August 2020

21 August 2020

ҶДММ “НОҲИД”: ҲАДАФ - ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ БОСИФАТУ РАҚОБАТПАЗИР

Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят даҳҳо иншооти хурду бузург бунёд ва ба истифода дода шуда истодааст. Дар ин самт аҳли саноатчиёни вилоят ҷаҳд доранд, то бештар корхонаҳои саноатӣ бунёд гарданду сокинон бо ҷойи корӣ таъмин шаванд.

Шаҳри Истаравшан низ яке аз шаҳрҳои саноатӣ ба шумор рафта, саноатчиён тайи солҳои охир ба нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолӣ ноил гардидаанд. Доир ба дастоварди соҳаи саноат муовини раиси шаҳр Толиб Олимҷонзода қайд кард, дар шаҳр 47 корхонаи саноатии истеҳсолии хурду калон фаъолият мебаранд. Ҳаҷми истеҳсоли саноат 102 фоиз таъмин шудааст. Алҳол дар ҶДММ «Адл» истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона, ҶДММ «Автошина» истеҳсоли маҳсулот аз пластмасса, ки наздик 30 намуд ашёи рӯзгорро истеҳсол мекунад, ба роҳ монда шудааст. Корхонаи «Авангард – 2013» ба истеҳсоли равғанҳои молиданӣ барои воситаҳои нақлиёт машғул буда, дар ҳаҷми 750 грамм, 1 ва 5 литр бо сифати баланди бандубаст истеҳсол карда мешавад. Корхонаи ҶДММ «Покиза – 2013» ба истеҳсоли равғани растанӣ махсус гардонида шудааст, - гуфт Толиб Олимҷонзода.

Боиси қайд аст, ки дар шаҳр соли 1997 аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Мумин Фозилов Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ноҳид», ки ширкати саноатӣ - истеҳсоли маҳсулотҳои трикотаҷӣ аст, ташкил шудааст.

Дар аввали ташкилшавӣ дар ширкат ҳамагӣ 6 нафар коргар кор ва фаъолият мекарданд. Ҳоло ин муассиса ба яке аз корхонаҳои саноатии пешқадами истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гашта, айни ҳол зиёда за 50 нафар фаъолият доранд. Корхона бо таҷҳизоти пешқадами истеҳсоли Олмон, Чин ва Чехия муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба корҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ ва рангубор машғул мебошад.

- Дар корхона коркарди пурраи риштаи пахтагин ба роҳ монда шуда, либосҳои мардона, бачагона ва занона, аз қабили тагпӯши мардона, майка, футболкаҳои бачагона истеҳсол мегарданд. Маҳсулот 100 фисад аз пахтаи табиӣ истеҳсол мешавад. Бояд қайд намуд, ки ашёи хоми истифодашаванда пурра аз дохили кишвар харидорӣ шуда, дар худи корхона коркард мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол зиёда аз 100 ҳазор дона мебошад. Дар маркази шаҳр мағозаи фурӯши маҳсулоти корхона ба роҳ монда шудааст, - афзуд Толиб Олимҷонзода.

Тибқи маълумоти оморӣ, нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона дар нимсолаи якуми соли 2020 ба 987,1 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 396,4 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин ки 167,1 фоиз аст.

Маҳсулоти коргоҳ асосан ба содирот нигаронида шуда, бо давлатҳои Россия ва Белорусия шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар нимсолаи якуми соли 2020 ба маблағи 379,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти тайёр содирот шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170,2 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар соли 2018 дар арафаи рӯзи Ваҳдат аз тарафи ҶДММ «Ноҳид» ва ташкилоти ҷамъиятии Хазинаи рушди ҷомеа дар якҷоягӣ бо маркази рушди маъюбон дар бинои Маркази хизматрасонии «Фаровон» коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 45 ҷойи нави корӣ ба роҳ монда шуд, ки зиёда аз 25 нафар шахсони дорои маъюбият кор мекунанд. Ин иншоот бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намуда ҳоло фаъолият дорад.

Боиси қайд аст, ки тӯли шаш моҳ ба занони маъюбиятдошта муоширати имову ишора омӯзонида шуд, зеро на ҳар нафари онҳо дар курсҳои омӯзишӣ таҳсил карда буданд. Ҳадаф аз омӯзиши муоширати имову ишора ин муноисибат бо атрофиён, изҳори ақида ва азхуд кардани касби дӯзандагӣ аст. Ҳоло 16 нафар чунин зану духтарон ба пуррагӣ бо кор фаро гирифта шудаанд.

- Дар аввали фаъолият 30 нафар зани маъюб буданд, вале 5 - 6 нафар дӯзандагиро тамоман азхуд карда натавонистанд. 5 нафари дигар бошанд, соҳиби оила шуданд. Вақте бори аввал бо чунин занону духтаракон рӯ ба рӯ шудам, гумон доштам, ки онҳо қобилияти коромӯзиро надоранд ва вақт беҳуда сарф мешавад. Дарвоқеъ, тарзи муошират ва коромӯзӣ бо ашхосе, ки сухан гуфта наметавонанду қобилияти шунавоиву гуфторашон суст аст, машаққати зиёдеро талаб кард. Танҳо бо кӯмаки мутахассиси муоширати имову ишора тавонистем, ба онҳо дӯзандагиро омӯзонем. Барои худро дар байни ҷамъият эҳсос кардани онон мо тасмим гирифтем, ки баробари онҳо занони солим низ ба ҳунаромӯзӣ ҷалб шаванд. Имрӯз, хушбахтона, ба натиҷаи дилхоҳ расидем, зеро занони мо нисбат ба ҳунари дӯзандагӣ шавқу рағбати беандоза доранд. Онҳо дар як моҳ 1500 сомонӣ маош мегиранд, - мегӯяд сардори сехи дӯзандагии «Ноҳид» Баҳодур Қулиев.

- Соли равон бо сабаби паҳншавии бемории COVID - 19 роҳбарияти корхона иқдом гирифт, барои пешгирии ин беморӣ истеҳсоли ниқобро ба роҳ монда, зиёда аз 65 ҳазор дона ниқоб истеҳсол намуд, ки аз ин ба Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан ба миқдори 2000 дона ниқоби яккарата барои пешгирии ин беморӣ ва ба маблағи 3000 сомонӣ ҳамчун кӯмаки хайриявӣ дастрас намудааст, - гуфт Толиб Олимҷонзода.

Роҳбарияти корхона ба мушкилиҳои бамиёномада нигоҳ накарда, тибқи риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, фаъолияти корхонаро ба роҳ монда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро зиёд намуда истодааст ва нишондиҳандаҳои иктисодии он гуфтаҳои болоиро тасдиқ менамоянд.

Танҳо давоми панҷ моҳи соли равон 3 корхонаи хурди истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ «Кафшгар», ки ба истеҳсоли пойафзол машғул аст, инчунин ҶДММ «Нурпак», ки истеҳсоли халтаҳои полипротиленӣ ва ҶДММ «Наврӯзи ҷаҳон», ки истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашиканро ба роҳ мондааст, таъсис дода шуд. Дар баробари ин аз ҷониби се нафар соҳибкори инфиродӣ сеху коргоҳҳои дӯзандагӣ таъсис дода шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра 60 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Масъулин ба он кӯшиш доранд, ки татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакатро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, минбаъд низ баҳри амалишавии нақша ва вазифаҳои дарпешистода тамоми нерӯ ва қувваи худро сафарбар созанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

 

Читать далее

20 August 2020

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуданд

Нимаи дуюми рӯзи 19 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарм ва самимияти хосаи мардуми заҳматпешаву меҳмондӯсти ин диёри зебо изҳори сипос намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат дар бораи ифтитоҳи яқ қатор иншооти муҳим ва оғози корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот суханронӣ карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳоро аз вусъати бомароми корҳои ободониву бунёдкорӣ ба хотири истиқболи шоистаи ҷашни муқаддасу бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ маънидод намуданд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи муосири «Чорчаман Хилс»-ро дар Истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и ноҳияи Дарвоз ифтитоҳ намуданд

Баъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаби Президентӣ дар  ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи «Чорчаман» бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд.

Сокинони минтақаи наздисарҳадии кишвари ҳамсоя Пешвои миллатро ба ноҳияи Дарвоз самимона хайрамақдам гуфта, барои имкони дидору мулоқот изҳори сипоси беандоза карданд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз ба сохтмони Мактаби Президентӣ санги асос гузоштанд

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби Президентӣ оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои Мактаби Президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот аз се ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар Мактаби Президентии ноҳияи Дарвоз тамоми шароиту имконоти муосири таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба ятимону бепарасторон туҳфаҳо тақдим намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин кӯдакону наврасони бо амри тақдир аз меҳри гарми волидайн маҳруммондаро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло орзу карданд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард дар ноҳияи Дарвоз боздид намуданд

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард ташриф оварда, бо шароити хизмат дар қисми низомӣ шинос шуданд.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозони қисми низомии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳвол ва имкониятҳои хизматии аскарӣ пурсон шуданд.

Таъкид гардид, ки адои хизмати Модар-Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмард буда, бо истифода аз имконоти мусоиди фароҳамовардашуда ин масъулиятро бояд иҷро кард.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон дар мавзеи Дашти Лучи ноҳияи Дарвоз санги асос гузоштанд

Дар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон санги асос гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати Дашти Луч бештар аз 500 гектарро дар бар гирифта, қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, канали мазкур ба шакли худҷореъ фаъолият хоҳад кард.

Читать далее

ИБРАТИ ОҚИЛОНА (чанд андеша перомуни рӯйдодҳои охири Беларус ва вокунишҳо ба он)

 

 

 

Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест,
Дар боғ лола рӯяду дар шӯрабум хас.

Воқеаҳое, ки имрӯз дар кишвари ба мо дӯст Ҷумҳурии Беларус мегузаранд (норизоиятӣ ва тазоҳуроти мухолифон пас аз эълони пирӯзии Александр Лукашенко дар интихоботи президентӣ), мавриди таваҷҷуҳи махсуси натанҳо минтақа, балки ҷаҳон қарор доранд. Зеро фарҷом ва натиҷаҳои ин воқеаҳо барои ҳамаи бозигарони асосии сиёсати ҷаҳонӣ басо муҳимманд.

Читать далее

ҲАДАФ: БЕҲТАР НАМУДАНИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Тибқи нақшаи фаъолияти филиали МД “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Суғд бо иштироки омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф – намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони кабинетҳои  методӣ, мушовирони фаннӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва омӯзгорони пешқадаму навовар аз  шаҳру ноҳияҳои вилоят дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-уми  шаҳри Хуҷанд семинари вилоятии дастурдиҳӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Латофат Қаҳҳор, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосимӣ иштирок намуданд. 

Чорабиниро директори филиали Донишкада Муҳаммад Исомаддинзода ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба моҳият ва ҳадафҳои баргузории ҳамоиши мазкур ва ҳамкориҳои филиали Донишкада бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти такмили малакаи касбии кормандони соҳа ибрози андеша намуд.    

Таъкид гардид, ки аҳли маорифи вилоят минбаъд низ фаъолияти худро дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, иҷроиши босифати барномаю нақшаҳои таълимӣ, татбиқи саривақтии қарору фармоишҳо, дастуру супоришҳои  марбут ба соҳа ташкилу равона месозанд.

Баъдан кори семинар дар доираи номгӯи мавзӯъҳои намунавӣ барои бахшҳои машварати августии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли хониши нави 2020-2021 дар 18 бахш ҷараён гирифт. Маҷмӯан, дар кори бахшҳо зиёда аз сад маърӯза доир ба масъалаҳои мубрами назария, амалия ва методикаи таълиму тадриси фанҳо, омӯзиши забонҳо, технологияи иттилоотӣ, таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ), фаъолияти равоншинос, китобдорӣ, идоракунии раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва монанди инҳо бо истифода аз маводи аёнӣ ва васоити техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шавкат Рустамов,

муовини директор оид ба илм ва инноватсия

Читать далее

Баланд аст аз фалак шони муаллим….

Дар давраи оғози соли нави хониш омӯзгори собиқадор Бердиев Раҳимбердӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-уми деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Зафаробод аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ҳизбиёни ноҳияи Зафаробод аёдат шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Раҳимбердӣ Бердиев собиқаи кории 55- сола дошта, тайи ин солҳо ба тарбияи пурмаҳсули  насли наврас машғул гардидааст. Баъди ба нафақа баромадан низ ба парвариши замбӯри асал  шуғл варзида, дар таъмини рузгор саҳм мегузорад. Устод аз касби интихобкарда  ва собиқаи кории худ сарфароз ва ифтихорманд аст.  

Маркази иттилоотии КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Зафаробод

Читать далее