29 June 2020

Раҷаббой Аҳмадзода – Раиси вилояти Суғд: Саодати инсон аз дониш сарчашма мегирад!

Ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем!”

Санаи 28-уми июни соли 2020 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ҷавонони боистеъдод ва гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони раёсату шуъбаи ҷавонон ва варзиши вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Читать далее

Раиси вилоят собиқадори меҳнат Оқил Оқиловро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт

Дирӯз, 27-уми июн бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят собиқадорони меҳнат, пирони хирад ва шахсони барӯмандро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим кард.

Аз ҷумла дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон роҳбари вилоят ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат намуд. Зимни суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳми шоиста ва назарраси Оқил Оқилов дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ёдовар шуда, зикр дошт, ки давлату Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар меҳвари фаъолияти худ ғамхориву пуштибонии пирони хирад, собиқадорону дигар қишри ҷомеаро қарор додааст.

Читать далее

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.

Читать далее

САРЧАШМАИ ШУКУФОИИ КИШВАР

Ба имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ду даҳсола сипарӣ гардид. Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, хоҳем дид, ки барои пешрафту шукуфоии кишварро таъмин намудан бояд, ки дар ҳамон макон сулҳ ҳукмрон бошад. Бале, сулҳи пойдор имкон медиҳад, ки давлат ҳамеша ба пеш қадам занад. Ба сӯи дастовардҳои нек, ба сӯи пешрафту тараққиёти миллӣ ҳадафмандона биравад.

Ба ёд меоварем: солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба солҳои донишҷӯии мо рост омад. Вақеаҳои баҳманмоҳ, гирдиҳамоиҳо дар пеши назарамон сурат мегирифт. Он рӯз Душанбе як шаҳри ғамзадаеро мемонд. Дар кӯчаҳо гаштугузор озод набуд, соати комендантӣ эълон шуда буд. Дар шаҳр на танҳо шаб, балки дар рӯзи равшан низ бо ҳарос роҳ мегаштем. - Худоё, Ватанамонро аз ин бесарусомонӣ наҷот деҳ, гӯён ба Худованд илтиҷо мекардем.

Имрӯз агар ягон нафар аз ин давраи тинҷу амонӣ ва оромию осоиштагӣ шиква намоянд, бечунучаро он рӯзҳои ноамнии кишвар ба ёдам меояд. Ва мегӯям, ки имрӯз ба рӯзгори босаодат, тинҷию оромӣ, осоиштагии кишвар шукр бояд кард. Маҳз, соҳибистиқлол гардидани кишвар ва ҳам имзои Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ ба ҳаёти мардуми тоҷик дигаргунии куллӣ ворид намуд. Маҳз, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид байни намояндагони давлат ва мухолифини тоҷик, ки дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод, Алмаато баргузор гардиданд, натиҷа бахшиду 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид.

Бале, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ рӯз ба рӯз зиндагӣ маҷрои худро ба низом овард. Бо ибтикори Сарвари давлат заминро деҳқон соҳиб гардиду аз як замин се ҳосил гирифт, то ки хони худу ҳамсояашро бо анвои гуногуни нону сабзавотҳои хушсифат ороиш диҳад. Деҳқон боғ бунёд кард, аз меваҳои шаҳдбори он на танҳо мардуми кишвар, балки ҷумҳуриҳои дигарро низ бо маҳсулотҳои тару тоза таъмин менамояд.

Маҳз, он сиёсати оқилона, дурандешона, қатъият, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои муаззам боис шуд, моҷароҷӯӣ дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шавад. Ба туфайли сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат имрӯз Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст. Самараи некмаромӣ ва фазои сулҳу дӯстӣ ин аз он иборат буд, ки пеш аз ҳама Тоҷикистон аз парокандагӣ эмин нигоҳ дошта шуд. Аз ҳамон давр 23 сол гузашт. Тӯли 23 сол Тоҷикистон ба як мамлакати пешрафта табдил ёфт. Он дарахте, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо меҳр парварданд, ҳосили пурбор овард. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷи- кистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба арсаи байналмилалӣ баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин раванд боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим шуд, ки Бохтару Суғдро ба ҳам пайваст. Ҳамзамон, ободу зебо гардидани шаҳру навоҳии кишвар, бунёди биноҳои баландошёна, иншоотҳои бузурги аср, корхонаву муассисаҳои гуногун ҳамаи ин далели пешрафти иқтисодиёти кишвар аст. Ваҳдати миллӣ дар саҳифаи таърихи кишвар бо хатҳои заррин сабт гардидаст.

Аз ин рӯ, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо инро бояд донанд ва аз он сабақ гиранд. Имрӯз моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бузург- Ваҳдати миллӣ расему баҳри пешбурди ҷомеа хизмати шоиста намоем.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ВАҲДАТ - ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲӢ

Ба муносибати 23 - солагии Ваҳдати миллӣ дар меҳмонхонаи «Суғдиён» - и маркази вилоят конфронси илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ омили рушди устувори сайёҳӣ» дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои вилоятии шаҳру навоҳии ширкати сайёҳӣ, меҳмонхона, осоишгоҳ, осорхона ва мавзеъҳои сайёҳӣ ширкат варзиданд. Сараввал, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдумаҷид Раҳимов бобати вазъи кунунии соҳаи сайёҳӣ маълумот дод. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон бо табиати мафтункунанда ва мардуми ҳунарманду меҳанпарасташ чи дар дохил ва чи дар беруни ҷумҳурӣ шуҳрати хоса дорад. Эълон шудани «Солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бори дигар собит сохт, ки кишвари тоҷикон табиати бой, ҳунарҳои қадима, мавзеъҳои таърихӣ дошта, метавонад, худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.

- Вобаста ба омодагии иншооти сайёҳии вилоят дар давраи пандемия моҳи апрели соли ҷорӣ бинобар ба қайд гирифтани бемории коронавирус дар кишвар фаъолияти меҳмонхона, мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятшавии сокинон муваққатан боздошта шуд. Дар шаҳру навоҳии вилоят 27 осоишгоҳу истироҳатгоҳ, 62 меҳмонхона, 37 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, инчунин якчанд минтақаҳои сайёҳӣ, аз ҷумла Искандаркӯл, Кӯли калон, Аловиддин, Ҳафткӯл, Сирдарё мавҷуд буда, корҳои омодагӣ барои қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ ҷараён дорад, - гуфт Абдумаҷид Раҳимов.

Гуфта шуд, ки аз санаи 20 - уми июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ барои гузаронидани тӯйи хонадоршавӣ муваққатан дар доираи то 100 нафар, танҳо бо як маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, тарабхонаю ошхона, тӯйхонаю чойхона бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷозат дода шуд.

Намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусния Исоқова дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ омили рушди устувори сайёҳӣ» баромад карда, қайд намуд, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми ҷумҳуриҳое, ки аъзои он буданд, мустақилияти комил ба даст оварданд ва дар қатори онҳо кишвари мо низ соҳибистиқлолии худро пазируфт. Дар лаҳзаҳои мудҳишу бесарусомониҳо барои миллату давлати мо нафаре лозим буд, ки миллати парешонгаштаро сарҷамъ созад ва нофаҳмиҳоро аз байн барад. Ба бахти мо - фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, дар фурсати кӯтоҳ шиддати ҷанги хонумонсӯзро аз байн баранд ва мардумро ба ҳам оранд.

- Вожаҳои Истиқлолияту Ваҳдат бо ҳам тавъаманд ва барои арзи ҳастии ин ҳар ду дар кишвар талошу ҷаҳди зиёд ба харҷ дода шудааст. Вазъи кунунии сиёсӣ ба он далолат дорад, ки мо бояд ба қадри сулҳу субот бирасем ва дар атрофи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ муттаҳид гардида, нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос ва бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохта, дар ҳифзи Истиқлолият саҳми муносиб гузорем, - гуфт номбурда.

Ҳамчунин, дар конфронс масъалаҳои нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ, омодагии иншоот ба мавсими нави сайёҳӣ, таҳияи хатсайрҳои дохилӣ ва муаррифии дастурамали фаъолият дар сафар дар давраи пандемия баррасӣ гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Бӯстон: Ваҳдат самараи талошҳои Пешвои муаззами миллат аст!

Сулҳу субот, осоиштагиву ваҳдат, тинҷиву осудагӣ ва ҳамдиливу ҳаммаромӣ беҳтарин арзишҳо дар ҷомеаи башарӣ эътироф гардида, месазад, ки ҳамеша аз ин арзишҳо ба таври ҳамешагӣ дифоъ ва ҳифз намуд. Шоистаи таъкид ва мояи ифтихор аст, ки дар Тоҷикистони маҳбуби мо бо роҳи мусолиҳа ва сиёсати дурнигаронаву инсондӯстона Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири мардуми шарафманди тоҷик бо талошу кӯшишҳои пайгирона, роҳнамоиву ҳидоятҳои фарзанди фарзонаи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ иддае аз нотавонбинон ва душманони миллати тоҷик нақшаи аз байн бурдани кишвари моро дар ҳам-корӣ ва машваратҳои хоҷагони хориҷиашон тарҳрезӣ намуда, баҳри амалӣ намудани он роҳҳои гуногунро пеш гирифтанд.

Хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик ҳамчун ҳадяи яздонӣ зимни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марди дурандеш, фарзанди фарзона ва сарсупурдаи миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродати матини ватандориву меҳанпарастӣ дар марҳалаи басо ҳассос зимоми давлатдории навини миллиро ба даст гирифта, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшиданд.

Агар дар маҷмӯъ назар афканем, истиқлолият, ваҳдат, осудагиву амният ва тинҷиву осоиштагӣ арзишҳои ниҳоят муҳим ва муқаддас буда, баҳри таҳким, густариш ва ҳифзи ин арзишҳо бояд ҳар як фарди ҷомеа бо эҳсоси масъулияти том ҷаҳду талош намояд.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ барои мо, халқи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Агар пас аз пошхӯрии кишвари пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидан барои бархе аз кишварҳои узви Иттиҳод заминаи мусоид боқӣ монда бошад, аммо кишвари мо бо дасти бархе аз хоинону зархаридони миллат ба коми ҷанги бародаркуш кашида шуда, низоми давлатдории навини миллӣ ва рукнҳои он фалаҷ гардиданд.

Маҳз, бо талош ва кӯшишҳои наҷиби Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон танинандоз гардида, роҳи рушди ҷомеаи муосири мо равшану мушаххас гардид. Баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуд. Ташаббус ва ибтикороти наҷиби Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ пайдо намуда, аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои баланд бо забони ноби тоҷикӣ ибрози назар намудани Роҳбари давлат бори дигар аз ташаббусҳои наҷиби кишвари мо дар раванди мусоидат ба ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва ҳамовозии кишварҳои олам шукӯҳи ҷаҳониро касб намудани ҷашни аҷдодии мо, тоҷикон - Наврӯз, рӯзҳои 6-8 сентябри соли 2007, баргузории конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800 - солагии Ҷалолиддини Румӣ, 5-уми октябри соли 2009 симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» бо иштироки зиёда аз 500 нафар олиму мутафаккир ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон, 4-уми майи соли 2018 баргузории конфронсҳои сатҳи баланд оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм ва амсоли инҳо намунаи равшани ташаббусҳои кишвари мо зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина бо кӯшиш ва талошҳои Роҳбари давлат соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият, “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва соли 2010 шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд.

Ташаббус ва кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон буд, ки соли 2002 пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори Ҷоизаи ЮНЕСКО гардид. Соли 2013 дар шаҳри Париҷ, дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт.

Дар саросари кишвари маҳбубамон бо ибтикор ва кӯшишу талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, дар шаҳри Бӯстон низ ин тадбирҳои муҳимро сокинону шахсони саховатпеша ва соҳибкорону тоҷирон ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда истодаанд.

Тамоми мардуми сайёра ва кулли сокинони кишвар огоҳ аз он ҳастем, ки имрӯз саросари оламро вабои аср, бемории сироятии коронавирус иҳота намуда, ба иқтисодиёти кишварҳо таъсири манфии худро гузошта истодааст. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки кишвари азизи мо бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ тавонистем, дар кутоҳтарин фурсат сатҳи фарогирии ин бемориро коҳиш бахшем.

Бо ҷаҳду талошҳои судманду боровари худ Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бо роҳи мусолиҳа расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо», унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – “Пешвои асри ХХI” ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи "Сарпарастони аср" - Ордени нахустини алмосдори "Ситораи сарпараст", ордени "Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд", ситораи ёқути сурх «Миротвореӣ» (Сулҳовар) ва дигар мукофоту ҷоизаҳо шарафёб гардиданд.

Ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз тамоми шаҳрвандони огоҳу солимфикри мамлакат вазифадоранд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибватаниро ба ҷо оварда, ҳар як иқдоми ободгаронаву созандаи худро ба номи Ватан ва миллат, ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории навинамон ва таҳкими нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ анҷом диҳанд.

Бо илҳом аз танинандозии сулҳу Ваҳдати миллӣ бояд насли имрӯзи кишвар ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон рисолати шаҳрвандии хешро бо масъулияти баланд эҳсос намуда, беш аз пеш барои ҳифз ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳиссаи босазо гузорем. Ба ҳар гуна андешаву омоли ғаразноку нопоки гумроҳон дода нашуда, дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату осоиштагии Тоҷикистони азизу муқаддасро ҳифз ва гиромӣ дорем.

Чун мо - мардуми Тоҷикистони офтобрӯя дар остонаи фарорасии 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, таманнои онро дорем, ки ҳамеша дар фазои Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, осудагиву амният, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад ва бигзор офтоби Ваҳдати мо то абад поянда бод!

Читать далее

Аҳдномаи муттаҳидкунандаи миллат

Дар таърихномаи ҳар як миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандонаи ба нафъи халқу Ватан равоншуда башорат медиҳад ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи сиёсии халқи тоҷик ин ноил гардидан ба Ваҳдати миллӣ, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ мебошад, ки мо дар арафаи таҷлили ин санаи муҳим қарор дорем. Мухбирамон бо доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев ҳамсуҳбат шуда, бобати қадру қимати ин санади муҳим суол кард.

- Раванди расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон рӯйдоди душвор, вале ногузире буд, ки барои муттаҳид сохтани миллати тоҷик ва аз нобудӣ раҳо намудани давлатдории он нақши муҳим бозид. Лозим ба ёдоварист, ки табақаҳои гуногуни аҳолӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақомоти сохторҳои давлатӣ баҳри татбиқи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ кӯшишҳои арзанда ба харҷ додаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 21 - уми феврали соли 1996 ҳангоми суханронӣ дар назди роҳбарону намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъкид карданд, ки муттаҳид шудани ҳамаи қувваҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон беҳтарин василаи ваҳдату ягонагии кишвар мебошад. Бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз ҷумлаи шахсони соҳибэҳтирому варзида, мушовирони Президенти ҷумҳурӣ, бархе аз роҳбарони иттиҳодияҳои миллӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфт ва дар давоми даҳ рӯз лоиҳаи Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва низомномаи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ такмилу таҳрир ва аз назари ҳуқуқшиносон гузарондида шуд. Баъд нусхаи ба тозагӣ таҳияшударо ба Президент пешниҳод намудем. Ва рӯзи пурҳаяҷону хотирмону таърихӣ фаро расид. Боиси зикр аст, ки санаи 1 - уми марти соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии миллӣ, иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ ва созмонҳои динӣ ба фаъолияти онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсии кишвар баҳои сазовор дода, иброз доштанд: «Президент танҳо ба аҳли ҷамъият такя хоҳад кард. Санаи 9-уми марти соли 1996 роҳбарони қариб 30 ташкилоти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро имзо карданд. Бо мақсади татбиқ намудани Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон дар назди ҳукумати вилояти Ленинобод Шӯрои ҳамраъии мардумӣ бо тарзи ихтиёрӣ аз ҳисоби намояндагони вилоят, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, ҳаракатҳои оммавӣ, ташкилоти ветеранӣ, занон ва ҷавонон, иттиҳодияҳои миллӣ, ташкилоти динӣ, ки дар вилоят бо таври қонунӣ амал менамуданд созмон дода шуд.

Вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ барои ба даст овардани тавозуни манфиату ақидаҳо; амалӣ намудани хулосаҳои экспертӣ, таҳлили вазъияти иҷтимоию сиёсии иқтисодии ҷомеа ва тағйироту таҳаввулоте, ки дар он рӯй медиҳад; таҳияи барномаҳо, консепсия ва пешниҳодоте, ки барои ноил шудан ба сулҳу ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон равона шудаанд, ҷустуҷӯ ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории иштирокчиёни Аҳднома ва дигар тарафҳои манфиатдор дар татбиқи Аҳдномаи ризоияти ҷомеа иборат буд.

Санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумиро дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо намуданд. Ҳамин тавр марҳалаи тӯлонӣ, душвортарин ва хеле муҳими моҷарои байни тоҷикон анҷом ёфт.

«Баъди мухолифати мусаллаҳона, ки ба таърихи чандинҳазорсолаи халқи мо ҳамчун давраи бисёр фоҷиабор дохил гардид, рӯзи сулҳу оштӣ ва пирӯзии хиради миллати солори тоҷик фаро расид. Бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ҷаҳониён бори дигар эътимод ҳосил карданд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёди дунё, фарҳангсозу хирадманд ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошанд.

Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат аз ағбаи Қулма ба роҳ баромада, аз Хоруғу Кӯлобу Кофарниҳону Душанбе ва сипас аз Анзобу Истаравшану Хуҷанду Исфара гузашта, тамоми манотиқи Тоҷикистони моро, дилҳои пурумеди мардуми кишварро, риштаҳои гусастаро ба ҳам пайваст. Корвони Сулҳу Ваҳдатро дар ҳар макон мардум бо ризомандӣ истиқбол мекард. Ба Корвон беҳтарин сиёсатмадорон, арбобони давлат, ҳунармандон, пешқадамони истеҳсолот шомил буданд.

Корвон аз 20 шаҳру навоҳӣ гузар кард. Дар манотиқи мухталиф базмҳои дӯстию якдилӣ баргузор гардида, дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров муроҷиатнома ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ қабул гардид. Аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаҳои муҳими сиёсии кишвари соҳибистиқлол бо ҳисси масъулият фаъолона иштирок намуданд. Онҳо яке аз аввалинҳо шуда, ҷонибдории худашонро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд.

Умуман, фаъолияти мақсадноки аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба даст овардани сулҳу оромӣ дар мамлакат самараи хуб овард. Барои амалиёти минбаъдаи онҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» такони нав бахшид. Бо фарорасии сулҳу субот дар кишвар Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам устувор гардид. Таърих ба мо имконият додааст, ки барои бунёди давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ ва муваффақ шудан ба Ваҳдати миллӣ хирад, қудрат ва тавонии худро истифода барем.

Бо қаноатмандӣ гуфтан мумкин аст, ки имзои матни нави Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва доимӣ намудани муҳлати амали он аз ҳамкории пурсамару боэътимоди байни ҳукумат ва ҳамаи нерӯҳои пешбарандаи кишвар ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ шаҳодат медиҳад. ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд барномаи амали худро аз нигоҳи таҳкими сулҳи воқеӣ, муқаддас донистани ваҳдату ягонагии миллат бори дигар таҷдиди назар намоянд, ба решакан кардани ҳамаи зуҳуроти номатлуб, пеш аз ҳама, экстремизми сиёсӣ ва динӣ мусоидат кунанд, ба воситаи барномаҳои дурбинона пешрафти мунтазами иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро таъмин созанд. Фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон сол то сол самаранок гардида, баҳри амалӣ сохтани ташаккули асосҳои иттиҳоди иҷтимоиву сиёсӣ ва миллии мардуми Тоҷикистон ба хотири ташкили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва эҷоди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Ба хотири боз ҳам беҳтар мусоидат намудан ба ташаккули ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ шаклҳои нави ҳамкорӣ ҷустуҷӯ ва истифода карда шаванд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Читать далее