13 September 2020

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд ва ба маъракаи чиниши пахта дар хоҷагии ёрирасони ҶСК «Ҷасур» оғоз бахшиданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Ҷасур» ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.

Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастранҷи аҳли заҳмат ва ҳунармандони ноҳия ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии ҶСК «Ҷасур» оғози расмӣ бахшиданд

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ҳамчунин ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ҷасур» дар шаҳраки Зафаробод оғози расмӣ бахшиданд.

Дар фабрикаи парандапарварии ҶСК «Ҷасур» парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод маҷмааи хизматрасонии «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ карданд ва ба 40 нафар ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд маҷмааи хизматрасонии «Ваҳдат»-ро, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Дилшод Раҳматуллоев бо дастгирӣ ва маслиҳати падараш дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

Корҳои сохтмони иншооти мазкур 10 — сентябри соли 2019 оғоз гардида, он дар муддати як сол бо ҷалби сохтмончиёну мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯйи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом пазируфт.

Читать далее

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Зафаробод»-ро ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Зафаробод»-ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши истеҳсолии корхона дидан намуданд.

Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.

Читать далее

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод ва ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии «Диёр»

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.

Ноҳияи Зафаробод дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирию таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба рушд намуда, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш дар заминаи татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ ва амалисозии тадбирҳои созандагию ободонӣ бамаротиб беҳтару хубтар гардидааст.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм мулоқот карданд

12 сентябр дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати 29 — солагии истиқлоли давлатӣ ва 5500-солагии Саразм табрику таҳният гуфтанд.

Читать далее

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни 5500-солагии Саразм

Нимаи дуюми рӯзи 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм, ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ин мавзеи бостонӣ Рамзи Саразмро, ки дар болои сутунпоя бо баландии 27 метр қомат афрохтааст, ифтитоҳ карданд. Баъди садо додани гимни Саразм тантанаҳо ба муносибати 5500-солагии Саразм оғоз ёфтанд.

Читать далее