July 2020

31 July 2020

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

ш. Душанбе, 31 июли соли 2020

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди Қурбон самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар сулҳу оромӣ, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатии мо аз ҷумлаи суннатҳои эътиқодиву динии халқамон маҳсуб меёбад ва дар марҳалаи давлатдории навини миллиамон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ гиромӣ шуморида мешавад.

Читать далее

30 July 2020

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди Қурбон

Сокинони азизи меҳнатқарини вилояти Суғд!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Иди Қурбон самимона муборакбод гуфта, ба кулли ҳамватанон тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва дар амалӣ гардидани орзую ниятҳои нек муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Иди Қурбон таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, бахусус силаву навозиши ятимону бепарасторон, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон ва шахсони камбизоат аз фазилатҳои неки ин ид маҳсуб меёбанд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбай Жээнбеков барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Сооронбай Шарипович,

Дар иртибот ба эълон кардани рӯзи мотами миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи коронавирус дар кишвар ҳамдардиву таъзияи амиқи ин ҷонибро ба тамоми мардуми бародари Қирғизистон иброз намуда, ба гирифторони ин бемории сироятӣ шифои ҳарчи зудтар хоҳонам.

Читать далее

Муборизаи дастҷамъона бар зидди паймону Кабирӣ

Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтаву зиёда аз сад таъриф барои мушаххас намудани  он аз ҷониби олимон пешниҳод шудааст,  мафҳуми экстремизм ва терроризм мебошад. Аз ҷумла, ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Моджорян мегӯяд, ки терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон равона карда мешавад.

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро боваркунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мутаассифона, тайи чандин соли охир терроризму ифратгароӣ дар ҷомеаи башарӣ рушд намуда,  кишварҳоеро ба монандӣ Ироқу Сурия ба гирдоби ҳалокатбори худ дохил намуд, ки акнун ба ҷойи шаҳру деҳоти обод харобазору вайронаҳо боқӣ мондаанду халос. Мутассифона шаҳрвандони мо низ дар анҷом додани амалҳои терорристии кишварҳои Ироқу Сурия иштирок намуданду бархе аз онҳо қурбони чунин саҳнаҳо гардидаанд, ки боиси таассуф аст. Ҳизбу ҳаракатҳои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар чомеа мехисобанд. Ба ин мисол шуда метавонад  тақрибан бист созмону ҷунбиш, аз ҷумла “Ҳизби таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”, “Ҷамоаи Таблиғ”, “Тоҷикистони Озод”, “Салафия”, “Гуруҳи 24”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ут-нусра” ва “Ҳизби наҳзати ислом” ва “Паймони милли”-ро ба ҳайси созмонҳои террористиву ифротӣ шинохта шудаанд.

Фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистии зерин аз тарафи давлат манъ карда шуда, хушбахтона таҳти назорати қатъии қонун қарор дорад. Наҳзатиёни ифротӣ, ки аз шикасти худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд нагардида, роҳ сӯи Аврупо гирифтаанд, имрӯз мехоҳанд дар созмонҳои ҷаҳонӣ оид ба ченаки инсонӣ аз ҳадафҳои ғаразноки худ ҳифз кунанд. Чихеле ки шоир мегуяд «Бирав аз гузаштаи рӯзгор баҳра бигир» Муҳиддин Кабирӣ аз саргузашти бадбахтонаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, имрӯз боз роҳи террору экстремизмро пеша намудааст.  Ташкилоти экстремистӣ – террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» бо сафарбарии намояндагони худ ба шаҳрҳои Аврупо, мехоҳад симои сохти конститутсионии Тоҷикистонро дар назди оламиён бадном созад. Ин ҳам як бозии навбатии наҳзатиён аст, ки мехоҳанд дар амалигардии мақсаду ҳадафҳои хоҷагони хориҷиашон нақши худро гузоранд. Ҳар як наҳзатӣ, ки имрӯз ба сӯи зодгоҳи худ санг мепартояд ва ба бадном намудани миллати тоҷик машғул мебошад, то ҳол дарки он накардааст, ки баръакс ӯ худ ва авлоди худро ба доми бадбахтӣ гирифтор сохта истодааст. Зеро фардо баҳри пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа насли ояндаи чунин авлод ҷиҳати манфӣ муаррифӣ гардида, ҳамчун зодаи оилаи хоинҳо шинохта мешавад.

Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишварро зарур аст, ки барои хунсо сохтани мақсадҳои наҳзатиён сарҷаъмона мубориза бурда, ниқоби аслии наҳзатиро ба аҳли зиёи олам нишон диҳанд. Ҷавонон, ки пешбарандагони ояндаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд,  дар раванди фош сохтани ҳадафҳои аслии наҳзатиён иштирок намуда, ҳиссагузори таъмини устувории сохти конститутсионӣ бошанд.

Мирзоҷонова М. Қ. – н.и.ф., дотсент, мудири
кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

 

Читать далее

Шукронаи соҳибватанӣ!

Ҳар субҳ бо зикри номи поки Аллоҳ аз хоб бедор мешаваму шукронаи офаридгор мекунам, ки дар кишвари биҳиштосо ба дунё омадаму умр бар сар мебарам. Мансуб ба миллати бузурги тамаддунофари тоҷикаму дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ва фаъолият дорам.

Шукронаи фазои осудаю ороми кишвар мекунам, ки фардро ба меҳнати созандаю ободкорӣ даъват менамояду роҳбарони давлати маҳбубам ватандӯсту раиятпарвар, оқилу одиланд ва Ватанамро ҷаҳониён мешиносанду эътироф кардаанд. Зеро, аз тамоми телевизиону расонаҳои дигари ахбори омма   огоҳам, ки ҳазорон нафар бори беватанӣ мекашанду ҳуқуқи инсони озодро бархӯрдор нестанд. Ин нуқтаро аз ҳаёти зангиёни африқоӣ  ва муҳоҷирони иҷборӣ дар Амрикову Аврупо  метавон мушоҳида кард. Хаёлам, ки ҳаёти ин тоифа барабас рафта истодааст, ки  ҳатто наметавонанд Ватану диёри худро обод гардонанд.

Дар ин радиф метавон ҳаёти сагонаи нафароне, ки Ватану виҷдони имони худро ба ивази маблағ фурӯхтаанду имрӯзҳо ватангадоанд, тасаввур намуд, ки то ба кадом андоза бемаънову манфур аст. Нафаре, ки наметавонад мазори волидайнро зиёрат кардаву онро аз хору хас тоза намояд ва ҳама ин нодорӣ аз ҳирси молучиз аст, палидтарин одам аст. Нафарони радди маъракаи тоҷикӣ- аъзои  ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом солҳои сол зери ниқоби демократия ва дигар арзишҳои олии инсонӣ ба амали разилонаю заифтарин-тӯҳмат ба Ватани аҷдодӣ ва вайронкунии ҷомеа даст мезананд, симои манфури онҳоро маълумотҳои дақиқи филми мустанади “Хиёнат” ошкор ва тасдиқ намуд. Баъд аз тамошои филми зикрёфта баъзе андешаҳо пайдо гаштанд, ки ибрози онҳоро истифодаи мавқеи шаҳрвандии худ меҳисобам.

Аввало, сипоси беҳамто он аъзои гурӯҳи эҷодиро, ки дар асоси далелу бурҳонҳои  қотеъ чунин асари муҳимро омода ва манзури ҷомеа намуданд, ки аз мардонагиву матонати шаҳрвандии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Баъдан, ташаккури бепоён ба кормандони мақомоти қудратии кишвар, ки вазифаи хешро бо сарбаландӣ иҷро намуда сулҳу субот ва оромии ҷомеаро таъмин менамоянд ва ҳақиқати воқеии душманони хориҷию дохилиро ба мардум пешниҳод менамоянд. Инчунин аз масъулини мақомотҳои давлатӣ хоҳиш менамоям, ки он нафарони ба ном “рӯзноманигору хабарнигор”,  дар он хабаркашу ҳангоматозанд, дастгир намуда дар майдонҳои марказии шаҳру навоҳии кишвар ба сутунчӯбе банданд. То он, ки мардуми солимфикру соддадили кишвар симои ин хоинони дохилиро шиносанд ва ҷавононро аз гумроҳӣ ва шомилшавӣ ба ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ намоянд. Баъдан ҷасади нопоки ононро ба кишварҳои маблағгузорашон равона созанд, ки  хуну тани  палидашон замини поку муқаддаси Ватани моро олуда нанамоянд. Зеро, хоиниву хиёнат ирсӣ асту танҳо ҷазои сахт садди ин амали ноком шуда метавонад, ки аз аъмоли авлодии аспдузди Истаравшанӣ ва муллозодаи беимони Садриддинӣ маълум гаштааст.

Палидии ватанфурӯшро тоза насозад ҳатто хок,

Хокистари тани хоинро мебояд бар бод ҳаво дод !

М.СОБИРОВ,
мудири кафедраи экология ва
ҳифзи табиати факултети геоэкологияи 
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент.
М.ДАДОБОЕВ,
сармуаллими кафедраи геоэкология ва
методикаи таълими факултети геоэкологияи
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров”

Читать далее

ЧУН ШАВАД ДУШМАН МУЛОИМ, ЭҲТИЁТ АЗ КАФ МАДЕҲ

Хиёнаткорӣ ё ин ки хоини амалест нобахшиданӣ ва бадтарин, ки аз дарозои таърих то ба ҳол ҳамчун падидаи номатлуб ва рафтори ношоистаи ҷамъиятӣ шинохта мешавад, ки дар ҳақиқат агар соддатар карда гӯем як рафтори ношоиставу ғайриинсонии паст мебошад.

Ҳоло дигар барои иддае аз наҳзатиёни палид чунин рафтор як амали ғайриоддӣ ва манбаи пулёбӣ гардидааст. Яъне хиёнаткорӣ барои аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар чапаргӯшони муқими Аврупо, ки зери чатри ТТЭ ҲНИ меболанд, пешаи сердаромад ва тиҷорати махсус шудааст. Ин авбошони наҳзативу наҳзатпарвар бар Ватану миллати худ имрӯз хиёнат намуда, талош мекунанд, ки бар ивазаш аз хоҷагони хориҷияшон маблағ бигиранд. Аммо ин ки инсон чӣ тавр даст ба хиёнат мезанад ва он ҳам хиёнати вазнин бевосита аз муҳити хонаводагиву тарбияи нодурусташ сарчашма мегирад. Лек инро ҳам набояд фаромӯш сохт, ки имрӯз ҳамин аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва душманони аслии миллат, бештар даст ба ҳиллаву найранг зада кӯшиш мекунанд, то ҷомеаро махсусан насли ҷавонро фиреб диҳанд. Ҳамин аст, ки шоири бузург дар шинохт ва тарзи корбурди ин палидони наҳзатӣ  мегӯяд:

Чун шавад душман мулоим, эҳтиёт аз каф мадеҳ,

Макрҳо дар парда бошад оби зери коҳро.

Воқеан ҳам имрӯз душманони миллати тоҷик дар рӯ ниқоб кашида, даст ба хиёнаткориву разилӣ мезананд ва ин шеваи корашонро бо суханбозиву макрҳо пинҳон карданӣ мешаванд. Аммо бояд инро ҳам иқрор шавем, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ аслан террористони манфуре ҳастанд, ки дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ташкил карданду онро кишварро ба майдони хоку хун табдил доданд.

Ҳоло ҳам ин наҳзатиёни пастфитрат  бо дасисабозиву иғвобарангезӣ ва нашри маводҳои бардурӯғу ифротӣ кӯшиш менамоянд, то насли ҷавонро ба гумроҳӣ баранд, вале бехабар аз онанд, ки имрӯз чеҳраи аслии наҳзатиён ошкор шудааст. Яъне ниқоб ба замин афтодааст.

Акнун ҳамагон хуб медонанд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз ҷониби кӣ маблағгузорӣ мешаванду бо кадом пулу мол он ҷо хилват оростаанд?!

М.Абдусаломов
омӯзгори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Читать далее

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар аст!

Силсилафилми «Хиёнат», ки воқеаҳои аслии даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд, ҳадафҳои пасипардагии хоинонро бо далелҳои мушаххасу раднопазир фош кард. Бояд зикр намуд, ки солҳои охир шуури сиёсӣ-ҳуқуқӣ, маърифатӣ-динии мардум боло рафтаву аксарият дар шинохти авомфиребону фитнаангезон малака пайдо карда мебошанд.

Бидуни намоиши силсилафилми «Хиёнат» ҳам мардум дарк карданд, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва чанд тан аз ватанфурӯшон бо сад макру ҳилла мехоҳанд, осмони софу беғубори Тоҷикистони биҳиштосоямонро оғуштаи тиру туфанг, ғарқаи оташу хун сохта, тавассути он курсиҳои олии идоракуниро соҳиб шаванд. Дар филм фитнаҳову иғвоангезии хиёнаткорон ба таври равшану барҷаста, бо тамоми нозукиҳои дасисабозиву сиёсатофариашон нишон дода шудааст, ки дигар ҷои шубҳа ҳам нест. Зеро қаҳрамонони филм шахсони воқеӣ, иштирокчиёни бевоситаи равандҳои гуногуни сиёсӣ буда, лаҳзаҳо аз мусоҳибаҳо, наворҳои вохӯриву гуфтушунидҳои таърихӣ далолат ба воқеияти он доранд.

Агар ба таҳлили амиқ даст занем аз рафтори хоинони давлат дар ҳайрат мемонем. Зеро даҳаи якум ва дуюми даврони Истиқлол душманони ваҳдати кишвар дар роҳи тарғибу татбиқи ақидаҳои фундаменталистии ислом ба монанди ташкили хилофат, мутамарказии идоракунии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки берун аз муқаррароту нишондодҳои мазҳаби Ҳанафия-мактаби бузурги фиқҳӣ мебошад, камари ҳиммат мебастанду имрӯз, дар даҳаи сеюм акси он дар роҳи бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд садо баланд мекунанд. Аз минбари созмонҳои байналмиллалии ҷаҳон хешро ҷонибдору созанда ва ҳомии демократия метарошанд. Ба ин васила фурсати муносиб ва имконияти фарох барои абарқудратҳо дар намоиши иқтидори ҳарбиву қувваозмоии онҳо эҷод месозанд. Зеро аъзоёни гуруҳи сунъии бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» аз ин ё он кишвари Аврупо шаҳрвандӣ доранд ва он ҷо маскун ҳастанд, аз мардумфиребии худ маблағи зиёду муфт ба даст меоранд ва дар ҳолати дубора ба хоку хун оғушта шудани Тоҷикистон дар он кунҷи олам ҷон ба саломат мебаранд. Чунин ашхосон ҳеҷ гоҳ ба қадри сулҳу ваҳдат, созандагиву ободкорӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хоби орому неъмати фаровон нахоҳанд расид. Зеро чашмонашонро маблағи муфт кӯр кардаву қалбҳояшонро орзуи мансаб санг сохтааст. Дар акси ҳол хоки Ватанро аз тахти Сулаймон беҳтару ҳифзи якпорчагии онро авлотар аз тамоми манфиатҳои шахсӣ меҳисобиданд ва ҳеҷ гоҳ тақдири худро ба кафандуздиву косалесӣ намепайвастанд. 

Шамил НАЗАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

 

Читать далее

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ХОБИ КАБИРИРО ПАРОНД

Имрӯзҳо аз расонаҳо мутолиа менамоем, ки раиси ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ва роҳбари пойгоҳи хабари ифротии ахбор.ком М. Салимпур пас аз дидани филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” хеле дар ташвиш афтода, намедонанд ин ҳама ҳақиқати таърихиро чӣ гуна инкор намоянду ба чашми мардум хок зананд.

Тавре, ки медонем ҳоло ҳама аъзои ТТЭ ҲНИ ва махсусан он рӯзноманигорони ба ном “коршинос”-у “фаъоли ҷамъиятӣ” куллан дар ҳоли шок афтодаанд, ки чӣ тавр ҳама сирру асрорашон ба мардуми тоҷик фош гардид. Зеро то ба ҳол наҳзатиён худро “ҳомии миллат” ҳисобида, кӯшиш мекарданд дар зери ниқоб баромад намуда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Наҳзатиёни хоин фикр мекарданд, ки онҳоро касе намешиносад ва ҳамин тавр оромона ба хоҷагони хориҷияшон хизмат кардаву пардапӯшона бар миллат хиёнат мекунанд, лек яку якбора ин ҳама сирру асрор ифшо гардиду тарбуз аз бағали Кабирӣ афтод.

Албатта, ифшокориҳои филми мустанади “Хиёнат” барои кулли  наҳзатиёни хоин ногаҳонӣ буд ва ин  раъду барқеро мемонд, ки дигар ҳама пардаи пинҳони наҳзатиёнро сӯхта буду наҳзатиён дигар луп луч монданд.

Ҳоло масъалае, ки пеши наҳзатиён ва дигар афроди хоин пеш омадааст, ин чӣ тавр барои хоҷагони хориҷияшон фаҳмонанд, ки асрорашон дигар фош шудаасту миллат ба тамоми медонад, ки наҳзатиён ва дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ кистанд?!

Он чӣ имрӯзҳо дар Аврупо мегузараду шабу рӯзи наҳзатиёнро тира сохтаасту хобро аз сари наҳзатиён ва М. Кабирӣ гирифтааст, ин филми мустанади “Хиёнат” мебошад, ки дигар тамоми сокинони кишвар диданду наҳзатиён ҳам натавонистанд, ки пеши роҳи  онро бигиранд. Ҳоло М. Салимпур ва М. Кабирӣ бо М. Садриддин талош мекунанд, ки дар ин шабу рӯзҳо ба хотири фиреб додани миллату худро дар назди хоҷаи хориҷияшон сафед кардан чанд матлабе бинависанд, то манбаи маблағро аз даст надиҳанд. Ва ҳамин аст, ки на шаб гуфтаву на рӯз сарсупурадаи наҳзатиён Салимпур дар расонаҳояш дурӯғ менависаду дасисабозӣ мекунад, аммо дигар ягон фоида надорад.

Ҳам Кабирӣ ва ҳам М. Саргину М. Салимпур агар ҷонашонро ҳам фидо созанд, дигар чеҳраи аслияшон мисли пишина ба ниқоб даровардаву пинҳон карда наметавонанд, зеро он чӣ интизор мерафт, ҳақиқати наҳзатиён ифшо гардид.

Аз ҳамин лиҳоз аз ҳамватанони арҷманд хоҳиш менамоем, ки ба дасисаву фитнаи душманони миллати тоҷик наҳзатиён дода нашаванду худро эҳтиёт намоянд.

Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ»

Читать далее

Хиёнат бахшида намешавад

Дар оғози солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи бесарусомониҳо ба сари мардуми тоҷик рӯзҳои душвор омад, ки сабабгори асосии он мансабталошиву мардумфиребиҳои ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони бурунмарзии онҳо мебошад.

Бо талошҳои пайваста ва заковати халқи тоҷик оташи ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон хомӯш карда шуда, ба мақсади рушди устувори мамлакат наслҳои имрӯзу фардои кишвар сулҳу ваҳдат пойдор гардид.

Аммо мутаассифона хоинони миллат,  ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ ва бесомониҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон буданд, баъди сулҳу салоҳ ва ором гардидани кишварамон низ хиёнат, ҷаҳолат ва амалҳои манфури пасипардагии худро идома доданд.

Бо тамошои филми “Хиёнат”, ки тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд, мо бори дигар аз хиёнатҳои нобахшидании Муҳиддин Кабирӣ, ва дигар хоинони миллат ошно гаштем.

Дар филми мазкур, ки таърихи начандон дури хиёнаткориҳо ва нопокиҳои  ҳизби мамнӯи террористӣ, роҳбари он Кабирӣ ва думравону нохалафоне, ки имрӯз ватангадо ҳастанд, кушоду равшан дар асоси далелҳои қотеъ, аз суханони шоҳидони амалҳои террористии соли 2015 бо сарварии генерали хоин Назарзода намоиш дода шуда, маҳкум гардид.

Фарзанди нохалафи Кабирӣ маблағҳои калонро бо дасти худ ба Назарзода додааст, ки ташкилкунандаи ин амалиёти террористӣ бевосита худи Кабирӣ буд. Муҳиддин Кабирӣ нафақат ба давлату миллат, балки ба шарикони ҷинояти худ хиёнат карда, ба хориҷи кишвар фирор кард, ки ин ҳолатро низ шоҳидони ҳол ошкоро нақл намуданд.

Кабирӣ ва ҳаммаслакони у пас аз амалӣ нагаштани нақшаву амалҳои нопокашон ба кишвари Аврупо фирор намуданд ва дар ба дари хоҷагони хориҷӣ ва охундҳояшон гашта, бо дастури онҳо тавассути сайтҳои ифротӣ ва мамнӯъ бар зидди миллати хеш дурӯғу бӯҳтон мезананд.

Ин тоифа хоинон аз доираи одаму одамгарӣ кайҳо баромадаанд, нафақат худ балки аҳли оила, дӯстону пайвандони худро фурӯхта, бар ивази молу пули хориҷиён тамоми арзишҳои хоси инсониашонро фурӯхтаанд.

Ҳамин тариқ, вақте шахс филми “Хиёнат”-ро тамошо мекунад, ба хиёнаткориҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони ноҷавонмардаш бори дигар хабардор ва аз чеҳраи нопоку амалҳои нобахшидании онҳо нисбати давлату миллат шинос мегардад. Тавассути тамошои ин филм мо бояд хулосаҳои мушаххас бароварда ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем, дӯстро аз душман фарқ карда тавоем.

М.АМИНОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба
номи академик Бобоҷон Ғафуров
М.ДАДОБОЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

Ҳадафҳои нопок амалӣ намегарданд!

Филми ҳуҷҷатии Хиёнат 3 имрӯзҳо сокинони кишварро аз лаҳзаҳои дарднок ва амалҳои пасипардагии ТТЭ ҲНИ ва дигар гуруҳу шахсиятҳои заҳролудшудаи хориҷиён, таблиғгарони мазҳаби бегона, иғвоангезону нотавонбинон ошно сохт.

Ба хулосае метавон омад, бо сабаби он ки бархе сокинони мамлакат ва бахусус ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолият мебаранд, ин хоинон аз ин муҳити бегона истифода бурда, тафаккури насли ҷавони моро вайрон карданӣ шаванд.

Онҳо бештар ба фирефта намудани бекорон, аз маҳбас озодшудагон, ҷавонони душвортарбия, аз таълиму тарбияи волидайн ва муассисаи таълимӣ дурмонда машғуланд.

Онҳо мехоҳанд ин ҷавононро гумроҳ намуда, бо ин васила ҳадафҳои нопоки худро амалӣ кунанд. Дар филм нафаронеро нишон доданд, ки аксар ҷавононанд ва ба доми онҳо афтодаанд. Хоинони Ватан бештар бо ҷалби маблағҳои хориҷӣ ин ҷавононро ба худ ҷалб сохта, бо роҳи фиребу хабарҳои нодурустро паҳн месозанд. Оқибат албатта ин ҷавонон пушаймон мешаванд, вале, он вақт дер мешавад.

Бояд донист, ки амалҳои разилонаи ин нотавонбинони ТТЭ ҲНИ ва шабакаҳои иҷтимоии тарғиботии онҳо  дер нахоҳад рафт, зеро аз ҳадафҳои нопоки онон аллакай сокинони кишвар огоҳ шудаанд.  

Бобоҷони Хайриддин,
ҷомеашинос, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Читать далее