August 2020

20 August 2020

Муборизаи дастҷамъона бар зидди паймони Кабирӣ

Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтаву зиёда аз сад таъриф барои мушаххас намудани он аз ҷониби олимон пешниҳод шудааст, мафҳуми экстремизм ва терроризм мебошад. Аз ҷумла, ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Моджорян мегӯяд, ки терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон равона карда мешавад.

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро боваркунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Мутаассифона, тайи чандин соли охир терроризму ифратгароӣ дар ҷомеаи башарӣ рушд намуда,  кишварҳоеро ба монандӣ Ироқу Сурия ба гирдоби ҳалокатбори худ дохил намуд, ки акнун ба ҷойи шаҳру деҳоти обод харобазору вайронаҳо боқӣ мондаанду халос. Мутаассифона, шаҳрвандони мо низ дар анҷом додани амалҳои терорристии кишварҳои Ироқу Сурия иштирок намуданду бархе аз онҳо қурбони чунин саҳнаҳо гардидаанд, ки боиси таассуф аст. Ҳизбу ҳаракатҳои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар чомеа мехисобанд. Ба ин мисол шуда метавонад  тақрибан бист созмону ҷунбиш, аз ҷумла “Ҳизби таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”, “Ҷамоаи Таблиғ”, “Тоҷикистони Озод”, “Салафия”, “Гуруҳи 24”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ут-нусра” ва “Ҳизби наҳзати ислом” ва “Паймони милли”-ро ба ҳайси созмонҳои террористиву ифротӣ шинохта шудаанд.

Фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистии зерин аз тарафи давлат манъ карда шуда, хушбахтона таҳти назорати қатъии қонун қарор дорад. Наҳзатиёни ифротӣ, ки аз шикасти худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд нагардида, роҳ сӯи Аврупо гирифтаанд, имрӯз мехоҳанд дар созмонҳои ҷаҳонӣ оид ба ченаки инсонӣ аз ҳадафҳои ғаразноки худ ҳифз кунанд. Чихеле ки шоир мегуяд «Бирав аз гузаштаи рӯзгор баҳра бигир». Муҳиддин Кабирӣ аз саргузашти бадбахтонаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, имрӯз боз роҳи террору экстремизмро пеша намудааст.  Ташкилоти экстремистӣ – террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» бо сафарбарии намояндагони худ ба шаҳрҳои Аврупо, мехоҳад симои сохти конститутсионии Тоҷикистонро дар назди оламиён бадном созад. Ин ҳам як бозии навбатии наҳзатиён аст, ки мехоҳанд дар амалигардии мақсаду ҳадафҳои хоҷагони хориҷиашон нақши худро гузоранд. Ҳар як наҳзатӣ, ки имрӯз ба сӯи зодгоҳи худ санг мепартояд ва ба бадном намудани миллати тоҷик машғул мебошад, то ҳол дарки он накардааст, ки баръакс ӯ худ ва авлоди худро ба доми бадбахтӣ гирифтор сохта истодааст. Зеро фардо баҳри пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа насли ояндаи чунин авлод ҷиҳати манфӣ муаррифӣ гардида, ҳамчун зодаи оилаи хоинҳо шинохта мешавад.

Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишварро зарур аст, ки барои хунсо сохтани мақсадҳои наҳзатиён сарҷаъмона мубориза бурда, ниқоби аслии наҳзатиро ба аҳли зиёи олам нишон диҳанд. Ҷавонон, ки пешбарандагони ояндаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд,  дар раванди фош сохтани ҳадафҳои аслии наҳзатиён иштирок намуда, ҳиссагузори таъмини устувории сохти конститутсионӣ бошанд.

Мирзоҷонова М. Қ. – н.и.ф., дотсент, мудири

кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

Читать далее

Баҳри пойдории сулҳу субот саҳмгузор бошем

Инак, қариб 30 сол мешавад, ки мардуми кишварамон рӯзи Истиқлолияти давлатиро чун ҷашни азизтарин истиқбол мегиранд, барои баргузории ин ҷашн омодагӣ мебинанд. Барои насли Истиқлолият анъана шудааст, ки бо сипарӣ гаштани як сол бурду бохтҳояшро маҳз дар ҳамин рӯз ҳисобгирӣ намояд, нақшаҳои ояндаашро тарҳрезӣ намояд. Агар муваффақиятҳои зиёд насибаш шуд бошад, барои соли оянда нақшаву тадбирҳои бо ҳам хубтареро тарҳрезӣ созад ва барои амалӣ кардани онҳо меҳнат кунад, то муваффақ бошад.

Ҳамагон шоҳиди  онем, ки солҳои охир мардуми шаҳру деҳоти кишвар аз пайи ободиву бунёдкориҳост. Бархе хонаву дари худро ободу зебо менамоянду барои ободии маҳаллаву деҳа, шаҳраку шаҳр ба ҳадди тавоноӣ саҳми худро мегузоранд. Бархеи дигар барои рушду нумӯ бахшидани иқтисоди кишвар бо таъсиси корхонаҳои хурду бузурги гуногун  ва соҳибкорӣ талош доранд...

Ҳар яки мо, шаҳрвандони сарзаминамон бояд донем, ки насли наврас нисбат ба ояндаи худ аз Ватан, аз мо умедворанд. Барои ин мо бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагӣ дар шароите, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад,  диққати бештар диҳем, бо садоқат ба ормонҳои миллӣ ва бо умед ба ояндаи нек баҳри пешрафту шукуфоии Ватан кӯшем.

Имрӯз мафкураи мардумӣ тоҷик мисли солҳои навадӯм нест, ки фирефтаи қувваҳои берунӣ ва ё бархе аз хоинони миллат шавад. Тоҷикистон ҳоло давлатест, ки ҳамчун давлати намуна бо тарғиби сулҳу ваҳдат ва зиндагии осоишта роҳ ба сӯи ояндаи воқеан дурахшон дорад...  Аммо қувваҳои берунӣ бо истифода аз нерӯҳои худии аз худ ноогоҳи кишвари мо, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, талош доранд ин ҳама дастовардҳои таърихии моро барҳам зананд. Дастовардҳои наздик сисолаи моро баъзе нотавонбинон бо чашми бухлу ҳасад менигаранд ва намеандешанд, ки бо чунин рафтори ноҷавон мардона  ба Ватан хиёнат мекунанд.

Тоҷикистони мо бар асоси сулҳ, ваҳдат, дӯстиву бародарӣ, ободиву созандагӣ, адолату волоияти қонун, эҳтироми шаъну шараф, хештаншиносиву меҳанпарварӣ пояи давлатро устувор гардонида, дар марҳилаи рушд аст. Имрӯз тоҷикистониён иттиҳоди бузургу сарҷамъанд, ҳеҷ қуввае наметавонад ин ваҳдатро халалдор созад. 

Ба ҷои баҳри ободии Ватан саҳм гузоштан аз дур истода, сангандозӣ кардани бархе ҳамватанонамон амалест нобахшиданӣ.

Мо бо шиори “Тоҷикистон, ба пеш!” дар тамоми соҳа кишварамонро марҳила ба марҳила ба пеш бурда истодаем ва мувофиқи имкониятҳоямон ободкориву созандагиро пеша намудаем, то кӣ будани худро ба ҷаҳониён нишон диҳем. Довари имрӯзу фардоямон таърих аст. Кӯшиш ба он дорем, то  саодату иқболи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ваҳдату якпорчагӣ пояндаву ҷовидон бошад.

Ирода ИГАМОВА,

узви ҲХДТ, омӯзгори коллеҷи

омӯзгории ноҳияи Зафаробод

Читать далее

Падидаи номатлуб амнияти ҷомеа

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии он тамоми усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро амалӣ менамоянд.

Дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва паҷӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд.

Дар ин радиф созмонҳои ифротгароию террористӣ ҳамчун омили хатарноки ҷомеаи башарӣ мебошанд. Дар байни созмон ва ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз амалҳои террористӣ рӯ намегардонанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, мубориза бо ин зуҳурот ва пешгирии онро дар мадди аввал гузошта аст.

Воқеан таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Имрӯз ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба виҷа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои  таблиғи ақидаҳои тундгароёна моҳирона истифода мешаванд.

Имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол ёфта, ҳадафашон халалдор кардани вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеа аст.

Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Бахусус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафат доранд, бояд дар иттиҳод қарор бигиранд.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, алалхусус ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби бадномии авлоди хеш мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

М.МУСЛИМОВ,

ҳуқуқшиноси Бюрои давлатии ҳуқуқӣ

дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 

 

 

Читать далее

Лаънат ба ватанфурӯшон

 

 

 

Дар шароити ҷаҳонишавии хоҷагии халқ кишвари соҳибистиқлоламон рӯз аз рӯз рушд намуда дар арсаи ҷаҳонӣ ба қатори мамлакатҳои мутарақӣ дохил шуда истодааст. Таҳлилҳои иқтисодии солонаи ҷумҳур шаҳодат медиҳад, ки дар тамоми самтҳои мамлакат ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст, намоён аст.

Вале, таассуфи зиёд, ки имрӯз ин пешравию музаффариятҳо на ба ҳама писанд аст. Аз ҷумла, барои як қисми онҳое, ки солҳо дур аз Тоҷикистон қарор доранд, ё ин ки нону намаки мардуми тоҷикро хурда истода дар дохили мамлакат баъзе курнамакҳо ҳастанд сулҳу оромии кишвари мо ба онҳо мақбул нест.

Ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” объекти аз зумраи чунин инсонҳои каҷрафтор ва ватанфурӯш мебошад. Ташкилоти номбурда, ки ҳоло зидди сулҳу субот ва оромии кишвар аст, ва мавқеи худро дар дохили иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ пайдо кардааст. Ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” ба муқобили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада, онҳо чашми пешравиҳои кишварро намебинад, танҳо ягона коре, ки метавонад анҷом диҳанд, зери танқид қарор додани ин ё он шохаи ҳокимият ё роҳбарияти кишвар мебошад. Онҳо гӯё ғамхори мардуми тоҷик худро намоиш дода, ба онҳо зарбаҳои маънавии худро ҳар соат, ҳар дақиқа расонида меистанд.

Таъкид ҷоиз аст, ки дар тафаккури тарафдорони ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” баромаду гуфтаҳое, ки барнафъи миллат ва бақои он бошад, мавҷуд нест. Онҳо дар ҷомеа чун ҳашаротҳоли музӣ (паразитҳо) дар сиришти миллатанд, ки аз роҳи фиреб барои касби эътибори кизб ва бақои худ мехоҳанд аз огоҳии миллӣ сӯйистифодаҳое барои пойдории худ дошта бошанд.

Таърих меомӯзад, ки ҳисси баландпарвозӣ, ҷоҳталабӣ, бартарихоҳӣ, фахрфурӯшӣ, поймол кардани ҳаққу ҳуқуқи дигарон, таҷовуз ба ҳуввияти фардӣ ва амсоли ин навъ андешаҳои вайронгарии иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ ҳаргиз пешрафтро ба ҳамроҳ надоштааст.

Агар ҳар як шаҳрванди кишварамон бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқатамон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор бошем, ба тинҷу осудагии давлати хеш ҳеч кас наметавонад таъсири манфӣ расонад.

Ҳайитбоева Н.А. дотсенти кафедраи

иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее

Нафрат ба наҳзат

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкорифу офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

Ободшавии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу нерӯгоҳҳо, роҳҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида, ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад. Дар баробари чунин пешравиву бурдбориҳо ёфт мешаванд ашхосе, ки чунин пешравиҳои миллатро чашми дидан надошта бо нақшаҳои бадхоҳонаи худ мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик боз воқеаҳои солҳои 90 – умро такрор намоянд. Яке аз чунин гуруҳ ТТЭ ҲНИ мебошад, ки шурӯъ аз оғоз фаъолияти пасипардагии худро оғоз намуда барои бадбахт намудани миллати тоҷик амал намудааст. Баъд аз манъ намудани фаъолияти ин ташкилот ва эълон гардидани ташкилоти эктремистию террористӣ роҳи хориҷаро пеша намуданд.

Айни ҳол дар камини хоҷагонихуд бо кайфу сафо зиндагонӣ доранд ва нисбати сиёсати давлату ҳукумат гапҳои подарҳаво мезананд. Ин ҳама курнамакии хоинон дарак медиҳад, ки ба қалри Ватан, модар, миллату сарзамини зеш намерасанд. Аз худ қаҳрамон, муҳоҷир, мухолиф ва мусичаи бегуноҳро сохтанӣ мешаванд. Лек онҳо на ну на он, балки хоин ҳастанд. Мо ҷавононро зарур аст, то ба чунин хоинони миллат имконият надиҳем озодона муқобили давлату ҳукумат сухангӯӣ кунанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати онҳо вокунишҳои саривақтӣ нишон диҳем. Рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоем.

Некрӯз Азизӣ -
устоди донишгоҳи ДДХ

Читать далее

ТТЭ ҲНИ ва таъсири манфии он ба ҷомеа!

 

 

 

Ҳизби ифротии наҳзат  4-уми декабри соли 1991 ташкил шудааст, роҳбари он Саид Абдуллои Нурӣ ҳисоб мешуд. Ин ҳизб дар оташ занонидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки дар он ҳазорон одамон қурбон шуданд, нақши калоне бозидааст ва сарвари мухолифин, ки бар зидди давлати қонунӣ меҷангид, аъзои ҳамин ҳизб буданд. Солҳои 1992 - 1997  Ҳизби наҳзат дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ, аз нав ба қайд гирифта шуда буд.

Дар солҳои истиқлолият даҳҳо ҷунбишу ҳизбҳои калону хурд пайдо шуданд, ки ҷанбаи динӣ доштанд. Таъсири дин ба сиёсат пурзӯр гашт. Аммо мутаассифона, ин таъсир на ба баҳри таъмини якпорчагии Тоҷикистон, рушду равнақи он ва беҳбудии ҳаёти халқ равона шуда буд, балки баръакс ба тафриқа ва ҷудоиандозӣ, ба тундгароию экстремизм, кӯшишҳои зӯран ғасб намудани ҳокимият, равона шуда буд.

Мутаасифона солҳои охир аъзоёни ТТЭ ҲНИ теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.

Дар ҳақиқат имрӯз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, аъзову пайравони он ҳатто оддитарин меҳру шафқат ва арзишҳои инсониро поймол карда, бо истифода аз номи дини мубини ислом бар зидди дин ҷанг эълон кардаанд.

Ҳамин тариқ, пешвоён ва аъзои ҲНИ аз номи дини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кӯшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд. Ҳукумати Тоҷикистон ба дину эътиқодҳои мардум бо эҳтиром ва некбинона назар мекунад, он аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла диндорон ватандӯстию ватандорӣ, меҳнат намудан баҳри рушду ривоҷи кишвар, некбину таҳаммулпазир буданро таманно менамояд.

Ш.Негматова,

омӯзгори ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее

Мубориза бар зидди экстремизм

Тухмиқотилон, ки номи террористу экстремист доранд, рӯз аз рӯз аз маҳалла то маҳаллае дар сарзамини Ироқу Шом пок шудаву яқин аст, ки дар ҳолати нестшавист.

Аз онҳо танҳо асаре монда истодааст, ки каллаҳо дар зери хоку саллаҳо дар рӯйи хок паҳну парешон, ҳатто ин саллаҳо кафан ҳам намешаванд. Муассисони ин театри иғвоангез рӯзе дар пеши ҳам халқ ва ҳам Худо ҳарф ба ҳарф ҷавоб хоҳанд гуфт. Пас шаҳрвандони моро низ зарур аст, ки аз ин фоҷиаҳо огоҳ бошанд, дар тарбияи фарзандони худ бемасъулиятӣ зоҳир накунанд, ҳар гуна амалҳои номатлубро дар байни онҳо пешгирӣ карда, нагузоранд, ки фарзандонашон ҳадафи фиреби ифротгароён қарор бигиранд ва фарзандони худро дар руҳяи ватандӯстиву инсонгарӣ ва худогоҳиву хештаншиносу тарбия намоянд.

Ватани худро азиз донанд ва хизмати модар падари худро ба ҷо биёранд. Зеро ҳеҷ як хоҷа ё «оғоҷун» намехоҳад хушбини ҷомеаи орому осоиштаи мо бошад. Ба миллати ҳамеша сулҳхоҳу сулҳпарвару сулҳофарини мо кирдорҳои ба сари кас ханҷар кашидану моли мардум хӯрдан зебанда набуду нест. Бо боварии комил метавон гуфт, ки халқи шарафманди тоҷик имрӯз хуб дарк кардааст, ки терроризму экстремизм падидаҳои номатлуб барои ҷомеа буда, мубориза бурдан бо онҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандии онҳост. Пас месазад дар ин замина иброз дошт, ки халқи тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни терроризму экстремизм ба ормонҳои гузашта ва ҳадафҳои олии мамлакати хеш мерасанд!

Содиқов М.,
 
сармуаллими ДДХ

Читать далее

Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст.

Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Аз ин рӯ, маълум гашт, ки яке аз ҳадафи асосии ПМТ – ин зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон ба ҳисоб меравад.

Моҳияти терроризм – ин тарсонидан ва ба воҳима андохтани рақибони сиёси ва дигар муқобилон мебошад. Хусусияти  асосии терроризм ин ба даҳшат овардан ва бесару сомон кардан, тарсонидан ва  ба роҳгуми бурдани тарафи муқобил мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бурдан бо терроризм ва ба ҷавобгарии ҷинои кашидани террористон ва ҷинояткорони хусусияти террористи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16.11.1999 сол қабул гардидааст.

Дар қонуни мазкур дар моддаҳои 3 ва 4 мафҳумҳои асоси оварда шудаанд, ки дар он ба мафҳуми терроризм чунин тариф дода шудааст:

Воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Ҷӯраев Ф. – н.и.и., дотсенти кафедраи

иқтисодиёт корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

Читать далее

ҲИФЗИ АМНИЯТ – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ

Таърихи Тоҷикистон исбот намуд, ки бе таъмини суботу амният дар ҷомеа наметавон ба пешрафту муваффақиятҳо ноил гардид. Дар аввалин рӯзҳои истиқлолияти давлатӣ набудани амнияту тартибот ва ҷангу низоъҳои сиёсӣ тавонист кишвари тоҷиконро боз ба даҳсолаҳо аз пешравиҳо боз дораду тамоми механизми идоракуниро аз кор бозмононад. Аз ҳамин нуқтаи назар масъалаи суботи сиёсӣ яке аз масъалаи умдатарини давлатҳои муосир ба ҳисоб рафта, таъмини амният ба пешрафти ояндаи он таъсири бевосита дорад.  

Масъалаи амният барои ҳама гуна кишвар аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб меёбад, ки бидуни он ноил шудан ба муваффақияти рӯзафзуни замони хеш ва баромадан аз ҳама гуна мушкилӣ ғайриимкон мебошад. Аз давраҳои пеш мавҷуд будани артиш дар қавму қабилаҳои алоҳида ва дар давлатҳои гуногун аз ҷумлаи масъалаи амниятӣ ба шумор мерафт. Дар асри мо низ артиши ҳар кишварҳои алоҳида дар масъалаи амният яке аз вазифаҳои муҳимро иҷро намуда, нишондиҳандаи иқтидории ҳарбии ин ё он давлат мебошад. Имрӯз ҳимояткунандаи амнияти давлат танҳо артиш набуда, ҳар як шаҳрвандон дар навбати худ метавонанд дар таъмини суботу амнияти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Зеро хатарҳои замони муосир танҳо ҳуҷумҳои артишӣ набуда, балки бо роҳи идеологияҳои бегона ва иттилоот низ сурат гирифта истодааст.

Ҳоло мо дар як шароити ҳассосу тағйирёбанда қарор дорем, ки ҳамарӯза воқеаҳои сиёсӣ ба худ тобиши нав пайдо менамояд. ҳар як кишвар кӯшиш дорад, ки  дар ин вазъият бо тамоми қувваи зеҳниву иқтидори иқтисодияш баҳри ҳимояи амнияти миллӣ, таъмини озуқавории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, беҳбудии ҳаёти солими мардум ва амсоли инҳо ҷидду талош намояд. Солҳои охир таъсири васоити ахбори омма  ба амнияти кишварҳои муайян ва ба ҷомеаи кунунӣ хеле назаррас арзёбӣ мешавад, ки онро ҷанги иттилоотӣ низ меноманд. Имрӯз маълумот барои бештари мардум сарчашмаи инъикоскунандаи воқеъият гардидааст, ки ҳама гуна маълумоти бардурӯғ метавонад ба амнияти кишвар таъсири амиқ расонад. Мутаассифона, тавассути шабакаҳои интернетӣ душманони давлат ҳамарӯза ҳар гуна дурӯғу бӯҳтонҳоро нисбати Тоҷикистон паҳн намуда, натанҳо обруву эътибори кишварро паст зада истодаанд, балки бо он маводи таблиғотӣ барои ҷавонони аз ҷиҳати сиёсӣ ноогоҳ таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, ҷавононро лозим меояд, ки донишу маърифати сиёсии худро баланд бардошта, ба доми фиреби чунин гурӯҳҳо наафтанд.

Мо, дар он марҳалаи таърихие қарор дорем, ки ин Ватан бештар ба ҷавонони худшиносу худогоҳ, созандаву бунёдкор ниёз дорад. Дар татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ маҳз саҳми шаҳрвандони худшиносу ватандӯст лозим аст то ба қадри нерӯву тавоноии хеш дар амалӣ гардидани онҳо саҳмгузорӣ намоянд. Дар ин ҷода хизмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург буда, созандагиву ободкории Тоҷикистон намунаи ибрат мебошад. Президенти кишвар шахсияти таърихие мебошанд, ки ба ваъдаҳои худ вафо намуда, кишвари ҷангзадаро ба як давлати амну ором табдил доданд. Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар муаррифӣ намуданд.

Бидуни суботи сиёсӣ таъмин ва амалӣ намудани дигар манфиатҳои давлатӣ ғайриимкон ва ба даст оварданаш аз назари воқеъбинона номумкин аст. Дар оянда низ  дар роҳи таъмини рушди устувории ҳар як миллату давлат ва ҷомеа суботу амният аз ҳама масъалаи муҳим буд, ҳаст ва хоҳад монд. Аз ҳамин нуқтаи назар барои пешрафту мувафаққияти давлати Тоҷикистон низ таъмини амнияти миллии кишвар басо муҳим ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи натанҳо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар яки мо ҷавонони кишвар мебошад.

Шӯҳрат Саидзода,

устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

 

 

Читать далее

19 August 2020

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ифтитоҳи Корхонаи микрокалсит дар ноҳияи Дарвоз

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Сафари кории Пешвои миллат аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз Сарвари давлатро роҳбарият ва фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.

Читать далее