August 2020

27 August 2020

Таъмини сулҳу субот ва амният

Вазифаи муқаддаси ҳар як давлат нигоҳ доштани амнияти аҳли ҷомеа буда, ҳимояи сарҳад, сулҳу субот, мустақилияти иқтисодӣ, фарҳанг, гирифтани пеши роҳи бесарусомониҳо, паҳн нагардидани гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ва боз ҷабҳаҳои дигарро дар назар дорад. Хатарҳое, ки бар зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ дучор шудани он нигаронида шудааст ваҳдати миллатро халалдор мекунад. Аз ҷумла солҳои 90-уми садаи гузашта ба туфайли меҳнати хирсонаи гуруҳҳои диниву демократӣ мардуми мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Айни ҳол ҳамин сенария дар давлати Белорусия дида мешавад. Майдонбозиву кашмакашиҳои дохилӣ ва оқибат ба хунрезӣ оварда расонид.

Вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон ҳамаи моро водор месозад, ки дар таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишвар ҳиссагузор бошем. Зеро руйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик ва дигар манотиқи дунё нишон медиҳад, ки терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноки нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиори дини мубини ислом сурат мегирад ба ҳамаи мо мусулмонон доғ оварда, ба обрў ва нуфузи ҳамаи мо зарбаи ҷиддӣ мезанад.

Метавон қайд кард, ки бо вусъат гирифтани ин зуҳуротҳои номатлуб ҳуқуқҳои байналмилалӣ хеле заиф гардида, истиқололият ва якпорчагии баъзе аз давлатҳо осебпазир шудааст. Аз ғумла, Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳое ба шумор мераванд, ки эҳтимолан дар оянда дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба шакли имрўза дида нашаванд.

Вазъияти зудтағйирёбанда дар сиёсати ҷаҳонӣ аз тариқи сӯистифодаи омили динӣ тақозо мекунад, ки мо ҳушёрию зиракиро аз даст надода, аз ҳарвақта бештар боақлу идрок бошем.

Бо назардошти ин, пос доштани арзишҳои миллӣ, моддӣ ва маънавии таърихӣ дар ҳаёти ҳаррўзаамон бояд яке аз аввалинҳо бошад.

Набояд фаромўш кард, ки ҳанўз ҳам афзоиши ҷиноятҳои дорои характери экстремистию террористӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ дар корбурди бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ боиси нигаронии мо мебошад. Боварии комил дорем, ки вазъият дар давлатҳои ҷангзада ба мисоли Шарқи наздик ва низоъ бархеста ба мисоли Белорусу Украина ба таври сулҳу субот ҳалли худро меёбад.

Абдувоҳидова М. – сармуаллимаи

 кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

Читать далее

Муши обзада дар хориҷи кишвар

Дар маҷмуъ, нуқтаҳое, ки роҳбари наҳзатиён Кабирӣ дар мусоҳибаи худ бо сомонаи «Platon Asia» нашр шудааст, ҳамагӣ беасос ва муғризонаанд. Ӯ ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кина ва рашк дорад.

Рашк ва кинаи ӯ аз он аст, ки халқ ва миллати тоҷик тарзи тафаккури харобиовари наҳзатро напазируфт ва новобаста аз заҳмату талоши зиёд миёни ҷомеаи тоҷик маҳбубият пайдо накард. Барои чӣ? Барои он ки Кабирӣ ва фирориёни наҳзатӣ пуштибони мардумӣ надоранд ва то он замоне, ки тоҷик огоҳ аст, ин тоифа бар миллати азияткашидаи мо тасаллут пайдо нахоҳанд кард. Ин тоифа мисли ғулҳоеанд, ки ҳадафашон танҳо хӯрдану чаридану ошомидан аст.

Бо назардошти муҳтавиёт хиёнат ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешавад: хиёнат ба Ватан, хиёнат ба миллат, хиёнат  ба мардум, хиёнат ба хонавода ва ғайра. Хати меҳварии хиёнат ҳамон кори субъективии нодуруст, беинсофона, бешарафона ва ноҷавонмардона, бадбинона, бадкирдорона, худхоҳона, мутаккабирона, барқасдона, кинаварзона  нисбат ба объект  – муҳит ва фазои иҷтимоӣ, ки дар он, албатта, инсонҳо ба сар мебаранд, мебошад. Фаразан, агар шахс ба хонавода ва муқаддасоти хонаводагӣ хиёнат кунад, ба хиёнате, ки як шахс ё гурӯҳи муайян дар баробари давлат, миллат, халқ ва Ватан анҷом медиҳад, баробар аст. Бинобар ин, хиёнат дар ҳар шакле омили бесуботӣ, нооромӣ, ноамнӣ, нотифоқӣ, парешонӣ, сардаргумӣ, бунбастӣ, яъсу ноумедӣ, худфиребӣ, хушкбоварӣ ва хушкандешӣ мегардад.

Бо дарназардошти шароит ва вазъияти фикрӣ, фарҳангӣ, фаннӣ, сиёсӣ ва тамаддунӣ, технологияи хиёнатпешагӣ тағйир меёбад ва дар ин раванд аз васоити наву ҷадид корбаст мешавад.  Дар садади сохтани давлати миллӣ ба халқу ватани мо хиёнатҳои зиёде раво дида шуд, ки дар ин зумра метавон хиёнати генерал Ҳалим Назарзода ва раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабириро ном бурд. Амалиёти хиёнаткоронаи моҳи  сентябри соли 2015 нишон дод, ки моҳияти хиёнат дигар нашудааст, балки технологияи он сифатан тағйир ёфтааст.

Истифодаи аслиҳаву муҳимоти пешрафтаи ҷангӣ, суистифода аз бовармандӣ ва эътиқодоти мардумӣ, нохун задан ба торҳои эҳсоси омма, ба моҷаро даргир кардани гурӯҳҳои гуногун, таҳти фишори равонӣ ва иқтисодӣ қарор додани табақаҳои осебпазири иҷтимоӣ, харидани расонаҳои хабарию гурӯҳӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъол сохтани онҳо дар қиболи мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ба чеҳраҳои хабарсоз бадал кардани шахсиятҳои хиёнаткор ва амсоли инҳо ба унвони абзор ё услубҳои наву замонавӣ дар бозиҳои имрӯзаи геосиёсӣ истифода мешаванд.

Дар кишварҳои мусулмоннишин, аз  ҷумла Тоҷикистон, ба хиёнат даст задани онҳое, ки  зери таъсири таассуби динӣ ва ифротгароӣ қарор доранд, эҳтимоли бештар дорад. Чунин ашхос, ки аслан тангназару мутаассибанд, арзишҳои мазҳабиро ҳатман аз арзишҳои инсонӣ, садоқат ба Ватан, меҳри диёр боло мегузоранд. Дар онҳо хусусияти манқуртӣ ҷой дошта, барои иҷрои амалҳое, ки аз нуқтаи назари худ дуруст мешуморанд ва ё супориши «хоҷагонашон» мебошад, аз ягон кори манфур, аз    ҷумла хиёнат рӯ намегардонанд. Мисоли равшани чунин ҳолат хиёнати Гулмурод Ҳалимов мебошад, ки бо вуҷуди корманди масъули сохтори қудратии кишвар буд.

Яке аз омилҳои дигаре, ки метавонад дар даст задан ба хиёнат таъсиргузор бошад, масъалаи моддӣ аст. Дар ин маврид хиёнаткор, ки аз ҷиҳати моддӣ ба ягон гурӯҳи иртиҷоию душмане  ва ё кишвари дигаре вобастагӣ  дорад, ҳатман ба манфиати онҳо метавонад бар зидди Ватани худ даст ба хиёнат занад. Мисоли чунин хиёнаткорӣ амали Назарзода буд, ки бо супориши наҳзату Кабирӣ сар зад.

Дар тахайюлоти ифротии худ ғӯта зада, наҳзатиҳо дарк намекунанд, ки ба деги душман равған мерезанд ва иқтидори хориҷиҳоро боло мебаранд, ки ин падидаро дар истилоҳоти сиёсӣ – «Хиёнати миллӣ» мегӯянд. Маҳз дар филми мустанади “Хиёнат” чеҳраи манфури душманони миллат рӯшан нишон дода шудааст.

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

 кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

26 August 2020

Беҳтарин макони сайёҳӣ

Дар ҷаҳон ҷойҳои зиёди хушманзара мавҷуд аст, аммо чун Ҳафткӯли зебову афсонавӣ, ки дар пояҳои кӯҳҳои пурбарф, атрофи ҷангалҳо ҷойгир аст, назир надорад. Дар яке аз рӯзҳои истироҳатӣ бо дӯстон барои тамошои минтақаҳои зебоманзари кишвар, аз ҷумла кӯҳҳои Фон сафар намудем. Дар кӯҳҳои Фон беш 30 кӯли гуногун мавҷуд буда, обҳояшон тозаву ошомиданӣ мебошанд. Яке аз онҳо Ҳафткӯл аст, ки бо ранг ва таровишҳои афсонавиаш фарқ мекунад. Ин кӯлро, ҳатто, яке аз ҳафт муъҷизаи ҷаҳон меноманд, ки бо ҳафт кӯли рангобаранги худ ҳар сайёҳро мутаҳаййир месозад. Ҳафткӯл дар баландии 2139, 3 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, бо номи Марғузорӣ низ машҳур аст.

Дар бисёр ҳолат сайёҳон бо нақлиёт то Ҳафткӯл омада, аз ҳамин ҷо ба дигар хатсайрҳо роҳ мегиранд. Ба воситаи ағбаи Тобасанг ба Кӯли Калон, Искандаркӯл ва самтҳои дигар сафар мекунанд. Ба Ҳафткӯл аз самти шимол 4 дарёчаи шӯх ҷорӣ мешавад, ки ҳар яке то 10 километр дарозӣ дорад. Яке аз кӯлҳои Ҳафткӯл Мижгон ном дошта, бо зебоӣ ва ранги ғайриоддиаш аз дигар кӯлҳо фарқ мекунад. Кӯли мазкур аз дарёчаи пуртуғёни Шинг сарчашма гирифта, бо тамошои воридшавии он ба Мижгон ҳар бинанда дар шигифт мемонад. Зеро рӯди шӯх бо ҳама туғёнаш баробари ворид шудан ба кӯли Мижгон гӯё ки ба куллӣ ором мешавад ва осоиш меёбад.

Роҳбари ширкати сайёҳии Ҳафткӯл Шодмонқул Сангинов ба мо чунин маълумот дод: «Кӯли мазкур низ чун даҳҳо кӯлҳои дигари Тоҷикистон таърих ва ривояти пайдошавии худро дорад. Тибқи ривоятҳо, гӯё замоне дар ин дара оҳангаре зиндагӣ доштааст. Ин марди оҳангар соҳиби ҳафт духтар будааст, ки дар ҳусну ҷамол ҳамто надоштаанд. Рӯзе аз рӯзҳои фасли тобистон ҳокими пире аз ин ҷо гузашта, ба духтари аз ҳама хурдии оҳангар - Мижгон ошиқ мешавад. Падари духтар розӣ мешавад, ки духтарро ба ҳоким ба занӣ диҳад, вале духтар комилан муқобили издивоҷ бо амир мешавад. Барои он ки бо ин кори худ Мижгон ҳокимро наранҷонад, бо нияти халосӣ аз ӯ шарти худро монда, мегӯяд:

– Ман зани ту мешавам, ба шарте ки ту дар ин мавзеъ барои ман қасри тиллоии афсонавӣ бунёд кунӣ.

Духтар боварӣ дошт, ки ҳоким аз уҳдаи иҷрои ин шарт намебарояд. Вале ҳокими мӯйсафед, ки ошиқи шайдо буд, ҳама корро як сӯ монда, дар давоми 40 рӯз қасри тиллоии афсонавиро месозад. Ин барои ҳама як муъҷиза буд. Духтар, вақте мефаҳмад, ки шарти ӯ иҷро шудаву дигар баҳонае барои рад намудани хоҳиши ӯ намемонад, дар рӯзи тӯй болои қаср баромада, бо либоси арӯсӣ худро аз боми қаср ба поён мепартояд. Дар ҷое, ки ӯ меафтад, кӯле ба вуҷуд меояд, ки онро Мижгон меноманд. Шаш кӯли дигаре, ки дар Ҳафткӯл пайдо шудаанд, гӯё аз ашки шаш хоҳари ӯ ба амал омадаанд.

Бояд гуфт, ки Ҳафткӯл бо ҷойҳои муқаддасаш низ фарқ мекунад ва ҳар сол сайёҳони зиёде ба зиёрати он меоянд.

Шодмон Нурматов,

сокини ноҳияи Ашт

Читать далее

Олам сухани Камол бигрифт…

Хонаи дида зи дидори ту равшан бошад,

Байти аҳзони ман аз рӯи ту гулшан бошад!

Cуғд маконест, ки таърихи зиндаи ниёгони мо Саразми қадима, яъне сари замин (таърихи беш аз 6 - ҳазорсола дорад), ин ҷост, Суғд зодгоҳ ва парвардаи Одам - уш - Шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар нобиғагоне, чун Шайх Камоли Хуҷандӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Сайфи Исфарангӣ, Нақибхон Туғрал ва даҳҳо дигарон мебошад.

Суғд диёри қаҳрамонону ватандороне, чун Спитамену Деваштич ва Темурмалики шарафманд аст!

Сарвари хирадманди давлати тоҷикон фарҳанги худшиносии миллиро омили асосии ҳастии миллат муаррифӣ намудаанд. Шоистаи таъкид аст, ки бо тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлолият ҷашнҳои бузурги илмиву фарҳангӣ, ба монанди 1100 - солагии давлати Сомониён, 1000 - солагии «Шоҳнома», 1150 -солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800 - солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 -солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва чандин ҷашнҳои дигар, ки ҳама нишонаи барҷастаи рушди худшиносии миллӣ ва илму адаб дар даврони Истиқлолият мебошанд, баргузор гардиданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави дастуру раҳнамоиҳои Сарвари давлат дар самти рушд бахшидан ба илму адабиёт пайваста кӯшиш намуда, фазои мувофиқеро барои аҳли илму адаб фароҳам овардааст. Ҳар сол дар қаламрави вилоят даҳҳо маҳфилу конфронсҳои илмиву фарҳангӣ барпо гардида, садҳо китобу рисолаҳо ба нашр мерасанд.

Ба чоп расидани “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ, “Девон”-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, “Девон”-и Фарзона, “Девон”-и Шайдои Хуҷандӣ, “Тазкират-уш--шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, “Тазкираи шуарои Хуҷанд”-и Абдулманнони Насриддин, “Мунтахаби девон”-и Шӯхии Хуҷандӣ, “Девон”-и Хаёлии Бухороӣ, “Шавоҳид-ун-нубувват”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо асари арзишманди дигар, ки аксар бори аввал ба хонандагони тоҷик пешниҳод гардиданд ва бо сифати оливу дараҷаи баланди илмӣ ба дастархони маънавии ҷомеа гузошта шуданд, баёнгари ин ҳақиқат мебошад. Ин иқдом минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Бояд ёдовар шуд, ки нобиғагони тоҷик дар ташаккули илму фарҳанги башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Гуфтору навиштори онон садсолаҳо инҷониб қофилаи ҷомеаи ҷаҳониро ба сулҳу дӯстӣ, ободиву зебопарастӣ ва ҳаёти хушбахтона раҳнамоӣ менамояд.

Яке аз чунин нобиғагони миллат Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мебошад. Ин бузургмарди миллат дар арсаи байналмилалӣ мақоми хеле баланд дорад ва, бешак, шахсияти ҷаҳонӣ мебошад. Сухани баланди Хоҷа Камол дар рӯзгори худи ӯ кайҳо оламгир шуда буд. Он гуна, ки аз забони шаккарини Хоҷа омада:

Олам сухани Камол бигрифт,

Имрӯз ҷуз ин сухан сухан нест.

Ҳамин манзалати олии ӯ сабаб гардид, то бузургтарин суханварон шахсияташ биситоянд ва азаматашро эътироф бикунанд. Аз ҷумла, вақте ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ шеъри ӯро шунид, гуфт: «Машраби ин бузургвор олист ва суханаш софӣ».

Орифону шоирони номвари он рӯзгор, ба мисли Муҳаммадширини Мағрибӣ, Наҷмуддини Торумӣ, Исмоили Сисӣ, Абдураҳими Хилватӣ, Мавлоно Тоҷиддин Алии Миншорӣ, Шайх Зайниддини Хофӣ, Шайх Ҳусайни Сарипулӣ ҳама эҳтироми ӯро ба ҷо меоварданд ва сӯҳбаташро ғанимат мешумориданд. Султон Ҳусайни Ҷалоир, Тӯхтамишхон, Мирзо Мироншоҳ ва дигар шоҳу амирони ҷаҳони он давр ба ӯ иродат доштанд.

Абдураҳмони Ҷомӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Ҳашрии Табрезӣ ва гурӯҳе аз донишмандони дигар ӯро ягонаи рӯзгор хондаанд ва каломашро оламгир ёд кардаанд. Бештар аз дусад нусхаи дастнависи девони ӯ, ғайр аз кишвари мо, дар китобхонаҳои Русия, Олмон, Австрия, Канада, Туркия, Эрон, Ҳинду Покистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва чанд кишвари дигар мавҷуд аст ва гурӯҳе муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ба таҳқиқи рӯзгору ашъори ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, ки инҳо низ ҳама аз мақоми ҷаҳонии ӯ дарак медиҳанд.

Ин ҳама бузургӣ тақозо менамуд, то ворисони Камол дар назди рӯҳи бузурги ӯ қарзи худро адо созанд ва аз ӯ ба таври хеле шоиста қадршиносӣ намоянд.

Ба ҳамин сабаб аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки қадршиносии бузургони миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангсози эшон қарор дорад, дастур гардид, то дар соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ 700-солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил карда шавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар иҷрои ин дастури Сарвари давлат корҳои муҳимро ба нақша гирифт ва онҳо марҳала ба марҳала анҷом ёфта истодаанд. Дар ин раванд яке аз иқдомоти хоса эҳёи Қалъаи таърихии Хуҷанд мебошад, ки дар фурсатҳои наздик амалӣ хоҳад гашт.

 Равшан аст, ки бо амри тақдир, Камоли Хуҷандӣ дар Табрез аз олам гузашт ва он ҷо ба хок супорида шуд. Зиёрати оромгоҳи ӯ барои тамоми ҳамватанонаш муяссар намешуд. Аз ин сабаб муште хок аз қабри Камол ба зодгоҳаш оварда шуд ва ин иқдоми муборак намоёнгари бозгашти маънавии ӯ ба ватани хеш мебошад. Барои ин хок оромгоҳи намодин ба сурати хеле мӯҳташам бино ёфт ва он хок дар Наврӯзи байналмилалии соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Дар паҳлуи он муҷассамаи барқади Камоли Хуҷандӣ, ки баёнгари симои ҷавонӣ ва давраи зиндагии ӯ дар зодгоҳаш аст, қомат афрохт. Имрӯз ин маҷмаа зиёратгоҳи иродатмандони Шайх Камол гардидааст ва он дар қаламрави кишвар ба ҷоизаи беҳтарин Боғи фарҳангӣ сазовор гардид.

Ба ҳама маълум аст, ки солҳо инҷониб ҷои хонаи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар зодгоҳаш холӣ буд. Аммо имрӯз хонаи ин шоиру орифи номвар бо услуби хонасозии қадимаи тоҷикон - бо ҳавлии дарун ва берун, чорбоғ ва сарҳавз хеле устодона эҳё гардид ва ба диданитарин ҷои меҳмонон ва сайёҳон мубаддал шуд.

Дар ин ҳавлӣ тадрисгоҳи Хоҷа Камол низ ҷой дода шуд, ки имрӯз бо дастхатҳои бисёр нодири худ дар байни махзанҳои нусхаҳои хаттии ҷаҳон аз эътибори баланд бархурдор аст.

Ҳамчунин, дар ин самт Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шуд ва имрӯз олимони маркази номбурда ба омӯзиш ва муаррифии ҳамаҷонибаи осори Камоли Хуҷандӣ машғул мебошанд. «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» афзун бар таҳияи бештар аз сӣ китоби нодир ва тасҳеҳу нашри бист китоби арзишманди илмиву адабӣ, ки имрӯз дар донишгоҳҳо, мактабҳо ва институтҳои илмӣ - тадқиқотии кишварамон истиқболи гарм ёфтааст, дар ин самт китобҳои «Муқаддимаи Камолшиносӣ», «Иксири саодат», «Армуғони аҳли дил», «Мактаби Камол» ва «Китобшиносии муқаддамотии Камоли Хуҷандӣ» - ро ба нашр расонид.

Мухтори АБДУЛЛО,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Шиносоӣ бо шароити буду боши дастаи таъиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳри Бӯстон бо шароити буду боши дастаи таъиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шинос гардид.

Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон Раиси вилоят аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид кард, ки имрӯзҳо ҷавонони бо нангу ори Ватан ба ҳимояи марзу буми кишвар омода ҳастанд.

Читать далее

Дар ҶДММ “Суғд-пак” боз як сехи нави истеҳсолӣ фаъол карда мешавад

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини ҳадафи стратегӣ –саноатикунонии кишвар ҶДММ “Суғд-пак” боз як сехи нави истеҳсолиро фаъол месозад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд.

Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропелении ҶДММ «Суғд - пак» дар шаҳри Бӯстон қарор дошта, дар як сол метавонад 60 миллион дона халтаи полипропеленӣ истеҳсол намояд. Дар корхона зиёда 200 таҷҳизот, аз ҷумла таҷҳизоти бофандагӣ, эктрузор, ресандагӣ, чопкунӣ, ламинатсия ва ғайра васлу насб гардидааст.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ

Соли равон 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ таҷлил хоҳад шуд ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнвора омодагиҳо ҷараён дорад.

Дар доираи омодагиҳо ба ин санаи фархунда Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ навсозӣ карда хоҳад шуд. Тавре зимни боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ин муассисаи фарҳангӣ иттилоъ дода шуд, дар театр 158 нафар кормандони эҷодию техникӣ фаъолият доранд ва дар он 63 утоқи корӣ ва хоҷагӣ вуҷуд дорад.

Читать далее

25 August 2020

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар шаҳри Хуҷанд

Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими иншооти гуногун ҷараён дорад.

Рӯзи якшанбеи 23 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои ободонӣ дар маркази вилоятро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Раиси вилоят аз ҷумла дар кӯчаи “Озодӣ”-и шаҳр бо раванди бунёдкориҳо шинос гардида, барои тавсеаи корҳои ободонӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Читать далее

Саразм – макони гузаштагони мо

Дар натиҷаи кофтуковҳои аз соли 1978 то 1996 муайян шуд, ки Саразм на фақат яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандии Мовароуннаҳри Осиёи Миёна, балки тамоми Шарқи Наздик – Эрон, Балуҷистон, Афғонистону Ҳиндустон низ ба шумор меравад. Санъатҳои кулолгарӣ, шаҳрсозӣ, чорводорӣ дар Саразм дар давраҳои энеолит ва биринҷ дар худ санъати волоро таҷассум намудааст, ки то куҷо ҳунарманду эҷодкор ва тамаддунофарии ориёиҳоро нишон додааст. Ёдгориҳои аз шаҳраки Саразм дарёфтшуда худ шаҳодати далели таърихи 6000 - сола доштани аввалин халқиятҳои ориёиро нишон медиҳад, яъне онҳо шоҳиди безабони бозгӯи таъриху тамаддуни халқи тоҷик аст.

Саразм 4 давраи 4000-соларо паси сар кардааст, ки фарқ байни ҳамдигар 1000-солӣ мебошад. Шаҳр дорои қаср, маъбад, маҳалҳо ва кӯчаҳо будааст. Мардумаш асосан ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул мешудаанд. Қадимтарин бозёфти он “Гӯри Маликаи Саразм ” ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2900 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуданд, ки ҳамарӯза сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд. Саразм низ ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил ёфтааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солиёни зиёдест, ки ба ин мавзеи таърихию давлатӣ кӯмаки моддию маънавӣ расонида истодаанд. 1-уми сентябри соли 2000-ум бо Фармони Сарвари давлат “Ёдгории 5500-солагии Саразм ба маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунар ва шаҳрсозии тоҷикон, мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ” эълон карда шуд.

Соли 2010 бошад, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодири таърихӣ аз тарафи ЮНЕСКО ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии кумитаи омӯзиш ва фарҳангии СММ ворид шуд.

Дар баробари пайдо намудани маълумот оид ба таърихӣ будани шаҳраки Саразм маро ҳиссиёти бузурги ватандӯстӣ фаро гирифт, зеро бори дигар шоҳиди он гаштам, ки халқи куҳанбунёд, ниёгони гузаштаи ман дорои чӣ қадар ҳунар ва маҳорат буда, дар ҳамон солҳои барои аз баъзе дастовардҳои имрӯза дастнорас, барои худ бо меҳнати дастӣ зиндагиашонро пеш мебурданд.

Бинобар ин таҷлили 5500 - солагии Саразми бостон ин бори дигар ҷавонони кишварро ҳушдор медиҳад, ки халқи мо дорои таърихи куҳан буда, пос доштани чунин ёдгориҳо кори дастаҷамъии мо аст. Шояд дар як гӯшае аз деҳи мову шумо ёдгорие хобидаасту мо аз он бехабарем? Бояд ки чунин ёдгориҳо кашф ва ҳифз шаванд, то бори дигар ба ҷаҳониён дорои қудрати таърихӣ ва бумӣ будани миллати азизамонро исбот намоем.

Дилбари Илҳом,

ходими илмии Муассисаи давлатии

Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол”

Читать далее

Захираи маҳсулот барои давраи зимистон

Захираи маҳсулоти кишоварзиро барои гузаронидани давраи зимистон сокинони вилоят бо тарзу намудҳои гуногун анҷом медиҳанд. Агар чанде номгӯи маҳсулотро бо роҳи хушконидан ва ё дар шароити сардхона ба таври тару тоза захира намоянд, усули дигари маъмул ин консервакунонӣ, инчунин омода намудани афшураю шарбат ва хуришу мураббо мебошад. Дар мавсими ҳосилғундорӣ сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов сабзавоту мевагиро ба миқдори зарурӣ консерва намуда, дар фасли зимистон аз он истифода мебаранд. Имсол низ сокинон бо истифода аз шароити мусоид дар ҳар як хона аз помидору бодиринг, карам, мевагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ хуришҳои гуногун, мураббо, консерваҳо ва шарбату афшура омода карда истодаанд.

Бояд гуфт, ки қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ қатъӣ риоя гардида, занону духтарони ҷавон аз рӯи тавсияи нафарони соҳибтаҷриба амал менамоянд. Оилаи Шодиевҳо барои захираи маҳсулот қариб аз ҳамаи намуди меваю сабзавоти дар минтақа парваришмеёфта, инчунин ҳосили зироати сабзавотӣ истифода ва дар ин хонадон коркардшуда, бо риояи қоидаҳои муқарраргардида захира мешаванд. Маҳсулоти омодагардида дар таҳхона, ки дараҷаи ҳарорат дар он мувофиқи матлаб аст, захира ва нигоҳ дошта мешавад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳамаи маҳсулоти захиранамудаи ин хонадон маҳсули дастранҷашон мебошад. Дар замини наздиҳавлигӣ қариб ҳамаи намуди меваҷоту сабзавот, аз қабили шафтолу, зардолу, олу, гелос, олуча ва помидору бодиринг парвариш ва аз он самаранок истифода мебаранд.

Ҳамчунин, хоҷагии ёрирасони Коллеҷи муҳандисӣ - омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов низ дорои 32 гектар замини корами обӣ буда, замин самаранок истифода мегардад. Ҳангоми боздид маълум шуд, ки дар 27 гектар замини хоҷагии ёрирасон пахта, мош, ҷуворимакка, пиёз, помидору бодиринг ва беда шуда, 3,7 гектар боғи зардолу ва шафтолу мавҷуд аст. Мошу бодиринг ва турб натиҷаи кишти такрорӣ буда, нашъунамои зироатҳо хуб ба назар мерасад. Имрӯз масъулини хоҷагии ёрирасон маҳсулотҳои кишткардаи худро барои зимистон захира намуда истодаанд ва ҷамъоварии маҳсулот идома дорад.

Баробари оғоз гардидани ҷамъоварии ҳосил дар минтақа аъзои оила нақша доранд, ки дар ин ҷода боз ҳам бештар корбарӣ намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее