June 2020

26 June 2020

САМАРАИ ДАСТОВАРДҲО АЗ СУЛҲУ СУБОТ АСТ!

Имрӯз Ваҳдати миллӣ ва сулҳи бадастовардаи Тоҷикистонро аксарияти кишварҳои олам ҷонибдорӣ намуда, мавқеъ ва мақоми кишвари мо дар миқёси ҷаҳон овозадор гаштааст. Аз ин лиҳоз, имрӯз иттифоқ ва ҳамдигарфаҳмии мардумони тоҷикро созмонҳо ва ташкилоти бонуфузи олам мавриди омӯзиши худ қарор додаанд.

Доир ба мафҳуми Ваҳдати миллӣ ва дастоварҳои он дар кишвари соҳибистиқлолу ваҳдатсаро – Тоҷикистон бо номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шӯҳрат Саидзода суҳбат намудем, ки манзури хонандагон месозем.

- Ваҳдати миллӣ ба пешрафту шукуфоии кишвар мусоидат намуд. Дар ин бора фикру андешаҳои худро баён менамудед?

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намуданд, ки «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад».

Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ, тарғиби идеяи сулҳу ваҳдат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони нооромии кишвар кори осон набуд. Пешвои миллат зери мафҳуми Ваҳдат тавонистанд, тамом сокиноне, ки гуреза буданд, ба Ватан баргардонанд. Сиёсати ҳамонвақтаи пешгирифтаи Сарвари давлат хеле равшан намоён буд, ки масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро дар бар мегирифт.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ барои мо, тоҷикон дар ҳифз ва нигоҳ доштани Истиқлолияти комили давлатӣ заминаи устувор гузошт. Танҳо бо роҳи ба даст овардани Ваҳдат тавонистем, шукуфоии давлату миллати худро бо роҳбарии Сарвари хирадмандамон нигоҳ дорем.

Ваҳдат буд, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҷашнҳои бузурги умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла, соли 2009 таҷлили 1310 - солагии мавлуди Имоми Аъзам баргузор гардид ва ташрифи олимони шинохтаи кишварҳои ҷаҳони Ислом басо саривақтӣ буд.

Ҳамчунин, дар сатҳи ҷаҳонӣ масъалаи глобалии таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ маҳз аз ҷониби Пешвои миллат рӯи кор омад, ки дар кишвари мо чандин форумҳои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ доир гардид. Ҳамаи ин аз шарофати ба даст омадани Ваҳдати миллӣ аст.

- Пас аз ба даст омадан ва пойдории Ваҳдати миллӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллие ба амал омада истодаанд. Мехостем фикри шуморо ҳамчун як сокини кишвар бобати ин пешравиҳо фаҳмем.

- Дар ҳақиқат, пас аз ба даст омадани Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ дар кишвар дигаргуниҳои ҷиддиро мушоҳида намудан мумкин аст. Ҳамаи ин комёбиҳои Ватани азизамон, ки ҳамарӯза шоҳидаш ҳастем, маҳз дар заминаи Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст. Бесабаб коршиносон марҳалаи рушди Тоҷикистонро баъди солҳои 2000 - ум унвон накардаанд. Зеро то ин давра тамоми нерӯи Ҳукумати кишвар асосан барои масъалаи таъмини суботу оромӣ равона шуда буд. Хушбахтона, имрӯз ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки Тоҷикистон бо гузашти 23 сол аз замони ба даст омадани сулҳ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Чор стратегияи давлатӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз давлати аграрии индустриалӣ гузаштан ба кишвари саноатию аграрӣ муқаррар карда шуд. Вобаста ба се стратегия корҳои бисёр бузург анҷом дода шуданд. Хоса ба истифода дода шудани ду чархи НБО-и «Роғун» дар амалӣ намудани стратегияи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва умуман барои кишвар рӯйдоди бисёр ҳам муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин кор бояд ҳам ба хизмати таърихии Пешвои миллат ва ҳам ба пуштибонии мардуми шарифи кишвар аҳсант хонд. Маҳз, иродаву ҷасорати Роҳбари кишвар буд, ки мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда шуд, Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ расид. Ҷудо гардидани даҳҳои ҳазор гектар замин ба аҳолӣ ва сол аз сол зиёд гардидани боғу киштзорҳо, бешубҳа, корҳои чашмрас ба ҳисоб рафта, он дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муассир дорад.

Воқеан, дар як муддати кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, дар арсаи ҷаҳонӣ бо шарофати талошҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиб ҳамчун давлати ташаббускор ва миллати тамаддунсоз муаррифӣ гардад. Соле қабл аз ҷониби Конфронси генералии ЮНЕСКО қабул гардидани қарор доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Мехоҳам, ҳар як шаҳрванд масъулияти хешро дар пойдории сулҳу субот эҳсос намояд.

- Ташаккур барои суҳбат!

Суҳбаторо

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БУНЁДГУЗОРИ НБО «РОҒУН»

Ваҳдат – ободии хонадони мо!

Мардуми диёри арҷманду пурганҷи мо – хурду бузургсол бо дили гарму иродаи пок дар фазои гуворои ваҳдат, ягонагӣ, эътиқод ба ягонагӣ хушҳолу фархунда зиндагӣ мекунанд, кору пайкорро ривоҷ дода, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, комёбиҳои соҳаҳои ҷомеаро устувору афзун мегардонанд. Дар ин радиф Ҳаким Низомӣ гуфтааст: «Обод бар он, ки гӯяд обод…

Ваҳдат ин сарҷамъӣ ва ҳамгироӣ аст, ки ба мардуми шарифи кишварамон насиб гардидааст. Ваҳдати миллии мо ваҳид аст, ягонаву беназир, бемислу монанд аст. Фазои ваҳдатро ободкориҳову созандагиҳо нуру сафо медиҳанд. Чаро ки миллати мо созанда буда, мардуми мо билкулл ҳунарманду ободкоранд. Мавлоно Ҷомӣ гуфтааст: «Яке ҷӯй, Ҷомӣ, дуҷӯӣ макун, Ба майдони ваҳдат дугӯӣ макун». Мулку сарзамин, манзилу маконро ободу пероста ва хушу гуворо сохтан ин рисолати бузурги мардуми созандаи кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон мебошад.

Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли Ватани маҳбуб дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд бунёди ҳазорҳо иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, имрӯз дар меҳвари 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба шарафи ҷашни таърихии миллӣ корҳои қиёснопазир ба сомон расонида, даҳҳо ва садҳо иншоот мавриди истифода қарор мегиранд. Бунёдкорони рисолатманд имрӯз, бино ба гуфтаи мутафаккир Муизӣ, «Аз ҳунармандони аср ӯро касе монанд нест, З-он ки ҳаст ӯ аз ҳунармандӣ ба аср – андар ваҳид» шинохта шудаанду ҷойгоҳи ободонии хешро доранд.

Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, бахшида ба ҷашни таърихии миллиамон дар вилоят, маркази шаҳру ноҳияҳои он, ҷамоату шаҳракҳо, минтақаҳои аҳолинишини сарзаминамон, бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ, дастгирӣ ва ҳамкориҳои шарафмандонаи соҳибкорони маҳаллӣ, сокинони ҳимматбаланд қатор – қатор иншоот – мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, дигар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, қасрҳои фарҳанг, варзишгоҳҳо, таъмиру тармими роҳҳо, кашидани хатҳои оби нӯшиданӣ, ҳаммому кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, умуман, он чӣ ки ба мардум даркор асту барои мардум хизмат мерасонад, сохта ба истифода дода шуда, айни замон корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Шоири шаҳир Мушфиқӣ гуфтааст: «То ғам нахӯрад кас, нашавад манзиле обод». Яъне ки бино бар талқини Аҳмади Дониш, «Дар асри ӯ доим фарохӣ ва арзонӣ буд, вуфури неъмат ва ободонӣ».

Ваҳдат ободонӣ ва маъмур сохтани ҳаёту рӯзгор, симои кишвар ва пешрафти ҷомеа аст, зеро иқдоми наҷиб ба сӯи ободбум, сарзамини ободон, мулки маъмур, ба тартиб овардан, оростан ва таҷҳизонидан ҳаме нигаронида шудааст.

Дар фазои кишвари аҷдодиамон – Тоҷикистон ҳиссиёти ҳимматбаландӣ, ахлоқу одоби созандагӣ қабат – қабат ба ҷилва меоянду фидокориҳо авҷ мегиранд. Ин ҳама ҳосили Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб мешаванд.

Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба мисоли як байти ғазали сулҳ ва ҳамдилӣ буда, дар вуҷуди ҳар фард эҳсоси худшиносӣ зам мекунанд, ба имрӯзу ояндаи кишварамон меҳр меоваранд, муҳаббат мебахшанд.

Мардуми худогоҳу сарбаланди тоҷик дарозои бисту се соли Ваҳдати вуҷуду комил ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву ватандорӣ комёб гардиданд. Алалхусус, баъди ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ, новобаста аз мушкилот, дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатамон ба марҳала, даври нави рушд ворид шуд.

Ҳадафҳои стратегӣ, мақсадҳои неку башоратовар – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба арсаи ҳаёти муосир омаданд, амалӣ гардиданд, ки имрӯз Тоҷикистони азизамон ин неъматҳоро дорост. Ва кунун ҳадафи навбатии чорум – саноатикунонии босуръат пеш меравад, то иқтисодиёти мамлакат боз ҳам рушд ёбад, сатҳи зиндагии шоистаи мардум боло равад.

Рушди саноат, албатта, ба таъкиди мутахассисон ва олимони кишвар, ба нерӯи барқ – энергетика алоқамандии зич дорад. Бинобар он Пешвои муаззами миллат ба бунёд сохтану ба истифода додани неругоҳҳои барқи обӣ дар кишварамон авлавият дода, ҳидоятҳои бунёдӣ намудаанд. Аз ин рӯ, имрӯз ифодаи «Пешвои миллат – Бунёдгузори НБО «Роғун» дар қалбҳоямон чун машъал нурборон аст.

Як лаҳза ба таърих рӯ меоварем: ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан ба ҷойи аввал баромад. Агар ба оинаи таърих назар намоем, равшан таҷаллӣ мешавад: бунёди «Роғун» - соли ҳазору нӯҳсаду сиюм нахустмарҳалаи тарҳрезӣ, солҳои ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду чор – тасдиқи лоиҳаи техникӣ аз ҷониби ташкилоти давлатии сохтмони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳафтоду шаш – оғози корҳои омодагӣ, моҳи сентябри соли ҳафтоду шаш оғози бунёд буданд. Ҳамин минвол соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду ҳафт – оғози бунёди сарбанд, бисту ҳафтуми декабри ҳамон сол бастани маҷрои дарёи Вахш ва соли ҳазору нӯҳсаду наваду се – ба чиҳил метр расонидани баландии сарбанд ва кандани бисту як километри нақб сабт гардидааст.

Ниҳоят, бо иқдом ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисту шашуми сентябри соли дуҳазору панҷ оғози расмии корҳои барқарорсозии НБО «Роғун» дар саҳифаи ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт шуд. Барои ба ҳадаф расидан ва иҷрои мақсадҳои наҷиб бар манфиати халқу давлат Президенти маҳбубамон борҳо ба Роғун рафтанд. Аз ҷумла, сиюми майи соли дуҳазору ҳашт сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ба вуқӯъ пайваст ва Пешвои муаззам бо коргарони «Роғун» мулоқот намуданд. Ва инчунин бисту ҳаштуми октябри соли дуҳазору нӯҳ сафари навбатии Сарвари давлат ба шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, суҳбат бо бинокорони неругоҳ доир гардид.

Воқеаи басо хотирмону таърихӣ рух дод: соли дуҳазору даҳ шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳаи НБО «Роғун» ба имзо расид. Дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолу ваҳдатобод рӯзҳое навишта шудаанд, ки эътимод ба ояндаи дурахшон мебахшанд. Даҳуми июли соли дуҳазору дувоздаҳ сафари кории Президенти маҳбубамон ба шаҳри Роғун доир шуд ва Пешвои миллат аз НБО «Роғун» боздид ба амал оварданд. Баъдан, рӯзи понздаҳуми июли соли дуҳазору понздаҳ сафари навбатии Пешвои миллат ба шаҳри Роғун ба вуқӯъ пайваст ва Президенти мамлакат бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуданд.

Санаи чоруми августи соли дуҳазору шонздаҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Роғун қарор дошта, бо рафти корҳо, ҷараёни бунёду сохтмонии НБО «Роғун» шиносоӣ пайдо намуданд.

Рӯзи дигар - панҷуми августи ҳамон сол Пешвои миллатамон аз мавзеи сохтмон боздид намуда, бо бунёдгарони неругоҳ вохӯрӣ доир карданд, ки басо хотирмону воқеан ҳам таърихӣ буд. Боз дар тақдири миллату мардуми тоҷик меваҳои Истиқлолу Ваҳдати миллӣ шаҳд бахшиданд. Рӯзи таърихӣ ва лаҳзаҳои тақдирсоз пеш омаданд: бисту нӯҳуми октябри соли дуҳазору шонздаҳ бастани пеши дарёи Вахш ва оғози бунёди сарбанд бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо пуршукӯҳу ифтихормандона амалӣ шуд ва ин манзара воқеан ҳам чун шаҳодати худшиносиву ватандорӣ нақш дошт.

Саҳифаҳои таърихи замони соҳибистиқлолиро равшану меҳрбор мехонем: даҳуми маи соли дуҳазору ҳафтдаҳ сафари кории Сарвари давлатамон ба «Роғун» ва мулоқоташон бо бунёдкорон, шиносоиашон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ҳаққо, ки саодатовару файзбахшу ҳувияту фурӯғбахш буданд. Ҳамин тавр, сафари кории навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи бисту шашуми июли соли дуҳазору ҳаҷдаҳ низ ба «Роғун» ва мулоқоташон бо бинокорон ва шиносоиашон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ чунин манзару чунин маънӣ дошт.

Рӯзҳои сенздаҳ ва чордаҳуми ноябри соли дуҳазору ҳаҷдаҳ маросими супурдани мукофотҳои Бунёдгузори НБО «Роғун» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бисту ду ҳазор бунёдкори «Роғун» доир шуд, ки аз ҷониби Сарвари давлат тақдим гардиданд.

Мегӯянд, ки «аз дил хуш аст меваи сабру таҳаммулро чашидан». Рӯзи мубораку неку бахосият фаро расид: - шонздаҳуми ноябри соли дуҳазору ҳаҷдаҳ воқеан ҳам таърихӣ буд, агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки Пешвои муаззаму маҳбубамон тантанавор, пурнусрату пурсурур ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» суханронӣ намуданд. Аз ҷумла изҳор намуданд: «Мо амиқан дарк мекардем, ки «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад».

Оре, «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан, дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург мегузорад.

Неругоҳи «Роғун» кохи бузурги нури миллат аст. Санаи 9-уми октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Сарвари давлатамон дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми НБО «Роғун» суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, зимни суханронӣ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: «Роғун» ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст».

Тоҷикистони биҳиштосои мо роҳи сафеду иқболи баланд дорад. Ва «Роғун» барои мардуми шарафманди Тоҷикистон сохтмони сарнавиштсоз, майдони нангу номус ва ҷабҳаи заҳмати ҷавонмардона мебошад. Дар радифи ин сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ дар Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон пояндаву абадӣ бод!

Мухтори АБДУЛЛО,

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

25 June 2020

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Санаи фархундаи таърихи миллат – Рӯзи Ваҳдати миллиро ба тамоми ҳамдиёрони гиромӣ аз таҳти дил табрик гуфта, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ муваффақиятҳои пайваста таманно менамоям.

Нақши Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва аз хатари нобудӣ наҷот бахшидани давлати навини тоҷикон бағоят бузург буда, он ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар бояд ҳамеша мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор дода шавад. Зеро, маҳз Ваҳдати миллӣ нақшаи душманони миллати тоҷикро, ки мехостанд, бо дасти зархаридону хоинон фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми кишвар ба таври иҷборӣ таҳмил намуда, низоми осоиштаи давлатдориро тағйир диҳанд, барбод дод ва барои таҳкими давлат заминаи мусоид фароҳам овард.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Россия

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба бо сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифт. Сипас аксгирии якҷояи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишвари ҷаҳон ва роҳбарону намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Ғалаба ба шаҳри Москва ташриф оварданд, баргузор гардид.

Читать далее

Филми “Хиёнат” хиёнатҳои наҳзатро ифшо кард

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро, ки рӯзҳои охир тариқи телевизиони кишвар намоиш дода шуд, тамошо кардам. Гарчанде аз таърихи хиёнаткориҳои ташкилоти экстремистӣ - террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом огоҳ будам, бо тамошои филми мазкур бори дигар нафратам ба ин ташкилоти хунхор зиёд гардид. Дарвоқеъ, вақте аз оғози филм мушоҳида мекунем, таҳиягарони он нахуст мардуми шарифи кишварро ба шукргузориву расидан ба қадри тинҷиву осудагӣ ва Истиқлолияти миллӣ, бахусус, дар вазъияти ҳассоси ҷомеа ва, бахусус, вазъи доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус мекунанд, ки хело амри саривақтӣ ва муҳим маҳсуб меёбад.

  Дар ҳақиқат кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи пешгирии бемории сироятии коронавирус шоистаи таъкид ва зикр мебошад. Хушбахтона ин кӯшиш ва талошҳои давлату Ҳукумат дар ҷодаи солимии аҳолӣ ҳамчун боигарии давлат аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонба ҳолати 19 июни соли равон аз шумори 5338нафарони бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3830 (71.7%) нафар шифо ёфтаанд.

Ҳамагон шоҳиди тариқи корвонҳои махсус озими шаҳру навоҳии кишвар гардидани кӯмакҳо, аз қабили маводҳои озуқаворӣ ва дорувориҳо дар шароити вазнину ҳассос гардидем, ки рӯҳияи мардуми шарифи кишварро болида гардонида, ба беморону барҷомондагон умеди шифо бахшид.

Инчунин дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар фароҳам намудани шароити мусоиди табобату солимгардонии беморони сироятии коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ шаҳодати равшани гуфтаҳои болост. Мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз ин иқдомҳои дурнигаронаи Пешвои баҳри мубориза бо ин вабои аст камари ҳиммат бастаанд. Ҳамарӯза мушоҳида аз он мекунем, ки ин ё он соҳибкори бонангу номус, ходими давлатию ҷамъиятӣ, пирони рӯзгордида ва дар маҷмӯъ ҳама қишри ҷомеа дар паҳлӯи табибону беморон қарор дошта, кӯмакҳои хешро мерасонанд.

Аммо чанд нафар хоинону бадхоҳони миллати тоҷик – аъзо ва пайравони ТТЭ ҳНИ ҳатто дар ин рӯзҳои вазнину душвор, ба ҷои дар паҳлӯи ҳамватанон қарор гирифтану аз аъмоли разилонаашон даст кашидан баҳри заҳролуд гардондани мафкураи мардум кӯшиш карда истодаанд.

Дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, нақл аз забони шоҳидони ҳол сурат гирифта, бори дигар собит сохт, ки наҳзат дар кадом шакле набошад, хоҳ паймон, хоҳ анҷуман ва хоҳ ҳизби сиёсӣ, ҳадафаш нооромӣ байни мардуми тоҷик аст. Маҳмадалӣ Раҳматуллоев - додарарӯси Муҳиддин Кабирӣ, ки оид ба муфтхуриву таҳти супориши хоҷагони хориҷӣ амал намудани Кабирӣ сухан меронад, ба ӯ лаънат хонд.

Ҳикматулло Сайфов собиқ ронандаи Кабирӣ низ оид ба хиёнатҳои ӯ нақл намуда, ба чунин ноҷавонмардон лаънат хонд.

Инчунин писараммаи Кабирӣ Ҷамшед Назруллоев аз Қасамдараи Ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод оид ба амалҳои разилонаву тиҷорати Кабирӣ ва нақшаву ниятҳои ӯ бобати нотинҷ кардани Тоҷикистон ибрози назар намуд ва зикр кард, ки беморхонаи сироятиро харидорӣ карда, қисм-қисм карда фурӯхтааст, ки чунин кирдори разилонаи ӯ нобахшиданист.

Ҳабибулло Мирзошарифов ва дигар сокинони ноҳияи Файзобод Кабириро қасамзада унвон дода, зикр доштанд, ки дар асл Кабирӣ ватанфурӯш ва гумроҳ аст.

Нигора Шарифова – собиқ аъзои ҳизби наҳзат низ оид ба аъзокунии пасипардагии Кабирӣ изҳори назар намуда, зикр дошт, ки аксари мардум аз аъзогӣ ба наҳзат хабар надоштанд ва ба ҷуз аз оилаи Кабировҳо касе ҳуҷҷати ҳизбӣ надошт.

Саидшоҳ Раҷабов собит намуд, ки Кабирӣ сармояи бедардимиёни хоҷагонашро аз ширкат дар ҷанозаи модар боло гузошта, ҳатто дар ҷанозаи падараш ширкат накардааст. Ҳол он, ки мувофиқи аҳкоми дини мубини ислом, ки Кабирӣ худро ҳомии ин дини пок унвон медиҳад, яке аз вазифаҳо ва қарзи фарзандӣ барои инсон ширкат дар ҷанозаи падару модар аст.

Хулоса, филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки оид ба хиёнатҳои ин нотавонбинон ва душманони миллат қисса мекунад, мардуми шарифи Тоҷикистон ва бахусус, ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки ба хоинони миллат бовар накарда, баҳри ободониву суботи кишвар саҳмгузор бошанд. Зеро касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, бахшидан мумкин аст, вале касе, ки хиёнат кардааст, бахшида нахоҳад шуд.

Муҳаммадюсуф ҚОЗИЕВ,
имомхатиби масҷиди ҷомеъи ба номи
Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон

Читать далее

Муборизаи оштинопазир - алайҳи зуҳуроти номатлуб

Амалҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм имрӯз ҳеҷ як фарди солимақли ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад.

Имрӯз бархе хиёнаткорони Ватан ба давлатҳои бегона фирор карда,  нақшаҳои нопокро тарҳрезӣ карда истодаанд ва мехоҳанд сулҳу суботи кишвари моро ноором кунанд.

Дини ислом поки - асту тозагии ботинию зоҳириро металабад. Аммо намояндагони гурӯҳи ТТЭ ҲНИ сар то по мурдор бошанд ҳам, худро пок мешуморанд ва аз номи ислом ҳарф мезананд.

Дини ислом пайваста аз амалу рафтори нодуруст дур буданро талаб мекунад. Бадӣ кардан ба касе ба дини ислом хос нест.

Гурӯҳҳои террористии «Давлати исломии Ироқу Шом», «Толибон» ва ғайра гӯё барои манфиати дини ислом мубориза мебаранд. Ҳар як ҳодисаҳои нанговаре, ки аз ҷониби ин гурӯҳҳо амалӣ мешаванд, дар қалби мардуми ғайримусулмон ҳисси нафратро ба дини ислом бедор мекунад.

Аз ин лиҳоз, мо омӯзгорон, падару модарон дар самти дуруст таълим додан ва тарбият кардани насли наврас бояд масъулияти ҷиддӣ ҳис кунем, онҳоро ба роҳи рост равона созем.

Ба хонандагон ва фарзандонамон фаҳмонем, ки бо заҳмату талошҳои мардуми сарзаминамон рӯзҳои даҳшатнок паси сар гаштанд. Аз ободонию гулгулшукуфоии давлатамон бояд шукргузор бошем ва баҳри боз ҳам рушд ёфтани кишварамон саҳм гузорнем.

Ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди вабои аср – терроризму ифротгароӣ мубориза барад.

Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ худӣ ё бегона ва ё таҳамулгарову тундгаро буда наметавонад. Террорист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад.

Ф. Шералиева,
омӯзгори гимназияи №1, шаҳри Бӯстон

Читать далее

ВОВАЙЛОГӮИҲОИ БЕБУНЁД ВА Ё БЕИҚБОЛИИ МУҲАММАДИҚБОЛ

Дар тӯли таърих миллати тоҷик борҳо шоҳиди тохтутоз ва хунхориҳои аҷнабиён гардида, фаротар аз он хиёнату дасисаҳои нафарони дурӯя ва чоплусу худхоҳро дар мағзи устухони худ эҳсос кардааст. Маҳз, ҳамин носипосон, ватанфурӯшони майдонғариб буданд, ки дар баробари қаҳрамониҳои фарзандони далеру шуҷоъ лагандбардориву чоплусӣ намуда, марзу буми кишварро барои ҳифзи ҷону моли худ фурӯхтанд.

Аҷдодони ин касифон то имрӯз хиёнатро бар ин миллат раво дида, бо баҳонаҳои гуногун, ки ҷавҳараш дасисаву бӯҳтон, нодидагириву бахилӣ аст, раво мебинанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳар қадар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ наздиктар шавад, хоинони миллат ҳамон қадар “мурдаву зинда” мешаванд. Ин нотавонбинон шодиву нишот, ободии макон, пешрафт ва шукуфоии кишварро дида наметавонанд. Гузашта аз ин, ба ақсои олам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷор мезананд, ки ин сана аз хотироти таърихии миллат кӯр карда шавад, зеро бандҳои Созишнома аз ҷониби Ҳукумати кунунӣ иҷро нашуд. “Равшандилон ва миллатдӯстон” дар симои Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин сухан аз кадом банди Созишнома мегӯянд, худ намедонанд. Бале, шумоён дар назар доред, тақсимоти 30 - фоизаро. Аммо касе аз Шумоён иқрор намешавад, ки кадрҳои интихобкардаатон ба ҷузъ аз қориазёд кардани “Қуръон” дигар дар умури давлатдорӣ ба ягон чиз сарфаҳм нарафтанд. Дар натиҷа давраи роҳбариашон дер напоид, аксарияташон шармандавор маснадҳои худро тарк карданд.

Манзур аз ба ёд овардани ҷашни Ваҳдати миллӣ он аст, ки “қаҳрамони шабакаҳои иҷтимоӣ” хӯҷаини сомонаи ҳангоматалаби “Ислоҳ. нет” Муҳаммадиқболи Садриддин бо “ҳамтоёни худ” Сайидюнуси Истаравшанӣ, масъули шабакаи “Кимиёи саодат. ком”, Мирзои Салимпур, масъули саҳифаи “Ахбор . ком”, ба қавле, ба сиёҳкунии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Муҳиддин Кабирӣ мусобиқа эълон кардаанд. Чунончӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин дастур гирифтааст, ки бештар минтақаи шимоли кишварро зери тозиёнаи “танқид” қарор диҳад ва ба ҳамин ҳадаф далелу асноди дурӯғро дар мақолаҳои хеш қатор кардааст.

Се матлаби ӯ оид ба Мастчоҳ ва мастчоҳиён бозгӯи гуфтаҳои болоиянд. Маълум, ки барои овардани далелҳои подарҳаво ин “маҳбуби миллат” нафарони иғвоангезу дассисабоз такя мекунанд. Ӯ аслан медонад, ки дар шараёни мастчоҳиён хислатҳои мардонагиву тавонмандӣ аз азал ҷой гирифтааст, бо истифода аз эҳсосҳои мардум мехоҳад, ҷонибдорони худро зиёду бештар бар зидди давлат равона кунад.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки бо иқдоми раиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди ин ё он минтақа кулли тантанаҳои ҷашнӣ дар сатҳи баланд доир мегарданд. Ба ёд овардани ҷашнҳои умумимиллӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Истаравшан, Кӯлоб, Ҳисор, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Данғара ва Бохтар бозгӯи гуфтаҳои болоиянд. Ба шарофати ҷашнҳо ин бостоншаҳрҳо ҷавонии дигар ёфтанд. Ин навбат Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки дар ҷашни Ваҳдат шодишарики мардуми Дилварзини тоҷикон гардад. Аммо ин нотавонбинон ва нотавонмандони миллат дигар мавзӯъ наёфта, хостанд, аз пашша фил созанд.

Ин сатрҳоро рӯи коғаз оварда, ба хотир сафари чанд сол қабл анҷомдодаи Сарвари давлат дар рӯзҳои наврӯзии масчоҳиён омад. Дар гӯшаи хотири касе набуд, ки маркази ноҳияи Масчоҳ, ки шаҳраки Бӯстон аст, бо қомат афрохтани ҳайкали Иссоили Сомонӣ, бо гулгаштҳои зебои хиёбонҳояш ба шодии мардум сурури бештар зам мекунад. Аз чеҳраҳои шоду чорабинии фарҳангии мардуми адабпарвару шоирхези ноҳия эҳсос мешуд, ки мастчоҳиён ташнаи дидори меҳмонони олиқадр ҳастанд ва ҳар сухану ҳиҷои Пешвои муаззами миллатро бо сидқи дил мепазиранд.

Ин бор низ мардум хоҳони ташрифи Сарвари давлатанд, зеро ба шарофати қадамҳои мубораки Пешвои муаззами миллат рӯҳияи идонаи мастчоҳиён болидатар мегардад. Магар ба истифода додани бинои муҳташами Қасри фарҳанг, ки дар минтақа назир надорад, бар манфиати мастчоҳиён нест? Ба фаъолият шуруъ кардани бинои ду дабистон ва кӯдакистони муосир бо ҳамаи шароитҳояш армуғони идона ба волидон нест? Бунёди чандин иншооти дигар, ки ба рушд ва нумӯи ноҳия ҳамаҷиҳата мусоидат мекунад.

Имрӯз сатҳи фаъолияти мактабу маориф дар ноҳия назар ба 10 ва ё 20 соли пешин қиёснопазир аст. Маорифчиёни ноҳия дар олимпиадаву озмунҳои “Муаллими сол” ва “Мураббияи сол”, озмунҳои инноватсионӣ фаъолона ширкат варзида, дар маҳфилҳои ҳунариву рӯзгордорӣ пешсаф мебошанд. Аммо ин худобехабарон аз забони худи мастчоҳиён бар зидди мардуми шарафманду бовиқор ва ғаюри ноҳия “сухан” мегӯянд. Саволе бармеояд, ки ба ин тоифа бешарафон кӣ ҳуқуқу ваколат додааст, ки аз номи мардуми меҳмондӯсти мастчоҳӣ чунин суханҳои подарҳаво гӯяд?

Бешармона мегӯянд, ки мардум аз сиёсати роҳбарияти давлат норизоянд ва намехоҳанд, ки роҳбарияти олии кишварро дар ноҳия пазироӣ намоянд. Баҳона чист? Бемории сироятии коронавирус ва сатҳи пасти иҷтимоиёт магар баҳона шуда метавонад?

Ба ин ландаҳурони косалес гуфтанием, ки Худо давлати мастчоҳиёнро зиёда кунад. Ҳар кадом соҳиби чандин гектар замини саҳмӣ ҳастанду бо самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин, нигоҳубинии чанд сар мол зиндагии осудаҳолона доранд. Онҳо дар ягон давру замон соҳиби чунин имконият набуданд ва ташрифи навбатии Пешвои миллат ин ободиҳоро бо заҳмати садоқатмандонаи мастчоҳиён боз ҳам фузунтар мекунад.

Дар мавриди бемории сироятии коронавирус заифнолиҳои муаллифи мақола ҳаргиз ифодагари он руҳи тавонои ниёгони далеру шуҷои мастчоҳӣ нест, ки замоне дашти ташналабро бо белу каланд ба боғу бӯстон табдил додаанд. Имрӯз на танҳо беморхонаи ноҳияи Мастчоҳ, балки беморхонаи вилоятӣ ва беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд омодаи қабули беморон аст. Алҳол дар ноҳия теъдоди гирифторони ин беморӣ ангуштшумор аст ва ин теъдод бо кӯмаки худи пизишкони ноҳия сиҳат мешаванд. Муҳаммадиқболи Садриддин дар паҳни ин иттилоот низ беҳунарии худро нишон дод.

Ба ин тоифа иғвогарону дасисабозон гуфтанием, ки мардум сидқан сиёсати халқпарваронаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ мекунанд. Махсусан, дастгириҳои соҳаи маориф аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Ба қадри ин неъмат нарасиданро камоли ношукрӣ қаламдод кардан мумкин аст. Мо бо қатъияти том ба пешрафт ва шукуфоӣ хоҳем расид. Зеро роҳи интихобкардаи мо роҳи саодат ва хирад аст.

Осим Каримзода,
сардори Раёсати маорифи вилоят,
доктори 
илмҳои таърих, профессор

 

 

 

Читать далее

Пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ вазифаи ҳараъзои ҷомеа

Дар замони муосир терроризм ва ифротгароӣ ба яке аз муаммоҳои ҳалталаб ва доғи рӯз табдил ёфта, аз таҳдиди он ягон давлати дунё дар канор намондааст. Имрӯз ин зуҳурот ҳамчун таҳдид ба амнияти давлатҳо эътироф гардида, он ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҳамчун мушкилоти ҳалталаб ва хатарзо ба амнияти миллӣ шинохта, ба пешгирӣ ва ҳалли он низ таваҷҷуҳи махсус медиҳад.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ба сифати объекти тарғиботу ташвиқоти гурӯҳҳои ифротгаро дар аксар вақт ҷавонон баромад менамоянд. Онҳо аз ҳисоби ҷавонон сафи худро зиёд намуда, мақсадҳои ғаразнокашонро худро амалӣ менамоянд. Дар кишварҳои ноороми башарият қувваи асосии такондиҳанда ҷавонон ҳастанд, Зеро, аз лиҳози равонӣ онҳо хеле ҳассос ва категорияи фаъоли аҳолианд. Вазъи буҳронӣ дар ҷомеа, хоҳ - нохоҳ имкониятҳои онҳоро барои худамалисозӣ маҳдуд намуда, барои истифодаи самараноки қувваҳои ифротӣ  роҳи васеъ мекушояд. Чуноне ки мушоҳида мешавад, солҳои охир гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик ба созмонҳои террористӣ пайваст шуданд, ки бевосита ба амнияти кишвар таҳдидовар аст.

Пешгирии шомилшавии гурӯҳе аз ҷавонони кишвар ба созмонҳои хусусияти террористӣ ва ифротидошта вазифаи танҳо давлат набуда, дар ин самт ҳар як аъзои ҷомеа бояд саҳмгузор бошад. Дар ин самт чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои волои инсонӣ, боло бурдани рӯҳияи таҳаммулпазирии онҳо, рушди тафаккури ҳуқуқӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дигар чораҳои ба ин монанд дар раванди пешгирии ифротгароӣ ва терроризм мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Наргиса ҲОШИМОВА,
ассистенти кафедраи сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Читать далее

Хиёнаткорон бояд пушаймон шаванд, худро маломат кунанд

Филми мустанади Хиёнат, ки  дар телевизионҳо намоиш дода шуда истодааст, ин ҳақиқати ҳол аст.

Хиёнати ҲНИ ва маблағгузоронаш дар ин филм аз забони шоҳидони ҳол, ки дар солҳои ҷанг ҳамроҳи онҳо буданду баъд пушаймон шуданд, возиҳу равшан омадааст.

Бо далелҳои раднопазир дар ин филм омадааст, ки аз дасти ин хоинони миллат  хуни ҳазорон нафар ба ғайри ҳақ рехт, ки ин ҳам ҳақиқати ҳол аст.

Вақто, ки ин аъмоли разилонаро аз номи ислом карданду хуни мардумро рехтанд, албатта дар назди Худо гунаҳкор шуданд, афсӯс то имрӯз чанд тан боқимондаҳои наҳзатиён бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ барои ризқи ҳароми худ Ватан, миллат, ҳатто, мазҳаби худро мефурӯшанд .

Ин хоинон бояд ин филмро бинанд, хулоса бароранд, аз Худои таъоло, аз халқу миллати Тоҷик бахшиш пурсанд ва нафси худро маломат кунанд.

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,
Раиси Шӯрои уламои дини вилоят

 

Читать далее

Филми ҳуҷҷатии ХИЁНАТ қисми 3

Наворро дар силка бинед: https://www.youtube.com/watch?v=Qcg4SGyfqP4&t=551s

Читать далее