06 August 2020

ХИЁНАТКОРИИ НАҲЗАТИЁН БАХШИДА НАМЕШАВАД!

Воқеан ҳам агар назаре ба таърихи муосири халқи тоҷик биандозем хуб мефаҳмем, ки чӣ тавр дар як муддати кӯтоҳ хушбахтӣ ва саодати миллатро аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба як ғаму андӯҳ табдил доданд. Ҳоло ҳам мушоҳида менамоем, ки доғҳои ин амали нангинбор ва даҳшатофари наҳзатиён то ҳол аз дили мардум нарафтааст. Он чӣ он рӯз наҳзатиён дар кишвар ташкил карданду кунун мо ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ меномем,  сад дар сад як даҳшат ва як ваҳшат буд. Аъзои ТТЭ ҲНИ бо ин кори худ зиёда аз 160 000 нафарро қурбон сохтанду зиёда аз як миллион нафарро гуреза карданд, аммо чизи дигаре, ки ҳоло мардумро ба хашм овардааст, ин дубора даст ба ҷайби мардум ало кардани наҳзатиён мебошад. Акнун аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар фаъолият бурда, аз ҳамон ҷо истода бо маблағи хоҷагони хориҷияшон ҳар рӯз маводу матлабҳои бардурӯғ менависанд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд, фиреб диҳанд.

Аммо наҳзатиён  як маротиба андеша намекунанд, ки аслан онҳо барои кӣ хидмат мекунанд?

Оё барои чаҳор танга наход инсон аз худ гузараду хоинӣ кунад?

Чаро наҳзатиён пеши худ ин суолҳоро намегузоранд?  Оё онҳо фирк намекунанд, ки ҷабр бар мардум ва эҷоди дурӯғ дар ҷомеа, оқиби хуш надорад ва дар ягон дин ҳам иҷозат дода нашудааст, пас чаро наҳзатиён бар ин намеандешанд, вақте ки онҳо худро мусалмон меҳисобанд?

Ҳақиқатан ҳам маълум мешавад, ки ин наҳзатиёни палид ва авбош ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ба ҳар роҳе мераванд, то сари вақт супориши хоҷагони хориҷияшонро иҷро кунанду маблағи хубтаре ба даст оваранд. Лек як маротиба ҳам андеша намекунанд, ки ин ҳама амалҳо ва рафторҳои нодуруст, оқибат ҷавобгарӣ дорад ва як рӯз не як рӯз ин ҳама хиёнатҳои наҳзатиён ба тарозу кашида хоҳад шуд, ки фикр мекунам, дигар он вақт хоки наҳзатиён ба бод хоҳад рафт.

Ҳар чӣ имрӯз аз ҷониби наҳзатиён анҷом мешавад ва он ҳам боя кмақсад аст, яъне хиёнат бар миллати тоҷик, ноором кардани кишвар, аз байн бурдани сулҳу ваҳдат. Ин аст мақсади хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ ва худи наҳзатиёни палид.

Ҷомеаи равшанфикри тоҷик дар ин масъала ором наистад ва бар ин душманони наҳзатӣ, ки нияти норому гумроҳ кардани миллатро доранд, муқобилият нишон диҳанд ва ҳақиқати наҳзатиёни манҳусро ифшо созад.

Меҳвар Абдусаломов,
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

Изҳорот: Саломатии ҳар фард - сарвати ҷомеа

Саломатӣ – гавҳари ноёби на танҳо инсон, балки тамоми ҷамъият мебошад. Саломатӣ – талаботи аввалин ва асоситарини инсон аст, ки қобилияти меҳнатӣ ва инкишофи шахсияти ӯро муайян месозад.

Ҳифзи саломатӣ вазифаи ҳар як инсон мебошад. Саломатӣ бузургтарин арзиши инсонӣ аст. Маълум аст, ки саломатии хуб аз омилҳои асосии иҷрои вазифаҳои биологию иҷтимоии инсон ва бунёди зуҳуроти шахсият ва ҷамъият маҳсуб меёбад. Ҳамзамон аён аст, ки беморӣ ва саломатии заиф амал ва озодии инсонро маҳдуд месозад. Намудҳои гуногуни беморӣ дар ҳар давру замон вуҷуд дорад ва инсоният ҳамеша мекӯшад солим бошад, бемор нашавад, вале беморӣ ногаҳон пайдо шуданаш мумкин аст. Барои саломатии бардавомро таъмин намудан тамоми инсоният бояд тарзи ҳаёти солим дошта бошад.

Дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мубориза бо одатҳои зараровар мавҷуд мебошад ва солҳои охир доир ба ин масъала эътибори хоса зоҳир гардида истодааст. Махсусан, дар марҳилаи пайдоиш ва хуруҷи бемории сироятии COVID - 19 дар мамлакатҳои ҷаҳон назару эътибори давлату ҳукумат ва аҳли ҷомеа ба саломатии инсон ва риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ зиёд гардид, ки ин бесабаб нест, зеро бемории коронавирус барои аҳли башар бемории нав ба шумор рафта, роҳҳои пешгирию табобати он ҳоло ба таври дақиқ муайян нагардидааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як инсон бо истифода аз донишу таҷрибаҳояш ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ аз COVID - 19 кӯшиш ба харҷ дода, маслиҳатҳоеро ки тариқи сомонаҳои хабарӣ пешниҳод гардида истодааст, дуруст қабул намуда, дар ҳаёти ҳаррӯзааш мунтазам амалӣ намояд.

Таҳлили дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки худинкишофёбӣ, инкишофи шахсияти худмадад натанҳо ба худ, балки ба атрофиён низ ҳаёт мебахшад: «худатро эҳтиёт кун ва дар атрофи ту ҳазорҳо нафар эмин мемонанд!» имрӯзҳо ҳамагон бояд таҳди ин шиор амал намоянд.

Чун ҳаёти инсон арзиши олии ҷомеа аст, пас маҷмӯи хусусиятҳо, сифатҳо, вазъи инсон натанҳо арзиши худи ӯ, балки арзиши ҷомеа низ маҳсуб меёбад. Маҳз ҳамин саломатӣ ҳар як фардро ба сарвати ҷомеа мубаддал месозад.

Баррасии саломатӣ натанҳо ҳамчун категорияи тиббию биологӣ, балки аз мавқеи фарҳанг низ зарур ва дуруст мебошад. Саломатии инсон аз худи ӯ вобаста аст. Калиди хушбахтӣ дар дасти худи ӯст.

Саломатии аҳли ҷамъият бо фаъол ва бетараф будани аъзои он нисбати ин масъала алоқамандии зич дорад. Ҳар як шаҳрванд имрӯзҳо набояд бепарвову беҳавсала ё мунтазири ёрии дигарон бошанд, бояд баҳри беҳдошти ҳаёти солим фаъолу масъулият ҳис намуда, баҳри беҳбудии саломатии худ ва дигарон чунин амалҳоро ба самон расонида тавонад:

  •  пеш аз ҳама худро солим нигоҳ дорад ва барои тансиҳатии худ ғамхорӣ намояд;
  •  асосҳои тарзи ҳаёти солим ва татбиқи қоидаҳои гигиениро донад;
  •  қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро ҳатман риоя намояд;
  •  дар чорабиниҳо оид ба пешгирии касалиҳо дар оилаи худ ва дар сатҳи ҷамъият саҳмгузор бошад.

Тансиҳатии шаҳрвандон – ин солимии миллат аст.

Г.Ҳошимова,
устоди ДДХ ба номи
академик Б.Ғафуров

Читать далее

Фитнаҳои фитнагарон

Табиист, ки душман дар ҳоле ба ҳуҷум рӯ меоварад, ки рӯйдоде ва ё ҳодисае дар зиёни тарафи муқобил ҷараён дошта бошад. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо ҳаргуна иттилооти сохтаву бофта ва беасос фитна ангехтан ва дар замири мардум ҳисси шакку гумон барангехтан кори душманони зифу нотавонанд, ки ҳақиқати таърихиро нодида мегиранд ва рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоиро таҳриф менамоянд. Аз ҳамин ҷиҳат, баромад ва суханрониҳои душманони миллатро бо дидгоҳи мунсифона баррасӣ намудан муҳим аст. Аввалан собит гардид, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон маҳз бо шарофати истиқлолияти милливу давлатӣ пешрафтҳое ба амал омаданд, ки кишварро аз вартаи нобудшавӣ ба суботу амният ва фаъолияти рӯзафзуни иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ расонид. Ҳазорҳо мухолифин бо чандин фитнагариву дурӯғбофӣ наметавонанд, ободиву сулҳу субот ва пешрафтҳои назарраси кишварро инкор намоянд.Ба фаъолият шурӯъ намуданитанҳо «Роғун» ҷавоби раднопазире аст, ки метавон ба ҳар мухолифин мисол овард.

Дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси ҷаҳон замоне, ки ҷаҳониёнро бемории сироятии COVID- 19 ба ташвиш овардааст, мухолифин аз ин вазъият сӯъистифода намуда, перомуни давлату ҳукумат ва сиёсатмадорони кишвар ҳарфҳои беасосу фитнаҷӯёнаро ба мардум расониданмехоҳанд, ки камоли душманӣ ва айни манфиятҷӯӣ мебошад. Ин афрод ба хусус Муҳидддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ заррае дар андешаи мардум нестанд. Аз оғоз то имрӯз маромашонсоҳиби давлат ва ҳукумат гардидан ва Тоҷикистони ободузеборо дар банди дину хурофот кардан аст. Ояндаи Тоҷикистонро динӣ ва хурофотӣ тасаввур кардан ва дар ин роҳ бо кӯмаки хоҷагони бегона тасмимҳои ҷиддӣ гирифтан хиёнате беш нест.

Бояд таъкид дошт, ки дин ва муҳиммоти мазҳабро ба сиёсат пайвастан маънои онро дорад, ки аслан чунин афрод ҳадафи ниҳояишон дину диёнат набуда, балки давлату дунё мебошад. Агар чунин набуд, аз номи дин ба давлат душманӣ намекарданд. Душманони мо бо истифодаи аз вазъияти баамаломада маккорона ба мардум дурӯғ мефурӯшанд. Аммо, намедонанд, ки ин баромаду даъвоҳояшон ба ҷуз нафрати мардум дигар чизе бор нахоҳад овард. Хиёнат бахшида намешавад. Барои рафъи ҷанги шаҳрвандӣ мухолифон ҳарчи хостанд давлат розӣ шуд ва чандин вазифаҳои асосӣ ба ихтиёри онҳо вогузор карда шуд. Натиҷаи ин бахшиш боз ҳам собит сохт, киин гуна афрод ба паймонашон вафо накардаанд. Бубинед, калимаи паймон, ки ба худашон ҳаргиз робита надорад аз он фаровон истифода менамоянд. Донишманде гуфта буд, ки ба ду тоифа ҳаргиз бояд паст наойӣ гурӯҳи аввалохундҳо-диндорон ҳамин дӯстҳои мухолифини тоҷик, бародарҳои ҷонии Муҳиддин Кабирӣ, гурӯҳи дуюм коммунистон, ин ду тоифаро наметавон ба осонӣ бовар кунонид, ки ҳарфашонғалат аст. Дар назарашон кулли ҳақиқат танҳо динашон ҳаст.

Муҳиддин Кабирӣ медонад, ки дин дар ҷомеи имрӯз наметавонад омили пешрафт ва тараққӣ бошад. Аксари давлатҳое, ки бар онҳо афкори динӣ ҳукмрон аст, тараққинокарда ва пешрафтнодида ҳастанд. Шумори ками давлатҳои исломӣ, ки бо фурӯши нефтҳояшон то ҷое иқтисодиёташон густариш ёфтааст, маҳз аз сабаби таҳкими равобиташон ба ташкилотҳои ғайридинӣ аст. Ҳар нафаре мехоҳад дар кишвар афкори динӣ ҳукмронбошад, бидуни тардид душмани аввалини кишвар аст.

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш як бор Тоҷикистонро ба майдони ҷангу хунрезӣ табдил додаанд, ки то имрӯз таъсирашро метавон дид. Дар замоне, ки ҳазорҳо мубталои беморӣ ҳастанд, ба ҷои кӯмакҳои моддиву маънавӣ мардумро ба алайҳи ҳукумат ташвиқ намудан ба ҷуз ноҷавонмардӣ дигар чизе нахоҳад буд.

Мушкилии ин замон ҳам бо гузашти вақт бартараф мешавад, аммо моро зарур аст, ки ба ҳар гуна ҳарзагӯён ва душманони миллати тоҷик гӯш наандозем ва тавтеаву фитнагариашонро сари вақт бишносем. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ баромад намудан ва суханҳои ба зидду ҳукумату мамлакат гуфтани мухолифонробояд як чизи табиӣ ва ғаразмандона донист. Бахусус, ҷавононе, ки ба чунин суханрониҳо таваҷҷӯҳ менамоянд, бояд донанд, ки ҳадафи аслии чунин гурӯҳҳо ҳаргиз ватанхоҳона нест. Балки мехоҳанд ба Тоҷикистон соҳиб бошанд ва ин кишвари озоду ободро дар зери мустамликаи давлатҳои исломӣ ва хуруфотиву мазҳабӣ гирифтор намоянд.

П.Неъматов, дотсенти
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

Алҳазар аз Кабирӣ!

Баъди шикасти пай дар пайи худ роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳамакнун Паймони милии Тоҷикистон даст ба навиштани мақолаву изҳороти муғризона пардохта, кӯшиш дода истодаанд то симои разили худро ба хонандаи тоҷик нек нишон диҳанд.

Тоҷикистонро дигар қисмат намудан маъное надорад. Ҳама бояд танҳо дар атрофи “Тоҷикистони ободу озод Ватани маҳбуби ҳамаи мост” муттаҳид гардем. Ватанамонро аз ин ҳам дида ободу зебо гардонем ва барои рушди нумуи он камари ҳиммат бубандем. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳоло ҷомеаи Тоҷикистонро як руҳияи сулҳ ваҳдат фарогир аст.

А.Одинаев,
дотсенти 
ДДҲБСТ

Читать далее

МАРГ БАР ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ!

Ҳоло маълум гардид, ки аъзои ТТЭ ҲНИ душманони миллати тоҷик, имрӯзҳо аз ҷониби кишвари ба мо маълум сармоягузорӣ мешаванду бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд. Тавре медонем, аъзои ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо мехоҳанд, ки обрӯву мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш диҳанду ба ҳамин восита миллатро гумроҳтар намоянд.

Ҳоло аъзои ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳтар намудани ҷомеа бо маблағгузори хоҷагони хориҷияшон чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, ки аз хориҷи кишвар истода, иғвобарангезиву дасисабозӣ менамоянд, то ҷомеаро гумроҳ созанд. Аммо дар асл бошад, ин наҳзатиёни палид душманони миллати тоҷик мебошанд, ки ба хотири хиёнат ва душмани бар миллати тоҷик аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегиранд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!

Изҳороти устодони кафедраи

геология ва корҳои нафту гази ДКМТ

Читать далее

Хари бечора

То андозае буғлу кина доштани Муҳиддин Кабириро зидди давлату ҳукумат танҳо аз курсихоҳиву гурсначашмии ӯ шаҳодат медиҳад. Тайи чанд соли охир, ки ӯ дар вазифаи вакили халқ буд бо хориҷиён аҳдҳо баста, хуни миллатро мемакид. Вакте, ки ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон ба поймолкуниҳои қонун гузашт, ба роҳбари он амр карда шуд, ки ба хориҷи кишвар сафар кардани ӯ то анҷоми корҳои ҷустуҷуи ғайриимкон аст. Акнун дар худи ҳамин ҷо савол ба миён меояд ки чаро Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷа фирор кард? Магар аз бегуноҳӣ?:

– Не-не ӯ агар дар ҳамаи ин корҳои манфур даст намедошт ҳаргиз ин мамлакати биҳиштосоро партофта намегурехт. Даст доштани Кабирӣ дар амалҳои ҷиноятӣ, ки дар Тоҷикистон  шудааст исбот шуданд. Аз ҳамин сабаб аст, ки давлату ҳукуматро мехоҳад пароканда кунад. Буҳтони ӯ дар ин моҳи муборак чунин аст, ки гуё халқи тоҷикро аз намозу рӯза боздоштаанд. Лекин ҳар яки мо медонем, ки ин чунин нест. Чи тавре дар мисраҳои боло қайд кардам, ин кай мефаҳмида бошад, ки ба гуноҳи у мардуми тоҷик шарик нестанд ва шарикӣ ҳам нахоҳанд кард. Харигариҳои Кабирӣ то кай давом меёфта бошанд?

Агар фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро таҳлил кунем, роҳбари хиёнаткори ӯ Кабирӣ барои миллату давлат кори кӯчаке ба анҷом нарасонидааст. Ба мо маълум аст, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ куллан пешрафта гардида, дар пеш моро марҳилаҳои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёт интизор аст. Хамаи кӯшишу ғайрати роҳбарияти кишварва халқи тоҷик барои беҳбудии вазъи рӯзгори мардум, таъмини зиндагии шоистаи сокинони ин сарзамин равона шудааст. Аммо душманони миллату давлат намехоҳанд, ки ин дастовардҳоро таҳаммул кунанд. Онҳо душманони инсоният буда, касби онҳо даст задан ба исёну ҷудосозии фарзанд аз падару модар мебошад.

Аммо миллати тоҷик сияҳкориҳои онҳоро ҳамеша мефаҳмид ва кирдорҳои бади онҳоро нисбати мамлакат ҳамеша дарк менамуд.

Дар ҳолати васеъ будани ҷаҳонбинӣ ва шуур ягон афрод наметавонад шахсеро ба ҳар гуна доми фиреб кашад, ё бо суханони сафсатаву бофтаи худ ба ягон гурӯҳи террористӣ шомил созад.

Аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ворид гардидан ба равияҳои ифротӣ ҳеҷ хизмате ба ислом набуда, балки бадном намудани он мебошад. Ислом худ дини пок асту покиро мехоҳад. Афроди ба монанди Кабирӣ инро ба худ ниқоб карда амалҳои ғаразонаи худро анҷом доданианд.

Имрӯз мардуми кишвари Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиш ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст. Аз даҳони шоир нисбати фаъолияти кунунии Кабирӣ ва кабирипарастиҳо гуфтанем:

Одамӣ бо лутфу эҳсони Худо худро шинохт,

Ин хари бечора кай донад, ки номи ӯ хар аст.

М.Тошматова,
дотсенти 
ДДҲБСТ

Читать далее