01 September 2020

БРА гуфт, Тоҷикистон ягона давлати аъзояш аст, ки иқтисодаш дар замони пандемия рушд кард

 

 

 

Тоҷикистон ягона давлати аъзои Бонки рушди АвруОсиёӣ мебошад, ки дар шароити пандемияи коронавирус иқтисодаш рушд кардааст

Тибқи гузориши Бонки рушд АвруОсиёӣ, Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои камтарини минтақа аст, тавонист рушди иқтисодиро дар давраи пандемияи коронавирус нишон диҳад.

Читать далее

Роҳи Эмомалӣ Раҳмон

«Ман ду абармарди таърихро медонам, ки ба қавлашон амал кардаанд. Яке Ҷалолиддини Балхӣ, ки байни нажоди гуногун фарқ нагузоштанро талқин кард ва худ пеш аз ҳама ба қавлаш амал кард. Ва дуввум Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба ҳар чи гуфт, амал кард».  Ҳумайро Накҳати Дастгирзода

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи нави ташхисию табобатӣ дар ду ошёнаи аввали бинои 18-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самти Рушд” таъсис дода шуд.

Маркази табобатии муассиса аз бахшҳои гинекологӣ, дандондармонӣ, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии пластикӣ, косметологӣ, педиатрӣ, дар маҷмӯъ аз 12 утоқи хизматрасонӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва дорухона иборат мебошад. Утоқҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии маркази табобатии муассиса бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббии ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Читать далее

Ба истифода додани сардхона дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сардхонаи ҶДММ “Маркази савдои деҳқон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши кишоварзӣ дидан намуданд.

Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фирӯза Масиева бунёд гардида, барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маводи ғизоӣ имконияти васеъ дорад.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Шералӣ Холов дар заминаи дастгирӣ аз ташаббусҳои давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-ро дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

1 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшида шуд.

Бинои нави Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» мебошад. Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расиданд.

Читать далее

ПРЕЗИДЕНТИ МАН - ИФТИХОРИ МАН

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи баргузории интихоботи президентиро ба санаи 11 - уми октябр муқаррар кард. Дар асоси ин номзадҳо ба мақоми Президентӣ бояд то 15 - уми сентябр сабти ном шаванд. Имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо 30 рӯз пеш аз интихобот ҷамъ оварда мешаванд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шумораи пешакии умумии интихобкунандагон дар кишварро 4 миллиону 900 ҳазору 545 нафар эълон кард, ки рӯзи интихоботи президентӣ дар 68 ҳавза раъй хоҳанд дод.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбариро дар қаламрави шаҳру деҳот ба роҳ мондааст.

Дар шаҳр як ҳавзаи интихоботии Истаравшан, рақами 32 ва 90 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла 23 адад дар кумитаи маҳаллаҳои шаҳр ва 67 адад дар деҳот ташкил гардидаанд. Аз ин нишондод 46 фоизи он дар муассисаҳои таълимӣ, 27 фоиз дар чойхона, 6 фоиз дар қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳо ва 21 фоиз дар клубҳои фарҳангӣ, осоишгоҳҳо ва мағозаву биноҳои ташкилоту муассисаҳо ҷойгир шудаанд.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи ташкилӣ оид ба интихобот Фозилҷон Бобоев, мутобиқ ба нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёр ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол ҳавзаи интихоботии Истаравшан, рақами 32 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Раёсати адлия ташкил шуд. Ҳавза бо компютер, принтер, факс, ҷевони оҳанин, харитаи сиёсии шаҳр ва дигар лавозимоти зарурӣ пурра таъмин гардидааст.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа дар 20 участкаи интихоботӣ аз ҳисоби занон раисони участкаҳо таъйин шуда, дар ҳайати комиссияи интихоботӣ аз шумораи умумӣ ба ҳайси муовинон, котибон ва аъзоён 45 фоиз занон мебошанд.

- Бояд зикр намуд, ки мутобиқ ба пешниҳоди рӯйхатҳои эҳтимолии интихобкунандагон аз тарафи раисони кумитаи маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои деҳот 162856 нафар, яъне 59 фоиз аз шумораи умумии аҳолии сокинони шаҳру деҳоти Истаравшан дар интихобот иштирок меварзанд, - гуфт Фозилҷон Бобоев.

Давлат Неъматов – истиқоматкунандаи кумитаи маҳаллаи “Боғот”, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров:

- Имсол бароям мушарраф мегардад, ки бори аввал дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳам. Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Умед дорам, ки интихоботи навбатӣ мисли солҳои пеш шаффоф ва одилона баргузор мегардад.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

РАЪЙИ МО – МУАЙЯНКУНАНДАИ ОЯНДАИ КИШВАР

Айни замон дар кишвар омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ ҷараён дошта, санаи 11-уми октябр интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар ин замина корҳои омодагӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ бомаром рафта истодаанд.

Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Музаффар Бахтиёрзода изҳор намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия як қатор тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд. Боиси қайд аст, ки шумораи аҳолии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба санаи 1-уми январи соли равон 140828 нафарро ташкил дода, аз он ҷумла шумораи пешакии интихобкунандагон 81397 нафарро ташкил медиҳад. Дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 7-уми августи соли 2020, таҳти №102 дар ноҳия «Ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №42» ташкил шудааст.

Дар ин росто дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари дастурдиҳӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур ҳайати комиссияҳои участкавӣ иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ҳавза Садриддин Раҳматуллоев, коршиносони маҳаллӣ Бахтиёр Султонзода, Рустам Одилзода, мутахассисон, раисон, муовинон, котибон, аъзои ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ бо иштироки зиёда аз 100 нафар масъулин семинари дастурдиҳӣ гузаронида шуда, ҳамчунин ба ҳамаи участкаҳои интихоботӣ маводи зарурӣ тақсим шуд.

Насби шиору овезаҳо дар кӯчаҳои марказӣ, ҳавза ва участкаи интихоботӣ таъмин гардид.

Шакл ва ҳаҷми ягонаи лавҳаи даромадгоҳ ва овезаи гӯшаи интихоботӣ барои ҳавза ва участкаҳои интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, таҳти №98 ба роҳ монда шуда, дар ҳавза ва 43 участкаҳои интихоботӣ насб шудааст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Бунёди иншооти ҷашнӣ

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар самти бунёд ва таъмири иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист ва анҷоми дигари корҳои созандагӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Истиқлол бомаром идома доранд.

Бунёди иншооти ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни миллӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону афроди саховатпеша бунёд ва ба истифода додани беш аз 100 иншооти муҳими таъиноти гуногун дар гӯшаю канори шаҳр ба нақша гирифта шудааст.

Ҳафтаи сипаришуда сокинони маҳаллаи Меҳнатободи шаҳр бо ҳисси баланди ватандӯстӣ тариқи ҳашар ба ободонию бунёдкорӣ рӯ оварданд. Зиёда аз ҳазор нафар сокинон ба ҳашар баромада, дар корҳои тоза намудани роҳ, маҳаллу пайроҳаҳои одамгузар саҳм гузоштанд. Оромгоҳ ба тартиб дароварда шуда, 1,5 километр роҳи мошингард аз таъмири ҷорӣ баромад.

Чанд рӯз пеш дар маҳаллаи номбурда бо иштироки раиси шаҳр Худойназар Амонзода бинои кумитаи маҳалла, ки яке аз иншооти ҷашнӣ маҳсуб меёбад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Сокинони маҳал акнун метавонанд, тамоми бурду бохти якдигарро дар ин ҷо натиҷабардорию роҳандозӣ намоянд.

Ҳангоми вохӯрӣ вазъи сиёсию иҷтимоӣ, хурӯҷи бемории вогири коронавирус дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба омодагӣ ба фасли зимистон, захираи маводи ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъаи замин, оштинопазирӣ нисбат ба даъвоҳои бебунёди хоинони миллату давлат, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти мамлакат ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуд. Чунин мулоқот дар дигар маҳаллу кӯчаҳои шаҳр низ баргузор шуда истодаанд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Бузургтарин неъмати давлатдорӣ

Санаи 9-уми сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсози миллати тоҷик - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ин рӯ, он ҳамасола 9 сентябр расман ҳамчун рӯзи муқаддас ҷашн гирифта мешавад. Даврони Истиқлолият барои мо имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзаву ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

 Истиқлолият ба мардуми тоҷик рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонд, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин кард. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту нӯҳ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори Истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш, моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар бо номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллиро дар арсаи ҷаҳон нодида гирифтан номумкин аст.

Бале, баъди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо чӣ қадар дастовардҳои нав ба вуқӯъ пайвастанд, ки ҳамаи онҳо ба номи Сарвари давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст. Бале, таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, истиқлолияти энергетикӣ худ шаҳодати бузурги Истиқлолияти миллист.

Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ ва ваҳдати пойдор мебошад. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Бигзор, иди муқаддаси меҳан, Истиқлолияти миллӣ барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии ободу осуда, комёбӣ ва кушоишҳо оварад!

Бахтиёр ОҚИЛЗОДА,

раиси Суди вилояти Суғд

Читать далее