10 September 2020

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати ҷашни бисту нуҳумин солгарди Соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ва динӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Дар ин паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои азими тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар арсаҳои давлатсозӣ,  рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, инчунин таҳкими пайвастаи  обрӯву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами   байналмилалӣ ва минтақавӣ, зикр гардидаанд.

Читать далее

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати ҷашни бисту нуҳумин солгарди Соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ва динӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Дар ин паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои азими тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар арсаҳои давлатсозӣ,  рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, инчунин таҳкими пайвастаи  обрӯву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами   байналмилалӣ ва минтақавӣ, қайд гардидаанд.

Читать далее

КАБИРӢ ХОИНИ МИЛЛАТ!

Ҳоло кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва махсусан хоинони миллати тоҷик ба хотири анҷом додани амалҳои душманонаву хиёнат зери роҳбарии М. Кабирӣ раиси ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар ҷамъ шудаанд, ки мақсаду маромашон душманӣ бар миллату кишвари мо мебошад.

Кабирӣ низ аз зумраи ҳамон террористони наҳзатиест, ки ба хотири гумроҳ кардани ҷомеа ва фиреб додани миллат имрӯзҳо баромад намуда, мехоҳад аз ҳамин роҳ мисли солҳои 90-ум сокинони кишварро гумроҳ созад, ки ин албатта ин амали вай хиёнати маҳз мебошад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоини миллати тоҷик ҳаромзодаи наҳзатӣ Кабириро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!

ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ
КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯИ ДКМТ

Читать далее

Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зӯрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кӯшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд.

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳама ҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд. Экстремизм аз воҷаи фаронсавии «ехtқеmismе» ва лотинии «ӯхtқеms» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва паҷӯишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад. Умуман таҳти мафҳуми «созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти эктремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнуъ мебошад. Гурӯҳи дигари чунин созмон ва ҳаракатҳоро ҳизбҳо ва созмонҳое ташкил медиҳанд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои бунёди давлат ва ҷомеаи исломӣ тибқи меъёрҳои шариат идора кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубориза мебаранд. Аммо дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зӯроварӣ низ рӯ намегардонанд. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ мебошанд, ки барои ба даст овардани аҳдофи сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломиро халалдор сохта, кишварҳои исломиро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд. Ба ин маънӣ дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад. Хусусан дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт. Сабаби асосии таҳкими чунин мақом дар сиёсати ин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукаммали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба танзим дароварад ва идора намояд. Барои таҳкими нақши ислом дар сиёсати ин кишварҳо инчунин ақоиди анъанавӣ дар бораи ягонагии дин ва давлат, пайванди ҳаёти дунявӣ ва динӣ, ки дар шуури ҷамъиятии миллатҳои мусулмон хеле амиқ реша давонидааст, низ нақши хеле муҳимро мебозад. Ақидаҳои мазкур хусусан дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хеле роиӣ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд. Хусусан баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуғрофиёи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд. Омӯзиш ва таҳқиқи ҳама ҷонибаи масъалаи мазкур, яъне падидаи сиёсишавии ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаҳои нави диниву сиёсӣ “аз наздик шинос шуда”, характери аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем. Ҳамчунин аз тариқи омӯзиши бонизоми ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ аз як тараф ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсии Тоҷикистон, аз тарафи дигар муайян карда мешавад.

Чӣ тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Якум, вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Дуюм, барои ҳокимият мубориза бурда мешавад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи Тоҷикистони ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст.

Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо-ҳанафия мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатиие, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиниву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.

Шарипова М.-дотсенти кафедраи забон
ва адабиёти тоҷик
и ДДХ

Читать далее

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АЗ ХИЁНАТИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ГУФТ

Тавре, ки ба ҳама маълум аст, филми мустанади “Хиёнат”, ки аз 3 қисмат иборат мебошад, дар бораи фаъолияти пасипардагӣ ва авбошонаи наҳзатиён қисса намуда, нақшаву ниятҳои душманонаи ин ташкилоти террористиро боовардани далелҳои муътамад, исбот намуд, ки бисёр ҳам филми диданист. Бо дидани филми мазкур инсон метавонад дар як они воҳид чеҳраи аслии душманони миллатро, худро дар зери ниқоб пинҳон кардаанд, дарёбад.

Воқеан ҳам филми “Хиёнат” қадамест барои шинохти душманони миллат ва хоинони бадкеши наҳзатӣ ва аз ин лиҳоз филми мазкурро метавон як ҳуҷҷати таърихӣ номид.

Мо, омӯзгорони кафедра ба ҳамаи сокинони кишвар тавсия медиҳем, ки филми мазкурро тамошо намуда, чеҳраи аслии хоинонро бишносанд.

ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ
ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗИ ДКМТ

Читать далее

Фанои Ҳизби наҳзат

Дар расонаҳои ахборӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки ҷаҳониён бо сабабҳои гуногун қариб аз он огаҳӣ наёфтанд. Мӯҳтавои хабари расмии манбаъҳои номбурда дар он буд, ки бо сабаби бемории бардавоми “ватанфурӯшиву иғвоангезӣ” фавти Ҳизби наҳзати ислом аз ҷониби “табибон”-и хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар Аврупо, ки ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломи гурезаю мамнӯъ паноҳгоҳ ёфта буд, эълон карданд, ки ҷанозаи Ҳизби наҳзати исломро моҳи сентябри соли 2020 мехонанду ҳамаи ононе, ки ҳисси виҷдону ватанфурӯшӣ, иғвогарию дасисабозӣ, тӯҳматбофӣ ва разилиро соҳибанд, метавонанд дар ин ҷаноза иштирок намоянд.

Эҳтимол меравад, ки дуои ҷаноза аз ҷониби манфуртарин ва нобакортарин аъзои наҳзатиён Муҳиддин Кабирӣ хонда шавад. Нафароне, ки аз тоифаи номбурдаанд, дар ҷаноза метавонанд бидуни ниқобпӯшӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ иштирок намоянд. Зеро, онҳо ки олудаи палидӣ ва ифлосианд, ҳатто бемории COVID-19 аз онҳо меҳаросад. Аз ин рӯ, тавсия дода мешавад, ки ба ин маъракаи таъзия ҳамаи аъзои созмони ғайрирасмии Паймони миллии Тоҷикистон хабар карда шаванд.

Хушбахтона, аз байни мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол нафарони каме пайдо мешаванд, ки орзуи иштирок дар ин ҷанозаро кунанд. Зеро, аксарияти мардуми кишвар аз палидиҳою иғвогариҳо, дасисаҳою бӯҳтонҳои наҳзатиён нисбати роҳбарияти олӣ ва кишвари зебоманзарашон дилзадаю безор шудаанд ва ҷанозаи ҳизби мамнӯи ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом барои хонадони фардони ватандӯсту бо ору номуси Тоҷикистон рӯзи хурсандист. Алалхусус, нафарони ҷангдида ва гумроҳшудаи ҷомеаи заҳматқарини Тоҷикистон аз ин хабар шоду хушҳоланд ва эътимоди комил доранд, ки минбаъд тавассути ин ҳодиса дар олам “хас каму ҷаҳон пок” мешавад.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар раванди таҷлилгирӣ аст, ҳамаи мардум сарҷамъона шукронаи даврони осудагӣ ва оромӣ мекунанд. Тоҷикистониён итминони комил доранд, ки файзу баракоти ҳаёти имрӯзаи баҳории кишвар бо муттаҳидӣ дар атрофи роҳбарияти олии кишварзиёда мегардаду дар оянда нафарони ватангадои сангпарто аз хориҷи кишвар фанои абадӣ меёбанд.

Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

Читать далее

НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ!

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хориҷи кишвар фирор намуда, аз ҳамон истода фармони хоҷагони хориҷияшонро, ки бар зидди миллати тоҷик мебошад, амалӣ кардан мехоҳанд.

Ва ҳамин аст, ки ин шабу рӯз палидони наҳзатӣ бо пахши хабару гузоришҳои бардурӯғ ният доранд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд ва ҳоло дигар талошҳои тхудро ба интернет равона сохта думболи ҷавононро гирифтаанд, ки мақсаду маромашон маълум мебошад. Яъне хиёнат бар миллати тоҷик ва далати тоҷикон.

Мо, устодони кафедра ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем.

ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ
КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯИ ДКМТ

Читать далее

Нақши иттилооти муғризона дар густариши экстремизм ва терроризм

Муҳаққиқони одамони қадимро “одамони саҳроӣ” номидаанд ва дертар онҳо ба “одамони соҳибақл” мубаддал гаштанд.

Одами замони муосирро “одами ахборот” ва ё худ “одами иттилоот”ном мебаранд. Тазйиқи иттилооте, ки ояндаро ба нақша гирифта, мақсади амиқеро ба назар дошта, дар шакли “маданияти оммавӣ” имрӯзҳо паҳн мегардад, ҳар гуна махсусиятро инкор карда, бе ягон зӯрӣ тафаккурро дар як қолаб ҷойгир мекунад, ба воқеоту ҳаводиси атрофу ҳастӣ беэътиборона муносибат доштанро тарғиб карда, психологияи пасмондагӣ ва истеъмолкунандагиро ташаккул дода истодааст. Дар натиҷа, дунёи имрӯз парвардаи “одами маст” буда, чашмгуруснагӣ, ҳарисӣ, исрофкориро “мехоҳад”. Дармуносибати байниҳамдигарии инсонҳо ҳисси адоват ва нафрат қувват ёфта, дар ҳамаи гӯшаи дунё нооромӣ ва балвову ҷангҳо ва задухӯрдҳо идома доранд. Пахши ахбор агардирӯз бо мақсади тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, маҳсулоти тиҷоратӣ, дастоварду пирӯзиҳо, ихтироъкориҳои инсон ва зебоиҳои табиат ба роҳ монда шуда бошад, имрӯз илова бар ин иттилоот як аслиҳаи муассири гурӯҳҳои манфиатхоҳ, аз қабили созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шудааст. Иттилооти имрӯз метавонад ба мақсадҳои ғаразнок, аз ҷумла пайдо кардани адовату нафрат ва низоъ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, тоифаҳои одамон, миллатҳо, гурӯҳҳои динӣ тарҳрезӣ гардида, барои расидан ба мақсади ниҳоии созмонҳои манфиатхоҳ:барҳам арзишҳои милливу маънавӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки ахбор дар асри XXI ба аслиҳаи мафкуравӣ табдил ёфтааст. Ин ҷиҳати шаклгирӣ, яъне ҳамин ахбор як навъ восита дар ташаккули экстремизми динӣ мусоидат карда истодааст. Бояд гуфт, ки мақсади аслии терроризм дар аҳолӣ ҳисси ваҳм ва тарсро бедор кардан ва дар байни ҷомеа нооромиҳоро ба вуҷуд овардан, ҳокимиятро соҳибӣ кардан, арзишҳои динӣ ва афкори анъанавии ҷомеаро рад кардан, бо роҳи фиребу зӯрӣ тарғиб кардани ғояҳои бегона ва ғайра мебошад. Аммо ҳаминро ҳам гуфтан ҷоиз аст, ки ҳар террорист пеш аз он ки террорист гардад, тундгаро – экстремист мешавад. Функсияҳои татбиқи экстремизми диниро шартан ба 3 гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Ба гурӯҳи аввал ташкилотҳое шомиланд, ки вазифаи асосии онҳо гӯё ки одамонро “исломӣ” менамоянд ва аз “даъват ба тақво” иборат мебошад. Ба қатори ин гурӯҳҳо ҳаракати эктремистӣ- террористии бо ном “Давлати Исломӣ”, “ТТЭ ҲНИ” ва амсоли инҳоро ворид кардан мумкин аст. Ба гурӯҳи дуввум ташкилотҳое дохиланд, ки “кадр”-ҳоро барои дар шуури одамон ғояҳои мутаассибиро ҷойгир кунонидан, ба ғояи муайян тобеъ кунонидан, машғул мегарданд. Ба қатори ин гурӯҳ ташкилоти динӣ-экстремистиеро ба монанди “Ҳизби таҳрир”, “Бародарони мусалмон”, “ТТЭ ҲНИ” ва ғайра ворид кардан мумкин аст. Ба гурӯҳи сеюм ҳаракати мансубият доранд, ки бе ҳеҷ асос диёри мусулмононро “куфр” эълон карда, тавассути аз ватан ба ҳиҷрат раҳнамун карданҳо ба ҳар гуна оташи низоъву фитна ҷалб мекунанд. Аслиҳа ба даст гирифта, вакилони аҳолии осоишта ва намояндагони динҳои дигарро ба қатл расонида, дар минтақаҳо оташи ҷангро аланга мезанонанд.

Мафҳуми ҷиҳодро нодуруст тарғиб карда, ҷавононро барои қатлу куштор даъват менамоянд. Мувофиқ ба таҳлили мутахассисон, ”даъват”-ҳои аз ҷониби экстримистони замонавӣ садо дода, дар ҳолати эътибори ҷиддӣ додан ба сарчашмаҳои психологияи иҷтимоӣ мунтаззам коркард шудааст. Онҳо дар пешбарии ғояҳои ғаразнокашон аз услубҳои зерин истифода кардаанд: Якум, дар номгузории ташкилотҳои экстримистии динӣ мақсадҳои пурғаразу чеҳраҳои манфури онҳо зери ниқоб ҳувайдо аст. Фаъолияти иттиҳодияҳои экстримистӣ террористии “Ҳизби наҳзати исломӣ”, “Ҳизби таҳрир ал-исломӣ” (Ҳизби озодии ислом), ”Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” (алҳол “Ҳаракати исломии Туркистон”), ”Лашкари ислом”, ва монанди инҳо дар Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки экстремистону террористон ба мақсади таассуроти мусбати мусулмононро нисбати худ афзудан ба истилоҳҳои (ислом, тавба, адолат ва ғайра) исломӣ эътибори калон дода, онҳоро устокорона истифода мебаранд. Дуввум, ташкилотҳои экстремистии динӣ оятҳои Қуръони карим, ҳадисҳои шарифро дар роҳи манфиати худ, бо вайрон кардани маъно тарғиб мекунанд. Саввум, фаъолони ҳаракати экстремистии динӣ бо мақсади моил кардани аъзоёни нав, ба бузургвории раҳнамоёнашон эътибори алоҳида медиҳанд. Масалан, шахсияти раҳнамои ташкилоти динӣ – экстремистии “Бародарони мусулмон” Ҳасан ал-Банно “ТТЭ ҲНИ” Муҳиддин Кабирӣ, ”Давлати Исломӣ” Абӯбакр ал-Бағдодӣ, Саид Қутб бошад, ”Мусулмони беҳтарин”, асосгузори ташкилоти “Нурсиён” Саид Нурсӣ “Бадеъуззамон” (“Беназири замон”) ҳамчун шахсияти бузург, муаррифӣ мешаванд. Чаҳорум, ҳаракатҳои экстремистии динӣ ба бузургвор нишон додани раҳнамоёнашон, ба осмони ҳафтум баровардани онҳо кифоят накарда, балки ба беназирии “асар”-ҳои ғояҳои экстремистии диниро фарогирандаашон ҳам эътибориҷиддӣ медиҳанд. Ҳатто онҳо ба нишон додани бузургии “асар”-ҳояшон ҳаракат карда, онҳоро чун Қуръони карим ва аҳодиси шариф медонанд. Алоҳида таъкид кардан зарур аст, ки имрӯзҳо равияҳои динӣ ва гурӯҳҳои алоҳида, барои паҳни кайфияти норизоӣ дар ҷомеа зӯр зада, ҳангоми сӯҳбатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ зимни тарғиби ғояҳояшон кӯшиш доранд дар тасаввуроти ҷавонон мафҳумҳои “диёри куфр”, ”ҳиҷрат”, ”ҷиҳод”, ”шаҳидӣ”, ”тазоҳуроту гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ”-ро мустаҳкам намуда, онҳоро ба гирдоби низоъву задухӯрд гирифтор кунанд.

Масалан Роҳбарияти ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ имрӯзҳо мунтазам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ (фейсбук, инстаграм ва ютуб) баромад намуда, аз усулҳои дар боло оварда шуда истифода менамоянд. Ҳукумати мамлакатро дар фишороварӣ нисбати дин гунаҳкор намуда мардумро ба гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ даъват менамоянд. Ҳол он, кӣ имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон тамоми рукнҳои диниро бе ягон мамоният иҷро карда истодаанд. Дар ислом ба ҳеҷ мусулмон ҳуқуқи мусулмони дигарро ба “кофирӣ “ айбдор кардан дода нашудааст. Чунки ҳиссиётҳое, ки аз қалби инсон мегузарад ба ҷузъ Худо барои касе аён нест. Ибни Наҷим мегӯяд: ”Агар дар ин масъала барои кофир номидан 99-то далел бошад, 99 далелро як сӯ гузошта, ҳамон як далелро гирифтан лозим аст”. Аммо раҳнамоёни дар дин аз меъёр баромадаву аз худ рафтаиташкилотҳои экстремистиву террористӣ аз ҷумла ТТЭ ҲНИ дар ин масъала “ барои мӯъмин гуфтан 99-то далелро як сӯ гузошта, ҳамон як далелро гирифтан лозим”,-мегӯянду бо ҳамин ақидаашон барои ба қатл расонидани ҳазорҳо мусулмонон сабаб мешаванд. Далели ин гуфтаҳо гумроҳ кардани ҷавонони тоҷик ва ҳамроҳ намудан ба сафи ДИИШ, яъне равона намудан ба Сурияву Ироқ ва дигар давлатҳои ҷангзада. Сарҳад надоштани Шабакаҳои иҷтимоӣ, набудани илоҷи монеагӣ ба эфирҳои каналҳои фазовиро ба ҳисоб гирем, алҳол барои ҳифзи аҳолӣ лозим аст, то онҳо аз ғояҳои вайронкор заҳролуд нагарданд. Ба воситаи интернет ва ВАО ба гурӯҳҳои мазкур раддияҳо додан, таълимоти софи диниро ба ҷавонон расонидан, тарбия кардани онҳо дар рӯҳияи халқпарварӣ, ватанпарварӣ ва арзишҳои милливу динӣ ба аҳамияти калон соҳиб буданаш, баръало намоён аст. Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои харакатери экстремистӣ-террористӣ дошта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандон ва хоссатан ҷавонони моро зарураст, ки: -ворид нашудан ба сайтҳое, ки рӯҳияи диниву экстремистӣ доранд ва аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сомонаҳои экстремистӣ ва террористӣ эълон карда шудаанд.

Аломатҳои ин гуна сайтҳо: дар материалҳои ҷойгиркунондашуда мавҷудияти даъват ба “ҳиҷрат” ва “ҷиҳод”, ҳукумати дунявӣ ва сохтори онро ба кофирӣ айбдор кардан, ҳаром эълон кардани идҳои мустақилӣ, Соли нав, Наврӯз, ҷашнгирии рӯзи таваллуд, мадҳи ҷангараҳои мамлакатҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия ва монанди инҳо; -дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳои гуногун майл накардан ба мавзӯъҳои динӣ, дур будан аз мулоқоти шахсоне, ки саволҳои нозук дода, ба сӯҳбат даъват мекунанд, умуман алоқа накардан ба афроде, ки ҷамъияти дунявиро танқид карда, тарзи зисти диниро мутаассибона талкин мекунанд; -тавассути почтаҳои электронӣ ҷавоб нагардонидан ба шахсони номаълум, ки даъватҳои динӣ ва таклифҳо оиди шиносоӣ мекунанд; -дониставу надониста дар телефонҳои мобилӣ маърӯзаҳо, суратҳо, видеороликҳои мутаасибонаро ҳифз ва паҳн менамоянд. Бо дарназардошти ҳолатҳои болоӣ, ки ҷаҳон ҷаҳони иттилоот аст, ҳаминро гуфтан зарур аст, ки барои пешгирии роҳи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ маърифати истифода бурда тавонистани иттилоотро омӯзонидан лозим аст, зеро танҳо маърифатнокӣ ва илм метавонад, ки сипари воқеӣ ба экстремизм ва терроризм бошад.

Маҳмудов Маъруфҷон Қаюмҷонович, сармуаллими кафедраи
баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Читать далее

НАҲЗАТИЁН ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ!

Тарве, ки ҳамагон хуб медонем расо 5 сол қабл бо фармони раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ Ҳоҷи Ҳалим Назарзода дастпарвари наҳзатиён табаддулот анҷом дода, талош намуд, то кишварро дубора ба хоку хун бикашад ва хушбахтона ноком шуд.  Аммо ин рафтори генерал Назарзода онро исбот намуд, ки дар ҳақиқат наҳзатиён дар дил нияту нақшаҳои зиштро парварида аслан тарафдори ободиву озодии миллати тоҷик нестанд.

Амалиёти анҷомдодаи наҳзатиён боз ҳам онро ифшо намуд, ки дар ҳақиқат наҳзатиён марому мақсадашон нек несту ҳамеша дар фикри хиёнат ба сар мебаранд, ки ин аз решаи ифлосу хоинзодагии онҳо шаҳодат медиҳад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!

ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ
ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКИИ ДКМТ

Читать далее

Овозаҳои бардурӯғи мухолифин!

Ояндаи кишвар, пешрафти мамлакат, пойдевории давлат ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ба нерӯ, ақлу заковат, муҳаббати ҷавонон ба халқу Ватан иртиботи ногусастанӣ дорад. Он миллате босаодат ва пирӯз аст, ки сарвараш оқилу хирадманд ва тӯдакашу соҳибфазилат бошад.

Татбиқи се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва эълон шудани ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат вазъи иҷтисодиву иҷтимоии кишварро куллан дигар намуд. Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар кори баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба захираҳои об мусоидати хуб мекунад.

Махсусан эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои боз ҳам ободу зебо гардидани диёри офтобию зебои кишварамон такони ҷиддие мебахшад.

Имрӯз осоишгоҳҳо, мавзеъҳои таърихӣ бо тарҳи ҷадид азнавсозӣ мешаванд. Имрӯз якдиливу ваҳдат, дӯстиву бародарии байни минтақаҳо пойдор буда, сокинон бо рӯҳияи болидаву хотири ҷамъ дар фазои ободу озод кору зиндагӣ доранд. Ин нишони саодати миллат аст ва аз ҳар як шаҳрванди бонангу ори кишвар тақозо мекунад, ки ба хотири боз ҳам ободу шукуфоии диёр дар доираи 1300 рӯзи бунёдкорӣ ва созандагӣ саҳме дар пешрафти меҳнати худ гузорад.

Дар пеш маъракаи интихоботӣ аст, ягон гуфтаҳо ва навиштаҳои гурӯҳҳои мухолифин зери роҳбарии Паймони миллии Тоҷикистон садди роҳи ин маъракаи муҳим шуда наметавонад ва халқи гавҳаршинос худ медонад ба кадоме аз номзадҳои арзанда овоз диҳад.

Муҳиддинов М. –дотсенти кафедраи
маркетинг агробизнеси ДДҲБСТ

Читать далее