07 September 2020

Қадршиносӣ бо мукофотҳои давлатӣ

Санаи 5 сентябри соли 2020  дар толори Қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, №1571 як қатор кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Читать далее

БОЗЁФТҲОИ САРАЗМ - ҚАТРАЕ АЗ БАҲР

Санаи 13 - уми сентябри соли 1976 сокини деҳаи Авазалии ноҳияи Панҷакент Ашӯралӣ Тайлонов, ёдгории қадимтарини сарзамини имрӯзаи тоҷикон - шаҳраки Саразмро дарёфт. Маълум гардид, ки ёдгории қадимаи Саразм дар километри 15 - уми самти ғарбии шаҳри Панҷакент ва 45 километр дуртар аз шаҳри Самарқанд ҷойгир буда, масоҳати умумии он 100 гектарро ташкил медиҳад. Ибтидои тамаддуни ҷамъияти инсонӣ аз кишоварзиву чорводорӣ оғоз ёфта, он таърихи 10 - 8 - ҳазорсола дорад. Калимаҳои «Суғд» ва «суғдиён» қариб 3 ҳазор сол пеш арзи вуҷуд кардаанд. Ин аст, ки бозёфтҳои таърихии сеҳазорсолаи то соли 1977 дастрасгашта низ ибтидои тамаддуни суғдиён шуда наметавонанд. Дарвоқеъ, бостоншиносоне, ки дар болооби водии Зарафшон ҳафриёт мегузарониданд, ба хулосае омада буданд, ки тамаддун дар ин водӣ дар замонҳои сангу биринҷ ташаккул ёфтааст.

Аз таърихи Саразм

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 – уми сентябри соли 2001 Саразм ҳамчун «Мамнӯъгоҳи таърихӣ ва бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 – уми июли соли 2010 он ҳамчун «Маркази ташаккули фарҳанги қадимаи кишоварзии мардуми тоҷик» ба Феҳрасти мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардид. Дар ин вақт олимону муҳаққиқони ҷаҳон бори дигар исбот намуданд, ки Саразм таърихи беш аз 5500-сола дорад.

Соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони чорабинии фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ - таҷлили ёдгории қадимаи Саразми бостонӣ мегардад, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 12 – уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент ба вуқӯъ мепайвандад. Дар робита ба ин масъала мо тасмим гирифтем, ба шаҳри Панҷакент сафар намуда, аз ҷараёни корҳои омӯзишиву таҳқиқотӣ, ҳафриётӣ ва сохтмониву ободонӣ огаҳ бошем.

Алҳол дар Саразм корҳои ободониву сохтмонӣ рафта истодааст. Бунёди роҳе, ки аз шоҳроҳи асосӣ ба ҷониби Саразм мегузарад, дар арафаи анҷомёбист. Зерсутуни рамзи Саразм бо баландии пойсутунҳояш 27 метр қомат афрохта, майдончаҳои атрофи он гулкорӣ шудааст.

Боиси таъкид аст, ки ба муносибати 5500 - солагии Саразм ҳоло дар ҳудуди мамнӯъгоҳ бунёди боз якчанд иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла дарвозахонаи бузурги Саразм, осорхонаи замонавии сеошёна ва 5 ҳавлии қадима идома дорад. Намуди ҳавлиҳо мувофиқ ба тарҳи барқарорнамудаи этногарфҳо, ки шаҳри Саразм - нахустин шаҳри Варорӯд тасвир ёфтааст, бунёд гардида, дар қатори хонаҳо чойхона ва ҳавзи сунъӣ сохта мешаванд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳоло аз 100 гектар замини мамнӯъгоҳ танҳо дар 18 гектар корҳои омӯзишиву таҳқиқотӣ ва ҳафриётӣ гузаронида ва зиёда аз 10 000 бозёфт дарёфт гардидаанд. Ҳамаи бозёфтҳо дар осорхонаи таърихии навбунёд ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.

Ба гуфти номзади илмҳои таърих, бостоншинос Шарофиддин Қурбонов, Саразм яке аз ёдгориҳои давраи энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказӣ буда, таърихи 5500-сола дорад ва онро бори аввал моҳи сентябри соли 1976 бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф кардааст. Саразм яке аз ёдгориҳои беҳтарин ва тамаддунофари Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад, зеро асос, реша, поя ва ба вуҷуд омадани аввалин замоне, ки аз давраи модаршоҳӣ ба давраи падаршоҳӣ дар қисмати таърих, ин саразми бостонӣ мебошад.

Аз ҳама давраи асосии таърихи инсоният Саразм ба ҳисоб меравад, зеро дар ин давра мардум ба кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ мегузаранд ва аввалин нишонаҳои шаҳр дар ин сарзамин пайдо мешавад.

Мавриди зикр аст, ки 99 фоизи бозёфтҳо аз санги оддӣ иборатанд. Онро то ҳарорати 300 дараҷа тасфонида, аз он яроқи чӯбтарошӣ барои тарошидани пӯсти чорво тайёр мекарданд. Охирин бозёфт то имрӯз ин корди биринҷӣ бо шаддаи марҷони мардуми Саразм мебошад, ки он аз ҳафриёти 18 дарёфт шуд.

Парастиши оташ ва «маъбади офтобӣ»

Ҳафриёти шаҳраки Саразм гувоҳи он аст, ки кишвари суғдиёнро яке аз аввалин марказҳои оташпарастон бигӯем. Дар улуми бостоншиносиву таърихшиносӣ анъанаест, ки маданияти ҷамъияти инсониро аз рӯи эътиқод нисбат ба муъҷизаҳои табиат - офтоб, обу оташ ва замин ба давраҳо ҷудо кунанд. Гурӯҳеро ба парастиши офтобу моҳтоб, дигареро ба оташ ва сеюмиро ба обу замин нисбат медонанд. Бояд гуфт, ки дар ҷамъияти ибтидоӣ, ки ҳоло одам дар ҳолати ваҳшигиву нимваҳшигӣ қарор дошт, аз ҳама ва ҳар гуна ҳодисаҳои табиат - сармову гармо, селу ҷола, заминҷунбиву сӯхтор ва чанде дигар ҳисси тарс вуҷуд дошт. Сабаб дар он буд, ки онҳо ҳоло қонуният ва зарурияти ин ҳодисаҳоро намедонистанду рӯйдоди ҳар як ҳодисаҳоро ҳамчун ғазаби онҳо медонистанд. Роҳи ягонаи бартарафкунӣ ин ғазабро одамон дар зориву тавалло ва қурбоникуниҳо медонистанд. Бо баробари пешравии зиндагӣ, афзудани малака ва инкишофи табиатшиносӣ, онҳо худро ба ҳодисаҳои табиат мутобиқ карданд, кам бошад ҳам, қонунҳои табиатро дарк мекардагӣ шуданд. Вале ин дарккунии онҳо то ба дараҷае буд, ки ба онҳо лозим омад, ба офтоби ҳаррӯзаву моҳтоби ҳаршаба, оташе, ки гарчанде фалокатовар аст, вале онҳоро аз сармо эмин медошт, эътиқод пайдо кунанд ва онҳоро парастанд. Он қабилаҳое, ки дар соҳили баҳру уқёнус, кӯлу дарёҳо зиндагонӣ мекарданд, обро ҳамчун муъҷиза мешинохтанд.

- Гирдогирди хонаҳо суфа мавҷуд буда, барои 50 нафар муқаррар шуда буд ва аз рӯи адабиёти илмӣ атрофи суфа ҷамъомаду маҷлисҳо доир мешуданд. Нақши назарраси ин ёдгорӣ тамаддунофарии саразмиён буд, ки чунин хонаҳои маъмурӣ, қасрҳову анборҳо доштанд, масоҳати хонаҳо 10 Х 9 буда, долонҳои калон дошт. Дар байни хона оташкада ҷой гирифта буд.

Оташкадае, ки дар маркази хона меистод, аз як тараф, хонаро гарм кунад, аз тарафи дигар, дар вақти сармо, вақте офтоб ноаён буд, вазифаи парастиши офтобро ба ҷо меовард. Дар он давра оташпарастиву офтобпарастӣ ҷой дошт, чунки оташро қувва барои инсон меҳисобиданд ва мардум барои пос доштани оташ қиблагоҳи худро сохтанд, дар рамзи коинот ва дар маркази коинот офтоб, - гуфт Шарофиддин Қурбонов.

Равшан гардид, ки дар рафти ҳафриёти шаҳраки Саразм то соли 1990 - ум 31 оташгоҳ кушода шуд. Онҳо асосан ду шакл - доирашакл ва чоркунҷаанд. Ҳамаи онҳо дар мобайни хона ва толорҳои гуногунҳаҷм сохта шудаанд.

Ин тарзи ҷойгиршавии оташгоҳ ба одамон имконият медод, ки аз ҳар тараф ба оташи афрӯхтаистода наздик шуда тавонанд. Ҳаҷми оташгоҳ баробари таносуби хонаву толорҳо буданд. Дар хонаҳои хурди шахсӣ оташгоҳи хурди доирашакли буриши кӯндалагиашон 60 - 80 - сантиметра ва тарафҳои оташгоҳи чоркунҷа 65 х 65 - сантиметраи баробар буданд.

Ҳамчунин, бостоншинос иброз дошт, ки дар толорҳои васеъ оташгоҳи нисбатан калон, ки таносуби онҳо ба 125х150 ва 100х110 сантиметр баробаранд, сохта мешуд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам оташгоҳҳо бо деворчаи 5-10 сантиметр иҳота шуда, дар маркази онҳо чуқурчаи оташнигоҳдорӣ ба ҳаҷми оташгоҳ мувофиқ кофта мешуданд. Азбаски дар чуқурчаҳо хокистару ангиштҳои чӯби сӯхташуда боқӣ мемонданд, девори чуқурча ва атрофи он аз тасфи оташ ба сафолак табдил меёфт. Гумон мерафт, ки дар онҳо оташи муқаддас ҳеҷ гоҳ хомӯш намешудааст.

Маъбади қурбонгоҳ

Масоҳати умумии Саразм наздик 100 гектар бошад ҳам, ҳоло танҳо 14 гектари он мавриди кофтукови археологӣ қарор дорад. Натиҷаи фаъолияти бостоншиносон дар ҳафриёти рақами 11 - ум муайян сохт, ки ин мавзеъ маъбади қурбонгоҳ, яъне ҷойи қурбонии чорвост. Ин ҳафриёт беш аз 16 сол мешавад, ки аз тарафи бостоншиносон мавриди кофтуков ва омӯзиш қарор гирифта, ҳанӯз кор дар ин самт ҷараён дорад.

- Аз рафти кофтуков маълум шуд, ки яке аз давраҳои қадимтарини Саразм дар ин ҳафриёт ёфт шудааст, ки бинои маъбади қурбонгоҳ парастиши об ҷой доштааст. Маъбади қурбонгоҳ дар баробари хонаи калонҳаҷм, ҳамчунин аз долон иборат буда, аз як кунҷи он ошхонаи бо дегҳои махсуси замони қадим ҷойгиршуда пайдо шудааст, ки то ҳанӯз маҳфуз мондааст. Дар ошхона бостоншиносон мавҷудияти 4 оташдонро муайян кардаанд, ки то имрӯз сиёҳии он боқӣ мондааст. Ин гуна бозёфтҳо дар Саразм ҳамарӯза дарёфт шуда, боиси омӯзиши мутахассисони соҳаи таърих мегардад.

Саразмиён дорои ҳунарҳои қадима низ буданд. Байни онҳо кулолгарӣ (аз лой сохтани коса, кӯза, дег ва дигар зарфҳои рӯзгор) аз ҳама қадим дониста шудааст. Бостоншиносон пайдоиши зарфи аввалинро хоси замони неолит, яъне 10 - 7 ҳазор сол пеш медонанд.

Зеро инсон маҳз дар замони неолит аз шикорчигӣ ба кишоварзиву чорводорӣ гузашт, яъне акнун одамон хӯроки худро, ки аз маҳсулоти ғаллагӣ, гӯштӣ ва ширу равған иборат буд, хом нахӯрда, пухта истеъмол мекарданд. Барои пухтани хӯрок бошад, танҳо оташ кифоя набуд. Аз ин рӯ, лозим меомад, ягон намуди зарфро ихтироъ кунанд. Сангҳои косашакл ба пухтану хӯрдани хӯрок номувофиқ буданд.

- Аз ҳафриёти 11 ба мо муяссар шуд, ки се - чор зарфи бутун ва дегҳои гуногунҳаҷмро ёбем. Аз дохили яке аз дегҳо каллаву пойҳои гӯсфанд пайдо кардем, ки далели шуури баланд доштани мардуми Саразмро ифода мекард, зеро онҳо минбаъд чорворо пухта, истеъмол мекарданд, - гуфт Шарофиддин Қурбонов.

Ҳавлиҳои боҳашамат ва санъати баланди шаҳрсозӣ

Ҳафриёти Саразм то чӣ андоза оддӣ будани шакли биноҳои истиқоматии ниёгонамонро бозгӯ аст. Бинокорон хонаҳои истиқоматии шахсӣ ва ҷамъиятиро бо хишти хоми калонҳаҷми андозаи 48х24х10, 50х25х10, 52х26х10, 59-60х28-30х10х11 сантиметр ва похсаҳо месохтанд. Похса ба 50 - 75 сантиметр баробар буда, 2 - 2,5 метр баландӣ дошт. Саразмиён барои мустаҳкам шудани хиштҳо ба лой коҳи маҳини ҷаву гандумро меандохтанд. Лойи похсаҳоро дар ҷои васеъ хобонида, ба воситаи ҳайвонҳои корӣ - барзаговҳо, хару хачирҳо пухта мекарданд. Девори хонаю толорҳо аз ду тараф бо коҳгил андова мешуданд.

- Таҷриба собит намуд, ки ин қабил хонаҳо дар гармои тобистону сармои зимистон ҳароратро муътадил нигоҳ медоранд. Муайян шуд, ки истиқоматгоҳи саразмиён аз биноҳои бисёрхонаи алоҳида - алоҳида иборат буда, дар навбати худ дар ин биноҳо аз 2 то 5 оила зиндагонӣ мекарданд. Оилае, ки 3 то 5 нафар аъзо дошт, дар 2 - 4 хона ҷой мегирифт, истиқоматгоҳи як оила ҷамъулҷамъ 20 - 25 метри мураббаъро ташкил медод. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар як узви оила дорои 5 – 7 метри мураббаъ ҷои истиқомат буд. Албатта, ин барои оилаи ҷамъияти ибтидоӣ кифоя мекард. Оиди тарзи ҷобаҷогузории хонаҳои оилаҳои алоҳида ва биноҳои авлодӣ, ки якчанд оиларо муттаҳид мекарданд, бояд бигӯем, ки биноҳои калон асосан барои як авлод сохта мешуданд. Сардори авлод-падар аз рӯи салоҳдиди худ хонаҳоро ба фарзандон ва хешовандон ҷудо карда медод. Дар навбати худ биноҳои бисёрхонадори дар як ҷой сохташуда ба қабилаи сернуфузе тааллуқ дошт. Миқдори нуфузи авлод 20-25 нафар буда, қабила 75-100 нафарро муттаҳид мекард. Аз ин рӯ, дар вақти сохтани хонаву биноҳо талаботи ҳар як оила, авлод ва қабила ба ҳисоб гирифта мешуд. Агар хонаҳои истиқоматии оилаҳои як авлод ба ҳамдигар пайваст бошанд, хонаҳои авлодҳои алоҳида аз якдигар ҷудо ҷойгир буданд. Ҳавлиҳои кушод, кӯча ва тангкӯчаҳо биноҳои авлодиро аз якдигар ҷудо мекарданд.

Аз андозаи ҳафриёти мазкур маълум буд, ки он солҳо қабилаҳо дар хонаҳои барҳавову кушод ва аз ҷиҳати ҳаҷм бузург умр ба сар мебурданд. Ҳатто долону роҳравҳои ҳавлиҳои онҳо андозаи калонро доштанд. Дар кунҷи ҳавлие нишаста, мо низ мушоҳида намудем, ки то кадом андоза дар касби сохтмонӣ мардуми он давр пеш рафта буданд.

Ривоҷу равнақи ҳунармандӣ

Бостоншиносон бар он ақидаанд, ки саразмиҳо қариб шаш ҳазор сол қабл аз ин зиёда аз 12-13 намуди зарфҳоро аз хоки сурху зард, хокистарранг ва, ҳатто, сиёҳ месохтаанд. Азбаски чархи кулолгарӣ ҳоло ихтироъ нашуда буд, зарфҳо дастӣ сохта мешуданд. Ақидае ҳаст, ки ин корро бештар занҳо иҷро мекардаанд. Асоси таърихӣ доштани гуфтаи мазкур аз он аён мегардад, ки мардҳо ба корҳои вазнини меҳнатталаб машғул буданд. Мардҳо ба нигоҳдории оромии аъзои қабила, шикорчигӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, моҳидорӣ ва сохтмони хонаву ҷой шуғл меварзиданд. Аммо ин ҳамеша ин тавр набуд. Дар байни қабилаҳо тақсимоти меҳнат ба вуҷуд омад. Дар ин маврид қабилаҳо мувофиқи қобилияти ҷисмонӣ ба иҷрои касбу кори хос мутобиқ шуданд.

Бостоншиноси ҷавон Афзалшоҳ Сӯфиев соли 2018, пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба мамнӯъгоҳи бостоншиносии Саразм омад. Айни замон вай дар ҳафриёти 12 - ум ба барқарорсозии деворҳо машғул аст. Ин ҳафриёт маҳаллаи ҳунармандон унвон гирифтааст. Ҳафриёт дар масоҳати 800 метри мураббаъ кофтуков шудааст, ки дар он чор қабати ҳаёти мадании саразмиён муайян шуда, дар бораи он тадқиқотҳои илмӣ ба анҷом расидаанд.

- Барои нигоҳдорӣ халтаву ҷувол ва сандуқҳо лозим буданд. Вале онҳо бофтану сохтани анҷомҳои номбурдаро пурра азхуд накарда буданд, риштаҳои пашмӣ, пӯстҳои суфта, матоъ, чӯб, сӯзану дарафш ва ғайраро ба миқдори зарурӣ дар ихтиёр надоштанд. Аз ин рӯ, аксарияти намудҳои маводи хӯрока дар хуму хумчаҳо нигоҳ дошта мешуданд. Вақте зарфҳои сафолини занҳо сохта талаботи рӯзгорро таъмин карда натавонист, иҷрои ин корро мардҳо ба ӯҳда гирифтанд. Ҳамин тавр, кулолгарӣ шакли муташаккили истеҳсолӣ гирифта, яке аз омилҳои пешравии ин намуди ҳунармандӣ шуд. Зарур аст бигӯем, ки як тарафи дараҷаи тараққиёти ҷамъияти одамони қадим аз рӯи санъати кулолгарии онҳо муайян карда мешавад, - мегӯяд ӯ.

Афзалшоҳ Сӯфиев изҳор дошт, ки алҳол зиёда аз 10 000 зарфи сиҳату пораҳои онро доранд ва бо камоли қаноатмандӣ оиди санъати кулолии саразмиён баҳои пурра дода метавонанд. Саразмиҳо зарфҳои лоиро ба чор шакл месохтаанд. Ба шакли аввал зарфҳое дохил мешаванд, ки шаклан лӯндаанд, даҳони тангу нафисашон ба дарун хамида, ба глобуси дутақсим монанданд. Ин қабил зарфҳоро ба ҷои ҳамвор гузоштан душвор буд. Онро вақти хӯрокхӯрӣ доим дар даст нигоҳ медоштанд. Шакли дуюм, зарфҳое, ки даҳони кушод ва пояи устувор доранд, шакли сеюм, дӯлча ном дошта, деворҳои рост доранд. Шакли чорум зарфи конусшакл буда, ба тағораҳою хурмачаҳо монанд буданд.

Айни замон кӯшиши бостоншиносону ороишгарон (рестовратор) барои барқарорсозии маҳаллаи ҳунармандони қадимаи Саразм беҳудуд аст.

- То имрӯз аз қаъри замин зиёда аз 150 хонаи истиқоматӣ, 4 маъбади оташпарастӣ, як анбори ғалланигоҳдории ҷамъиятӣ, як бӯстонсаро бароварда шуд. Маълум буд, ки сокинони Саразм бо ҳавлиҳои кушод, кӯчаву тангкӯчаҳо байни худ равуо доштанд. Бозёфтҳо асосан аз анҷоми рӯзгор, зебу зиннати тиллоӣ, нуқрагин, мисӣ, биринҷӣ, сангҳои гуногун ва устухонҳои ҳайвоноту паррандаҳо иборатанд. Зарфҳои сафолини мунаққашу сангини суфташуда ва порчаҳои нақшҳои деворнигораҳо аз санъати баланди ҳунармандии гузаштагонамон шаҳодат медиҳанд, - гуфт Шарофиддин Қурбонов.

Вақте ҳафриёти ҳунармандӣ дидан кардем, дар он ҷо корҳои ободкориву барқароркунӣ ҷараён дошт. Ҳунармандони моҳир тавонистанд, тамоми нозукиҳои ин мавзеъро ба таври зарурӣ нишон диҳанд.

Баробари ин дар осорхона бозёфтҳои Саразм, ки аз тарафи бостоншиносон қисм – қисм дарёфт шудаанд, аз тарафи тармимгари осорхона - корманди Институти таъриху бостоншиносӣ ва этнографии Тоҷикистон Рустам Бурҳонов ба таври аслиаш баргардонида шуда истодааст.

- Бозёфтҳои 5500 сол қаблиро, ки дар зери замин ва хок монда буданд, аз нав тармим карда истодаем. Тамоми таҷҳизот ва ашёе, ки барои рӯзгор истифода бурда мешуд, барқарор карда, дар осорхона ба намоиш гузошта мешаванд. Азбаски ашёҳои дарёфтшуда нодир ва нозук аст, барои барқарор кардани он муддати зиёд лозим аст. Масалан, барои тармими як кӯза тақрибан як моҳ лозим аст ва барои тармими он маҳлули махсус истифода карда мешавад, то таркиб ва намуди зоҳириаш коҳиш наёбад.

Дарвоқеъ, бозёфтҳои ашёи рӯзгордории саразмиён аз ҷиҳати намуд ва сохт хеле диққатҷалбкунандаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай дар он даврон соҳаи ҳунармандӣ ривоҷу равнақ ёфта буд. Дар косаву табақҳо нақшҳои рангорангу гуногун кашида шудааст, ки ба нақшҳои миллии имрӯза монандии зиёд доранд.

 Қабристони Маликаи Саразм

Сохти ҷамъиятии Саразм дар ҳазорсолаҳои IV-III модаршоҳӣ буд. Тахмин меравад, ки ҳар як авлоду қабила пешвои худро аз қабили занҳои донову ҷасур интихоб мекард. Зан аз болои тамоми масъалаҳои зиндагӣ сарварӣ мекард. Ин маънои онро надорад, ки мардҳо аз ташвиши рӯзгор озод буданд. Баръакс, ҳамаи таъмини эҳтиёҷоти оила ба дӯши мардҳо вогузор буд. Бинобар он онҳо ба биносозӣ, кишоварзӣ, шикорчигӣ, моҳидорӣ ва чорводорӣ машғул буданд.

Ҳафриёти рақами 4 – уми мамнӯъгоҳи Саразм қабристони Маликаи Саразм мебошад, ки ӯ дар синни 23 - солагӣ вафот карда, дар ҳамин ҷо ба хок гузошта шудааст. Аз рӯи гуфти бостоншиносон, дар атрофи қабристони Маликаи Саразм боз якчанд қабр кашф шудааст. Бино ба гуфти бостоншиносон Маликаи Саразм соҳиби як фарзанд будааст.

Бостоншинос Саидмурод Бобомуллоев Маликаи Саразм унвон гирифтани ин ҳафриёт ва фарқияти ин қабристонро аз дигар бозёфтҳо чунин шарҳ дод:

- Аслан, қабри малика соли 1983 кашф гардида, баъдан аз тарафи антрополог Телман Хоҷаев муайян карда шудааст, ки ин бону 23 - сола буда, қадаш 1 метру 65 сантиметр будааст. Малика барои он номидаанд, ки ҳамроҳаш 49 муҳраи тиллоӣ ва бештар аз 4,5 килограмм сангҳои лоҷувард, ақиқ, инчунин ҳайкалчаи гилӣ ва як оинаи биринҷӣ дафн шудааст. Ин далели он аст, ки ин бону дар ҷамъият нуфузи баланд доштааст.

Бино ба гуфти Саидмурод Бобомуллоев, шаҳркадаи Саразм таърихи тӯлонӣ дошта, он 4 давраро аз сар гузаронидааст. Аз рӯи деворҳои пайдошуда, шаҳр аз чор қабат иборат буда, фосилаи байни ҳар давра беш аз ҳазор солро дар бар мегирад. Бостоншиносон чунин мешуморанд, ки аз сабаби хушксолӣ зиндагӣ дар ин ҷо тақрибан се ҳазор сол пеш хотима ёфтааст.

Вақте ба назди қабристони Маликаи Саразм наздик шудем, ҳиссиёти аҷибе моро фаро гирифт, зеро дарёфти чунин ёдгории таърихӣ барои нафаре, ки ҳамчун сайёҳ меравад, хеле ҷолибу ҳаяҷоновар аст. Ҳарчанд қабристон ба қабристонҳои кунунӣ кам монандӣ дошта бошад ҳам, вале ҳаҷми он аз он далолат медод, ки дарвоқеъ Маликаи Саразм дар даврони худ обрӯву нуфузи хоссае дошт. 

Охирсухан

Нишонаҳои асосии сафолпораю қабатҳои замин водор карданд, ки майдони ёдгориро қариб 100 гектар тахмин намоем. Ҳидояти дигар, болои ёдгорӣ аз асри VI сар карда, деҳаҳои нав, биноҳои маъмурӣ, хонаҳои истиқоматӣ бунёд шуданд. Дар болои қабати маъдании ёдгорӣ имрӯз деҳаҳои Раҷабалӣ, Авазалӣ, Ғурач ва Соҳибназар ҷойгиранд, дар натиҷа зиёда аз 40 гектари ёдгорӣ осеб дидааст. Илова ба ин қисми дигари ёдгорӣ зери биноҳои мактабу фермаҳо ва киштзорҳои ҷамъиятӣ мондаанд. Омӯзиши онҳо низ имконнопазир аст.

Бо вуҷуди ин зиёда аз 35 гектари майдони ёдгорӣ, ки таи ҳазорҳо сол чарогоҳи сокинони мардуми гирду атроф буданд, нисбатан кам осеб дидаанд. Бо вуҷуди ин ногуфта намонад, ки баъзе солҳо барои кишти лалмӣ ин майдон бо ҷуфти гов ва баъд бо трактор шудгор карда мешуд, бинобар ин қабати маъдании болоии ёдгории Саразм, ки замоне хонаҳои истиқоматӣ, бӯстонсаройҳо, оташкадаю устохонаҳо вуҷуд доштанд, қариб боқӣ намонд.

Дарвоқеъ, Панҷакенти бостонӣ таърихи куҳани тамаддунофари тоҷиконро дар худ маҳфуз доштааст ва бозёфтҳои Саразм танҳо қатрае аз баҳри беканор аст. Шояд кофтуковҳои минбаъдаи археологӣ дар таърихи тоҷикон боз маълумотҳои ҷолибу саҳифаи наверо ифшо созанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»,

Хуҷанд – Панҷакент – Хуҷанд

 

Читать далее

Сарчашмаи саодати халқ

Истиқлолияти давлатӣ ба миллати мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем. Имрӯз мардуми кишварамон хуб дарк кардаанд, ки Истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки «вақте мо аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ва аз арзишу аҳамияти таърихии он сухан меронем, пеш аз ҳама, дар назари мо, дар қалбҳои мо, амалишавии муҳимтарин ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати мамлакат - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ падид меоянд, ки дар вуҷуди ҳар яки мо эҳсосоти ифтихори ватандорӣ ва созандагӣ, иқболу саодатмандӣ, истиқлолияту худшиносии миллӣ ҷӯш мезанад».

Бояд зикр дошт, ки муҳимтарин дастоварди мардуми кишвар дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллатамон мебошад. Зеро бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки солҳои нахусти соҳибистиқлолӣ бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд. Қадами бисёр устувори дигар дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти сохти давлатдорӣ буд.

Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ, халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, ки акнун он ҳамчун иродаи қатъии мардуми кишвар дар моддаи аввали Конститутсияи мо барои ҳамеша сабт гаштааст.

Ҳоло Тоҷикистон дар роҳи бунёди ин низоми давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ки дастоварди беназири сулҳофаринӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон роҳи саодати халқ ва таҳкими дастовардҳои беназирро дар ҳама бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муваффақ гардида, мамлакатро дар миёни кишварҳои ҷаҳон соҳибэътибор ва эътирофшуда муаррифӣ намояд.

Баргузории чорабиниҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин дастгирӣ ва пуштибонии ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ далели ин гуфтаҳост ва боиси ифтихори ватандории ҳар яки мост.

Сӯҳроб Қосимӣ,

судяи Суди шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Шаҳристон бо масъулияти баланд

Имрӯз бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ тайёрии ҳамаҷониба рафта истодааст. Ин маърака дар ноҳияи Шаҳристон дар кадом вазъ қарор дорад? Ваҳҳоб Зоиров - раиси комиссияи ҳавзаи Шаҳристон, №43 дар суҳбат ба мо иброз намуд, ки айни ҳол дар ноҳия корҳои омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ босуръат тавсеа меёбад.

Мавсуф изҳор намуд, ки дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар аъзо ташкил шуда, шумораи эҳтимолии интихобкунандагон 24737 нафар, аз ин шумора бори аввал овоздиҳандагон 384 нафар, муҳоҷирони меҳнатӣ 2066 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар ҳудуди ноҳия 4 ҳизби сиёсӣ фаъолият бурда, шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – 3245 нафар, Ҳизби Коммунист - 666, нафар, Ҳизби аграрии Тоҷикистон - 286 нафар, Ҳизби сотсиалистӣ - 80 нафарро ташкил менамояд.

Инчунин, дар ноҳия 16 участкаи интихоботӣ бо муқаррароти ҳудуд, рақам, шумораи пешакии умумии интихобкунандагон бо қарори раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии “Шаҳристон” №43 аз 19 августи соли 2020, №3 тасдиқ гардида, 16 участкаи интихоботӣ бо теъдоди аъзои комиссия иборат аз 134 нафар дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва Бунҷикат ташкил карда шудааст.

Дар ҳамаи 16 участкаи интихоботӣ ҳуҷраҳо барои овоздиҳии пинҳонӣ, қуттиҳои калон ва хурд, шиору овезаҳо, гӯшаи интихобот, навбатдории аъзои комиссияи участкаҳои интихоботӣ, дар даромадгоҳи биноҳои овоздиҳӣ навбатдор бо маводҳои антисептикӣ, ҳароратсанҷ, шиору навиштаҷот оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ташкил шуда, участкаҳои интихоботӣ бо маводҳои конселярӣ ва хоҷагӣ таъмин шудаанд.

Бо ҳамбастагии аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ дар деҳаҳои Шаҳристон, Чашмасор, Ваҳдат, Саробӣ, Фирдавсӣ, Истиқлол ва муассисаҳои таълимии №1,5,6,7,8,10,13 бо аҳолӣ вохӯриҳо оид ба масъалаҳои шаффофу одилона гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолонаи интихобкунандагон ба интихобот, масъалаҳои тоза намудани муҳити атроф маҳалли зист, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ аҳамияти махсус дода, оид ба мазмун ва моҳияти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуд. Аз тарафи аъзои комиссияи ҳавзаи интихоботии №43 ва шахсони масъули Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия шиору навиштаҷотҳо оид ба гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми деҳаҳои ноҳия насб карда шуданд.

Дар ин давра се маротиба семинар оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои комиссияи интихоботӣ дар бораи тартиб додани нақшаи тақвимӣ, тақсимоти вазифаҳо, ҷадвали навбатдорӣ, теъдоди интихобкунандагон ва шиносоӣ бо маводҳо, ки аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шудааст, гузаронида, корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.

Бояд зикр намуд, ки ҳар соату ҳар лаҳза моро ба Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик карда истодааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее