June 2020

25 June 2020

Филми ҳуҷҷатии ХИЁНАТ қисми 2

Наворро дар силка бинед: https://www.youtube.com/watch?v=KU4bErOgAvY

Читать далее

Филми ҳуҷҷатии ХИЁНАТ қисми 1

Наворро дар силка бинед: https://www.youtube.com/watch?v=tYVAwuoMHyc

Читать далее

24 June 2020

РАЗОЛАТ БЕМОРИИ ХОСИ ОДАМОНИ НОЧИЗ АСТ

Иқрор мешавам, ки дер боз чунин филми ҳуҷҷатиро, ки дар он солҳои фоҷеабор ватани манро ба ҷанги бародаркӯше, ки наздики панҷ сол идома ёфт ва боиси марги беш аз 150 ҳазор бародарону хоҳарон гардид, надидаам.

Читать далее

THINKING OUT LOUD (outlines for a psychological portrait)

I will tell you without malicious intent i.e. open without embellishment. I don’t know about you, but when I read the publications of “Sh. G” it seems to me that I know the content of what they, our fugitives, wrote about the whole night.

Читать далее

در مدتی که بازنشسته شده ام ، هیچ وقت

سؤال می کنم و جواب می دهم ... در مدتی که بازنشسته شده ام ، هیچ وقت مدادی را در دست خود نگرفتم و فکر نمی کردم که نیازی به آن داشته باشم . من برای لذت خود بسیار مطالعه می کنم ، وجود اینترنت است که هر کتابی را خواسته باشید به راحتی می توانید بارگذاری کنید و بخوانید ...

Читать далее

20 НАФАР ДОНИШҶӮ ШУДАНД

Таъсиси Квотаи Президентӣ иқдоми наҷибона ҷиҳати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон аз ҷумлаи духтарон буд.

Зеро ҷавонони зиёде дар деҳоту шаҳракҳо зиндагӣ дошта бо вуҷуди дониши кофӣ доштан бинобар мушкилоти иқтисодӣ, қолабҳои шахшудаи маҳал наметавонистанд таҳсили хешро дар муассисаҳои олии таълимии кишвар идома диҳанд.

Квота пайраҳи сабзеро барои онҳо боз кард. Чун анъана дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст даври сеюми озмуни қабули довталабон тибқи Квотаи Президенти баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла, дар толори варзишии Гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан даври сеюми озмун баргузор гардид. Дар он 86 нафар хонанда иштирок ва аз онҳо 20 нафар унвони баланди донишҷӯиро сазовор гардиданд.

Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,
омӯзгори МТМУ 40, шаҳри Истаравшан

Читать далее

НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА МУҚАДДАС

Ваҳдати миллӣ бо ранҷу заҳмати зиёд, дар натиҷаи кашмакашиву ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Сулҳ  барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле гарон ва бо роҳи мушкилу тӯлонӣ буд.

“Ваҳдати миллӣ – қайд менамоянд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии  сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир  бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, эҳтиром ва якпорча созад”.

Воқеан,  ба имзо расидани «Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дорои аҳамияти байналхалқӣ буда,  пеш аз ҳама барои таъмини соҳибистиқлолии ҷумҳурии мо ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани  Тоҷикистони азиз мусоидат кард. Омили дигари ба ваҳдати миллӣ мусоидаткунанда мавҷудияти фарҳанги бою таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон буд. Самараи ин ваҳдати бадастоварда на танҳо сулҳу оромӣ дар қаламравӣ Тоҷикистон, балки ташакккули ҳуввияти миллӣ ва порбарҷо шудани як давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ аст.

Пӯшида нест, ки танҳо дар сурати ваҳдату якдилӣ душвориҳо ва монеаҳо паси cap мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба комёбию пешрафтҳои нав ба нав ноил гардида, мақеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам устувортар менамояд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолиятии давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Натиҷаи заҳмати содиқонаи мардуми шарифамон аст, ки имрӯз шаҳру ноҳияҳои мамлакат мунтазам рушду нумӯъ доранд. Ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комил Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди устувор ва татбиқи стратегияи нави миллӣ - саноаткунонӣ ворид гардидем. Имрӯз барои рӯзгори орому осуда ва заҳмати созандаи мардуми тоҷик ва баргузории ҳама гуна чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омадааст.

Аз ин ҷост, ки имрӯз сиёсатмадорони тоҷикро барои семинару тренингҳо ба сифати устоди дарсдиҳанда даъват мекунанд. Аз таҷрибаи бойу хирадмандонаи тоҷикон баҳра мегиранд, дар татбиқи сулҳу раванди оштӣ байни давлати худашон аз таҷрибаҳои тоҷикон истифода мебаранд.

Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас-Ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Иноятулло ҒУЛОМЗОДА,

раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Читать далее

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Қалъача”-и Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии “Қалъача”-и Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти парваришу ҷамъоварии помидор шинос гардид.

Хоҷагии деҳқонии “Қалъача” яке аз хоҷагиҳои пешқадам дар самти истеҳсоли помидор маҳсуб ёфта, ҳамасола даҳҳо тона помидорро пешниҳоди харидорон менамояд. Тибқи иттилои Аҳмадҷон Ахмедов – роҳбари хоҷагӣ имсол масоҳати кишти помидор 1 гектарро ташкил дода, ҳосили интизорӣ 50 тонна мебошад. Айни замон чиниши помидор ҷараён дошта, помидорҳои истеҳсолшаванда аз 500 грам то 1,5 кг вазн доранд. Маҳсулоти дар инҷо истеҳсолшаванда дорои шакл ва таъми хос аст, зеро заминҳои ин минтақа аз оби мусаффои куҳҳои барфпӯш обёрӣ карда мешавад.

Читать далее

Ба ваҳдат расидан орзуи ягонаи халқ буд

Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Сарвари мамлакатамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Самараи Ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат рушд ёфта, зиндагии мардум беҳ гардидааст. Дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ тӯли 23 соли Ваҳдат тағйироти куллӣ дар ҳама соҳаҳо ба чашм мерасад. Пеш аз ҳама, ин сулҳи халқи тоҷик ва осоиштагии мардум аст.

Яке аз шаҳрҳои қадимаи вилоят Истаравшан аст, ки он низ имрӯз ба яке аз шаҳрҳои сайёҳӣ мубаддал гардидааст. Тӯли ин солҳо иншооти мухталиф дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг сохта, ба истифода дода шуданд. Дар арафаи 23 – юмин солгарди Ваҳдати миллӣ дар ҷамоату деҳот ва маҳаллаву шаҳракҳои шаҳри Истаравшан иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бунёди гармхона дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалол, маркази саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷ, маркази савдо дар ҷамоати деҳоти Сабристон, мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ бо хонаи истиқоматӣ дар хиёбони Истиқлол, пули мошингузар дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурх ва чоҳҳои амудӣ ба истифода дода мешавад. Аз Истиқлолияту Ваҳдати миллии тоҷикон имрӯз ҳар фарди худогоҳи кишвар шукрона мекунад ва шод аз он ҳастанд, ки дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд.

Котиби масъули Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Мавлуда Умарова аз дастовардҳои халқи тоҷик ёдовар шуда мегӯяд, ки баробари ба Ваҳдат расидан дар кишвар сулҳу оромӣ падид омад, мардум дарк карданд, ки аз як гиребон сар баровардан ба муваффақият соҳиб шудан аст.

- Вақте солҳои 90 - умро ба хотир меорем, бевосита пеши назар нобовариву тарсро дар чашмони халқ дидан мумкин буд. Ҳатто овозаҳое буданд, ки Тоҷикистон ба чанд қисм тақсим мешавад. Ин ҳама мардумро парешонхотир мекард. Мардуми тоҷик интизори сулҳ буданд, зеро маҳз пойдор гардидани сулҳ ҳамаро аз хунрезиву нобасомониҳо эмин медошт. Заҳмату талошҳои Сарвари хирадманд ва фаъолони кишвар буд, ки дар қаламрави вилоят, алалхусус дар шаҳри Истаравшан беморхона, марказҳои саломатӣ, боғчаву мактабҳои хусусӣ, марказҳои савдо, корхонаҳои хурду бузург, хонаҳои истиқоматии баландошёна ва дигар иншооти муҳим сохта, ба истифода дода шуданд. Ин ҳама ба он хотир бунёд гардид, ки мардум ба Сарвари давлат боварӣ ва эътимод пайдо кард, - мегӯяд Мавлуда Умарова.

Боиси қайд аст, ки алҳол дар шаҳр 22 кумитаи маҳалла ва 10 ҷамоат вуҷуд дорад. Ҳоло 42 ҳазору 500 нафар аъзои ҳаракат ҳастанд. Аъзо ва фаъолони ҳаракат дар муассисаҳои таълимӣ, сехҳои дӯзандагӣ, алалхусус барои ҷавонон гурӯҳи фаъолзанҳоро даъват карда, бобати Ваҳдати миллӣ, пояндаву ҷовидон нигоҳ доштани он ва расидан ба қадри арзишҳои миллӣ вохӯриву суҳбат ва конференсияву семинарҳо доир мекунанд.

Имрӯз на танҳо халқи тоҷик, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳ эҳсос менамояд, ки ба Тоҷикистон ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар ва тараққихоҳ муаррифӣ гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее