August 2020

21 August 2020

Ғаразҳои тира дар осмони соф…

Вокуниш ба маводи дурӯғини М.Садриддин «Нома аз Конибодом»

Имрӯз дар шабакаи Facebookбоз як маводи пурғарази М.Садриддинро, ки гӯиё аз номи сокинони шаҳри Конибодом ирсол шуда бошад, мутоила намуда, ба хулоса омадам, ки бадбиниву ғараз ва сияҳкорӣ нисбат ба миллату давлат ва роҳбарияти он аз ин зиёд намешавад.

Дар ин шабу рӯз, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик мешавад, нотавонбинону бадхоҳони миллат аз ҳар амали нангин бешармона ва бешарафона истифода намуда, ободиву осудагӣ ва пешрафту тараққиёти кишвари моро нодида мегиранд ва бадном карданӣ мешаванд.

Маводи мазкур, ки беному беимзо аст, дурӯғи маҳз буда, асоси воқеӣ надорад. Агар нома асоси воқеӣ медошт, М. Садриддин ҳатман номи муаллифони онро менавишт. Баъдан ин «домулло» ва ҳаммаслаконашро муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону ӯзбекистон хуш намеояд магар, ки муносибатҳои байнимиллӣ, ки басо нозук аст, бе асос ба миён гузошта, мехоҳанд ин раванди некро халалдор созанд. Худи сарлавҳаи мавод ғаразнок буда, хонандаро ба иштибоҳ мебарад. Ҳол, он ки дар ин мавод чандин масъалаҳо бе рабту бе низом ба «риштаи таҳлил» кашида шудаанд ва мақсад гумроҳ кардани хонанда аст. Лек хонандаи закӣ ва ҳӯшманд аз шеваи корбарии ин «домулло» кайҳо боз огаҳӣ дорад ва ба ин ҳарзаҳои беасос эътибор намедиҳад!

М. Садриддин дар нома овардааст, ки дар солҳои Истиқлолият дар Конибодом ягон навигарӣ нашудааст. Дар ин маврид танҳо як чиз гутан ҷоиз аст, ин гапро кассе мегӯяд, ки ё кӯр аст ё девона!

Навгонию пешравиҳое, ки дар даврони Истиқлолият дар шаҳри Конибодом амалӣ шуд, мардуме, ки ақлу дида доранд, медонанд ва ҳоҷати шарҳи он нест. Пешраиҳое, ки бахусус дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва бунёди иншоти маишӣ – хизматрасонӣ шудааст, нодида гирифтан камоли беақлист!...

Шояд М. Садриддин як бор ба шаҳри мо мебиёяд ва бо чашми худ мебинад, ки вазъ чи гуна асту гап дар куҷост?

С. Шарофов,

сокини шаҳри Конибодом

Читать далее

АЗ ТАГИ НОХУН ЧИРК НАКОБЕД

Ҳар маводе, ки дар сомонаи иҷтимоӣ нашр мегардаду он ба қалами  Муҳаммадиқболи Садриддин  тааллуқ дорад,  мутолиа мекунаму афсӯс мехӯрам.

Зеро нависандаи мӯҳтарам дар навиштаҳои худ оид ба паст будани сатҳи зиндагии мардум сухан меронаду аз таги нохун чирк мекобад. Маро як чиз ба ҳайрат мегузорад. Агар Сарвари давлатро барои дар давоми 29 соли Истиқлолияти миллӣ ба шаҳри Конибодом барои танҳо 2 маротиба сафар намудан айбдор карда бошад, дар ҷумлаи дигараш Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро барои тез- тез ба аёдати мардуми шаҳри Конибодом рафтан айбдор созад. Хонандаи гиромӣ худ қазоват кунед. Ин «нависанда» намедонад, ки асосан  киро айбдор ва кадом амалро танқид месозад. Моҳи сипаригардида бо як воҳимаи ба худаш хос оид ба зиёд шудани бемории куруно дар ноҳияи Мастчоҳ андешаронӣ намуда буданд.

Аммо ин навиштаҳояш ҳадафрас нашуданд.  Охир роҳбарон дар ин рӯзе, ки мардуми тамоми ҷаҳон аз бемории Куруно дар азобанд барои пешрафти кишвар ва баланд бардоштани иқтисодиёти мардум ба ноҳияҳо  сафар менамоянд. Онҳо ҳарос надоранд, ки дар ҳамон ноҳия мумкин аст ба ин вабо гирифтор шаванд. Онҳо танҳо ба хотири ободии кишвар, сарсабзии зиндагии мардум сафар менамоянд.

 Боз оид ба кори деҳқонони Конибодом фикру андешаи худро баён намуда, изҳор кардааст, ки дар телевизионҳои давлатӣ ва вилоятӣ таърифу тавсифи  зиёд нишон медиҳанд, имрӯз деҳқонони Конибодом  дар заминҳои наздиҳавлигии худ дар ҳаҷми 0,10 сотих чанд намуди зироатро  кошта ва чанд ҳосил  мегиранд, ки деҳқонони номӣ дар як гектар ин қадар ҳосил намегиранд.

Дар ҳақиқат мардуми вилояти Суғд махсусан Конибодом дар обчакорӣ ҳамто надоранд. Ин амали онҳо, сарфаю сариштакориашон боисӣ дастгирӣ буда, намунаи ибрат ба дигарон аст. Аз ин рӯ гуфтаниам, ки аз ин сафсатагӯиву аз таги нохун чирк кофтан мурод ҳосил намешавад. Чизе гӯед, ки мардумро ба роҳи рост ҳидоят кунаду  ба бунёдкориву созандагии кишвар заминаи воқеӣ  гузорад!

 Амираи Суғдӣ 

Читать далее

ИҒВОБАРАНГЕЗӢ БА ХОТИРИ ЧИСТ?

Ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии онҳо, ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар хонадони мардуми тоҷик мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Мо бояд тамоми чораву тадбирҳоро амалӣ созем, ки ҳар як сокини кишвар аз самараву неъмати истиқлолият баҳравар гардад. Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол пеш мераванд.

Баробари ин пешравиҳо шаҳри Конибодом дар замони соҳибистиқлолӣ хеле рушд намуда, барои зиндагии арзанда ба мардум ва пешрафти соҳаҳои мухталиф аз ҷониби давлату ҳукумат пайваста тадбирхои зарурӣ андешида мешавад. Яъне метавон гуфт, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар минтақаҳои мамлакат, шаҳри Конибодом ободу зебо ва дар ин гӯшаи Ватан инфрасохтори зарурӣ бунёд гашта истодааст. Қомат афрохтани иншооти замонавӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳр ва ҷамоату деҳоти он боиси фараҳмандӣ ва хушҳолии сокинон гардидааст. Зеро ин ҳама тадбирҳои ободонӣ барои беҳтар шудани шароити кору зиндагии мардум пешбинӣ шудааст. Бо назардошти ин ва ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиии Тоҷикистон соҳибкорону саховатмандон ва аҳолӣ барои бунёди ин ва ё он иншоот камари ҳиммат баста, мехоҳанд дар ободонии диёри хеш ҳиссаи арзанда гузоранд.

Чунин пешравиро баъзе нафарони бо ибораи халқӣ «кӯрнамак» ба монандӣ Муҳамадиқболи Садриддин  дида натавониста, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гӯё, ки аз камбудиҳои шаҳри Конибодом огоҳанду, ҳар гуна суханҳои беасосро паҳн менамоянд. Боиси зикр аст, ки мардуми тоҷик ҳамаи он рӯзҳои сахт ва мушкилро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз сар гузаронидааст ва Истиқлолияти давлатиро муқаддас медонад, гиромӣ мешуморад ва ин Ватани азизро чун модари худ дӯст медорад. Муҳаббат, садоқат, якдилӣ, ҳамбастагии миллати мо деворест, ки онро касе қудрати шискастан надорад. Имрӯз замоне расидааст, ки ҳама баробар дасти ҳамдигар гирифта, бар дурӯғу дасисаҳои ин гуна нафарон дода нашавем ва аз фурсати муносиб истифода бурда гуфтанием, мо аз ҳеҷ гуруҳе ё мухолифе ва ё ташкилоту созмони иғвоангез ҳаросе надорем, зеро мо мардуми тоҷик муттаҳид шудем ва ин давлату миллатро ҳифз мекунем. 

Ориф Маликов,
шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Иғвогарии навбатӣ

Оромии кишвар ва ободии сарзамини мо аз муттаҳидиву иттиҳод ва ҳамдигарфаҳмиву талоши якҷоя баҳри беҳбудии кор сарчашма мегирад. Иттиҳоде, ки имрӯз мардуми тоҷик доранд ва дар фазои сулҳу субот, оромӣ, дӯстиву бародарӣ умр ба сар мебаранд ба хоинони миллат ва нафароне, ки мехоҳанд «обро лой карда моҳӣ доранд» писанд нест.

Ҳайрати ман аз ин аст, ки чӣ тавр ин нафарон хешро тоҷик гуфта истода, барои халалдор сохтани суботи кишвар талош меварзанд? Магар замоне, ки ҷаҳонро бемории сироятии Ковид-19 фаро гирифтааст ва ҷаҳониён талоши аз хатар эмин нигоҳ доштани оламро доранд Муҳаммадиқболи Садриддин барин нафарони «дилсӯзи ватан» дигар кор надоранд ба ҷуз иғвоангезӣ?

Аввалҳо ин гурӯҳ талоши дубора аланга додани оташи маҳалгароӣ дар кишварро доштанд ва ба ҳар найрангу восита мехостанд, ки миёни маҳалҳову манотиқи Тоҷикистон нофаҳмӣ ва душманиро бедор созанд, чун диданд, ки ин мақсадашон дар амал татбиқ намешавад ба доираи нақшаву иғвоҳои хеш ба ҳам душман кардани миллатҳои дӯсту бародарро ворид карданд. Яъне мехоҳанд, ки тоҷиконро бо дигар миллатҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ба муноқиша оранд. Магар маводи «Раҳмонов ба ӯзбекҳо пул намедиҳад» ҳамин мақсадро надорад?

Ман дар бораи бисёр нуктаҳое, ки дар ин мавод оварда шудааст ва ҳамагӣ тӯҳмату бӯҳтон нисбат ба мардуми Конибодоми бостон аст чизе гуфтан намехоҳам, зеро ба кӯдак ҳам маълуму равшан аст, ки ин ҳама иғвоангезии бемантиқ дар ҷои холист.

Аммо «ба мардуми ӯзбек пул намедиҳад гуфта» миёни сокинони Конибодом, ки аз нисф зиёд ӯзбекзабон мебошанд тухми низо пошидан камоли беинсофӣ ва футури инсонигарии хоинони ватан аст.

Мардуми тоҷику ӯзбек садсолаҳост, ки дар Конибодом паҳлӯ ба паҳлӯ дар канори ҳам шодиву ғами хешро қисмат мекунанд ва аслан ҳеҷ вақте «ту ӯзбеку ман тоҷик» нагуфтаанд.

Мо ин тӯҳмату бӯҳтонро ҳарфҳои ахмақона ва идаои пуч медонем, хоҳиш мекунем, худатон дар ободии кишвар саҳме надоред ақалан ба мо халал нарасонед то Тоҷикистони азиз ва Конибодоми бостонро обод, сарсабзу хуррам созем!

Мадина Ҳакимзода,

шаҳри Конибодом

Читать далее

КОНИБОДОМИЁН ДАВОМДИҲАНДАГОНИ АНЪАНАҲОИ НЕКАНД

Ҳамарӯза тариқи расонаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштани навиштаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ободкориву созандагӣ ва пешравиҳои мамлакатро нодида мегирад, ҳар нафари дӯстдори ватанро бетараф гузошта наметавонад. Ҳарзагӯиҳои навбатии ин шахс сӯи мардуми шаҳри Конибодом нигаронида шудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки давоми ба даст овардани солҳои соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат шаҳри Конибодом хеле обод гаштааст. Зеро давоми ин муддат дигаргунӣ на танҳо дар ин минтақа, балки тамоми ҳудуди собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омада, зиндагии мардум ба куллӣ дигар гаштааст. Мардум имрӯзҳо гирди дастархони пурнозу неъмат менишинанд, шароити мусоиди зиндагӣ кору фаъолият дошта, шукронаи соҳибистиқлолӣ доранд. Сохта ба истифода додани даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим, васеъ кардани майдонҳои кишоварзӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъсиси коргоҳҳо ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудани мардум, таъмири роҳҳои автомобилгард, баланд бардошта шудани маърифати мардум, иштироки онҳо дар мусобиқаву озмунҳо ва ба даст овардани ғолибият, зиёд шудани сафи ҳунармандон ва ғайраҳо моро ҳушдор медиҳанд, ки ба имрӯза шукргузор бошем, ба ояндаи нек бо чашми хирад нигарем.

Имрӯз кишоварзону хоҷагидорони шаҳри Конибодом бо истифода аз обу ҳавои мусоид баҳри истифодаи босамари замин тамоми корҳоро андешидаанд. Дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳр агар дар 6000 гектар кишти пунбадона пешбинӣ гардида бошад, кишоварзон дар майдони 6091 гектар пунбадона кишт кардаанд. ҳамчунин дар майдони 148,9 гектар кишти картошка ва дигар намуди сабзавот дар майдони 96,7 гектар гузаронида шудааст. Боғдорони шаҳр кӯшиш ба харҷ додаанд, ки дар майдони 10 гектар боғи кӯҳна боғҳои интенсивӣ бунёд намоянд. ҳамчунин дар шаҳр 43 гармхона дар масоҳати 2,46 гектар мавҷуд буда, дар масоҳати 2,36 гектари он кишт гузаронида шудааст.

Замин модар моро мехӯронаду мепӯшонад гуфтаанд. Истифодаи оқилонаи ҳар порча чӣ замини наздиҳавлигиву чӣ замини хоҷагиҳои деҳқонӣ моро аз вартаи нобудӣ раҳо месозад. Пас, чӣ аҷаб, агар деҳқоне бо кишти замини наздиҳавлигии худ машғул бошаду боз аз самари он дигаронро баҳраманд созад. Мақоли қатра-қатра дарё шавад, агар аз як тараф кишоварзони конибодомиро руҳбаланд созад, аз ҷониби дигар ин гуфтаҳо ба тамоми ободкориҳое, ки дар шаҳр рӯи кор меоянд, нигаронида шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳеч як ободӣ бе заҳмату тараддуд ва сарфи маблағ ба даст намеояд. Ҳамарӯза обод гардидани як гӯшаи мамлакат ҳар фарди ватандӯстро бояд водор созад, ки дар гул-гулшукуфии диёри хеш камари ҳиммат бандад. Мардуми Тоҷикистон меҳмонро чӣ худӣ бошаду чӣ бегона бо чеҳраи кушод ва гарм истиқбол мегирад ва бо ин хислатҳои наҷибонаи худ байни дигар мамлакатҳои дунё фарқ дорад. Конибодомиён низ аз ин урфу одатҳои гузаштагон орӣ нестанд. ҳар сокини маҳалла, деҳа, ҷамоату шаҳраки шаҳр низ ташрифи ҳар меҳмонро ба ҷон қабул медоранд, зеро хуб медонанд, ки онҳо давомдиҳандагони насли ориёиянд.

Моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба гуфтаҳои нафароне, ки ба ҷуз ҳарзагӯӣ, шуғли дигаре надоранд, дода нашаванд, ба Конибодом биёянд, бо чашми сар бинанд, ки он ҷо чи навгониҳое ба вуҷуд омадааст, мардум бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ машғули кору фаъолиятанд.

Мафтуни МАСТОН,

шаҳри Конибодом

Читать далее

Баргузории семинар – машварати вилоятӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани самараи иқтисодӣ ва потенсиали содироти маҳсулот аз гармхона”

20 август дар ноҳияи Спитамен дар мавзӯи «Баланд бардоштани самараи иқтисодӣ ва потенсиали содироти маҳсулот аз гармхона» семинар – машварати вилоятӣ баргузор гардид, ки дар кори он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзид.

Қисми амалии семинар-машварат дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и ноҳия ҷараён гирифт ва дар он оид ба бунёди гармхона, интихоби навъ, тарзи истифодабарии гармхона, мӯътадил нигоҳ доштани ҳарорат, намнокӣ ва эмин нигоҳ доштани зироат аз касалӣ ва ҳашароти зараррасон маълумот дода шуд.

Читать далее

Маркази инкишофи кӯдак

Дар калонтарин ноҳияи вилояти Суғд ба номи аллома Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтаанд, ки ба истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1286 иншооти таъиноташон гуногунро ба истифода диҳанд. То имрӯз зиёда аз ҳазор иншоот ба истифода дода шуд.

Ба истиқболи оғози соли нави хониши 2020 - 2021 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №25 воқеъ дар деҳаи Рӯмони ноҳия маросими ба истифода додани боз як иншооти ҷашнӣ - бинои нави таълимии дуошёнаи «Маркази инкишофи кӯдак» - и синни томактабӣ барои 60 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар он собиқадорони маориф, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати маорифи вилояту ноҳия ширкат доштанд. Ташаббускори бунёди ин бино, собиқадори маориф - Ҳамзахӯҷа Бурҳонов изҳор дошт, ки андешаи бунёди ин биноро ба ӯ муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти кишвар илҳом бахшидааст:

- Се сол муқаддам камина сарварии ин мактабро ба уҳда гирифтам, - гуфт ӯ,-Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, даъват намуданд, ки ҳар сокине, ки Ватан барояш азизу мукаррам аст, барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллат бо амалҳои бунёдкоронаву созанда саҳми худро мегузорад. Он вақт ман тасмим гирифтам, ки ҷавобан ба даъвати Пешвои миллат ҳатман ягон бинои наве сохта, саҳми хоксоронаи худро дар ободии мактаб хоҳам гузошт.

Тавре аз идомаи суханаш маълум шуд, дар ин иқдоми хайр ӯро шахсони саховатпеша ва соҳибкорони деҳа Мирзоаҳмад Ҳоҷибоев, Ворисхӯҷа Сулаймонов, вакили мардумӣ дар маҷлиси ноҳиявӣ Илҳом Сангин, Каримҷон Каримов, Содиқ Раҳимов, Абдулҳақ Бобоҷонов дастгиру муттако шуданд ва бинои нав дар муҳлати 13 моҳ сохта, ба истифода дода шуд. Бинокорони чирадаст таҳти роҳбарии Нуриддинхӯҷа Бобоев, ки дастпавари ҳамин мактаб аст, кӯшиданд, то сифати сохтмон дар сатҳи зарурӣ бошад. Бояд гуфт, ки бино аз ду ошёна, таҳхона ва ду синфхона иборат буда, арзиши аслии он 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳайати меҳмонон баъди буридани лентаи рамзии бино аз шароити фароҳамсохтаи таълиму истироҳати кӯдакон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Мураббия - омӯзгорон Баҳрӣ Олимова ва Маърифат Бурҳонова дарси нахустинро бо тифлакони хушбахт ба мавзӯи сулҳу ваҳдати миллӣ бахшиданд.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

САРАЗМ – МУАРРИФГАРИ ТАМАДДУНИ БОСТОНӢ

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ ЮНЕСКО соли ҷорӣ 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин ҷашн ифодагари арҷгузорӣ ба таъриху маданияти гузаштагон аст.

Ифтихор аз таърихи гузаштаи халқи худ яке аз муҳимтарин рукни болоравии қадру манзалати миллӣ буда, он тавассути тафаккури таърихӣ ташаккул меёбад.

Чӣ тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Фарҳанг ҳастии миллат аст» қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад». Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳими Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад.

Ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддии сарзамини тоҷикон муаррифгари тамаддуни бостонӣ ва васлкунандаи моддиёт ва маънавиёти гузаштаву имрӯз ба шумор мераванд.

Дар қаламрави Тоҷикистон дар натиҷаи анҷом додани ҳафриёти бостоншиносӣ даҳҳо ёдгориҳои фарҳанги моддӣ кашф шудаанд. Ҳамаи онҳо дар натиҷаи омӯзиши дақиқ, ҳифзу тарғиб ва истифодабарии мероси ниёгон баҳри рушди илм ва насли ояндаи кишвар хидмат мекунанд. Ба таври умум ҳифзу тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ ва археологӣ барои тақвияти худшиносии милливу фарҳангӣ, тарбияи ватанпарастӣ мусоидат мекунанд.

Сарвари давлатамон борҳо таъкид намудаанд, ки таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад.

Инчунин, Сарвари давлатамон мероси гаронбаҳои таърихиро ҳифз кардан, барои эҳё ва барқарор сохтани онҳо саъю кӯшиш намудан ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузоштанро вазифаи аввалиндараҷа шумориданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим тайи ду даҳсолаи охир як қатор иншооти таърихиву фарҳангӣ ва ёдгориҳои меъморӣ таъмиру тармим гардида, ба макони сайру саёҳати сокинони кишвар ва сайёҳони хориҷӣ табдил дода шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ибтидои соли 2000-ум Сарвари давлатамон аз ёдгории Саразм дидан намуда, супориш дода буданд, ки корҳои муваққатан пӯшонидан ва обод кардани шаҳраки Саразм роҳандозӣ гарданд ва омӯзишу таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин мавзеъ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Дар баробари ин, бо дастури Ҳукумат маводи зарурӣ ҷиҳати пешниҳод кардани Саразм ба рӯйхати мероси таърихии халқи тоҷик ба ЮНЕСКО омода ва ирсол гардида, Саразм ҳамчун намунаи шаҳри қадим аз тарафи ин созмони ҷаҳонӣ эътироф ва моҳи июни соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид карда шуд.

Вобаста ба ин дар ҷумҳуриамон корҳо дар самти ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани дигар ёдгориҳои таърихии кишвар идома ёфта истодааст.

Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 19 марти соли 2018 ҳангоми мулоқот бо зиёиён эълон намуданд, ки бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадима будан соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Чанд сол қабл аз ин дар мавриди мамнӯъгоҳи таърихӣ эълон кардани ёдгории Саразм ва болопӯш (консерватсия) намудани муҳимтарин маҳалҳои ҳафриёти ин ёдгорӣ тадбирҳо андешида шуданд. Чунончӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 аз 21 сентябри соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид. Баъдан бо дастгирӣ ва супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои 2004-2008 5 иншооти ёдгорӣ бо маблағи 1,3 миллион сомонӣ болопӯш ва атрофи он бо панҷарадевор иҳота карда шуд ва ҳангоми ташрифи худ ба Саразми бостонӣ солҳои 2003 ва 2005 ба ин шаҳри қадима чунин баҳо доданд: «Саразм-хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик мебошад».

Аз нуқтаи назари таърихи умумиҷаҳонӣ ва маҳаллӣ ёдгориҳои археологӣ аҳамияти муҳим доранд. Маҳз, ҳафриётҳои археологӣ дар бораи дараҷаи баланди фарҳанги ниёгонамон дар аҳди бостон маълумот додаанд. Яке аз ёдгориҳои таърихии диёрамон Саразм ба шумор меравад. Он дар сарҳади паҳно ва кӯҳсори водии Зарафшон, 15 километр ғарби Панҷакент ва 45 километр шарқи Самарқанд ҷойгир мебошад.

Бояд гуфт, ки тадқиқоти нахустини бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм тирамоҳи соли 1976 бо роҳбарии Абдуллоҷон Исҳоқов оғоз гардид. Ӯро нахуст бозёфти сокини деҳаи Авазалии деҳоти Саразм-Ашӯралӣ Тайлонов - табар - тешаи биринҷӣ водор менамояд, ки фаъолияти бостоншиносиро дар ёдгории Саразм оғоз намояд. Соли 1977 натиҷаҳои аввалини бадастомада таваҷҷуҳи олимони шинохтаи шӯравӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Вале омӯзиши мунтазам ва натиҷаовари ёдгорӣ ба солҳои 2000 - 2020 рост меояд. Маҳз, дар ҳамин давра фаъолияти экспедитсияи муштараки бостоншиносии тоҷику фаронсавӣ аз нав хусусияти мунтазам касб намуд.

Нахустмуҳаққиқи ёдгории Саразм бостоншиноси тоҷик А. Исҳоқов масоҳати онро аз 90 то 130 гектар ва шумораи аҳолиашро то 8000 муайян намудааст. Имрӯз 37,34 гектари он боқӣ мондааст, ки аз он 17 гектараш ҳамчун мамнуъгоҳ ба харитаи ЮНЕСКО ворид гардид.

Бояд гуфт, ки Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорӯд буда, ба миёнаи ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III то мелод мансуб аст, ки сарчашмаи ифтихори миллату давлат ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бошандагони Саразм тамаддуни ба худ хосро ба вуҷуд оварданд. Зарурати рушди низоми обёрӣ, ба роҳ мондани кишоварзӣ омили муҳими ба вуҷуд омадани ин тамаддун гаштанд. Ҳамчунин, меъмории монументалӣ ва ташаккули нахустшаҳр асоси тамаддуни Саразмро ташкил доданд.

Тадқиқоти бостоншиносон собит намудааст, ки дар замони энеолит ва асри биринҷӣ аз лиҳози таърихӣ ва ҷуғрофӣ Осиёи Марказӣ ба маркази ташаккулёбии тамаддун мубаддал гаштааст. Академик Нуъмон Неъматов чунин ҳисобидааст, ки дар ҳазорсолаи IV – III –уми п.м. дар Осиёи Миёна кишоварзӣ ва обёрӣ (ирригатсия) ташаккул ёфт, тарзи зисти муқимии аҳолӣ ва меҳнат, ташаккули воҳаҳои кишоварзӣ, бошишгоҳҳои нахустшаҳрӣ, марказҳои иҷтимоиву маънавӣ ва маъмурӣ ба вуҷуд омаданд.

Биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфаршшуда, кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, зардӯзию заргарӣ, бофандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯб, сангтарошӣ, ки дар Саразм ба мушоҳида мерасанд, аз рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорӣ ва шаҳрсозии ниёгонамон мебошанд.

Бозёфтҳои Саразм дар он чор давраи пайдарпайи хронологӣ бо усули радиокарбонӣ санагузорӣ шудааст:

-давраи якум ба солҳои 3400-3200 қабл аз милод;

-давраи дуюм ба солҳои 3200-2900 қабл аз милод;

-давраи сеюм ба солҳои 2700-2300 қабл аз милод;

-давраи чорум ба солҳои 2300-2000 қабл аз милод тааллуқ дорад.

Ҳафриёти бостоншиносон дар бораи ташаккули маҳаллаҳои истиқоматӣ бо якчанд бино ва кӯчаҳо, ибодатгоҳи оилавӣ ва оташдони гирда - меҳроб, ду бинои маъбад бо деворҳои ранги сурх додашуда ва меҳроб дар марказ, ба давраи сеюм иморатҳои бошукӯҳи ҷамъиятӣ –қаср, ибодатгоҳ ва ханбаи марказӣ маълумот медиҳанд.

Аҳолии Саразм асосан ба деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, косибӣ ва маъдангудозӣ (мис, тилло, қалъагӣ) машғул буданд. Онҳо мис ва қалъагиро даромехта, табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигирӣ, дарафш, сӯзан месохтанд.

Бозёфтҳои Саразм муаррифгари намунаҳои беҳтарини кулолии қадимаи тоҷикон маҳсуб меёбад. Аз Саразми қадим хумдони дуқабата ва чархи кулолӣ ёфт шудааст, ки ин аз санъати баланди кулолӣ шаҳодат медиҳад. Саразмиён зарфҳоро ҳам дастӣ ва ҳам дар чарх сохта, бо истифода аз ангоб дар онҳо нақшҳои гуногунро мекашиданд. Дар зарфҳои Саразм нақшҳои ҳандасии шикаста, панҷара ва мавҷӣ, инчунин, хатҳои амудӣ ва уфуқӣ мавҷуданд. Баробари офаридани зарфҳо саразмиён дар рӯи онҳо нақшҳои гуногун, ба монанди хӯшаи гандум, наботот, ҳандасавиро сабт кардаанд, ки ин бо рангҳои табиӣ, яъне аз рустаниву минералҳо ҳосил карда мешуданд.

Сокинони Саразм бо кишварҳои соҳили халиҷи Форс, бо Араб, Ҳинд ва Бадахшон робитаи тиҷоратӣ доштанд. Бостоншиносон аз Саразм лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси Балуҷистону Сиистони Афғонистонро дарёфт намудаанд.

Ҳангоми ҳафриёт қабристони давраи аввали Саразм ва расму русуми дафнкунии он замон бо девори сангии гирдаи қутраш 15 метр, ҷасадҳои мурдагон бо ҷиҳози онҳо ошкор гардиданд. Хусусан, амволи зани дафншуда: либоси бо шаддаи фирӯза, лоҷувард, ақиқ, яшм, оҳаксанг гулдӯзигардида, кулоҳи бо шаддаҳо оро додашуда ва кокулони бо ҳамели 49 шаддаҳои тиллоӣ бофташуда ҷолиб аст. Ҷасади ин зан аз ҷониби олимон «Маликаи Саразм» ном гирифтааст. Дар ҳар дасти зани дафншуда яктогӣ бозубанди бузурги аз зиреҳи садафи баҳрӣ сохташуда мавҷуд буд. Дар таркиби анҷоми ин зани ашроф ойинаи биринҷии дастакдор, дирафши устухонӣ, панҷ адад cӯзанак бо зиннати сангӣ, ду ҳайкалчаи занона мавҷуд буд, ки дар илми бостоншиносии тоҷик бесобиқа аст. Дар назди ҷасад ёфт гардидани қадаҳи мармарин, оина ва дигар ашёи зиннатдиҳанда аз он дарак медиҳад, ин зан дар давраи модаршоҳӣ зиндагӣ намуда, Малика мебошад ва ба хонаводаи ашрофзодагон тааллуқ дорад, яъне дар ҷомеа нуфузи баланд дошт.

Аз ҳафриёти Саразм бисёр маълумоти пурарзиш дар бораи тарзи зиндагӣ ва оинҳои мазҳабии бошандагони он ба даст омадаанд. Мардуми Саразми бостонӣ ба оташ, ки тимсоли Офтоб аст ва об - манбаи ҳаёт ибодат мекарданд. Аз ҳамин ҷост, ки ибодатгоҳҳои хоси оинҳои мазҳабии хешро сохтаанд. Дар Саразм якчанд ибодатгоҳ низ пайдо шуданд, ки аз ойину мазҳаби сокинони он шаҳодат медиҳанд. - Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа ва доирашакл, ки дар марказашон чуқурии на чандон амиқ барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст, ёфт шуданд. Яъне ҳанӯз аз охири ҳазораи чоруми қабл аз милод дар биноҳои маъмурии саразмиён нишонаҳои парастиш ва бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои асосии ойинҳои меҳрпарастӣ ва зардуштӣ гашт. Умуман, дар Саразм анъанаҳои хоҷагидорӣ, бадеӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфтанд.

Ёдгории Саразмро на фақат олимони ватаниву шӯравӣ, инчунин бостоншиносону антропологҳои хориҷӣ тадқиқ намудаанд. Умуман, таваҷҷуҳи бостоншиносони хориҷӣ аз давлатҳои Фаронса, Россия, Чин, Олмон, Амрико аҳамияти баланди ёдгории Саразмро нишон медиҳад.

Имрӯзҳо ба муносибати таҷлили 5500-солагии Саразм корҳои ободонӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар маҷмӯъ, бунёди 30 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони дарвоза, осорхонаи сеошёна, меҳмонхона, асфалтпӯш ва бо панҷараҳо иҳота намудани мамнӯъгоҳи Саразм ва дигар иншоотҳо бо сурати баланд идома ёфта истодаанд, ки ибтидои соли гузашта оғоз ёфтаанд.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил шудани ин ҷашн мояи худшиносӣ ва меҳанпарастӣ хоҳад гашт. Зеро дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразм, ҳифз кардану обод намудани ин ёдгории таърихиро вазифаи муҳими сокинони мамлакат дар назди таърих ва наслҳои оянда арзёбӣ намуданд.

Ҷӯрабек ИСОМИТДИНОВ,

мудири кафедраи Таърихи ватан ва

археологияи МДТ Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

СОДИРОТ – МУАРРИФГАРИ МУЛКИ ОФТОБРӮЯ

Эмомалӣ РАҲМОН: Ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда аҳамияти махсус дода, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истихроҷи маъдан, коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар бораи аҳамияти ҷиддӣ додан ба корҳои кишоварзӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, афзун гардонидани масоҳати майдони боғот ва ба ин монанд масъалаҳои марбут ба корҳои кишоварзӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми соли 2017 – уми хеш чунин қайд карда буданд: «Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард сомонии соли 2000 ба 21,3 миллиард сомонӣ расонида шуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст». Қаблан ҳам ва ҳоло низ оид ба васеъ намудани майдони кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти хоҷагии деҳқонӣ аз ҷониби Пешвои миллат борҳо гуфта шудааст.

Тавре аз рӯи маълумоти оморӣ аён гардид, дар нимаи аввали соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 626,5 гектар ниҳолҳои бисёрсола шинониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 29,4 фоиз кам мебошад. Бунёди боғҳои нав нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 32,7 фоиз кам, яъне 566,1 гектарро фаро гирифтааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 654 гектар ниҳоли мевагиҳои донакдор, дар 63,5 гектар ниҳоли мевагиҳои мағздор ва дар 4,6 гектар ниҳоли мевагиҳои субтропикӣ шинонида шудааст.

Чун мушоҳидаҳо собит месозанд, ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва ба ҳадаф расидани нақшаву барномаҳои таҳиягардида сол аз сол кулли соҳаҳо рушд ёфта, бо ҷонибдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон хазинаи буҷа ғанӣ гардида истодааст. Ва нисбат ба солҳои қаблӣ вазъи содироти мол, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ беҳтар гардида, номгӯи онҳо низ зиёд гардидааст. Дар ин бобат Пешвои маҳбуби миллат чунин ёдовар шудаанд: «Сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ояндаи наздик бояд ба се самти асосӣ - ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо равона гардад».

Агар чанд сол қабл вазъи содирот ва навъу сифати он беҳтар гардида, ба ин васила миқдори интиқол хуб ба роҳ монда шуда бошад, мутаассифона, солҳои охир фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулот ҷавобгӯи замон нест. Дар ин бобат дар Паёми Президенти мамлакат омадааст: «Ҳарчанд ки дар 11 моҳи соли 2018 содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,4 фоиз афзоиш ёфта, воридот 10 фоиз кам шудааст, вале ин нишондиҳанда моро қонеъ карда наметавонад, зеро ҳоло ҳам қисми зиёди маҳсулот бе коркарди ниҳоӣ содирот карда мешавад».

Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва мулоқот бо кишоварзон ва саноатчиён дар бораи афзун гардондани масоҳати боғот ва шинонидани навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, эҳёи боғҳои нав ва рушди фаъолияти корхонаҳои коркарди мева борҳо таъкид намудаанд. Айни замон дар аксар шаҳру ноҳияҳо корхона ва ё сехҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият мебаранд. Бунёди чунин коргоҳҳо имкон медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзӣ пурра дар кишвар коркард шуда, пасон содирот гардад.

Дар шаҳри Конибодом низ ду корхонаи коркарди мева фаъолият мебарад, ки чанд сол инҷониб бо коркарди мева ва содироти он ба хориҷи кишвар машғуланд. Яке аз он - ҶДММ «Канд» мебошад. Сарвари он Равшан Аҳмадов зимни пурсиш арз дошт, ки дувоздаҳ сол инҷониб фаъолият доранд ва асосан маҳсулотро тариқи шартнома аз бозори дохилӣ ва деҳқонон харидорӣ менамоянд. Меваҳои тару тоза, ба монанди зардолу, себ, олуча, нок ва ғайраҳоро аз бозор, марказҳои савдо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ харидорӣ намуда, пас аз коркард ба кишварҳои Федератсияи Россия ва Қазоқистон ирсол месозанд.

Равшан Аҳмадов соли 2016-умро беҳтарин сол медонад, зеро 67 фоизи маҳсулоти содиротии вилоятро ҳамин коргоҳ таъмин намудааст. Тавре вазъи обу ҳаво гоҳе дар фаслҳои сол ғайричашмдошт тағйир меёбад, самти кори мо низ баъзан мавофиқи матлаб иҷро намешавад. Соли ду ҳазору даҳум бо сабабҳои вазъи номусоиди замон ду вагон маҳсулот дар ҳаҷми 135 тонна аз Федератсияи Россия баргашт.

Солҳои нахустини фаъолият агар кор тариқи дастӣ иҷрои мегардид, алҳол коргоҳ бо дастгоҳҳои муосир таъмин буда, дар мавсими серкорӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ сафи кормандон зиёд мешавад. Пас аз қабули дархост аз Федератсияи Россия ва Қазоқистон маҳсулотро аз бозор ва ё хоҷагиҳои деҳқонӣ харидорӣ намуда, ба навъҳо ҷудо карда, пас аз коркард дар зарфҳои махсус содир мекунанд.

- Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки – мегӯяд Равшан Аҳмадов дар анҷоми суҳбат, - маҳсулоти аз деҳқон дастрасгардида сифати хуб дошта бошад ва коркард низ мувофиқи матлаб ба иҷро расад, зеро ҳар як моле, ки аз Тоҷикистон содирот мегардад, ин муаррифгари мулки офтобрӯяи мост.

Дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар пешбурди содирот муаррифӣ нагардидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва иштироки нокифоя дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ҷашни таърихии 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо туҳфаҳои арзанда истиқбол гирифта, ба ҳадафи чоруми мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар шарафёб гашта, дар намоиш ва озмунҳои байналмилалӣ ҳарчи бештар ширкат варзем.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ҒАМИ ЗИМИСТОНРО ИМРӮЗ МЕБОЯД ХӮРД

Тоҷикистон дар минтақаи иқлимаш гарму мусоид ҷойгир шудаасту аз намудҳои гуногуни мева саршор мебошад. Бунёди боғҳои нав ва барқарор намудани боғҳои кӯҳна ба мо имконият медиҳанд, ки дар кишварамон парвариши мева зиёд шуда, аз он истеҳсоли намудҳои гуногуни консерва васеъ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, мутахассисони соҳаи саноат бояд ба рушди фаъолияти истеҳсоли консерва диққати бештар диҳанд.

Дар урфият мегӯянд: «Ғами зимистонро дар баҳор мебояд хӯрд». Санавбар Собирова, сокини ноҳияи Ашт дар мавсими тобистон барои аҳли оилааш нӯшобаву шарбатҳо, мураббову қиёмҳои мевагию сабзавотиро ҳамасола захира менамояд. Азбаски дар ин ҷо бештари сокинон ба парвариши зардолу машғуланд, ҳам хушконидан ва ҳам омода намудани навъҳои гуногуни он барои ҳар як соҳибхоназан кори маъмулист. Дар ҳар хонадони ҷамоату деҳоти ноҳия занҳо бо омода намудани хуриш барои давраи зимистон сарукор доранд ва маҳсулоти заруриро бо тарзи гуногун захира мекунанд.

Сири захираи маводи хӯрок, пеш аз ҳама, барои боварии худи оила, хотирҷамъию фаровонӣ ва дастрасӣ ёфтани ҳар хонадон ба маҳсулоти серғизо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, самараноку мақсаднок истифода бурдани замин омили асосии фаровонии маҳсулот мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз ҳар сокини вилоят, аз ҷумла ноҳияи Ашт низ маданияти хуби истифодаи заминро амалӣ намуда, меваю сабзавоти заруриро барои рӯзгор истеҳсол ва захира мекунанд.

Фараҳноз Шокирова, сокини ноҳия гуфт: - Он маҳсулоте, ки барои хонаводаи мо зарур аст, дар замини наздиҳавлӣ, ки 25 сотиқ мебошад кишту парвариш менамоем. Маҳсулоти киштнамуда асосан помидору бодиринг, булғар ва мевагиҳо мебошанд. Баъди пухта расинани маҳсулот барои захира ҷамъоварӣ намуда, қисму шарбат ва хуришҳо омода мекунем.

Танҳо давоми ҳафт моҳи соли равон тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ беш аз 152 ҳазор тонна ғалла, 53 ҳазору 399 тонна картошка, 39 ҳазору 404 тонна пиёз, 92 ҳазор тонна сабзавот, 58 ҳазор тонна полезиҳо ва беш аз 85 ҳазор тонна мевагиҳо истеҳсол шудааст, ки ин ҳама аз нишондоди ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар 18 корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзии вилоят 8 миллиону 942 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулоти консервӣ истеҳсол намуданд, ки аз 104 фоиз боло рафтани суръати афзоиш гувоҳӣ медиҳад.

Бино ба иттилои Яқубзода Баҳодур Қурбон - сардори Корхонаи фаръии «Идораи хӯроквории вилояти Суғд» - соли гузашта дар вилоят 14 корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дошт ва дар ҷамъбасти соли 2019 ба миқдори 20 миллиону 350 қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол шуд. Корхонаҳое, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият надоштанд, корхонаи коркарди консервабарории шаҳри Конибодом ва комбинати консерваи шаҳри Исфара мебошанд, ки соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Бояд гуфт, ки дар соли ҷорӣ 17 корхонаи зертобеи идора фаъолият намуда, ба миқдори 18 миллиону 311 қутти шартӣ консерва якҷоя бо бахши соҳибкорони вилоят, ҳамчунин 10 086 ҳазор қуттии шартӣ аз тарафи корхонаҳои зертобеъ истеҳсол шудааст. Бояд зикр намуд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ворид намудани шарбатҳою афшураҳо ягон андози аксизӣ муқаррар нашудааст. Аз ин ҷиҳат метавонад, ки маҳсулоти хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бисёртар ворид гардад.

Тибқи маълумоти оморӣ, аз вилояти Суғд содироти меваи хушк 19,3 фоиз, меваи тару тоза 3,2 ва пиёз 24 фоиз назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее