August 2020

25 August 2020

НЕЪМАТИ ВОЛОИ КИШВАР

Истиқлолият яке аз дастоварди муҳими давлати ҷавони тоҷикон ба шумор меравад. Дар даврони Истиқлолият халқи тоҷик ба дастовардҳои неку назаррас ноил гардид. Бояд зикр намуд, ки дар давоми он солҳое, ки мо Истиқлолиятро ба даст овардем, то имрӯз мардуми тоҷик лаҳзаҳои мудҳиш ва ҳам хурсандибахшро аз сар гузаронид.

Дар ин муддат миллати мо шебу фарози таърих ва аз озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Дар шароити кунун, ки ҷаҳони муосир дорад,таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад.

Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувватгирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ва ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардани нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Зарурияти таърихии инкишофи ояндаи миллати тоҷик дар замони муосир талаб менамояд, ки гуфтаҳо, амалҳо ва нақшаҳои кормандони мақомоти гуногунзинаи давлатӣ баҳри рушду нумӯи давлат, соҳибмаърифат гардонидани шаҳрвандон ва баланд намудани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа бояд равона гардад. Дар ҳамин замина барои ба ваҳдати комили миллӣ расидан давлати миллӣ бояд ба чунин як идеологияе такя намояд, ки ҳамаи дигар рукнҳои давлатдорӣ аз он нашъа бигиранд.

Чуноне маълум аст, давлате, ки идеологияи ягона надорад, пояаш бебунёд, қудраташ заиф ва ҳамеша дар гирдоби сиёсатҳои таҳмилӣ ғӯтавар мебошад. Воқеияти зиндагӣ ва воқеаҳои имрӯза собит месозанд, давлате, ки сокинонаш маърифати зарурӣ надоранду шуурнокии онҳо дар сатҳи паст қарор дорад, махсусан дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ дида намешавад, дер ё зуд ба нокомӣ ва шикаст дучор мегардад.

Аз ин рӯ, давлати миллиро зарур аст, ки аз тамоми нерӯю имкониятҳои хеш баҳри баланд бардоштани маърифатнокӣ, шуурнокии мардуми кишвар, баланд намудани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвият бахшидан ба ваҳдату якдилии халқи сарзамини хеш, беҳ намудани маҷрои зиндагии ҷомеа, рушду беҳдошти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва кулли бошандагони он истифода бубарад.

Маҳмадӣ Мирзоев,

иҷрочии калони Хадамоти иҷрои

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Суди иқтисодии вилояти Суғд

Читать далее

Қадами устувори муҳими саноатчиён

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноати ҷумҳурӣ дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе хотирмон буд. Дар он намояндагони корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия «Арча - мебел», ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» амал мекунад, иштирок доштанд.

Таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзалиятҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 муайян шудаанд, дар сохтори имрӯзаи соҳаи саноат ба комплексҳои сӯзишворию энергетикӣ, агросаноатӣ, соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кимёӣ, мошинсозӣ ва ғайра бартарият дода мешавад. Барои амалӣ гардонидани стратегияи мазкур ва таъмини рушди соҳаҳои саноат якчанд барномаи соҳавӣ қабул гардида, татбиқ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо таъсиси зиёда аз 6 400 ҷойи кории нав пешбинӣ шудааст.

Ин нуктаҳои муҳими Сарвари давлатро роҳбарияти корхона ҳанӯз соли 2015 дарк намуда, корхонаи истеҳсолии «Арча»-ро таъсис доданд, ки дар маросими ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд. Корхона ба истеҳсоли дарҳои байниҳуҷравӣ, зиёда аз 350 намуд, тирезаҳои навъи аврупоӣ, тахтачӯбҳои мумфаршкунӣ, деворҳои чӯбин ва дигар маҳсулоти аз чӯб истеҳсолшаванда машғул буда, мутахассисони пуртаҷриба баҳри баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозори минтақа ва ҷаҳон бо истеҳсоли маҳсулот машғуланд.

Тавре дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони соҳаи саноат омадааст, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи саноат, дар навбати аввал, аз масъулони соҳа ва соҳибкорон вобаста буда, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ тарзу усули корбарӣ ва роҳҳои амалигардонии сиёсати саноатии кишвар дигар карда шаванд. Ин суханони Сарвари давлатро роҳбарияти корхона сармашқи кори худ қарор дода, барои дар истеҳсолот ворид намудани таҷҳизоту технологияҳои нав корбарӣ намуданд. Аз ин ҷост, ки тамоми таҷҳизоту технологияе, ки корхона истифода мебарад, аз давлатҳои Италия, Словения ва Украина, аз ширкатҳои «SGM» «AҚDӮSIA», «Aқhaқ Ӯnginӯӯқing», «Атон-сервис» харидорӣ ва ворид шудаанд.

Саноати коркард соҳаест, ки дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани стратегияи истеҳсолӣ ва содиротӣ арзиши иловашудаи нисбатан баландро тавлид мекунад. Ин ҳолат дар навбати худ омили муҳими афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои кории доимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад. Ин аст, ки барои корҳои васлу таъмиркунии таҷҳизоти пешқадами Аврупо бо иштироки мутахассисони ширкатҳои хориҷӣ ва таълими ҷавонони маҳаллӣ корбарӣ ба анҷом расида, роҳбарият кӯшиш дорад, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар ватан ва берун аз он харидорони зиёд дошта бошад.

Ассотсиатсияи сохтмончиён ва коркарди чӯбу тахтаи «Кедр» асосан бо истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ машғул буда, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар корхонаҳои ассотсиатсия маҳсулоти гуногуни сохтмонӣ, ба монанди дару тирезаҳо ва дигар масолеҳи чӯбин, рангубори ороишӣ, сарпӯши биноҳо, тахтасангҳо ва унсурҳои ороишии пенополистеролӣ, ҳамчунин мебели махсус ва ғайра истеҳсол гардида, барои таъмини бозорҳои Тоҷикистон ва иваз намудани маҳсулоту маводи сохтмонии хориҷӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз марому мақсадҳои ассотсиатсия ба шумор меравад.

Имрӯз маҳсулоти корхонаҳои Ассотсиатсияи «Кедр» дар 30 нуқтаи фурӯш, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Ёвон, Ҳисор, Турсунзода ба маърази фурӯш гузошта шудаанд, харидорони зиёд дорад. Дар баробари ин, тибқи супоришҳои Сарвари мамлакат, ширкат фурӯши маҳсулоти худро дар бозорҳои берунӣ, ба монанди Афғонистон (Кобул, Мазори Шариф), Ҷумҳурии Қирғизистон (Бишкек, Ӯш), Қазоқистон (Астана, Чимкент) ташкил намудааст. Алҳол гуфтушунидҳои фаъол дар самти фурӯши Силкоат дар бозорҳои Москва, Оренбург, Салавати Федератсияи Россия ва боз намудани нуқтаи фурӯш дар шаҳри Алмаато рафта истодаанд. Саноатчиён аз рӯи шиори татбиқи ҳадафи чаҳоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат ва рӯз ба рӯз беҳтар намудани сифату нарх ва ҷавобгӯ будан ба нозуктарин талаботи ҳамватанон буда, мунтазам барои ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои ҳамҷавор ва хориҷи дур аз марому мақсадҳои роҳбарияти ассотсиатсия мебошад.

Яке аз бахшҳои Ассотсиатсияи сохтмончиён ва коркарди чӯбу тахтаи «Кедр» корхонаи «Арча» буда, соли панҷум аст, ки бо қонеъгардонии талаботи рӯзафзуни бозори дохилӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ аз ҳисоби буҷаи Тоҷикистон, инчунин кишварҳои ҳамкор барои рушд ва хазинаҳои байналмилалии молиявии маблағгузор, тибқи супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, барои иншооти маъмуриву таълимӣ, иҷтимоиву маданӣ ва шифохонаҳо дарҳои босифат месозад. Ҳамчунин, бо мақсади ба пуррагӣ иваз намудани маҳсулоти воридотӣ дар заминаи омӯзиши талаботи бозори дохилӣ супоришҳои зиёди шаҳрвандони кишварро бо маҳсулоти чӯбӣ, аз ҷумла дарҳои байниҳуҷравӣ, тирезаҳои миллии ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ, фаршу дигар намудҳои погонаҷӣ қонеъ менамояд.

26-уми июни соли 2018 барои саноатчиён санаи мубораку хотирмон буд. Зеро бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия «Арча-мебел»-ро дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арча» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ифтитоҳ карданд. Боиси тазаккур аст, ки «Арча-мебел» аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна ва Компания»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «УчЮлдиз»-и Туркия ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бунёд гардид, ки минбаъд ба истеҳсоли беш аз 400 намуди гунонуни мебелҳои махсус машғул шуд.

Масоҳати умумии корхона беш аз ҳафт ҳазор метри мураббаъ буда, таҷҳизоти технологии замонавии корхонаи нав аз Туркия, Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст. Ҳамчунин, қайд бояд кард, ки барои истеҳсоли маҳсулот 80 фисади ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, боқимондаи он аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Белорусия, Туркия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мегардад.

Истеҳсолот дар ду бахш ба роҳ монда шуда, дар бахши аввал мебел бо истифодаи профилҳои гуногуни оҳанӣ, верзалит барои муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳо, шифохонаҳо ва дар бахши дуюм бо истифодаи тахтачӯбҳои гуногун фурнитура ва дигар мебелҳои умумӣ, биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва ғайра сохта мешаванд. Бо таъсиси 50 ҷойи корӣ коргарон мебелҳо барои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва таълимии махсус, муассисаҳои маишӣ, хонаҳои шахсӣ, муассисаҳои маъмурӣ, корхонаҳо ва дар оянда мебел барои муассисаҳои соҳаи тандурустиро омода карда, пешкаши омма мегардонанд. Имрӯз дар корхона зиёда аз 100 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо кор ва маоши сазовор таъмин ҳастанд.

Бояд иброз дошт, ки фаъолияти борабти чунин корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои саноатикунонии мамлакат қадами устувору муҳим арзёбӣ мегардад.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

24 August 2020

Қаҳрамонони айём

Даври якуми паҳншавии бемории сироятии «Ковид-19» кулли табибонро бинобар бори аввал дучор шудан ба ин гуна беморӣ як андоза даступо хӯронд. Ба ин нигоҳ накарда, онҳо кӯшиш ба харҷ доданд, то кулли беморон аз офати замон бе оқибатҳои вазнин ҷон ба саломат баранд.

Ҷомеаи шифобахшони ноҳияи Мастчоҳ низ ба ин зумра шомиланд. Тавре зимни суҳбат сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия Музаффархон Тӯйхонович Баҳодуров изҳор дошт, аз оғози бемории муосир зиёда аз 106 нафар сироят ёфта, 101 нафар шифо ёфта, 4 нафар бинобар гирифториашон ба касалиҳои диабети қанду фишори хун ва бемориҳои ҳамрадиф фавтиданд. Имрӯз ҳамагӣ 1 нафар зери назорати табибон дар ҳуҷраи махсус қарор дорад.

- Ман бо камоли боварӣ ва ифтихор гуфта метавонам, ки табибони мо қаҳрамонанд. Зеро ҷони худро ба хатар гузошта, баҳри наҷоти сокинони гирифтори коронавирус заҳмат кашиданд, - мегӯяд М.Баҳодуров.

 Ба зумраи табибони қаҳрамон ҳамсуҳбати мо духтурони сироятшинос Умедҷон Латифову Диловар Умаров, табиб - эҳёгар Султон Ҳафизов, дилшинос Ануддин Зиёев, асабшинос Фаридун Тошев, ҳамшираҳои шафқати шуъбаи сироятшиносӣ Мавҷуда Мирбобозода ва Гулбика Қурбонова, ҳамшираи тибби оилавӣ Гулсара Маҷидова ва дигаронро сазовор донист.

Маъмурияти беморхона аз дастгирии Раёсати тандурустии вилоят арзи сипос намуд. Айни ҳол 7 адад ҳароратсанҷи фосилавӣ ва 1 оксигенератори дастрасшуда дар ҳолати омодабош мебошанд.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Бободархон: деҳа симои дигар мегирад

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби мардуми деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт рӯҳияи ободкориву созандагиро боз ҳам зиёд намуд.

Дар деҳаи Бободархон аввалин шуда, ба амалҳои созандагию ободкорӣ фарди накӯному саховатпеша, омӯзгор, Аълочии маорифи халқ Муҳаммадҷон Пӯлодов оғоз бахшид. Бо ташаббуси ин фарди ҳимматбаланд муҷассамаи «Поси хотир»-и иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз деҳаи Бободархон дар болои кӯҳи «Урда»-и таърихӣ қомат афрохт, ки ин мавзеъ яке аз макони таърихию сайёҳии диққатҷалбкунандаи ноҳия маҳсуб меёбад.

Дар мавзеи «Гулбоғ»-и деҳа сохта шудани дармонгоҳ, дар маҳаллаи «Дашт» бунёд ёфтани майдончаи омӯзиши ронандагӣ ва ташкил намудани курси ронандагӣ дар муассисаҳои таълимии деҳа аз амалҳои неку созандаи ин фарди зиндаёд буданд.

Дар даврони Истиқлолият чанде аз ҷавонон ва мардуми олиҳиммати деҳа дар бунёд ва ба кор омада сохтани пойгоҳҳои солҳои сол бекорхобида, кофтани чоҳи амудӣ, овардани хатти оби нӯшокӣ, ёрӣ ба муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, cангфарш кардани роҳҳо, кабудизор ва чароғон кардани қад-қади роҳҳои мошингузари деҳа саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Бахшида ба даҳсолаи амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» фардони олиҳиммат, аз қабили Турғунбой Қурбонов (зиндаёд), Деҳқонбой Марасулов, Мурод Қурбонов, Абдулаким Одибоев, Фирӯз ва Фурқат Одибоевҳо, (роҳбарони маҳаллаҳои деҳа) Имомалиев Рӯзибой, Нухриддин Тошпӯлодов бо маблағҳои худ ва мардуми деҳа ба маҳаллаҳо хати оби нӯшокиро оварда, ба дуои неки пирони хирад ноил гардиданд. Дар таъмиру мумфарш кардани кӯпрукҳои деҳа очаи Турсунбибӣ бо фарзандонаш, Сангинбой Одибоев, Маъруфҷон Юлдошев ва Фаррух Машарипов бо ёрии ҳамдеҳагон ҳиссаи босазои худро гузоштанд.

Дар мумфарш кардани роҳи мошингарди деҳаи Бободархон саҳми вакили мардумии ноҳия Назмиддин Пӯлодов, корманди мақомоти қудратии вилоятӣ Муҳаммад Абдувоҳидзода, шаҳрвандони накӯкор Завқиддин Маназиров, Саидумрон Самадов, Камолҷон Файзуллоев, Илҳом Исоев, Аминҷон Машарифов, Баротҷон Абдуллоев ва раисони кумитаҳои маҳалла шоиста аст.

Фарди олиҳиммату некноми деҳа Фарҳодҷон Файзуллоев бо ҳамроҳии фарзандонаш ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ Маркази фароғатии «Файзулло»-ро бунёд карда, ба истифодаи мардуми деҳа доданист. Бунёди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва сохтмони сардхона барои 60 тонна меваҳои мавсимӣ аз тарафи соҳибкор Фаррух Машарипов туҳфаи арзанда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ниёзмуҳаммад ИБРОҲИМОВ,

узви Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон

Читать далее

Коркарди мева - захира баҳри зимистон

Дар 900 метри мураббаъ замини ҳудуди ҶСК «Конибодом» ин баҳор бунёди сардхона барои нигаҳдории консерв ва сехи коркарди меваи хушк оғоз ёфт. Ин ду биноро бо харҷи 1 миллиону 420,6 ҳазор сомонӣ муассисаи давлатии фонди дастгирии соҳибкорони кишвар ҶДММ «Канд - Сохтмон» сохта истодааст.

Интизор меравад, ки иншоот дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирад ва маҳсулоти содиротӣ ин ҷо нигаҳдорӣ шавад.

- Сардхона барои нигаҳдории 1200 тонна маҳсулот ва сех барои коркарди 3000 тонна меваи хушк пешбинӣ шудааст. Рӯзҳои наздик таҷҳизоти муосиру боиқтидор аз хориҷи кишвар дастрас мешавад. Дар фаъолияти бисёрсолаи корхонаи консерв бори аввал аст, ки маҳсулот дар сардхона нигоҳ дошта мешавад.

Меваи хушк низ дар қуттиҳои назаррабо ба харидорон пешкаш мешавад. Дар сурати ба фаъолият оғоз намудани коргоҳи мазкур наздик 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд, - гуфт сарвари муассиса Акбар Усмонов.

Дар ин мавсими пухтани ҳосил ва тайёр кардани маҳсулоти консерв дар сехи истеҳсоли маҳсулоти ҶСК «Конибодом» кор дар ҷӯшу хурӯш аст.

Тибқи шартнома, ҳамарӯза тамашку олучаҳои тару тоза аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳрҳои Конибодом ва Исфара ворид мегарданд.

Порсол масъулини соҳа бо коркарди навъҳои гуногуни меваю сабзавот дар Озарбойҷон шинос шуда, табодули таҷриба намуданд. Ҳафт ҳазор банка пиёзи анзур, наздик 6 тонна хамираи помидор ба хориҷи кишвар содирот шуд.

Сарвари муассиса гуфт: - Имсол бори аввал аст, ки барои ҳамватанон мурабборо аз тамашк пешниҳод менамоем. Умедворем, ки ин навъи маҳсулотамон низ мизоҷони худро пайдо мекунад.

То имрӯз 6000 банка мураббои тамашк ва 2000 адад шарбати олуча истеҳсол намудем. Ният дорем, то интиҳои мавсим аз себ, помидор, каду ва сабзӣ низ шарбат омода кунем.

Айни замон дар сехи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ наздик 30 нафар кормандон фаъолият мебаранд.

Фирӯзаи АБДУЛАЗИЗ,

шаҳри Конибодом

Читать далее

Баёнгари роҳи имрӯзу ояндаи миллат

 

 

 

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. 9-уми сентябри соли 1991 Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Ин неъмати бузург нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз ҳадя сохт.

Миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ ва илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо пурҳикмат ифода намудаанд, ки ин калом тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.

Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардид.

Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Дар шароити кунунӣ таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои мардуми мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Самараи неки Истиқлолият аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.

Заррина Раҳимзода,

муовини якуми

раиси Суди ноҳияи

Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Читать далее

«АНГУБИН» БА ФАЪОЛИЯТ ОFОЗ ХОҲАД КАРД

Сохта ба истифода додани корхонаҳои гуногуни хурду бузурги молистеҳсолкунанда ва таъмини сокинон бо ҷои кори доимӣ далели рӯ ба рушд овардани соҳаи саноати кишвар мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамият ба соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад ва дар ин радиф иброз доштанд: “Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти худро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ вусъат бахшанд...”.

Ҳукумати кишвар дар замони Истиқлоли давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорон беш аз 100 намуди имтиёзҳо ва сабукиҳоро ҷорӣ намудааст, ки нисфи онҳо барои дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шудаанд. Дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи саноат, дар навбати аввал, аз масъулони соҳа ва соҳибкорон вобаста мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки моҳи марти соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, нахуст дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи ресандагии «Олим Текстайлз»-и ширкати Олими Каримзод иштирок намуданд. Корхонаи азими ресандагӣ бо навтарин техникаю технологияи олмонӣ муҷаҳҳаз гаштааст. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва суҳбат бо роҳбарияту мутахассисони он, аз ҷумла зикр гардид, ки ин коргоҳи бузург бо харҷи 130 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Он вақт танҳо дар навбати аввал корхонаи бузурги нассоҷӣ ба кор даромада буд, ки дар он 400 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 900 сомонӣ боло таъмин гардида буданд. Дар сурати ба кор даромадани корхонаҳои бофандагӣ, рангубор ва дӯхти либос, ки дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, шумораи коргарони ин маҷмааи нассоҷӣ бояд меафзуд. Корхонаи мазкур аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ ва таҷҳизоти техникӣ бузургтарин ва муосиртарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи саҳмгузорони ин амри бузурги созандагию бунёдкорӣ арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуда буданд, ки маҷмааи нассоҷии «Олим Текстайлз» дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин пурра ба кор даромада, нақши намоёни худро дар пешрафти саноат ва умуман, иқтисоди кишвар мегузорад.

Фабрикаи ресандагии «Олим Текстайлз» бо иқтидори истеҳсоли солонаи 5000 тонна нахи пахта яке аз корхонаҳои азими соҳа дар вилояту ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Корхона то 1 - уми июли соли 2017 бетанаффус кор кард ва ҳар моҳ 100 - 120 тонна ресмонҳои гуногун ба маблағи 4-4,5 миллион сомонӣ истеҳсол менамуд. Маҳсулоти фабрика, ки бо технологияи олмонӣ истеҳсол мешуд, пурра содиротӣ буда, дар кишварҳои Россия, Туркия, Хитой, Италия, Белорус харидорони зиёд дошт. Муҳимтар аз ҳама, дар он 420 нафар, аз ҷумла 300 нафар занон кор мекарданд ва музди хуб мегирифтанд.

Мутаассифона, 15 - уми декабри соли 2017 бинобар мушкилоти молиявӣ ва баҳсҳои судӣ фабрика аз кор монд. Корхона ва амволи он барои пӯшонидани қарзҳояш ба тавозуни ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” гузаронида шуданд...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки бояд мо пахтаро ба хориҷа на ҳамчун ашёи хом, балки чун маҳсулоти тайёр содирот намоем. Дар ин ҳол аз кор мондани яке аз калонтарин корхонаҳо, ки маҳз дар даврони Истиқлолият бо маблағи калон ва навтарин таҷҳизоти олмонӣ сохта шудааст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро низ дар канор монда наметавонад.

Баъди омӯхтани сабабҳои муфлисшавии корхона ва роҳҳои наҷот додани он 31 - уми декабри соли 2018 масъала дар ҷаласаи назди муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо, Вазири саноат ва технологияҳои нав, раиси Суди олии иқтисодӣ, раиси Кумитаи андоз, раиси ноҳияи Мастчоҳ, сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Раёсати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва намояндаи иҷоракори нави фабрика ҷиддан баррасӣ карда шуд.

Ниҳоят, моҳи феврали соли 2019 бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода корхона аз тарафи соҳибмулки нав бо номи ҶДММ “Ангубин” аз нав ба кор оғоз кард ва шодию хурсандии коргарон ва мутахассисон, ки якуним сол аз кор маҳрум буданд, ҳадду канор надошт. Раиси вилоят он вақт таъкид карда буд, ки барқарор кардани корхонаҳои коркарди пахта дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат аҳамияти калон дорад ва бояд корхона минбаъд бетанаффус кор кунад.

Директори генералии ҶДММ “Ангубин” Акбаршо Неъматов ҳам ваъда дода буд, ки фабрика мунтазам кор хоҳад кард ва иловатан дар заминаи он истеҳсолоти бофандагӣ ва дӯзандагиро ҳам ба роҳ мемонанд ва маҳсулоти тайёри пахтаро ба харидорони ватанию хориҷӣ пешкаш менамоянд. Аз ин ҳисоб ҷойҳои нави корӣ ташкил мешаванд, ҳиссаи корхона дар ғанӣ гардонидани буҷети давлат меафзояд...

Тибқи маълумоти оморӣ нишондиҳандаҳо фабрикаи ресандагии ҶДММ “Ангубин” нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107 фоизро ташкил медиҳад. Сабаби боз мондани фабрика бинобар ба фурӯш набаровардани маҳсулот ба хориҷи кишвар аз ҳисоби бемории COVID-19 мебошад. Айни ҳол ҶДММ “Ангубин” дар анбори худ зиёда аз 300 тонна калобаи ришта дорад ва 160 тоннаи онро ба фурӯш баровард. Дар рӯзҳои наздик фаъолияти корхона аз нав ба роҳ монда мешавад.

Як нафар коргарзани фабрика, ки нахост номаш зикр шавад, бо таассуф изҳор дошт, ки:

–Вақте корхона аз нав ба фаъолият оғоз карда буд, ман худро хушбахттарин ҳис мекардам, зеро баъди қариб ду соли бекорӣ ба касби дӯстдоштаам боз баргаштам. Музди хуб гирифта, панҷ нафар аъзои оилаамро мехӯронидаму мепӯшонидам.

Дар фабрика, аз ҷумла, ҳангоми фаъолият беш аз 300 нафар аз бонувони маҳаллӣ кор мекарданд. Онҳо бо завқу шавқ кор омӯхта, соҳибкасб шуда буданд.

Тавре дар аввали мақола зикр кардем, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо тамоми фишангҳояш дар тамоми сатҳҳо ба ҶДММ “Ангубин” дасти мадад расонид, имтиёзҳо дод, то ки истеҳсолоти фабрикаро барқарор кунад. Хушбахтона, рӯзҳои наздик корхона аз нав фаъолияти худро ба роҳ хоҳад монд.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

22 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Хоруғро натиҷагирӣ карда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо вилоят дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳои ватандӯстонаи мардуми сарбаланди он ба таври назаррас обод шуда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст.

Читать далее

Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Конференсияи ХIV ҲХДТ дар вилояти Суғд

21-уми августи соли равон дар толори Кохи Рӯдакии маркази вилоят Конференсияи XIV ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар вилояти Суғд бо иштироки 355 нафар вакилон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар меҳмонони даъватшуда баргузор гардид.

Дар конференсия Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон иштирок ва баромад намуданд.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом

21 августи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом боздид карда, бо ҷараёни тоза намудани маҷрои об дар пойгоҳи обкашии “Маҳрам-1” шинос гардид.

Пойгоҳи обкашии “Маҳрам-1” аз соли 1975 инҷониб фаъолият дошта, тавассути он об аз обанбори Баҳри тоҷик ба заминҳои кишоварзии Конибодом дастрас карда мешавад.

Бо сабаби тағирёбии иқлим ва паст гардидани сатҳи об дар чанд рӯзи охир камбуди оби полезӣ эҳсос гардида, дар фаъолияти пойгоҳ мушкил пеш омадааст.

Читать далее