09 July 2020

РИСОЛАТИ КАСБӢ – СОДИҚОНА ХИЗМАТ НАМУДАН

Дар рӯзҳое, ки дар кишварамон, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд бемории коронавирус авҷ гирифта буд, яъне аввалҳои моҳи май бо нишонаи фишорбаландӣ ба назди духтури Маркази саломатии №1 Мубашширахон Солиева рафтам. Аз дармонгоҳ даромадан замон эҳсос намудам, ки одамон аз меъёр дар ин ҷо хеле зиёданд. Яъне, ин муассисаи табобатӣ низ нуқтаи доғи ташхису муолиҷаи беморист. Дар ҳар ҳуҷра ду-се кат монда, ба беморон сӯзандоруи чакравӣ мегузаронанд. Соат аз панҷи бегоҳ гузашта буд. Ҳамшираҳои шафқат ба тамом шудани рӯзи корӣ ҳам нигоҳ накарда, ба беморон хизмат мерасониданд. Ба ҳамшираи тиббӣ Дилноза Файзиева, ки ба ман сӯзандору гузаронд, изҳори миннатдорӣ кардам, ки дар ин рӯзҳо мардум ҳатто барои аз хонаашон берун баромадан хавф мекашанд, аммо онон бо бемории хатарнок дастбагиребонанд. – Ин вазифаи мост, - гуфт ҷавонзан, - дар чунин рӯзҳо, ки бояд дар паҳлӯи мардум бошем, агар дар хона нишинем, гуноҳ аст.

Аслан, кормандони ин муассисаи тиббӣ бо сатҳи волои касбият, маҳорату малакаи баланди худ байни сокинони шаҳр маъруфият пайдо кардаанд.

-Аз охири моҳи апрел ва аввали моҳи май мо, аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ба меъёри кори шабонарӯзӣ, яъне 24-соата ва бе истироҳат гузаштем, - гуфт директори марказ Адибахон Мамадова.

– Ҳудуди хизматрасонии муассисаи мо фарох буда, бештар аз 30 192 ҳазор нафар аҳолиро дарбар мегирад. Аз ин рӯ, давоми рӯз ҳама кормандон ба беморон хизмат расониданду шабона бошад, як нафар табиби оилавӣ, табиби мутахассис ва ҳамшираи шафқат навбатдор истода, ба мардум хизмат расонданд.

Дар давраи хурӯҷи пандемия дар маркази вилоят мо бо нишондод ва дастури Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят амал намудем. Муҳтарам Раиси вилоят доимо аз вазъи фаъолияти мо огоҳ гардида, дар як вақт кӯмаки хешро ҷиҳати бо корҷома, маҳлули безараргардонӣ, термометри фосилавӣ таъмин намудан дареғ надоштанд. Бахусус, Раиси вилоят ҳини якҷоя бо муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ба муассисаи мо омадан бо вазъи фаъолияти кормандон ошно гардида, ба кори мо баҳри ҳифзи саломатии сокинон баҳои баланд доданд, барои масъулиятшинос буданамон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зимни ин гуфтаҳо заҳмати шабонарӯзии табибон Шафоат Ғафурова, Мубашшира Солиева, Ойгул Ӯрунова, Ҳикоят Шарифова, Нодира Юсуфова, Отуной Носирова, Дурдона Ҳамроқулова, ҳамшираҳои шафқат Нилуфар Султонова, Дилноза Файзиева, Мафтуна Оқилова, Мушаррафа Холиқова, Нигора Йулбарсова, Фотима Маҳмудова, Дилором Усмонова, Матлуба Норматова, Манзура Раҳмонова, Мунира Қаҳҳорова, Таҳмина Шамсиева, Назира Бобохоҷаева, Зебинисо Охунова, Умеда Хоҷаеваро месазад зикр кард, ки ҳақиқатан матонату шуҷоат нишон доданд, ба беморони вазнин хизмат расониданд, ба хонаҳояшон рафтанд, рисолати хешро ба ҷо оварданду садҳо нафарро табобат намуданд.

 Умуман, тавассути эътибори пайваста аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Раиси вилоят, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят кормандон пурра бо корҷома таъмин гардида, ҳамчунин ба муассиса маҳлули безараргардонӣ, дорувории зарурӣ, маҳлули хлор муҳайё шуд, ки дар ин бобат мо мушкилие эҳсос накардем. Барои қадршиносии заҳмати табибон, ҳамширагони шафқат ва кормандони хурди тиббӣ кӯмаки яквақтаи молиявӣ, ҳамчунин дар ин давра се маротиба маводи озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, макарон ва дигарҳо дода шуд. Ногуфта намонад, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи авҷи коронавирус ба марказ як адад нақлиёт бо ронандааш Абдуҷаббор Ғиёсиддинов вобаста карда шуд, ки табибон тавонистанд, бе мамониат бо даъвати сокинон ба ҳавлиҳояшон раванд. Ҳамчунин, ба 30 оилаи эҳтиёҷманди ҳудуди марказ бо дорувор кӯмак расонидем.

Табиб Диловар Маъмурова иброз дошт, дар онҳое, ки ин бемориро аз сар гузарониданд, бо сабаби он ки организми онҳо ба беморӣ масуният ҳосил накардааст, хавфи сироятёбии дубора боқӣ монда, зарур аст, ки меъёрҳои муқарраршуда ба таври ҳатмӣ риоя шаванд. Аз қабили дастро бо собун зуд-зуд шустан, бо маҳлули хлор тез-тез безараргардонии хона ва дастакҳои дар, бе ниқоб нагаштан ва аз ҳама асосиаш аз онҳое, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, худро дуртар гирифтан зарур аст. Бештар истеъмоли меваву сабзавот, витаминҳо, ором нигоҳ доштани асаб тавсия дода мешавад. Оби хунук ва ё газнок нӯшидан мумкин нест.

Муовини директори муассиса Мунзифахон Каримова зикр намуд, ки кормандон баҳри пешгирӣ намудан аз ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҳанӯз моҳи апрел сар карда, дар тамоми маҳаллаҳои минтақаи фарогири марказ, аз ҷумла Раззоқ, Сари Санг, Масҷиди Савр, Масҷиди Сурх, Пахтакор, 5-6 таълимгоҳи ҳудуди марказ, кӯдакистон, коргоҳу муассисаҳо ба таври васеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ниқоб тақсим намуданд. Ба Хонаи пиронсолони шаҳр рафта, муоинаи тиббии сокинони он муассисаро гузаронидем ва ба эҳтиёҷмандон хизмат расонидем. Дар омади гап бояд гӯям, ки табибон ва ҳамширагони шафқати марказ ба фардони барӯманди сарзаминамон - Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш баъди гирифтани табобат дар беморхона муолиҷаи офиятбахшӣ гузарониданд.

 Мавзуна Қаҳҳорова, сарҳамшираи муассисаи табобатӣ изҳор дошт, дар он рӯзу лаҳзаҳои ҳассос аксари ҳамшираҳои шафқат ҳарчанд ҳар яки онон оила, хушдоман, шавҳар, фарзанд доранд, аз кори шабонарӯзӣ, аз гирифтор шудан ба ин беморӣ наҳаросиданд, ягон нафар рухсатӣ гирифта, дар хона нанишаст ва ё варақаи корношоямӣ нагирифт. Баръакс, вақти фориғ ҳар кадом ба сокинони маҳалли зисташон хизмат расониданд, ки ин аз фидоӣ ба касби худ будан, масъулияти баланди онон нисбат ба иҷрои вазифаи касбӣ шаҳодат медиҳад.

-Имрӯз, ҳарчанд хавфи сироятёбӣ аз бемории коронавирус камтар шудааст, меъёри хизматрасонии шабонарӯзии марказ ҳанӯз ҳам 24 соат аст,- гуфт директори Маркази саломатӣ Адибахон Мамадова.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Заминаҳои ҳукуқии беҳдошти солимии аҳолӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ масъалаи ҳифзи саломатӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатии шаҳрвандон ва маданияти санитариро ба таври комил инъикос карда буд.

Боиси таъкид аст, ки санадҳои мазкур модели ислоҳотро вобаста ба фароҳам овардани хизматрасониҳои нигоҳдории тандурустӣ, тиббию санитарӣ, рушди сифати кӯмаки аввалия такмили таъминот бо доруворӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, ташхис ва муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир ва ғайраҳоро ба танзим дароварда истодаанд.

Ҳар як Стратегия ва Барнома бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд.

 Имрӯз бемории сироятии коронавирус (COVID – 19) дар ақсои олам доман паҳн намуда, марзи Тоҷикистонро ҳам убур кардааст. Ҳанӯз моҳи феврал Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба ҷумҳурӣ таъсис ёфта, баҳри ба таври фаврӣ  таъмин намудани амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводҳои безараргардонӣ, таҷҳизоти санҷишӣ ва захираҳои маводҳои хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ андешида шуд. Тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, маҳз корҳои иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус инчунин, таъмини фаъолияти муназзами низоми  назорати санитарию эпидемиологии мамлакат дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар амалӣ шуда истодаанд.

Ҳаминро қайд кардан кофӣ аст, ки масъалаи пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID — 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати сохторҳои дахлдор қарор дорад. Барои муборизаи беамон бурдан бо ин вирус имрӯз аз ҷониби Сарвари давлат тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар чунин вазъияти ҳассос моро зарур аст, ки аз ин хатарҳо наҳаросида, бо риояи қоидаҳои беҳдошт аз мушкилиҳо сарбаландона баромада, ба шароити арзандаи зиндагии пешина баргардем, зеро мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол созанда ва тавоно ҳастанд.

Исматҷон ҶУМАЕВ,
ҳуқуқшинос

Читать далее

Иғвои “Хиёнат”

Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки имрӯзҳо дар шабакаҳои марказии телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.

Наворҳои мазкур ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ анҷомшуда бахшида мешавад. Онҳо тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш қиём карданд. Дар ҳамин асос,  аз байни мардуми тоҷик нафарони зиёдеро гумроҳ карданд ва онҳо ба Ватани худ хиёнат карданд.

Ин филм чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷикро аз забони шоҳидони воқеии ҳодисаҳои террористию экстремистӣ ошкор месозанд. Дар он ҳамаи он ҷиноятҳое, ки аз ҷониби роҳбарият ва аъзои ин ташкилоти террористӣ роҳандозӣ шуда буд, нишонрас тасвир шудааст.

Ташвиқоти ҷангҷӯёнаи сарварони ин ҳизби носолим сабаб гардид, ки садҳо ҷавонон гумроҳ шуда, «ба хотири ислом» ба сафи неруҳои хунхори ДИИШ пайвастанд ва нобуд шуданд. Роҳбарияти ҲНИ дар ҷомаи дин пинҳон шуда, аз эътимоди мардум суиистифода карданд, ҳол он ки дини ислом чунин амалро маҳкум мекунад. Наҳзатиён ба қадри давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ҳеҷ гоҳ расида наметавонанд, чунки идеологияи онҳо ин мафҳумҳоро истисно мекунад. Истисмори омма, иғвоангезӣ, бегонапарастӣ мафҳумҳои муқаррарии луғати онҳо аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин ҷинояткорони мардумозор ҳаргиз ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид.

Таҳиягарони филм аз ҳақиқати таърих ҳарф зада, тамошобинро ба зиракии сиёсӣ, ба ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ, садоқат ба Ватану миллат ҳидоят мекунад. Манзараҳо ва муҳтавои филм моро ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллати худ сабақ омӯзем, фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашуда, барои ободтар шудани Ватани худ ҷаҳд кунем.

М.ШАРИФОВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Ҳар кӣ кунад ба худ кунад, ба дигарон чӣ суд кунад…

Мо устодони факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров тариқи телевизион ва шабакаи Интернет филми мустанади «Хиёнат»-ро тамошо карда, бори дигар хулоса кардем, ки душманони миллат барои амалӣ кардани ҳадаф қодиранд, ки даст ба корҳои зиёд  ва аз ҷумла даст ба хиёнат зананд.

Дар ҷараёни филм маълум мешавад, ки хиёнаткор Муҳиддин Кабирӣ чӣ тавр дар кишвари хоричӣ қарор гирифта, ба ватанфурӯшӣ ва хиёнаткорӣ машғул аст. Ин мард, ки худро пуштибон ва ҳомии пайравони Паймони миллӣ эълон кардааст, қодир аст, ки нисбати онҳо низ хиёнатро раво бинад. Кабирӣ ҳизбашро ҳизби оилавӣ кардааст ва ба ғайр аз аҳли оилаи ӯ дар Аврупо касе бо маблағи даркорӣ барои зиндагӣ таъмин нест. Хоҷагони хориҷии онҳо бошанд, пайваста талаб доранд, ки барои дар хоки Тоҷикистон иғво ангехтан кору фаъолият баранд. Албатта, барои он нафаре, ки солҳои тӯлонӣ маблағҳои калони хоҷагонашро ба даст меовард, имрӯз ҳам ҳамон корро мекунад, то хоҷагонаш розӣ бошанд, аз фитнагарӣ ва дасисаву иғво даст намекашанд.

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш имрӯз ҳам мехоҳанд, ки вазъи кишварро ноором кунанд. Ба мардум ҳар гуна дасисабозиро раво мебинанд. Барои дастгоҳи таблиғотии ин хоинони ягон чизи муқаддас намондааст, зеро аз дурӯғ гуфтан, нодуруст сухан кардан, туҳмат задан даст намекашанд. Гӯиё ҷурналистанд, аммо ба ягон принсипи ҷурналистика такя намекунанд. Аслан, чаро такя мекарданд, дар ҳоле, ки вазифаашон фитнаангезӣ ва игвогарӣ аст, аз ҳар роҳу восита истифода мекунанд, то ин ки ба ҳадафи ғаразноки худашон бирасанд.

Дар филми мустанад доир ба роҳҳои таъмини маблағ барои террористон, гузаштани мактабҳои тамринӣ ва монанди инҳоро нишон додаанд. Муҳим аз ҳма ин аст, ки филми «Хиёнат» дар баробари он ки аҳамияти маърифатӣ дорад, инчунин барои тарбияи солими ҷавонон мадад мерасонад. Зеро дар филм чандин нафар гумроҳзадагон – ҷавонони ба доми фиреб гирифторшуда бо забони ҳолашон мегӯянд, ки чӣ тавр иштибоҳ кардаанд ва ба нокомӣ расидаанд. Боз як бори дигар ин филм ҳушдор медиҳад, ки ба разилоне, ки аз номи дини мубини ислом сухан мекунад, бовар кардан лозим нест. Ислом баръакс мардумро ба сулҳу тифоқ даъват мекунад.

Бо тамошои се қисми филми мустанади «Хиёнат» ба чунин хулоса омадем, ки бо шогирдон онро дар замони таътил тариқи шабакаҳои интернетӣ муҳокима карда, кирдори разилонаи наҳзатиёнро маҳкум менамоем.

Бахусус, доир ба амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳиддин Кабирӣ ва аҳли оилаи ӯ ба шогирдон маълумот  медиҳем.

Мо аҳли устодони факултети забонҳои шарқ кирдори хоинонаи Муҳиддин Кабириро сахт маҳкум карда, мегӯем, ки худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ!

Устодони факултети
забонҳои шарқи ДДХ

Читать далее

Хиёнатҳои ТТЭ ҲНИ ошкор гардид

Шахси хушбахт саҳарӣ дар оғӯши Ватани азизаш бо чаҳ-чаҳи парандагони хушхон бедор мешавад ва бо шукронаи Парвардигор ва манзили ободаш ба меҳнати созанда мепардозад. Бадбахт бошад, зери лаҳну лафзи бегона ва садои гӯшхароши дастгоҳҳои мухталифи техникӣ аз хоб чашм мекушояду ҳатто намедонад, ки хоҷааш ба ӯ имрӯз чӣ мефармуда бошад? Кадоме аз ин ҳолатҳо арзандаю шоистаи Инсон аст?

Дар ҷараёни тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфтам, ки бадбахттарин инсон будааст, ки яке аз онҳо хоини Ватан, зодаи деҳаи Қасамдараи ноҳияи овозадори Файзобод будааст. То ин давра аз кадом маҳали Тоҷикистон будани ин хоин, ҳатто мароқ зоҳир накарда будам. Лаҳзаҳои тамошои филм нафрату ғазабам зиёда мегашт, ки як нафари ҷоҳилу фосиқ ба Ватани зебоманзару файзбори худ санги маломат меафканад. Майнаи ин тоифаро ба андозае заҳролуд шудааст, ки дар он барои фикру андешаи солим ҷои холӣ боқӣ намондааст. Зоҳираш одамӣ, вале ботинаш иблис асту нангу номус,орият ва дигар арзишҳои олии инсонӣ барои онон маъное надорад, ғайр аз садақаи хоҷагонаш. Баъд ин хоинон ба монанди Кабириву Истаравшани, Салимпуру Гадоев ва ҳамгурӯҳонашон ҳарзагӯӣ накунанд? Иғвою дасиса, тӯҳмату бӯҳтонҳои бофтаи хоҷагонашонро ба забон наоваранд?

Мо, тоҷикистониён, соҳиби ин Ватан ҳастем ва медонем, ки сулҳу субот бо осонӣ ба даст наомадааст ва ба қадри арзишҳои миллиамон бояду шояд мерасем. Бояд аз ин филм баҳри худ ҳар яке бо ақли солим баҳо дода, хулосаи зарурӣ барорем ва барои пешрафти диёри азизамон саҳм гузорем.

М.СОБИРОВ,
Д.ҒУФРОНОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Худогоҳу худшинос бошем!

Воқеан ҳам баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ ва эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона имкон фароҳам омад, ки кишвари мо дар арсаи ҷаҳон нақш ва нуфузи худро пайдо  кард. Имрӯз бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба яке аз кишварҳои зеботарин ва писандидатарин табдил ёфт.

Дар шароити имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ худро муаррифӣ карда, пайваста кӯшиш менамояд, ки мардуми осудаҳол бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш баранд ва барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд.

Мутаассифона, баъзе амалҳои номатлубе, ки аз тарафи баъзе аз шахсиятҳои бадхоҳони давлат сар мезанад, боиси нооромии кишвар мегардад. Аз таърих бохабарем, ки амалҳои ношоистаро ниёгони мо маҳкум мекард. Онҳо ба дуздиву одамкушӣ назари нек надоштанд ва ба чунин ашхос бо нафрат нигоҳ мекарданд. Лекин имруз ҷавононе пайдо шудаанд, ки анъанаҳои неки инсондӯстӣ, некрафторӣ, некандеширо пеши по зада, ба гуруҳҳои террористӣ тақдири худро мепайванданд. Аз ин лиҳоз, мо, мардуми кишвар аз ҳамин гуна ашхоси ғаразноку манфиатҷӯ худро канор гирифта, аз онҳо даъват ба амал меорем, ки барои манфиати хеш давлат ва миллатамонро худро ба сӯи нотинҷиву нооромӣ ҳидоят накунанд.

Бояд Ватанамонро аз ин гуруҳҳои ҷиноятпеша ҳифз намоянд ва нагузоранд, ки ба кишвари азизамон бо чашми бад нигоҳ кунанд.

Манучеҳр ҶӮРАЕВ,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Нодид гирифтан носипосии маҳз аст…

Имрӯзҳо худ шоҳиди басо тағйиротҳои созандаву пешрафти ҷомеа ҳастему аз рушди соҳоти мухталиф, дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар мардум шукргузоранду бо дили гарму азми хоса дар гул –гулшукуфоии кишвар саҳмгузоранд. Албатта, худ ин созандагиву тараққиёти диёри зебоманзари соҳибистиқлоламон бо ҷонбозиҳову қурбониҳои зиёде таҳти роҳбариву кӯшишҳои зиёди роҳбарони давр ба даст омадаву то ҳол ёди он рӯзҳои пурфоҷиаи солҳои 90-уми қарни гузашта аз хотираҳо зудуда нашудааст. Вале имрӯзҳо ҳанӯзам ҳастанд шахсони аламзадаи бадсиришт, ки зери ниқоби гӯё «шахсони ғамхору дилсӯз» аз вазъияту шароити баъзе мардум истифода бурда, тариқи сомонаву шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ лоф зада, бо маълумотҳои бардурӯғи худ мардумро раҳгум заданӣ мешаванд.      

Дар яке аз чунин муроҷиатҳои худ Иззат Амон бо зане, ки ному насабаш маълум нест суҳбат намуда, бо ҳаргуна суолҳои ғаразноку ҳисси бадбинӣ  водор карданист, ки давлату ҳукуматро он зан душман ҳисобад. ҳарчанд Иззат Амон худро гӯё «дӯсту ғамхори омма» нишон доданӣ бошад, ҳам аён аст, ки мақсади ниҳои ӯ ва ҳаммаслакони хориҷиаш боз ҳам нотинҷ намудани кишвар мебошад.   

Масалан бино ба гуфти он зани 63 сола, шавҳараш хонаашро бинобар қарздор шуданаш соли 1994 фурӯхтаасту барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст.  Худ қазоват кунед, ин ҳодиса солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омадаву ба Сарвари давлату ҳукуматдорони давр рабте надорад, чунки ҳар шахс дар доду гирифти моддию молиявиаш озод асту касе барои хариду фурӯш ва амсоли ин амалҳо садди роҳаш буда наметавонад. Ин гумроҳи наҳзатӣ, худро тарғибу ташвиқ карданисту танҳо имиҷи «накӯкор» -иро дар назди мардум нишон доданисту халос.       

Шукронаи замони имрӯз бояд кард, ки алҳол дар бозору мағозаҳо маҳсулоти ниёзи аввал фаровон буда, амнияти озуқавории мардум пурра таъмин аст. Ҳамаи он дастовардҳое, ки имрӯз мо метавонем тавассуташон чун як миллати қодир, рӯ ба рушди маънавию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ифтихор кунем, ба роҳбарии дурбинона ва кӯшишҳои ҷасуронаи ин шахсият, иқдому ҳидоятҳои босамари ӯ сахт марбутанд ва нодид гирифтани ин хизматҳои хирадмандонаву шуҷоатмандона носипосии маҳз аст.

Малоҳат Шукурова

Читать далее