02 September 2020

ВЫБОРЫ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН-2020: мнения и правовая действительность. НИАТ «Ховар» представляет компетентные мнения ученных

 

 

 

ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /НИАТ «Ховар»/. Право в любом обществе признается универсальным инструментом регулирования общественных отношений. По этим основаниям, любые общественно значимые явления в настоящее время регулируются законами и другими нормативными актами. Это положение наиболее актуализировано в настоящее время, когда структура общественных отношений становится сложной, а их регулирование приводит к ранее не известным, не апробированным правом явлениям.

Читать далее

Пахта чаман – чаман шукуфта…

Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки комплекси агросаноатӣ маҳсуб ёфта, дар амалигардонии рушди устувору босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи саноати сабук, шуғлнокии аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар маҷмӯъ беҳсозии дараҷаи зисту зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ дорад.

Ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доири вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук силсилаи тадбирҳо амалӣ гардиданд.      

Бино ба иттилои Абдуазиз Маҳмудзода - намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят, соли ҷорӣ масоҳати кишти пахта тибқи маълумоти оморӣ, 58 ҳазору 905 гектарро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 450 гектар зиёд мебошад.

Имрӯз дар вилоят корхонаҳои коркард якчанд навъи чигитро захира намудаанд, ки аз он хоҷагиҳо истифода бурданд. Масалан, навъҳои маҳаллию хориҷӣ, аз қабили “Флора”, “Флеш”, “АДН -123”, “Чуансу”, “Синзян”, “Ориёӣ”, “Неъмат”, “Сорбон”, “Хуҷанд - 67”, “Деҳқонбобо”, “Зуҳал”, “Тезпур” ва дигар навъҳоро кишт намуданд, - гуфт номбурда.

Кишоварзони вилоят бо ҳамбастагӣ бо олимону мутахассисони соҳа барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дар ин замина зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои пахтакор сафари корӣ намуда, маслиҳату тавсияҳо доданд. Тибқи маълумоти раёсати кишоварзии шаҳру ноҳияҳои пахтакор, ба ҳолати имрӯза 4,5 маротиба оби нашъунамо, 5,1 маротиба коркарди байни қатор ва 3,2 маротиба озуқадиҳии пахта амалӣ гардида, сарчинкунӣ ба ҳолати имрӯза сад фоиз ба итмом расонида шуд.

Яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ин эмин нигоҳ доштани пахта аз ҳар гуна ҳашароти зараррасон мебошад.

Тибқи маълумоти филиали Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химкунонии кишоварзии вилоят, ба санаи 25 - уми августи соли равон дар майдон 16 ҳазору 364 гектар ба муқобили трипс ва ширинчаи пахта, 9 ҳазору 568 гектар ба муқобили тортанаккана коркарди кимиёвӣ ва инчунин, дар майдони 20 ҳазору 940 гектар чангкунӣ бо хокаи сулфур гузаронида шудааст. Мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон солҳои охир бо усули биологӣ ривоҷу равнақ ёфта, имсол дар майдони 5 ҳазору 162 гектар паҳнкунии тиллочашмак, дар 29 ҳазору 133 гектар трихогамма, дар 25 ҳазору 807 гектар габробракон паҳн шудааст. Дар пахтазорҳои вилоят 23 ҳазору 163 адад доми ферамонӣ гузошта шудаанд.

Имрӯзҳо корҳои омодагӣ ба чиниши пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят хуб ба роҳ монда шуда, тибқи маълумот, алҳол дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Ашт, Зафаробод ва Конибодом чиниши ҳосили имсола шурӯъ гардидааст.

Пахтакорони вилоят, махсусан, деҳқонони шаҳри Конибодом аз аввали мавсим софдилона меҳнат намуда, то ба даври ғунучини ҳосил расидаанд.

Тибқи иттилои агрономи идораи кишоварзии шаҳр Тӯйчибой Мирзоев, дар майдони 6 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шуда, аз рӯи нақшаи пешбинигардида, бояд пахтакорон 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Аз санаи 25 – уми август то ин дам 157 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст.

Пахтакорони шаҳр барои иҷрои намудани нақшаи пешбинишуда аз тамоми имконият истифода бурда, баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани дурри гаронбаҳо кӯшиш менамоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Читать далее

Ҳунармандӣ маро аз сахтиҳо наҷод дод!

Мо барои касбомӯзиву бо шуғл таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунем,  яъне муҳайё кардани ҷойҳои корӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати мамлакат ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.  

Эмомалӣ РАҲМОН

Эълон шудани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бори дигар имкон фароҳам овард, то занону духтарон, алалхусус нафароне, ки дар деҳаҳои дурдаст умр ба сар мебаранд, соҳибҳунар гарданд. Боиси зикр аст, ки аксар ҳунарҳои миллӣ ва қадимае, ки бобоёну бибиёни мо аз он воқиф буданд, дар канор монда буд.

Имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар аксар занону духтарон ба азхудкунии ҳунарҳои қадимаи тоҷикон ва ба ин васила барои пеш бурдани зиндагии худ машғуланд. Дар шаҳри Конибодом ба рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори хоса дода мешавад. Махсусан, дар ҳамаи шаҳру ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо марказҳои ҳунаромӯзӣ таъсис ёфтааст. Дар марказҳои ҳунаромӯзӣ духтарону ҷавонзанон бо шуғл фаро гирифта шудаанд.

Дар шаҳр асосан ҳунарҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ, наққошӣ ва рассомӣ рушд ёфта истодааст. Дар соли 2019 се нафар ҳунарманд ба гирифтани Гранти Раиси вилоят мушарраф гардиданд. Назира Атаҷонова зани ҳунарманд буда, умри худро барои омӯзонидани ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ ба занону духтарон паси сар кардааст. - Ҳунармандиро аз синни 5 - солагӣ аз модару бибӣ ва хоҳаронам аз худ кардаам. Вақте онҳо ба даст сӯзан мегирифтанд, ман низ хаёлан машғули офаридани нақшҳои гуногун будам. Назира Атаҷонова зодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, бо амри тақдир бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон оиладор гардидааст.

Ҳанӯз аз соли 1974 то ба имрӯз дар шаҳри Конибодом умр ба сар бурда, аллакай ба зиёда аз 100 нафар занону духтарон ин ҳунари қадимаро меомӯзонад. Ҳарчанд синнаш ба 70 расида бошад ҳам, дар дӯхтани сӯзанӣ моҳир аст. - Пас аз оиладор шуданам, ба боғчаи бачагона ба ҳайси ҳамшираи тиб ба фаъолият оғоз кардам. Дар ин соҳа 40 соли умрамро сарф кардам ва аз ҳамшираи тиб то ба мудирии боғча расидам. Вақте соли 2013 ба нафақа баромадам, дар фикри кушодани сехи сӯзанидӯзиву зардӯзӣ будам ва ба ин орзу ҳам расидам, - мегӯяд ҳунарманд.

Боиси қайд аст, ки маҳз заҳмату меҳнатдӯстии ӯ буд, ки соли 2016 ба гирифтани гранти Раиси вилоят мушарраф гардид. Барои гузоштани саҳми худ дар ҷодаи ҳунармандӣ басо меҳнат кард ва дар озмуну намоишҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён шуд. - Вақте дар кишвар сесолаи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, шод гаштам, зеро имконияти муаррифӣ кардани ҳунари қадимаро пайдо намудам.

Дар деҳаи Равот сехи дӯзандагиро ташкил кардем. Азбаски мо дар минтақаи наздисарҳадӣ умр ба сар мебарем, духтаракони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ барои ҳунаромӯзӣ меоянд, - гуфт Назира Атаҷонова. Пас аз кушода шудани сарҳадҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар барои сокинони ҳар ду давлат имконияти равуо беҳтар шуд. Пештар барои гирифтани раводид муаммоҳои зиёде пеш меомад, вале имрӯз ин ҳама мушкилоти мардум паси сар шуд, - мегӯяд ҳунарманд. Имрӯз аксар шогирдони ин зани ҳунарманд аз нозукии касби гулдӯзиву сӯзанидӯзӣ ва зардӯзӣ бархурдор гардида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла шогирдон Наргиза, Маҳлиё, Нодира, Оқила сехҳои дӯзандагӣ доранду аллакай шогирдони худро тарбия карда истодаанд.

Наргис Исмоилова - мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Пӯлодон: - Аз соли 2007 инҷониб ман ин зани ҳунармандро мешиносам. Боре ба ягон нафар дар мавриди кӯмак ва дастгирӣ «не» нагуфтаанд. Дар ҳамаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ фаъолона иштирок мекунанд. Офаридаҳои ин зан аз ҳамдигар зеботар аст. Дар тасвирҳояшон бештар аз табиат истифода мебаранд. Ҳунарҳои дӯзандагӣ, зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ ва қуроқдӯзӣ дар назари аввал осон, вале дар асл заҳматталаб аст. Назира Атаҷонова асосан нақшҳои Бухорову Самарқандро дар рӯи матоъ меофарад. Барои омода шудани як сӯзанӣ се моҳ лозим аст ва нафаре, ки нисбат ба дӯхтан шавқу ҳавас дорад, давоми се моҳ метавонад, ин ҳунарро аз худ кунад. - Азбаски хушдоман надоштам, аз рӯзҳои аввали хонадоршавиам мустақилона умр ба сар мебурдам.

 Вақте фарзанддор шудам, мушкилоти зиндагӣ ба дӯши мо - навҷавонон расид. Он лаҳзаҳо дар зиндагӣ бо мушкилоти зиёд, алалхусус бо мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудам. Дар ин ҷода ҳунари дӯзандагиам маро кӯмакам кард. 4 фарзанд - ду писару ду духтарро ба воя расонида, имрӯз соҳиби 9 набера ҳастем, - аз хотироташ ёдовар шуд Назира Атаҷонова.

Нигора Ғаффорзода – собиқ муовини раиси шаҳри Конибодом оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ: - Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки «Солҳои 2019 - 2021 - «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст ва ин иқдом боиси он гардид, ки сатҳи зиндагии занони ҳунарманди мо ба дараҷае баланд гардад. Ҳунармандӣ ба рушди деҳот таъсири худро мерасонад, зеро аксар занони хонашин дар деҳот ҳастанд ва вақте онҳо бо ҳунаромӯзӣ машғул мешаванд, деҳот рӯ ба ободӣ ва рушд мениҳад. Мо тасмим гирифтем, ки дар ҷамоатҳои деҳот маҳфилҳои ҳунаромӯзиро зиёд кунем, рушди меҳнати хонагиро низ ба роҳ монем, зеро имрӯз занони деҳот аллакай миқдори зиёди матои адрас бофта, ба фурӯш гузоштаанд.

Азбаски дар шаҳри Конибодом аз ҳисоби занон муҳоҷирони меҳнатӣ зиёданд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, бо фарогирии ҳунаромӯзӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатиро кам кунад, зеро онҳо метавонанд, ба ҳунармандӣ машғул шуда, маҳсулоти худро ба бозор бароранд.

Ш.ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мард бо ҳунар гирад ном

Истаравшан аз давраҳои пешин маркази касбу ҳунар ва шаҳри ҳунармандон ба ҳисоб рафта, аксар ҳунарҳои қадима, аз қабили чархчиён, оҳангарон, сандуқсозон, кордсозон, шонатарошон, мисгарон, читгарон, кандакорон, заргарон, чармгарон, мӯзадӯзон, наққошон, собунгарон ва ғайраҳо то ба имрӯз боқӣ мондаанд.

Ин гуфтаҳоро ман зимни суҳбат бо кордсози машҳури истаравшанӣ Иброҳимҷон Мирзоев эҳсос кардам, ки ба касбаш дилбастагии беандоза дорад. Ӯ бо ҳавас кордҳои сохтаашро аз чӯбҳои чормағзу тут, шохҳои бузу гов, устухони фил муаррифӣ намуда, нақл кард, ки бобокалонамон усто буда, ин касб барои мо аз Холмуҳаммад мерос мондааст.

Падарам усто - Адҳам маро аз синни хурдсолиам ба дӯкон мебурд. Боре падарам маро ба дӯкон бурда, дар назди қӯраи оҳангарӣ шинонида гуфт: - Писарам, бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз!». Аз ҳамон рӯз корро сар кардам ва нозукиҳои ин касбро аз падарам оҳиста-оҳиста меомӯхтам. Ҳамин тавр, рӯзҳо мегузаштанд. Рӯзе пинҳонӣ корде сохтам ва онро дар назди қӯраи оҳангарӣ гузоштам. Падарам инро дида, хеле хурсанд шуд: - Офарин, писарам, акнун ман хотирҷамъ ҳастам, ки касбам намемирад ва ту аробаи зиндагиро оянда бемалол мекашӣ. Усто - Иброҳим бо як болидарӯҳӣ иброз дошт, ки зиёда аз 40 сол тавассути касби аҷдодӣ нон меёбад. Зеро писаронаш Бахтиёру Ихтиёр ин касбро пеша намуда, имрӯзҳо аз корд то шамшерро мустақилона месозанд. Ҳамзамон, шогирдонаш Аюбҷон, Сӯҳроб, Исмоил, Олимҷон, Ҳошимҷон, Ҷамшед ва Азизҷон дилбохтаи касби хешанд.

Оилаи кордсозон борҳо бо маҳсулоташон дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Олмон, Федератсияи Россия иштирок намуда, соҳиби диплому ҷоизаҳо гаштаанд. - Мо, ҳунармандон шукрона аз он мекунем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Ҳамзамон, додани имтиёзҳои давлатӣ ба мо, ҳунармандон имконият медиҳад, ки беҳтарин намунаҳои эҷодамонро ба бозорҳои ҷаҳонӣ барорем ва ҳунарҳои худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, - гуфт зимни суҳбат узви Иттифоқи рассомон ва ҳунармандон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Мирзоев.

Саъдуллои САЙФУЛЛО,

рӯзноманигор, шаҳри Истаравшан

Читать далее

Ҳунари аҷдодӣ

Ҳунар беҳтарин ганҷина ва гиреҳкушои тамоми мушкилоти ҳар як инсон ба ҳисоб меравад. Хирадмандон ва бузургони мо ҳама ҷо ситоиши ҳунар мекунанд ва онро беҳтарин омили инсонӣ фармудаанд.

 Вақте вориди коргоҳи усто - Исломи кандакор гардидам, ӯро чун як нафари самимӣ, зиндадилу кордон ва дӯстдори ҳунари хеш дарёфтам. Ислом Орифов соли 1942 дар деҳаи Зебони шаҳри Панҷакент (Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан) дар оилаи ҳунарманд усто - Ориф ба дунё омадааст. Аз хурдӣ касби кандакориро аз падараш ва бародараш омӯхтааст. Кандакорӣ ҳунари аҷдодӣ буда, касби хеле дақиқ ва нозук мебошад. Санъати кандакорӣ барои усто - Ислом ҳунари авлодӣ буда, то имрӯз ин санъати халқии беҳамторо аз насл ба насл интиқол медиҳад. Ӯ дар суҳбат гуфт: «Аз ҳунар мардум манфиат мегиранд.

Ҳунарманде, ки ҳунарашро ба шогирдон намеомӯзонад, ба олими беамал шабоҳат дорад». Ин аст, ки усто Ислом зиёда аз сад шогирди гулдаст тарбия кардааст. Аз ҷумла, 6 нафар писар ва 12 нафар бародарзодааш, ки ҳоло алоҳида амал мекунанду шогирдони худро доранд, тарбиядидаи ин устои асил мебошанд. Маҳсули дасти ин ҳунарманд имрӯз на танҳо дар ноҳия, балки берун аз он дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе низ ба кошонаҳои сокинон ҳусну ҷилои тоза мебахшанд. Намунаи кори усто - Ислом дари даромадгоҳи Муассисаи давлатии Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент мебошад, ки диққати бинандаро ба худ ҷалб мекунад.

 Санъати кандакории ин дарвоза аз ҷониби хориҷиёну тамошобинон баҳои баланд гирифтааст. Аз дидани нақшу нигоре, ки усто рӯи чӯб меорад, қалби инсон боз ҳам мафтуну шайдотар мегардад. Зеро инсон қодир аст, бо дасти худ ҳама чиз офарад. Дар санъати кандакории ин устои асил қолабҳои нав ба нав эҷод мешаванд. Нақшҳо дар эҷодиёти усто - Ислом чунон моҳирона ҷой дода шудаанд, ки кас аз зебоиву нафосати он ҳаловат мебарад. Истеъдоди волои ин ҳунарманд шоёни таҳсин аст.

Хизматҳои шоёни усто - Ислом бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати фарҳанг қадр шудааст.

Зебинисо ПӮЛОТОВА,
корманди илмии Осорхонаи ба номи
Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент

Читать далее

Дараки тозаи саразмиён ва кайнаҳриён

Ба бойгониам, аз он ҷумла ба маҷаллаҳои аз даврони шӯравӣ эҳтиёткардаам рӯ овардам. Ҳангоми мутолиаи маҷаллаи «Наука и жизнь» чопи соли 1985 ба мақолае таҳти унвони «Стеклу двенадцать веков» вохӯрдам. Дар мақола сухан аз зарфи шишагии нақшу нигордоре меравад, ки дар вақти ҳафриёти Панҷакенти куҳан (Кайнаҳр) ёфта будаанд. Ин зарфро панҷакентиён ҳанӯз дар асри VII сохта будаанд.

Сонитар, фақат дар Миср бостоншиносон ба чунин як зарфе вомехӯранд, вале он зарфи шишагии мисрӣ 100-150 сол баъдтар аз зарфи панҷакентиён сохта шуда будааст.

Мақолаи мазкур ба В.Распопова тааллуқ дошта, таҳти унвони “Стеклянные сосуды с росписью из Пенджикента» дар шумораи 2-юми «Советская археология» соли 1985 чоп ва онро ҷурнали” Наука и ҷизнҳ» бознашр кардааст.

Тасодуфан рӯзи дигар бо худ ба ҷои кор шумораи дигари маҷаллаи «Наука и жизнь»-ро овардам.

Маҷалла нашри соли 1986 буда, дар он мақолаи бостоншинос, фарзанди фарзонаи миллат Абдуллоҷон Исҳоқиро дарёфтам. Номи мақола “Саразм. Горизонты древней цивилизации” буда, дар он муаллиф хостааст, ҷаҳониёнро бо Саразми бостон шинос кунад, гарчанде он вақт аллакай дар Саразм бостоншиносони Фаронса ҳафриёт мегузарониданд.

Дар мақола аз саршавии ҳафриёт, масоҳати ҳамонвақта, архитектураи биноҳо, ёфта шудани донаи ҷав, анбори захираи ғалла, ҳунарманду кишоварз будани саразмиён, бо фулузот сарукор доштанашон сухан меравад.

Исҳоқов батафсил дар бораи зане, ки сар то пояш бо зебу зиннати аз тилло сохташуда оро дода шуда будааст, маълумот медиҳад.

Ин зан шояд ҳамон зане аст, ки Маликаи Саразмаш мегӯянд. Абдуллоҷон махсус қайд мекунад, ки дар вақти ҳаматарафа омӯхтани косахонаи сари саразмиён маълум шудааст, ки онҳо ба европоиҳо монанд буда, сарашон дароз ва рӯяшон наҳиф будааст.

Қади Маликаи Саразм ба 163-164 см баробар будааст…

Мақолаи Абдуллоҷонро мутолиа мекардаму ба ёдам давуғеҷу талошҳои шодравон мерасид. Огоҳ будам, ки чандин бор ба назди роҳбарони ҳамонвақта меомад, то тракторҳое, ки замини Саразмро ҷуфт мекарданд, аз он ҷойи муқаддас бароранд.

Мақолае, ки сухан дар борааш меравад, дорои аксҳои нодире ҳам аст, аз қабили сохти биноҳо, дахма, табақи мармарӣ, акси гове, ки дар санг ҳакокӣ шудааст, найзаҳои оҳанӣ, зебу зиннати аз сангҳои гаронбаҳо, устухон сохташуда ва ғайраҳо.

Маҷаллаҳои мазкур ба осорхонаи навтаъсиси Саразм тақдим хоҳанд шуд.

Қаҳрамон Бурҳон,

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ҷарроҳи дараҷаи олӣ

Читать далее