June 2020

19 June 2020

Ду китоби нав аз Кароматулло Олимзода

Ба наздикӣ ду китоби нави академик Кароматулло Олимзода «Меҳри модар» ва «Мувашшаҳот ба аҳли адаб» тариқи нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе  дастраси ҳаводорони шеъру сухан гашт.

«Меҳри модар» ёдномаест аз зиндагӣ ва рӯзгори модари муаллиф, ки ба гиромидошти модарони олам бахшида шудааст. Тариқи ёддоштҳои муаллиф хонанда бо эҳсоси латифи  фарзанд нисбат ба модар ошно шуда, як бори дигар  ба азамати дарёи муҳаббату ҷонфидоии модар мафтун мешавад.

 «Мувашшаҳот ба аҳли адаб» китоби дигари Кароматулло Олимзода   шомили мувашшаҳот бар аҳли илму адаби кишвар мебошад.

 Дар адабиёти классики мо мувашшаҳ яке аз намудҳои маъмули шеър буда, дӯстию ҳусни нияти шуаро ва донишмандонро, ки ба ҳам мукотиба мекарданд ё мусоҳиби ҳам буданд, нишон медиҳад. Муаллиф дар пешгуфтори ин китоб қайд мекунад, ки «ин мувашшаҳҳо аслан бо расмулхати алифбои ниёгон иншо шудааст ва аз сари ҳар байте номи шахс падид меояд  ва маҳсули «гӯшанишинӣ» дар давраи «ҳуҷуми» коронавирус буда, чун  «барги сабзе туҳфаи дарвеш» ба орзуи сиҳатмандӣ  ва раҳоӣ аз ин офат ба дӯстон тақдим мегардад».

Китоб бо муноҷоте оғоз шудааст, ки изҳори илтиҷои муаллиф барои беҳрӯзӣ ва саодати мардуми шарифи Тоҷикистон  аст.  Хонандагони метавонанд аз ин китоб мувашшаҳот ба Абдулҳамид Самад, Абдуфаттоҳ Кулолӣ, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Аскар Ҳаким, Ато Мирхоҷа Нирӯ, Гулназар, Зулфия Атоӣ, Меҳмон Бахтӣ, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Носирҷон Салимӣ, Сайидалӣ Маъмур, Фарзона, Саттор Турсун ва дигаронро пайдо намоянд.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Самараи пурбори якдиливу иттиҳод

Соҳибистиқлолии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки имрӯз дар кишвари мо ба рушди босуботу пешрафти иқтисодиёт, фарҳангу маориф, илму техника диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Ҳамаи ин муваффақиятҳо ва дастовардҳо сахт бастагӣ дорад ба сулҳу субот ва оромии кишвар, ки ба шарофати ҷонбозиҳои фарзонафарзандони Ватан ба даст омадаанд.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ неъмати беназири ҷомеаи муосири мост. Талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳ шинохта шуда, таҷрибаи сулҳофарии мардуми сарбаланди Тоҷикистон мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.

 Маҳз, Ваҳдат ва суботи ҳамешагӣ аст, ки сол то сол бештар аз пештар дар тамоми соҳоти кишвар дастовардҳои назаррасу бесобиқа ба чашм мерасанд. Ин талоши пайгирона ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда, фароҳамсозии шароит барои ободкориву бунёдкорӣ моро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз хушбин месозад. Бояд гуфт, ки бавиҷа чанд соли охир барои мардуми сарбаланди кишвари азизи мо соли дастовардҳои бузургу бесобиқа буд.

Имрӯз дар аксари соҳоти хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиёт ба шарофати таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдории Истиқлолияти давлатии мамлакатамон қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуданд. Дастоварди бузургтарини мардуми шарифи кишвари мо он буд, ки маъракаи муҳими сиёсии кишвар - Итихоботи парлумони кишвар шаффову демократӣ баргузор гардид ва дар доираи омодагӣ ва ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги давлатӣ 30 - солагии Истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти шиори «1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои шоиста роҳандозӣ мегарданд.

Шоистаи таъкид ва ёдоварист, ки маҳз шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз мо боифтихор аз бунёди НБО «Роғун» ва ба фаъолият шуруъ кардани ду агрегати он ҳарф мезанем. Воқеан ба кор оғоз намудани НБО «Роғун» аз беҳтарин дастоварди замони Истиқлоли мост. Зеро ин неругоҳ шароит муҳайё мекунад, ки иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта шавад, сокинони мамлакат тамоми фасли сол бо неруи барқ таъмин бошанд ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам ояд. Ба кор андохтани агрегатҳои иншооти тақдирсози аср - Неругоҳи барқи обии “Роғун” оғози гардиши куллӣ ба сӯи муваффақиятҳост. Зеро кишвари мо имкон дорад, ки баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз лиҳози фоизи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд.

Васфи ин неругоҳе, ки ба ҷаҳониён имкон ва қудрати кишвари моро муаррифӣ месозад, дар лабони пиру барно танинандоз аст. Воқеан, Роғун сохтмони аср аст. Ва дил аз ин комёбии беназири миллати хеш зам - зама мекунад:

Шуҳра шуд Роғун ҷаҳонро баъд аз ин, аз ҳар канор,

Халқи моро офаринҳои дучандон мерасад.

Нақби Роғунро, ки бошад обрӯву эътибор,

Сояи лутфи Худо бар Тоҷикистон мерасад.

Ободиву ободкорӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла дар вилояти овозадори мо Суғди бостон низ бо шарофати ҳамин сулҳи мост. Зимнан бояд гуфт, ки дар доираи ин ободкориҳо дар қаламрави вилоят то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ иншооти гуногун сохта мешавад. Аз ин миқдор танҳо дар маркази вилоят -шаҳри Хуҷанд 250 иншоот бунёд хоҳад шуд, ки аксарашон аллакай ба истифода дода шудаанд. Воқеан, бунёди тарабхонаҳои брендии «Фарел», «Темурмалик», азнавсозии меҳмонхонаи «Ленинобод», Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, «Қалъаи Хуҷанд» ва бунёди Роҳи танобӣ аз болои дарёи Сир, сохта ба истифода додани чандин корхонаҳои хурду бузург аз самараҳои пурбори якдиливу иттиҳод аст.

Худи бунёди Роҳи танобӣ заминаи хуби инфрасохторӣ ба рушди сайёҳӣ дар миқёси вилоят мебошад ва баландии он аз сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода, баъди ба истифода додани он 16 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр аз тарафи соҳибкорон бунёд гардида, дорои 47 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кабинаи хизматрасонии олӣ буда, дар як вақт барои 160 нафар хизмат расонида метавонад. Ин мавзеи Хуҷанди бостон дар қатори Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ, Хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ мавзеи истироҳату фароғат ва тамошои сокинону меҳмонон гаштааст.

Бале, Ватан, Истиқлолият, озодӣ ва ободӣ аз воҷаҳои муқаддас ба ҳисоб рафта, ба қадри ин воҷаҳову асли мафҳуми онҳо нафаре мерасад, ки аз муборизаву ҷоннисориҳои халқ дар роҳи расидан ба озодию Истиқлоли миллӣ бохабар аст.

Сарвари давлат низ ин нуктаро борҳо дар баромад ва суханрониҳои хеш таъкид сохта, Ваҳдати миллиро иқболи баланду бахти неки Тоҷикистон медонанд. Зимни ёдоварӣ аз дастовардҳои ҷомеаи муосир наметавон аз барқарории муносибати дӯстона бо кишвари ҳамсоя ёдовар нашуд.

Дар ҳақиқат, падидаи фараҳбахши баъди тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамсоягароӣ аст, ки аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми ду кишвар мебошад. Талошҳои Сарвари давлат дар ин замина низ шоистаи таҳсину хушҳолист. Ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, таъмини рафтуомади озодонаи мардум аз дастовардҳои муваффақ дар арсаи дӯстии ин ду халқи бародар мебошанд.

Заҳмату талошҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имрӯз кишвари мо дар масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ, ки мушкили асосии мардуми сайёра мебошад, чун кишвари ташаббускор ва пешсаф шинохта шудааст. Ва агар сулҳу субот ва Ваҳдати комил набудӣ, ин ҳама аз куҷо будӣ?

Таваҷҷуҳ ба беҳтар намудани шароити некӯаҳволии мардум ва бо ин мақсад самаранок истифода бурдани обу замин, зиёд намудани истеҳсоли маводи ғизоӣ, таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, бахусус пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои кории нав аз ҳадафҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар аст ва вазифаи ҳар яки мо дар ин росто ҳимояву ҳифзи бошарафонаи ин марзу бум ва таҳкими ваҳдату суботи кишвар мебошад. Мо бояд барои тараққиёту шукуфоии кишвари азизамон саҳми худро гузорем. Суботи меҳани хешро дар мадди аввал гузоштан муҳимтарин нишони дӯстдории Ватан аст.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МОШИНИ ВАҚТ: САФАРИ АВВАЛ!

75 ДАРРАИ АЙНӢ.

 БАРОИ ЧӢ САДРИДДИН АЙНӢ ЗИНДА МОНД?

Тӯли солҳост, ки чӣ тавр ва бо кадом роҳ бунёд кардани “мошин вақт” дар зеҳнам давр мезад ва ғолибан ин ғоя дар сари ҳар инсони закӣ ва худшинос давр мезанад ва орзуи рафтан ба гузаштаву бо чашми сар дидани ҳаводису шахсиятҳо дар дил парварида мешавад. Ҳама дар ин олами ҳастӣ дар сар андешаи аз худ нишоне гузоштанро дорад. “Мошини вақт”-и ман омода шуд! Инак, имкон дорам, ки дар оғоз танҳо ба гузашта сафар кунам. Сараввал андешидам, ки кадом лаҳзаи ҳаёти гузаштагони ман ҳассос буда ва кадомин фурсатҳо шоистагии онро доранд, ки ман ба қаламрави онҳо сафар анљом диҳам. Аввалин хоҳишам дидани ҷисми лоғар ва андоми сабзина, чашмони пурмеҳру нерӯи бузурги мардонагӣ доштаи устод Айнӣ буд.

Вақте “мошини вақт” ба айёму замони дилхоҳ маро овард, ман низ бояд сару либоси ин даврро ба бар мекардам. Дар тан либоси тунуки пахтагин ва аз болояш ҷомаи хуҷандии оғози асри бистро ба бар кардам ва дар пой мӯзаи чармин доштам. Ба сар саллаи хурд гузошта будам. Ин гуна салларо муллобачаҳои бухороӣ мебастанд. Барои интихоби либос Иброҳим Сангинов – директори Осорхонаи вилоятӣ ва Абдуазиз Абдураҳмонов – рассоми маъруф кӯмак намуданд. Тамоми кӯшишҳои мо ба он равона карда шуда буд, ки банда ба ҷавонони замони Айнӣ монанд шавам. Мӯъҷикори худ “мошини вақт”-ро дар ғоре пинҳон карда, ба мадрасаи Кӯкалтош раҳсипор шудам. Дар қиёс бо Бухорои имрӯз Бухорои он давр танҳо бо рутубат ва сардӣ, беравнақиву куҳнагӣ фарқ мекард.

Сана 8 апрели соли 1917. Соат 4 субҳ. Паси дари Айнӣ, ки замоне Шарифҷон махдуми Садри Зиё онро ба устод Айнӣ тӯҳфа карда буд, роҳ мегаштам. Ҳароина Садри Зиё чун гавҳаршинос пас аз ба камол расидан ба кадом корҳои бузург қодир будани Айниро тахминан медонист. Агар ин мутафаккири бузург ба Айнии донишвар меҳрубоние намекард, шояд устоди бузурги мо дар иҷорахонаҳои сарду торик аз гуруснагӣ ва сардии тақатфарсо ҷон медод. Мо бошад натиҷаи андешаҳои мутафаккиронаи ӯро, ки дар асарҳояш инъикос ёфтаанд, намехондем, ҷараёни адабӣ низ тағйир мехурд ва имрӯз мо давлати мустақил низ надоштем. Аз паҳлӯи ҳуҷраи устод Айнӣ қадам мезадам ва нохост фикри хабардор кардан ва гурезонидани Устод Айнӣ ба сарам зад. Аммо аз рӯйи қавонину қавоид ба ҷараёни таърих набояд ҳамроҳ мешудам. Дар ин саҳна ман танҳо тамошогар будам. Бо омадани одамони қушбегӣ бо занҷир махкам шудани дари Устод Айнӣ ба гӯшам расид. Айнан он тавре, ки ман дар “Ёддоштҳо” хонда будам. Одамони қушбегӣ дарро сахт-сахт кӯфтанд. Дашномҳои бисёр карданд. Аминхони қаровулбегӣ аз ҳама бештар ҳақорат медод. Овозаш баланд буд. Дарро кушода натвонистанд.

“- Имшаб ба ин ҳуҷра бисёр ҷавонон ғун шуда маслиҳат карданд, ин он одам ҳоло дар ҳуҷраи худаш аст. Имшаб дар ҳуҷраи ман ҳеҷ кас набуд!”

Ин садо аз ҳамсояҳуҷраи устод Айнӣ садо дод.

Тирезаи хонаро зада шикастанд. Аҷиб он буд, ки Айнӣ дар ин асно ба кунҷи хона нагурехт. Пеши оинаи шикаста омад ва аз берун Аминхони қаровулбегӣ бо шаст аз гиребонаш кашид. Айнии лоғар бо сар ба замин зад. Хун аз пешонӣ ба рӯяш шорид. Дар ин вақт гирду атрофи ман пур аз одам шуд. Ҳама аз ҳуҷраҳои худ баромаданд. Касе муқобилият намекард. Агар хизматҳои Айниро барои адабиёту халқи тоҷик медонистанд, шояд мавқеъ нишон медоданд. Ман низ хомӯш истодам. Дар ҳамин вақт хоҳарзодаи Мулло Холмурод ва шогирдонаш Айниро як муштӣ заданд. Ман аз ғояти ғазаб он муллобачаи ношудро бо як зарбаи “оперкот” ба замин хобондам. Ҳар нафари ба ман наздикшуда ба замин меафтид. Онҳо намедонистанд, ки дастону тану бозуям тамриндидаву худам аз усулҳои гуштини миллӣ, боксу карате огоҳ будам. Дар ҳамин вақт касе овоз баланд кард:

- Ба пушт!!!

Пушт гашта афсареро дидам, ки бо куни шамшер ба сарам зад. Бедор шуда, худро дар зиндон-обхона дарёфтам. Мо дар обхона будем. Ман, 30-40 нафари дигар ва дар кунҷе устод Айнӣ. Сарам сахт дард мекард. Сарамро даст зада дидам, ки хуни сари кафида дар муйҳоям шах шудаанд ва маълум буд, ки аз ман хуни зиёд рафтааст. Дар вақти беҳуш будани ман дар Арк Насрулло қушбегӣ  бо Айнӣ мубоҳиса карда, ӯро барои байрақбардорӣ гунаҳкор кардааст ва кофир хондааст. Дар торикӣ танҳо рӯи лоғари устод Айнӣ намудор буд. Зеро нуре аз сурохии дар ба рӯи ӯ мезад ва маълум буд, ки меларзид. Дар тан танҳо либоси пахтагини тунук дошт. Бо вуҷуди баҳор расиданаш, обхона сарду рутубатнок буда, бӯйи ғализи чизи пӯсида ба машом мерасид. Рӯи фарши хона нам дошт ва бояд эҳтиёткорона қадам мезадем. Аз ғояти баланд будани қувваи лағжиш, ба замин афтидан ва майиб шудан аз эҳтимол дур набуд. Гарчанд мо ҳама дар гирди хона, ки бо сангу семент курсигоҳ сохта буданд, менишастем, аммо курсигоҳи мо аз ғояти намии фарши хона сард ва намнок буд. Дар худ андешидам, ки моҳи апрел бояд гарм бошад. Баракс, сардии аз намӣ ба вуҷуд омада тани одамро сурох мекард. Нафароне низ буданд, ки  аз 7 то 10 сол инҷониб дар ин маҳбасхона умр ба сар мебурданд. Макони қазои ҳоҷат ва дасту рӯйшӯӣ ҳам даруни ҳамин хона буд. Аз ин сабаб хона бӯи бад мекард. Аз ҳама ҷойи камнам ва хушк ин курсигоҳ ба ҳисоб мерафт. Ман аз ҷой хестам ва ба тани Айнӣ ҷомаи худро пӯшонидам. Бароям шараф буд, ки ҳадди ақал кӯчактарин кӯмакро барои Айнӣ анҷом додам. Медонистам, ки субҳ ӯро барои ҷазо мебаранд, барои задани  75 дарраи марговар.

Маҳбасиҳо ҳама чиркин буданд ва либосҳои даридаву ҷанда дар тан доштанд. Дар болои обхона аспҳоро нигаҳ медоштанд. Гоҳо пешоби асбҳо ба обхона мисли борон мерехт. Аз сурохиҳои девор ҳар гуна ҳашарот мебаромад. Аммо маҳбусон  аз ин ҳаводис нороҳат намешуданд. Зеро одат карда буданд.  Ман ва устод Айнӣ дар шигифт будем.

Субҳ вақте бедор шудам, ҳама хоб буданд.  Аммо Айнӣ бедор. Меларзид. Чизеро дар сар баррасї мекард. Ман аз нигоҳаш хондам, ки ғолибан чунин мегуфт:

“Ман ку ҷавонбухориёнро аз роҳи бад ва ифротӣ нигаҳ медоштам. Танҳо мехостам, ки омӯзгорон дар мактабҳо бо усули нав ба хонандагон дарс гузаранд.”

Абрӯи устод Айнӣ чин шуд. Ба ғазаб омад. Фаҳмидам, ки касеро дашном доданӣ аст. Наздаш омадам, пешаш нишастам ва хостам ҳамдардӣ баён намоям. Ногоҳ Айнӣ шӯрид.

“Ҳатто як яроқе надорӣ, ки ин сагбаччаҳоро парронӣ. Баъд маҳбас мекунанд, мекушанд, дигар фарқе надорад. Мо фуқаро ором будем, имрӯз... Уф... Худо медонад пагоҳ чӣ ҷазо ба сарам аст!”

Хостам гӯям, ки пагоҳ ҳама халос мешавем ва шумо на пагоҳ, балки имрӯз 75 дарраи марговар ба тани худ қабул мекунед. Аммо ин аз қоида берун буд. Набояд аз ояндаи бароям гузашта ҳарфе мезадам.

-  Чӣ ном доред? Барои чӣ аз паси ман хестед? Ҳоло вазъ ҳамин хел аст, ки касе аз паси касе намехезанд – гуфт Айнӣ.

-  Ноадолатиро таҳаммул надорам – ҷавоб додам ман.

Ба чашмонам нигоҳ кард ва бо андӯҳ гуфт:

- Дар ин диёр адолатро кайҳо гӯронидаанд.

-  Адолат вожаи нисбӣ аст. Ҳатто он давлати Шӯроӣ, ки ҳама дар борааш мегӯянд ва орзуи онро дорем, замоне хоҳад расид, ки аз рӯи адолат кор пеш намегирад.

- Ман шуморо нафаҳмидам, - гуфт Айнӣ.

-  Ин танҳо як фикр аст. Фикри банда. Ман аслан дигар чӣ гуфтанӣ будам, - саросемавор аз ҷой хестам ва ба ҷойи худ рафта нишастам. Аз гуфтаҳоям пушаймон шудам.

Дар ҳамин вақт ду сарбоз ба обхона даромада Айнӣ ва Мирзо Назруллоро ҷеғ заданд. Ҳардуро гирифта ба берун бурданд. Пас аз 40 дақиқа Айнии ниммурдаро оварда партофтанд. Тахтапушташ даридаву пора пора шудааст. Аъзои баданаш пур аз хун. Аммо дар лаб табассум дорад. Ғолибиятро гӯё тантана мекунад. Ман ҷомаи нимхушкро ба болои Айнӣ пӯшондам ва интизори бегоҳ будам. Зеро бегоҳ бояд аскарони рус Айнӣ ва тамоми мардумро аз маҳбас озод мекарданд. Айнӣ менолид. Дасти ман дар сараш буд. Сараш ва танаш меларзиданд. Гоҳе хобаш мебурд ва тарсида бедор мешуд ва мадори гап задану ҷумбидан надошт.

Бегоҳ дарро нафаре кушод. Аз симояш маълум буд, ки рус аст. Ҳамоне ки сабаби наҷоти ман, маҳбусон ва устод Айнӣ шуд. Агар ин аскари рус, ки аслан он қадар симои зебову чеҳраи нуронӣ надошт, ду ё се рӯз дер меомад, ё аз мавҷудияти обхона касе огоҳ намешуд, ё дар ҳарбу зарб оташ мегирифт, ё дараш кушода намешуд, ё...

... Устод Айнӣ аз хунравии зиёд ҷонро ба ҷонофарин месупорид.

“Бароетон, шуморо револютсияи Русия озод кард!” – гуфт он мард.

Ҳама саросемавор баромадем. Ман аз дасти Айнӣ дошта, ба берун баровардам. Беморонро ба мошине савор мекарданд. Устод Айниро бо кӯмаки як аскарбачча ба мошин савор кардам ва ин охирин дидори ман бо ин шахси бузург буд.  Зуд пеши аскарбачаи русе, ки моро озод кард, рафтам ва дасташро сахт фишурдам ва гуфтам: Ҳоло рӯзе мерасад, ки мо ту ва ҳаммилатонатро аз дасти фашистон халос мекунем. Мо ин некиро бармегардонем. Ӯ ҳайратзада ба ман менигарист. Албатта ман бо забони русӣ фикрамро баён доштам. Аммо ӯ намедонист, ки банда дар бораи кадом фашист ҳарф мезанам.

Ҷониби ғор равон шудам ва мошини вақтро пайдо карда, ба макону замони худ баргаштам.

Инак, ин сатрҳоро дар компютер менависам ва ба лаёқату дониши устод Айнӣ қоилам. Ҳоло барои мо ҳама чӣ ҳаст. Техника, интеренет, китоб, мактаб, донишгоҳ, омӯзгорони соҳибтаҷриба...

Мо бисёр шароити хуби хондан ва эҷод карданро дорем, аммо эҷод надорем. Мисли Айнӣ пуркор нестем. Дар замонаш, дар вазъи душвору сангин бо эҷоди асарҳои ҷаҳонӣ ва бузургаш даҳони пантуркистонро муҳр зад ва аз мавҷудияти миллате чун тоҷик садо баланд намуд. Ҳадди ақал як соли пуркории Айниро дар давоми умр дошта бошем....

Хонандаи азиз, сафари моро пайгирӣ кун, зеро ин сафари ғайриоддӣ туро ба саҳфаҳои бузурги таърихӣ мебарад.

Осим Орифпур

Рӯзноманигор, корманди

Раёсати вилоятии “Тоҷикфилм”

 

Читать далее

КОМЁБИҲОИ КИШВАРАМОН АЗ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕБОШАНД!

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Дарвоқеъ, дуруст аст, ки бо шарофати ба имзо расидани Созишнома дар кишвари мо муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима ёфта, мардум оҳиста – оҳиста ба марҳалаи навин, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намуд.

Мисоли ин гуфтаҳо бунёди нақбу пулҳо, роҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва сохта ба истифода додани чандин мактабҳои наву замонавӣ, инчунин барои расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ сохтани НБО – ҳо ба ҳисоб мераванд. Мардуми тоҷик бо роҳбарии марди хирадманду тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, кишвари ҷангзада ва харобгардидаи худро дар як муддати кӯтоҳ ободу зебо гардонида, дар ақсои олам номвар созанд. Маҳз, бо талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат сулҳу ваҳдати миллӣ пойбарҷост.

Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид кард, вале тӯли беш аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ ва сулҳи побарҷои худ омада расид.

Имзои Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик шуд, ки дар он саҳми Пешвои муаззами миллат басо назаррас аст. Сулҳи бадастомада натиҷаи заҳматҳои зиёди миллати тоҷик таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат буд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.

Қаҳрамонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, бояд наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош меварзад.

Нозим НОСИРОВ,

мудири шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич

НОДИДА ГИРИФТАН НОБАХШИДАНИСТ!

Тариқи сомонаҳои интернетӣ паҳн шудани навиштаҳои яке аз нафароне, ки худро тоҷик ҳисобида, ба халқу Ватани худ хиёнат мекунад, маро ба гузаштаи на чандон дур, ҳамагӣ наздик се даҳсола бурд.

Ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ барои давлати Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки мустақилияти худро ба даст орад. Ҷоиз ба қайд аст, ки мустақилият барои халқи азият- кашидаи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Он ба ивази талошу заҳматҳо, ҷонфидоиҳо ва меҳнати фидокоронаи мардуми сарзаминамон рӯи кор омадааст. Маҳз, андешаҳои некбинона нисбат ба ояндаи кишвар доштан мардумро ба он водор сохт ва дар муддати кӯтоҳ ба он муваффақ шуд, ки пояи давлати дарвартамондаро аз нав барқарор созад. Хушбахтона, дарозои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мамлакат хеле обод шуд. Мардум имрӯз дар фазои тинҷу осуда ва ҳамдигарфаҳмию сулҳу ваҳдат умр ба сар мебаранд.

Халқ бовар дошт, ки зина ба зина, марҳала ба марҳала ва ҳатто, соат ба соату лаҳза ба лаҳза метавонад, бахту саодатовар ба кишвари худ - Тоҷикистон бошад. Ба шарофати Истиқлолият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ-Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд. Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Туфайли ба даст овардани мустақилият Тоҷикистон бо беш аз 80 созмони бонуфузи ҳамгироиву ҳамкориҳо ва 140 мамлакати дунё робита дорад. Имрӯз, агарчи Тоҷикистонро тамоми кишварҳои рӯи олам мешиносанду шартномаи ҳамкорӣ бастаанд, аз ҷониби як тоҷиктарош нодида гирифтани ин пешравию муваффақиятҳо ноадолатии маҳз аст.

Дидани ободию тозакориҳо ва рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз, таъмини ояндаи дурахшони фарзандон, зиндагӣ кардан дар давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва соҳибихтиёр, фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳнати софдилона орзуи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Вазъи кунунӣ ва ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ – паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 имрӯз Тоҷикистони офтобии моро низ фарогир буда, барои пешгирӣ ва мубориза бо он тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Маҳз талоши ҷонфидоёнаи халқи шарифи мамлакат ва махсусан шифокорон буд, ки имрӯз ин маризӣ дар сатҳи коҳишёбӣ қарор дорад. Ин ҳолатҳоро нодида гирифтани хоинони миллат, сарварон ва пайравони ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла Шарофиддин Гадоев барин нафа- ре, ки аз дур истода, овоз баланд мекунанд, нобахшиданист.

 Ман ҳамчун як шаҳрванди ин сарзамин эътимод бар он дорам, ки ин фирефташудагон рӯзе, албатта, аз амалҳои хеш пушаймон мешаванд, зеро баҳри ҳар инсон гуноҳе бештар аз он нест, ки бо обу хоки Ватан ба воя расаду сипас дар ҳаққи он кӯрнамакӣ кунад.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Читать далее

АНДЕШАҲОИ ШУНАВО

АНДЕШАҲОИ ШУНАВО

Ошкоро ва бе ҳеҷ гуна ғараз андешаҳоямро рӯи қоғаз меорам. Ҳар гоҳ навиштаҷотро бо имзои “Ш.Г.” мебинам ҳатто нахонда аллакай мазмуни онро медонам. Замоне бо таҳқиқи криминалистии матнҳо машғул будам ва аз ин рӯ онро бо дигар матнҳо қиёс намуда ба чунин хулоса омадам, ки гуфтаҳои муаллиф ҳама берабтанд ва ё а куҷое иқтибос шудаанд, ҳамчунин яқин аст, ки ин навищтаҷот дар якҷоягӣ бо хоҷагони муаллифон, ки худ супоришҳои хадамоти махсуси кадом давлатеро иҷро мекунанд, эҷод шудаанд. Аз рӯи он, ки дар ин навиштаҷоти каммазмун мантиқ ба назар намерасад, метавон хулоса кард, ки муаллифон ашхоси чалласаводанду майл ба туҳмату иғвогарӣ доранд. Аҷабо, ки ин қаламбадастони ҳардамхаёл шояд руҳан носолим бошанд ва пурра аз дигарон вобастагӣ доранду мутеи онҳо ҳастанд ва дар илм инро “авҷи мавсимии беморӣ” меноманд. Танҳо одамони асабҳояшон сахт хароб розӣ мешаванд, ки бозичаи дасти дигарон шаванд, ба хотири он, ки дар пеши назари омма шуҳрат ёбанд. Ҳар як руҳшинос метавонад айнан ба чунин хулоса ояд, агар боре бо навиштаҷоти “Ш.Г.”, ки ба ҷуз ҳаёҳу чизе нестанд, шинос шавад. Шахсан ман кирдору рафтори “Ш. Г.”-ро, ки аз бадкирдориҳои худ шарм намекунад ва менависад, ки ӯ чи гуна бо Кабирӣ нияти табадуллоти давлатӣ доштанду баъди нокомӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқро фиреб дода гурехтааст, мушоҳида намудам, ба чунин хулоса амадам. Афти хунуки ӯро, ки худро “қаҳрамон” мепиндорад, ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки инсон чи гуна то ба чунин пастиву разилӣ мерасад. Шармам меомад, ки ӯ “ҳамшаҳрии” ман аст. Чунин одамон ба ҳама гуна ҷиноят ва кирдори разилона қодиранд, ва мехоҳанд бо ин роҳ номашон вирди забони мардум гардад. Фикру хаёли онҳо метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад ва хиёнаткорӣ ҳам барои онон чизи муқаррарист. Ягон чиз барои онҳо қудсӣ нест ва онҳо тайёранд, ки аз ҳисоби дигарон кайфу сафо кунанд. Онҳо шарму ҳаёро мутлақо намедонанд. Баъзе лаҳзаҳо онҳо девонаавзо мешаванд. Истифодаи коронавиус, ки фоҷиаи миқёси ҷаҳонӣ шудааст, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, нишонаи ноодамгарӣ ва зиштии ахлоқии онҳо мебошад. Аъмоли онҳо месазад, ки аз ҷониби руҳшиносон барои фаҳмидани авзои девонагон омухта шавад. Нияти онҳо ифлос аст ва бинобар ин чунин тоифаи одамон дар ҷомеа мақоми пасти иҷтимоӣ доранд. Бо вуҷуди ин ба онҳо бузугманишӣ хос аст. Лекин ҳар як одами солимфикр мефаҳмад, ки шахсе дар Аврупо манзили муайяни зист надорад омода аст, ки дар назди ҳама гуна кас ба зону афтад, то ӯро дастгирӣ кунанд. Пас, эй Кабирӣ, ту барои ман, атрофиёни ман, ҷомеаи мо кисти?! Чаро ту аз худ бут метароши?! Чунин одамон якдигарро ёфта муттаҳид мешаванд, вале ҳеҷ гоҳ ба якдигар содиқ намемонанд. Онҳо бозичаи дасти дигарон буданду мемонанд. Касе бояд ҳайрон нашавад, ки агар Кабирӣ аз пуштибонии Эрон рӯ гардонаду ба он кишвар хиёнат кунад ва эскимосҳои шимоли Амрико арзи муҳаббат намояд, дар сурате, ки онҳо ба ӯ пул диҳанд. Алалхусус ин ки дар Эрон ноуҳдабароии Кабириро кайҳо дарк намуданд. Зеро эрониҳо касеро, ки аз муносибатҳои худ бо ин кишвар лофу газоф мезанад дӯст намедоранд. Касе, ки худро намоишкорона ташвиқу тарғиб мекунад ба қавли худ содиқ нест. Барои чунин одамон аз ҳама муҳимаш пул аст ва худро чун мол дар бозор пешниҳод намудаанд. Мақсад ва мантиқи рафтори касеро, ки ӯро дар ватанаш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҷиноятҳои вазнин ҷустуҷӯ мекунанду ӯ дар ҷаласаҳо бешармона ҳарф мезанад, чи гуна метавон шарҳ дод? Ва ин фирорӣ ва ҷинояткори гузаро аз ҷониби радиои “Аврупои Озод” ҳамчун намунаи озодии сухан муаррифӣ мешавад. Посухҳои Кабирӣ ба суолҳои ин радио қаблан аз ҷониби кормандони он омода мешавад,  ки комилан равшан аст. Дар чунин мусоҳибаҳо Кабирӣ бештар ба қаллобу дасизабоз мемонад на ба сиёсатмадор. Баъди ин мусоҳибаҳо Кабирӣ дар назари ман чунон шум гардид, ки тасвир карданаш мушкил аст. Ӯ нашармида изҳор дошт, ки ким кадом касе ба ӯ 50 евро барои харидани хурока додааст. Ӯ ба назари ман на тоҷик балки мисли як аҷнабӣ намуд. Аз он мутаҳайирам, ки дар Аврупо бадкирдориҳои Кабириро медонанду, лек чашм мепӯшанд. Одамони мисли Кабирӣ ҳофизаи таърихӣ ва шарафи инсонӣ надоранд, ва аз ин рӯ ба ҳама гуна зиштӣ қодиранд. Ку бубинем, ки ӯ чи зиштии дигар содир мекунад. Бадбахтии Кабирӣ дар он аст, ки ӯ чун сайёҳ гирди ҷаҳон мегардаду ақлаш ҳеҷ не ки дарояду ӯ одобу услуби баҳсу мунозираро ёд гирад. Ин буд он чизе, дӯстам, ки мехостам ба ту гуям. Дар ин навиштаҷот ягон ғараз ё хусумати шахсӣ нест, ин андешаҳои шунаво ҳастанду ба...

 

Шариф Салимов, нафақахӯр

 

 

 

МЫСЛИ В СЛУХ

(наброски к психологическому портрету) ......... Скажу Вам без задних мыслей т.е. открыто без прикрас. Не знаю как у Вас, а у меня при чтении публикаций " Ш.Г. " сразу же возникает ассоциации будто я знаю содержание того, о чем писали они, наши беглецы, ночью на пролет... Как человек тщательно изучавший в свое время тему криминалистического исследования текста и установления предполагаемого автора, подлежащего изучению и проводя параллели могу заключить, что все, о чем пишет " Ш.Г." это продукт домыслов автора и его окружения. Часть из этих материалов вырваны из контекста , переведены из другого языка и видно , что над этими клеветническими измышлениями работают они в тандеме со своими хозяевами , выполняющими заданий спецслужб иногосударст....Судя по тому , что в них отсутствуют логика изложения материала и содержание у них не ахты , они составляются лицами среднего уровня образования , которые склоны к обману и фальши . Они, эти авторы, сами по себе имеют психические отклонения и по - существу, на этой почве, ненависть к своей стране, они не доверяют друг - другу, поведения отдельных из них зависимы целиком и полностью от внешних обстоятельств и времена года, что в науке называют " сезонные обострения ". Только человек с шизофреническим уклоном может позволит себя , заведомо ( дидаву дониста ) стать игрушкой в чужой игре и работать на публику рады того , чтоб о нем говорили...Любому психологу для подтверждения своих слов и выводов адресую на изучение и оценку действий " Ш.Г." , которые произошли не так уж давно и делали много шума из ничего... К такому выводу пришел при изучение его поведения после возвращения к своему шефу , тогда , когда в разных студиях и в разных ракурсах он рассказывал небылицу и о том , как вместе с Кабири заранее готовились к совершению подлости и как он реализуя этот план , обманул , обхитрил правоохранительные органы собственной стране и какой он после этого герой...Смотрел на его довольную морду и не находил этому объяснений , логику . Стыдился, что у меня такой " земляк " на белом свете.....Конечно у меня на все это есть свои объяснения и они не утешительные...Люди с такими наклонностями готовы на любые пакости , подлости и интриг лишь бы о них говорили.......У них часто меняются настроение , меняются взгляды зависимо от обстоятельства , они склоны к непредсказуемым действиям , даже к предательству....У них святого ничего нет , они любят комфорт и жить на халяву......Ведь только такие персоны могут врать бесконечно , и как говорят, не краснеют...У них нет чувства меры и напрочь отсутствуют чувства стыда...Временами у этих людей бывает агония и психоз... Использование коронавируса , трагедия мирового масштаба , для достижения подлых помыслов - это показатель их бесчеловечности и морального уродства , наглядное пособие для специалистов , изучающих психологию и поведение предателей . У них помыслы грязные и поэтому это категория граждан всегда в обществе имеют низкий социальный статус..., а потому у них в оценке процессов всегда преобладает мания величия....Ведь любой человек понимает, что лицо без определенного места жительства в Европе , обращается ко мне чуть не ультиматумом пересмотреть свои взгляды и поддержать его преступные обращения и лозунги...Кто же ты такой - Кабири для меня , для моего окружения , для общества...Кого ты из себя возомнил ? Именно на этой основе у этих людей возникают побратание, союз без взаимностей и о чем говорил ранее, мания величия......Они всегда и во все времена используются как мальчики на побегушках. Никто не должен удивляться тому , если завтра Мухидин Кабири вместе со своими услужниками , поменяет имидж и нарушить джентельменское соглашение и перейдет от любви и преданности к Ирану на пример , к эскимосам на севере Америки или к тем , кто больше будет платить… Нельзя исключать и обратное , Иран откажется от поддержки Кабири, осознав бессмысленность и не дееспособность его решать проблемы... Ведь его хозяева не любят , когда человек на побегушках у них рекламирует эти отношения...Все знают, как Кабири любит рекламировать себя и своих связей , даже конфиденциальных... Ведь в рекламе не бывают постоянства и чувства долга . Главное - деньги и преподнести себя , как товар на рынке.....Иначе , не возможно объяснить цель и логику участия на дебатах человека , которого разыскивают правоохранительные органы собственной страны за совершение особо опасных государственных преступлений.....Беглец собственной страны , подозреваемый в совершение преступлений - реклама свободы слова - для Радио Свободной Европы . Вот какие у них нравы , так наверное надо понимать их ....Кстати , дебаты показали " профессионализм и независимость журналистки " в дебатах , где вопросы заранее были известны одному участнику и ответы читались ими с листа , что говорит об их " неожиданностях" для Кабири . Здесь он больше напоминал мне и был похож на европейского шулера, нежели политика.... Кроме всего этого, во время своей полемики, Кабири на мои глаза так пал низко, что трудно описать... Помните, он даже вспомнил, как на 50 евро когда - то купили этому парню продукты или еще что - то.... Какой же все-таки он показался мне чужим, не нашенским, не по - таджикский... Я уж не говорю , пардон , не по - джентельменски , даже для Европы ,а потому стоит ли удивляться тому , что делают , даже его подлостям....Ведь у них напрочь отсутствуют историческая память , человеческое достоинство и на этой основе они готовы к любим подлостям...Так что ждем от него очередной подлости...Беда у Кабири в том , что как турист ходит по миру , но ни как не наберет ума , культуру ведения полемики....Вот дорогой мой друг - это то , о чем хотел поговорить с тобой... Ничего личного, ничего лишнего, просто мысли в слух......

 

Салимов Шариф,   пенсионер

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Читать далее

СУОЛ МЕДИҲАМУ ПОСУХ…

СУОЛ МЕДИҲАМУ ПОСУХ…

Барои кайфияти худ бисёр китоб мехонам, ба ман интернет мусоидат менамояд. Ҳамарӯза дар канори набераҳо ҳастам ва аз муваффақиятҳои онҳо шод мешавам, шукри зиндагии осуда менамоям. Чун кулли ҳамватанон аз фаро расидани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, аз он ки Душанбеи ҳамешабаҳори азизи мо торафт зеботар мешавад,хушҳол мегардам. Ба ҷои сиёсатмадори ботаҷриба ва донандаи хуби хоҷагии халқ ба вазифаи шаҳрдор омадани як ҷавонро назари шубҳа қабул намудам. Гарчанде медонистам, ки Президенти мамлакат, ки дар шароити мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ обу тоб ёфтааст дар ин айёми барои мамлакат тақдирсоз ҳеҷ гоҳ иқдоми саросемавор намекунад. Гузашти вақт дуруст будани интихоби Эмомалӣ Раҳмонро собит намуд. Аз моҳи апрели соли 2017-ум, аз замони таъин шудани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи шаҳрдори пойтахти кишвар он гул-гул мешукуфад, ки ин раванд итминони мардумро ба фардои нек қавитар месозад. Ҳамаи ин дар пеши назари мо амалӣ мешавад, ва мо шоҳиди зиндаи ин дастовардҳо мебошем. Ва дар ҳамин айёми созандагиву бунёдкорӣ аз қазо ин коронавируси лаънатӣ паёдо шуд. Ҳамчун меҳмони нохонда, бо ниятҳои нопок омад ва таъкид месозад, ки ӯ пандемияи биму ҳарос ва тарсу ваҳм аст. Бо гузашти вақт маълум гардид, ки коронавирус бештар дар ҷойҳое пирӯз мешавад, ки он ҷо бепарвоӣ ҳукмфармост ва қоидаҳои беҳдошт риоя намешаванд, ба тавсияҳои мутахассисон гӯш намедиҳанд. Солҳои 80-уми асри гузашта ман дар мактаби олиҷаноби иттифоқҳои касабаи ИҶШС таълим мегирифтам ва моро бо усулҳои гуногуни мубориза бо бемориҳои сироятӣ шинос менамуданд. Бо паҳн шудани коронавирус дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо маро эҳсоси нигаронӣ барои наздикон, барои аҳолии Тоҷикистон фаро гирифт. Во аҷабо, аз он ки вирус ба Тоҷикистон низ ҳамлавар шудааст, баъзе нафарони курдил аз қабили Муҳиддин Кабирӣ ва атрофиёни ӯ изҳори хушнудӣ намуданд, гӯё ки ин вабо, ки пеши он ҳатто давлатҳо ва ҳукуматҳо оҷизӣ мекашанд, бародар ё қудои онҳо бошад. Онҳо бар он ақидаанд, ки ин вабо ба онҳо барои расидани ҳадафҳои нопокашон, яъне нотинҷ кардани авзои ҷомеа мусоидат менамояд. Мақолаҳои пайиҳам интишоршавандаи онҳо ва муроҷиатҳои видеоиашон ба халқи кишвари мо, ҳатто таҳлили сарсарии мазмуни навиштаҷоту гуфторашон маро ба чунин хулоса овард: хоҷагон ва устухонпартоёни ин ватанфурӯшони зархарид дар назди Кабирӣ масъала гузоштаанд, ки ҳамчун сиёсатмадори ношуд ё вазифаи роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъро тарк намояд, ё аз ҳамаи воситаю имкониятҳо, ҳатто аз фоҷиаи инсонҳо, ҳар гуна вабоҳо истифода бурда дар ҷумҳурӣ бесарусомонӣ эҷод созад. Фаъол шудани ӯ дар ин давра аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ роҳи дуюм, роҳи душманӣ ва хиёнатро ба халқи худ интихоб намудааст то хоҷагонашро розӣ намояд. Ӯ илоҷи дигар ҳам надорад ба ҷуз он ки итоат намояд ва ҳар фармудаи саркардагонашро филфавр иҷро кунад. Аз ӯ нафратам омад, зеро ҳар як сиёсатмадори андаке дурбин мефаҳмад, ки бо мақсадҳои сиёсӣ истифода намудани фоҷиаи инсон, дарди ба беморӣ гирифтор шудагон худкушӣ асту бас ва аз анҷоми фаъолияти сиёсии ӯ дарак медиҳад. Инро хоҷагони вай – кормандон хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ низ хуб дарк менамоянд. Ах ин ҷо ба ман маълум гардид, ки Кабирӣ дар тахтаи шоҳмот ҳеҷ гуна афсар нест, балки донаи қаторист дар бозии аҷнабиён бо нияти суст намудани пояҳои давлат дар Тоҷикистон. Итминони комил дорам, киистифода аз мушкилоти ба вуҷудомадавобаста ба пандемияи коронавирус аз ҳадафҳои стратегии онҳо дар ин даврамебошад. Яқинаст, ки бо мурури маҳдуд шудани пандемияи коронавирус дар кишвар пойдеворе, ки Кабирӣ ва ҷонибдорони ӯ дар болои он бинои хаёлии худро сохтани буданд, барбод меравад, зеро он пойдеворбебунёдаст. Онҳоумеддоштанд, кибокумакивабобесуботиро дар кишвар ба вуҷудмеорандва ба домиҷаҳолатмекашандва дар натиҷа он ҷангифалокатборе, кимо аз саргузаронидембозтакрормеёбад. Аммотириионҳохокмехурад, зеро мардумиТоҷикистон он давраро дар ёддоранд. Мо медонем, ки ғояҳои экстремистии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъ дар саросари ҷумҳурӣ, алалхусус дар ноҳияҳои Фархор, Бохтар, Вахш, шаҳрҳоиКӯлоб, Бохтар (Қурғонтеппа)ва Душанбе чӣ фоҷиаеро ба бор овардабуданд. Дар баъзе ҷойҳо одамон бар асари гуруснагӣ мефавтиданд, дар ҷойҳои дигар ҳамяроқони М. Кабирӣ одамонро зинда ба зинда гӯр мекарданд. Магар инро фаромӯш метавонсохт? Магар одами солимфикр такрор шудани он ҳодисаҳои хуношомро мехоҳад? Бар хилофи Кабирӣ ва аъзои тими ӯ дар бисёр кишварҳо нерӯҳои солими оппозитсионӣ бар он мекӯшанд, ки на дар сухан, балки дар амал мекӯшанд, ки ба пешрафти кишварҳои худ мусоидат намоянд, то ин ки одамон зиндагии беҳтар дошта бошанд. Сарварони ин нерӯҳои оппозитсионӣ аз Кабирӣ хеле боақлтару хирадманду дурбинтаранд, маълумоти хуб, одобу услуб ва фарҳанги сиёсӣ доранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ фоҷиаи инсонҳоро ба мақсадҳои сиёсии худ истифода намебаранд, он чиро ки Кабирӣ ба худ раво мебинад... Дар робита ба ин мехоҳам ба сад суоле, ки маро ва дӯстонамро ба ташвиш оварданд посух пайдо кунам. Инак он суолҳо:

1. Кӣ аз сарварони ҷаҳонии оппозитсия мансубияти худро ба хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ пинҳон намекунад ва ба таври ошкоро бар алайҳи кишвари худ ва халқи худ фаъолияти харобкунанда мебарад?

Ҷавоб: ҳеҷкас ба ҷуз сиёсатмадори худ эълонкардаи на ин ки миқёси ҷаҳонӣ, балки ҳатто на миқёси ҷумҳуриявӣ – Кабирӣ.

2. Кадоме аз сарварони нерӯҳои оппозитсионӣ дар ШМА, Аврупо ё Россия боистифода аз фоҷиаи умумиинсонӣ – паҳншавии коронавирус дар кишвар ҳокимияти иҷроияи кишвари хешро гунаҳкори ҳама нокомиҳо эълон менамояд?

Ҷавоб: ягон нафар сиёсатмадор на дар ягон гушаи ҷаҳон. Аксари сиёсатмадорони дунё ашхоси Худотарсанд ва ҳар шикастро “Хости Парвардигор” медонанд, фақат Кабирӣ ва атрофиёни ӯ бошанд ҳама гуноҳро ба сари роҳбарияти кишвар мезананд.

3. Кадоме аз нерӯҳои оппозитсионӣ дар ҷаҳон дар чунин давраи барои халқҳо ва кишварҳо ниҳоят гаронфоҷиаи инсониро барои татбиқи ҳадафҳои ночизи доира ва ҳизби хеш, барои амалӣ сохтани ғояҳои душманона, ки бештар табиати хусусӣдоранд?

Ҷавоб: касе ва ҳеҷгоҳ, ба ҷуз М. Кибирӣ.

4. Кадоме аз нерӯҳои оппозитсионӣ дар ҷаҳон бо истифода аз фоҷиаи инсонӣ халқи худро ба саркашии шаҳрвандӣ даъват менамояд?

Ҷавоб: ҳеҷкас, ба ҷуз М. Кабирӣ.

5. Кадоме аз сарварони оппозитсия дар ҷаҳон дар хориҷа пинҳоншуда ва ба истифода аз пандемия модарон ва хоҳарони худро ба амалҳои зидиконститутсионӣ даъват менамояд?

Ҷавоб: ҳеҷкас, ба ҷуз М. Кабирӣ ва ҷонибдорони ӯ.

6. Ки аз сарворони оппозитсия дар ҷаҳон ҳамарӯза дар воситаҳои ахбори оммавӣ якзайл ҳамон як туҳматро ба ҳокимияти сиёсии кишвари хеш интишор месозад?

Ҷавоб: ягон сиёсатмадоре, ки ба худ эҳтиром дорад, намегузорад, ки аз ӯ тӯтӣ созанд, инро ба худ фақат Кабирӣ раво мебинад.

7. Ки аз ҷонибдорони нерӯҳои оппозитсионӣ дар ҷаҳон камераи видеоӣ дар даст фоҷаи инсонӣ, гури фавтидагонро сабтменамояду онро бо мақсади бадном сохтани ҳокимият дар кишвар чун маводи ҳангомаҷӯёна истифода мебарад?

Ҷавоб: ҳеҷ нафар аз сарварон, ба ҷуз Кабирӣ ва ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ. Барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон ин амали ношоиста мамнуъ ҳисоб мешавад, ба ҷуз ТТЭ ҲНИ.

8. Ба ман ягон ташкилоти сиёсиеро дар ҷаҳон номбар кунед, ки ба элитаи сиёсии кишвари худ ягон иртибот надошта, бе иҷозати ИН ЭЛИТАИ СИЁСӢ аз номи он ҳарф мезанад?

Ҷавоб: фақат саркардаи гурезаҳо – Кабирӣ!

Хонандаи гиромӣ барои хаста накардани Шумо бо суолу ҷавобҳои дигар дар бораи табиати ҷинояткоронаи М. Кабирӣ, ин корро ба дафъаи дигар мегузорам. Фақат ҳаминро мегуям, ки баҳои ниҳоӣ додан ба нақшаҳои стратегии Кабирӣ ва иброз доштан, ки ин нақшаҳо пурра барҳам хурданд ҳанӯз барвақтаст. Фақат ҳаминро таъкид месозам, ки нақшаи стратегӣ доир ба суст намудани ғояҳои давлатдории мо худ бехабар гирифтори коронавирус шудааст, ва дар ҳолати набзи ҷон қарор дорад. Мо бошем дар вазъияте ҳастем, агар оқилона ва ба манфиати шаҳрвандони кишвар кор барем, пас нақшаҳои Кабирӣ ва ҷонибдорони ӯ ба мисли коронавирус ба нестӣ мераванду ҷовидон гумном мешаванд.

 

Муллоев Дилшод,

мудири шуъбаи институти фалсафа, сиёсатшиносӣ

ва ҳуқуқи АМИ ҶТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ЗАДАЮ ВОПРОС и ОТВЕЧУ…

 В свое удовольствие много читаю, благо есть интернет, открывай и закачивай книгу, которую хочешь почитать… Ежедневно радуюсь успехам близких, да просто своей жизни. В месте со страной как единая большая семья чувствую и получаю удовольствие от достижения мира и национального согласия в стране, смотрю как мой любимый и вечнозеленый – Душанбе, хорошеет. Приход молодого градоначальника на смену опытному хозяйственнику-политику, как и многие воспринял скептический, хотя знал и был убежден, что Президент страны, закаленный в сложных условиях политической, экономической и военной обстановке никогда не принимал поспешное решение, даже в условиях гражданской войны, а тем более в такое судьбоносное для страны время. Как и всегда Эмомали Рахмон оказался прав в своем выборе и назначении. Начиная с апреля 2017 года, со дня назначения Рустама Эмомали мэром города Душанбе, столица страны помолодела, похорошела, что прибавило гражданам уверенности в завтрашнем дне. Все это происходит перед моими глазами, и я являюсь свидетелем. И вот, в такой обстановке не спросив разрешения, не постучавшись, к большому несчастью, пришел проклятый коронавирус. Пришел он в наш мир как нежелательный гость, беспардонно, нагло, с плохими намерениями и заявляет о том, что является эпидемией страха и лжи и главное, как показало развитие ситуации побеждает там, где в обществе наблюдается элементы расхлябанности, безразличия к требованию специалистов и вирусологов. Поскольку, еще в 80-ых годах 20 столетия я учился в великолепной школе Профсоюзов СССР, и там обучали меня уму разуму и особенности борьбы с распространением разного рода эпидемиями. Отсюда, считаю своим долгом без лишних эмоции, поделиться со своими соотечественниками отдельными мерами личной безопасности в условиях распространения пандемии.

Вместе со страной я наблюдал и переживал за происходящим в мире и скажу откровенно, местами чувствовал страх за своих близких за свой народ. многие были озабоченные этой бедой, а также наличием появлением коронавируса в Таджикистане, а некоторые из них - типа Мухиддина Кабири и его окружения злорадствовали  ежедневно, будто не беда человеческая, будто это не ВАБО, перед которым бессильны всемогущие власти и государства, а это их родной брат или сват, который своим приходом к нам будет способствовать нашим недругам реализации той враждебной цели, которая накопилась у них и у их спонсоров по отношении к моему народу, моей стране - власти в Таджикистане.

Интенсивность и частота их тем публикации,  видео обращений к моему народу и беглый анализ того, что говорили, о чем писали и пишут, дает основания мне констатировать, что хозяева, спонсоры Кабири поставили его перед дилеммой уйти с руководства запрещенной партии в Таджикистане как не дееспособный политик или же на все сто процентов использовать человеческую трагедию, пандемию в своих коварных целях по дестабилизации обстановки в республике. Беглый взгляд на его активизацию деятельности на этот период говорит о том, что он выбрал себе второй путь – путь вражды и предательства своего народа, дабы угодить своим хозяевам. Ведь у него кроме как подчиняться и делать все, что ему велят, иного пути нет, и не будет никогда!

Тогда, мне стало его жаль, как человека, как начинающего политика. Ведь любой маломальские политик не может не понимать о том, что использование человеческого горя, недуг людской в политических целях — это самоубийство полита и конец политической карьеры. Этого не могут не понимать и его шефы по ремеслу – спецслужбы иностранных государств. Отсюда я делаю выводы, что Кабири ни какая ни будь крупная фигура в шахматной доске, а пешка в чужой игре по подрыву государственного устройства в Таджикистане. Убежден использование трудностей, связанные пандемией коронавируса были стратегическими задачами в этот период. Скажу, что по мере ослабления распространения вируса в стране разрушается, фундамент на котором Кабири и его сторонники собирались строить свой утопический дом, на песчаном фундаменте. Они преследовали цель, используя ВАБО, вернуть страну в состояние хауса и мракобесие, где в стране будут внешние управленцы, что может привести к повторению того, что у нас было. Народ Таджикистана все помнит. Мы помним к чему привело экстремистские идей запрещенной партии в Пархарском, Бохтарском, Вахшском районе, в городе Куляб, Курган-Тюбе и Душанбе и по всей республике. В одних случаях люди погибали от недоедания, в других случаях братия по оружия М.Кабири закапывали людей заживо в землю. Кто этого не помнит? Кто этого хочет?

Как бы все это не было, меня больше всего настораживает вторая сторона медали, которую долго проглядывал, долго искала в других странах, где сильны оппозиционные идеи, где лидеры оппозиции ни на славах, а на деле озабоченны положением дел в своих странах и делают все, чтобы гражданам жилось хорошо. Они мудрые в отличие от Кабири, имеют прекрасное образование, такт и политическую культуру. Они никогда, ни при каких обстоятельствах, не использовали и не будут использовать человеческое горе в своих политических целях, что позволяет себе Кабири…

         В этой связи я хотел найти ответы на несколько вопросов которые меня волнуют лично. Думаю, эти вопросы и волнуют моих друзей.  И вот они:

 

  1. Кто из мировых лидеров оппозиции не скрывает свою принадлежность к спецслужбам иностранного государства и проводит открытую подрывную работу против собственной страны, собственного народа?

Ответ: никто кроме, самопровозглашенного политика ни то, что мирового, даже не республиканского масштаба – Кабири.

 

  1. Кто из лидеров оппозиционных сил в США, Европе или России пользуясь человеческим горем – распространением коронавируса в стране обвиняет во всех грехах исполнительную власть собственной страны?

Ответ: нигде в мире, никто из политиков. Многие оппозиционные политики мира Богобоязненные люди и человеческие потери считают «Хости ПАРВАРДИГОР», только Мухиддин Кабири и его окружения обвиняют руководство моей страны, чуть ли не во всем.

 

  1. Кто из оппозиционных сил в мире, воспользовавшись человеческим горем, пытается решить свои узкоклановые, узкопартийные проблемы, реализацию своих враждебных идей личностного характера, в столь трудное для народа и страны время?

Ответ: никто и никогда, кроме М.Кабири.

 

  1. Кто из оппозиционных сил в мире, воспользовавшись человеческим недугом, призывает свой народ к гражданскому неповиновению?

Ответ: никто кроме, М.Кабири.

  1. Кто из лидеров оппозиции в мире, скрываясь за границей воспользовавшись пандемией, призывает своих матерей и сестер к антиконституционным действиям?

Ответ: никто кроме М.Кабири и его сторонников.

 

  1. Кто из лидеров оппозиции в мире ежедневно публикует в средствах массовой информации одно и то же, клевету на политическую власть собственной стране?

Ответ: ни один из уважающих себя политиков, не может позволить себе стать попугаем, что позволяет себе – Кабири.

 

  1. Кто из сторонников оппозиционных сил в мире с видео камерой в руках снимает человеческое горе, могилы усопших и использует это как сенсационный материал, дабы скомпрометировать власть в стране?

Ответ: никто из лидеров, кроме Кабири и сторонников ТЭО ПИВТ. У всех политических партии мира это считается аморально действия-ТАБУ кроме ТЭО ПИВТ.

 

  1. Назовите мне оппозиционную организацию в мире не имеющая никакого отношения к политической элите своей страны, но выступающая от её имени, не спросив у ЭТОЙ ПОЛИТИЧЕСКОЙ ЭЛИТЫ разрешения?

Ответ: только главарь беглецов -Кабири!

 

Дорогой читатель чтобы не утомить Вас другими оставшийся еще восьмью вопросами и ответами о преступной сущности М.Кабири, оставлю их на свой следующий пост.

Лишь скажу, что пока рано ставить окончательный диагноз стратегическому плану Кабири и говорить о том, что их план рухнул окончательно, однако скажу, что стратегический план по подрыву основ нашей государственности – не понимая того, уже  сам заразился коронавирусом и находится в коме, и, что мы находимся в положении – ПЛАТО, после которого, если работать с умом и в интересах граждан страны, то планы Кабири и его сторонников словно коронавирус уходят в небытие, как и он сам…      

 

С уважением Муллоев Дилшод,

Заведующий отделом института философии политологии

и права НАН РТ, кандидат юридических наук 

 

Читать далее

АБДУҲАКИМ ШАРИФОВ: ВАҲДАТИ ТОҶИКОН АЗ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ САРВАРИ ДАВЛАТ АСТ!

Самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳдатгароӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонист, мавқеъ ва манзалати худро ба даст орад. Ин аст, ки тӯли 23 сол Тоҷикистон санаи 27 – уми июн - Рӯзи Ваҳдати миллиро ботантана ҷашн мегирад.

Дар ин айём ба таърих ва саргузашти сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан ба он хотир зарур ва ҳатмӣ аст, ки имрӯз бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯз торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад.

Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва пойдории сулҳи тоҷиконро таърих аллакай сабт кардааст ва дар айёми ҷашнгирии ин рӯзи бузургу хотирмон суҳбате оростем бо собиқадори хизмати давлатӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуҳаким Шарифов.

- Устод, Шумо, ки худ иштирокчӣ ва шоҳиди бевоситаи воқеаҳои даврони барқароршавии Истиқлолият ва Ваҳдат будед, мехостем, аз он лаҳзаҳои ҳассос ёдовар шавед?

- Солҳои аввали 90 – ум барои халқи тоҷик солҳои санҷиш буданд, зеро дар ин давра халқи тоҷик ба Истиқлолият расид. Албатта, халқи тоҷик дар ҳайати ин давлат (собиқ СССР) ба бисёр муваффақиятҳо ноил гардида буд ва дар райъпурсии моҳи марти соли 1991 ҳама ба ҷонибдории нигоҳдошти давлат овоз дода бошанд ҳам, лекин қувваҳое, ки вайрон кардани ин давлатро дар назди худ мақсад гузошта буданд, ба ниятҳои боғаразонаи худ расиданд ва он давра дар таърих сабт ёфт. Ба ҳамаи мушкилот ва носозгориҳо нигоҳ накарда, халқи тоҷик бо боварии том ба ояндаи худ барои бунёди давлати тозаистиқлол шурӯъ кард. Дар ин давра муваффақиятҳои назаррас, пеш аз ҳама, қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон шудани рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, интихоби аввалини Президент тариқи райъпурсии умумихалқӣ буд. Вале баъзе бадхоҳони кишвар сарзамини тоҷиконро ҳамчун як ҳалқаи суст дарёфтанд ва ниятҳои иғвогаронаи худро баҳри он равона сохтанд, ки халқро нисбат ба ҳамдигар ҷанг андозанд, обрӯ ва эътибори давлат ва ҳукуматдоронро резанд. Дар он лаҳзаҳо майдоннишиниҳо оғоз гардид.

- Лутфан мегуфтед, ки баҳри бартараф кардани майдоннишиниҳо чӣ чораҳо андешида шуда буданд?

- Худ, ки шоҳиди он рӯзҳо будам, бо чашми сар дидаам, ки вазъият хеле мушкил буд, он ҳама иғвогариҳову бадхоҳӣ бештар дар ҷануби мамлакат, дар пойтахти кишвар, вилояти собиқ Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб шумораи гурезаҳо зиёд гардида, бемориҳои гуногун авҷ гирифтанд. Ин ҳама барои халқи тоҷик як санҷиш буд. Андешаи ҳама ин буд, ки оё мо дар чунин шароит давлатдории худро нигоҳ дошта метавонем? Шояд ба бахти халқи тоҷик бошад, қувваҳои солим дар ҷомеа буданд ва нисбат ба онҳое, ки Тоҷикистонро несту нобуд карданӣ мешуданд, он қувваҳо истодагарӣ карда тавониста, роҳҳои гуногунро ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳама бовариро аз даст дода буданд ва, ҳатто, барои оғоз кардани коре шубҳа доштанд. Вақте дар шаҳри Душанбе гаравгонгириҳо сар шуд, дар навбати аввал вакилони халқ ва чанд намояндаи халқро гаравгон гирифта, дар назди қозиёти ҷумҳурӣ як армияи халқӣ ташкил шуданд. Он замон ҳатто қумондонҳои халқӣ мавҷуд буданд, ки таърих онҳоро бо хатти сиёҳ сабт кардааст. Гурӯҳи вакилоне буданд, ки дар ҳамон рӯзҳо мекӯшиданд, қувваҳои ташкилоти байналхалқиро ба фоҷиаи Тоҷикистон ҷалб намоянд. Дар қатори онҳо Президенти тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон низ буданд ва агар ба Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ назар афканем, хуб эҳсос менамоем. Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ба Арбоб омадан таъкид карданд, ки: «Ҳушёр бошед, он фоҷиае, ки ба сари мардуми Кӯлоб омаду аксарият ба муҳосират афтоданд, ба дигар ҷой ҳам расиданаш мумкин аст». Гурӯҳи вакилони мо ба сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ муроҷиат карданд, ки ба қазияи Тоҷикистон диққат диҳанд. Дар натиҷа мавқеи муносиб барои таҳкими қувваҳои солим пайдо шуд. Иҷлосияи Шӯрои Олӣ баргузор гардид, вале ин кори осон набуд. Вақте иҷлосия баргузор гардид, барои аксарият равшан шуд, ки аз 230 вакил 196 нафарашон воқеан вакили халқӣ буданд, зеро онҳо дар чунин шароит ба ҳам омаданд. Наҳаросиданд, натарсиданд ва кӯшиданд, то ба Қасри Арбоб дар вақти зарурӣ ҳозир шаванд. Дар ин замина барои ҳалли қазияи кишварамон фаъолона иштирок карданд ва тавонистанд, аз нав сохти конститутсиониро барқарор кунанд. Инро дастоварди бузурги халқи тоҷик номидан мумкин аст, зеро он ҳодисаи беназир гашт.

- Дар лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз барои ба сулҳ расидани халқи тоҷик чӣ тадбирҳо андешида шуд?

- То соли 1997 халқи тоҷик тавонист, таваҷҷуҳи тамоми қувваҳои солимро ба нуқтаи манфиати умумии халқ ва давлат ҷамъ кунад. Марҳалаи гуфтушунид, макон ва нафароне, ки дар он нақш доранд, хуб огаҳ ҳастанд. Дар он лаҳзаҳои ҳассос буданд давлатҳое, ки барои орому осудагии кишвари тоҷикон бетараф набуданд. Гуфтушунидҳо бобати сулҳи тоҷикон дар Москва, Бишкек, Ашқобод, Теҳрон ва дигар минтақаҳо аз ин гувоҳӣ медод. Аввал, иродаи халқ, роҳбарияти кишвар, пеш аз ҳама, ҷасорат ва мардонагии Президент Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонистанд, таваҷҷуҳи кишварҳои наздикро доир ба ин масъала ҷалб кунанд. Кӯмак пурсиданд, зеро нооромии халқ на танҳо ба кишвари тоҷикон, балки ин зарба ба тамоми давлатҳои муштаракулманофеъ мерасид. Дар он лаҳзаҳои басо ҳассос шиори Эмомалӣ Раҳмон «Барои сулҳи тоҷикон ҷонамро фидо мекунам!» - буд ва ин аст, ки барои оромиву осудагии кишвар тамоми тадбирҳоро андешиданд. Дар рӯзҳои аввали иҷлосия ҳамчун Раиси Шӯро интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ва дар лаҳзаҳои ҳассос наҳаросида, аз пайи гурезагон ба шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Панҷ ва Қумсангир рафтанд. Барои ҳар нафар ваъда доданд, ки як бурдаи нонро бо ҳам мебинем. Он кори саҳл набуд. Сулҳи тоҷикон дастовардҳои бузург дорад ва он, пеш аз ҳама, аз тафаккури хирадмандонаи Сарвари давлат аст.

- Барои расидан ба Ваҳдати миллӣ кадом омил боис гардид?

- Боиси таъкид аст, ки тамоми ҷаҳон таҷрибаи халқи тоҷикро омӯхт, Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти байналхалқӣ баҳои баланд доданд, ки имрӯз дар ҷаҳон нуқтаҳои даргир зиёд ҳастанд, аз ҷумлаи онҳо Афғонистон, Либия, Сурия, Ироқ ва дигарон аст, ки ин ҳама дар натиҷаи пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравист, зеро Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷаҳон нигоҳдорандаи қувваи мувозинат буд.

Аксар дар атрофи он фикр мекарданд, ки чӣ тавр тоҷикон тавонистанд дар муддати кӯтоҳ ба сулҳ расанд. Посухҳо гуногун буданд. Аввал сабаби ба сулҳ расидани мо ин фарҳангсолории халқ аст, ки ин, ҳатто, дар таърих исбот шудааст. Фарҳангсолории тоҷиконро аз давлатдории Сомониён мушоҳида кардан мумкин буд. Фикру ақидаи мардумро гирифтан ин дурандешӣ аст, зеро дар паси ҳар як шахс омма меистад. Агар омма дастгирӣ накунад, ба муваффақият ноил гардидан ғайриимкон мегардад.

Дигараш шахсият аст. Мо бояд ифтихор кунем, ки дар лаҳзаи ҳассоси таърихӣ зимоми давлатдорӣ ба дасти чунин инсон расид. Мушоҳидаи худи ман аст, ки шахси ҳокимиятро бадастоварда онро бо касе бо ҳам дидан намехоҳад, аммо ба хотири сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки «Шумо ҳокимият мехоҳед, биёед, 30 фисади мансаб аз они шумост». Ин худ олиҳимматӣ ва мардумдӯстӣ аст.

- Барои поянда нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ба ҷавонон чӣ чизро донистан лозим аст?

- Шукр аз он дорем, ки ба сулҳ расидем ва 23 сол аст, ки ин рӯзро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегирем. Президент дар баромадҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки Истиқлолият ва Ваҳдат ин ду боли як иқбол аст. Бе Истиқлолият ба Ваҳдат ва бе Ваҳдат ба Истиқлолият расидан мушкил буд.

Хеле хуб аст, ки он ҳама лаҳзаҳои нофаҳмию нобасомониҳо, нигоҳдошти давлати тоҷикон ва аз даст надодани шаъну шараф, умуман саҳифаҳои таърих, нав қомат афрохтани халқи фарҳангсолор ҳамчу филмномаи силсилавӣ сабт гардидааст ва онро дар арафаи ҷашнгирии Ваҳдати миллӣ нишон дода истодаанд. Боиси зикр аст, ки он хуб таҳлил шудааст, зеро таърихро фаромӯш кардан ғайриимкон аст. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон гумон мекунанд, ки дар Тоҷикистон ҳамеша сулҳ ҳукмфармо буд. Аксар мегӯянд, ки дар он давра барои нон дар навбат истоданҳо зиёд буд, вале нонро дарёфта метавонистанд, аммо Президенти кишвар барои ҷони ҳазорон нафар, аз ҷумла падарону модарон, хоҳарону бародарон ва фарзандон хавотир буданд. Хуб мебуд, ки ҷавонон аз таърихи ба даст овардани сулҳ ва поянда нигоҳ доштани халқи тамаддунофари тоҷик бохабар гарданд. Баробари ба даст овардани Истиқлолияту Ваҳдат ифтитоҳи ҳазорон иншооти нав - НБО “Роғун”, роҳи Душанбе - Чаноқ, сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ, сохтмони қасрҳои фарҳанг, варзишгоҳҳо, кушода шудани марзҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар - Тоҷикистону Ӯзбекистон ва амсоли ин ба домани васеъ густурдани корҳои ободонӣ ва созандагӣ самараи меҳнати шабонарӯзии Сарвари давлат ва халқи тоҷик аст.

Дарвоқеъ, барои нигоштани ҳар як саҳифаи таърихи он рӯзҳо сатрҳои зиёде лозим аст ва гумон мекунем, ки ин ҳама дастоварду ҷонбозиҳо, мардонагиву далерӣ ва пойдор сохтани сулҳ ҳамеша дар хотири ҳар фарди меҳанпарасти кишвар боқӣ хоҳад монд.

- Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, мулоқот анҷом доданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин аз вазифаи муовини якум ва Салимова Лола аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон озод гардида, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Читать далее

18 June 2020

МУСОИДАТГАРИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТӢ БОШЕМ

Баъди аз сар гузаронидани мушкилӣ ва масъалаҳои ҳалталаби бемории сироятии Ковид-19 дар қатори дигар кишварҳои сироятёфта, мардуми кишвари моро навиди хурсандибахши коҳишёбии ин бемории наҳс хушнуд сохт. Ҷоиз ба қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд то кунун ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавирус чораҳои мушаххас ва тадбирҳои заруриро андешида истодаанд.

Бо баргузории ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти Раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси КОВИД-19 дар Тоҷикистон қарор қабул шуд, ки аз 15-уми июни соли 2020 ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаю сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ғайра бо таъмини безарагардонии муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Хушбахтона, мардуми ташнаи кору фаъолият  имрӯз дар ҷодаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ ба кори худ шурӯъ намуда бошанд ҳам, бархе шаҳрвандон гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатию маҳлулҳои антисептикиро ба таври мукаммал риоя намекунанд.  Онҳо бояд донанд, ки ин ҳолати онҳо ба паст будани маърифати шаҳрвандиашон далолат карда, нисбат ба нафароне, ки талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Шаҳрвандонро зарур аст, ки ба қоидаҳои беҳдошти саломатӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, фориғболиро аз худ дур намоянд, ба кӯчаҳо, нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоби муҳофизатӣ набароянд, масофаи бехатариро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд. Аз фурӯшандагони бозору мағоза, кормандони ошхонаву тарабхона, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн даъват ба амал оварда мешавад, ки гигиеани шахсию ҷамъиятиро қатъӣ риоя намоянд, бе истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ бо дигарон ҳамсуҳбат нашаванд, фосилаи гуфтугӯро риоя намоянд. Дар он сурат мо метавонем мусоидатгари пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус бошем.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее