August 2020

19 August 2020

ҶСП “НОРД АЗИЯ МЕТАЛЛ”: РОҲ СӮИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ

Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар роҳи рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу илму маърифат василаи созандагиву таҳкимбахшӣ дошта, саҳифаҳои таърихии миллату давлатро басо рангин менамояд.

Дар ҷумҳурӣ роҳи меҳнат, иқдому заҳмат, ташаббусу масъулиятро нуктаҳои Паёми нуру зиёбахши Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат мунаввар намуда, заминаи боэътимод бахшидаанд. Ҳақиқати воқеиро дар ташаббус ва ҳадафи наву навбатӣ, яъне роҳ ба сӯи рушди соҳаи саноати миллиамон равшану пурра метавонем бубинем.

Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат дар ҷанбаи Паёми нусратбор, неъматбахш ва бунёдиашон махсус таъкид намуданд: “...бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоем, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад”. Иқдоми мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ буда, дар бобати аз давлати аграрӣ- индустриалӣ ба мамлакати индустриалӣ-аграрӣ табдил додани кишвари мо мақоми бузург дорад. Пешвои маҳбубамон пешниҳод намуданд, ки барои расидан ба ин мақсад бояд амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор гирифта, самаранокӣ ва сифати онҳо таъмин шаванд.

Ҷавобан ба ин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ва дар шаҳру ноҳияҳои он раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти миллӣ, бо василаи ифтитоҳи корхонаҳои нави калону хурди саноатӣ хуб ба роҳ монда шуда истодааст.

Ин буд, ки соли 2016, яъне ҷашни бузурги 25 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бо дастовардҳову бунёди иншооти беҳтарин, аз ҷумла сохта, ба истифода додани коргоҳҳои нави саноатӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Бахшида ба ин ҷашни бошукӯҳ як қатор иншооти ҷашнӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин радиф дар ноҳияи Спитамен коргоҳи нави саноатӣ – хатти истеҳсоли қубурҳои металлии гуногунҳаҷм ба фаъолият шуруъ кард. Ба кор оғоз кардани ин коргоҳ на танҳо дар ҳаёти мардуми ноҳия, балки дар тамоми ҷумҳурӣ рӯйдоди фараҳбахш маҳсуб меёбад.

Корхона асосан ба истеҳсоли қубурҳои профилӣ-металлии давра ва чоркунҷашакл машғул буда, дар ҳолати дар ду баст фаъолият бурдан иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 60 ҳазор тонна маҳсулоти тайёрро ташкил медиҳад.

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Норд Азия Металл” дорои бинои маъмурӣ, ошхона ва хобгоҳ барои кормандон буда, тамоми шароит баҳри кору истироҳати мӯътадил фароҳам оварда шудааст.

Озифхон Шарифзода - мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят:

– Дар зарфи чанд соли охир дар мамлакат, аз ҷумла дар вилоят даҳҳо корхонаҳои нав таъсис ёфтанд, ки онҳо, бешубҳа, ба рушди устувори иқтисоди миллиамон ва, муҳимтар аз ҳама, бобати бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани мардум такони ҷиддӣ бахшид. Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҶСП «Норд Азия Металл» натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз самараи ҳамкориҳои манфиатбори доираи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сарчашма мегирад. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз гардида, барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир беш аз 23 миллион сомонӣ масраф шудааст, ки 11 миллион сомонии онро арзиши таҷҳизоту технологияҳои корхона ташкил медиҳад.

Дар корхонаи навбунёд асосан лӯлаҳо ва профилҳои металлии давра ва чоркунҷашакл истеҳсол шуда, иқтидори солона баъди пурра ба кор даромадани корхона 60 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр мебошад.

Бино ба гуфти масъулини корхона, истеҳсолот асосан барои коркарди маҳсулоти бинокории аз металл истеҳсол- мешуда, нигаронида шуда, ашёи хомро аз давлатҳои Федератсияи Россияву Қазоқистон дастрас менамояд. Маҳсулоти истеҳсолии хешро дар бозорҳои маҳаллӣ, шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст. Коргоҳ бо технологияи хатти буррандагӣ ва чор хатти истеҳсоли маҳсулоти тайёр фаъолият мебарад. Он аз ҷумлаи коргоҳҳое мебошад, ки дар самти бо истифода аз таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир, ашёи хом - истеҳсоли маҳсулоти тайёри металли саноатиро васеъ ба роҳ мондааст. Технологияи истеҳсоли корхонаи мазкур дар кишвар якумин маротиба истифода шуда, ин коргоҳ соҳоти сохтмону саноатро бо профилу металлҳои сохтмонӣ таъмин менамояд.

Мутахассисони соҳа бо боварии комил мегӯянд, ки маҳсулоти ин коргоҳ пурра ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, талаботи зарурии истифодабарандагону бозорҳои дохили кишвар ва берун аз онро таъмин карда метавонад.

Илҳомҷон Мухторов - директори ҶСП “Норд Азия Металл”:

– Боиси ифтихори мост, ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи мазкур ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ба ин васила мо тавонистем, дар самти ба ҳадафи муҳими миллии Ҳукумати Тоҷикистон - саноатикунони босуръати кишвар қадами ҷиддӣ гузорем. Корхона бо истифода аз технологияи пешрафтаи ҳозиразамон маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунад ва сифати маҳсулот ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

Дар доираи барномаи стратегии инвеститсионӣ дар ширкат модернизатсияи истеҳсолот ба роҳ монда шуда, соли равон иқтидори истеҳсолӣ ба 90 ҳазор тонна дар як сол расонида шуд.

Баробари ба кор оғоз намудани навбати дуюми корхона ҳам истеҳсоли бомпӯшҳои металлӣ низ ба роҳ монда шуда, алҳол коргоҳи «Норд Азия Металл» метавонад, илова бар қубурҳо ва профилҳои металлӣ солона то 12 ҳазор тонна бомпӯшҳои металлӣ истеҳсол намояд.

Дар навбати дуюми корхона, ки бо харҷи 8 миллион сомонӣ бунёд шуда, дар коргоҳ алҳол наздик 120 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд, музди миёнаи маоши коргарон аз 2000 то 2500 сомониро ташкил медиҳад.

Ҷамъияти мо тайи панҷ сол дар бозори ватанӣ бо истеҳсоли маҳсулоти оҳанин, қубурҳои чоркунҷа ва даврашакл машғул буда, ашёи хом, яъне ғалтакҳои пӯлодӣ бо таври гармӣ ва ё хунукӣ ҳамворшударо бо рамзи НМФИХ ҶТ 7208 ва 7209 аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид намуда, ба бозори дохилӣ маҳсулоти воридотивазкунандаи ватаниро бо сифати баланд ва нархи дастрас пешниҳод намуда истодаем.

Ҳамзамон, зимни сафари кории хеш ва шиносоӣ бо рафти истеҳсолот ва техникаю технологияи кории коргоҳи мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки баробари бунёд ва ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ масъулини соҳа ҳамзамон бояд ба масъалаи омода намудани мутахассисони идоракунандаи кори истеҳсолот ва технологияи муосир таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда, бо ин васила дар афзудани нишондиҳандаҳои соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши сазовор гузоранд. Айни замон мо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳамаҷониба фаъолиятро пурзӯр намуда, дар самти баланд бардоштани савияи тахассусии кормандон ва боз ҳам беҳтар намудани шароити кории онон чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоем.

Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорони ватанӣ, пеш аз ҳама, рушди соҳибкории истеҳсолӣ тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд.

Воқеан баҳри пешрафти соҳа имтиёзҳои зиёд роҳандозӣ гардидаанд, аз ҷумла, барои воридоти таҷҳизоту технологияи муосир коргоҳи мо аз ҳама гуна пардохтҳои гумрукӣ ва ҳамчунин ашёи хоми марбут ба коргоҳи мо озод шудаанд. Дар асоси моддаи 110, қисми 6-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 4 сол аз супоридани андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ озод карда шудаанд, ки ин, албатта, ба манфиати кор аст. Ин омилҳо мо - масъулини соҳаро водор месозад, ки бо заҳмати софдилона барои ободонии диёр, таҳкими иқтидори иқтисодии он кӯшиш ба харҷ дода, бо ин барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳиссагузор бошем.

Муродҷон Юлдошев, сокини ноҳияи Спитамен:

- Солҳои пеш бо тақозои шароити иқтисодӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштам. Чанд соли охир дар мусофират кор ёфтан душвор гардид. Аҳд намудам, ки ба Ватан баргашта, дар маҳалли зисти худ ҷойи кор ёбам. Ин буд, ки аз оғози корҳои сохтмонии коргоҳи мазкур дар ин ҷо фаъолият дорам. Алҳол ба ҳайси таҳкунанда - кафшергар кор мекунам, музди маоши хуб ба даст оварда, зиндагии хешро пеш мебарам. Шароити хуби корӣ бароямон муҳайёст. Шукргузорам, ки алҳол бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сафи чунин коргоҳҳо бештар мегарданд.

Бахтиёр Акмалов, сохтмончӣ, сокини ноҳияи Бобоҷон Fафуров:

- Чанд сол инҷониб дар сохтмони иншооти баландошёнаи нави маркази вилоят ба ҳайси сохмончӣ кор мекунам. Ба буридани профилу маҳсулоти металлӣ низ сарукор дорам, яъне онҳоро ба талаботи сохтмончиён мувофиқ бурида, ҷо ба ҷо мекунам. Дар ин радиф мушоҳида намудам, ки ҳоло аксари истифодабарандагон дар сохтмонҳои хеш аз маҳсулоти маҳаллӣ, аниқтараш аз ҶСП “Норд Азия Металл” истифода мебаранд. Агар воқеъбинона назар андозем, ҳақиқатан маҳсулоти ин коргоҳ аз ашёи воридмешудаи дигар давлатҳо бо чанд хусусияти хеш бартарӣ дорад. Маҳсулоти сохти маҳаллӣ сифати баланд дошта, арзишаш ҳам дастрас мебошад, ки ин, албатта, ба манфиат ва некӯаҳволии мардум равона гардидааст.

Агар дар доираи корҳои созандагиву ободкоронаи Ҳукумати мамлакат дар шаҳру ноҳияи вилоят ба фаъолият оғоз намудани чунин коргоҳҳо яке аз омилҳои ҳарчи тезтар ба ҳадафҳои стратегии миллӣ расидан бошад, аз ҷиҳати дигар, баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бо шуғл фаро гирифтани мардум ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд.

Бунёди чунин корхонаи азими саноатӣ, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони хориҷӣ ва лоиҳаҳои муштарак амалӣ мегардад, гувоҳи фароҳам овардани шароит ва имконияти мусоиди корӣ ба соҳибкорон аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят аз анорзори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз анорзори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, воқеъ дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид кард.

Ҷоизи зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳазорҳо гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст.

Читать далее

Раиси вилоят Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюкро ба ҳузур пазируфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк мулоқот кард.

Зимни суҳбат ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Украина оид ба густариши ҳамкориҳо ва тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, сармоягузорони украинӣ метавонанд дар соҳаҳои кишоварзиву саноат ва дорусозӣ бо вилоят ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ монанд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат мулоқот намуданд

18 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбад бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ, анҷоми тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди бахш, тарбияи кадрҳои баландихтисос, бунёди иншооти муосири тиббӣ дар саросари кишвар, таъмини биноҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ андешаронӣ карда, соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Читать далее

18 August 2020

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти нави ширкати «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент»

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти нави корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент»-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз робитаҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.

Читать далее

Ҳадаф: ҶАЛБИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОН БА ВАРЗИШИ КАСБӢ

Дар семинари кории Федератсияи футболи вилоят, ки бо мураббиёни дастаҳои иштирокчии Чемпионати Тоҷикистон байни ҷавонону наврасон доир гардид, нақш ва саҳми мураббиён дар ташаккули ҷисмониву равонии варзишгарон, тарзи дурусти корбарӣ бо футболбозони наврас, тарбияи онҳо ҳамчун фарди солими ояндасози ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Котиби генералии Федератсияи футболи вилояти Суғд Аҳлиддин Юнусов иброз дошт, ин табдир бо иқдоми Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил гардида, дар кори он намояндаи ЛФКН Абдулло Соқиев ширкат дошт. Ҳадаф аз ташкили чунин як чорабинӣ дар ниҳоди чи кӯдакон ва чи наврасону ҷавонон - варзишгарони оянда, ки кишвари моро дар қувваозмоиҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳанд кард, парваридани эҳсоси эҳтиром ба заҳмати мураббӣ, ҳисси худшиносии миллӣ ва кӯшиш дар самти расидан ба мақсади олӣ – ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистони азизи мо иборат аст.

 Таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ, муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон як самти муҳими фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят буда, баҳри амалигардонии ин нақшаҳо давоми соли равон чандин тадбирҳои мушаххас амалӣ гардидаанд.

Тавре мудири бахши варзиши Раёсат Фирдавс Фахриддинзода иброз дошт, феълан дар қаламрави вилоят дар маҷмуъ 2655 иншооти варзишӣ фаъолият намуда, аз ин 45 ададаш варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзишӣ, 33 ҳавзи шиноварӣ, 181 маҷмаа ва иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнесу клубҳои ихтиёрӣ мебошанд.

 Мувофиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври пайваста бунёд намудани варзишгоҳҳо дар давоми шаш моҳи соли 2020 дар шаҳру навоҳии вилоят 21 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 5 толори варзишӣ, 16 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 878 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 4 миллиону 56 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди истифода дода шуд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 44 мактаби варзишӣ амал менамоянд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки соли равон бо мақсади рушди футбол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол” таъсис дода шуд. Ин амал ҷиҳати рушди ин намуди варзиш мусоидат кард.

Дар мактабҳои варзишӣ 1237 гурӯҳҳо бо фарогирии 15262 варзишгарони наврасу ҷавон аз намудҳои варзишии олимпӣ ва 299 гурӯҳҳо аз намуди варзишии миллӣ бо фарогирии 3830 наврасону ҷавон амал намуда, дар маҷмӯъ 19092 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 2232 нафар бонувон ҳамарӯза бо машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо дастаи мунтахаби вилоят муайян гардида, дар 28 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 904 нафар оид ба намудҳои мухталифи варзиш иштирок намуданд ва ба гирифтани 332 медали тилло, 137 медали нуқра ва 173 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.

Бо мақсади муайян намудани варзишгарони беҳтарини вилоят дар асоси нақшаи раёсат марҳалаи дуюми мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда шуда, давоми шаш моҳи соли равон 43 чорабинии варзишии мухталиф баргузор карда шуд. Дар ин чорабиниҳо 3834 нафар иштирок намуданд, ки аз онҳо 881 нафарашонро духтарон ташкил доданд.

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни аҳли ҷомеа ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи варзиш гузаронида шуда, ҳар рӯзи шанбе дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷойҳои мусоид машқҳои пагоҳирӯзӣ дар боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва назди хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо доир шуданд. Дар ин давра дар 342 машқҳои пагоҳирӯзӣ дар қаламрави вилоят 100385 нафар, аз ҷумла 35512 нафар бонувон ширкат варзиданд.

Ҳамзамон, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зери роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон як қатор корҳо амалӣ гардиданд.

Марҳалаи якуми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо фарогирии 8140 нафар (аз ин теъдод 1230 нафар бонувон) варзишгар дар сатҳи баланд аз рӯи 8 намуди варзиши даставӣ ва 10 намуди намоишӣ, аз қабили лакпарбозӣ, лалакпаронӣ, арғамчинбозӣ ва ғайраҳо баргузор гардид.

Бо мақсади дарёфти таъмини иштироки васеи варзишгарони дастаи мунтахаб дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо иштироки 23 варзишгар, аз ҷумла як нафар бону ба 8 чорабиниҳо сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии вилоят 14 медал, аз ҷумла 2 тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ ворид намуданд, – зикр дошт Фирдавс Фахриддинзода.

Бояд тазаккур дод, ки соли равон бинобар сабаби паҳн гаштани бемории сироятии КОВИД-19 дар қаламрави вилоят машғулиятҳои варзишӣ, тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ, муваққатан боздошта шуд. Дар раёсат ситоди дохилиидоравӣ оид ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин бемории сироятӣ ташкил карда шуда, ба тамоми бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳо ва мактабҳои варзишии ҳудуди вилоят дастур дода шуд, ки иншоотҳои варзиширо безарар гардонанд. Ҳамзамон, аз ҷониби мураббиёни варзиш дар тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ варақаҳои тарғиботӣ таҳия ва насб карда шуда, роликҳои тарғиботӣ оид ба бо варзиш дар хона машғул шудан дар шабакаҳои интернетӣ пахш карда шуд. Ҳоло аз ҷониби мураббиёни мактабҳои варзишӣ бо машқварзон тариқи телефон ё шабакаҳои иҷтимоӣ вазифа дода шуда, варзишгарон дар хона бо варзиш машғул мебошанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ДАР ТАЛОШИ ҶОНИ МАРДУМ

Тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа буда, тарбияи мутахассисони варзидаро бештар аз ҳисоби ҷавонон тақозо мекунад, то сиҳатии оммаро, ки боигарии давлат аст, ҳифз намоянд. Хушбахтона, имрӯз сафи мутахассисони ҷавони соҳаи тиб зиёд гардида, онҳо содиқона ба хизмати мардум омодаанд ва талоши расидан ба комёбиҳо доранд. Табибони ҳозиқи мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд бо тамоми ҳастии худ ба муқобили беморӣ муборизаи беамон доранд. Ҳамшираҳои шафқат дар майдони ҳарбу зарб бо пешниҳоди қоидаҳои беҳдоштӣ ва поккорӣ ҳиссагузорӣ менамоянд. Мардуми тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо борҳо бо чунин бемориҳо рӯ ба рӯ гардида, ғолибият ба даст овардааст.

Яке аз бонувони меҳнатқарин, табиби ҳозиқу модари мушфиқ Муноҷот Юлдошеваро ҳангоми муоинаи бемор дар утоқи кориаш дарёфтам. Ӯ баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино қариб 15 сол инҷониб дар соҳаи тандурустӣ заҳмат мекашад. Баъдан аз соли 2015 ба Марказии саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд ба ҳайси табиби оилавӣ ба кор омад. Аслан Муноҷотро аз давраи донишҷӯӣ мешиносам ва мо солҳо инҷониб бо ҳам риштаи дӯстӣ дорем. Аз рӯи нақлаш, ӯ аз хурдӣ ба касби духтурӣ шавқ дошт ва пас аз хатми мактаби миёнаи шаҳри Конибодом ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон супурд. Таҳсил дар ин донишгоҳи маъруф осон набуд. Тамоми адабиёти илмӣ ва раванди таълим ҳама бо забони русӣ буд, вале иродаи қавии ин толиби илми тибро ҳеҷ мушкилие шикаста натавонист. Банда огоҳ ҳастам ва бо Муноҷот дар як хона ҳамроҳ мезистем. Шабу рӯз заҳмат мекашиду дарс мехонд ва аз таҷрибаи беҳтарин пизишкон сабақ мегирифт. Соли 2005, баъди хатми донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд монданро интихоб намуд…

Ва меоем ба он рӯзҳои талхе, ки табибон давоми соли равон чӣ гуна мусибату машаққатеро аз сар гузарониданд. Муноҷот рисолати худро бо тамоми ҳастияш ба ҷо овард. Собиқаи чандсолаи кориаш мадад намуд, то дар ин шабу рӯзҳое, ки тамоми ҷаҳонро вируси лаъин фаро гирифт, ҳабиби мардум буд ва дасти шафқатборашро баҳри дармонбахшии дардмандон банд намуд.

–Ба ёд овардани он шабу рӯзҳо бароям хеле гарон аст, – ашк дар чашмони Муноҷот ҳалқа зад, – ин ҷанги соҳаи тиб ва табибон бо вирус дар ҷаҳон буд. Вақте маълум гардид, ки вируси нави COVID - 19 кишвари моро ҳам фаро гирифтааст, шабу рӯзамонро гум кардем. Имконияти ба хона рафтан надоштем. Дигар торафт вазъият бад мешуду дар марказ мондам. Бо ягона фарзандам гоҳ - гоҳ телефонӣ суҳбат менамудам. Беморон хеле зиёд буданд, ҳатто долонҳо пур аз катҳо шуданд. Бовар кунед, хобро фаромӯш кардем. Ҳатто ба хонаҳои беморон рафта, ба онҳо дасти кӯмак мерасонидем. Он табибоне, ки синнашон аз 50 зиёд буд, онҳоро ба хонаашон ҷавоб додем. Табибони дигари қаҳрамон Мансур Дадобоев, Рустам Бобоев, Шукуров, Қаҳҳоров ва дигарон, инчунин ҳамшираҳои тиб Маҳлиё Воситова, Муҳаббат Ҷабборова ана дар ҳамон рӯзҳо содиқ будани худро ба миллат исбот карда тавонистанд. Баъдан норасоии кадр моро ҳам ҷисману ҳам рӯҳан азоб дод. Он шабу рӯзҳоро ба ёд овардан аллакай қаҳрамонист. Модар аз фарзанд, зан аз шавҳар аз дур истода суҳбат мекард ва ё умуман дидорбинӣ карда наметавонист, – бо овози гиряолуд ба суолҳои ман посух медод Муноҷот.

Имрӯзҳо табибон ва олимони дунё бо кӯшиши муштарак роҳҳои ташхис ва табобати ин бемории хатарзоро меҷӯянд. Доруе, ки метавонад, онро мағлуб созад, ба зудӣ ихтироъ хоҳад шуд. Алҳол тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят бо ниқобҳои яккарата, маводҳои безараргардонӣ, дастпӯшакҳо ва корҷома таъмин буда, шуъбаҳои эҳёгарӣ ва ҳуҷраҳои муолиҷаи интенсивӣ бо шумораи зиёди дастгоҳи нафаси сунъӣ, оксигенератор, кардиомонитор, пулсоксиметр ва ларингоскоп муҷаҳҳаз мебошанд.

– Мардуми саховатманд дар ин шабу рӯз моро дастгирӣ намуданд. Онҳо ҳар рӯз бонавбат барои мо хӯрокҳои гуногунро дастрас мекарданд. Таваҷҷуҳи онҳо нигоҳи моро ба зиндагӣ дигар кард, барои мо қувва, мадад мебахшиданд.

Бо дастгирии Раиси вилоят аз ҳамон шабу рӯзҳо сар карда, барои кормандони соҳаи тандурустӣ, ки ба муолиҷаи беморон хизматрасонӣ карданд, маводҳои озуқаворӣ харидорӣ ва дастрас инчунин, кӯмакпулиҳо расонида шуданд.

Табибони дигари Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шабу рӯз омодаанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Саломатии мардум боигарии давлат аст» ва кормандони марказ талош бар он доранд, ки солимии мардумро доимо таъмин намоянд. Сартабиби марказ Абдумавлон Абдуллозода мегӯяд, ки бобати дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

Алҳол вазъият дар кишвар рӯ ба беҳбудӣ оварда, фаъолияти шабонарӯзиву дастаҷамъонаи мардуми шарифи Тоҷикистон буд, ки ин беморӣ рӯз аз рӯз кам гардида, дар ҳолати нестшавӣ қарор дорад. Оид ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони марказ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, ҳамарӯза корҳои ободонию созандагиро дар муассиса ҷоннок менамоянд.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Баҳри шифои комил ва сиҳатмандӣ

Саломатии инсон гавҳари ноёб аст. Ин суханҳо баъди паҳн гардидани вируси корона дар тамоми ҷаҳон боз ҳам қимату маъруфияти худро пайдо намуд. Зеро паҳн гардидани ин беморӣ боз як бори дигар нишон дод, ки тамоми мутахассисони ҷаҳон дар роҳи муолиҷаи ин вируси бо дидан назарногир ноилоҷ монданд. Аз ин рӯ, ҳар давлату миллат баъди ин пандемия баҳри ба эътидол овардан ё як дараҷа баланд намудани вазъи соҳаи тандурустӣ дар кишвар кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.

 Бояд зикр сохт, ки соҳаи тандурустӣ дар кишвари мо яке аз соҳаи муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафту тараққиёти ин соҳаи ҳаётан муҳим чораҳои зарурӣ меандешад. Аз ин рӯ, дар тамоми кишвари азизамон баҳри бунёди беморхонаҳо, азнавсозӣ ва таъмиру тармими онҳо чораҳои хеле зарурӣ меандешад. Махсусан, ба истиқболи иди бузурги миллӣ - 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми кишвар, хосатан дар вилояти Суғд, омодагии ҳамаҷониба ҷараён дорад. Табибон кӯшиш доранд, ки дар тамоми манотиқи вилоят баҳри табобат ва муолиҷаи беморон шароити мусоид фароҳам созанд.

Дар вилояти Суғд баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша, дар солҳои 2019 - 2020 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз он ҷумла, 64 адад беморхона, 118 бунгоҳи тиббӣ, 86 маркази саломатӣ, 18 таваллудхона, 101 адад нуқтаи хатна ва 72 дорухона дар назар аст.

Бо мақсади иҷрои нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мақомоти маҳаллӣ дар соли 2020 бояд, ки 123 адад иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 15 беморхона, 39 бунгоҳи саломатӣ, 20 маркази саломатӣ, 5 таваллудхона, 13 нуқтаи хатна ва 31 дорухона бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими онҳо бояд ба итмом расонида шавад. Дар шаш моҳи соли равон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 45 бунгоҳи саломатӣ, 9 маркази саломатӣ, 1 таваллудхона, 7 нуқтаи хатнаи кӯдакон ва 10 дорухона ба итмом расонида шуд.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳри Хуҷанд дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми марти соли 2020 Маркази ташхису табобатии хусусии «Дармонгоҳи Хуҷанд» бо 20 кати табобатӣ ба истифода дода шуд.

Дар семоҳаҳои дуюм ва сеюми соли равон таъмири куллии шуъбаҳои табобатӣ, ободонии саҳни муассисаи тандурустӣ ва гармидиҳии мутамарказонидашуда, таъмин намудани онҳо дар Беморхонаи клиникавии вилоятӣ, Беморхонаи клиникавии вилоятии бачагона, таваллудхонаи вилоятӣ, Беморхонаи физиотерапевтии вилоятӣ, Маркази вилоятии саратоншиносӣ, Маркази вилоятии микроҷарроҳии чашм, Маркази вилоятии солимгардонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ , Маркази вилоятии эндокринология, Маркази вилоятии дермовенерологӣ, Маркази вилоятии бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо, Маркази солимгардонии бемориҳои дилу шарён, Маркази тропикии вилоятӣ, Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, анбори махсуси тандурустӣ, шуъбаҳои табобатию ёрирасони беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо оғоз мегарданд.

Бояд зикр намуд, ки охирҳои моҳи июн ва аввалҳои моҳи июл бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров Беморхонаи сироятии Ҷамоати деҳоти Хистеварз ва Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат» ва дар ноҳияи Деваштич Беморхонаи ноҳиявии №5-и деҳаи Далёни Поён ба истифода дода шуд.

Бояд зикр кард, ки сохтмони бинои нави Беморхонаи сироятии Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров барои 40 кати табобатии бемориҳои сироятӣ пешбинӣ шуда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Fафуров оғоз гашта буд. Бинои мазкур сироятӣ аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ҳуҷраи қабули беморон, ҳуҷраи махсусгардонидашуда ва ҳуҷраи интенсивӣ ҷойгир шудаанд.

Дар ошёнаи дуюми бино бошад, ҳуҷраҳои табобатӣ, доругузаронӣ ва табибон ҷойгир мебошанд. Тамоми корҳои сохтмонӣ, рангубори роҳравҳои ошёнаҳо, ҳуҷраҳои корию табобатӣ, гузаронидани хатҳои гармидиҳии марказонидашуда, ободонии саҳни беморхона, гулзор кардани он, васл намудани дарвозаи асосии даромади беморхона, васли айвончаҳо барои аёдаткунандагон, сафолакҳои роҳравҳои атрофи бино, ҷобаҷогузории таҷҳизоти тиббию мебелҳо ва васли шиору овезаҳо ба итмом расидааст.

Ҳамзамон, бунёди Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат» бо маблағгузории соҳибкорони ноҳияи Бобоҷон Fафуров низ иншооти ҷашнист. Бино аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум гӯшаи гиёҳдармонӣ, намоишгоҳҳои ширкатҳои истеҳсолкунандагони вилоятӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва безараргардонӣ, инчунин намоишгоҳи таҷҳизоти тиббии муосир, таҷҳизоти сахти тиббӣ, корҷомаҳо, ниқобҳои тиббӣ ташкил шудааст. Дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраҳои стоматологӣ, маслиҳатдиҳии табибон, ТУС, СБД, таҳлилгоҳ, амалиётхонаи ҷарроҳӣ, интенсивӣ, ҳуҷраҳои табобатӣ ва корӣ ҷойгир шудаанд, ошёнаи сеюм толори варзишию барқарор кардани саломатии беморон ташкил шудааст. Санаи 30-юми июни соли 2020 ин бино низ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бояд изҳор намуд, ки соли 2018 бо иқдоми сардухтур ва соҳибкор Садрӣ Файзиев сохтмони бинои нави Беморхонаи ноҳиявии №5-и ноҳияи Деваштич, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат буд, бо маблағи зиёда аз 5,89 миллион сомонӣ оғоз гашт. Бино 75 кати табобатӣ пешбинӣ гардида, дар он шуъбаи касалиҳои дарунии калонсолон ва бачагона ба 40 кат, шуъбаи таваллуд бо 15 кат ва ҷарроҳӣ бо 20 кат пешбинӣ шудаааст. Инчунин, дар бинои нави беморхона толори амалиёти ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои интенсивӣ, хатна, ҳуҷраи маслиҳатдиҳии занона, ТУС, ҳуҷраи қабули беморон, таҳлилӣ, ҳуҷраҳои ташхис ва табобати физиотерапевтӣ низ ҷойгир гардидаанд. Баъди итмоми сохтмони бинои нав ноҳияи Деваштич дорои боз 35 кат ва 30 ҷойи кори иловагӣ гардид.

Бинои мазкур 1-уми июли соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ба муносибати Иди Ваҳдат мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифт. Бояд изҳор кард, ки бунёди беморхонаҳои замонавӣ, иншооти гуногуни табобатӣ дар вилоят рӯз аз рӯз зиёд гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳи сиҳатии мардум корҳои мушаххасу ҳадафмандона ба сомон расонида мешаванд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Ворух як пораи Тоҷикистон!

Мутаассифона, муноқишаи байни ду кишвар Тоҷикистону Кирғизистон то ҳол идома дорад.

 Тариқи расонаҳои хабарии электронӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногуну баҳсбарангези  ҷониби Қирғизистон доир ба анклав будани Ворух ва ба ҳудуди Қирғизистон тааллуқ доштани он, пахш гардида истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои сар задани нофаҳмиҳо ашхоси алоҳида даст доранд.

Ҷоиз ба зикр  аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Азбаски 472 километри дигар то ҳол  номуайян аст, сари ҳар вақт бо сабабҳои мухталиф муноқишаҳо дар минтақаҳои марзии ин 2 кишвар сар мезанад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо аз оғози соли 2019 дар сарҳади ҳамсоякишварҳо ҳудуди 10 низои марзӣ ба амал омадааст, ки бо марги чанд нафар аз сокинони Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон анҷомид.

Хеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки Ворух як порчаи ҷудонашавандаи ,Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Боиси таассуф аст, ки бо ҷой доштани нофаҳмии солҳои пешинин деҳоти дурдасти Тоҷикистон ба макони  нофаҳмиву ҷидол ва бадбинӣ мубаддал гардидааст. Акнун бошандагони Ҷумҳурии Қиргизистон бар сари мардуми осоиштаи тоҷик зӯру тавони худро нишон додан меҳоҳад. Шояд онҳо дарк накардаанд, ки миллати тоҷик замини аҷдодии худро зери ҳимоя гирифтааст. Ин ҳама нофаҳмиро бояд сари вақт зери назорат гирифт, зеро сокинони осоишта ба хотири химояи марзу буми хеш захмдидаву ҷароҳатбардошта истодаанд. Бо як сухан ва ё навиштан бахси чандинсола дар як муддат ҳаллу фасл нахоҳад шуд, зеро дар ин чода танҳо солимфикрӣ  кӯмак карда метавонад. Маҳз шаҳрвандони қирғизистон то ҳол дарк накардаанд, ки деҳаи дурдасти Ворух ин замини аҷдодии тоҷикону тоҷикистониён аст.

Боиси зикр аст, ки Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Хитой ҳамсарҳад мебошад. Мушкилиҳои марзӣ бо ин кишварҳо қариб, ки вуҷуд надоранд. Барои чӣ бошад, ки қирғизҳо моро нодида гирифта истодаанд.

Аз оғоз Тоҷикистон ҷониби сулҳу оромиш ва таҳкими дӯстӣ дар минтақа ҳаст ва аҳдномаҳо аз тарафи кишвари мо вайрон нашудааст. Баръакс, аз таҳаммулпазирии ҷониби Тоҷикистон истифода намуда, ҳатто бо дахолати мақомоти қудратии кишвари ҳамсоя ҳуҷумҳои мусаллаҳона ба аҳолии осоишта дар чандин минтақаи марзии  мамлакати мо анҷом шуд, ки дар натиҷа чандин нафар шаҳрвандон кушта шудаву зарари ҷисмонии зиёд ба аҳолӣ расид.

Кирдорҳои бад ва ҳадафи гуруҳи алохидаи ашхоси манфиатчуи қирғизро худи сокинонаш нодида гирифта истодаанд. Оқибати ин ҳама моҷарову нофаҳмиҳо натиҷае нахохад дод, зеро Ворух сарзамини тоҷикон буду хаст ва инро ягон нафар наметавонад инкор кунад. Ба мардуми қирғиз муроҷиат карда гуфтаниам, ки замоне фаро расидааст, ки ақли солимро пеша карда, аз моҷароҷӯиҳои беасосу бемантиқ даст кашанд ва ба зиндагии осудаҳолонаи сокинони Ворух халал эҷод накунанд.

Шаҳбонуи Сиддиқ

"Ҳақиқати Суғд"

Читать далее

Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби КДАМ боздошт гардид

 

 

 

ДУШАНБЕ, 18.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 17-уми август аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи

Читать далее