09 September 2020

Ситоди вилоятӣ: ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ БОЯД РИОЯ ГАРДАНД

Ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 бо иштироки муовинони Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва Зайнура Азимӣ дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Муовини сардори Раёсати нигаҳдории тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев оид ба паҳншавии босуръати мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус гузориш дода, иброз дошт, ки Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 дар вилоят тамоми чораҳоро андешида истодааст.

- Бо вуҷуди андешидани чораҳои пешгирикунанда ин беморӣ алҳол дар қаламрави вилоят ва берун аз он доман паҳн кардааст. Бояд қайд кард, ки танҳо бо корбарӣ ва талошу заҳматҳои кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ мо наметавонем, пеши роҳи ин офатро гирем. Барои бартараф кардани душмани ноаёне, ки алҳол фарогири тамоми ҷаҳониён аст, муборизаи ҷонфидоёнаи ҳар сокини мамлакат зарур аст. Силоҳи пурқуввати пешгирӣ аз ин беморӣ бошад, танҳо риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоист. Мутаассифона, аксари аҳолӣ риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва фосиларо, ки аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода шудааст, риоя намекунанд, - иброз дошт Маъруф Ҳоҷибоев.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ба масъулини соҳа ҷиҳати бартараф намудани мушкилот вазифа гузошта, гуфт, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ пурзӯр гарданд. Ҳамчунин, ташкили гурӯҳҳои алоҳида ва назорати доимии фаъолияти онҳо, дар сатҳи зарурӣ мавҷуд будани теъдоди нақлиёти мусофиркашон, захираи сӯзишворӣ, назорати қатъии кормандони соҳаи маориф аз муҳассилин, ҷоннок намудани фаъолияти кормандони мақомоти маҳаллӣ, кумитаи маҳалла ва худи аҳолӣ аз масъалаҳои ҳалталаби Ситоди вилоятӣ ба шумор мерафт.

Ситоди вилоятӣ аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки бо назардошти паҳншавии босуръати мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус дар минтақа бояд қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ҳатман риоя гардад. Дар сурати дар худ ва ё наздикон эҳсос намудани нишонаҳои беморӣ: ҳарорати баланд, нафаскашии душвор, гулӯдардӣ ҳатман ба духтури минтақавӣ муроҷиат намуда, аз хона набароянд, ба худтабобаткунӣ машғул нашаванд, аз ниқоби муҳофизатӣ истифода намоянд ва маҳлули антисептикиро мунтазам ба кор баранд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Истиқлол: Омили рушду субот ва шукуфоӣ

Дар шаҳри Истиқлол омодагӣ ба интихоботи Президенти мамлакат дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Дар шаҳр як ҳавзаи интихоботии «Истиқлол, №31», 7 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст. Аз ин нишондод 4 адад участкаи интихоботӣ дар муассисаҳои таълимӣ, 1 адад дар Қасри фарҳанг, 1 адад дар қисми ҳарбии 3501 ҷойгир мебошад.

Бино ба иттилои раиси ҳавзаи «Истиқлол, №31» Ниёз Ниёзов мутобиқ ба нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба омодагӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол ҳавзаи интихоботии «Истиқлол, №31» дар бинои Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол, ки соли 2020 корхонаи беҳтарини шаҳр эълон гардида буд, ҷойгир шудааст.

Дар даромадгоҳ лавҳа ва овезаи гӯшаи интихоботӣ насб шудааст. Ҳавза бо компютер, принтер, факс, харитаи сиёсии шаҳр ва телевизор, диапроектор, баландгӯяк, қарору санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ пурра таъмин гардидааст.

- Дар шаҳр шумораи умумии овоздиҳандагон 9715 нафар буда, аз ин шумора 4547 мард ва 5168 зан мебошанд. Боиси қайд аст, ки дар шаҳр миллатҳои гуногун, аз ҷумла 5710 нафар ӯзбек, 361 нафар рус ва 42 нафар аз дигар миллат умр ба сар мебаранд. Шумораи умумии дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштагон 2185 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон теъдоди бори аввал овоздиҳандагон 160 нафар мебошад, - гуфт Ниёз Ниёзов.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Хуҷанд: ҳамраъйии мардум - баҳри ободии кишвар

Мутасаддиёни комиссияи ҳавзаи интихоботии ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд – 26» оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст, ба маъракаи муҳими сиёсӣ омодагии пурра дида истодаанд.

Котиби комиссияи ҳавзаи интихоботӣ Шафоат Умарова зикр дошт, ки ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд – 26» ба маъракаи интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамраъйии мардум нишони ояндаи дурахшони кишвар аст, тайёрии ҳамаҷониба дида истодааст.

Айни замон ба 64 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», муҳр, тартиби санад, маводҳои тарғиботӣ, «Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд, супорида шуд.

Барӯйхатгирӣ идома дошта, аз рӯи маълумоти эҳтимолӣ дар маркази вилоят 130685 нафар интихобкунанда, ки аз ин 50541 нафар мард, 53144 зан, 1380 нафар бори аввал овоздиҳандагон иқомат дошта, 4888 нафар дар муҳоҷират мебошанд.

- Айни ҳол сафи муҳоҷирон сол аз сол коста гардида истодааст, боварии комил дорам, ки дар рӯзи маъракаи интихобот аксари онон барои раъйи худро додан ба участкаҳои интихоботии минтақаи худ ҳозир хоҳанд шуд, - гуфт Ш. Умарова.

- Ҳоло кор дар участкаҳои интихоботии рақамҳои 17 (мутасаддӣ Даврон Ёқубов), 53 (Муқаддас Азимова), 9 (Наима Масобирова), 12 (Шоира Ризоева) ва 16 (Роҳат Мавлонова) воқеъ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2, 20 ва Мактаби бачагони болаёқат, биноҳои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилоят ва Муассисаи давлатии «Кохи Рӯдакӣ» омодагӣ хуб ба роҳ монда шудааст, - гуфт раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд - 26» Баҳодур Муъминов.

- Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олӣ баргузор гардад ва ҳамаи интихобкунандагон муташаккилона ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд, зеро раъйи ҳар яке аз онон ҳалкунандаи тақдири сокинони мамлакат буда, ба ояндаи дурахшон, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва шукуфоиву ободии кишварамон таъсири мусбии хешро мегузорад, - гуфт дар хотима Ш. Умарова.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадоронро аёдат намуд

8 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла ба манзили собиқадорони соҳаҳои фарҳангу хизмати давлатӣ Римма Беляева ва Санавбар Нуриллоева ташриф оварда, онҳоро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавому рӯзгори обод таманно кард.

Читать далее

СУВЕРЕНИТЕТ ТАДЖИКИСТАНА И ЛИДЕР НАЦИИ. Премьера нового раздела НИАТ «Ховар», посвященного 30-летию Государственной независимости Республики Таджикистан

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /НИАТ «Ховар»/.  В преддверии 29-летия главного праздника нашей страны Национальное информационное агентство «Ховар» запускает новый раздел под названием «Суверенитет Таджикистана и Лидер нации», который посвящается 30-летию Государственной независимости Республики Таджикистан.

Читать далее