04 September 2020

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд

4 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.

Читать далее

Риояи беҳдоштӣ дар сатҳи баланд

Моҳи декабри соли 2019 – ум аввалин ҳолати гирифторшавӣ ба вируси сироятии COVID – 19 дар давлати Чин ба қайд гирифта шуд. Моҳи марти соли 2020 – ум аз ҷониби Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аз сабаби дар бисёр давлатҳои ҷаҳон паҳн гардидани ин вирус ҳолати пандемия эълон гардид. Алҳол дар тамоми ҷаҳон бар зидди вирус мубориза бурда, истеҳсоли ваксинаи зиддивирусиро ба роҳ мондаанд. Дар вилояти Суғд низ ниҳодҳои махсус барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавирус корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодаанд.

Дар шаҳри Истиқлол 4 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаи марказӣ бо 120 кати беморӣ, Маркази саломатӣ, Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ва Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил хизмат расонида истодаанд. Аҳолии шаҳр беш аз 17 ҳазор нафар буда, аксар сокинон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ҳолати гирифторшавӣ ба вируси нави коронавирус ва мубориза бар зидди он дар шаҳр чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? Бо ин суол муроҷиат намудем ба роҳбари кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Истиқлол Cарвар Атақулов.

- Ҳарчанд вируси нави COVID – 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуд, аммо то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ дар шаҳр ба қайд гирифта нашудааст. Аммо 11 нафар беморони гирифтори илтиҳоби шуш ба мо номнавис гардиданд.

Аз онҳо 4 нафар дар беморхона бистарӣ шуда, тест барои коронавирус гирифта шуд, ки натиҷаи ташхис манфӣ баромад. Новобаста аз ин дар шаҳр доруворӣ ва маводҳои зиддивирусӣ ба таври кофӣ захира шудааст, - гуфт роҳбари кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ Сарвар Атақулов.

Барои огаҳӣ пайдо кардан аз вазъи омодагии шаҳр барои гирифторшудагони коронавирус ба беморхонаи марказӣ равон шудем. Дар даромадгоҳи беморхона реҷаи ниқоб ба роҳ монда шуда, корафтодагон бо либоси яккарата таъмин ва дастонашон бо маҳлули антисептикӣ безарар гардонида мешавад.

- Барои ҳомиладороне, ки бо ҳарорати баланд ба таваллудхона меоянд, тамоми шароит муҳайё шудааст. Ҳуҷраҳои алоҳида омода буда, лавозимоти зарурӣ барои расонидани кӯмаки аввалия таъмин аст, - гуфт духтури амрози занона Светлана Нурматова.

Бино ба гуфтаи ӯ, то ба имрӯз 175 нафар кӯдак таваллуд ёфта, модару кӯдак дар ҳолати хуб қарор доштанд. Ҳолатҳои ба зукоми мавсимӣ гирифтор шудани ҳомиладорон ба қайд гирифта шудааст, вале сироятёбӣ ва коронавирус ба мушоҳида нарасидааст. Дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои сироятёбӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои пешгирӣ байни занҳои ҳомила корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуда истодаанд.

Дар беморхонаи сироятии шаҳр низ корҳои безараргардонӣ анҷом дода шуда, кормандон ва беморон аз роҳҳои пешгирии сироятёбӣ огоҳ карда шудаанд. Барои гирифторони бемории COVID – 19 дар 3 ҳуҷраи алоҳида 9 кат омода шудааст.

- То имрӯз ба беморхонаи сироятӣ ягон нафар бо вируси нави коронавирус муроҷиат накардаанд. Нафаронеро, ки бо таби баланд ва зуком муроҷиат кардаанд, баъди ташхис ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят фиристодем, ки натиҷаи ташхис манфӣ баромад, - гуфт духтур - сироятшинос Заррина Абдуназарова.

- Тибқи супориши Вазорати тандурустӣ ҳар рӯз се маротиба тариқи онлайн конференсияи ситоди тандурустӣ оид ба пешгирии COVID – 19 баргузор шуда, аз ҳолати кунунии беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва беморони воридшуда пурсиш гузаронида мешавад, - гуфт Сарвар Атақулов. Дар шаҳр усули гардиши хона ба хона пурзӯр гардонида шуда, ҳамарӯза кормандони тибби оилавӣ саломатии сокинонро аз назар мегузаронанд.

- Аксар нафароне, ки имрӯз ҳарорати баланди бадан доранд, бештар беморони гулӯдард ва дарунрав мебошанд. Дар ҳолати пайдо шудани яке аз нишонаҳо зуд зери назорат гирифта, ташхис мешаванд. Як нафарро 12 - 14 рӯз пеш бо нишонаҳои зуком ба қайд гирифта будем, азбаски бемор синну солаш аз 60 боло ва бемории ҳамрадифи диабети қанд дошт, давоми як рӯз дар хона табобат кардем. Рӯзи дуввум дар бемор нафастангӣ пайдо шуда, ҳолаташ бад гардид. Ӯро зуд ба беморхонаи вилоятӣ ҷой кардем, натиҷаи ташхис манфӣ баромад, - гуфт Сарвар Атақулов.

Норасогии кадр дар соҳаи тандурустӣ баръало эҳсос мешавад. Айни замон дар Маркази саломатӣ табибони чашму гулӯву бинӣ, дандон, эндокринолог, ташхисгар, сироятшинос, рӯҳшинос, нарколог ва табибони оилавӣ намерасанд.

Ҳастанд табибоне, ки аз дигар шаҳру навоҳии вилоят ҳамарӯза ба шаҳри Истиқлол омада, ба беморон кӯмак мерасонанд. Муовини сардори Маркази саломатӣ Эминалӣ Қаҳҳоров духтури осебшинос ва раддодӣ аст, ки аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамарӯза ба кор меояд.

- Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон маро ба шаҳри Истиқлол сафарбар карданд. Панҷ сол инҷониб дар ин ҷо кор карда истодаам. Барои ташхис натанҳо аз шаҳр, балки аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, шаҳри Гулистон беморон муроҷиат мекунанд, - гуфт Эминалӣ Қаҳҳоров.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»,

Хуҷанд - Истиқлол – Хуҷанд

Читать далее

ҶАВҲАРИ ИСТИҚЛОЛ

Аз утоқи кории мо, кормандони рӯзнома дар «Кохи матбуот», азбаски ҳама атрофи ҳуҷраҳои корӣ оинабандӣ аст, метавон манзараи шаҳри Хуҷандро бемалол мушоҳида намуд. Аз он рӯзе, ки бо ширкати Пешвои муаззами миллат баҳри фаъолияти босамараи рӯзноманигорон бинои сенздаҳошёнаи муҳташам - Муассисаи давлатии «Кохи матбуот» мавриди баҳрабардорӣ гашт, яъне беш аз нӯҳ сол инҷониб ҳар гоҳе ба берун, ба ҳудуди атроф менигарем, ба ҷуз дигар навигариҳо мебинем, ки биноҳои баландошёна қомат меафрозанд.

Давоми ин фурсат даҳҳо биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ, ҳатто маҷмааҳо бо инфрасохторҳояшон бино гаштанд. Ҳар яки ин биноҳо, ба ҷуз зебову хуштарҳ будан ва ба шаҳри Хуҷанди азиз тозаҷавонӣ бахшидан боз аз нигоҳу диди ҷавонони имрӯз, бо нақшу тарҳи замонавӣ бунёд шудаанд ва баҳри зиндагии шоиста тамоми шароитҳоро дороанд… Ҳамаи ин бунёдкориҳо аз неъмати Истиқлолият аст, аз он ки роҳҳои дохилиҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ кушода шуданд, дастрас намудани ашёи хом осонтар гардид. Дар қаламрави мамлакат, аз он ҷумла вилояти мо чандин корхонаҳои истеҳсоли хишт, семент ба кор шурӯъ намуданд. Сокинон ба меҳнати бунёдкорона ҷалб гашта, орзуву ормонҳои худро амалӣ мекардагӣ шуданд. Аз ҷониби Президенти кишвар тақсим гаштани ҳазорҳо гектар замин боис гашт, ки дар соҳили рости дарёи Сир маҳаллаҳои нав, ба монанди Сайҳун, Чашмаи арзана, Ваҳдат, Темурмалик, Тиллокон, Навбаҳор, Суғдиён ва дигарҳо арзи ҳастӣ кунанд ва садҳо оилаҳо соҳиби манзили зист гарданд.

Ин маҳаллаҳо алҳол бо биноҳои баландошёнаи замонавӣ, иншоотҳои маъмурӣ, таълимгоҳҳои наву муҷаҳҳаз, мактабҳои олӣ зебу зевари шаҳри Хуҷанд мебошанд.

 «…Ҳамин, ки офтоб ғуруб карда, шом фаро мерасид, кулбаҳои паст-пасти похсагини маҳаллаҳои шаҳр дар оғӯши зулумот нопадид мегашт ва кас шабона аз роҳ гаштан дар кӯчаву паскӯчаҳо ҳарос мекашид…» - Ин порча аз китоби таърихнигор, профессор Абдуллоҷон Мирбобоев «Исторические наследие Худҷанда» («Мероси таърихии Хуҷанд») аст, ки манзараҳои солҳои аввали асри бистумро инъикос намудааст ва дар такя ба санадҳои дақиқ навишта шудааст.

Дар ҳамин ҷо муаррих ҳамчунин зикр карда буд, ки соли 1897 нахустин се адад қандил дар маҳаллаҳои Чоршанбе, Чорчароғ ва Раззоқи шаҳр насб карда шуда, гӯшаҳои алоҳидаи шаҳрро рӯшанӣ мебахшид. Соли 1912 теъдоди чунин қандилҳо ба дувоздаҳ адад расида буданд, яъне қариб дар ҳар маҳалла якададӣ насб шудааст.

Ва бояд зикр намоям, ки шодравон модаркалонам Наҷминисо ба мо, наберагонашон аз айёми пурошӯби бачагиашон ёдовар шуда, нақл менамуданд, ки дар байни солҳои ҳазору нӯҳсаду понздаҳҳазору нӯҳсаду бистум дар шаҳри Хуҷанд касалии вабо паҳн гардид ва дар муддати як-ду ҳафта ҳазорҳо нафар сокинон фавтиданд. Модаркалони ман он замон ҳаштсола буданд, ки модарашон, яъне бибикалони ман аз бемории вабо фавтидаанд. Азбаски хоҳарон ҳама ба шавҳар баромада буданд, духтараки ҳаштсола дар хона танҳо мондаанд…

 Дар бораи паҳн шудани бемории вабо дар китоби таърихнигор Абдуллоҷон Мирбобоев зикр гардидааст, ки давоми як ҳафта беш аз панҷ ҳазор сокини шаҳр вафот кард. Дар ҳоле ки он солҳо дар ҳафт-ҳашт маҳаллаи шаҳри Хуҷанд зиёда аз бисту ҳашт ҳазор нафар аҳолӣ мезистанд.

Дар даврони шӯравӣ ҳам, ҳарчанд пешравиҳо бисёр буданд, солҳои шастуму ҳафтодум маҳаллаҳои шаҳр чароғон гардида бошанд ҳам, лекин ҳанӯз кӯчаҳо пур аз лою чангу гил буданд, ангуштшумор кӯчаҳо мумфарш буданду халос. Баъзан андеша менамоям, ки чаро он солҳо сокинони шаҳр барои аъзои оилаи худ дар ҳавлиашон хонаҳои зиёд бунёд намекарданд. Охир ашёи хом барои бунёди манзил - хок, чӯб барои вассаву болор фаровон буд. Аксар оилаҳо дар ҳавлиашон як хонаи зист доштанду халос. Дар хотир дорам, вақте ба муносибати Иди байналмилалии бонувон бо ҳунарпешаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Тоҷихон Султонова ҳамсуҳбат гардидам, як хонаи тахминан се бар чаҳор метрро нишон дода, гуфта буданд, ки дар ин хона бо шавҳарашон, хусуру хушдоман ва бародари шавҳару ҳамсараш мезистанд. Медонистам, ки ин ҳунарпеша бо санъати волою истеъдоди нотакрор байни мардум соҳиби обрӯву эътибори баланд буд.

Дар солҳои ҳаштодум ҳам, ки ба қавле, айёми гулгулшукуфии даврони шӯравӣ буд, ҷурналисти варзидаи кишвар, шодравон Ҳасанбой Шарифов, ки дар як утоқи корӣ фаъолият мебурдем, пешниҳод карда буданд, ки аз рӯзгор ва кору пайкори он бонувоне, ки дар солҳои панҷоҳуму шастуму ҳафтодум дар идораи рӯзномаи шаҳрӣ ва вилоятӣ фаъолият бурдаанд, мавод иншо кунам. Мегуфтанд, мумкин аст, он маводҳо барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ҳам кифоягӣ намояд. Зеро он солҳо фаъолият бурдан дар идораи рӯзномаи вилоятӣ, бахусус, кор кардани бонувон, ки барориши рӯзнома қариб то субҳ давом мекард ва лозим меомад, ба ҷойи кори худ бо роҳҳои пур аз хоку лою гил, дар фаслҳои гармову сармо расида оянд, худ як қаҳрамонӣ маҳсуб меёфт.

Шояд имрӯз ҳам баъзе аз ин душвориҳо дар рӯзгори мо ҷой медошт. Чунки дар рӯзгори мардуми бисёр аз мамолики олам, тавре аз тариқи шабакаҳои иттилоотӣ огоҳем, чунин душвориҳо-норасоии оби ошомиданӣ, хизматрасонии тиббӣ, набудани ҷузъитарин шароитҳо ҷой доранд. Вале мо, ки мардуми аз азал бофарҳангу соҳибмаърифатем, бояд идрок намоем, ки маҳз давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, бо андешидани тадбирҳои саривақтии стратегӣ ва хирадмандона баҳри беҳбуди рӯзгори мардум мо тавонистем бисёр мушкилиҳоро давоми фурсати кӯтоҳ паси сар кунем. Нахуст роҳҳоро, ки мисоли шараёнҳои хунгарди ҳар кишваранд, обод намудан лозим буд. Ҳадаф гузоштем наздамон - аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан. Дар сарзамини мо тамоми зироатҳои кишоварзӣ хуб нумӯъ мекунанду ҳосил медиҳанд. Метавонем, ҳам худ маҳсулоти кофӣ ба даст орем, ҳам ба содирот барорем. Ҳадаф гузоштем – ноил гардидан ба амнияти озуқаворӣ. Рӯзгори замони имрӯзҳам иқтисодиёт ва ҳам иҷтимоиётро бе нерӯи барқ наметавон тасаввур намуд. Ба даст овардани истиқлолияти энергетикиро ҳадафи стратегӣ қарор додем. Имрӯз дар аксари соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гаштаем ва ҳамаи ин бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва оқилона ба даст оварда шуд...

 Алҳол ба манзараҳои шомгоҳони шаҳри азизу маҳбуб-Хуҷанди бостони тозаҷавон менигарам, ки дар оғӯши ҷилваи рангоранги чароғҳо ғарқ аст ва кӯчаву хиёбону гулгаштҳои шаҳр чун рӯз мунаввару равшан аст, ба обҳои мусаффову нуқрагини фаввораҳо менигарам, дар нишастгоҳҳо ва қаҳвахонаҳо ду-ду нишастани навҷавонони баландтолеъро мебинам ва ба дил мегӯям: - Насли имрӯз насли саодатманди шаҳри Хуҷанд мебошанд, ки бениёз аз эҳтиёҷҳоанд.

Бо эъҷози дастон неъматҳои фаровони биҳиштии ин сарзаминро мувофиқи табъашон мерӯёнанд ва ба дастархонашон мегузоранд. Дар кадом гӯшаи олам хоҳанд, таҳсил мекунанду илму дониш мегиранд…

Рафоат МӮЪМИНОВА,

узви Иттифоқи

рӯзноманигорони Тоҷикистон,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Айнӣ: ЗАҲМАТУ ТАЛОШИ ШАБОНАРӮЗӢ БАҲРИ ПЕШРАФТИ ДИЁР

“Мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида баланд бардорем”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Халқи заҳматкашу меҳнатқарини ноҳияи Айнӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободониву созандагиро хуб ба роҳ мондаанд. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ дар ноҳия бунёд ва азнавсозии беш аз 500 иншооти таъиноташон гуногун дар назар дошта шудааст. Бо кӯшишу ғайрати сокинон то имрӯз аксари иншооти ба нақшагирифташуда бунёду навсозӣ шуда, мавриди истифода қарор мегиранд.

Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорони саховатманду ҷавонмардони баору номус дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалисозии ҳадафҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободиву шукуфоии диёри худ ҷидду ҷаҳд доранд.

Аз ҷумла, дар мавзеи Дашти Варз гармхонаи доимамалкунанда аз ҷониби шаҳрванд Азамат Салимов дар масоҳати 208 метри мураббаъ бо маблағи беш аз 106 ҳазор сомонӣ бунёд шуд, ки он барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардуми кӯҳистон мусоидат хоҳад кард. Инчунин, аз ҷониби шаҳрванд Қурбонмерган Қурбонов бахшида ба ҷашн Маркази хизматрасонӣ бунёд гардида истодааст, ки дар рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Дар деҳаи Ғабируди Ҷамоати деҳоти Анзоб бошад, бо саҳми соҳибкор Амир Ҷӯраев коргоҳи дӯзандагӣ, сартарошхона ва кошонаи ҳусн сохта шуда, алҳол сокинон аз хизматрасонии ин иншоот ҳамарӯза истифода менамоянд. Ҷоиз ба зикр аст, ки иншооти мазкур бо сифати хубу замонавӣ бунёд гардидааст, аз ин рӯ, ҷавонони деҳа имкони бо ҷои кор таъмин ва ба касбомӯзӣ машғул шуданро пайдо намудаанд.

Дар самти таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингард сокинон бо дилу нияти пок корро ба роҳ мондаанд. Роҳи мошингард аз деҳаи Такфон то деҳаи Ремони Ҷамоати деҳоти Анзоб аз ҷониби соҳибкор Маҳмадсолеҳ Солеҳов таъмир ва азнавсозӣ шуд, ки дарозии он 6 километр мебошад. Чунин ободкориҳо дар деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Фондарё низ ба назар мерасанд.

Лозим ба ёдоварист, ки чанд рӯз пеш дар даромадгоҳи ноҳия, назди шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд манораи боҳашамат қомат афрохт. Манораи мазкур бо баландии 13 метр ва паҳноии 4 метр сохта шуда, дар болои он рамзи курраи Замин тасвир ёфта, он бо чароғакҳои ранга ва парчам оро дода шудааст.

Ҳамчунин, сохтмон ва таъмири варзишгоҳҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Клубу китобхона, хонаҳои фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ марҳала ба марҳала азнавсозӣ ва таъмир шуда истодаанд. Тайи чанд соли охир зиёда аз 10 кӯпруки душворгузар азнавсозӣ ва таъмир гардиданд. То ҷашни бузурги миллӣ ноҳия бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст ободу зебо гардида, барои некуаҳволии сокинон шароити муосир муҳайё хоҳад шуд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

МАСЪУЛИЯТ ВА МУТТАҲИДӢ

Участкаи интихоботии № 37 – ум оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, № 36 имрӯз ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷиҳата омода мебошад.

25-уми августи соли 2020 маҷлиси комиссияи участкавии интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар рӯзномаи он масъалаҳои омода сохтани нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ, тақсимоти вазифаҳо, тасдиқи ҷадвали навбатдории аъзои комиссия дар участкаи интихоботӣ баррасӣ гардид.

Раиси комиссияи участкавии интихоботӣ Муқаддас Бобоҷонова изҳор дошт, ки дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комиссия фаъолияти худро тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондаанд.

Ба таври ҳамешагӣ дар утоқи корӣ ҳузур доштани навбатдор аз ҳисоби аъзои комиссия, ҷиҳозонидани утоқи кории комиссияи участкаи интихоботӣ, омода намудани овеза ва шиорҳо вобаста ба интихобот, тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон дар участкаи интихоботӣ ва пешниҳоди он барои шиносоии умумӣ, хабардор намудани интихобкунандагон оид ба вақту ҷойи овоздиҳӣ, ташкили овоздиҳӣ дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дар участкаи интихоботӣ оид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди ҷамъбасти натиҷаи интихобот ба комиссияи ҳавзавии интихоботии «Бобоҷон Ғафуров», №36 аз фаъолияти кории аъзои участка то рӯзи баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ маҳсуб ёфта, ҳар нафари аъзои участка кӯшиш бар он дорад, ки вазифаашро сидқидилона ва сари вақт ба анҷом расонад.

Алҳол шумораи эҳтимолии интихобкунандагон дар ҳавзаи интихоботии № 37, участкаи интихоботии №37- ум 3104 нафар, аз ҷумла мардон 1499 нафар ва занон 1605 нафар мебошанд.

Аз теъдоди умумии интихобкунандагон шахсоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, 102 нафар ва нафароне, ки бори аввал овоз медиҳанд, 45 нафар буда, дар сурати тағйири он дар дафтари қайдҳои махсус сабт мегарданд.

- Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як овоздиҳанда ҳалкунанда хоҳад буд. Зеро раъйи онҳо тақдири халқу миллати тоҷик ва кишвари сулҳофари моро ҳал хоҳад кард, бинобар он кӯшиш менамоем, ки маърака шаффоф сурат гирад. Зеро диёрамонро минбаъд низ гул-гул шукуфон дидан мехоҳем, - гуфт раиси участка Муқаддас Бобоҷонова.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее