03 September 2020

ШАҲДИ ТАРБУЗУ ХАРБУЗА – ДИЛҶӮЙИ ҲАМА

Дар ноҳияи Зафаробод имсол 27 ҳазор тонна полезӣ истеҳсол карда мешавад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатии хеш доир ба истифодаи самараноки замин ба масъулони соҳа дастуру супоришҳо дода, таъкид карданд: «Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардондани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад».

Аз ин лиҳоз, иқлими кишвар имкон фароҳам меоварад, ки сокинон тамоми фасли сол ҳамеша бо сабзавоти тару тоза таъмин бошанду аз ҳисоби содирот ба бозорҳои маҳаллӣ ва берун аз он манфиати хуб ба даст оварда, бо ин васила эҳтиёҷоти рӯзгори худро таъмин намоянд.

Тайи чанд соли охир дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят нархи полезиҳо махсусан тарбузу харбуза гарон буду аксари сокинон ба он дастрасӣ надоштанд. Имрӯзҳо арзон гардидани нархи ин навъи полезиҳо дар фасли тирамоҳ сокинонро хушҳол намуд, ки фаровон истеъмол намоянд. Ҳангоми мушоҳидаҳо дар марказ ва атрофи шаҳри Хуҷанд аён гардид, ки нархи як дона тарбуз аз 2 сомонӣ оғоз мешавад.

Баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии ҳарчӣ бештари сокинон ба маҳсулоти хушсифат дар ҳамаи фасли сол Пешвои миллат дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар якчанд имтиёз муқаррар намуда буданд, ки он деҳқононро хеле рӯҳбаланд гардонидааст.

Аз ин имтиёзҳо кишоварзони ноҳияи Зафаробод рӯҳбаланд гардида, барои васеъ ва самаранок истифода намудани заминҳои корами худ кӯшиш намуда менамоянд.

Бино ба иттилои сармутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳия Асадулло Умаров соли ҷорӣ кишоварзон тибқи дурнамои пешбинигардида дар майдони 1361 гектар кишти полезиҳо гузарониданд. Айни  ҳол 4159 тонна полезиҳои хушсифат истеҳсол гардидааст, ки наздик 80 фоизи онро харбузаи маҳаллӣ ташкил медиҳад, ки бо таъму лаззати нотакрор  харидорони зиёди худро дорад.

Соли гузашта тибқи маълумоти оморӣ кишоварзони ноҳия дар майдони 1223 гектар кишти полезӣ гузаронида, аз он беш аз  21 ҳазор тонна тарбузу харбуза истеҳсол намуданд.

Бино ба иттилои масъулин ҷамъоварии маҳсулот то моҳи октябр идома ёфта, кишоварзони ноҳия аз рӯи нақша дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 27 ҳазор тонна полезӣ истеҳсол менамоянд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳамасола дар фасли гармо талаботи аҳолӣ нисба ба полезиҳо зиёд мегардад. Кишоварзони шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти мардум аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, барои хушсифат истеҳсол намудани махсусан, тарбузу харбуза кӯшиш намоянд.

 Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ҲХДТ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд

Имрӯз дар Кохи Борбад Анҷумани XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вакилон, аъзои Раёсат, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парлумон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як зумра сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.

Раиси дастгоҳи ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар анҷуман аз тарафи вакили Анҷуман Зубайда Шарипова, директори мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид, ки он аз ҷониби ҳамаи  вакилони Анҷумани XIV якдилона ҷонибдорӣ ёфт. Инчунин Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, собиқадори ҳизб, Абдумубин Абдушукуров, директори корхонаи саноатии “ЗиревЭко”-и шаҳри Хуҷанд, Гулбарг Боқиева, роҳбари Маркази ҳунармандии “Чирадаст”- и ноҳияи Мӯъминобод, Гулнора Тайғунова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон, Саидбек Мирзомиддинов, роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия (тариқи онлайн) ва дигарон изҳори назар карда, пешбарӣ гардидани номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Дар анҷуман муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ бо пешниҳоди далелҳои мушаххас таъкид намуд, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомшуда ҳамаи нишондиҳандаҳои барномаи номзад ба мансаби Президенти мамлакат аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои 7 сол, ки дар соли 2013 пешбинӣ шуда буд, дар маҷмӯъ иҷро гардиданд.

Зикр гардид, ки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Интихобот бо барномаи ҷадид, ки фарогири ҳама самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аст, ворид мегардад. Барномаи пешазинтихоботии номзади пешбаринамуда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаро фаро мегирад. Аз тарафи А. Азизӣ махсус таъкид шуд, ки номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои иҷрои барномаи пешазинтихоботии худ се имконияти ҷиддӣ дорад: якум — таҷрибаи бузурги сиёсӣ; дуюм — собиқаи амалии идоракунӣ ва сеюм — неруи бузурги кадрӣ ва ҷонибдорони зиёди мавқеи ҳизб.

Мавриди зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 494 ҳазор нафар аъзо дорад. Аз ин шумора 48 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 37 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

www.khovar.tj

Читать далее

РАЪЙИ МАРДУМ – ҲАЛКУНАНДА!

Cанаи 11-уми октябри соли 2020-ум дар мамлакатамон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар ин радиф дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд омодагиҳо бомаром ҷараён доранд. Тавре котиби комиссияи интихоботии ҳавзаи интихоботии «Ашт», №35 Назокат Маҳкамова изҳор дошт, дар ноҳия як ҳавзаи интихоботӣ ва 56 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст. Теъдоди интихобкунандагон 101.631 нафарро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ корҳои насб намудани шиору овезаҳо, омода намудани буклету брошюраҳо идома доранд.Тавассути рӯзномаи ноҳиявии «Шӯҳрати Ашт» ва радиои «Диёр» маводҳо доир ба интихобот интишор ва пахш карда шуда истодааст. Дар кӯчаҳои марказии ноҳия шиору овезаҳо оид ба интихобот насб карда шудаанд.

То имрӯз аз ҷониби коршиносон дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Пунук, Ифтихор семинарҳои дастурдиҳӣ доир карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки баҳри хона ба хона ва дар ҷамоатҳои деҳот паҳн намудани брошюра ва буклетҳо бештар аз сесаду панҷоҳ нафар волонтёр - муҳассилони синфҳои болоӣ ва ҷавонон ҷалб гардида, дар ин самт кор хуб ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин, тавре собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Мӯътабар Мадаминова изҳор дошт, аз ҷониби кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ситод аз ҳисоби бахши кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода шуда, ҳамчунин гурӯҳи ташаббускор амал мекунад. Имрӯзҳо аъзои ситод ва гурӯҳҳои ташаббускор дар Ҷамоатҳои деҳоти Ошоба, Понғоз, Ориён, Меҳробод, Ашт оид ба интихобот вохӯриву мулоқот бо сокинон гузаронида истодаанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

3 сентябр дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар назди афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ карданд.

Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷамолзода оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.

Читать далее

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни
ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати
ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Рам Натх Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими маъруфи давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ боиси андуҳи мо гардид.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи авиатсия

Басо рамзист, ки иди касбии кормандони соҳаи авиатсия дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо орзу менамоям.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо дар ҳазорсолаи охир падидаи беназиру бузурги таърихӣ ва боарзиштарин дастоварди миллат ҳисобида мешавад. Ин дастоварди таърихӣ ба мо имконият дод, ки соҳиби Ватани озоду обод ва давлатдории миллӣ гардем, бо эҳёи арзишҳои суннатӣ ормонҳои чандинасраи халқамонро амалӣ намуда, зиндагии босаодати мардумро таъмин намоем.

Читать далее

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020: андешаҳо ва воқеияти ҳуқуқӣ. АМИТ «Ховар» назари дастаҷамъонаи олимонро пешниҳод менамояд

 

 

 

ДУШАНБЕ, 02.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Қонун дар ҳар як  ҷомеа ҳамчун афзори ҳамакораи танзими муносиботи иҷтимоӣ эътироф мешавад. Бинобар ин асос ҳар навъ падидаи дорои аҳамияти иҷтимоӣ дар ҳоли ҳозир тавассути қонунҳо ва дигар асноди  меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешавад. Ин муқаррарот дар замони ҳозира, ки сохтори муносиботи  иҷтимоӣ мураккаб мешавад ва пайомади танзими онҳо боиси зуҳуроти номаълум ва қонунан тасдиқношуда  мешавад, хеле муҳим аст.

Читать далее

Таҷрибаи талхи худиву бегонагон

Чун дар интихоботҳо барои ба даст гирифтани ҳокимият ва минбаъд амалӣ намудани нақшаи геостратегӣ барои қудратҳои сиёсӣ фурсати бениҳоят муносиб мебошад. Аз ин ҷиҳат дар баробари наздик гардидани чунин навъ маъракаҳои сиёсӣ душманони давлату миллат бо таҳия намудани барномаҳои махсус ба амалҳои бадномкуниву сиёҳкунии ҳукуматҳо шурӯъ менамоянд. Дар ин робита ҳодисаҳои Белоруссия ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ амали тафриқаандозӣ, ҳангомасозӣ, бадномкунӣ, туҳмату дасиса, паҳнсозии маълумоти бардурӯғ аз ҷониби намояндагони ТТЭ ҲНИ нисбати фаъолияти аъзоёни Ҳукумати ҷумҳурӣ мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

Таҷрибаи талхи солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ва ҳодисаҳои охири Белоруссия бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати чунин ҳодисаҳои сиёсӣ бетараф намубад, зираку ҳушёр бошем ва ба ваъдаҳои бардурӯғи ҳаргуна созмонҳои сиёсӣ фирефта нагардем. Зеро чунин созмону ташкилотҳо асосан аз ҷониби қудратҳои хориҷӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки мақсади асосиашон дар оянда зери дасти худ даровардани захираву боигариҳои кишвар мебошад. Аммо ин ҳадафҳои ғаразноки онҳо бо бадномкуниву кинабарагезӣ ва ба миён овардани нобоварии мардум нисбати ҳокимият амалӣ карда мешавад. Мутаассифона баъзе аз тоҷикони гумроҳшуда бехабаранд, ки онҳо ҳамчун бозичаи дасти қудратҳои сиёсӣ барои амали намудани мақсадҳои нопок ва муқобили манфиатҳои Тоҷикистон хизмат менамоянд.

Дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи таҳкими суботу оромӣ ва амнияти миллӣ хоса барои давлатҳои ба монанди Тоҷикистон ниҳоят мавзӯи пураҳамият мебошад. Тоҷикистон ҳамчун ҳамсоякишвар бо давлати Афғонистон дар маркази бархӯрди манфиатҳои геополитикии абарқудратҳои ҷаҳон қарор дорад. Ҳар як бозингарони сиёсати бузург дар Тоҷикистон манфиат доранд ва аз ҳар фурсати муносиб мехоҳанд вориди равандҳои сиёсии кишвар гардида, бо истифода аз мушкилотҳои дохилӣ авзои сиёсиро ноором намоянд. Дар ин амалҳо созмонҳои мухолифин беҳтарин восита барои абарқудратҳо хизмат менамоянд. Бинобар ин дода шудан ба ваъдаҳои дурӯғин ва шиорҳои авомфиребонаи онҳо метавонад иштибоҳи бузург ва ҷуброннашаванда гардад. Зеро ваъдаҳои онҳо танҳо барои соҳиб шудан ба қудрати сиёсӣ буда, ҳатто фаразан дар ҳолати ба сари ҳокимият расидан, онҳо бозича ва хизматгорони давлатҳои дигар мешаванд.

Масъалаи дигаре, ки ба таҳкими суботу оромии кишвар робита дорад, ин ҳарчи бештар наздик шудани ҳокимият бо мардум ва саҳмгузориву шарикии шахсони мансабдор дар ҳалли мушкилотҳои шаҳрвандон мебошад. Дар шароити рушди технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ камтарин фосилагирии ҳукумат бо мардум имкони аз даст рафтани бовариву эътимоди байни шаҳрвандон бо ҳокимият мегардад. Зеро имрӯз даҳҳо каналҳои интернетӣ садҳо ваъдаи дар оняда беҳбуд бахшидани рӯзғори мардумро таблиғ намуда истодаанд, ки барои мардуми оддӣ он таблиғоти бардурӯғ метавонад ҳамчун ҳақиқат вонамуд гардида, сабаби пайвастани онҳо ба чунин ҷараёнҳои мухолифин гардад. Дар чунин вазъият муроҷиати пайвастаи Роҳбари давлат ба хизматчиёни давлатӣ бобати саъйу кӯшиш намудан ба беҳбуд бахшидани зиндагии аҳолӣ ва робитаи қавӣ доштан бо сокинон бисёр масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Қабул кардани шаҳрвандон аз ҷониби раисони шаҳру ноҳия, ҳалли мушкилотҳои онҳо, ғамхорӣ нисбати мардуми камбизоат ва мунтазам ташкил намудани мулоқот бо мардум метавонад яке аз монеаҳои қувватгирии созмонҳои мухолифин ва ҷиноӣ дар дохил гардад.

Хулоса, дар чунин вазъияти ноороми сиёсии ҷаҳон саҳм гузоштан дар ҳифзи суботу оромӣ, амният, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва доштани ҳисси миллиӣ ва ифтихори ватандӯстӣ взаифаи муҳими ҳар шаҳрванд, аз ҷумла мо ҷавонон аст. Роҳи ягонае ки якпорчагии кишварро ҳифз намуда, ба рушди ояндаи он асос мегузорад, сулҳу ваҳдати миллӣ ва тақвияти корҳои ободкориву созандагӣ дар кишвар мебошад.

Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент, мудири
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Читать далее

Ҳақиқат талх аст?!

Ҷомеа, ки аз фардҳои алоҳида ташаккул меёбад ва дар раванди такомули худ тавассути зиддиятҳои байни фардҳо пеш мераваду мебояд заминаи воқеӣ дошта бошад. Танҳо тавассути ин бархӯрду баҳсҳои озодона ва воқеӣ ғояҳои нави инсондӯстона пайдо мешавад. Аммо, баъзе фардҳои бадкина ва нотавонбини ландаҳур ба ҷои баҳсу мусоҳибаҳо нафси бади худро аз ҳақиқат боло гирифта фирефтаю гумроҳи хоҷагони хориҷии палид мешаванд.

Тамошои филми мустанади “Хиёнат” собит месозад, ки аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом то ба кадом дараҷае афроди носипос ҳастанду дар солҳои ноороми кишвар чӣ қадар аблаҳиҳо нисбати халқу ватани худ кардаанд. Рафтору кирдори Муҳиддин Кабирии манфур, ҳаммаслакони ватангадояш Мирзои Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон дар давраҳои ноороми кишвар ҷавогӯи мақоли халқӣ аст, ки “обро лой карда моҳӣ сайд мекунанд”. Агар дар тани ин нопокон заррае инсофу виҷдон мавҷудият медошт онҳо аз кардаашон пушаймон мешуданду дар назди мардуми шарифи кишвар сари таъзим хам менамуданд. Ин муртадон, ки ихтиёрашон дар дасти хоҷагони хориҷиашон асту нафси бадашон мутеи маблағҳои онон аст, аз ҳиссиёти ватангадоиву ватанфурӯшӣ заррае ҳам бархурдор нестанд. Омодаанд, ки дар роҳи нопоку муғризашон ҳатто шаъну шарафи аҷдодонашон, алалхусус зану фарзандонашонро бадали маблағҳои хоҷагонашон кунанд.

Мебоист, ки дар давраи пуртаҳлукаи паҳншавии бемории COVID-19 аз ҳарзагӯию тӯҳматбофӣ нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлол худдорӣ намоянд. Зеро, ки кӯмак кардан наметавонанд, лоақал “найзапартоӣ” накунанд. Лекин, ин нафарони нобакорро инсофу адолат кайҳо боз тарк кардаасту онон чун “зомби” дар кӯчаи сарбастаанд ва ихтиёри худро ба хоҷагонашон додаанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз амалҳоинопоки мунтазами наҳзатиён тавассути тамошои филми “Хиёнат” бештар огоҳ шуданду бо сарҷамъию муттаҳидӣ дар атрофи роҳбарияти олии кишвар омодаанд, ки баҳри решакан намудани хасми нопоки ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ҳамаи нерӯи созандаи худро сарф намоянд.

Собиров М.С.-мудири кафедраи экология
ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи 
давлатии Хуҷанд ба номи 
академик Бобоҷон Ғафуров” дотсент

Читать далее