June 2020

18 June 2020

Терроризм хатари ҷаҳонист!

Терроризм яке аз ҷиноятҳои хавфноктарини ҷомеаи имрӯзаи мо буда, на танҳо характери миллӣ, балки байналхалқӣ дорад. Амалҳои террористӣ гуногуншакл буда, онҳоро ду унсур ба ҳам муттаҳид месозанд.

Терроризм, қабл аз ҳама, ба шикасти ҳокимияти давлатӣ ва дар мафкураи аҳолӣ ҷой додани ҳиссиёти тарсу таҳлука, бе ҳимоя бо роҳи фишору зӯроварӣ равона карда мешавад. Мубориза алайҳи терроризм дар даврони муосир аҳамияти бештаре касб мекунад.

Хусусияти фарқкунандаи терроризм хавфи оммавӣ доштани он аст, ки дар натиҷаи амалиёти барои ҷомеа хатарнок ва ё таҳдид барои ба миён овардани ҳамин гуна хатар ба миён меояд. Хатари оммавӣ дар ин ҳолат воқеӣ буда, ба доираи номуайяни одамон равона мешавад.

 Дигар хусусияти терроризм иҷрои ошкорои он дар ҳузури умум мебошад, яъне терроризм бе ҳеҷ шакку шубҳа як навъи зӯроварист, ки бар зидди омма равона шуда, амалиёти ҷиноятие, ки баромади номуайян дорад ва таҳқиқу муайян намудани он мушкилиҳои бештар дошта бошад, ҳам, эҳтимолияти амалиёти террористӣ будани он бештар мегардад.

Амалиёти террористӣ ва умуман терроризм аз дигар навъи ҷиноятҳои барои ҷомеа хатарнок ва бамиён оварандаи тарсу таҳлукаи омма бо он фарқ мекунад, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ тарсу таҳлука худ ба худ не, балки дар муҳити иҷтимоӣ мақсаднок ва махсус ба миён оварда мешавад.

Ба гурӯҳи ҷиноятҳои тамоюли террористидошта терроризм, амалиёти террористӣ ва дигар ҷиноятҳои ба он наздик шомиланд, ки онҳо ошкоро сурат гирифта, бо мақсади таъсир расонидан барои қабул намудани ин ё он қарор ва ё даст кашидан аз ин ё он қарор сурат мегирад. Дар чунин шароит ҳар як кишвар хусусан, давлатҳои пешрафтаву абарқудрат ба хотири мустаҳкам кардани мавқеъ ва мақоми сиёсиву иқтисодии худ ба андозаи бесобиқа кӯшиш мекунад.

Аз ин лиҳоз, мо низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин раванди хеле мураккаб ва пурҳаводис бояд на танҳо асолати миллии худро ҳифз намоем, балки бо заҳмати созанда ва содиқонаву софдилона рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати соҳибистиқлоламонро таъмин созем.

 Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту якум табдил ёфтааст, ки онро мо ҳар рӯз тариқи ахборҳои оммавӣ, ки дар хориҷи кишварҳо рух медиҳанд, мебинем ва вазифадор ҳастем, барои пешгирии ин ҷиноятҳои мудҳиш мубориза барем.

Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист - ҷинояткор буда, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Муборизаи якҷоя ва дастҷамъонаи мардуми мо ин эмин нигоҳ доштани сайёра, минтақаҳои аҳолинишин аз офати чунин ҷиноятҳои мудҳиш мебошад ва мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, мақомоти қудративу судӣ бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон гашта, бо терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ки вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд, оштинопазирона муборизаи қатъӣ барем ва Ватани азизамонро чун гавҳараки чашм аз чунин хатарҳо ҳимоя намоем.

Бахтиёр ОҚИЛЗОДА,
раиси Суди вилояти Суғд

Читать далее

Зуҳуроти номатлуб - хатар ба ҷомеа

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки бо халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат ва бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани тафриқаандозӣ дигар чизе нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар кишвари бегона паноҳ, бурда айбҷӯиву харобакориро пеша кардаанд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои нопоки худро «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне дастовардҳои миллии моро паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ-фарҳангии он шахсро ба инкори ҳақиқат, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад.

Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан зарур аст.

Бинобар ин мо-шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Ҳусейн МИРПОЧЧОЕВ,
омӯзгори МТМУ №3, шаҳри Бӯстон

Читать далее

17 June 2020

Оид ба вазъи эпидемиологӣ дар Арабистони Саудӣ

Оид ба вазъи эпидемиологӣ дар Арабистони Саудӣ

 

Шурӯъ аз 1 июни соли 2020 дар Арабистони Саудӣ ҳолати карантинӣ, ки вобаста ба пешгирии паҳншавии коронавирус ҷорӣ гардида буд, сабук гардида, барои фаъолияти масҷидҳо расман иҷозат дода шуд. Аммо мувофиқи таҳлили мутахассисони соҳаи тандурустӣ,  тасмими мазкур ба он оварда расонд, ки агар аз аввали мавсим то имрӯз дар ин кишвар 132 048 нафар сироят ёфта бошанд, баъд аз оғози фаъолияти масҷидҳо ва бекор кардани карантин 46 787 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ки 35,4 фоизи шумораи умумии сироятёфтагонро ташкил медиҳанд. Танҳо дар шабонарӯзи охир 4507 нафар аз вируси нав сироят ёфтаанд. Сабаби ногаҳон авҷ гирифтани мавҷи дуюми бемориро коршиносони соҳа чунин шарҳ медиҳанд, ки дар ин кишвар барои фаъолияти масҷидҳо хеле барвақт рухсат дода шудааст. Маҳз таҷаммуи одамон дар масҷидҳо боис гардидааст, ки ин беморӣ ногаҳон ва бо суръати тез паҳн шавад.        

Дар ин хусус дар сомонаи арабии Аlarabia.net(www/alarabia.net/en/amp/coronavirus/2020/06/14/Coronavirus-Saudi-Arabia-official-says-youth-spreading-Covid-19-in-Riyadh ) иттилоъ дода шудааст.

Читать далее

Филми ҳуҷҷатии Хиёнат

Наворо аз инҷо бинед:

 

https://www.youtube.com/watch?v=Q2Feyh530qU&t=11s

 

Читать далее

Ваҳдати миллӣ - таҳкимбахши дастовардҳои муҳим

Ватани маҳбубамон ва халқи шарифи он дар остонаи санаи муҳими таърихии тақдирсоз қарор доранд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, бисту се сол муқаддам – 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҳамон рӯзи саид ҷумҳурии азизамон ба марҳалаи навини сарнавиштсоз қадам ниҳод.

Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданду ашки шодӣ мерехтанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб гардидан ба мақоми олии мамлакат дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 1992 гуфта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…». Ин маромро пайваста думболгирӣ намуданд, ки 16-уми январи соли 1994 ба ҳамватанон муроҷиат намуда, ононро аз Ватани ягонаи барои ҳамагонамон азиз – Тоҷикистон ҳушдор дода, таъкид менамуданд: «Бародар аз пайи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори Шумоянд ва бовар доранд, ки Шумо имрӯзу фардо боз дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард».

Дарвоқеъ, ҷустуҷӯи роҳу усули баҳамойии тоҷикон зиёда аз се сол идома дошт. Муҳимтарин рукни боарзиши ин баҳамойиро, бешубҳа, муроҷиатномаҳои пайгиронаи Сарвари давлат ҷомаи амал пӯшонид.

Имрӯз сад шукри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар марҳалаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозоргонӣ, иқтисодӣ, миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.

Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ яке аз саҳифаҳои дурахшон ва сабақомӯзи миллати тоҷик ба шумор меравад. Маҳз, баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ мо тавонистем, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони азизамонро ҳамчун давлати сулҳҷӯ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем. Баъди ба имзо расидани ин созишномаи тақдирсоз дар ҳама соҳаҳои кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки яке аз сабабҳояш босуръат тараққӣ кардани иқтисодиёти кишвар, пешбурди соҳаҳои илм, тиб, фарҳанг ва маориф, кушодани роҳҳои оҳан, иншоотҳои барқӣ, сохтмонҳои азим, муассисаҳои илмию фарҳангие, ки боиси шукуфоии кишвари азизамон гардидааст, ки мисоли равшани он дар қатори даҳҳо дигар иншоотҳо бунёди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар даврони истиқлолият мебошад.

Имрӯз мо, шаҳрвандони ин кишвар дар куҷое бошем, дар кадом ҷабҳае заҳмат кашем, бояд фаромӯш накунем, ки ободии Тоҷикистон, осудагии халқ, фаровонии мулк, амнияти мардум ба меҳнати ҳалолу ҳисси масъулиятшиносии ҳар яки мо вобаста аст.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди фидоии Ватану миллатро лозим аст, ки бо дасту дили пок, ғайрату матонат дар ободии Ватанамон саҳм гузошта, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошем.

М.МАМАДҶОНОВА,

мудири шуъбаи таърихи

МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Читать далее

ХИЗМАТ БА ВАТАН ХИТОБИ ВИҶДОНИ МАН АСТ!

“Ватан” калимаи гуворо, содда, дилнишин, равон буда, ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ дар он нуҳуфтааст. Болу пари инсон, сарфарозиву сарбаландии инсон, бахту иқбол ва умеду орзуи инсон аст. Ватан лаби хандон, дидаи гирён, қуввати ҷон ва имону виҷдони инсон аст.

Имрӯз Тоҷикистон аз он кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони бонангу баномус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд. Чӣ хеле ки ба мо маълум аст, бузургии ҳар як давлат ба ҳастии артиш хос аст ва Артиши миллии худро дорост. Вазифаи ҳар як сарбоз марзҳои худ ва сарҳадашро софдилонаву содиқона посбонӣ намудан аст. Хидмат ба Ватан, ин пеш аз ҳама, дӯст доштани Модар-Ватани азизи худ буда, яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан ҷасорату мардонагист.

Дар байни ҷавонони имрӯза ҳастанд нафароне, ки бо донишу фарҳанг ва қувваю бозуи рустамонаи хеш ному шарафи миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд ё ин ки дар соҳаҳои гуногуни илм, фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёт кору фаъолият намуда, ба Ватану миллати хеш хизмат карда истодаанд. Аммо, имрӯзҳо ҷавононеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки Ватану миллат ва сарзамини аҷдодӣ, шарафу нангу номуси ватандорӣ барояшон арзише надорад. Барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизати марзу буми муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Он як навъ мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Модар - Ватани азизи худ мебошад. Барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби ҷавонмардӣ ва матонату обутоби ҳаёт мебошад. ҷавонписарони мо дарси шуҷоату мардонагиро аз бар намуда, муқаддас будани рисолати олии ватандорӣ - муҳофизати марзу буми Ватанро дарк мекунанд.

Шамил НАЗАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

- ВАҲДАТ АЗ ХОНАИ МО ОFОЗ МЕГАРДАД, - мегӯяд Ваҳдати Суҳайлӣ

Бо ин писараки хушзеҳну нектолеъ, аълохону боодоб тавассути бобояш – яке аз собиқадорони соҳаи рӯзноманигорӣ Муҳаммадносири Насрулло шинос шудам. Азбаски писаракро ном Ваҳдат буд, диққати маро ба худ кашид.

-Волидайн барои ба ман ном мондан хеле баҳсу мунозира кардаанд. Падарам мехостанд, ки номам Муҳаммад бошаду модар исрор доштанд, ки Рустами паҳлавон шавам. Бобоям Муҳаммадносири Насрулло, ки ҳамчун рӯзноманигори варзида шинохта шудаанд, бо гирифтани номе ҳамагонро дар ҳайрат гузоштанд: Ваҳдат. Имрӯз ба шарофати бобои меҳрубонам номи ман Ваҳдат аст. Боре ҳамроҳи бобоям ба шаҳри Душанбе, ки амакам маскуни он ҷо буданд, рафтем. Ҳангоми тамошои шаҳр назди бинои муҳташаме қарор гирифтем. Аз бобоям пурсидам: «Ин ҷо куҷост?» Он кас «Ин бино Кохи Ваҳдат аст…» гуфтанд. Он вақт дар қалбам ҳисси шодмониву ифтихор боло гирифт, ки маро ном Ваҳдат аст.

Бале, санаи таърихии 27 - уми июни соли 2004 - ум Ваҳдати Суҳайлӣ дар яке аз оилаҳои зиёии деҳаи Ремони ноҳияи Айнӣ Суҳайлӣ Насруллозода ба дунё омад. Азбаски зеҳни тез, хотираи қавӣ ва иродаи мустаҳкам дошт, ба синфи якуми Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон қабул шуда, айни ҳол синфи ҳаштумро хатм кардааст. Фанни табиатшиносиро беҳад дӯст медорад, зеро медонад, ки Ватани ҷоноҷонаш - Тоҷикистон дорои кӯҳҳои сарбафалаккашидаву дарёҳои пуроб ва табиати нотакрор дораду ҳифзи он бояд вазифаи ҳар як маскуни он бошад.

Боре дар як суҳбати телевизионӣ муҳаррири барнома Тоҳир Искандаров аз Ваҳдат пурсон шуд:

- Чӣ ифтихоре аз номи худ дорӣ?

- Ифтихор аз он дорам, ки Ваҳдат аз хонаи мо, оилаи мо, деҳаи мо, ноҳияи мо сар мешавад. Ҳамарӯза ба забон гирифтани ин калима аз ҷониби падару модар ва наздиконам маро водор месозад, ки ба номам муносиб бошам.

Ваҳдати Суҳайлӣ алҳол хатмкардаи синфи ҳаштуми Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон аст. Дар таълимгоҳ бо баҳои аъло мехонаду пешсафи ҳамсолонаш мебошад. Давраи таътили тобистонаро Ваҳдату Миллату Гардун дар ҳавлии бобоӣ – деҳаи хушманзараи Ремони ноҳияи Айнӣ мегузаронанд. Ваҳдат дар оянда ҳуқуқшинос шуданисту алҳол китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро хонда, ба итмом расондааст. Миллат бошад, ин китоби таърихиро ба забони русӣ мутолиа дорад. Ҳар ду китоби пурарзиши «Таърихи табартақсим»-и Раҳим Масовро хондаанду ҳамдигарро аз таърихи халқи тоҷик суолборон мекунанд. Гардуни ёздаҳсола бошад, номи қаҳрамонҳо ва воқеаҳои асари «Ривояти суғдӣ»- и Сотим Улуғзодаро ба пуррагӣ азхуд кардаасту чун қаҳрамонҳояш паҳлавон шуданист.

Боре додари Миллат – Гардун, ки алҳол хатмкардаи синфи панҷуми Мактаби кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбест, аз бобояш пурсид:

- Бобоҷон, ба бародаронам Ваҳдату Миллат коху қасрро ҳадя додаед. Чаро ман дар канор мондаам, ба ман чӣ медиҳед?

- Ҷони бобо, гардун ин дунё, олам, чарх гуфтан аст, ман тамоми нозу неъмаҳои чархи гардунро бароят ҳадя месозам,- гуфт бобо.

Ваҳдат ҳамроҳи пайвандонаш аллакай чанд маротиба ба Искандаркӯл сафар кардаасту таърихи онро ба хубӣ медонад.

- Ҳар сол, вақте ки фориғ аз таълим мешавем, бобоям моро ба сайри мавзеъҳои таърихии кишвар мебаранду тамошо медиҳанд. Соли гузашта ҳангоми таътили тобистона мо ба зиёрати мадфани устод Рӯдакӣ, устод Лоиқ ва Камоли Хуҷандӣ рафтем. Дар бораи ин бузургмардон маълумоти бештареро пайдо кардем, ки дар машқу таълими мо ба кор меоянд. Имсол мо нахуст аз Осорхонаи шаҳри Панҷакент дидан карда, ба зиёратгоҳи Хоҷа Туғрали Аҳрорӣ рафтем. Суҳбати самимонае доштем бо мардуми он макон. Огоҳии зиёде пайдо кардем дар бораи зиндагиномаи ин абармард, - гуфт Ваҳдат.

Ба навраси нектолеъ Ваҳдати Суҳайлӣ бахту саодати зиндагӣ, хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва хушиҳои ҳаётро таманно дорем. Бошад, ки орзуи деринаи ӯ - вохӯрӣ бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зудӣ амалӣ гардаду бо дуои неки Сарвари давлат ба қуллаҳои баланди дониш бирасад ва номбардори хонадону аҳли башар гардад.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбати дӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси муҳтарам Си Ҷинпинро дар пешбурди бомуваффақияти муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои самараноки Тоҷкистону Чин ба таври хосса таъкид карданд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи як қатор вазорату идораҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварда, кадрҳои ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъингардидаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднахш ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ, Муҳсинзода Ғафур ба вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ализода Самариддин ва Абдусаматзода Зулфия ба вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин карда шуданд. Умарзода Саида аз вазифаи муовини якум, Одиназода Азиз ва Камолзода Мирҳамуддин аз вазифаи муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.

Читать далее