August 2020

18 August 2020

Семь крупнейших археологических раскопок Таджикистана за последнее десятилетие

 

 

 

Каждый год 15 августа отмечается День археолога. О последних находках ученых Института истории, археологии и этнографии Академии наук Таджикистана "Азия-Плюс" рассказали ведущий научный сотрудник отдела археологии, кандидат исторических наук Татьяна Филимонова и заведующий сектором археологии Нуриддин Сайфуллоев.

Читать далее

17 August 2020

Ахтаре бар ҷовидон пайванд шуд...

Даргузашти Абдуфаттоҳ Кулолӣ

Марги беамон аз миёни мо шоири хушкалом ва инсони шариф Абдуфаттоҳ Кулолиро рабуд. Даргузашти ин шахсияти ҳунарманд ва инсони некзамир барои адабиёти тоҷик ва ҷомеаи кунунии мо талафоти гарон аст.

Абдуфаттоҳ Кулолӣ (Юнусов) 18-уми январи соли 1942 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1959, пас аз хатми мактаби миёна ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1964 ба итмом расондааст. Фаъолияти худро дар шуъбаи адабии радиои ҷумҳурӣ оғоз карда, соли 1968, пас адои хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳаш баргашт, дар Хонаи эҷодиёти халқ ва шуъбаи ленинободии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ кор кард. Ҳамзамон, дар мактаби миёнаи №4 ба номи В.И.Ленин омӯзгор буд.

Фаъолияти эҷодияш аз давраи мактабхонӣ оғоз ёфта, шеърҳояш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Фаввора» (1961) ва «Шукуфаҳои умедбахш» (1964) ба табъ расидаанд. Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ соли 1986 таҳти унвони «Гули гил» ба табъ расидааст. Баъдан маҷмӯаҳои шеъри ӯ «Назаргоҳи ҳақ» (Хуҷанд, 2003), «Гулҳои аҳуроӣ» (Хуҷанд, 2001), «Розҳои ирфонӣ» (Хуҷанд, 2003), «Даҷлаи аналҳақ» (Хуҷанд, 2006), «Гулдастае аз боғи ҷон» (Хуҷанд, 2012), «Тӯҳфаи ҷон», (Хуҷанд, 2012), «Ҷони ҷонафрӯз» (Хуҷанд, 2013), «Ҷондоруи ҷон» (Хуҷанд, 2016) ва «Ушшоқи Ватан» (Хуҷанд, 2020) ба табъ расидаанд. Аз соли 2013 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Абдуфаттоҳ Кулолӣ дар синни 78-солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт.

Ин талафотро барои кулли ҳаводорони шеъри ноб, мухлисон ва фарзандону пайвандони марҳум тасаллият мегӯем ва сабри ҷамил мехоҳем.

Руҳатон шод ва манзили охирататон обод бод, устоди гиромӣ!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии вилояти Суғд

Читать далее

Ворисони арзандаи Сино

Санаи 15 - уми августи соли равон дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб доир гардид, ки дар он Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, кормандони сохторҳои Раёсати тандурустии вилоят, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят, беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатӣ, собиқадорони соҳа ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Сараввал Раиси вилоят кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоятро бо Иди касбиашон таҳният гуфта, зикр намуд, ки таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба рушди соҳаи тиб таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди касбии кормандони тиб

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят собиқадорони соҳа, духтурону ҳамшираҳои тиб ва кулли алоқамандони соҳаи нигаҳдории тандурустиро бо Рӯзи кормандони тиб табрику таҳният мегӯям ва ба ҳамагон саодати рӯзгору бахту иқболи баланд таманно дорам. Иди касбии муҳофизони саломатии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи мавлуди алломаи Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино – 18 август таҷлил мегардад, ки он хеле рамзист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар мулоқот бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъкид карданд, ки “Ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кӯмаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад”.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз се қисми 3-ошёна ва як бинои дуошёна иборат буда, масоҳати умумии он 11634 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Читать далее

БЕКОРОН КАСБ МЕОМӮЗАНД

Оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд давоми нимсолаи якуми соли 2020 сардори Раёсат Нодирӣ Шермуҳаммад дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гузориш дод.

Қайд карда шуд, ки дар нимсолаи якум ба раёсат, шуъбаи бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 21914 нафар шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки 10548 нафарашон зан мебошанд. Давоми ин муддат аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 14340 нафар ҳамчун корҷӯй дар сохторҳои мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шуданд. Бояд зикр намуд, ки бекорони бақайдгирифташуда аз ҳисоби занон 52,4 фисад ва ҷавонони синни 15-29 - сола 58,7 фисад мебошанд.

Мувофиқи «Барномаи давлатии мусоидат бо шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми соли 2020 дар вилоят бо ҷойи корӣ таъмин намудани 18851 шаҳрванди корҷӯй ва бекор ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 20-уми июни соли 2020 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба 9830 нафар барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд, ки ин нишондод 52,1 фисади нақша мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 155 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 1399 корхонаю ташкилот иштирок намуда, ҷойҳои кории холиро ба иштирокдорон пешниҳод намуданд. Тавассути ин ярмаркаҳо 872 нафар корҷӯ ва бекор бо ҷои кор таъмин гашта, 682 нафар ба касбомӯзонӣ ва 227 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби шаҳрвандони бекори дарқайдбуда ба 1768 нафар муроҷиаткунанда барои касбомӯзӣ аз рӯи 25 номгӯи ихтисоси мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат роҳхат дода шуд.

Дар фарҷом бо рӯзноманигорон суолу ҷавоб доир гардид.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Тоҷикистон ҷонибдори истифодаи оқилонаи об мебошад

Масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масоили мубраме мебошад, ки вобаста ба аҳамияти гуногунпаҳлӯи худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бо назардошти маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Сарвари Тоҷикистон кӯшиш менамоянд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созанд.

Дар баробари ин норасоии об ба эҷоди силсилаи дигар масъалаҳои ҳалталабе сабаб гаштааст, ки дар сурати вусъаташон метавонанд, кишварҳову минтақаҳо ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ҷиддии глобалӣ мувоҷеҳ созанд.

Аз рӯи баъзе маълумот, тақрибан 750 миллион одам дар ҷаҳон ба оби тозаи нӯшокӣ ва дуюним миллиард нафар ба шароити кофии беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Тақрибан як миллиарду сесад миллион одамон бо неруи барқ таъмин нестанд. Офатҳои табиии марбут ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашмаҳои василаҳои зиндагии зиёда аз як миллиарду дусад миллион одам дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунанд.

Тағйири глобалии иқлим ва вазъи демографӣ ба ин равандҳо, бешубҳа, таъсири зиёд мерасонад. Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Интизор меравад, ки бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкилии норасоии об рӯ ба рӯ мегардад.

Ташаббусҳои Сарвари давлат дар соҳаи об – «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об-барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013» самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони ӯҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ баргардонданд. Ташаббусҳои мазкур дар маҷмӯъ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафи стратегии навро барои инсоният ва таъмини ҳаёти арзандаи одамон эҷод намуданд.

Ноилбек ХУДОЙҚУЛЗОДА,

донишҷӯи курси сеюми факултети геоэкологияи Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи

 академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ФАРОВОНИЮ ОБОДӢ – МЕВАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ободонӣ, фаровонӣ, тинҷию осудагии замон, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳамаи ин меваи Истиқлолият аст, ки наздик сӣ сол боз аз он баҳра мебарем. Ҳамаи ин ободониву рушди иқтисод чӣ гуна ба даст омаданд? Пас аз бо ҳам овардани тоҷиконе, ки дар як муддати кӯтоҳ бо сабабҳои нотинҷии замон ба мулки бегона роҳсипор гардиданду тавқи гуреза бар гиребон заданд. Баъди ҳамдигарфаҳмӣ ва ба мусолиҳаи миллӣ омадани пайвандон, ки як муддат замони мудҳиштаринро аз сар гузоронида буданд, яъне бародар ташнаи хуни бародар гардида буд. Дар натиҷаи беҳгардонии вазъи соҳоти иҷтимоӣ, ки муддате ба сабаби коҳиш ёфтани вазъи иқтисодӣ мутахассисон тарки муассисаҳои таълимиву табобатӣ намуда буданд. Рушди соҳаи саноат, ки замоне бар асари дарбаста гардидани корхонаҳои пуриқтидори истеҳсолӣ садҳо нафар сокинон аз ҷойи корӣ маҳрум шуданд ва дигар ҳодисаву воқеаҳо, ки боиси таназзулёбии ҳамаи соҳаҳо гардиданд.

Баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марзи вилояти Суғд ва аз ҷониби вакилон интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки ҳамаи он нобасомониҳо аз байн рафта, мардум низоми кори хешро дарёбад. Аммо магар он ҳам ба осонӣ ба даст омадааст? Албатта, не. Нахуст ҳамаи он гурезагонро боз ба мулкаш оварда, макони ноободи ононро аз нав бунёд намуда, қулфҳои дарбастаи коргоҳҳои истеҳсолиро боз намуда, соҳоти мухталифро дубора эҳё сохта, давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ бунёд карданд, ки дар ҳамаи ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита саҳмгузор шуданд.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки барои ба ин замони тинҷиву оромӣ дастёб гардидан чанд барномаҳои миллӣ таҳия ва дар амал татбиқ шуда, мардуми тоҷик тибқи қонунҳои баррасигардида самти фаъолияти хешро ба роҳ монданд. Масалан, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ва ғайра имкон фароҳам овард, ки дар ҷомеа аксар сокинони мамлакат тибқи қонунҳои зикргардида амал карда, маросими тӯю дигар маъракаҳои хешро ба низом дароранд. Масалан, баргузории тӯю маъракаҳои миллӣ бо иштироки теъдоди муайян имкон фароҳам овард, ки ҳар як хонадон вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хешро боз ҳам беҳтар ба роҳ монад.

Чор ҳадафи миллӣ, ки ба он шарафёб гардидем, ба ин васила роҳҳои дохилиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ обод гардиданду неруи барқ ҳамаи хонадон, ҳатто дурдасттарин деҳаҳои шаҳру навоҳиро равшанӣ бахшид. Алҳол саноатикунонии босуръати мамлакат низ бонизом ба роҳ монда шудааст ва он имкон фароҳам овард, ки вазъи иқтисодии ҳар як хонадони тоҷик рӯ ба беҳбудӣ орад.

Дар урфият мегӯянд: - Тинҷиву оромии ҳар хонадон аз ҳолати иқтисодӣ ва иҷтимоиаш вобаста аст. Марбут ба ин мавзуъ танҳо ҳаминро қайд карданиам, ки гарчанде ҷудошавии оилаҳо ба назар мерасанд, гоҳе ҳангоми бекоркунии ақди никоҳ ва ивази ному насаб муноқишаҳо бармехезанд, мо то қадри имкон бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ, ба қадри оила ва оиладорӣ расидан, мазмун ва моҳияти оила, пойдории он ва ба ин монанд мавзуъҳоро барои ҳамагон баррасӣ менамоем.

Баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз санаи 4 – уми июли соли 2020, таҳти рақами 1706 мо, масъулини шуъба кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки тибқи қонунҳои амалкунанда рафтор намоем, яъне пасвандҳои «–ов, -ова,-ев, -ева»-ро аз насаб гирифта шуда, ба ҷойи он «Номи падар бо иловаи пасвандҳои ташаккулдиҳандаи «–зод, -зода, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт» ва ё бе иловаи чунин пасвандҳо, инчунин истифодаи пасвандҳои «–овна, -евна, -ович, - евич» дар номи падар манъ аст. Дар сурати гуногун будани миллати падару модари кӯдак бо мувофиқати падару модар, бо насаби падар ё модар тибқи талаботи қисми 11 – и моддаи мазкур, сабт карда мешавад. Дар нимаи аввали соли равон дар маркази вилоят 1602 таваллуд, 609 нафар аз олам гузашта, 161 ҳолати бекоркунии ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда ва 113 нафар ному насаби хешро иваз карданд.

Алҳол бемории Ковид - 19, ки рӯи ҷаҳонро ба ларза овардааст, мо, кормандони шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷандро низ баҳри нигоҳ доштани саломатии худ ва атрофиён бетараф нагузошт. Кормандон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри саломатии шаҳрвандон ва атрофиён ба қоидаҳои санитарӣ риоя намоянд. Айни ҳол бо масъалаҳои мухталифи хеш, ба монанди гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, хатти вафот, бекор кардани ақди никоҳ, ивази ному насаб рӯзе то ҳафтод нафар муроҷиат мекунанд. Барои ҳифзи саломатии муроҷиаткунандагон ва атрофиён дар шуъба қуттии доруворӣ захира гардида, утоқҳои корӣ ва роҳравҳо бо маҳлули хлордор тоза карда, дар даромадгоҳ ва ҳар як утоқи корӣ маҳлули антисептикӣ гузошта шудааст. Ҳар як корманд бо ниқоб таъмин буда, инчунин аз ҳар як шаҳрванди муроҷиаткарда талаб менамоем, ки масофаи байниҳамдигариро риоя карда, ниқоб пӯшанд.

Мо, кормандони шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сокинон ҳамеша саломат бошанд ва мулкамон ободу итисодиёти ҳар як хонадони тоҷик ғанӣ бошад.

Мухбира ҶУМАЗОДА,

мудири шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд

Читать далее

САНОАТ ВА УСТУВОРИИ ИҚТИСОДИЁТ

Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Наздик сӣ сол мешавад, ки мо дар фазои сулҳу амонӣ зиндагӣ дорем ва корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли анвои гуногуни пӯшиданиву хӯрданӣ машғуланду соҳаҳои иҷтимоӣ ва маишӣ ба низом даромада, дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд. Алҳол мағозаҳо аз маҳсулоти ватанӣ сероб гардидаанду аз ҳисоби афзудани шумораҳои корхонаҳои истеҳсолӣ ва зиёд гардидани корҳои сохтмонию маишӣ сафи муҳоҷирон низ рӯ ба таназззул ниҳодааст.

Тавре дар ҳар як суханронию мулоқоту вохӯриҳо ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаҳои саноатӣ бармеояд, мо бояд истеҳсоли ватаниро тақвият бахшида, бозори истеъмолиро бо моли ватанӣ таъмин намоем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо сарварии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, мардуми суғдмарз баҳри сазовор ва бо туҳфаҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ самаранок меҳнат намуда истодаанд. Дар натиҷаи андешидани чораву тадбирҳои мушаххас маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолӣ соли пешин ба 20,5 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли ду ҳазору даҳум 3,6 маротиба афзудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, агар соли 2019 дар сатҳи вилоят 620 корхонаи хурду калони саноатӣ зиёда аз 175 номгӯи маҳсулот истеҳсол намуда бошанд, дар нимаи аввали соли равон дар 682 корхона якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблагӣ 6576,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Ба ин маънӣ дар шаҳри Хуҷанд – маркази вилоят ҳам алҳол сол аз сол номгӯи корхонаҳои истеҳсолӣ афзуда, шумораи молҳои ватанӣ низ зиёд гардидааст. Хосатан, ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар заминаи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор хуҷандиён низ камари ҳиммат баста, дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, дар ободонию сарсабзии диёр саҳми хешро гузошта истодаанд. Дар асоси 88 банди нақша - чорабиниҳои тартибдода хеле корҳо амалӣ гардида, дар нимаи аввали соли равон ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба 552,2 миллион сомонӣ расида, дар ин давра инчунин чор корхонаи истеҳсолӣ, ду муассисаи ташхисию табобатӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ, расадхона, хатти обрасонӣ, ду маркази хизматрасонӣ, чор бинои истиқоматии баландошёна, 74 нуқтаи савдо ба истифода дода, 322 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.

Вазидани насими Истиқлол, фазои сулҳу амонӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ боис гардиданд, ки биноҳои мактабҳои кӯҳнаву фурӯрафтаистода ва муассисаҳои тандурустиву дигар иншооти маишӣ бо тарҳи нав пӯшида шуда, роҳҳои мошингарди дохилию ҷумҳуривӣ ва аҳамияти байналмилали дошта мумфаршу ҳамвор гарданд. Инчунин, соҳаи саноат низ рушд ёфта, садҳо нафарро бо ҷойи корӣ таъмин намуда, моли истеҳсоли ватаниро дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ карданд.

Чунончӣ, ба ифтихори солгарди Ваҳдати миллӣ чанд корхонаҳои саноатӣ дар вилоят дари худро боз намуда, қисме аз онон фаъолияти хешро боз ҳам беҳтар ба роҳ мондаанд, ки инро ҳангоми ташрифи хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргоҳи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Суғдиён» зикр доштанд.

Коргоҳ ҳанӯз беш аз сӣ сол муқаддам бо фарогирии 15 нафар корманд дар масоҳати умумии 4,26 гектар фаъолият дошт. Мутаассифона, бо мурури замон он аз кор бозмонда, дастгоҳҳои бекормонда бо гузашти вақт корношоям гардидаву мутахассисони соҳаҳои муҳандисию техникӣ тарки коргоҳ карданд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар қатори дигар коргоҳҳо коргоҳи дӯзандагии солҳои сол дараш қулфбаста ва наздик ба фурӯрафтаи ҶДММ «Суғдиён» бо ҷалби сармояи дохилӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» аз нав эҳё гардид. Айни ҳол коргоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Хитой насб гардида, бонувони хуҷандӣ ба дӯхтани шим, нимшима, куртаҳои мардона, занона ва бачагона, инчунин либоси махсуси машғуланд.

Директори коргоҳ - зани меҳнатқарину ташкилотчии моҳир Шаҳло Латифова доир ба эҳёи дубораи коргоҳ, ҷалби сармояи дохилӣ ва саҳми ҶСП «Корпоратсияи Сомон Суғд» изҳори андеша намуда, аз ҷумла чунин гуфт: - Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол чорсад ҳазор дона маҳсулоти дӯхта мебошад. Мо бо таъсис додани коргоҳ қаноат нахоҳем кард, балки барои васеъ намудани он, афзун гардондани номгӯи маҳсулоти дӯхташуда боз ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳем. Дар ҳолати пурра ба кор даромадани коргоҳ аз ҳисоби пайдо шудани ҷойи корӣ шумораи кормандон ба яксаду ҳафтод нафар хоҳад расид.

- Боиси ифтихор аст, – идома дод суханашро сарвари коргоҳ, - ки дуюми июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона ошно гардида, ҷиҳати дӯхти босифати либос, пурра таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар дастуру супоришҳо доданд. Ҳамин ҳидояти Пешвои муаззами миллат мо, саноатчиёнро водор месозад, ки баҳри рақобатпазирии бозори ҷаҳонӣ саъю кӯшиш намуда, маҳсулоти хушсифатро пешкаши мизоҷон гардонем.

Дар ин самт дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ хеле назаррас мебошад. Соҳибистиқлолии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, рушди иқтисодии кишвар ва омода сохтани мутахассисони гуногунҷабҳа дар макотиби олӣ боис гардиданд, ки на танҳо корхонаи мазкур, инчунин чандин коргоҳҳои истеҳсолӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳалливу хориҷӣ пас аз таҷдиду азнавсозӣ мутобиқи талаботи замон дубора ба кор шуруъ намоянд.

Ҳар як корхонаи истеҳсолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад маҳсулоти хешро дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд. Коргоҳи мазкур низ чандест, ки бо ширкати шуҳрати ҷаҳонидоштаи «Текстил - трейд» -и Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, чанд моҳ қабл беш аз шаш ҳазор дона нимшими ҷинсии мардонаро интиқол сохт. Ҳоло, аз рӯи иттилоъ, бо ширкати «Бил Бом Бо» -и Ҷумҳурии Белорусия низ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ минбаъд либосҳои занона ва мардонаро хоҳад дӯхт.

Бо ширкат ва соҳибкорони ватанӣ низ ҳамкории хуб ба роҳ монда шудааст. Дар масъалаи дӯхтани либоси мактабӣ бо чанде аз мактабҳои маркази вилоят шартнома баста шудааст.

Аз рӯи иттилои Шаҳло Латифова, дӯзандагони коргоҳ, ки духтарони маҳаллӣ мебошанд, дар як баст фаъолият дошта, тибқи муроҷиати коргоҳҳо ва муассисаҳои тандурустӣ дӯхтани ниқоб ва либоси муҳофизатии тиббиро низ ба роҳ мондааст. Дар асоси дархости ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «Сатн» беш аз сад ҳазор дона ниқоб омода гардид.

Дар асоси талаботи муассисаҳои тандурустӣ бошад, чорсад дона либоси муҳофизатии тиббӣ истеҳсол шуда, айни ҳол кор дар ин самт идома дорад. Дар корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Суғдиён” корҳои таъмиру тармим идома дорад, - қайд кард А. Раҳматзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, - ҳангоми ба истифода додани сехҳои шустушӯю пардоздиҳӣ ва рангуборкунӣ, ки он ҳам ба таври замонавӣ омода хоҳад шуд, фаъолият дар ин самт шабонарӯзӣ ба роҳ монда, боз дусад нафарро бо ҷойи корӣ таъмин месозанд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Аз литсей ба донишгоҳ рафтанд

 

 

 

Литсейи  касбию техникӣ, саноатию кишоварзии  ноҳияи Деваштич   соли 1978  таъсис ёфтаасту давоми мавҷудияташ ҳазорҳо нафар ҷавононро соҳиби касбу ҳунар намуд. Литсей имрӯз низ фаъолияти худро мутобиқи замони нав ба роҳ монда, баҳри ҳарчӣ бештар омӯхтани касбу ҳунар ба ҷавонон  тибқи дастуру ҳидоятҳои  Пешвои муаззами миллат  пеш мебарад. Аз ҷумла, соли таҳсили 2019-2020  дар шуъбаҳои кафшергари  барқию газӣ, тракторчигӣ, челонгарӣ, дӯзандагӣ 122 нафар таҳсил намуданд. Дар як вақт 85 нафар хатмкунандагон баробари  гирифтани ихтисоси касбӣ соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ гардиданд.

-Аз ҳисоби хатмкунандагон 19 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳои олии  мамлакат дохил шуданд ва дар як вақт 7 нафар ба гирифтани  дипломи аъло мушарраф  шуданд, - гуфт директори литсей Азиз Ёқубов. - Соли нави таҳсил мувофиқи нақша бояд 200 нафар ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шавад. Хушбахтона то имрӯз  наздик 150 нафар хоҳиши таҳсил  намуданд. Барои омӯзиши касбу ҳунар дар ин ҷо рӯзҳои наздик сехи  бозомӯзии талабагон ба кор оғоз менамояд. Ҳамчунин, синфи комютерӣ низ дар хизмати  хонандагон аст… Бо қувваи 62 нафар ҷомеаи меҳнатӣ 10 синфхона пурра  таъмир шуд…

Бо омодагии ҳамаҷониба соли нави таҳсил дар макони касбу ҳунар оғоз меёбад.

 Э.СОҲИБНАЗАРОВ,

ноҳияи Деваштич

 

 

 

Читать далее