08 September 2020

Маросими супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Ҷоизаҳои вилоятӣ

Дар толори қабулгоҳи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Ҷоизаҳои вилоятӣ доир шуд.

Сароғоз Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба чорабинии идона бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдорони чорабиниро ба муносибати фарорасии 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шодбош гуфт.

Читать далее

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.09.2020, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад.

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 29-солагии Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии санаи таърихии 29-солагии Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори пурфайзу баракат, саодати хонаводагӣ ва комёбиву хушбахтӣ орзу менамоям.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, “истиқлол арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба ҳисоб рафта, Тоҷикистони азизамон маҳз ба туфайли он ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эътироф ва мавқеи шоистаи худро дар байни кишварҳои мутамаддин соҳиб гардид”.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз «Боғи Ватан» боздид намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори Хоҷагии деҳқонии «Ватан» шинос шуданд.

Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз «Боғи Сомон» дидан карданд

Дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заминҳои «Боғи Сомон» дар Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол» шинос шуданд.

Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ташриф оварданд

7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода ба Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ташриф оварданд.

Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти ҶДММ «Сардор-2008» оғози расмӣ бахшиданд

7 сентябр ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сардор-2008» оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат нахуст аз намоиши маҳсулоти коргоҳ дидан карда, ба сифат ва намои анвои маҳсулоти омодагардида баҳои баланд доданд.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд

7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.

Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 6 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, баландии пояи он бо дарназардошти таҳкурсиаш 50 метрро ташкил медиҳад. Парчами давлатӣ дар маркази шаҳр қомат афрохта, андозаи матои он 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.

Читать далее