10 July 2020

Раҷаббой Аҳмадзода – Раиси вилояти Суғд: Масъулият, ташаббус ва кордонӣ – мӯҷиби дастовардҳои нек

Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020

Санаи 10-уми июли соли 2020 дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд. Дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят нисбат ба ҳамин даври соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят таъмин шудааст.

Читать далее

Муроҷиатнома ба Кабирӣ - Кобра, Муҳаммадиқбол- Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона (вокуниш ба Нидои миллат – филми мустанади “Хиёнат”)

 

 

 

Дар таърих рӯйдодҳои зиёдеро метавон мисол овард, ки дар ҳолатҳои ҳассос ҳатто мухолифини давлат дар канори ҳам меоянд ва алайҳи душман муқовимат мекунанд.

Читать далее

ИТТИЛООТОНИИ НОДУРУСТ Ё ФАҲМИШИ ХАТОИ СОКИНОН

Ё магар пӯшидани ниқоб мушкилӣ дорад?

Санаи 4-уми июли соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 қонун ба имзо расонида шуд. Тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

Ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 аввалин ҳодисаҳои гирифторшавӣ ба вируси сироятии COVID – 19 дар давлати Чин ба қайд гирифта шуд. Санаи 11 - уми марти соли 2020 аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аз сабаби паҳн гардидани ин беморӣ ба бисёр давлатҳои ҷаҳон ҳолати пандемия эълон гардид. Чанд моҳ аст, ки ҷаҳониён бар зидди ин вирус мубориза бурда, роҳи халосӣ ҷуста истодаанд. Тариқи расонаҳои хабарӣ оид ба роҳҳои гузариш ва пешгирии вирус иттилоъ дода шуда, ҳамчунин шахсони масъул варақаҳои махсус паҳн карда истодаанд. Вале новобаста аз он баъзе нафарон қоидаҳои пешгирӣ аз ин бемориро ба таври дуруст риоя намекунанд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоб ва истифодаи маҳлули антисептикӣ гаштугузор доранд, ки ин хавфи сироятёбии сокинонро афзун мегардонад.

Барои ҳолати кунунии мавзеъҳои серодамро таҳлил кардан ба бозори марказии «Панҷшанбе», боғҳои истироҳатию фароғатӣ ва нақлиёти мусофиркашонӣ равон шудем. Дарвоқеъ, имрӯз ҳастанд нафароне, ки бе ниқоб дар ҷойҳои серодам гаштугузор доранд ва шумораи онҳо кам нестанд.

Дар бозори «Панҷшанбе» аксар фурӯшандагон бе ниқоб ба савдо машғуланд. Вақте сабабашро пурсидем, посухҳои гуногун гирифтем, яке гуфт, ки барои ҳар рӯз харидани ниқоб маблағаш кифоягӣ намекунад, дигаре гуфт, ки беморӣ тамоман аз байн рафтааст, сеюмин арз дошт, ки муҳофизат кардани ниқоб аз вирус ғайриимкон аст. Ҳатто, баъзе нафарон гуфтанд, ки дар ҳавои гарм таъсири вирус кам аст.

Исломҷон Мавлонов – фурӯшанда дар бозори марказии «Панҷшанбе»:

- Ду моҳ барои гирифтор нашудан ба бемории коронавирус аз ниқоб истифода мекардам, зеро обу ҳаво номусоид омаду шумораи зиёди одамон ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла коронавирус гирифтор шуданд. Он вақт шумораи харидорон низ дар бозор кам буд. Имрӯз тариқи расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои интернетӣ аз он огоҳ шудем, ки шумораи гирифторшавӣ ба вируси нав кам шудаасту дар гармии аз 30 дараҷа баланд сироятёбӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, чанд муддат инҷониб аз ниқоб истифода намекунам.

Дар боғҳои фароғативу истироҳатӣ низ имрӯз нафарони зиёде ҳамроҳи оила ва кӯдакони хурдсоли худ барои сайругашт мераванд. Мутаассифона, дар ин мавзеъҳо низ шумораи аз ниқоб истифодабарандагон коҳиш ёфтааст. Мардум ба вазъияти имрӯзаи чаҳонӣ аҳамияте намедиҳанд ва гумон мекунанд, ки вирус ба онҳо таъсире намерасонад.

Кӯдакону наврасон бе ниқоб дар Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ бозӣ доштанду волидайн беаҳамиятона бо ҳамдигар бидуни риояи масофа суҳбаткунон пистахӯрӣ мекарданд. Ин ҳолат дар ҷавонписарон низ ба мушоҳида расид. Дар Боғи навбунёди ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ низ ин манзараро дидан мумкин буд.

Замираи Мирзо – сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯз ба вируси нав танҳо насли калонсол гирифтор шуда истодаанду ба кӯдакону наврасон хатаре надорад. Аз ин лиҳоз, ба кӯдакон барои пӯшидани ниқоб ва истифодаи маҳлулҳои антисептикиро он қадар зарур намешуморам. Бар замми ин, кӯдакону наврасон тарзи дурусти истифодабарии ниқобро намедонанд. Аз рӯяшон гирифта, дар даст нигоҳ медоранд ва ё ба як сӯ ҳаво медиҳанд. Азбаски хурд ҳастанд, ба ниқобпӯшӣ маҷбур карданро зарур намешуморем. Ба ақидаи шахсии ман, ин тарзи ниқобпӯшӣ ба саломатӣ хатар дорад.

Вале дар байни чунин нафарони «кӯтоҳандеш» ҳастанд шахсоне, ки қоидаҳои худмуҳофизатиро хуб ба ҷо оварда, ба дигарон низ барои сироят наёфтан маслиҳатҳо медиҳанд.

Намояндаи Маркази назорати давлатии санитарию эмидемиологии вилоят Даврон Мелибоев ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, пешгирӣ, интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус маълумот дода гуфт, ки роҳҳои гузариш ё интиқоли сироятёбӣ ин тавассути ҳавои қатрагӣ бо роҳи нафас, яъне ҳангоми сулфа кардан, нафаскашӣ, гуфтугӯ, чангу ҳавоӣ ва тамоси алоқавӣ мебошад. Давраи ноаён (инкубатсионӣ) - и ин беморӣ аз 2 то 14 рӯзро дарбар мегирад. Сирояти коронавирус дорои аломатҳои хоси клиникавии сирояти шадиди вируси респераторӣ мебошад. Ин асосан бо баланд шудани ҳарорати бадан, сулфа, дамкӯтоҳӣ, хастагӣ, эҳсоси вазнинӣ дар қафаси сина мебошад. Дамкӯтоҳии шадиди нафас дар рӯзи шашум ё ҳаштум аз лаҳзаи сироят ёфтан инкишоф меёбад. Инчунин муайян карда шуд, ки дар байни нишонаҳои аввал метавонад дарди сар, хунпартоӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, тапидани дил ҷой дошта бошад. Ин аломатҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани сироят дар сурати набудани таби баланди бадан мушоҳида мешавад. Барои пешгирӣ шаҳрвандон бояд гигиенаи шахсиро риоя кунанд. Аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд, дар ҷойҳои серодам ва тамос гирифтан бо шахсони бемор, ки таби баланд доранд, худдорӣ намоянд.

- Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ барои пешгирии бемории сироятии COVID – 19 тез – тез шустани дастон бо антисептикаҳои спиртӣ ва собун, ҳангоми сулфидан ва атсазанӣ даҳону бинии худро бо даст ва ё дастпоккунҳои яккарата пӯшидан, рӯймолчаҳои истифодабурдаро фавран партофтан ва дастонро шустан тавсия медиҳад. Аз нафароне, ки нишонаҳои табларза ва сулфа доранд, дурӣ ҷустан лозим аст.

Агар ягон шахс табларза, сулфа ва нафаскашии душвор дошта бошад, фавран ба ёрии тиббӣ муроҷиат кунанд. Ҳангоми ба бозорҳо ё мавзеъҳое, ки сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, аз тамоси мустақим бо ҳайвонҳои зинда дурӣ ҷӯянд. Аз истеъмоли маҳсулоти хом ё ба таври кофӣ пухтанашудаи гӯшти гов ё шир бояд эҳтиёткор бошанд, - гуфт Даврон Мелибоев.

Аз мушоҳида ва пурсишҳои гузаронидашуда аён гардид, ки имрӯз на ҳама оид ба роҳҳои гузариш, нишонаҳо ва пешгирии бемории сироятии коронавирус маълумоти зарурӣ доранд, зеро надонистани қоидаҳои оддии санитарию гигиенӣ метавонад, боиси зиёд шудани сироятёбӣ гардад.

Боварӣ дорем, ки тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба пешгирии паҳншавии бемории COVID - 19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардидааст, боиси кам шудани шумораи сироятёфтагон ва риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ хоҳад шуд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят​ аз​ корхонаи​ ресандагии ҶДММ «Сомон гуруҳ»

9 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд аз корхонаи ресандагии ҶДММ «Сомон гуруҳ» боздид карда, бо корҳои барқароркунии он аз наздик шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар корхонаи мазкур корҳои барқароркунии он ҷараёни тоза касб намуда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ин корхонаи саноатӣ бо муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ бо фарогирии 350 нафар ба кор шуруъ хоҳад намуд. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди беш аз 8 тонна пахта буда, он асосан маҳсулоти хешро ба хориҷа содирот хоҳад намуд.

Читать далее

Раиси вилоят сокини 105 солаи ноҳияи Деваштич Мастура Калоноваро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич сокини 105 солаи ноҳия Мастура Калоноваро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдат аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли пирони рӯзгор ва шахсиятҳои пешқадам бохабар гардида, онҳоро дастгирӣ менамояд.

Читать далее

Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич дар Ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич сохтмону навсозии 309 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 200 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Сокинони ноҳия ба пешвози ҷашни таърихӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда гузошта, барои ободонии маҳал ҷаҳду талош карда истодаанд.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой шинос гардид.

Лоиҳаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истифодаи самараноки обу замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, ҳарчи бештар ба шуғл ҷалб намудани аҳолӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди зиндагӣ татбиқ гардида истодааст.

Читать далее

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 7 июл зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳия шинос гардид.

Занбӯриасалпарварӣ яке аз бахшҳои даромадноки хоҷагии қишлоқ маҳсуб ёфта, солҳои ахир дар вилоят барои рушди соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст.

Айни замон дар вилоят 63 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд буда, дар ояндаи наздик тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба 100 ҳазор расонида мешавад.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич

7 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо фаъолони ноҳия мулоқот кард.

Зимни мулоқот вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба ноҳия ва вилоят баён намуда буданд, баррасӣ гардид.

Читать далее