August 2020

03 August 2020

Риояи қоидаҳо зарур аст

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ бо намояндагони шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ВАО доир гардид.

- Алҳол, як шуъбаи вилоятӣ, 18 бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳру ноҳияҳо, 105 сармутахассис дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, 134 комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва 1739 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар корхонаю ташкилот, муассисаю ширкатҳо ва хоҷагиҳо оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъолият мебаранд. Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят ҳамагӣ 6229 маъракаву маросим баргузор гардиданд, ки нисбат ба соли 2019 1965 адад кам мебошад. Сабаби кам гардидани тӯю маърака ин бо назардошти пешгирӣ аз бемории коронавирус бинобар манъ гардидани тӯю маъракаҳо аст. Боиси қайд аст, ки давоми шашмоҳаи аввали соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми гузаронидани рейди муштараки аъзои комиссияи доимӣ, санҷишу назорати баргузории маърака ва маросим масъулини шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 74 ҳолати қонуншиканиро ба қайд гирифтанд, ки ин рақамҳо бо нишондоди ҳамин давраи соли 2019 баробар мебошад. - иброз дошт сармутахассиси шуъба Аюбҷон Саъдуллозода.

Меҳрафкан Мирзоҳофизиён, мутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и вилояти Суғд иброз дошт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 дар вилоят ба 36 нафар кӯдакон ва 5 ҷуфт аз оилаҳои камбизоат хатнасур ва тӯйи хайриявӣ гузаронида шуд. Тибқи банди 2 қарори протоколи ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ, барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар қаламрави ҷумҳурӣ аз санаи 20-уми июни соли 2020 баргузории тӯйҳои домодию арӯсӣ дар доираи то 100 нафар бо ташкил намудани танҳо як маърака аз ҳар ду ҷониб бо дарназардошти риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемии муқарраргардида, иҷозат дода шуда буд. Бо мақсади иҷрои банди 6-уми нусха аз протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июли соли 2020-ум, таҳти рақами 8 ва барқияи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 24-уми июли соли 2020-ум бо мақсади пешгирии бемории Ковид-19 баргузории тӯю маъракаҳо дар доираи оила бо иштироки ҳарчи камтари шумораи одамон, бахусус тӯи домодию арӯсӣ дар ҳудуди 30 - 40 нафар тадбирҳо андешида шуда истодааст.

Вобаста ба иҷроиши қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, санҷиши баргузории тӯйҳои домодию арӯсӣ дар доираи то 30 - 40 нафар бо ташкил намудани танҳо як маърака аз ҳар ду ҷониб дар тӯйхонаҳо, тарабхонаҳо, хонаҳои истиқоматӣ бо дарназардошти риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемии муқарраргардида, дар даромадгоҳ гузоштани маводи безараргардонӣ (дизбарер), ҷойи шустани дастон, сачоқҳои истифодабарии яккарата, антисептикҳо, ченкунаки ҳарорат (тепловизор), воридшавӣ ба тӯйхона бо ниқоб, гузоштани мизҳои нишаст бо риояи масофа, хизматрасонии пешхизматон бо ниқоб, дастпӯшакҳо, либоси махсус, дезинфексияи маҳалли баргузории чорабинӣ гузаронида шуд.

Дар фарҷоми нишаст бо масъулини шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилоят ва тарафи рӯзноманигорон суолу ҷавоб доир гардид.

Шаҳноза Ҳомидова,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ДДҲБСТ: ихтирои ҷадид ва дастоварди назаррас

САНИТАЙЗЕР ё худ таҷҳизоти безараркунанда як ихтирои ҷадид дар доираи лоиҳаи амалишудаи назди озмоишгоҳи инноватсионии Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад, ки барои пошидани маҳлули зиддивирусӣ (антисептикӣ) истифода бурда мешавад. Дастгоҳи мазкур дар баробари истифода дар биноҳои маъмуриву таълимии ДДҲБСТ ба дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ низ дастрас гардид ва нархи он 300 сомониро ташкил медиҳад, - гуфта шуд зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорони вилоятиву ҷумҳурӣ.

Ректори таълимгоҳ Муъминҷон Шарифзода иброз дошт, ки 331 шаҳрванди хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳсил доранд, ки бештарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд. Дар пайи пандемия ва бастани марзҳо идомаи таҳсили онҳо дар донишгоҳ зери суол мондааст. Аммо донишгоҳ барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ва таълими онлайнӣ омода мебошад.

Ҳамчунин, Раёсати донишгоҳ талош дорад, ки имсол дар пайи пандемияи коронавирус шаҳрвандони хориҷиро тариқи онлайн қабул намояд. Ҳоло дар ин бора масъулин ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нома ирсол карда, интизори посухи мусбатанд.

Ба гуфтаи ректор, ҳоло бо назардошти ихтисосҳои наву замонавӣ, аз ҷумла ихтисосҳои соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ, информатика, математика ва информатика, забони англисӣ таҳсил дар донишгоҳ аз рӯи 39 ихтисос ба роҳ монда мешавад. Дар 16 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 5 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурӯҳи академӣ бо забони хитоӣ машғулиятҳо доир гардида, 35 нафар хоҳишманд курси кӯтоҳмуддати забономӯзии назди донишгоҳро хатм намудаанд.

Муъминҷон Шарифзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки сафи донишҷӯёни гирандаи стипендия низ дар донишгоҳ тамоюли афзоиш дорад. Ҳоло гирандагони стипендияҳои номӣ-1 нафар гирандаи стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 нафар, стипендияи Раиси вилояти Суғд 4 нафар стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд 24 нафар, стипендияи раёсати донишгоҳ мебошанд.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба таҷҳизоти безараргардонии САНИТАЙЗЕР, мушкилоти иқтисодӣ вобаста ба паҳн шудани COVID – 19, пардохти маблағи шартномаи таҳсил, нақшаи таълимӣ, таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқ, ҷорӣ гардидани ихтисосҳои нав, донишандӯзии фосилавии донишҷӯён ва амсоли ин суолҳо пешниҳод гардиданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ФАЪОЛИЯТИ БОСАМАР САРЧАШМАИ РУШДУ ШУКУФОИИ КИШВАР

Бо мақсади тақвияти дастгирии давлатии соҳибкорони ватанӣ, ки фаъолияти босамари онҳо сарчашмаи рушду шукуфоии давлату меҳан маҳсуб меёбад, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар дар мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар - ҳадафи чоруми миллӣ эълон шуд. Дар ин замина дар шаҳри Бӯстон якчанд корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода шуда истодааст.

Бино ба иттилои мудири бахши иқтисод ва саноати шаҳри Бӯстон Хуршед Тоҷиев, дар шаҳр 32 корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо якчанд намуди маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маводи озуқаворӣ, шустушӯӣ, доруворӣ, сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аҳолӣ, ки барои пешбурди рӯзгор, бунёди сохтмонҳо, хати обу барқ ва ғайра зарур аст, истеҳсолу пешниҳод мегарданд, ки воридотивазкунанда ва баъди таъминоти бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ мувофиқи дархост ва шартномаҳо бо ҳамкорони хориҷӣ содирот мешаванд.

- Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропелении ҶДММ «Суғд - Пак» низ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, - зикр дошт номбурда.

Иқтидори коргоҳи мазкур 60 миллион дона халтаи полипропеленӣ дар як сол пешбинӣ гардида, дар он зиёда 200 таҷҳизот, аз ҷумла таҷҳизоти бофандагӣ, эктрузор, ресандагӣ, чопкунӣ, ламинатсия ва ғайра васлу насб гардидааст. Асосан таҷҳизот аз давлатҳои Чин, Тайван ва Олмон ворид гардидааст.                

Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти омории шаҳр, корхона дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 21 миллиону 496 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,5 фоизро ташкил мекунад. Яъне дар коргоҳи ҶДММ «Суғд - Пак» дар шаш моҳи соли равон 19 миллиону 418 ҳазор дона халтаи полипропеленӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 - ум 122,5 фоизро ташкил медиҳад.               

Айни замон, мувофиқи маълумоти оморӣ, 310 нафар корманд кору фаъолият намуда истодаанд.

Бӯстон шаҳри саноатӣ ба ҳисоб рафта, дар 32 корхонаи саноатии мавҷудбуда, 1400 нафар корманд кору фаъолият намуда истодаанд. Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасониҳои пулакии барқу об ва бахши хусусӣ ба 272,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,8 миллион сомонӣ зиёд ё худ 154,3 фоизро ташкил дод. Танҳо дар корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 237,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,4 миллион сомонӣ зиёд ё худ 167,2 фоизро дарбар гирифтааст.                                  

Боиси қайд аст, ки баҳри амалишавии ҳадафи мазкур дар ин давра дар ҳудуди шаҳр се корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсолии қубурҳои пластикии ҶДММ “Сифатпласт”, корхонаи истеҳсоли қубур ва шиферҳои асбестии ҶДММ “Восидзода” ва корхонаи истеҳсоли хӯроки паррандаи ҶДММ “Агроҳамкор” бунёд гардида, айни замон дар коргоҳҳои номбурда сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, кору фаъолият намуда истодаанд.

- Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорони истеҳсолӣ ва коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуда, марҳала ба марҳала теъдоди корхонаҳои саноатӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он дар шаҳри Бӯстон афзуда истодааст, - гуфт Хуршед Тоҷиев.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

 “Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

Читать далее

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” шунида шуд.

Читать далее

Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

30 июли соли 2020 машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовини якум, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раиси шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар машварат ҷараёни татбиқи супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузаронидани тўйҳои домодиву арўсӣ дар тартиби нав, вазъи корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди паҳншавии бемории сироятии коронавирус КОВИД-19, вазъи интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз беморхонаи сироятӣ ва беморхонаи клиникавии вилояти Суғд

30 июл Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба беморхонаи сироятии вилоят ташриф оварда, бо кормандони соҳаи тиб мулоқот анҷом дод.

Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои шоистаи табибон ҷиҳати табобати беморони ба коронавирус гирифторшуда изҳори сипос намуда, қайд кард, ки хизматҳои онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат қадр карда мешавад.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода шахсиятҳои маъруф ва собиқадорони меҳнатро аёдат кард

30 июли соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Иди Қурбон шахсиятҳои маъруф ва собиқадор Сайрам Исоева, Ҷӯрабек Набиев, Турсунбой Раҳматов ва Шариф Ҳафизовро аёдат намуд.

Раиси вилоят аёдатшудагон ва аҳли оилаи онҳоро ба муносибати фарорасии Иди Қурбон табрик гуфт ва изҳор дошт, ки бо дастгириву раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли собиқадорони меҳнат бохабар гардида, барои дастгирии моддиву маънавии онҳо тадбирҳои судманд меандешад. Таъкид гардид, ки дар арафаи Иди Қурбон анҷом додани амалҳои неку писандида ва дастгирии ҳамдигар аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб рафта, иҷрои корҳои хайр суннати деринаи мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.

Читать далее