони Айнӣ монанд шавам. Мӯъҷикори худ “мошини вақт”-ро дар ғоре пинҳон карда, ба мадрасаи Кӯкалтош раҳсипор шудам. Дар қиёс бо Бухорои имрӯз Бухорои он давр танҳо бо рутубат ва сардӣ, беравнақиву куҳнагӣ фарқ мекард.

Сана 8 апрели соли 1917. Соат 4 субҳ. Паси дари Айнӣ, ки замоне Шарифҷон махдуми Садри Зиё онро ба устод Айнӣ тӯҳфа карда буд, роҳ мегаштам. Ҳароина Садри Зиё чун гавҳаршинос пас аз ба камол расидан ба кадом корҳои бузург қодир будани Айниро тахминан медонист. Агар ин мутафаккири бузург ба Айнии донишвар меҳрубоние намекард, шояд устоди бузурги мо дар иҷорахонаҳои сарду торик аз гуруснагӣ ва сардии тақатфарсо ҷон медод. Мо бошад натиҷаи андешаҳои мутафаккиронаи ӯро, ки дар асарҳояш инъикос ёфтаанд, намехондем, ҷараёни адабӣ низ тағйир мехурд ва имрӯз мо давлати мустақил низ надоштем. Аз паҳлӯи ҳуҷраи устод Айнӣ қадам мезадам ва нохост фикри хабардор кардан ва гурезонидани Устод Айнӣ ба сарам зад. Аммо аз рӯйи қавонину қавоид ба ҷараёни таърих набояд ҳамроҳ мешудам. Дар ин саҳна ман танҳо тамошогар будам. Бо омадани одамони қушбегӣ бо занҷир махкам шудани дари Устод Айнӣ ба гӯшам расид. Айнан он тавре, ки ман дар “Ёддоштҳо” хонда будам. Одамони қушбегӣ дарро сахт-сахт кӯфтанд. Дашномҳои бисёр карданд. Аминхони қаровулбегӣ аз ҳама бештар ҳақорат медод. Овозаш баланд буд. Дарро кушода натвонистанд.

“- Имшаб ба ин ҳуҷра бисёр ҷавонон ғун шуда маслиҳат карданд, ин он одам ҳоло дар ҳуҷраи худаш аст. Имшаб дар ҳуҷраи ман ҳеҷ кас набуд!”

Ин садо аз ҳамсояҳуҷраи устод Айнӣ садо дод.

Тирезаи хонаро зада шикастанд. Аҷиб он буд, ки Айнӣ дар ин асно ба кунҷи хона нагурехт. Пеши оинаи шикаста омад ва аз берун Аминхони қаровулбегӣ бо шаст аз гиребонаш кашид. Айнии лоғар бо сар ба замин зад. Хун аз пешонӣ ба рӯяш шорид. Дар ин вақт гирду атрофи ман пур аз одам шуд. Ҳама аз ҳуҷраҳои худ баромаданд. Касе муқобилият намекард. Агар хизматҳои Айниро барои адабиёту халқи тоҷик медонистанд, шояд мавқеъ нишон медоданд. Ман низ хомӯш истодам. Дар ҳамин вақт хоҳарзодаи Мулло Холмурод ва шогирдонаш Айниро як муштӣ заданд. Ман аз ғояти ғазаб он муллобачаи ношудро бо як зарбаи “оперкот” ба замин хобондам. Ҳар нафари ба ман наздикшуда ба замин меафтид. Онҳо намедонистанд, ки дастону тану бозуям тамриндидаву худам аз усулҳои гуштини миллӣ, боксу карате огоҳ будам. Дар ҳамин вақт касе овоз баланд кард:

- Ба пушт!!!

Пушт гашта афсареро дидам, ки бо куни шамшер ба сарам зад. Бедор шуда, худро дар зиндон-обхона дарёфтам. Мо дар обхона будем. Ман, 30-40 нафари дигар ва дар кунҷе устод Айнӣ. Сарам сахт дард мекард. Сарамро даст зада дидам, ки хуни сари кафида дар муйҳоям шах шудаанд ва маълум буд, ки аз ман хуни зиёд рафтааст. Дар вақти беҳуш будани ман дар Арк Насрулло қушбегӣ  бо Айнӣ мубоҳиса карда, ӯро барои байрақбардорӣ гунаҳкор кардааст ва кофир хондааст. Дар торикӣ танҳо рӯи лоғари устод Айнӣ намудор буд. Зеро нуре аз сурохии дар ба рӯи ӯ мезад ва маълум буд, ки меларзид. Дар тан танҳо либоси пахтагини тунук дошт. Бо вуҷуди баҳор расиданаш, обхона сарду рутубатнок буда, бӯйи ғализи чизи пӯсида ба машом мерасид. Рӯи фарши хона нам дошт ва бояд эҳтиёткорона қадам мезадем. Аз ғояти баланд будани қувваи лағжиш, ба замин афтидан ва майиб шудан аз эҳтимол дур набуд. Гарчанд мо ҳама дар гирди хона, ки бо сангу семент курсигоҳ сохта буданд, менишастем, аммо курсигоҳи мо аз ғояти намии фарши хона сард ва намнок буд. Дар худ андешидам, ки моҳи апрел бояд гарм бошад. Баракс, сардии аз намӣ ба вуҷуд омада тани одамро сурох мекард. Нафароне низ буданд, ки  аз 7 то 10 сол инҷониб дар ин маҳбасхона умр ба сар мебурданд. Макони қазои ҳоҷат ва дасту рӯйшӯӣ ҳам даруни ҳамин хона буд. Аз ин сабаб хона бӯи бад мекард. Аз ҳама ҷойи камнам ва хушк ин курсигоҳ ба ҳисоб мерафт. Ман аз ҷой хестам ва ба тани Айнӣ ҷомаи худро пӯшонидам. Бароям шараф буд, ки ҳадди ақал кӯчактарин кӯмакро барои Айнӣ анҷом додам. Медонистам, ки субҳ ӯро барои ҷазо мебаранд, барои задани  75 дарраи марговар.

Маҳбасиҳо ҳама чиркин буданд ва либосҳои даридаву ҷанда дар тан доштанд. Дар болои обхона аспҳоро нигаҳ медоштанд. Гоҳо пешоби асбҳо ба обхона мисли борон мерехт. Аз сурохиҳои девор ҳар гуна ҳашарот мебаромад. Аммо маҳбусон  аз ин ҳаводис нороҳат намешуданд. Зеро одат карда буданд.  Ман ва устод Айнӣ дар шигифт будем.

Субҳ вақте бедор шудам, ҳама хоб буданд.  Аммо Айнӣ бедор. Меларзид. Чизеро дар сар баррасї мекард. Ман аз нигоҳаш хондам, ки ғолибан чунин мегуфт:

“Ман ку ҷавонбухориёнро аз роҳи бад ва ифротӣ нигаҳ медоштам. Танҳо мехостам, ки омӯзгорон дар мактабҳо бо усули нав ба хонандагон дарс гузаранд.”

Абрӯи устод Айнӣ чин шуд. Ба ғазаб омад. Фаҳмидам, ки касеро дашном доданӣ аст. Наздаш омадам, пешаш нишастам ва хостам ҳамдардӣ баён намоям. Ногоҳ Айнӣ шӯрид.

“Ҳатто як яроқе надорӣ, ки ин сагбаччаҳоро парронӣ. Баъд маҳбас мекунанд, мекушанд, дигар фарқе надорад. Мо фуқаро ором будем, имрӯз... Уф... Худо медонад пагоҳ чӣ ҷазо ба сарам аст!”

Хостам гӯям, ки пагоҳ ҳама халос мешавем ва шумо на пагоҳ, балки имрӯз 75 дарраи марговар ба тани худ қабул мекунед. Аммо ин аз қоида берун буд. Набояд аз ояндаи бароям гузашта ҳарфе мезадам.

-  Чӣ ном доред? Барои чӣ аз паси ман хестед? Ҳоло вазъ ҳамин хел аст, ки касе аз паси касе намехезанд – гуфт Айнӣ.

-  Ноадолатиро таҳаммул надорам – ҷавоб додам ман.

Ба чашмонам нигоҳ кард ва бо андӯҳ гуфт:

- Дар ин диёр адолатро кайҳо гӯронидаанд.

-  Адолат вожаи нисбӣ аст. Ҳатто он давлати Шӯроӣ, ки ҳама дар борааш мегӯянд ва орзуи онро дорем, замоне хоҳад расид, ки аз рӯи адолат кор пеш намегирад.

- Ман шуморо нафаҳмидам, - гуфт Айнӣ.

-  Ин танҳо як фикр аст. Фикри банда. Ман аслан дигар чӣ гуфтанӣ будам, - саросемавор аз ҷой хестам ва ба ҷойи худ рафта нишастам. Аз гуфтаҳоям пушаймон шудам.

Дар ҳамин вақт ду сарбоз ба обхона даромада Айнӣ ва Мирзо Назруллоро ҷеғ заданд. Ҳардуро гирифта ба берун бурданд. Пас аз 40 дақиқа Айнии ниммурдаро оварда партофтанд. Тахтапушташ даридаву пора пора шудааст. Аъзои баданаш пур аз хун. Аммо дар лаб табассум дорад. Ғолибиятро гӯё тантана мекунад. Ман ҷомаи нимхушкро ба болои Айнӣ пӯшондам ва интизори бегоҳ будам. Зеро бегоҳ бояд аскарони рус Айнӣ ва тамоми мардумро аз маҳбас озод мекарданд. Айнӣ менолид. Дасти ман дар сараш буд. Сараш ва танаш меларзиданд. Гоҳе хобаш мебурд ва тарсида бедор мешуд ва мадори гап задану ҷумбидан надошт.

Бегоҳ дарро нафаре кушод. Аз симояш маълум буд, ки рус аст. Ҳамоне ки сабаби наҷоти ман, маҳбусон ва устод Айнӣ шуд. Агар ин аскари рус, ки аслан он қадар симои зебову чеҳраи нуронӣ надошт, ду ё се рӯз дер меомад, ё аз мавҷудияти обхона касе огоҳ намешуд, ё дар ҳарбу зарб оташ мегирифт, ё дараш кушода намешуд, ё...

... Устод Айнӣ аз хунравии зиёд ҷонро ба ҷонофарин месупорид.

“Бароетон, шуморо револютсияи Русия озод кард!” – гуфт он мард.

Ҳама саросемавор баромадем. Ман аз дасти Айнӣ дошта, ба берун баровардам. Беморонро ба мошине савор мекарданд. Устод Айниро бо кӯмаки як аскарбачча ба мошин савор кардам ва ин охирин дидори ман бо ин шахси бузург буд.  Зуд пеши аскарбачаи русе, ки моро озод кард, рафтам ва дасташро сахт фишурдам ва гуфтам: Ҳоло рӯзе мерасад, ки мо ту ва ҳаммилатонатро аз дасти фашистон халос мекунем. Мо ин некиро бармегардонем. Ӯ ҳайратзада ба ман менигарист. Албатта ман бо забони русӣ фикрамро баён доштам. Аммо ӯ намедонист, ки банда дар бораи кадом фашист ҳарф мезанам.

Ҷониби ғор равон шудам ва мошини вақтро пайдо карда, ба макону замони худ баргаштам.

Инак, ин сатрҳоро дар компютер менависам ва ба лаёқату дониши устод Айнӣ қоилам. Ҳоло барои мо ҳама чӣ ҳаст. Техника, интеренет, китоб, мактаб, донишгоҳ, омӯзгорони соҳибтаҷриба...

Мо бисёр шароити хуби хондан ва эҷод карданро дорем, аммо эҷод надорем. Мисли Айнӣ пуркор нестем. Дар замонаш, дар вазъи душвору сангин бо эҷоди асарҳои ҷаҳонӣ ва бузургаш даҳони пантуркистонро муҳр зад ва аз мавҷудияти миллате чун тоҷик садо баланд намуд. Ҳадди ақал як соли пуркории Айниро дар давоми умр дошта бошем....

Хонандаи азиз, сафари моро пайгирӣ кун, зеро ин сафари ғайриоддӣ туро ба саҳфаҳои бузурги таърихӣ мебарад.

Осим Орифпур

Рӯзноманигор, корманди

Раёсати вилоятии “Тоҷикфилм”

 

Читать далее

КОМЁБИҲОИ КИШВАРАМОН АЗ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕБОШАНД!

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Дарвоқеъ, дуруст аст, ки бо шарофати ба имзо расидани Созишнома дар кишвари мо муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима ёфта, мардум оҳиста – оҳиста ба марҳалаи навин, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намуд.

Мисоли ин гуфтаҳо бунёди нақбу пулҳо, роҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва сохта ба истифода додани чандин мактабҳои наву замонавӣ, инчунин барои расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ сохтани НБО – ҳо ба ҳисоб мераванд. Мардуми тоҷик бо роҳбарии марди хирадманду тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, кишвари ҷангзада ва харобгардидаи худро дар як муддати кӯтоҳ ободу зебо гардонида, дар ақсои олам номвар созанд. Маҳз, бо талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат сулҳу ваҳдати миллӣ пойбарҷост.

Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид кард, вале тӯли беш аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ ва сулҳи побарҷои худ омада расид.

Имзои Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик шуд, ки дар он саҳми Пешвои муаззами миллат басо назаррас аст. Сулҳи бадастомада натиҷаи заҳматҳои зиёди миллати тоҷик таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат буд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.

Қаҳрамонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, бояд наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош меварзад.

Нозим НОСИРОВ,

мудири шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич

НОДИДА ГИРИФТАН НОБАХШИДАНИСТ!

Тариқи сомонаҳои интернетӣ паҳн шудани навиштаҳои яке аз нафароне, ки худро тоҷик ҳисобида, ба халқу Ватани худ хиёнат мекунад, маро ба гузаштаи на чандон дур, ҳамагӣ наздик се даҳсола бурд.

Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ барои давлати Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки мустақилияти худро ба даст орад. Ҷоиз ба қайд аст, ки мустақилият барои халқи азият- кашидаи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Он ба ивази талошу заҳматҳо, ҷонфидоиҳо ва меҳнати фидокоронаи мардуми сарзаминамон рӯи кор омадааст. Маҳз, андешаҳои некбинона нисбат ба ояндаи кишвар доштан мардумро ба он водор сохт ва дар муддати кӯтоҳ ба он муваффақ шуд, ки пояи давлати дарвартамондаро аз нав барқарор созад. Хушбахтона, дарозои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мамлакат хеле обод шуд. Мардум имрӯз дар фазои тинҷу осуда ва ҳамдигарфаҳмию сулҳу ваҳдат умр ба сар мебаранд.

Халқ бовар дошт, ки зина ба зина, марҳала ба марҳала ва ҳатто, соат ба соату лаҳза ба лаҳза метавонад, бахту саодатовар ба кишвари худ - Тоҷикистон бошад. Ба шарофати Истиқлолият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ-Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд. Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Туфайли ба даст овардани мустақилият Тоҷикистон бо беш аз 80 созмони бонуфузи ҳамгироиву ҳамкориҳо ва 140 мамлакати дунё робита дорад. Имрӯз, агарчи Тоҷикистонро тамоми кишварҳои рӯи олам мешиносанду шартномаи ҳамкорӣ бастаанд, аз ҷониби як тоҷиктарош нодида гирифтани ин пешравию муваффақиятҳо ноадолатии маҳз аст.

Дидани ободию тозакориҳо ва рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз, таъмини ояндаи дурахшони фарзандон, зиндагӣ кардан дар давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва соҳибихтиёр, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнати софдилона орзуи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Вазъи кунунӣ ва ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ – паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 имрӯз Тоҷикистони офтобии моро низ фарогир буда, барои пешгирӣ ва мубориза бо он тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Маҳз талоши ҷонфидоёнаи халқи шарифи мамлакат ва махсусан шифокорон буд, ки имрӯз ин маризӣ дар сатҳи коҳишёбӣ қарор дорад. Ин ҳолатҳоро нодида гирифтани хоинони миллат, сарварон ва пайравони ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла Шарофиддин Гадоев барин нафа- ре, ки аз дур истода, овоз баланд мекунанд, нобахшиданист.

 Ман ҳамчун як шаҳрванди ин сарзамин эътимод бар он дорам, ки ин фирефташудагон рӯзе, албатта, аз амалҳои хеш пушаймон мешаванд, зеро баҳри ҳар инсон гуноҳе бештар аз он нест, ки бо обу хоки Ватан ба воя расаду сипас дар ҳаққи он кӯрнамакӣ кунад.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее